Муҳаммадтақӣ Мисбоҳи Яздӣ

Аз wikishia
Муҳаммадтақӣ Мисбоҳи Яздӣ
Санаи таваллуд1313ҳ.ш.
ЗодгоҳЯзд
Санаи вафот1399ҳ.ш.
Устодон
Таълифот
  • Омӯзиши фалсафа
  • Ахлоқ дар Қуръон
  • Инсоншиносӣ дар Қуръон
  • Озарахше дигар аз осмони Карбало
  • Назарияи сиёсии Ислом
СиёсӣНамояндаи давраи дуввуму севвуму чоруми Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ
Вебгоҳи расмӣhttp://www.mesbahyazdi.ir


Муҳаммадтақӣ Мисбоҳи Яздӣ (1313ҳ.ш./1935 – 1399ҳ.ш./2021 - محمدتقی مصباح یزدی) фақиҳ, файласуф, муффасири Қуръон ва аз андешмандону асотиди ҳавзаи илмияи Қум буд. Раёсати Муассисаи омӯзишӣ ва пажӯҳишии Имом Хумайнӣ, узвият дар Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ, Ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум ва Шӯрои олии инқилоби фарҳангӣ ва раёсати Шӯрои олии Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли Байт (а) аз ҷумла собиқаи кору фаъолияти ӯст.

Мисбоҳи Яздӣ мухолифи қароатҳои мухталиф аз дин буд ва ба марҷаияти рӯҳоният дар тафсири дин эътиқод дошт. Ӯ аз муҳимтарин назарияпардозону мудофеъони назарияи вилояти мутлақаи фақиҳ дар Эрон буд.

Мисбоҳи Яздӣ, осори фаровоне дар бораи улуми исломӣ аз ҷумла тафсир, фалсафа, ахлоқ ва маориф исломӣ дорад. «Омӯзиши фалсафа» ва «Омӯзиши ақоид» матни дарсии марокизи ҳавзавӣ ва донишгоҳӣ аст ва ба забонҳои мухталиф тарҷума шудааст. «Маорифи Қуръон», «Ахлоқ дар Қуръон», «Назарияи сиёсии Ислом» ва «Назарияи ҳуқуқии Ислом» аз ҷумла осор ӯст.

Муҳаммадтақӣ Мисбоҳи Яздӣ, дар 12-уми даймоҳи 1399ҳ.ш./2021, бар асари беморӣ дар Теҳрон даргузашт ва дар 15 даймоҳ пас аз ташйиъ дар Қум, дар ҳарами ҳазрати Маъсума (с) дафн шуд.

Зиндагинома ва таҳсилот

Муҳаммадтақӣ Мисбоҳи Яздӣ дар баҳмани 1313ҳ.ш./1935 дар шаҳри Язд мутаваллид шуд. Ӯ пас аз таҳсилоти давраи ибтидоӣ дар соли таҳсилии 1325-26ҳ.ш./1946-47, вориди мадрасаи илмияи Шафиияи Язд шуд ва дарси муқаддамоти ҳавзавиро дар он ҷо хонд. [1] Ӯ дар канори дарси расмии ҳавза, бархе аз улуми дигар монанди физика, химия, биология ва забони фаронсавиро назд рӯҳоние ба номи Муҳаққиқи Раштӣ омӯзиш дид.[2]

Мисбоҳи Яздӣ дар соли 1330ҳ.ш./1951 ба ҳамроҳи хонавода барои идомаи таҳсил ба шаҳри Наҷаф муҳоҷират кард; аммо баъд аз шаш моҳи сукунат, ба сабаби вазъи нобасомони молии хонаводааш, ба Язд бозгашт.[3] Пас аз он ба Қум муҳоҷират кард ва дар дарсҳои Макосиб, Кифоя ва Шарҳи манзума ширкат кард.[4]

Вай дар дарсҳои фиқҳу усул, ҳашт сол аз оятуллоҳ Буруҷердӣ ва Имом Хумайнӣ, ду сол аз оятуллоҳ Арокӣ ва понздаҳи сол аз оятуллоҳ Баҳҷат баҳра бурд.[5] Дар тафсир ва фалсафа дар дарси Аллома Таботабоӣ ҳозир шуд ва дарсҳои Асфори арбааи Муллосадро ва Шифои Ибни Синоро назд вай гузаронд. Дар ахлоқу ирфон низ аз маҳзари Аллома Таботабоӣ, оятуллоҳ Баҳҷат ва Ансории Ҳамадонӣ баҳра бурд.[6] Муҳаммадалии Наҳвӣ, Абдулҳусайни Аҷамин, Сайидалиризои Мударрисӣ, Мирзомуҳаммади Анворӣ, Муртазо Ҳоирии Яздӣ ва Шайх Абдулҷаводи Ҷабалиомилӣ аз дигар асотид вай буданд.[7]

Мисбоҳи Яздӣ дар даврони таҳсил бо Муҳаммадҳусайн Баҳҷатии Ардаконӣ, Алии Баҳҷатӣ, Алии Паҳлавонӣ, Мирзоҳасани Нурӣ ва Алиакбар Масъудии Хумайнӣ дӯст ва ҳамдарс буд.[8]

