Эътикоф

Аз wikishia
Маросими эътикоф дар масҷиди донишгоҳи Теҳрон

Эътикоф ба арабӣ: اعتکاف, иқомат дар масҷид барои муддати мушаххасе (дасти кам се рӯз) ҳамроҳ бо рӯза аст. Эътикоф замони махсусе надорад, аммо дар аҳодис, беҳтарин замон барои он даҳаи сеюми моҳи Рамазон дониста шудааст. Дар эътикоф наҳваи иқомат ва хуруҷ аз масҷид, аҳком ва одобе дорад. Дар Эрон, маросими эътикоф дар айёмулбиз (рӯзҳои 13, 14 ва 15) моҳи раҷаб, дар масоҷиди бузурги бештари шаҳрҳо баргузор мешавад.

Бино бар аҳодис, эътикоф ҳамсанги ҳаҷу умра ва мӯҷиби бахшида шудани гуноҳон ва раҳоӣ аз оташи ҷаҳаннам аст.

Аҳамият ва фазилат

Эътикоф, ибодати мустаҳаббие аст, ки дар аҳодиси маъсумон (а), ҳамсанги ҳаҷ ва умра дониста шудааст.[1] Эътикоф ба унвони суннати Пайғамбар (с) дар кишварҳои исломӣ баргузор мешавад.

Мафҳумшиносӣ

Дар фиқҳ ба таваққуфи се рӯз ё бештар дар масҷид ба қасди қурбат ва бо аъмол ва шароити хоссе, эътикоф, ва ба шахси ба ҷо оварандаи он мӯътакиф гуфта мешавад.[2] Эътикоф аз модаи «акафа» ва дар луғат ба маънои рӯй овардан ба чизе ва бузургдошти он аст.[3] Ҳамчунин, дар Қуръон «окиф»[4] ба маънои сокину муқим, ва «маъкуф»[5] дар маънои мамнуъ ва боздошташуда ба кор рафтааст.

Эътикоф аз нигоҳи орифон

Дар истилоҳи ирфонӣ, эътикоф, фориғ ва тиҳӣ сохтани дил аз иштиғолоти дунявӣ ва таслим кардани нафс ба мавло аст.[6] Аллома Маҷлисӣ ҳақиқати эътикофро рӯй овардани банда ба итоат аз Худованд ва пойбандӣ ба муроқибат донистааст.[7] Вай ҳамчунин камоли онро дар вақф кардани дилу ақл ва аъзои бадан бар анҷоми амали солеҳ ва парҳез аз ғафлат ва муқайяд сохтани хеш ба анҷоми дастуроти Илоҳӣ ва таҳаққуқи иродаи Ӯ ва дур сохтани ғайри Худо аз ҳамаи вуҷуди хеш медонад.[8]

Одоб ва аҳком

Замон

Эътикоф дар маркази исломии Ҳамбург

Барои эътикоф замони махсусе муайян нашудааст, вале бар асоси бархе ривоёт, Расули Худо (с) дар моҳи Рамазон эътикоф мекард.[9] Аз ин рӯ, беҳтарин замон барои эътикофро, моҳи Рамазон, ба вижаи даҳаи сеюми он, донистаанд.[10] Имрӯза дар Эрон маросими эътикоф дар айёмулбийз (рӯзҳои 13, 14 ва 15) моҳи Раҷаб ривоҷ дорад[11] ва дар бархе кишварҳои дигар низ дар ҳамин замон баргузор мешавад.[12]

Муддат

Аз назари фуқаҳои шиа, муддати эътикоф ҳаддиақал се рӯз аст ва пас аз поёни рӯзи дувум, эътикофи рӯзи сеюм воҷиб мешавад.[13] Замони эътикоф, аз оғози тулӯи фаҷри рӯзи аввал то ғуруби рӯзи сеюм аст.[14] Албатта ба назари Молик ибни Анас[15] ва Шофеӣ[16] аз пешвоёни мазоҳиби арбаъаи аҳли суннат, мӯътакиф бояд пеш аз ғуруби офтоб дар маҳали эътикоф ҳозир шавад.[17]

