Номаи Оятуллоҳ Хоманаӣ ба донишҷӯёни ҳомии Фаластин дар Амрико

Аз wikishia

Номаи Оятуллоҳ Хоманаӣ ба донишҷӯёни ҳомии мардуми Фаластин дар Амрико (форсӣ: نامه آیت‌الله خامنه‌ای به دانشجویان حامی مردم فلسطین در آمریکا), паёми ибрози ҳамбастагӣ ва ҳамдилии Оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон бо донишҷӯёни ҳомии Фаластин дар Иёлоти Муттаҳида Амрико аст, ки алайҳи ҳамалоти Исроил ба Ғазза баъд аз амалиёти тӯфон-ул-ақсо, миттингҳое дар донишгоҳҳои Амрико шакл доданд.

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин нома, ҷавонони ҳомии Фаластин дар Амрикоро бахше аз ҷабҳа муқовимат хонд, ки бар хилофи давлаташон, муборизаи шарофатмандонаеро алайҳи Исроил оғоз кардаанд ва дар тарафи дурусти таърих истодаанд. Ӯ ба нақши Англия дар таъсиси режими саҳюнистӣ ишора кард. Ҳамчунин Англияву Амрикоро аз бузургтарин ҳомиёни Исроил муаррифӣ намуд ва бар ҳаққи фаластиниён дар дифоъ аз худ таъкид кард. Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин нома, истодагӣ дар роҳи ҳақро аз дарсҳое баршумурд, ки Қуръон ба мусулмонон ва ҳамаи инсонҳо омӯхтааст. Ӯ ҳамчунин ёдовар шуд, ки низоми Ҷумҳурии исломии Эрон, ҷабҳаи муқовиматро густариш ва ба он тавоноӣ додааст. Дар поёни нома низ ба ҷавонони мухотаби худ тавсия кард бо Қуръон ошно шаванд.[1] Гуфта шуда дар ин нома ҳамчун ду номаи дигар, Оятуллоҳ Хоманаӣ аз ҷавонони ғарбӣ хостааст барои шинохти дини Ислом, ба сарчашмаҳои асили исломӣ муроҷиа кунанд ва таҳти таъсири таъбирҳои шарқӣ ва ғарбӣ ва мактабҳои мухталиф қарор нагиранд.[2]

Интишори ин нома вокунишҳои мухталиферо дар пай дошт ва расонаҳои ҷаҳон онро бозтоб доданд.[3] Бархе хабаргузориҳо аз боздиди 15 миллионии твити ҳисоби корбарии вобаста ба Оятуллоҳ Хоманаӣ бо мавзӯи нома ба ҷавонони амрикоӣ то 11 хурдод (як рӯз пас аз интишор) хабар доданд.[4]

Ин нома дар 5 хурдоди соли 1403ҳ.ш. (25 майи 2024) ва пас аз он содир шуд,[5] ки хезиши донишҷӯёни донишгоҳҳои Амрико дар эътироз ба наслкушӣ ва куштори мардуми Ғазза тавассути Исроил бо саркӯби полиси Амрико мувоҷеҳ шуда буд.[6] Хезиши мусолиматомези донишҷӯӣ дар ҳимоят аз Ғазза аз 17 апрели 2024 аз донишгоҳҳои Амрико оғоз ва ба тадриҷ ба донишгоҳҳои дигар кишварҳои ғарбӣ низ кашида шуд.[7] Саркӯб, боздошт ва ихроҷи донишҷӯёни муътариз, аз донишгоҳҳои Амрико ва кишварҳои дигар вокунишҳои мухталиферо дар пай дошт.[8]

МАТНИ НОМАИ ҲАЗРАТИ ОЯТУЛЛОҲ ХОМАНАӢ БА ДОНИШҶӮЁНИ ҲОМИИ ФАЛАСТИН ДАР АМРИКО
بسم الله الرحمن الرحیم

Ин номаро ба ҷавононе менивисам, ки виҷдони бедорашон онҳоро ба дифо аз кӯдакону занони мазлуми Ғазза барангехтааст.

