Алиризо Тангсирӣ
| Мазҳаб | Шиа |
|---|---|
| Санаи таваллуд | 1962 |
| Зодгоҳ | Шаҳри Тангистон, устони Бушеҳр |
| Санаи шаҳодат | 30 марти 2026 |
| Маҳалли шаҳодат | Бандар Аббос |
| Маҳалли дафн | Гулзори шаҳидони Ободон |
| Фаолиятҳо | Фармондеҳи Нерӯи дарёии Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон |
| Шинохташуда барои | Фармондеҳи аршади низомӣ |
Алиризо Тангсирӣ (форсӣ: علیرضا تنگسیری 2026 – 1962) шашумин фармондеҳи нерӯи дарёии Сипоҳи посдорон буд.[1] Дар давраи фармондеҳии Тангсирӣ, тавсеаи тавони мушакии дарёӣ, тақвияти роҳбурдҳои набарди нобаробар, густариши худкифоии дифоӣ,[2] ва тарҳҳое дар бораи ҳузур дар обҳои дурдаст мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифт.[3]

Дар ҷанги Рамазон ба фармони ӯ, тангаи Ҳурмуз ба рӯи киштиҳои Амрико ва Исроил ва низ кишварҳои ҳампаймони онҳо масдуд шуд.[4] Бар асоси баёнияи расмии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, Тангсирӣ дар ҷараёни ҳамлаи муштараки Амрикову Исроил ба сахтӣ маҷрӯҳ шуд ва бар асари ҷароҳоти воридшуда, хабари шаҳодати вай дар 30 марти соли 2026 ба таври расмӣ тасдиқ ва эълом шуд.[5]
Пайкари вай пас аз ташйиъ дар шаҳрҳои Бандар Аббос, Теҳрон ва Ободон дар гулзори шаҳидони Ободон ба хок супурда шуд.[6] Пас аз эъломи шаҳодати Тангсирӣ, Сайид Муҷтабо Хоманаӣ, Раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон, дар паёми таслиятӣ ӯро фармондеҳи ғаюру шуҷоъ ва сарбози Эрон ва Ислом муаррифӣ кард.[7] Раисони қувваҳои сегонаи ҳукумат[8] ва дигар мақомҳои кишвари Эрон низ паёмҳои тасаллӣ содир карданд.[9]
Тангсирӣ аҳли Тангистони устони Бушеҳр ва ходими ифтихории ҳарами Имом Ризо (а) буд.[10] Ӯ дар ҷанги Ироқ бо Эрон фармондеҳии ягони амалиётии нерӯи дарёиро бар ӯҳда дошт. Пас аз ҷанг, дар соли 2006 мелодӣ фармондеҳи минтақаи якуми нерӯи дарёии Сипоҳ дар Бандар Аббос шуд ва дар солҳои 2010 то 2018 ҷонишини фармондеҳи нерӯи дарёии Сипоҳ буд. Вай дар боздошти малавонони амрикоӣ дар январи соли 2016 нақши муассир дошт.[11]
Тангсирӣ дар июли соли 2019 аз сӯи Вазорати хизанадории Амрико ва дар июли соли 2023 аз сӯи Иттиҳодияи Аврупо дар феҳристи таҳрим қарор гирифта буд.[12]
Эзоҳ
- ↑ «انتصاب فرمانده نیروی دریایی و معاون هماهنگکننده سپاه», Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ «علیرضا تنگسیری کیست؟| فرمانده میدانی جنگ و معمار قدرت دریایی سپاه», Вебгоҳи Руйдод 24
- ↑ «علیرضا تنگسیری کیست؟| فرمانده میدانی جنگ و معمار قدرت دریایی سپاه», Вебгоҳи Руйдод 24
- ↑ «تنگه هرمز بسته شد», Сайти шабакаи ал-Олам; «لحظه تاریخی دستور سردار تنگسیری برای بسته شدن تنگه هرمز», Сайти Иқтисод-онлайн
- ↑ «بیانیه سپاه پاسداران انقلاب اسلامی بمناسبت شهادت دریابان پاسدار شهید علیرضا تنگسیری», Сайти Сипоҳнюс; «دریابان پاسدار علیرضا تنگسیری به شهادت رسید», Хабаргузории Меҳр
- ↑ «اعلام زمان تشییع و خاکسپاری دریابان شهید علیرضا تنگسیری», Пойгоҳи хабарии Ормони миллӣ
- ↑ Хоманаӣ, پیام رهبر معظم انقلاب اسلامی در پی شهادت دریابان علیرضا تنگسیری, Хабаргузории Меҳр
- ↑ Пизишкиён, «پیام تسلیت دکتر پزشکیان در پی شهادت سردار رشید اسلام علیرضا تنگسیری», Пойгоҳи иттилоърасонии раёсати ҷумҳурӣ; Қолибоф, «پیام تسلیت رئیس مجلس در پی شهادت سردار علیرضا تنگسیری، فرمانده نیروی دریایی سپاه پاسداران», Пойгоҳи иттилоърасонии Муҳаммадбоқири Қолибоф; Эжаӣ, «پیام رئیس قوه قضاییه به مناسبت شهادت سرافرازانه دریابان پاسدار تنگسیری», Хабаргузории Мизон
- ↑ «پیام فراجا در پی شهادت سردار تنگسیری», Хабаргузории ОНО; «واکنش شخصیتها و نهادها به شهادت سردار شهید علیرضا تنگسیری», Хабаргузории Шабистон
- ↑ «شهید علیرضا تنگسیری حین انجام خدمت در حرم امام رضا(ع)»,Сайти Хабар-онлайн
- ↑ «علیرضا تنگسیری کیست؟| فرمانده میدانی جنگ و معمار قدرت دریایی سپاه», Вебгоҳи Руйдод 24
- ↑ «علیرضا تنگسیری کیست؟| فرمانده میدانی جنگ و معمار قدرت دریایی سپاه», Вебгоҳи Руйдод 24
Сарчашма
- Қолибоф, Муҳаммадбоқир, «پیام تسلیت رئیس مجلس در پی شهادت سردار علیرضا تنگسیری، فرمانده نیروی دریایی سپاه پاسداران” («Паёми таслияти раиси маҷлис дар пайи шаҳодати сардор Алиризо Тангсирӣ, фармондеҳи нерӯи дарёии Сипоҳи посдорон»), Пойгоҳи иттилоърасонии Муҳаммадбоқири Қолибоф, санаи дарҷи матлаб: 30 марти 2026, санаи боздид: 12 апрели 2026.