Макон

Дар бархе ривоёт, эътикоф мухтасси Масҷидулҳаром, Масҷидуннабӣ, масҷиди Кӯфа ва масҷиди Басра дониста шудааст, аммо ривоёте вуҷуд дорад, ки дар онҳо эътикоф дар масҷиди ҷомеъ ё масҷиде, ки имоми одил дар он намози ҷумъа ё ҷамоат хонда бошад, раво шуморида шудааст.[18] Аз ин рӯ, бештари фақеҳони мутақаддим мӯътақиданд, эътикоф ба ин масоҷиди чаҳоргона ихтисос дорад,[19] аммо Шаҳиди Аввал ва Шаҳиди Сонӣ гуфтаанд: инки эътикофро фақат ба масоҷиди чаҳоргона мунҳасир кунем, сухане заъиф аст.[20] Бештари фақиҳони қарни чаҳордаҳум низ, баргузории эътикоф дар масоҷиди ҷомеъи шаҳрҳоро саҳеҳ дониста[21] ва бархе, анҷоми он дар ғайр аз масоҷиди чаҳоргонаро (аъам аз ҷомеъу ғайриҷомеъ) ба қасди раҷо ва расидан ба савоб, ҷоиз шуморидаанд.[22]

Шарти рӯза будан

Тибқи фиқҳи шиа, рӯза аз аркони эътикоф аст;[23] аз ин рӯ, касе ки наметавонад рӯза бигирад, монанди мусофир, бемор ва ҳоиз, эътикофаш саҳеҳ нест.[24] Дар эътикоф нияти рӯзаи қазо ё назрӣ ҷоиз аст.[25] Муҳаммад ибни Идриси Шофеӣ ва Аҳмад ибни Ҳанбал аз пешвоёни мазоҳиби чаҳоргонаи аҳли суннат рӯзаро дар эътикоф воҷиб намедонанд.[26] Аммо дар фиқҳи Моликӣ ва қавли машҳур дар фиқҳи ҳанафӣ, эътикоф, бидуни рӯза таҳаққуқ намеёбад.[27]

Хориҷ нашудан аз масҷид

Дар муддати эътикоф, хуруҷ аз масҷид барои мавориди зарурӣ, монанди таҳияи хӯрок лозим ва қазои ҳоҷат, ё умури дорои маслиҳат, ҳамчун иқомаи намози ҷумъа, ташйиъи ҷаноза, иқомаи шаҳодат ва иёдати бемор, ҷоиз шуморида шудааст. Албатта дар ин маворид низ бояд мӯътакиф ба зарурат иктифо намояд ва набояд дар ҷое бинишинад ва то ҳадде, ки мумкин аст, набояд дар соя роҳ биравад.[28] Сайидкозими Таботабоӣ дар Урват-ул-вусқо хориҷ шудан аз маҳали эътикофро барои заруратҳои урфӣ ва шаръӣ ва дорои масолеҳ (хоҳ масолеҳи марбут ба шахси эътикофкунанда ё дигаре)-ро ҷоиз донистааст.[29] Ҳамчунин бино ба гузорише, ки дар Биҳорул-анвор аз Иддатуддоъӣ нақл шудааст, Имом Ҳасани Муҷтабо (а) барои бартараф кардани дайни яке аз шиаёнаш, тавофро қатъ кард ва бо ӯ ҳамроҳ шуд, то корашро роҳ биандозад.[30][Ёддошт 1]

Муҳаррамот

Ба гуфтаи фақеҳон, дар эътикоф истифода ва бӯйидани атр, мушоҷира ва ҷидол дар бораи умури дунявӣ, хариду фурӯш (магар барои зарурат), худирзоӣ ва мубоширати ҷинсӣ (ҳатто дар ҳадди бӯсидан) ҳаром аст ва эътикофро ботил мекунад.[31] Ҳамчунин ҳар чизе ки рӯзаро ботил мекунад, эътикофро низ ботил мекунад.[32]