Ҷавонони азизи донишҷӯ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико! Ин паёми ҳамдилӣ ва ҳамбастагии мо бо шумост. Шумо акнун дар тарафи дурусти таърих, ки дар ҳоли варақ хӯрдан аст, истодаед.

Шумо акнун бахше аз ҷабҳаи муқовиматро ташкил додаед, ва дар зери фишори бераҳмонаи давлата-тон, ки ошкоро аз режими ғосиб ва бераҳми саҳюнист дифо мекунад муборизае шарофатмандонаро оғоз кардаед.

Ҷабҳаи бузурги муқовимат дар нуқтае дӯр, бо ҳамин идроку эҳсосоти имрӯзи шумо, солҳост мубориза мекунад. Ҳадафи ин мубориза, таваққуфи зулми ошкоре аст, ки як шабакаи террорист ва бераҳм ба номи «саҳюнистҳо», аз солҳо пеш бар миллати Фаластин ворид сохта ва пас аз тасарруфи кишварашон, онҳоро зери сахттарин фишорҳову шиканҷа-ҳо гузоштааст. Наслкушии имрӯзи режими опортойди саҳюнист, идо-маи рафтори башиддат золимона дар даҳҳо соли гузашта аст.

Фаластин як сарзамини мустақил аст бо миллате ташкилшуда аз мусул-мону масеҳиву яҳӯдӣ, ва бо собиқаи таърихии тӯлонӣ. Сармоядорони шабакаи саҳюнистӣ пас аз ҷанги ҷаҳонӣ, бо кумаки давлати Англия, чанд ҳазор террористро ба тадриҷ вориди ин сарзамин карданд; ба шаҳрҳо ва рустоҳои он ҳуҷум бур-данд; даҳҳо ҳазор нафарро киштанд ё ба кишварҳои ҳамсоя ронданд; хонаҳо ва бозорҳову заминҳоро аз дасти онон берун кашиданд, ва дар сарзамини ғасбшудаи Фаластин, дав-лате ба номи Исроил ташкил доданд.

Бузургтарин ҳомии ин режими ғосиб, пас аз нахустин кумакҳои англисӣ, давлати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аст, ки пуштибониҳои сиёсӣ ва иқтисодию таслеҳотӣ аз он режимро яксара идома дода ва ҳатто бо беэҳтиётии ғайри қобили бахшиш, роҳ барои тавлиди силоҳи ҳастаиро ба рӯи ӯ гушӯда ва ба ӯ дар ин роҳ кумак кардааст.

Режими саҳюнист аз рӯзи аввал, сиёсати «мушти оҳанин»-ро дар баробари мардуми бедифои Фалас-тин ба кор гирифт ва беэътино ба ҳамаи арзишҳои виҷдонию инсонӣ ва динӣ, рӯз ба рӯз бар бераҳмӣ ва террору саркӯбгарӣ афзуд.

Давлати Амрико ва шариконаш, ҳатто аз як абрӯ дарҳам кашидан дар баробари ин тероризми давлатӣ ва зулми пайваста, дареғ карданд. Им-рӯз ҳам бархе изҳороти давлати Иёлоти муттаҳида дар қиболи ҷинояти ҳавлноки Ғазза беш аз он чи воқеӣ бошад, риёкорона аст.

«Ҷабҳаи муқовимат» аз дили ин фазои торику яъсолӯд сар бароварду ташкили давлати «Ҷумҳурии исло-мӣ» дар Эрон, онро густариш ва тавоноӣ дод.

Сардамдорони саҳюнизми байнал-милалӣ, ки бештарин бунгоҳҳои расонаӣ дар Амрикову Аврупо мутаъаллиқ ба онҳо ё зери нуфӯзи пӯлу ришваи онҳост, ин муқовимати инсонӣ ва шуҷоъонаро тероризм муаррифӣ карданд! Оё миллате ки дар сарзамини худаш дар баробари ҷиноятҳои ишғолгарони саҳюнист аз худ дифоъ мекунад, террорист аст? Ва оё кумаки инсонӣ ба ин миллат ва тақвияти бозувони ӯ кумак ба терро-ризм ба шумор меравад?