Гуфта шуда вай дар синни 27-солагӣ ба дараҷаи иҷтиҳод ноил омад.[9]

Тадрис

Мисбоҳи Яздӣ тадриси тафсир, мабоҳиси ахлоқӣ ва тарбиятиро аз мадрасаи илмияи Ҳаққонӣ оғоз кард ва дар ҳамин мадраса китобҳои Фалсафатуно ва Иқтисодуно навиштаи Сайид Муҳаммадбоқири Садрро дарс медод. Дар солҳои баъд дар муассисаҳои Дар роҳи ҳақ, Боқирулъулум ва Имом Хумайнӣ, Асфори арбааи Муллосадро, Шифо ва ғайраро тадрис мекард.[10]

Шогирдон

Бархе аз шогирдон ӯ иборатанд аз:

  • Ғуломризо Файёзӣ
  • Маҳмуди Раҷабӣ
  • Муртазои Оқотеҳронӣ
  • Аббосалии Шомилӣ
  • Сайидаҳмади Раҳнамоӣ
  • Муҳсини Ғаравиён
  • Акбари Мирсипоҳ
  • Сайидмуҳаммади Ғаравӣ
  • Маҳмадалии Шимолӣ[11]

Фаъолиятҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ

Фаъолиятҳои Мисбоҳи Яздӣ пеш аз инқилоб, бештар дар ду мақтаи замонии солҳои 1342ҳ.ш./1963 – 1344ҳ.ш./1965 ва 1356ҳ.ш./1977 – 1357ҳ.ш./1978 буд. Бархе аз онҳо иборатанд аз:

  • Вай аз нависандагони нашрияҳои Беъсат ва Интиқом буд. Нахустин шумораи нашрияи Беъсат дар озармоҳи 1342ҳ.ш./1963 мунташир шуд. Нашрияи Интиқом низ аз 29 озари 1343ҳ.ш./1964 ба унвони дуюмин нашрияи махфии донишҷӯёни ҳавзаи илмия ба василаи вай мунташир шуд ва интишори он то 15 меҳри 1344ҳ.ш./1965 идома ёфт ва 8 шумора аз он мунташир шуд. Ин нашриёт рӯйкарди сиёсӣ дошта ва ба интиқод аз ҳукумати Паҳлавӣ мепардохтанд.[12]
  • Узвият дар ҷамъияти ёздаҳнафара. Дар авоили соли 1343ҳ.ш./1964 ҷамъе аз уламо ва мударрисини ҳавзаи илмияи Қум ба манзури инсиҷом бахшидан ба муборизоти сиёсӣ, гурӯҳе сиррӣ ба номи "Ҷамъияти ёздаҳнафара"-ро ташкил доданд. Аъзои гурӯҳ ба номи ислоҳи ҳавза талош мекарданд то марказияте барои мубориза бо ҳукумати Паҳлавӣ ба вуҷуд биоваранд.[13]
  • Мисбоҳи Яздӣ бархе аз эъломияҳо ва номаҳои сиёсии солҳои қабл аз инқилоб алайҳи ҳукумати Паҳлавиро имзо кардааст. Аз ҷумла: номаи фузало ва мударрисини ҳавзаи илмияи Қум дар 8 меҳри 1342ҳ.ш./1963 ба ҳайати давлати вақт нисбат ба боздошти Имом Хумайнӣ, номаи эътирозии фузалои Язд дар исфандмоҳи 1343ҳ.ш./1964 ба Ҳувайдо –нахуствазири вақт, дар эътироз ба табъиди Имом Хумайнӣ ба Туркия, эъломияи ҳодисаи куштори Язд дар 16-уми фарвардинмоҳи 1357ҳ.ш./1978 ва номаи ҷамъе аз устодони ҳавзаи илмияи Қум ба раисҷумҳури вақти Фаронса дар ҳимоят аз Имом Хумайнӣ дар озари 1357ҳ.ш./1978.[14]

Масъулиятҳои пас аз инқилоб

Вай пас аз инқилоби исломӣ, масъулиятҳои зиёде дошт, ки бархе аз онҳо иборатанд аз:

  • Узвият дар Ҷомеаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум;[17]
  • Узвият дар Ситоди инқилоби фарҳангӣ; [ниёзманди манба]
  • Фаъолият дар дафтари ҳамкориҳои ҳавзаву донишгоҳ ба манзури ислоҳи мутуни дарсии донишгоҳҳо.[ниёзманди манбаъ]
  • Машварат ба ташаккули Ҷабҳаи пойдорӣ: ин ташаккули сиёсӣ аз соли 1390ҳ.ш./2011 тавассути гурӯҳе аз шогирдон ва алоқамандони Мисбоҳи Яздӣ, ташкил шуд. Аъзои он Мисбоҳи Яздиро узви Шӯрои фуқаҳои ташаккул муаррифӣ карданд. Мисбоҳи Яздӣ асосномаи онҳоро таъйид кард[18] ва ба онҳо машварат медод; аммо узвияти расмӣ дар онро қабул накард.[19]
  • Мисбоҳ дар соли 1376ҳ.ш./1997, қабл аз хутбаҳои намози ҷумъаи Теҳрон суханронӣ мекард, ки баъдҳо ин суханрониҳо дар ду ҷилд китоб ба номи «Назарияи сиёсии Ислом» мунташир шуд.[20]

