Саддом Ҳусайн

Аз wikishia
Саддом Ҳусейн

Саддом Ҳусейн аз соли 1979 то 2003 раиси ҷумҳури Ироқ буд. Саддом узви ҳизби Баъси Ироқ буд. Дар соли 1968, пас аз табаддулоти ҳизби Баъс, ҷонишини президент ва дар соли 1979 раисиҷумҳури Ироқ шуд.

Саддом ба миллатчигии араб ё панарабизм аҳамияти бисёр медод ва муътақид буд, бояд ба фаротар аз дин нигоҳ кард, то роҳи инқилобиро дар пеш гирифт.

Ӯ азодорӣ ва мотами шиаёнро маҳдуд намуд ва пиёдаравии Арбаинро манъ кард. Саддом инчунин барои заиф кардани муассисаҳои динӣ ва мазҳабӣ талоши зиёде ба харҷ дод. Сайид Муҳсини Ҳаким, раҳбарони ҳизби Баъс аз ҷумла Саддомро мушрик хонд.

Саддом ҳазорон нафар мухолифони худро ба қатл расонд. Шӯришҳое, ки дар давраи раёсатҷумҳурии ӯ рух дод, ба шиддат саркӯб карда мешуданд. Ӯ дар Ироқу Эрон аз бомбаҳои кимиёвӣ истифода кард ва даҳҳо ҳазор ғайринизомиёнро кушта ё захмӣ кард. Маҷаллаи Ню-Йорк таймс (New York Times) Саддомро ҷузви хашинтарин инсонҳои асри ҳозир донистааст.

Саддом дар соли 1980 бар зидди Эрон ҷанг оғоз кард. Ин ҷанг тақрибан ҳашт сол давом кард, аз ҳарду ҷониб тақрибан 400 ҳазор нафар кушта шуданд ва ба ҳарду кишвар садҳо миллиард доллар зарар ворид шуд. Баъд аз он Саддом дар моҳи июли 1990 ба Кувайт ҳамла кард ва пас аз чанд моҳ ба хотири ҳамлаи нерӯҳои муттаҳидин таҳти сарварии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико маҷбур шуд, ки ақибнишинӣ кунад.

Амрико дар 20-уми марти соли 2003 ба Ироқ ҳамла кард, дар соли 2004 Саддом аз ҷониби нерӯҳои амрикоӣ боздошт ва дар соли 2006 ба хотири куштори Дуҷайл эъдом шуд.

Зиндагинома

Саддом дар навҷавонӣ

Саддом Ҳусайн дар 28-уми апрели 1937[1] (8-уми урдибиҳишти 1316ҳ.ш.[2]) дар ал-Авҷои ноҳияи Такрит ба дунё омад.[3] Саддом дар кӯдакӣ ҳамроҳи пиандар ба чӯпонӣ машғул буд.[4] Ӯ бахше аз зиндагии худро ҳамроҳи модару пияндар сипарӣ кард. Сипас ба Бағдод назди тағои худ - Хайруллоҳ Талфоҳ рафт.[5] Ӯ дар озмуни вурудии донишкадаи афсарӣ ширкат кард, вале ба хотири баҳои паст аз вуруд ба он бозмонд[6]

Хонавода

Саддом дар соли 1963 бо Соҷида - духтари тағои худ издивоҷ кард. Ҳосили ин издивоҷ, 2 писар ба номҳои Адӣ ва Қусай ва 3 духтар буд.[7] Ҳусайн Комил ва бародараш – Саддом Комил домоди Саддом буданд, ки дар соли 1996 пас аз ихтилоф бо хонаводаи Саддом ба Урдун фирор карданд ва дар баргашт ба Ироқ, кушта шуданд. Адӣ ва Қусай баъд аз ишғоли Ироқ тавассути неруҳои амрикоӣ кушта шуданд ва се духтари ӯ ҳамроҳи модарашон ба Урдун паноҳанда шуданд.[8] Саддом ҳамчунин бо «Самира Шоҳбандар» низ издивоҷ кард, ки ҳосили ин издивоҷ писаре ба номи Алӣ буд.[9]

Саддом ва ҳизби Баъс

Мақолаи аслӣ: ҳизби Баъси Ироқ

Саддом дар даврони ҷавонӣ ба ҳизби Баъси Ироқ мулҳақ шуд.[10] Ҳизби Баъс дар 7-уми апрели 1947 тавассути Мишел Ифлиқи сурияӣ [Ёддошт 1] ва Салоҳиддин Байтор, бо шиори қавмиятгароии арабӣ, дар Сурия таъсис ва ҷавонони кишварҳои араб аз ҷумла Ироқро ба худ ҷазб кард.[11]

Ҳизби Баъс ба террори Абдукарим Қосим (дар рӯзи 7-и октябри 1959) - нахуствазири вақт тасмим гирифт ва Саддом аз ҷумлаи касоне буд, ки барои ин амр интихоб шуд. Ин террор номуваффақ буд ва Саддом дар ҷараёни он маҷрӯҳ, ва ба Сурия ва сипас ба Миср фирор кард. Вай ба сурати ғиёбӣ маҳкум ба эъдом шуд.[12] Дар ниҳоят дар соли 1963 ба Бағдод бозгашт.[13] Саддом дар пайи табаддулоти номуваффақи ҳизби Баъс алайҳи Абдусалом Ориф дар соли 1964 ба зиндон афтод ва дар 1966 муваффақ ба фирор аз зиндон шуда, зиндагии махфиёнаи худро оғоз кард.[14]

Дар ниҳоят ҳизби Баъс ба раҳбарии Аҳмад Ҳасан ал-Бакр дар соли 1968 табаддулот карда, қудратро ба даст гирифт.[15] Саддом аз соли 1968 ба унвони ҷонишини ал-Бакр интихоб шуд.[16] Дар 1979 ал-Бакр бо иҷбори Саддом истеъфо дод ва Саддом Ҳусайн ба раёсатҷумҳурӣ, фармондеҳии кулли неруҳои мусаллаҳ ва дабири кулли ҳизби Баъс интихоб шуд.[17] Миллӣ шудани санъати нафти Ироқ дар замони Аҳмад Ҳасан ал-Бакр ва ҷонишини аввалии Саддом, иттифоқ афтод.[18]

