Иқтисоди муқовиматӣ
Иқтисоди муқовиматӣ (форсӣ: اقتصاد مقاومتی) яке аз истилоҳот дар заминаи иқтисод аст, ки иртиботи мустақим бо иқтисоди исломӣ дорад. Бар асоси ин нигараш, фишорҳои иқтисодӣ бар кишвар дар давронҳои буҳрон, мудирият хоҳанд шуд ва дар буъди дигараш, таъсири матлуберо бар иқтисоди як кишвар хоҳад гузошт, ки сабаби корофаринӣ, таҳаввул ва рушди иқтисодӣ ва ҳамчунин афзоиши сармояи иҷтимоӣ хоҳад шуд.
Ин идея нахустин бор тавассути Аббоси Маориф, (ваф.1381ҳ.ш./2002) файласуф ва идеяпардози эронӣ, дар соли 1997 матраҳ шуд, аммо бо таъкидҳои Сайид Алии Хоманаӣ, Раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон, аз соли 2010, ба унвони роҳкори иқтисодӣ барои хунсосозии таъсироти ношӣ аз таҳримҳои иқтисодии кишварҳои хориҷӣ алайҳи Эрон дар пеш гирифта шуд.
Аҳамият ва ҷойгоҳ
Яке аз коркардҳои иқтисоди муқовиматӣ, муқобила бо шокҳои воридшуда бар иқтисод аст. Инъитофпазирии иқтисодии ин тарҳ боис мешавад дар шароити буҳронӣ, тавоноии гузар аз буҳронро дошта бошад ва ба унвони як барномаи дарозмуддати иқтисодӣ, метавонад зерсохтҳои иқтисодии кишварро мутаҳаввил созад.[1] Аз он ҷо ки баъзе аз шохисҳои иқтисод дар Ислом, ҳамросто бо таърифи иқтисоди муқовиматӣ аст, баъзе бар ин боваранд, ки мабонии иқтисоди исломӣ, бар асоси иқтисоди муқовиматӣ аст. Нафйи сабил, наҳй аз ихлол дар низом, наҳй аз исроф, итроф ва табзирро метавон аз ин мабонӣ баршмурд, ки дар сарчашмаҳои таълимоти исломӣ бар онҳо таъкид шудааст.[2]
Сайид Алии Хоманаӣ, Раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон нахустин бор иборати иқтисоди муқовиматиро дар 7 сентябри 2010, матраҳ кард.[3] Пеш аз ин Аббоси Маориф дар соли 1997, тарҳеро бо унвони иқтисоди муқовиматӣ ба давлати вақти ҷумҳурии исломӣ дода буд.[4] Бакоргирии ин вожагон аз тарафи раҳбарии ҷумҳурии исломӣ, сабаби ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи Эрон ба ин мавзуъ шуд ва сабаб гардид, ки муассисаҳо ва осори мутааддиде дар ин бора шакл бигиранд. Таъсиси донишкадаи маҷозӣ ва мардумии иқтисоди муқовиматӣ,[5] шаклгирии ситоди марказии пайгирии иҷрои сиёсатҳои иқтисоди муқовиматӣ дар қувваи қазоия[6] ва нигориши сиёсатҳо ва осори мутааддид дар ин бора аз ҷумлаи амалҳои суратгирифта дар ин росто будааст.[7]
Поин омадани сатҳи бекорӣ, баҳраварӣ баланди нерӯи кор, якқутбӣ шудани ҷомеа, афзоиши сармояи иҷтимоӣ, субот дар нишони рушди иқтисодӣ ва гуногунии даромади содиротӣ аз ҷумлаи овардаҳои иқтисоди муқовиматӣ баршуморда шудааст.[8] Бар асоси арзёбиҳои мунташиршуда аз раванди иблоғ то иҷрои иқтисоди муқовиматӣ дар Эрон; бо таваҷҷуҳ ба иблоғи расмии сиёсатҳои иқтисоди муқовиматӣ аз 2011 ба баъд дар Эрон, ва бо мулоҳизаи шохисҳои иқтисодӣ дар ин кишвар, рушди нисбии шохисҳо нишон аз коркарди мусбии сиёсатҳои иқтисоди муқовиматӣ дар Эрон дорад. Тавсеаи низоми молӣ ва бонкии кишвар, мардумӣ шудани иқтисод, тавсеаи донишбунёнҳо ва дарунзоии иқтисодӣ аз муҳимтарин пешрафтҳои Эрон дар солҳои пас аз иблоғи ин қонун будааст.[9] Муқобила бо таҳримҳои суратгирифта алайҳи Ҷумҳурии исломии Эрон, яке дигар аз далелҳои вазъи сиёсатҳои иқтисоди муқовиматӣ буд, ки дар ин замина низ муваффақиятҳое чун такя бар нерӯи дохилӣ ва бениёзӣ ба хориҷро фароҳам овардааст.[10]