Фаъолиятҳои илмӣ

  • Дар 1346ҳ.ш./1967 Мисбоҳи Яздӣ ба даъвати оятуллоҳ Биҳиштӣ ба мадрасаи илмияи Ҳаққонӣ рафт ва бахше аз мудирияти он маҷмуаро ба ӯҳда гирифт; аммо баъдҳо ба тадриси тафсир, фалсафа ва фиқҳ иктифо кард.[21] Аз соли 1353ҳ.ш./1974 ба баъд ҷанҷоле байни тарафдорон ва мухолифони Алии Шариатӣ дар мадрасаи Ҳаққони ҷиддӣ шуд. Оятуллоҳи Мисбоҳ ва гурӯҳе аз туллоб мухолифи вай буданд. Онон бардоштҳои Шариатӣ аз Исломро инҳирофӣ медонистанд. Ин ихтилофот боис шуд шаҳид Қуддусӣ – мудири мадрасаи Ҳаққонӣ, теъдоде аз мувофиқону мухолифонро аз мадраса ихроҷ кунад ва Мисбоҳи Яздӣ низ мадрасаи Ҳаққониро тарк кард.[22]
  • Бо ташкили бахши омӯзишии Муассисаи дар роҳи ҳақ, Мисбоҳи Яздӣ барои ҳамкорӣ ба ин муассиса даъват шуд. Ин муассиса дар ростои посухгӯӣ ба шубаҳоти динӣ таъсис шуда буд. Бо тавсеаи фаъолиятҳои бахши омӯзиши муассиса, барномаҳои он тавсеа пайдо кард[23] ва ба таъсиси «Бунёди фарҳангии Боқирулъулум (а)» анҷомид, ки тавассути Мисбоҳи Яздӣ идора мешуд.[24]
  • Дар соли 1374ҳ.ш./1994 Муассисаи омӯзишӣ ва пажӯҳишии Имом Хумайнӣ бо ҳадафи табйин ва ба коргирии маорифи исломӣ дар риштаҳои мухталифи улуми инсонӣ ва тарбияти пажӯҳишгар дар маорифи исломӣ ва улуми инсонӣ поягузорӣ шуд. Ин муассиса, дар замони ҳаёти Мисбоҳи Яздӣ бо назорат ӯ идора мешуд.[25]
  • Аз тобистони 1375ҳ.ш./1996 бо масъулияти Мисбоҳи Яздӣ ва ҳамкории Созмони басиҷи мустазъафон, «Тарҳи вилоят» оғоз шуд. Ҳадафи ин барнома ошно кардани асотиду донишҷӯён бо мабонии андешаи исломӣ буд. Мутуни ин давраҳо хулосае аз андешаҳои Мисбоҳи Яздӣ ва шогирдон ӯст.[26]

Гуфтугӯ ва мунозира

Тасвире аз мунозираи Мисбоҳи Яздӣ, Абдулкарими Суруш, Эҳсони Табарӣ ва Фаррухи Нигаҳдор дар студияи телевизиони Эрон

Мисбоҳи Яздӣ дар соли 1360ҳ.ш./1981 ва бо авҷгирии фаъолияти гурӯҳҳои марксистӣ, дар мунозирае бо ҳузури Эҳсони Табарӣ, Фаррухи Нигаҳдор ва Абдулкарими Сурӯш ҳозир шуд. Мисбоҳи Яздӣ ва Сурӯш ба нақди дидгоҳҳои марксистӣ пардохтанд. Ҳузури Сурӯш дар ин мунозираҳо ба пешниҳоди Мисбоҳи Яздӣ буд. Ин гуфтугӯҳо аз телевизиони Ҷумҳурии исломӣ пахш шуд. [ниёзманди манба] Оятуллоҳ Мисбоҳ ба нақди ин тафаккур идома дод ва китоби шашҷилдии «Посдорӣ аз сангарҳои идеулужик» ҳосили нақдҳои ӯ бар андешаҳои марксистист, ки ҷилди аввали он дар соли 1360ҳ.ш./1981 ва панҷ ҷилди дигар дар солҳои баъд мунташир шуд.[28]

Мисбоҳи Яздӣ, пас аз 2 хурдоди 1376ҳ.ш./1997 низ дар мунозираи телевизиюнӣ бо Муҳаммадҷавод Ҳуҷҷатии Кирмонӣ ҳозир шуд. Меҳвари гуфтугӯ нақди сиёсатҳои фарҳангии давлати вақт (Сайид Муҳаммади Хотамӣ) буд ва Мисбоҳ, ки мувофиқи сиёсатҳои давлат набуд, ба унвони мунтақид дар ин мунозира ҳозир шуда буд.[29]

Андешаҳо

Муҳаммадтақӣ Мисбоҳи Яздӣ дар ҳавзаҳои мухталифи андешаи динӣ таълифот зиёде дорад.[30] Ӯ дар осораш низоми фикрии худро ироа кардааст. Созиш накардан бо фарҳанги ғарбӣ ба унвони фарҳанги куфр, нафйи қароатҳои гуногун аз дин, марҷаияти рӯҳоният дар диншиносӣ ва дифоъ аз вилояти мутлақаи фақиҳ аз ҷумла андешаҳои ӯст.