Нақши нажод ва дин

Саддом дар либоси арабӣ

Ҳизби Баъс ва ба табаъи он Саддом Ҳусайн се шиори аслӣ барои худ дар назар гирифта буданд: ваҳдат, озодӣ ва сотсиализм.[19] Қавмият ва миллигароӣ низ нақши бисёр муҳимме дар миёни баъсиҳо дошт. Ба ҳамин ҷиҳат муҳаққиқон муътақиданд, ҳокимони Ироқ дағдағаи ҳақиқие барои дину мазҳаб надоштанд ва дар сохтори қонунӣ, ҳуқуқӣ ва ҳокимиятии Ироқ низ дин ва уламои динӣ аз ҷойгоҳи чандоне бархӯрдор набуданд.[20]

Ҳизби сотсиалистии Баъс, қабл аз ба қудрат расидан ба таърифу тамҷиди дин пардохт ва барои он эҳтиром қоил мешуд, аммо пас аз ба қудрат расидан бар зидди дин шуд.[21]

Ин ҳизб, Исломро дин ва ҷунбиши арабие медонист, ки ҳадафаш таҷдид ва такомули арабият будааст.[22] Саддом пайрави мазҳаби аҳли суннат буд[23] ва бо инки талош мекард худро мазҳабӣ нишон диҳад,[24] аммо муътақид буд, бояд ба фаротар аз дин нигоҳ кард то роҳи тараққии инқилобиро дар пеш гирифт.[25] Саддом барои инсиҷоми миллигароӣ муътақид буд, давлат набояд хусусиёти ҳеҷ як аз мазоҳиби исломиро тарвиҷ кунад.[26]

Саддом муътақид буд, ки фалсафаи ҳизби Баъс, фалсафаи дунёӣ аст ва на динӣ. Бо ин ҳол, дар зоҳир иброз медошт, ки ҳизб набояд тардкунандаи эътиқоди динии мардум бошад.[27]

Саддом пас аз вафоти Сайидмуҳсини Ҳаким - раиси ҳавзаи илмияи Наҷаф, талоши бисёре барои тазъиф ва нобудии ин ҳавза анҷом дод.[28] Имом Хумайнӣ муътақид буд, Саддом Ҳусайн ҷудо аз зоҳирсозӣ, шахсе аст, ки барои нобудии Ислом ва ҳавзаи илмияи Наҷаф талош мекунад.[29]

Сайидмуҳсини Ҳаким - марҷаъи бузурги шиаён дар замони худ, сардамдорони ҳизби Баъсро, ки Саддом низ ҷузви онон буд, мушрик донист.[30] Имом Хумайнӣ низ ба ин фатво ишора кард.[31]

Мамнуъияти маросими мазҳабӣ

Сайидмуҳаммади Садр:

«Ин ҳоким (Саддом), ки бо зӯр бар мардум ҳукумат мекунад ва онҳоро аз аввалин ҳуқуқу озодӣ, ки анҷоми маросими мазҳабӣ бошад, манъ мекунад, имкон надорад идома пайдо кунад. Наметавон ҳамеша бо зӯру қудрат бар мардум ҳукумат кард!».[32]

Бо гузашти муддате аз қудрат гирифтани ҳизби Баъс дар Ироқ, анҷоми маросими мазҳабии шиа бо мушкилоту даргириҳое ҳамроҳ буд.[33] Ҳукумати Ироқ дар соли 1977 ва дар даврони раёсатҷумҳурии Ҳасан ал-Бакр ва ҷонишини аввалии Саддом Ҳусайн, дастуроте иблоғ кард, ки то охири ҳукумати ҳизби Баъс побарҷо монд. Ин дастурот бар маҳдудият ва гоҳ манъи бархе шаъоири Ҳусайнӣ буд ва ҳар навъ барқарории мавкибу пиёдаравӣ ба Карбало мамнуъ эълом шуд. Ҳамчунин баргузории маҷлиси азою мотам барои Имом Ҳусайн (а) низ бисёр маҳдуд шуда ва танҳо бо вуҷуди шароите иҷоза дода мешуд.[34]

Мухолифати ҳукумат дар муқобили исрори шиаён дар баргузории ин оинҳо мунҷар ба даргириҳо ва қиёмҳое шуд, ки муҳимтарини онҳо Интифозаи сафари соли 1977 будааст.[35]

Ихроҷи эрониён

Мақолаи аслӣ: Муъовидин

Ҳукумати Баъс ба раёсати Ҳасан ал-Бакр ва ҷонишини аввал - Саддом Ҳусайн ба дунболи сиёсатҳои арабгароёнаи худ, бо тасвиби қонунҳое, ҳузур ва таъсиргузории шаҳрвандони эронӣ дар Ироқро маҳдуд ва сахт карданд.[36] Инҳо дар зимистони 1350 шамсӣ, эрониёни сокини Ироқро дар ҳаҷме бисёр густарда ихроҷ карданд. Бахши умдаи ин афрод, толибъилмони динӣ ва рӯҳониюни эронӣ буданд. Дар соли 1354 шамсӣ низ бахши дигаре аз эрониён ихроҷ шуданд.[37]

Дар ҳудуди соли 1980 низ раванди ихроҷи ироқёни эрониюл-асл идома ёфт.[38] Бештари ин гуруҳ аз сарватмандону тоҷирон буданд ва ҳукумати Ироқ пас аз ихроҷи онҳо иқдом ба мусодираи амволи онҳо кард ва аз ин роҳ беш аз се миллиард доллар ба даст овард.[39]

Бархе муҳаққиқони муосир, ин навъ рафтори ҳукумати Ироқро аз золимонатарин рафторҳои шинохташуда бо ақаллияте донистаанд, ки солҳо ва гоҳ чанд насл дар Ироқ монда ва дар ободонии онҷо нақши асосӣ доштанд.[40]

