Инсони 250-сола (китоб)
- Ин мақола дар бораи Китоби инсони 250-сола аст. Барои ошноӣ бо назария бо ҳамин унвон, мадхали Назарияи инсони 250-соларо бубинед.
Нависанда | Оятуллоҳ Хоманаӣ |
---|---|
Мавзуъ | Зиндагии сиёсии имомони шиа |
Сабк | Таърихӣ-таҳлилӣ |
Забон | Форсӣ |
Ба кӯшиши | Муассисаи "Саҳбо" |
Теъдоди ҷилд | 3 ҷилд |
Тарҷума ба забонҳои дигар |
|
Ношир | Маркази Саҳбо |
Маҳалли нашр | Теҳрон |
Санаи нашр | 1390ҳ.ш./2011 |
Тарҷумаи форсӣ | |
Номи китоб ба хатти ниёгон | انسان 250 ساله |
Инсони 250-сола китобе дарбардорандаи бахшҳое аз суханони Оятуллоҳ Хоминаӣ, раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон, дарбора зиндагии сиёсии имомони шиа мебошад. Рӯйкарди меҳварии ин китоб бар асоси назарияи инсони 250-сола аст, ки зиндагии имомони шиаро алорағми тафовути зоҳирӣ, дар маҷмӯъ як ҳаракати бардавом медонад, ки аз лаҳзаи вафоти Паёмбар (с) шурӯъ мешавад ва то соли 260 ҳиҷрии қамарӣ ба муддати 250 сол идома пайдо мекунад ва ҳамаи онҳо дар ин солҳо ба дунболи ташкили ҳукумати исломӣ будаанд.
Муҳтавои китоб аз миёни суханони раҳбари Эрон дар бозаи замонии урдибиҳиштмоҳи 1359ҳ.ш. то Исфанди 1389ҳ.ш. (апрели 1980 то феврали 2011) интихоб шудааст. Муддате пас аз интишор, матолиби китоб бо дастабандии ҷадид ва низ афзудани матолибе аз суханрониҳои дигари Оятуллоҳ Хоминаӣ таҳти унвони ҳалқаи аввалу ҳалқаи сеюм низ мунташир шуд.
Китоби Инсони 250-сола ба забони форсӣ навишта шуда ва матни аслии он беш аз 85 бор таҷдиди чоп гардидааст. Ҳамчунин ин китоб ба забонҳои мухталиф тарҷума шудааст.
Ҷойгоҳ ва аҳамият
Китоби Инсони 250-солаи дарбардорандаи суханони Оятуллоҳ Хоминаӣ – раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон ва аз мароҷеъи тақлиди шиа, дар бораи назарияи инсони 250-сола аст, ки дар солҳои пеш аз Инқилоби исломии Эрон ва дар даврони муборизоти мардуми Эрон алайҳи ҳукумати паҳлавӣ эрод кардааст.[1] Ин китоб борҳо ба форси таҷдиди чоп ва ба беш аз даҳ забон тарҷума шудааст.[2] Ҳамчунин дар Эрон давраҳои омӯзишӣ[3] ва мусобиқаҳое[4] бо меҳварияти он баргузор мешавад. Ба гуфта Сайид Ҳасаналӣ Алъимод – дабири кулли ҷумбиши танзими мустақбал-ул-адолати Яман, ин китоб зеҳният ва нигоҳи шиъёни Яман ба ҷиҳоду муборизаро тағйир додааст.[5]
Номи китоб
Инсони 250-сола, ба даврони 250-солаи имомати имомони шиа аз вафоти Паёмбар (с) дар соли 11 ҳиҷрӣ то оғози ғайбати суғро дар соли 260ҳ.қ. ишора дорад ки Оятуллоҳ Хоминаӣ, онро ба масобаи инсоне бо умри 250-сола медонад.[6]
Мавзуъ ва рӯйкард
Бинобар он чи дар муқаддимаи китоби Инсони 250-сола омадааст, ин китоб чанд рӯйкарди куллӣ дорад:
- Имомони шиа, фақат муборизаи илмӣ, эътиқодӣ ва каломӣ надоштанд; балки зиндагии бардавоми онҳо бо ҷиҳатгирии сиёсӣ ҳамроҳ будааст.[7]
- Имомони маъсум шахсият, рӯйкард, ҳадаф ва ҷиҳати воҳиде доштанд. Онҳо аз лаҳзаи вафоти Расули Худо то соли 260ҳ.қ., дар садади ташкили ҳукумати исломӣ буданд.[8]
- Имомон ба дунболи муборизаи мусаллаҳона набуданд; албата касоне ки муборизаи мусаллаҳона мекардандро ба таври мутлақ инкор намекарданд, аммо худ вориди он намешуданд.[9]
Фаслбандӣ ва чиниш
Китоб «Инсони 250-сола», аз як ишора, як муқаддама ва 17 фасл ташкил шудааст.