Дин дарбаргирандаи ҳамаи абъоди зиндагии башарӣ ва арзишидиҳӣ ба он

Дар андешаи Мисбоҳи Яздӣ, дин маҷмуаи фарогир аз дастурот ва аҳком аст, ки дунёву охират ва ҳамаи абъоди зиндагии фардӣ ва иҷтимои инсонро дар бар мегирад. Аз назар ӯ дин ҷиҳати арзишии падидаҳоро мушаххас мекунад; яъне арзишёбӣ ва баёни кайфияти истифода аз онҳо барои зиндагӣ дар ҷиҳати саодат вазифаи дин аст; аммо кайфияти пайдоиши онҳоро илм баён мекунад.[31]

Таорузи фарҳанги исломӣ ва ғарбӣ

Мисбоҳи Яздӣ пазириш ё созиш бо фарҳанги ғарбиро ба унвони фарҳанги куфру илҳод рад мекунад; ҳарчанд ба зарурати истифода аз технологияи модерн бовар дорад. Аз нигоҳи вай гуманизм, секуларизм ва либерализм аносури аслии фарҳанги куфр ва илҳод аст ва дар баробари он худомеҳварӣ, асолати дин ва вилояти фақиҳ ва маҳдудияти қонунии фаъолияти инсон дар доираи итоат аз Худо, аносири аслии тафаккури исломист. Ин ду фарҳанг дар муқобили ҳам қарор доранд: фарҳанги ғарбӣ инсонро ба озодии мутлақ аз ҳама чиз, ҳатто озодӣ аз итоати Худованд, даъват мекунаду фарҳанги исломии моро ба итоати маҳз аз Худованд даъват мекунад.[32]

Нафйи қароатҳои гуногун аз дин

Аз нигоҳи оятуллоҳи Мисбоҳ, қароатҳои мутаъаддид аз дин қобили пазириш нест. Аҳкому гузораҳои динӣ равшану возеҳанд ва фаҳми онҳо ниёз ба тафсиру тавҷеҳоти илмӣ надорад. [33] [lower-alpha 1]

Марҷаияти рӯҳоният дар диншиносӣ

Муҳаммадтақӣ Мисбоҳ бо назарияпардозии равшанфикрон дар ҳавзаи дин мухолиф буд ва фақат дидгоҳу тафсири уламоро муътабар ва тахассусӣ медонад. [34] [lower-alpha 2]

Вилояти фақиҳ

Мисбоҳи Яздӣ муътақид ба вилояти мутлақаи фақиҳ аст ва аз мудофеони аслии ин назария ба шумор меояд.[35] Аз назар ӯ, вилояти фақиҳ танҳо шакли мумкини ҳукумати исломӣ маҳсуб мешавад ва ҳукумати исломии фақиҳ аз ҳамаи ихтиёроти маъсум бархӯрдор аст.[ниёзманди манба] Вай ҳокимият ва машруият валии фақиҳро аз сӯии Худованду Имоми Замон (аҷ) ва валии фақиҳро мансуб аз ҷониби онҳо медонист ва бар он буд, ки мардум ва Маҷлиси хубрагон танҳо вазифаи кашфу шиносоии валии фақиҳро бар ӯҳда доранд; албата асли таъсиси ҳукумати исломӣ ва вилояти фақиҳ вобаста ба майлу пазириши мардум аст ва фақиҳ дар асли ташкили ҳукумати исломӣ ҳақ надорад ба иҷбор ва зӯр чанг занад.[36] Дар чорчӯби ин тафаккур, танҳо қонуне ки аз Худо ва дин сарчашма бигирад, муътабар ва машруъ аст, аз он ҷо ки валии фақиҳи мансуб аз сӯй Худост, қонуни асосӣ низ машруияташро аз таъйид ва имзои валии фақиҳ ба даст меоварад.[37]

Осор

Навиштори аслӣ: Осори Муҳаммадтақӣ Мисбоҳи Яздӣ
Тасвире аз китоби дуҷилдии "Омӯзиши фалсафа"

Осори Мисбоҳи Яздӣ дар заминаи тафсири Қуръон, фалсафаи исломӣ, ақоиду калом, ахлоқ ва андешаи сиёсии Ислом аст.[38] Пойгоҳи иттилоърасонии оятуллоҳ Мисбоҳи Яздӣ беш аз сад маврид аз ин осорро феҳрист карда ва матни бисёре аз ононро низ дар дастрас гузоштааст.[39]