Саддом ва Фаластин

Саддом ба хотири таъкиде, ки бар нажоди араб дошт, масъалаи озодсозии Фаластинро бисёр зиёд матраҳ мекард.[41] Ӯ муътақид буд, Фаластин сарзамини араб, қиблаи аввали мусулмонон ва сеюмин макони муқаддас барои мусулмонон будааст.[42] Саддом муддаӣ буд, то замоне ки Қудс дар дасти саҳюнистҳо боқӣ бимонад, кӣ метавонад иддаои муъмин будан дошта бошад ва мутмаин бошад намозаш дар назди Худованд қабул аст.[43] Дар миёнаи ҷанги Кувайт, ки эътилофи Амрико, Ироқро маҷбур ба хуруҷ аз Кувайт кард, Саддом ба сӯи Исроил даҳҳо мушак партоб кард, ки ин кори ӯ, ситоиши шуморе аз мардуми ҷаҳони арабро ба дунбол дошт.[44] Шуморе аз коршиносон бар ин боваранд, ки ҳадафи Саддом аз ин кор, ин буд, ки аз эҳсоси танаффури миллатҳои араб нисбат ба Исроил истифода кунад ва бад-ин гуна барои худ машруъиятсозӣ карда, давлатҳои арабиро дар ҷанги бо эътилофи амрикоӣ бо худ ҳамроҳ кунад.[45] Саддом ҳамчунин ваъда дода буд, ки нисфи Исроилро ба оташ хоҳад кашид. Албатта бархе дар мақоми мазаммати Саддом гуфтаанд, ки ваъдаи оташ задани нисфи Исроилро дод, вале Ирбилро ба оташ кашид. Ваъдаи нобудии Исроилро дод, аммо Кувайтро балъид.[46] Саддом ҳамчунин роҳпаймоии мардуми Ҳамадон дар рӯзи Қудси алайҳи Исроилро дар соли 1361ҳ.ш., мавриди ҳадаф қарор дод, ки 80 нафар дар он кушта шуданд.[47]

Қиёмҳо ва кушторҳо

Ироқ дар давраи раёсатҷумҳурии Саддом, шоҳиди кушторҳо ва қатли омҳои густардае буд. Маҷаллаи Ню-Йорк таймс, Саддомро аз бераҳмтарин инсон дар қарни ҳозир донистааст.[48] Саддом, Сайид Муҳаммадбоқир Садр ва хоҳараш - Бинтулҳудоро дастгир ва эъдом кард.[49] Саддом ҳамчунин талоши бисёре дар куштори афроди ҳизбу-д-даъват дошт.[50]

Куштор бо бомби шимиёӣ

Ҳамлаи шимиёии Ҳалабча

Ҳукумати Ироқ алайҳи аҳдофи эронӣ ва ироқӣ, низомӣ ва ғайринизомӣ, аз бомбҳои шимиёӣ истифода кард. Артиши Ироқ аз гази аъсоб алайҳи аҳдофи ғайринизомӣ, аз ҷумла: шаҳри Ҳалабчаи Ироқ ва деҳи Зардаи Эрон истифода кард. Ҳамчунин гази хардалро дар Маривон, Сардашт ва чандини деҳ ба кор бурд.[51]

Ҳукумати Баъс ҳамчунин дар даргириҳои низомӣ низ бомбҳои шимиёӣ истифода мекард ва манотиқи амалиётии Бадр, Хайбар, Вал-фаҷри 8 ва минтақаи Фовро ҳадафи бомбаборони шимиёӣ қарор дод.[52]

Ироқ ҳамалоти шимиёии худро ба сурати ҷиддӣ аз соли 1983 ва дар ҷанги Эрону Ироқ оғоз кард[53] ва ин ҳамалот то поёни ҷанг дар соли 1988 идома дошт.[54] Бар асари ҳамалоти шимиёии артиши Ироқ, наздик ба сад ҳазор нафар низомӣ ва ғайринизомӣ шаҳид ва маҷрӯҳ гаштанд.[55]

Ҳукумати Ироқ ҳамчунин илова бар дастури ҳамалоти шимиёӣ ба шаҳрҳо ва деҳҳои наздики марз, бо роҳандозии амалиёти равонӣ ба қасди ташдиди фишор бар масъулони Эрон, шаҳрҳои бузург ва марказҳои вилоятҳои Эронро таҳдид ба бомбаборон ва мушакборони шимиёӣ кард; таҳдиде, ки ба назари муҳаққиқон, иҷрои он дур аз интизор набуд ва дар пазириши қатъномаи 598 аз ҷониби Эрон муассир буд.[56]

Интифозаи сафар

Мақолаи аслӣ: Интифозаи сафари Ироқ

Ҳизби Баъс баргузории маросимҳои мазҳабиро маҳдуд кард ва ҳамчунин ҳар навъ барқарории мавкибу пиёдаравӣ ба Карбало мамнуъ шуд.[57] Бо ин вуҷуд мардуми Наҷаф дар таърихи 15-и сафари 1398 қамарӣ баробар бо 1977 омодаи баргузории пиёдаравии Арбаъин шуданд.[58] Корвони сӣ ҳазор нафарӣ ба самти Карбало ҳаракат кард. Ин ҳаракат аз ибтидо бо бархӯрди ҳукумат рӯбарӯ шуда ва теъдоде шаҳид шуданд. Дар ниҳоят дар масири Наҷаф ба Карбало, неруҳои артиш ҳамла карда, ҳазорон нафарро боздошт карданд.[59] Теъдоде кушта шуданд, бархе ба эъдом ва бархеи дигар ба ҳабси абад маҳкум гардиданд.[60] Сайид Муҳаммадбоқири Садр ва Сайид Муҳаммадбоқири Ҳаким дар ин интифоза нақш доштанд.[61] Имом Хумайнӣ низ ин қиёми мардумиро таъйид кард.[62]