- Фасли аввал: Паёмбари аъзам (с)
- Фасли дуввум: Имомат
- Фасли сеюм: Амиралмуъминин (а)
- Фасли чаҳорум: Ҳазрати Фотимаи Заҳро (с)
- Фасли панҷум: Имом Ҳасан (а)
- Фасли шашум: Имом Ҳусайн (а)
- Фасли ҳафтум: Ҳаракати Зайнаби Кубро ва сафирони Карбало
- Фасли ҳаштум: Шароити иҷтимоӣ ва сиёсии пас аз воқеаи Карбало
- Фасли нуҳум: Имоми Саҷҷод (а)
- Фасли даҳум: Имоми Боқир (а): даврони созандагии фикрӣ ва ташкилотӣ
- Фасли ёздаҳум: Авохири ҳукумати Банӣ Умая ва имомати Имоми Содиқ (а)
- Фасли давоздаҳум: Имоми Содиқ (а)
- Фасли сездаҳум: Ташкилоти пинҳонӣ
- Фасли чаҳордаҳум: Имоми Козим (а)
- Фасли понздаҳум: Имоми Ризо (а)
- Фасли шонздаҳум: Имоми Ҷавод (а), Имоми Ҳодӣ (а) ва Имоми Аскарӣ (а)
- Фасли ҳафдаҳум: Ғояти ҳаракати инсони 250-сола
Интишор ва тарҷума
Китоби Инсони 250-сола дар 1390ҳ.ш. тавассути интишороти Маркази Саҳбо дар 375 сафҳа ба чоп расидааст[10] ва то авохири соли 1399ҳ.ш. 85 бор таҷдиди чоп шудааст.[11]
Ин китоб ба забонҳои мухталифе ҳамчун арабӣ, англисӣ, урдӯ, озарӣ, курдӣ, туркии истанбулӣ, ҳиндӣ, синдӣ, олмонӣ, тайландӣ[12] ҳавса, фаронсавӣ ва тоҷикӣ тарҷума гардидааст.[13]
Ҳалқаҳои такмилӣ
Дар соли 1398ҳ.ш., тарҳи ҳалқаҳои такмилии китоби инсони 250-сола бар асоси дастабандии навъи мухотаб мунташир шуд.[14] Дар ин тарҳ бо истифода аз 600 суханронии дигари Оятуллоҳ Хоманаӣ ки то соли 1396ҳ.ш. эрод шуда буд, ду асари дигар таълиф шуд:[15] Ҳалқаи аввал: бо меҳварияти ҳамон китоб (матни интишорёфта дар соли 1390ҳ.ш.), барои навҷавонон танзим шуд. Ин ҳалқа шомили мисолҳои тасвирӣ аст.[16] Ҳалқаи сеюм: бо ҳадафи такмили ҳалқаҳои аввалу дуввум дар 900 сафҳа, барои ироа ба муҳаққиқон ва алоқамандон ба мутолиаи дақиқтари зиндагии имомон (а) таълиф шудааст.[17] Ин ҳалқа шомили 260 суханронӣ аст ва дар он таҳлил ва ҷузъиёти бештарӣ аз ҳаводиси таърихӣ ироа шудааст.[18] Унвони фаслҳои ин ҳалқа иборатанд аз:
- Даврони сукут ва ҳамкорӣ; аз реҳлати Паёмбар (с) то қатли Усмон
- Даврони иқтидори ҳамроҳ бо мазлумият; аз қатли Усмон то сулҳи Имом Ҳасан (а)
- Даврони талоши созандаи кӯтоҳи муддат; аз сулҳи Имом Ҳасан (а) то шаҳодати Имом Ҳусайн (а)