Аз осор ӯ метавон ба ин маворид ишора кард:

  • Маорифи Қуръон; Мисбоҳи Яздӣ дар ин асари нӯҳҷилдӣ ба тафсири мавзуии Қуръон дар мавзуъоте ҳамчун худошиносӣ, инсоншиносӣ, ҷаҳоншиносӣ, роҳу роҳнамошиносӣ, Қуръоншиносӣ, ахлоқ, ҷомеъа, таърих, ҳуқуқу сиёсат пардохтааст. Бахшҳое аз ин асар ба забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва урду баргардон ва тарҷума шудааст.[40]
  • Омӯзиши фалсафа; ин китоби дўҷилдӣ маҷмуаи дарсҳои Мисбоҳи Яздӣ аст, ки ба ҳиммати бархе шогирдони ӯ гирдоварӣ ва сипас ба қалами худ ӯ такмил шуд. Ин китоб, дар бархе марокизи ҳавзавӣ ва донишгоҳӣ ба унвони матни омӯзишӣ мавриди истифода қарор гирифтааст. Мабоҳиси маърифатшинохтӣ, ҳастишинохтӣ ва худошиносӣ се бахши умдаи ин китоб ба шумор меравад. Ин китоб ба забони англисӣ, арабӣ ва бахшҳое аз он ба рӯсӣ ва бўснёӣ тарҷума шудааст.[41] Ба забони тоҷикӣ ҳам дар қолаби таҳқиқи илмӣ тарҷума ва пажӯҳиш шудааст.
  • Омӯзиши ақоид; ин китоб дарсҳои вай дар бораи каломи исломӣ аст, ки баъдҳо ба қалами худ нигошта ва мунташир шуд ва ба унвони матни дарсии ҳавзаҳои илмия қарор дода шуд. Ин китоб ба забонҳои мухталиф монанди англисӣ, арабӣ, испанияӣ, рӯсӣ ва ҳиндӣ тарҷума шудааст.[42]

Нақду баррасии макотиби ахлоқӣ, робитаи илму дин, назарияи сиёсии Ислом, назарияи ҳуқуқии Ислом, шарҳ бар "Асфор"-и Муллосадро, шарҳи "Илоҳиёт" ва "Бурҳони Шифо" ва шарҳи "Ниҳоят-ул-ҳикма", аз дигари осори вай аст.[43]

Даргузашт

Иқомаи намоз бар ҷанозаи Мисбоҳи Яздӣ тавассути Оятуллоҳ Хоманаӣ дар Теҳрон 13-уми даймоҳи 1400 ҳ.ш. (2022\01\03)

Муҳаммадтақӣ Мисбоҳи Яздӣ, дар 12 даии 1399ҳ.ш./2021, баъд аз муддате таҳаммули беморӣ дар Теҳрон даргузашт.[44] Дар пайи даргузашти вай, тамомии ҳавзаҳои илмияи Эрон шанбе 13 даймоҳи 1399ҳ.ш./2021 таътил эълом шуд.[45] Оятуллоҳи Хоманаӣ дар паёме ӯро фақиҳ ва ҳакими муҷоҳид, мутафаккири барҷаста, мудири шоиста, дорои забони гӯё дар изҳори ҳаққ ва истиқомат дар сироти мустақим тавсиф карду хадамоти вай дар арсаҳои мухталиф, ҳамчун тавлиди андешаи динӣ ва тарбияти шогирдони мумтозро камназир донист. Ҳамчунин вай даргузашт оятуллоҳи Мисбоҳро хисорате барои ҳавзаи илмия ва ҳавзаи маорифи исломӣ хонд.[46]

Тасвире аз иҷтимои мардум дар ташйиъи ҷанозаи Мисбоҳи Яздӣ[47]

Оятуллоҳи Хоманаӣ дар саҳаргоҳи 13-уми даймоҳ, дар дафтари хеш бар вай намоз хонд.[48]

Маросими ташйиъи вай, шанбе 13-уми даймоҳ дар ҳарами Абдулъазими Ҳасанӣ дар шаҳри Рай баргузор шуду Муҳамад Маҳмадии Райшаҳрӣ бар ҷиноза ӯ намоз хонд.[49] Пайкари оятуллоҳ Мисбоҳи Яздӣ, сипас ба Машҳад интиқол ёфт ва дар ҳарами Имом Ризо (а) тавоф дода шуд.[50]

Мисбоҳи Яздӣ, 15-уми даймоҳи 1399ҳ.ш./2021 дар Қум ташйиъ ва дар ҳарами ҳазрати Маъсума (с) дафн шуд. Оятуллоҳ Нурии Ҳамадонӣ аз мароҷеъи тақлиди шиа бар ӯ намоз хонд.[51]