Куштори Дуҷайл

Мақолаи аслӣ: Куштори Дуҷайл

Дуҷайл яке аз шаҳрҳои кишвари Ироқ бо аксарияти шиа аст.[63] Дар моҳи Рамазони 1402ҳ.қ., Саддом ба шаҳри Дуҷайл рафт. Пас аз вуруди Саддом, иддае аз аъзои ҳизбул-даъват талош карданд Саддомро террор кунанд. Ин террор номуваффақ буд. Пас аз он, бисёре аз неруҳои Баъсӣ бо ҳимояти неруи ҳавоии Ироқ ба шаҳр ҳамла карданд. Садҳо нафар зану марду кӯдак боздошт шуданд. Бисёре афрод дар зери шиканҷа кушта шуда ва бисёре ба эъдом маҳкум шуда, кушта шуданд.[64] Дар ин куштор 148 нафар кушта шуданд,[65] ки бархе аз онҳо зану кӯдак буданд.[66] Беш аз сад ҳазор гектар замини кишоварзӣ ба дасти ҳукумат нобуд шуд.[67]

Дар соли 2006 Саддом Ҳусайн ба хотири куштори Дуҷайл ба эъдом маҳкум шуда, ба дор овехта шуд.[68]

Интифозаи Шаъбон

Мақолаи аслӣ: Интифозаи шаъбонияи Ироқ

Мардуми Ироқ баъд аз шикаст дар ҷанги Кувайт, алайҳи ҳукумати Баъсӣ ва шахси Саддом Ҳусайн қиём карданд. Ин қиём дар Шаъбони соли 1411 қамарӣ, мутобиқ бо соли 1369 шамсӣ ва 1991 мелодӣ буд.[69]

Ҳашт сол ҷанг бо Эрон, шикасти мутлақ дар ҷанги Кувайт, вазъияти бади иқтисодӣ ва нобудии бисёре аз зерсохтҳои иқтисодӣ ва рифоҳӣ сабаб шуд, мардуми сартосари Ироқ алайҳи Саддом қиём кунанд. Ин қиём аз Басра оғоз шуд ва хеле зуд ба тамоми вилоятҳо сироят кард.[70] Чаҳордаҳ вилоят аз ҳаждаҳ вилояти Ироқ ба дасти эътирозгарон афтод.[71] Ин интифоза 15 рӯз тул кашид.[72] Артиши Ироқ ба саркӯби мардум рӯй овард ва даҳҳо ҳазор нафар кушта ва ҳудуди ду миллион овора шуданд.[73] Ҳарами Имом Алӣ (а) ва Ҳарами Имом Ҳусайн (а) осеб дид ва то шаш моҳ дари Ҳарам баста буд.[74] Неруҳои Баъсӣ дар Карбалою Наҷаф даҳҳо масҷид, мадрасаи динӣ ва Ҳусайнияро хароб карданд.[75]

Ҷангҳо

Ироқ дар замони Саддом ва ба дастури ӯ ҷангҳоеро оғоз кард:

Ҷанги Эрону Ироқ

Мақолаи аслӣ: Ҷанги Эрону Ироқ

Артиши Ироқ ба дастури Саддом Ҳусайн дар 31 шаҳривари 1359ҳ.ш., ҳамлаи ҳамаҷонибаеро алайҳи Эрон оғоз кард.[76] Саддом аз ин ҷанг ҳадафҳоеро дунбол мекард:

  • Ироқ хоҳони лағви қарордоди Алҷазоир ва илҳоқи Арвандруд ба Ироқ буд. Дар муқобил, бархе муътақиданд, амалкарди артиши Ироқ пас аз тасарруфи Хуррамшаҳр ва бахшҳое аз Хузистон нишон дод ба дунболи замима кардани Хузистон ба Ироқ буд.[77]
  • Бархе баён доштаанд, бо баррасии амалкард ва гуфторҳои масъулони ироқӣ метавон гуфт, Саддом хоҳони сарнагунии ҳукумати навпои Ҷумҳурии Исломӣ ва таҷзияи Эрон буд.[78]
  • Саддом эълом кард, Эрон бояд аз се ҷазираи «Тунби бузург», «Тунби кучак» ва «Абумусо» даст бардорад.[79]

Ин ҷанг 2888 рӯз идома пайдо кард ва яке аз бузургтарин ҷангҳои қарнро шакл дод.[80] Осебҳои ин ҷанг барои ду кишвар бисёр зиёд буд; зиндагӣ барои милионҳо нафар аз мардуми ду кишвар бисёр сахт шуд, сабаби тахриб ва нобудии таъсисоти зербиноӣ ва тавлидӣ, тахриб ва тахлияи манотиқи маскунии шаҳрҳо ва деҳҳои марзӣ, нобудӣ ва осеб дидани сармояҳои табиӣ ва мероси фарҳангӣ ва ғайра шуд.[81]

Ду кишвари Эрону Ироқ, 200 миллиард доллар барои ин ҷанг ҳазина карданд ва ҳудуди 1500 миллиард доллар хасорат бар ду тараф ворид шуд. Эрон ҳудуди 188 ҳазор нафар шаҳид, 519 ҳазор нафар ҷонбоз ва 42 ҳазор асир дод.[82] Аз Ироқ низ ҳудуди 200 ҳазор нафар кушта шуданд, се баробари ин мизон маҷруҳ ва ҳудуди 60 ҳазор нафар асир шуданд.[83]

Саддом баъд аз дастгирӣ

Ҷанги Ироқ ва Кувайт

Артиши Ироқ дар 11 мурдоди 1369ҳ.ш., аз марзи худ бо Кувайт гузашта, онҷоро дар се соъат ишғол кард.[84] Ироқ баъд аз муддате Кувайтро ба унвони вилояти нуздаҳуми худ эълом кард.[85] Дар мавриди иллати ин ишғол, мавориди мутааддиде чун ихтилофоти марзии байни Ироқу Кувайт, нокомиҳои сиёсӣ, низомӣ ва роҳбурдии Ироқ дар ҷанги ҳаштсола бо Эрон, қарзҳои сангини ношӣ аз ҷанг бо Эрон зикр шудааст.[86]