Мафҳум ва масодиқ
Мафҳуми иқтисоди муқовиматӣ, ба шаклҳои гуногуне таъриф шудааст. Аз дидгоҳи Сайид Алии Хоманаӣ, иқтисоди муқовиматӣ ба иқтисоде гуфта мешавад, ки ҳамроҳ бо муқовимат дар баробари коршиканиҳои душман, боиси рушд ва шукуфоии кишвар шавад. Муқовимати дарунӣ ба гунае, ки бо тағйирот дар сатҳи байналмилал, ҳеч гуна осебе ба он иқтисод ворид нашавад, аз вижагиҳои иқтисоди муқовиматӣ аст.[11] Маркази мутолиоти роҳбарии мутолиоти исломии иқтисоди муқовиматии Ҳавзаи илмияи Қум, иқтисоди муқовиматиро «Иқтисоде баромада аз фарҳанги инқилобӣ ва исломӣ, ки дар айни муқовиматсозии иқтисод дар баробари таҳдидҳои низоми султа, тазминикунандаи рушди иқтисодӣ мебошад», таъриф кардааст.[12] Ба маҷмуаи сиёсатҳои иқтисодӣ, ки бар асоси улгуи бумӣ, фарҳангӣ ва илмӣ дар Ҷумҳурии исломии Эрон ва дар ин кишвар иҷро мешавад, низ иқтисоди муқовиматӣ гуфта мешавад.[13]
Иқтисоди муқовиматӣ, дар чанд буъд таъриф ва тафсир шудааст. Дар суханони Сайид Алии Хоманаӣ Раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон, корофаринӣ ба унвони яке аз тафсирҳои иқтисоди муқовиматӣ ба кор рафтааст. Кӯтоҳ шудани замони иҷрои барномаҳои иқтисодӣ, парҳез аз тасмимҳои халқуссоа, тасвиб ва иҷрои қонунҳо дар ростои кам кардани вобастагӣ ба хориҷ, кам кардани вобастагӣ ба нафт, тамаркуз бештар бар рӯи барномаҳои дарозмуддат, сиёсатгузорӣ дар ростои ширкатҳои донишбунён ва истифодаи бештар аз маҳсулоти дохилӣ аз ҷумлаи мисдоқҳои иқтисоди муқовиматӣ ёд шудааст.[14]
Сайид Алии Хоманаӣ аз бунёнгузорони дидгоҳи иқтисоди муқовиматӣ, ин намуди иқтисодиро як улгуи илмии мутаносиб бо Эрон медонад, ки аз анвои иқтисодҳои дарунзост, аммо дарунгаро нест ва дар пайи тавсеа мебошад.[15] Одил Пайғомӣ, узви ҳайати илмии Донишгоҳи Имом Содиқ муътақид аст, ки иқтисоди муқовиматӣ заруратан ба маънои иқтисод аз нуқтаи заъф ва дар мавзеъи дифоӣ нест ва бо таваҷҷуҳ ба табйини иқтисоди донишбунён дар зайли иқтисоди муқовиматӣ аз ҷониби Оятуллоҳ Хоманаӣ, мушаххас мешавад, ки иқтисоди муқовиматӣ метавонад ҳолати таҳоҷумӣ низ дошта бошад.[16]
Эзоҳ
- ↑ Ковиёнӣ ва Сайидшукрӣ, «Иқтисоди муқовиматӣ», саҳ.1
- ↑ Ковиёнӣ ва Сайидшукрӣ, «Иқтисоди муқовиматӣ», саҳ.8-9
- ↑ Юсуфӣ, Низоми иқтисодии муқовиматӣ, 1395ҳ.ш., саҳ.32
- ↑ «طرح مرحوم عباس معارف به دولت خاتمی درباره اقتصاد مقاومتی», Пойгоҳи хабарии Алиф
- ↑ «نخستین دانشگاه مردمی اقتصاد مقاومتی راهاندازی شد», Хабаргузории Донишҷӯ