Фалсафа ва осор

Бино бар ривоёт, ба ҷо овардани эътикоф мӯҷиби бахшида шудани гуноҳон[33] ва дурӣ аз оташи ҷаҳаннам[34] мешавад. Ҳамчунин эҷоди замина барои андешидан, фурсати ниёиш ва розу ниёз бо Парвардигор ва фароҳам омадани заминаи тавба ба унвони фалсафаи он баён шудааст.[35]

Пешинаи эътикоф

Суханронӣ барои мӯътакифон

Мусулмонон равиши эътикофро аз суннати Пайғамбар (с) фаро гирифтанд.[36] Бино бар ривояте, пеш аз Ислом низ эътикоф вуҷуд доштааст.[37]

Ончӣ дар бораи эътикофи Пайғамбар гузориш шудааст марбут ба даврони пас аз ҳиҷрат, дар Мадина ва дар моҳи Рамазон аст, ки барои он ҳазрат дар Масҷидуннабӣ чодар барпо мешуд.[38] Имрӯза дар Масҷидуннабӣ, самти шарқии сутуни тавба, устувонае ба номи сарир (тахт) қарор дорад, ки гуфта мешавад, Пайғамбар (с) дар рӯзҳои эътикоф, бистари худро канори он ҷой медод ва мӯътакиф мешуд.[39] Пайғамбари Ислом дар Рамазони соли сеюми ҳиҷрӣ ба сабаби вуқуъи ҷанг Бадр натавонист эътикоф кунад, аз ин рӯ, дар соли баъд, бист рӯз аз моҳи Рамазонро мӯътакиф шуд; даҳ рӯз барои ҳамон сол ва даҳ рӯз қазои соли қабл.[40] Дар манобеи ривоӣ аз эътикофи имомони шиа аз ҷумла Имом Ҳасани Муҷтабо[41] ва Имом Содиқ (а)[42] низ гузоришҳое нақл шудааст.

Баргузории эътикоф дар давраи Сафавия ва Паҳлавӣ

Ба гузориши Шайх Лутфуллоҳ Майсӣ (м. 1035ҳ.қ.), дар давраи Сафавия дар Қазвин ва Исфаҳон эътикоф баргузор мешуд.[43] Дар бархе гузоришҳо омадааст, дар Эрони давраи Паҳлавӣ, эътикоф ба нудрат, ва сирфан дар бархе шаҳрҳои мазҳабӣ анҷом мегирифт.[44]

Такнигорӣ

Дар бораи эътикоф китобҳое ба забони форсӣ ва арабӣ навишта шудааст, бархе аз онҳо иборатанд аз:

  • «Китоб-ул-эътикоф» аз Муҳаммад ибни Идриси Шофеӣ ва Довуди Исфаҳонӣ[45] аз Шайхи Садуқ ва Абулфазли Собунӣ низ навиштаҳое бо ҳамин унвон ёд шудааст.[46]
  • Ал-Эътикофия, аз Муинуддин Солим ибни Бадрони Басрӣ[47]
  • Ал-Эътикофия ё мо-ул-ҳаёт ва софӣ-л-фурот, аз Шайх Лутфуллоҳ Мейсӣ Исфаҳонӣ (даргузашти 1033ҳ.қ.) ки ба кӯшиши Расули Ҷаъфариён дар муҷаллади аввал аз Маҷмӯаи мероси исломии Эрон дар 1373 шамсӣ, дар Қум ба чоп расидааст.
  • Ал-Кафоф фи масоил-ил-эътикоф, асари Муҳаммадҷаъфари Астарободӣ (даргузашти 1263ҳ.қ.) ки нусхае аз он дар китобхонаи Оятуллоҳ Маръашӣ нигаҳдорӣ мешавад.[48]
  • Ал-Эътикофия, аз Сайидмуҳаммадалии Шаҳристонӣ (даргузашти 1290ҳ.қ.), ки Оқобузурги Теҳронӣ аз вуҷуди нусхаҳое аз он гузориш додааст.[49]