Неруҳои муттаҳидин ба саркардагии Амрико дар 27-и дейи 1369ҳ.ш., барои хориҷ кардани Ироқ аз Кувайт ба онҳо ҳамла кард. Ин ҳамла бо бомбаборони густардаи ҳавоӣ ва мушакӣ сурат гирифт.[87] Баъд аз 38 рӯз ҳамалоти ҳавоию мушакӣ ва нобудии бисёре аз маконҳои низомӣ ва иқтисодии Ироқ, саранҷом неруҳои муттаҳидин ҳамлаи заминиро оғоз карда ва дар тӯли 4 рӯз муваффақ шуданд, артиши Ироқро шикаст дода, аз хоки Кувайт берун кунанд.[88]

Артиши Ироқ дар хилоли ин ҷанг 17 бор бо партоби 39 мушак ба Исроил ҳамла кард.[89]

Ҳамлаи Амрико ба Ироқ

Баъд аз ҳамалоти 11-и сентябр дар шаҳри Ню-Йорк, омрикоиҳо бо илқои нақши Саддом дар ин ҳамалот, иртиботи наздики ал-Қоъида бо режими Баъси Ироқ ва вуҷуди силоҳҳои куштори ҷамъӣ дар Ироқ, афкори умумиро барои ҳамла ба Ироқ омода карданд.[90] Дар ниҳоят Амрико ҳамроҳи муттаҳидонаш дар соли 2003 (29 исфанди 1381ҳ.ш.[91]) ба Ироқ ҳамла карда, онҷоро ба ишғоли худ даровард.[92]

Дастгирӣ ва эъдом

Эъдоми Саддом

Дар декабри 2003 (озар/дейи 1382ҳ.ш.) неруҳои амрикоӣ эълом карданд, Саддом Ҳусайнро дар мазраъае наздики Такрит боздошт кардаанд.[93]

Додгоҳи Саддом дар соли 2005 баргузор шуд ва баъд аз баргузории ҷаласоти мутааддид, дар мавриди куштори Дуҷайл[94] Саддом ба хотири куштори 148 нафар дар минтақаи Дуҷайл ба эъдом маҳкум шуд.[95] Саддом дар субҳи иди Қурбон баробар бо 30-уми декабри 2006 (9 дейи 1385ҳ.ш.)[96] дар урдугоҳе дар шаҳри Козимайн, ки пештар Сайид Муҳаммадбоқири Садр дар онҷо эъдом шуда буд, ба дор овехта шуд.[97]