- ↑ «برگزاری نهمین نشست ستاد مرکزی پیگیری اجرای سیاستهای اقتصاد مقاومتی در قوه قضاییه», Хабаргузории Донишҷӯ
- ↑ «بررسی گزارش اجرای بند دوم سیاستهای کلی اقتصاد مقاومتی در هیئت عالی نظارت مجمع», Хабаргузории Донишҷӯ
- ↑ Ковиёнӣ ва Сайидшукрӣ, «Иқтисоди муқовиматӣ», саҳ.12-14
- ↑ Шақоқии Шаҳрӣ, «Арзёбии вазъияти иҷрои иқтисоди муқовиматӣ», саҳ.79-82
- ↑ Маккиён ва Зангиободӣ, «Таҳримҳо ва илзомоти иқтисоди муқовиматӣ», саҳ.41 ва 55
- ↑ Юсуфӣ, Низоми иқтисодии муқовиматӣ, 1395ҳ.ш., саҳ.32
- ↑ Юсуфӣ, Низоми иқтисодии муқовиматӣ, 1395ҳ.ш., саҳ.33
- ↑ Юсуфӣ, Низоми иқтисодии муқовиматӣ, 1395ҳ.ш., саҳ.33
- ↑ Ковиёнӣ ва Сайидшукрӣ, «Иқтисоди муқовиматӣ», саҳ.3-8
- ↑ Юсуфӣ, Низоми иқтисодии муқовиматӣ, 1395ҳ.ш., саҳ.33
- ↑ «راهبردی کلان به نام اقتصاد مقاومتی», Бонкдории исломӣ
Сарчашмаҳо
- Ковиёнӣ, Заҳро ва Хашоёр Сайидшукрӣ, «Иқтисоди муқовиматӣ», дар Маркази пажӯҳишҳои Маҷлиси шӯрои исломӣ, №12546, 1391ҳ.ш.
- Маккиён, Сайид Низомуддин ва Парвона Зангиободӣ, «Таҳримҳо ва илзомоти иқтисоди муқовиматӣ», дар маҷаллаи Ҳамоиши иқтисоди муқовиматӣ, №1, 1395ҳ.ш.
- Шақоқии Шаҳрӣ, Ваҳид, «Арзёбии вазъияти иҷрои иқтисоди муқовиматӣ», дар фаслномаи Иқтисодпажӯҳӣ, №79, 1398ҳ.ш.
- Юсуфӣ, Аҳмадалӣ, Низоми иқтисодии муқовиматӣ, Қум, Нигоҳи форсӣ, 1395ҳ.ш.
- «طرح مرحوم عباس معارف به دولت خاتمی درباره اقتصاد مقاومتی» («Тарҳи марҳум Аббоси Маориф ба давлати Хотамӣ дар бораи иқтисоди муқовиматӣ»), Пойгоҳи хабарии Алиф, санаи дарҷи матлаб: 12 июни 2016, санаи боздид: 14 октябри 2023
- «راهبردی کلان به نام اقتصاد مقاومتی» («Роҳбурдии калон ба номи иқтисоди муқовиматӣ»), Бонкдории исломӣ, санаи дарҷи матлаб: 9 апрели 2014, санаи боздид: 14 октябри 2023
- «برگزاری نهمین نشست ستاد مرکزی پیگیری اجرای سیاستهای اقتصاد مقاومتی در قوه قضاییه» (Баргузории нуҳумин нишасти ситоди марказии пайгирии иҷрои сиёсатҳои иқтисоди муқовиматӣ дар қувваи қазоия), Хабаргузории Донишҷӯ, санаи дарҷи матлаб: 8 феврали 2023, санаи боздид: 14 октябри 2023
- «بررسی گزارش اجرای بند دوم سیاستهای کلی اقتصاد مقاومتی در هیئت عالی نظارت مجمع» («Баррасии гузориши иҷрои банди дувуми сиёсатҳои куллии иқтисоди муқовиматӣ дар ҳайати олии назорати Маҷмаъ»), Хабаргузории Донишҷӯ, санаи дарҷи матлаб: 15 ноябри 2022, санаи боздид: 14 октябри 2023
- «نخستین دانشگاه مردمی اقتصاد مقاومتی راهاندازی شد» («Нахустин донишгоҳи мардумии иқтисоди муқовиматӣ роҳандозӣ шуд»), Хабаргузории Донишҷӯ, санаи дарҷи матлаб: 24 апрели 2021, санаи боздид: 14 октябри 2023
- «"خاکریز اقدام و عمل" منتشر شد» («"Хокрези иқдом ва амал" мунташир шуд»), Хабаргузории Садо ва симо, санаи дарҷи матлаб: 20 апрели 2017, санаи боздид: 14 октябри 2023
- «راز پیشرفت و افول اقتصاد آمریکا در کتاب "اقتصاد مقاومتی در آمریکا"» («Рози пешрафт ва афули иқтисоди Амрико дар китоби "Иқтисоди муқовиматӣ дар Амрико"»), Хабаргузории ИСНА, санаи дарҷи матлаб: 21 июни 2020, санаи боздид: 14 октябри 2023