Эзоҳ

  1. Санъатӣ, Гуфтумони Мисбоҳ, 1387 ҳ.ш., саҳ.42.
  2. Санъатӣ, Гуфтумони Мисбоҳ, 1387 ҳ.ш., саҳ.54.
  3. Санъатӣ, Гуфтумони Мисбоҳ, 1387 ҳ.ш., саҳ.42.
  4. Санъатӣ, Гуфтумони Мисбоҳ, 1387, саҳ.42 ва 43.
  5. «ابعاد علمی», Пойгоҳи иттилоърасонии осори оятуллоҳ Мисбоҳи Яздӣ.
  6. «ابعاد علمی», Пойгоҳи иттилоърасонии осори оятуллоҳ Мисбоҳи Яздӣ.
  7. Санъатӣ, Гуфтумони Мисбоҳ, 1387 ҳ.ш., саҳ.42 ва 43.
  8. «شرح حال», Пойгоҳи иттилоърасонии осори оятуллоҳ Мисбоҳи Яздӣ.
  9. «شرح حال», Пойгоҳи иттилоърасонии осори оятуллоҳ Мисбоҳи Яздӣ.
  10. «ابعاد علمی», Пойгоҳи иттилоърасонии осори оятуллоҳ Мисбоҳи Яздӣ.
  11. «Абъоди илмӣ», Пойгоҳи иттилоърасонии осори оятуллоҳ Мисбоҳи Яздӣ.
  12. Арабӣ, Андешаи мондагор, 1381 ҳ.ш., саҳ.159.
  13. Арабӣ, Андешаи мондагор, 1381 ҳ.ш., саҳ.161.
  14. Ҷаъфарбеглу, Савобиқи аллома Мисбоҳи Яздӣ дар мубориза бо режими Паҳлавӣ, Сайти Маркази асноди Инқилоби исломӣ.
  15. Санъатӣ, Гуфтумони Мисбоҳ, 1387 ҳ.ш., саҳ.198.
  16. «Ошноӣ бо Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли Байт», сайти Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли Байт.
  17. «Аъзои ҷомеъаи мударрисин», Сайти ҷомеъаи мударрисин.
  18. «Гуфтугӯи Муртазо Оқотеҳронӣ бо хабаргузории Форс», Хабаргузории Форс.
  19. Гуфтугӯи Мисбоҳи Яздӣ бо ҳафтаи номаи “9 дай”, шумораи 35, даймоҳи 1390 ҳ.ш..
  20. «Муаррифии китоби “Назарияи сиёсии Ислом”», Сайти иттилоърасонии осори оятуллоҳ Мисбоҳи Яздӣ.
  21. Ҷаъфарён, ҷараёнҳоу созмонҳои мазҳабӣ - сиёсии Эрон, 1390 ҳ.ш., саҳ.403.
  22. Ҷаъфарён, ҷараёнҳо ва созмонҳои мазҳабӣ - сиёсии Эрон (1320 - 1357), 1390, саҳ.405 ва 406
  23. Арабӣ, Андешаи мондагор, 1381 ҳ.ш., саҳ.152.
  24. Санъатӣ, Гуфтумони Мисбоҳ, 1387 ҳ.ш., саҳ.189.
  25. Арабӣ, Андешаи мондагор, 1381 ҳ.ш., саҳ.154.
  26. Санъатӣ, Гуфтумони Мисбоҳ, 1387 ҳ.ш., саҳ.189.
  27. «آغاز دوره جدید درس اخلاق آیت‌الله مصباح»،, Пойгоҳи иттилоърасонии осори оятуллоҳ Мисбоҳи Яздӣ.
  28. آثار نوشتاری, Пойгоҳи иттилоърасонии осори оятуллоҳ Мисбоҳи Яздӣ.
  29. Санъатӣ, Гуфтумони Мисбоҳ, 1387 ҳ.ш., саҳ.452.
  30. Ниг.: «آثار نوشتاری», «Осори навишторӣ», Пойгоҳи иттилоърасонии осори оятуллоҳ Мисбоҳи Яздӣ.
  31. مصباح یزدی، «علم دینی(۴)», Мисбоҳи Яздӣ, «Илми динӣ (4)», Пойгоҳи иттилоърасонии осори оятуллоҳ Мисбоҳи Яздӣ.