Эзоҳ

  1. Ал-Марсумӣ, Диросотун фи фикр-ил-қоид, Саддом Ҳусайн, 2000м., саҳ.14.
  2. "Ṣaddām Ḥusayn", bibliothèqueи nationale de france; «табдили таърих аз қамарӣ ба шамсӣ», боҳисоб.
  3. Вейлӣ, Наҳзати исломии шиаёни Ироқ, 1373ҳ.ш., саҳ.69.
  4. Хизр, Эъдому раисин бидоя ва ниҳоя Саддом Ҳусайн, 2007м., саҳ.70.
  5. Вейлӣ, Наҳзати исломии шиаёни Ироқ, 1373ҳ.ш., саҳ.69.
  6. Табарроиён, Интифозаи шаъбония, 1391ҳ.ш., саҳ.76.
  7. Табарроиён, Интифозаи шаъбония, 1391ҳ.ш., саҳ.78.
  8. Саддом аз таваллуд то чӯбаи дор, сайти рӯзномаи Эрон.
  9. “Ҳаёту Саддом Ҳусайн фи сутур”
  10. Вейлӣ, Наҳзати исломии шиаёни Ироқ, 1373ҳ.ш., саҳ.70.
  11. Саддом аз таваллуд то чӯбаи дор, сайти рӯзномаи Эрон.
  12. Мор, таърихи навини Ироқ, 1380ҳ.ш., саҳ.329.
  13. Саддом аз таваллуд то чӯбаи дор, сайти рӯзномаи Эрон.
  14. Саддом аз таваллуд то чӯбаи дор, сайти рӯзномаи Эрон.
  15. Вейлӣ, Наҳзати исломии шиаёни Ироқ, 1373ҳ.ш., саҳ.70.
  16. Саддом аз таваллуд то чӯбаи дор, сайти рӯзномаи Эрон.
  17. Табарроиён, Интифозаи шаъбония, 1391ҳ.ш., саҳ.76.
  18. “Ҳаёту Саддом Ҳусайн фи сутур”
  19. Ал-Аббосӣ, Сафаҳотун савдоъ мин Баъс-ил-Ироқ, 1361ҳ.ш., саҳ.49.
  20. Афшун, “Дин ва илмоният дар сохтори ҳуқуқӣ - ҳокимиятии Ироқ”, саҳ.48
  21. Фулодзода, Идеологияи ҳизби сотсиалисти Баъси Ироқ, 1410ҳ.қ., саҳ.26.
  22. Ардистонӣ, “Саддом ва ҳизби Баъс; моҳият ва куниш”, 1390ҳ.ш., саҳ.40.
  23. “Ҳақоиқе ногуфта аз диктатори собиқи Ироқ”
  24. Ардистонӣ, “Саддом ва ҳизби Баъс; моҳият ва куниш”, 1390ҳ.ш., саҳ.40.
  25. Фулодзода, Идеологияи ҳизби сотсиалисти Баъси Ироқ, 1410ҳ.қ., саҳ.29.
  26. Фулодзода, Идеологияи ҳизби сотсиалисти Баъси Ироқ, 1410ҳ.қ., саҳ.30.
  27. Ошур, ад-Дин ва-л-турос фи фикр-ир-раис-ил-қоид Саддом Ҳусайн, 1988м., саҳ.186.
  28. Ал-Толиқонӣ, “Диросатун ҳавла интифозати сафари-л-маҷидаҳ ома 1977 милодийя”, Баросонюз.
  29. Маркази танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ, Саҳифаи имом, 1378ҳ.ш., ҷ.12, саҳ.233.
  30. Маркази танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ, Саҳифаи имом, 1378ҳ.ш., ҷ.12, саҳ.244.
  31. Маркази танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ, Саҳифаи имом, 1378ҳ.ш., ҷ.12, саҳ.244.
  32. Козим, Арқом ва ороъ ҳавла низоми-л-Баъс фи-л-Ироқ, 1982м., саҳ.266.
  33. Ал-Муъмин, Санавот-ул-ҷамр, 2004м., саҳ.164.
  34. Козим, Арқом ва ороъ ҳавла низоми-л-Баъс фи-л-Ироқ, 1982м., саҳ.158.
  35. Мазоҳирӣ, Фарҳанги сӯги шиъӣ, 1395ҳ.ш., саҳ.101 - 102.
  36. Паҳлавон, “Таҳаррукоти ҷамъиятӣ дар минтақа”, саҳ.147.
  37. Ҷаъфариён, “Ташайюъ дар Ироқ ва муносибот бо Эрон”, саҳ.203.
  38. Ал-Муъмин, Санавот-ул-ҷамр, 2004м., саҳ.272.
  39. Ал-Муъмин, Санавот-ул-ҷамр, 2004м., саҳ.278.
  40. Ҷаъфариён, “Ташайюъ дар Ироқ ва муносибот бо Эрон”, саҳ.204.
  41. Ал-Марсумӣ, Диросотун фи фикр-ил-қоид, Саддом Ҳусайн, 2000м., саҳ.190.
  42. Ал-Марсумӣ, Диросотун фи фикр-ил-қоид, Саддом Ҳусайн, 2000м., саҳ.192.
  43. Ал-Марсумӣ, Диросотун фи фикр-ил-қоид, Саддом Ҳусайн, 2000м., саҳ.192.
  44. Ал-Онӣ, “Қабла 30 оман ... ал-Ироқ яқсифу Исроил раддан ала осифат-ис-саҳро”.
  45. Ал-Онӣ, “Қабла 30 оман ... ал-Ироқ яқсифу Исроил раддан ала осифат-ис-саҳро”.
  46. Хизр, Эъдому раисин бидоя ва ниҳоя Саддом Ҳусайн, 2007м., саҳ.60.
  47. Гуруҳи таърихи инқилоби хабаргузории Тасним, “Баррасии як иддаои таърихӣ; оё Саддом зидди исроилӣ буд?”.
  48. MacFARQUHAR, Saddam Hussein.
  49. Нуъмонӣ, Оятуллоҳулъузмо Шаҳид Сайид Муҳаммадбоқири Садр, 1388ҳ.ш., саҳ.560.