Сардамдорони султаи қаҳромези ҷаҳонӣ, ҳатто ба мафҳумҳои башарӣ ҳам раҳм намекунанд. Режими терро-рист ва бераҳми Исроилро дифоъ-кунанда аз худ вонамуд мекунанд ва муқовимати Фаластинро ки аз озодӣ ва амнияту ҳаққи таъйини сарнавиш-ти худ дифоъ мекунад, «террорист» меноманд!

Ман мехоҳам ба шумо итминон диҳам, ки имрӯз вазъият дар ҳоли тағйир аст. Сарнавишти дигаре дар интизори минтақаи ҳассоси Ғарби Осиё аст. Бисёре аз виҷдонҳо дар миқёси ҷаҳонӣ бедор шуда ва ҳақиқат дар ҳоли ошкор шудан аст. Ҷабҳаи муқовимат ҳам нерӯманд шуда ва нерӯмандтар хоҳад шуд. Таърих ҳам дар ҳоли варақ хӯрдан аст.

Ба ғайр аз шумо донишҷӯёни даҳҳо донишгоҳ дар Иёлоти Муттаҳида, дар кишварҳои дигар ҳам донишгоҳҳо ва мардум ба пой хостаанд. Ҳамроҳӣ ва пуштибонии устодони донишгоҳ аз шумо донишҷӯёни ҳодисаи муҳиму асаргузорӣ аст. Ин метавонад дар муқобили шиддати амали полисии давлат ва фишорҳое ки бар шумо ворид мекунанд, то андозае оромиш-бахш бошад. Ман низ бо шумо ҷавонон эҳсоси ҳамдардӣ мекунам ва истодагии шуморо арҷ мениҳам.

Дарси Қуръон ба мо мусулмонон ва ба ҳамаи мардуми ҷаҳон, истодагӣ дар роҳи ҳақ аст: Фастақим кама умирта; ва дарси Қуръон дар бораи иртибототи башарӣ ин аст: на ситам кунед ва на зери бори ситам биравед: Лои тазлимуна ва ло тузламун. Ҷабҳаи муқовимат бо фарогирӣ ва амал ба ин дастурҳо ва садҳо монанди он ба пеш меравад ва ба пирӯзӣ хоҳад расид; биизниллоҳ.

Тавсия мекунам бо Қуръон ошно шавед.

Сайид Алӣ Хоманаӣ


1403/3/5 [9]

[2024/5/25]


Эзоҳ

  1. «نامه حضرت آیت‌الله خامنه‌ای به دانشجویان حامی مردم فلسطین در دانشگاه‌های ایالات متحده آمریکا», сомонаи Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ
  2. بیابان‌نورد سروستانی، «فرصت درک بدون پیش‌داوری از اسلام مهیاست», рӯзномаи Фарҳангиён.
  3. «بازتاب نامه رهبر انقلاب به دانشجویان آمریکا در فضای بین‌المللی», Хабаргузории Меҳр
  4. «بازدید ۱۵ میلیونی توییت حساب کاربری رهبر انقلاب», Машриқ-Ниюс
  5. «نامه حضرت آیت‌الله خامنه‌ای به دانشجویان حامی مردم فلسطین در دانشگاه‌های ایالات متحده آمریکا», сомонаи Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ
  6. Ниг.: «شکست مارپیچ سکوت در دل آمریکا», рӯзномаи Фарҳангиён
  7. «بازتاب نامه رهبر انقلاب به دانشجویان آمریکا در شبکه تی‌آرتی ترکیه», Хабаргузории Меҳр
  8. «واکنش سازمان ملل به بازداشت دانشجویان حامی فلسطین در دانشگاه‌های آمریکا», Хабаргузории ИРНА
  9. «نامه حضرت آیت‌الله خامنه‌ای به دانشجویان حامی مردم فلسطین در دانشگاه‌های ایالات متحده آمریکا», сомонаи Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ

Сарчашма