Ғино (китоб)
Тасвири ҷилди китоби "Ғино" | |
| Номҳои дигар | Дарсномаи ғино ва мусиқӣ, Китоби ғино ва мусиқӣ |
|---|---|
| Нависанда | Оятуллоҳ Хоманаӣ |
| Мавзуъ | Ғино ва мусиқӣ |
| Сабк | Матни дарси хориҷ |
| Забон | Форсӣ |
| Теъдоди ҷилд | 1 |
| Ношир | Интишороти Инқилоби исломӣ |
| Маҳалли нашр | Теҳрон |
| Санаи нашр | 2019 |
| Навбати чоп | Аввал |
| Теъдод | 3000 нусха |
Ғино (форсӣ: غناء) ё Дарсномаи ғино ва мусиқӣ (форсӣ: درسنامه غناء و موسیقی) матни чопшудаи дарси хориҷи фиқҳи Оятуллоҳ Хоманаӣ дар бораи ғино ва мусиқӣ аст. Матни ин китоб аз ноябри 2008 то январи 2010 дарс дода шудааст. Дар ин китоб бо меҳвар қарор додани аҳодиси марбут ба ғино, мафҳуми ғино ва мусиқии ҳаром табйин ва аҳодиси мазкур ва назариёти фақеҳон баррасӣ шудааст. Ҳамчунин ба 48 пурсиши вобаста ба ин баҳсҳо посух дода шудааст.
Бино ба назари Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин китоб, ғино ба худии худ ҳаром нест; балки меъёр дар ҳурмати он лаҳвӣ будан ва гумроҳӣ ва берун шудан аз масири Худо аст. Меъёри мусиқии ҳаром низ савқ додани фазо ба сӯйи бемуболотӣ дар дин ва гуноҳ аст.
Ин китоб нахустин бор дар соли 2019 аз сӯи Муассисаи пажӯҳишӣ-фарҳангии Инқилоби исломӣ ба забони форсӣ нашр шуд.
Нависанда
Нависандаи ин асар Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон ва аз мароҷеи тақлиди шиа, аст.[1] Вай аз соли 1990 дарс додани хориҷи фиқҳро оғоз кард ва ба бобҳое чун ҷиҳод, қисос, макосиби муҳаррама ва намози мусофир пардохтааст.[2]
Муҳтавои китоб
Дарсномаи ғино ва мусиқӣ, матни танзимшудаи 75 ҷаласаи дарси хориҷи фиқҳи Оятуллоҳ Хоманаӣ аст, ки аз 29 ноябри 2008 то 26 январи 2010 дарс дода шудааст.[3] Ин китоб, мафҳуми ғино ва мусиқии ҳаромро табйин ва паҳлӯҳои онро баррасӣ мекунад.[4] Дар зимни баррасии ҳадисҳо, ба китобҳо ва назариёти фақеҳони шиа истинод шудааст.[5] Дар поёни китоб низ масъалаи рақс мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.[6]
Ба гуфтаи Ризо Мухторӣ, яке аз сарчашмаҳои ин дарснома, китоби чорҷилдии «Ғино, мусиқӣ» таълифи Муҳсин Содиқӣ ва Ризо Мухторӣ будааст. Меҳвари дарси хориҷи фиқҳи Оятуллоҳ Хоманаӣ, китоби Макосиби Шайхи Ансорӣ буд; аммо вақте ба баҳси ғино расид, Макосиби Шайхи Ансориро канор гузошт ва китоби «Ғино, мусиқӣ»-ро меҳвари баҳси худ қарор дод. Ӯ ҳамаи ривоёти ин китобро аз лиҳози санадӣ ва матнӣ баррасӣ кард, ҳамчунин таҳқиқоти фуқаҳоро, ки дар муҷалладоти дигари китоб буд, ба муносибат баҳс кард.[7] Илова бар баррасии далолат ва санади ривоёт ва назароти фуқаҳо, ба ҷанбаи таърихии масъалаи ғино ва мусиқӣ, ки ба фаҳми дурусти ривоёт кӯмак мекунад, низ таваҷҷуҳ шудааст.[8]
Равиши тарҳи мабоҳис
Дар китоби Ғино, ба баҳси ғино, мусиқӣ ва рақс пардохта шудааст. Оятуллоҳ Хоманаӣ дар дарси хориҷи фиқҳи ғино, аҳодиси марбут ба ғиноро ба панҷ даста тақсим карда, сипас ба таҳлилу баррасии санадӣ ва далолатии тақрибан 100 ҳадис пардохтааст. Ин панҷ даста иборатанд аз:
- Ривоёти ворид шуда дар зайли оёт; дарбаргирандаи ривоёти марбут ба тафсири оёти[9] ваҷтанибу қавла-з-зур[10] ло яшҳадуна-з-зур[11] - лаҳва-л-ҳадис[12] - ва изо марру би-л-лағви марру киромо[13] ва ривоёти марбут ба истишҳод ба оёт[14]
- Ривоёти ғайри ворид дар зайли оёт (ривоёти марбут ба ҳаром будани ғино)[15]
- Ривоёти гӯш додан ба ғино[16]
- Ривоёти касби муғанния (касби даромад аз ғино)[17]
- Ривоёти марбут ба ғино дар Қуръон (Ғино дар қироати Қуръон).[18]
Вижагиҳо
«Намоиш додани ин олот дар телевизиюн навъе тарвиҷ ва одисозӣ аст. Истифодаи ин олот дар эҷоди савти лаҳвӣ бар истифодааш дар савти ғайрилаҳвӣ ғалаба дорад. Яъне ҷанбаи ҳароми он аз ҷанбаи ҳалолаш бештар аст. Ҳарчи мо инро тарвиҷ кунем, ҳаром ва лаҳвро тарвиҷ кардаем.»[19]
Вижагиҳое барои китоби Ғино баршумурда шудааст, ки аз ин қараранд:
- Меҳвар будани ривоёти марбут ба баҳси ғино (100 ривоят);[20] гуфта шуда ҳамаи аҳодиси ғино ва мутааллиқоти он, санадан ва матнан ба тафсил баррасӣ шудааст.[21]
- Муаррифии шохаҳои мухталифи ғино ва мусиқии ҳаром;[22]
- Ҷомеияти ороъ ва назариёти фуқаҳои мутақаддим ва мутааххири шиа;[23] муроҷеа ба ҳамаи расолаҳои марбут ба ғино аз вижагиҳои китоб шумурда шудааст.[24]
- Посух ба 48 пурсиши марбут ба ғино ва мусиқии ҳаром;[25]
- Танзими китоб дар сохтори дарснома.[26]
Дарси хориҷи фиқҳи ғиноро аз дарозтарин дуруси ҳавзаҳо дар мавзуи хоси ғино шумурдаанд.[27]
Назариёт
Баъзе аз назариёти Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин китоб иборатанд аз:
Ғино
- Ғино, ба худи худ ҳаром нест. Меъёр дар ҳаром будани он, лаҳв ва излол ан сабилиллоҳ (гумроҳ ва берун кардани инсон аз масири Худо) аст.[28]
- Ташхиси (шинохтани) лаҳвӣ будан ва «излол ан сабилиллоҳ» бо яке аз мавориди таҳрики шаҳват (барангехтани шаҳват), савқ додан ба феъли ҳаром, боздоштан аз анҷоми воҷибот ва эҷоди бемубулотӣ нисбат ба дин, фаҳмида мешавад.[29]
- Мавориди муштабиҳ (шубҳанок), ҳаром нест ва дар онҳо асли бароат ҷорӣ мешавад.[30]
«Ҳар оҳанг ва савте, ки фазоро – он фазоеро, ки дар он ин савт пахш мешавад – ба сӯи бемуболотӣ ба дин, ба сӯи гуноҳ, ба сӯи беэътиноӣ ба воҷиб ва таклифи шаръӣ бикашонад, ҳаром аст.»[31]
Мусиқӣ
- Меъёри мусиқии ҳаром, савқ додани фазо ба сӯи бемуболотӣ дар дин ва гуноҳ аст.[32] Мусиқӣ ба худии худ ҳаром нест ва то унвони «савқ додан ба гуноҳ ва беаҳамиятӣ ба дин» сидқ накунад, наметавон ба ҳаром будани он фатво дод.[33]
- Марҷаи ташхиси ғино ва мусиқии ҳаром урф аст.[34] Агар мукаллаф шакк кард, ки мусиқӣ аз назари урфи мардум «музилли ан сабилиллоҳ» ва ҳаром аст ё не, дар асоси асли ҳиллия, ба ҳалол будани он ҳукм карда мешавад.[35]
Рақс
- Рақс ҳаром аст ва меъёр дар ҳурмати он лаҳвӣ будани он аст, бар хилофи рақси зан барои шавҳар, ки лаҳвӣ нест.[36]
Нашр