  50. Вейлӣ, Наҳзати исломии шиаёни Ироқ, 1373ҳ.ш., саҳ.88.
  51. “Хасорот ва талафоти 8 соли ҷанг (бахши аввал: Ироқ)”, сайти Дифои муқаддас.
  52. Якто, “Корбурди силоҳҳои шимиёӣ дар ҷанги Эрон ва Ироқ”, портали Ҷомеъи улуми инсонӣ.
  53. Амалиёти Хайбар; оғози истифодаи тактикии режими Ироқ аз ҷангафзорҳои шимиёӣ, сайти Дифои муқаддас.
  54. Охирин ҷинояти шимиёии Ироқ дар манотиқи ғайринизомии Эрон, сайти Дифои муқаддас.
  55. “Хасорот ва талафоти 8 соли ҷанг (бахши аввал: Ироқ)”, сайти Дифои муқаддас.
  56. “Ҳамлаи шимиёии Ироқ ба Эрон ва муҳимтарин қатъномаи Созмони Милал”, хабаргузории ЭСНО.
  57. Ал-Муъмин, Санавот-ул-ҷамр, 2004м., саҳ.165.
  58. Ал-Асадӣ, Муҷазу таърих-ил-Ироқ ас-сиёси-ил-ҳадис, 2001м., саҳ.101.
  59. Вейлӣ, Наҳзати исломии шиаёни Ироқ, 1373ҳ.ш., саҳ.81.
  60. Ал-Асадӣ, Муҷазу таърих-ил-Ироқ ас-сиёси-ил-ҳадис, 2001м., саҳ.103.
  61. Ал-Муъмин, Санавот-ул-ҷамр, 2004м., саҳ.169.
  62. Ал-Муъмин, Санавот-ул-ҷамр, 2004м., саҳ.170.
  63. “Саддом ятаҳаддасу ан қазият-ид-Дуҷайл аллатӣ уъдима бисабабиҳо”.
  64. “Мазбаҳат-уд-Дуҷайл”, сайти Туросиёт.
  65. Ал-Асадӣ, Муҷазу таърих-ил-Ироқ ас-сиёси-ил-ҳадис, 2001м., саҳ.173.
  66. “Саддом ятаҳаддасу ан қазият-ид-Дуҷайл аллатӣ уъдима бисабабиҳо”, сайти Муғрис.
  67. “Мазбаҳат-уд-Дуҷайл”, сайти Туросиёт.
  68. Хизр, Эъдому раисин бидоия ва ниҳоя Саддом Ҳусайн, 2007м., саҳ.317.
  69. Табарроиён, Интифозаи шаъбония, 1391ҳ.ш., саҳ.223.
  70. Ал-Асадӣ, Муҷазу таърих-ил-Ироқ ас-сиёси-ил-ҳадис, 2001м., саҳ.200.
  71. Табарроиён, Интифозаи шаъбония, 1391ҳ.ш., саҳ.230.
  72. Оли Туъма, ал-Интифозат-уш-шаъбонийя фи Карбало, 1433ҳ.қ., саҳ.17.
  73. “Моҷарои интифозаи шаъбония чист?”, сайти хабарии Фардо.
  74. Оли Туъма, ал-Интифозат-уш-шаъбонийя фи Карбало, 1433ҳ.қ., саҳ.47.
  75. Оли Туъма, ал-Интифозат-уш-шаъбонийя фи Карбало, 1433ҳ.қ., саҳ.149 - 156.
  76. “8 “сол ҷанги таҳмилӣ алайҳи Эрон чигуна оғоз шуд?”, хабаргузории Тасним.
  77. “Омада буданд бимонанд...”, хабаргузории ЭСНО.
  78. Ҷаъфарӣ, Атласи набардҳои мондагор, 1389ҳ.ш., саҳ.14.
  79. “Ҳаёту Саддом Ҳусайн фи сутур”
  80. “Хасорот ва талафоти 8 сол ҷанг (бахши дувум: Эрон)”, сайти Дифои муқаддас.
  81. “Хасорот ва талафоти 8 сол ҷанг (бахши дувум: Эрон)”, сайти Дифои муқаддас.
  82. “Хасорот ва талафоти 8 сол ҷанг (бахши дувум: Эрон)”, сайти Дифои муқаддас.
  83. “Хасорот ва талафоти 8 соли ҷанг (бахши аввал: Ироқ)”, сайти Дифои муқаддас.
  84. Табарроиён, Интифозаи шаъбония, 1391ҳ.ш., саҳ.157.
  85. Табарроиён, Интифозаи шаъбония, 1391ҳ.ш., саҳ.160 - 161.
  86. Каримӣ, “Ҷанги Ироқу Кувайт”, ҷ.11, саҳ.140.
  87. Табарроиён, Интифозаи шаъбония, 1391ҳ.ш., саҳ.183.
  88. Каримӣ, “Ҷанги Ироқу Кувайт”, ҷ.11, саҳ.140.
  89. Табарроиён, Интифозаи шаъбония, 1391ҳ.ш., саҳ.187.
  90. Аминӣ, “Расонаҳо ва амалиёти равонӣ; набарди неруҳои эътилоф бар зидди Ироқ (марти 2003)”, саҳ.151.
  91. Ҳоирӣ, Рӯзшумори шамсӣ, 1386ҳ.ш., саҳ.894.
  92. “Ҳаёту Саддом Ҳусайн фи сутур”
  93. Хизр, Эъдоми раис, бидоя ва ниҳояту Саддом Ҳусайн, 2007м., саҳ.314; Табдили таърих аз мелодӣ ба шамсӣ”, Боҳисоб.
  94. “Ҳаёту Саддом Ҳусайн фи сутур”
  95. Хизр, Эъдому раисин бидоя ва ниҳояту Саддом Ҳусайн, 2007м., саҳ.317.
  96. Хизр, Эъдому раисин бидоя ва ниҳояту Саддом Ҳусайн, 2007м., саҳ.318; Табдили таърих аз мелодӣ ба шамсӣ”, боҳисоб.
  97. Тақаддусӣ, “Гуфтугӯи “Эрон” бо Мунир Ҳаддод, қозии додгоҳи Саддом: ногуфтаҳои эъдоми диктатор”, сайти рӯзномаи Эрон.