Дар солҳои ахир бо густариши суннати эътикоф, даҳҳо унвон китоб дар бораи ин мавзӯъ ба чоп расидааст.[50]

Эзоҳ

  1. Шайхи Cадуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.188; Ибни Товус, Иқбол-ул-аъмол, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.195.
  2. Муассисаи Доиратулмаъорифил-фиқҳил-исломӣ, фарҳанги фиқҳи форсӣ, 1382ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.598.
  3. Роғиб, Муфрадот, 1392ҳ.қ., саҳ.355.
  4. Сураи Ҳаҷ, ояти 25.
  5. Сураи Фатҳ, ояти 25.
  6. Ҷурҷонӣ, ат-Таърифот, 1357ҳ.қ., саҳ.25.
  7. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.98, саҳ.4.
  8. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.98, саҳ.150.
  9. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1401ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.175.
  10. Масалан нигоҳ кунед ба: Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳия, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.149; Ҷазирӣ, ал-Фиқҳу ала-л-мазоҳиб-ил-арбаъа, 1406ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.582.
  11. “Таърихчаи эътикоф”, хабаргузории Тасним.
  12. “Маросими эътикоф дар кишварҳои ҷаҳон”, хабаргузроии Эрно; «истиқболи чашмгири ҷавонон», Шианюз.
  13. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароиъ-ул-Ислом, 1389ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.216.
  14. Таботабоӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1420ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.671.
  15. Молик, ал-Муваттаъ, 1406ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.314.
  16. Шофеӣ, ал-Умм, Дорулмаърифат, ҷ.2, саҳ.105.
  17. Ибни Рушд, Бидоят-ул-муҷтаҳид, 1406ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.314.
  18. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1401ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.176; Муфид, ал-Муқниъа, 1410ҳ.қ., саҳ.363.
  19. Нигоҳ кунед ба: Садуқ, ал-Муқниъ, 1404ҳ.қ., саҳ.18; низ нигоҳ кунед ба: Сайидмуртазо, ал-Интисор, 1391ҳ.қ., саҳ.72; Тӯсӣ, ал-Хилоф, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.272.
  20. Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳия, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.150.
  21. Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, Дорулъилм, ҷ.1, саҳ.305; Гулпойгонӣ, Маҷмаъ-ул-масоил, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.175; Софӣ Гулпойгонӣ, Ҷомеъ-ул-аҳком, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.144; Баҳҷат, Истифтоъот, 1428ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.442.
  22. “Макони эътикоф”, пойгоҳи итилоърасонии Ҳавза.
  23. Молик, ал-Муваттаъ, 1406ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.315; Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароиъ-ул-Ислом, 1389ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.215.
  24. Нароқӣ, Мустанад-уш-шиъа, 1415ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.546.
  25. Нароқӣ, Мустанад-уш-шиъа, 1415ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.545.
  26. Нигоҳ кунед ба: Шофеӣ, ал-Умм, Дорулмаърифат, ҷ.2, саҳ.107; Ибни Ҳубайра, ал-Ифсоҳ, 1366ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.170; низ нигоҳ кунед ба: Марвазӣ, Ихтилоф-ул-уламо, 1406ҳ.қ., саҳ.75.
  27. Нигоҳ кунед ба: Самарқандӣ, Туҳфат-ул-фуқаҳо, 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.372; Шайх Низомиддин, ал-Фатово-л-ҳиндия, 1323ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.211.
  28. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1401ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.178; Ибни Рушд, Бидоят-ул-муҷтаҳид, 1406ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.317; Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароиъ-ул-Ислом, 1389ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.217.
  29. Таботабоӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1420ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.686.
  30. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.94, саҳ.129.
  31. Ибни Ҳубайра, ал-Ифсоҳ, 1366ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.171; Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароиъ-ул-Ислом, 1389ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.219 - 220; Ҷазирӣ, ал-Фиқҳу ала-л-мазоҳиб-ил-арбаъа, 1406ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.585 - 587.
  32. Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, Дорулъилм, ҷ.1, саҳ.305.
  33. Суютӣ, Ҷомеъ-ус-сағир, 1401ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.575.
  34. Ат-Табаронӣ, ал-Муъҷам-ул-авсат, 1415ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.121.
  35. “Эътикоф ва фалсафаи он”, вебгоҳи Росихун.
  36. Молик, ал-Муваттаъ, 1406ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.314.
  37. Бухорӣ, Саҳеҳ Бухорӣ, идоратуттабоъатулмунирия, ҷ.3, саҳ.105 - 110; Ибни Моҷа, Сунани Ибни Моҷа, 1952 - 1953м., ҷ.1, саҳ.563.
  38. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1401ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.175.
  39. Ҷаъфариён, Осори исломии Макка ва Мадина, 1381ҳ.ш., саҳ.226. Ал-Минқарӣ, Вафо-ул-вафо би ахбори дор-ил-Мустафо, ан-Ношир: мактабату Оятуллоҳил Маръаӣ ан-Наҷафӣ, ҷ.2, саҳ.44.
  40. Шайхи Cадуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.184.
  41. Шайхи Cадуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.190.
  42. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.47, саҳ.60.
  43. Мероси исломии Эрон, дафтари аввал, рисолат-ул-эътикофия, таҳқиқи Аҳмад Обидии Ризвоншаҳрӣ 317 - 320, китобхонаи Оятуллоҳ Маръашӣ.
  44. “Маросими эътикоф қабл аз инқилоб”, пойгоҳи итилоърасонии дафтари Оятуллоҳ Хоманаӣ.
  45. Нигоҳ кунед ба: Ибни Надим, ал-Феҳрист, 1350ҳ.ш., саҳ.264 - 271.
  46. Нигоҳ кунед ба: Наҷҷошӣ, Риҷол, 1407ҳ.қ., саҳ.375 - 389.
  47. Нигоҳ кунед ба: Оқобузург, аз-Зариъа, Дорулазвоъ, ҷ.2, саҳ.230.
  48. Нигоҳ кунед ба: Оқобузург, аз-Зариъа, Дорулазвоъ, ҷ.2, саҳ.229; Мударрис Таботабоӣ, муқаддимае бар фиқҳи шиа, 1368ҳ.ш., саҳ.338.
  49. Оқобузург, аз-Зариъа, Дорулазвоъ, ҷ.2, саҳ.229 - 230.
  50. «Листи китобҳо».