Китоби Ғино дар соли 2019 тавассути Муассисаи пажӯҳишӣ-фарҳангии Инқилоби исломӣ дар 560 саҳифа нашр шуд. Ин китоб нахустин асаре аз силсилаи дуруси фиқҳии Оятуллоҳ Хоманаӣ аст, ки ин муассиса мунташир кардааст.[37]
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Беҳбудӣ, Шарҳи исм, 1391ҳ.ш., саҳ.78
- ↑ «نگاهی گذرا به زندگینامهی حضرت آیتاللهالعظمی سید علی حسینی خامنهای», Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ Хоманаӣ, Ғино, 1398ҳ.ш., муқаддимаи китоб, саҳ.ғ
- ↑ Хоманаӣ, Ғино, 1398ҳ.ш., муқаддимаи китоб, саҳ.з
- ↑ Хоманаӣ, Ғино, 1398ҳ.ш., муқаддимаи китоб, саҳ.з
- ↑ Хоманаӣ, Ғино, 1398ҳ.ш., саҳ.511
- ↑ «تلاش بینظیر آیتالله خامنهای برای فقه موسیقی/ مفصلترین درس خارج فقه در موضوع غناء», Хабаргузории Хабаронлайн
- ↑ «تلاش بینظیر آیتالله خامنهای برای فقه موسیقی/ مفصلترین درس خارج فقه در موضوع غناء», Хабаргузории Хабаронлайн
- ↑ Хоманаӣ, Ғино, 1398ҳ.ш., саҳ.8
- ↑ Сураи Ҳаҷ, ояти 30
- ↑ Сураи Фурқон, ояти 72
- ↑ Сураи Луқмон, ояти 6
- ↑ Сураи Фурқон, ояти 72
- ↑ Хоманаӣ, Ғино, 1398ҳ.ш., саҳ.85
- ↑ Хоманаӣ, Ғино, 1398ҳ.ш., саҳ.99
- ↑ Хоманаӣ, Ғино, 1398ҳ.ш., саҳ.110
- ↑ Хоманаӣ, Ғино, 1398ҳ.ш., саҳ.139
- ↑ Хоманаӣ, Ғино, 1398ҳ.ш., саҳ.155
- ↑ Хоманаӣ, Ғино, 1398ҳ.ш., саҳ.444
- ↑ Хоманаӣ, Ғино, 1398ҳ.ш., саҳ.5
- ↑ «غنا و موسیقی», Вебгоҳи интишороти Инқилоби исломӣ
- ↑ Хоманаӣ, Ғино, 1398ҳ.ш., саҳ.252, саҳ.444
- ↑ Хоманаӣ, Ғино, 1398ҳ.ш., саҳ.ғ
- ↑ «غنا و موسیقی», Вебгоҳи интишороти Инқилоби исломӣ
- ↑ Хоманаӣ, Ғино, 1398ҳ.ш., саҳ.449-510
- ↑ Хоманаӣ, Ғино, 1398ҳ.ш., муқаддимаи китоб, саҳ.ғ
- ↑ «غنا و موسیقی», Вебгоҳи интишороти Инқилоби исломӣ
- ↑ Хоманаӣ, Ғино, 1398ҳ.ш., саҳ.452
- ↑ Хоманаӣ, Ғино, 1398ҳ.ш., саҳ.444
- ↑ Хоманаӣ, Ғино, 1398ҳ.ш., саҳ.337
- ↑ Хоманаӣ, Ғино, 1398ҳ.ш., саҳ.444
- ↑ Хоманаӣ, Ғино, 1398ҳ.ш., саҳ.444
- ↑ Хоманаӣ, Ғино, 1398ҳ.ш., саҳ.444
- ↑ Хоманаӣ, Ғино, 1398ҳ.ш., саҳ.465
- ↑ Хоманаӣ, Ғино, 1398ҳ.ш., саҳ.466
- ↑ Хоманаӣ, Ғино, 1398ҳ.ш., саҳ.525
- ↑ Хоманаӣ, Ғино, 1398ҳ.ш., муқаддима
Сарчашма
- Беҳбудӣ, Ҳидоятуллоҳ, Шарҳи исм зиндагиномаи Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ (1318 – 1357), Теҳрон, муассисаи мутолиот ва пажӯҳишҳои сиёсӣ, 1391ҳ.ш..
- Хоманаӣ, Сайид Алии, Ғино, Теҳрон, интишороти Инқилоби исломӣ, чопи аввал, 1398ҳ.ш.
- «نگاهی گذرا به زندگینامهی حضرت آیتاللهالعظمی سید علی حسینی خامنهای» («Нигоҳе гузаро ба зиндагиномаи ҳазрати Оятуллоҳи ул-узмо Сайид Алӣ Ҳусайнии Хоманаӣ»,] Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи дарҷи матлаб: 21 марти 2014, санаи боздид: 3 июни 2021
- «تلاش بینظیر آیتالله خامنهای برای فقه موسیقی/ مفصلترین درس خارج فقه در موضوع غناء» («Талоши беназири Оятуллоҳ Хоманаӣ барои фиқҳи мусиқӣ/ Муфассалтарин дарси хориҷи фиқҳ дар мавзуи ғино»), Хабаргузории Хабаронлайн, санаи дарҷи матлаб: 23 июли 2019, санаи боздид: 2 июни 2021
- «غنا و موسیقی» («Ғино ва мусиқӣ»), Вебгоҳи интишороти Инқилоби исломӣ, санаи боздид: 6 январи 2026