  32. Мисбоҳи Яздӣ, Назарияи сиёсии Ислом, 1386 ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.174 - 178.
  33. Мисбоҳи Яздӣ, Ковишҳо ва чолишҳо, 1382 ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.99.
  34. Мисбоҳи Яздӣ, Назарияи сиёсии Ислом, 1386 ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.278.
  35. Барзагар ва дигарон, «Таҳлили метотеорики решаҳои назарияи машруъияти ҳукумати исломӣ дар андешаи сиёсии оятуллоҳ Мисбоҳи Яздӣ», саҳ.20.
  36. Мисбоҳи Яздӣ, Нигоҳи гузаро ба назарияи вилояти фақиҳ, 1382 ҳ.ш., саҳ.69 - 74.
  37. Мисбоҳи Яздӣ, нигоҳии гузаро ба назарияи вилояти фақиҳ, 1382 ҳ.ш., саҳ.116 - 118.
  38. Санъатӣ, Гуфтумони Мисбоҳ, 1387 ҳ.ш., саҳ.925.
  39. «راهنمای سیر مطالعاتی آثار آیت‌الله مصباح يزدی» «Роҳнамои сайри мутолиъотии осори оятуллоҳ Мисбоҳи Яздӣ», Пойгоҳи иттилоърасонии осори оятуллоҳ Мисбоҳи Яздӣ.
  40. «معارف قرآن(۱)، خداشناسی» «Маорифи Қуръон (1), Худошиносӣ», Пойгоҳи иттилоърасонии осори оятуллоҳ Мисбоҳи Яздӣ.
  41. «آموزش فلسفه» «Омӯзиши фалсафа», Пойгоҳи иттилоърасонии осори оятуллоҳ Мисбоҳи Яздӣ.
  42. «آموزش عقاید» «Омӯзиши ақоид», Пойгоҳи иттилоърасонии осори оятуллоҳ Мисбоҳи Яздӣ.
  43. «آثار نوشتاری» «Осори навишторӣ», Пойгоҳи иттилоърасонии осори оятуллоҳ Мисбоҳи Яздӣ.
  44. «آیت‌الله مصباح یزدی دار فانی را وداع گفت» «Оятуллоҳ Мисбоҳи Яздӣ дори фониро видоъ гуфт», Хабаргузории Форс.
  45. تعطیلی حوزه ‌های علمیه به مناسبت رحلت آیت‌الله مصباح یزدی Таътилии ҳавзаҳои илмия ба муносибати риҳлати оятуллоҳ Мисбоҳи Яздӣ, Хабаргузории ҳавза.
  46. https://farsi.khamenei.ir/message-content?id=47016 پیام تسلیت آیت‌الله خامنه‌ای در پی درگذشت آیت‌الله محمدتقی مصباح یزدی] Паёми таслияти оятуллоҳ Хоманаӣ дар паи даргузашти оятуллоҳ Муҳаммадтақии Мисбоҳи Яздӣ, Пойгоҳи иттилоърасонии оятуллоҳ Хоманаӣ.
  47. «تشییع پیکر آیت‌الله مصباح یزدی در قم»، ایسنا.]]
  48. https://farsi.khamenei.ir/video-content?id=47027 اقامه نماز رهبر انقلاب بر پیکر آیت‌الله مصباح یزدی], Пойгоҳи иттилоърасонии оятуллоҳ Хоманаӣ.
  49. https://www.irna.ir/news/84170026 آیین تشییع آیت‌الله مصباح‌یزدی در حرم حضرت عبدالعظیم(ع) برگزار شد], Хабаргузории ИРНО.
  50. طواف پیکر آیت‌الله مصباح یزدی در حرم مطهر رضوی, Хабаргузории меҳр.
  51. پیکر آیت‌الله مصباح یزدی در حرم حضرت معصومه(س) آرام گرفت, хабаргузории ИРНО.