- Даврони талоши созандаи баландмуддат; аз шаҳодати Имом Ҳусайн (а) то шаҳодати Имом Ҳасани Аскарӣ (а).[19]
Эзоҳ
- ↑ Ғаффорӣ, Аз нимаи хурдод, 1398ҳ.ш., саҳ.74; Хоманаӣ, Инсони 250-сола, 1391ҳ.ш., саҳ.15
- ↑ «Инсони 250-сола табйини стратегии имомон дар ҷараёни муборизаи сиёсӣ» Хабаргузории Форс
- ↑ «Давраи тарбияти мударриси китоби Инсони 250-сола оғоз мешавад» Хабаргузории Ҳавза
- ↑ «Мусобиқаи китобхонии "Инсони 250-сола" баргузор мешавад» Идораи кулли фарҳанг ва иршоди исломии устони Теҳрон
- ↑ Пахши китоби Оятуллоҳ Хоманаӣ дар Яман нигоҳҳоро тағир дод. Хабаргузории Тасним.
- ↑ Инсони 250-сола, 1390ҳ.ш., саҳ.16
- ↑ Инсони 250-сола, 1390ҳ.ш., саҳ.16-17
- ↑ Инсони 250-сола, 1390ҳ.ш., саҳ.17-18
- ↑ Инсони 250-сола, 1390ҳ.ш., саҳ.17
- ↑ Хоманаӣ, Инсони 250-сола, 1391ҳ.ш., саҳ.4-5
- ↑ «Инсони 250-сола табйини стратегии имомон дар ҷараёни муборизаи сиёсӣ» Хабаргузории Форс
- ↑ «Инсони 250-сола табйини стратегии имомон дар ҷараёни муборизаи сиёсӣ» Хабаргузории Форс
- ↑ Тарҷумаи "Инсони 250-сола" ба забони урду ва озарӣ Хабаргузории тасним.
- ↑ «Инсони 250-сола» чӣ гуна халқ шуд? Хабаргузории Тасним.
- ↑ «Инсони 250-сола» чӣ гуна халқ шуд? Хабаргузории Тасним.
- ↑ Инсони 250-сола, ҳалқаи севвум, 1398ҳ.ш., саҳ.10
- ↑ Инсони 250-сола, ҳалқаи севвум, 1398ҳ.ш., саҳ.11
- ↑ «Инсони 250-сола» чӣ гуна халқ шуд Хабаргузории Тасним.
- ↑ Инсони 250-сола, ҳалқаи севвум, 1398ҳ.ш.
Сарчашма
- «Мусобиқаи китобхонии "Инсони 250-сола" баргузор мешавад» Идораи кулли фарҳанг ва иршоди исломии устони Теҳрон
- «Инсони 250-сола табйини стратегии имомон дар ҷараёни муборизаи сиёсӣ» Хабаргузории Форс
- «Давраи тарбияти мударриси китоби Инсони 250-сола оғоз мешавад» Хабаргузории Ҳавза
- Пахши китоби Оятуллоҳ Хоманаӣ дар Яман нигоҳҳоро тағир дод. Хабаргузории Тасним.
- Тарҷумаи "Инсони 250-сола" ба забони урду ва озарӣ Хабаргузории тасним.
- «Инсони 250-сола» чӣ гуна халқ шуд? Хабаргузории Тасним.
- Ғаффорӣ, Мустафо, Аз нимаи хурдод, 1398ҳ.ш.
- Инсони 250-сола, ҳалқаи севвум, 1398ҳ.ш.
- Инсони 250-сола: баёноти мақоми муаззами раҳбарӣ дар бораи зиндагии сиёсӣ-муборзотии аиммаи маъсумин, Теҳрон, Маркази Саҳбо 1390ҳ.ш.
- Хоманаӣ, Сайид Алӣ, Инсони 250-сола, 1391ҳ.ш.