- Пезишкиён, Масъуд, «پیام تسلیت دکتر پزشکیان در پی شهادت سردار رشید اسلام علیرضا تنگسیری” («Паёми таслияти дуктур Пезишкиён дар пайи шаҳодати сардори рашиди ислом Алиризо Тангсирӣ»), Пойгоҳи иттилоърасонии раёсати ҷумҳурӣ, санаи дарҷи матлаб: 30 марти 2026, санаи боздид: 12 апрели 2026.
- Хоманаӣ, Сайид Муҷтабо, پیام رهبر معظم انقلاب اسلامی در پی شهادت دریابان علیرضا تنگسیری («Паёми Раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ дар пайи шаҳодати дарёбон Алиризо Тангсирӣ»), Хабаргузории Меҳр, санаи дарҷи матлаб: 30 марти 2026, санаи боздид: 12 апрели 2026.
- «پیام فراجا در پی شهادت سردار تنگسیری” («Паёми ФАРОҶО дар пайи шаҳодати сардор Тангсирӣ»), Хабаргузории ОНО, санаи дарҷи матлаб: 30 марти 2026, санаи боздид: 12 апрели 2026.
- «تنگه هرمز بسته شد” («Тангаи Ҳурмуз баста шуд»), Сайти шабакаи ал-Олам, санаи дарҷи матлаб: 28 феврали 2026, санаи боздид: 12 апрели 2026.
- «انتصاب فرمانده نیروی دریایی و معاون هماهنگکننده سپاه” («Интисоби фармондеҳи нерӯи дарёӣ ва муовини ҳамоҳангсози Сипоҳ»), Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи дарҷи матлаб: 23 августи 2018, санаи боздид: 30 марти 2026.
- «بیانیه سپاه پاسداران انقلاب اسلامی بمناسبت شهادت دریابان پاسدار شهید علیرضا تنگسیری” («Баёнияи Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ ба муносибати шаҳодати дарёбони посдор шаҳид Алиризо Тангсирӣ»), Сайти Сипоҳнюс, санаи дарҷи матлаб: 30 марти 2026, санаи боздид: 19 апрели 2026.
- «اعلام زمان تشییع و خاکسپاری دریابان شهید علیرضا تنگسیری” («Эъломи замони Ташйиъ ва хоксупории дарёбони шаҳид Алиризо Тангсирӣ»), Пойгоҳи хабарии Ормони миллӣ, санаи дарҷи матлаб: 1 апрели 2026, санаи боздид: 5 апрели 2026.
- «لحظه تاریخی دستور سردار تنگسیری برای بسته شدن تنگه هرمز” («Лаҳзаи таърихии фармони сардор Тангсирӣ барои баста шудани тангаи Ҳурмуз»), Сайти Иқтисод-онлайн, санаи дарҷи матлаб: 30 марти 2026, санаи боздид: 12 апрели 2026.
- «شهید علیرضا تنگسیری حین انجام خدمت در حرم امام رضا(ع)” («Шаҳид Алиризо Тангсирӣ ҳангоми анҷоми хидмат дар ҳарами Имом Ризо (а)»),Сайти Хабар-онлайн, санаи дарҷи матлаб: 30 марти 2026, санаи боздид: 30 марти 2026.
- «دریابان پاسدار علیرضا تنگسیری به شهادت رسید” («Дарёбони посдор Алиризо Тангсирӣ ба шаҳодат расид»), Хабаргузории Меҳр, санаи дарҷи матлаб: 30 марти 2026, санаи боздид: 30 марти 2026.
- «علیرضا تنگسیری کیست؟| فرمانده میدانی جنگ و معمار قدرت دریایی سپاه” («Алиризо Тангсирӣ кист? | Фармондеҳи майдонии ҷанг ва меъмори қудрати дарёии Сипоҳ»), Вебгоҳи Руйдод 24, санаи дарҷи матлаб: 31 январи 2026, санаи боздид: 30 марти 2026.
- «واکنش شخصیتها و نهادها به شهادت سردار شهید علیرضا تنگسیری” («Вокуниши шахсиятҳо ва ниҳодҳо ба шаҳодати сардори шаҳид Алиризо Тангсирӣ»), Хабаргузории Шабистон, санаи дарҷи матлаб: 30 марти 2026, санаи боздид: 12 апрели 2026.
- Эжаӣ, Муҳсин, «پیام رئیس قوه قضاییه به مناسبت شهادت سرافرازانه دریابان پاسدار تنگسیری” («Паёми раиси қувваи қазоия ба муносибати шаҳодати сарфарозонаи дарёбони посдор Тангсирӣ»), Хабаргузории Мизон, санаи дарҷи матлаб: 30 марти 2026, санаи боздид: 12 апрели 2026.