Ёддошт

  1. Мисбоҳи Яздӣ муътақид аст оёти Қуръон ва ривоётро касе ки бо забон ва адабиёти араб ошно бошад, метавонад бифаҳмад ва тасаввури гуногун дар фаҳми гузораҳои динӣ бовари мулҳидонау динситезона аст. Доманаи қатъиёти динӣ густарда аст ва бояд бар асоси онҳо амал кард. [Ниёзманди манбаъ]
  2. Мисбоҳи Яздӣ уламоро дар рафтор, фаҳм ва таҳқиқу истинбот бархӯрдор аз тақво ва дур аз ҳавову ҳавас медонад. Аз назари ӯ дар ин замон намунаи ин афрод касоне ҳастанд, ки масалан беш аз панҷоҳ сол назди устодоне чун оятуллоҳ Буруҷердӣ, Имом Хумайнӣ ва Аллома Таботабоӣ дарс хонда бошанд. [Ниёзманди манбаъ]

Сарчашма

  • «ابعاد علمی» «Абъоди илмӣ», Пойгоҳи иттилоърасонии осори оятуллоҳ Мисбоҳи Яздӣ, таърихи боздид: 15 даии 1399 ҳ.ш..
  • «اساسنامه جبهه پایداری به تأیید آیت‌الله مصباح‌ رسید/شورای فقهی در راس پایداری» «Асосномаи Ҷабҳаи пойдорӣ ба таъйиди оятуллоҳ Мисбоҳ расид/Шўрои фиқҳӣ дар раъси пойдорӣ», Хабаргузории Форс, таърихи дарҷи матлаб: 10 мурдоди 1391 ҳ.ш., таърихи боздид: 8 обони 1396 ҳ.ш..
  • «اعضای جامعه مدرسین» «Аъзои ҷомеъаи мударрисин», Сайти ҷомеъаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, таърихи боздид 1395/8/4ш.
  • «Гуфтугӯии оятуллоҳ Мисбоҳи Яздӣ бо ҳафтаномаи “9 дай”», шумораи 35, даймоҳи 1390 ҳ.ш..
  • «Иқомаи намози Раҳбари инқилоб бар пайкари оятуллоҳ Мисбоҳи Яздӣ», Хабаргузории ИСНО, таърихи интишор: 13 даии 1399 ҳ.ш..
  • «Ойини ташйиъи оятуллоҳ Мисбоҳи Яздӣ дар ҳарами ҳазрати Абдулъазим (а) баргузор шуд», хабаргузории ИРНО, таърихи интишори хабар: 13 даии 1399 ҳ.ш..
  • «آیت‌الله مصباح یزدی دار فانی را وداع گفت» «Оятуллоҳ Мисбоҳи Яздӣ дори фониро видоъ гуфт», Хабаргузории Форс, таърихи боздид: 12 даии 1399 ҳ.ш..
  • «Пайкари оятуллоҳ Мисбоҳи Яздӣ дар ҳарами ҳазрати Маъсума (с) ором гирифт», Хабаргузории ИРНО, таърихи интишор: 15 даии 1399 ҳ.ш..
  • «Тавофи пайкари оятуллоҳ Мисбоҳи Яздӣ дар Ҳарами мутаҳҳари Разавӣ», Хабаргузории меҳр, таърихи интишор: 13 даии 1399 ҳ.ш..
  • «Таътилии ҳавзаҳои илмия ба муносибати риҳлати оятуллоҳ Мисбоҳи Яздӣ», Хабаргузории ҳавза, таърихи интишор: 13 даии 1399 ҳ.ш..
  • «شرح حال» «Шарҳи ҳол», Пойгоҳи иттилоърасонии осори оятуллоҳ Мисбоҳи Яздӣ, таърихи боздид: 15 даии 1399 ҳ.ш..
  • Арабӣ, Ҳусайналӣ, Андешаи мондагор (Гузаре бар зиндагӣ ва андешаҳои ҳакими фарзона ҳазрати оятуллоҳ Мисбоҳ), Қум, 1381 ҳ.ш..
  • برزگر، ابراهیم، اکبر تقوی شوازی و فریبرز محرمخانی، «تحلیل متاتئوریک ریشه‌های نظریه مشروعیت حکومت اسلامی در اندیشه سیاسی آیت‌الله مصباح یزدی» Барзагар, Иброҳим, Акбари Тақавӣ Шавозӣ ва Фарибурзи Маҳрамхонӣ, «Таҳлили метотеорики решаҳои назарияи машруъияти ҳукумати исломӣ дар андешаи сиёсии оятуллоҳ Мисбоҳи Яздӣ», дуфаслномаи Пажӯҳишҳои сиёсӣ-исломӣ, шумораи 6, пойизу зимистони 1393 ҳ.ш..
  • مصباح یزدی، محمدتقی، «علم دینی(۴)»، جلسه چهارم، ۴ خرداد ۱۳۹۱ش Мисбоҳи Яздӣ, Муҳаммадтақӣ, «Илми динӣ (4)», ҷаласаи чаҳорум, 4 хурдоди 1391 ҳ.ш., Пойгоҳи иттилоърасонии осори оятуллоҳ Мисбоҳи Яздӣ, таърихи боздид: 6 обони 1396 ҳ.ш..
  • Мисбоҳи Яздӣ, Муҳаммадтақӣ, ковишҳо ва чолишҳо, таҳқиқу нигориши Муҳаммадмаҳдии Нодирӣ ва Сайид Иброҳими Ҳусайнӣ, Қум, Муассисаи омӯзишӣ ва пажӯҳишии Имом Хумайнӣ, чопи сеюм, 1382 ҳ.ш..
  • Мисбоҳи Яздӣ, Муҳаммадтақӣ, Назарияи сиёсии Ислом, таҳқиқу нигориши Карими Субҳонӣ, Қум, Муассисаи омӯзишӣ ва пажӯҳишии Имом Хумайнӣ, чопи ҳаштум, 1386 ҳ.ш..
  • Мисбоҳи Яздӣ, Муҳаммадтақӣ, Нигоҳи гузаро ба назарияи вилояти фақиҳ, тадвину нигориши Муҳаммадмаҳдии Нодирӣ, Қум, Муассисаи омӯзишӣ ва пажӯҳишии Имом Хумайнӣ, 1382 ҳ.ш..
  • Санъатӣ, Ризо, Гуфтумони Мисбоҳ: Гузорише аз зиндагонии илмӣ ва сиёсии оятуллоҳ Мисбоҳи Яздӣ, Теҳрон, Маркази асноди Инқилоби исломӣ, 1387 ҳ.ш..
  • Ҷаъфарён, Расул, Ҷараёнҳо ва созмонҳои мазҳабӣ-сиёсии Эрон (1320 - 1357), Қум, Нашри илм, 1390 ҳ.ш..
  • جعفربگلو، محمد، «سوابق علامه مصباح‌یزدی در مبارزه با رژیم پهلوی» Ҷаъфарбеглу, Муҳамад, «Савобиқи аллома Мисбоҳи Яздӣ дар мубориза бо режими Паҳлавӣ», Сайти Маркази асноди Инқилоби исломӣ, таърихи дарҷи матлаб: 4 мурдоди 1395 ҳ.ш., таърихи боздид: 29 меҳри 1396 ҳ.ш..