Ёддошт


Сарчашма

  • Ал-Аббосӣ, Абдулҳамид, Сафаҳотун савдоъ мин Баъс-ил-Ироқ, беҷо, маҳорат, 1361ҳ.ш.
  • Ал-Асадӣ, Мухтор, Муҷазу таърих-ил-Ироқ ас-сиёси-ил-ҳадис, марказул-шаҳидайнил-Садрайн лил-диросоти вал-буҳус, 2001м.
  • Ал-Муъмин, Алӣ, Санавот-ул-ҷамр, Бейрут, ал-Марказул-исломиил-муъосир, 2004.
  • Ал-Онӣ, Тоҳо, “Қабла 30 омин .. ал-Ироқ яқсифу Исроил раддан ала осифат-ис-саҳро”, шабакаи Алҷазира, таърихи дарҷи матлаб: 18 январи 2021, таърихи боздид: 23 шаҳривари 1402ҳ.ш.
  • Аминӣ, Ормин, “Расонаҳо ва амалиёти равонӣ; набарди неруҳои эътилоф бар зидди Ироқ (марти 2003)”, Мутолиоти ховари миёна, соли ёздаҳум, № 3 ва 4, поиз ва зимистони 1383ҳ.ш.
  • Аммонӣ, Муҳаммадризо, Оятуллоҳулъузмо Шаҳид Сайид Муҳаммадбоқири Садр, тарҷумаи Қосим Ғазабонипӯр, Теҳрон, Фарҳанги сабз, чопи аввал, 1388ҳ.ш.
  • Ардистонӣ, Ҳаҷар, “Саддом ва ҳизби Баъс; моҳият ва куниш”, фаслномаи тахассусии Ҷанги Эрону Ироқ, № 36, баҳори 1390ҳ.ш.
  • Ат-Толиқонӣ, Сайидмуҳаммад, Диросатун ҳавла интифозати сафар ал-маҷида ом 1977 милодия, сайти Баросо, таърихи дарҷи матлаб: 08,03,2007, таърихи боздид: 6 хурдоди 1397ҳ.ш.
  • Афшун, Тураҷ, “Дин ва илмоният дар сохтори ҳуқуқӣ - ҳокимиятии Ироқ”, Мутолиоти роҳбурдии ҷаҳони Ислом, № 63, поизи 1394ҳ.ш.
  • Вейлӣ, Ҷойс Н., Наҳзати исломии шиаёни Ироқ, тарҷумаи Маҳваши Ғуломӣ, муассисаи иттилоот, 1373ҳ.ш.
  • Гуруҳи таърихи инқилоби хабаргузории Тасним, “Баррасии як иддаои таърихӣ; оё Саддом зидди исроилӣ буд?”, сайти хабаргузории Тасним, таърихи дарҷи матлаб: 31 урдибиҳишти 1399ҳ.ш., таърихи боздид: 23 шаҳривари 1402ҳ.ш.
  • Каримӣ, Ҷавод, “Ҷанги Ироқу Кувайт”, Донишнома, Теҳрон, Бунёди доиратулмаорифи исломӣ, 1386ҳ.ш.
  • Козим, Фуод, Арқом ва ороъ ҳавла низоми-л-Баъс фи-л-Ироқ, беҷо, марказул-исломӣ лил-абҳосил-сиёсийя, 1982м.
  • MacFARQUHAR, NEIL, Saddam Hussein
  • "Мазбаҳат-уд-Дуҷайл”, сайти Туросиёт, таърихи дарҷи матлаб: 8 июли 2016, таърихи боздид: 4 тири 1397ҳ.ш.
  • Мазоҳирӣ, Муҳсин Ҳисом, Фарҳанги сӯги шиъӣ, Теҳрон, Хайма, 1395ҳ.ш.
  • Маркази танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ, Саҳифаи имом, Теҳрон, Маркази танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ, 1378ҳ.ш.
  • Марсумӣ, Нуринаҷм, Диросотун фи фикр-ил-қоид, Саддом Ҳусайн, Бағдод, Офоқ арабия, 2000.
  • Моҷарои интифозаи шаъбония чист?” сайти Фардо, таърихи дарҷи матлаб: 19 шаҳривари 1392ҳ.ш., таърихи боздид: 6 тири 1397ҳ.ш.
  • Оли Туъма, Салмон Ҳодӣ, ал-Интифозат-уш-шаъбонийя фи Карбало, Қум, китобхонаи тахассусии таърихи Ислому Эрон, 1433ҳ.қ.
  • "Омада буданд бимонанд..", сайти ЭСНО, таърихи дарҷи матлаб: 5 хурдоди 1395ҳ.ш., таърихи боздид: 6 тири 1397ҳ.ш.
  • Ошур, Маҳмуд Абдулҷаббор, ад-Дин ва-л-турос фи фикр-ир-раис-ил-қоид Саддом Ҳусайн, Бағдод, матбаъат ал-Рашод, 1988м.
  • Паҳлавон, Чингиз, “Таҳаррукоти ҷамъиятӣ дар минтақа”, иттилооти сиёсӣ – иқтисодӣ, № 119, мурдод ва шаҳривари 1376ҳ.ш.
  • "Ṣaddāmи Ḥusayn", bibliothèqueи nationale de france, таърихи боздид: 29 баҳмани 1400ҳ.ш.
  • "Саддом аз таваллуд то чӯбаи дор", сайти рӯзномаи Эрон, таърихи дарҷи матлаб: 17 обони 1385ҳ.ш., таърихи боздид: 6 хурдоди 1397ҳ.ш.
  • "Саддом ятаҳаддасу ан қазият-ид-Дуҷайл аллатӣ уъдима бисабабиҳо", сайти Муғрас, таърихи дарҷи матлаб: 28,1,2010, таърихи боздид: 6 хурдоди 1397ҳ.ш.
  • "Соли ҷанги таҳмилии алайҳи Эрон чигуна оғоз шуд?", сайти Тасним, таърихи дарҷи матлаб: 31 шаҳривари 1396ҳ.ш., таърихи боздид: 6 тири 1397ҳ.ш.
  • Табарроиён, Сафоуддин, Интифозаи шаъбония, Теҳрон, Маркази асноди инқилоби исломӣ, 1391ҳ.ш.
  • Табдили таърих аз мелодӣ ба шамсӣ”, боҳисоб, таърихи боздид: 29 баҳмани 1400ҳ.ш.
  • Тақаддусӣ, Эҳсон, “Гуфтугӯи “Эрон” бо Мунир Ҳаддод, қозии додгоҳи Саддом: ногуфтаҳои эъдоми диктатор”, сайти рӯзномаи Эрон, таърихи дарҷи матлаб: 13 хурдоди 1396ҳ.ш., таърихи боздид: 6 тири 1397ҳ.ш.
  • Фулодзодаи Ҳоирӣ, Абдуламир, Идеологияи ҳизби сотсиалисти Баъси Ироқ, Қум, ҷунбиши рондашудагони Ироқ, 1410ҳ.қ.
  • "Хасорот ва талафоти 8 сол ҷанг (бахши дувум: Эрон)", сайти маркази асноду таҳқиқоти Дифои муқаддас, таърихи дарҷи матлаб: 6 тири 1395ҳ.ш., таърихи боздид: 6 тири 1397ҳ.ш.
  • "Хасорот ва талафоти 8 соли ҷанг (бахши аввал: Ироқ)", сайти маркази аснод ва таҳқиқоти Дифои муқаддас, таърихи дарҷи матлаб: 31 хурдоди 1395ҳ.ш., таърихи боздид: 6 хурдоди 1397ҳ.ш.
  • Хизр, Ҳишом, Эъдому раисин бидоя ва ниҳоя Саддом Ҳусайн, ал-Ҷизаҳ, ал-олмия, 2007м.
  • "Ҳаёту Саддом Ҳусайн фи сутур", сайти Саддом, таърихи боздид: 6 хурдоди 1397ҳ.ш.
  • "Ҳақоиқе ногуфта аз диктатори собиқи Ироқ", сайти Таърих, таърихи дарҷи матлаб: 7 хурдоди 1396ҳ.ш., таърихи боздид: 24 тири 1397ҳ.ш.
  • "Ҳамлаи шимиёии Ироқ ба Эрон ва муҳимтарин қатъномаи Созмони Милал", сайти ЭСНО, таърихи дарҷи матлаб: 7 шаҳривари 1396ҳ.ш., таърихи боздид: 6 тири 1397ҳ.ш.
  • Ҳоирӣ, Алӣ, Рӯзшумори шамсӣ, Қум, Дафтари ақл, чопи дувум, 1386ҳ.ш.
  • Ҷаъфарӣ, Муҷтабо, Атласи набардҳои мондагор, Теҳрон, неруи заминии артиши Ҷумҳурии Исломӣ, 1389ҳ.ш.
  • Ҷаъфариён, Расул, “Ташайюъ дар Ироқ ва муносибот бо Эрон”, фаслномаи Мутолиъоти таърихӣ, № 15, 1385ҳ.ш.
  • Якто, “Корбурди силоҳҳои шимиёӣ дар ҷанги Эрон ва Ироқ”, сайти пажӯҳишгоҳи улуми исломӣ ва мутолиъоти фарҳангӣ, таърихи боздид: 6 тири 1397ҳ.ш.


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found