Ёддошт


Сарчашма

  • Қуръони Карим.
  • Оқобузурги Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин, аз-Зариъа ила тасониф-иш-шиъа, Бейрут, Дорулазвоъ, бе то.
  • Ибни Рушд, Муҳаммад ибни Аҳмад, Бидоят-ул-муҷтаҳид ва ниҳоят-ул-муқтасид, Бейрут, 1406ҳ.қ.
  • Ибни Товус, Алӣ ибни Мусо, Иқбол-ул-аъмол, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, чопи дувум, 1409ҳ.қ.
  • Ибни Моҷа, Муҳаммад, Сунани Ибни Моҷа, ба кӯшиши Муҳаммадфуод Абдулбоқӣ, Қоҳира, 1952м.
  • Ибни Надим, Муҳаммад, ал-Феҳрист, ба кӯшиши Ризо Таҷаддуд, Теҳрон, 1350ҳ.ш.
  • Ибни Ҳубайра, Яҳё, ал-Ифсоҳ ан маъонӣ-с-сиҳоҳ, ба кӯшиши Муҳаммад Роғиб Таббох, Ҳалаб, 1366ҳ.қ.
  • «Истиқболи чашмгири ҷавонон», Шианюз, торихи нашр: 27 фарвардини 1396ҳ.ш., таърихи боздид: 16 баҳмани 1401ҳ.ш.
  • “Эътикоф ва фалсафаи он”, вебгоҳи Росихун, таърихи нашр: 27 хурдоди 1389ҳ.ш., таърихи боздид: 16 баҳмани 1401ҳ.ш.
  • Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, Қум, муассисаи матбуоти Дорулъилм, чопи аввал, бе то.
  • Бухорӣ, Муҳаммад ибни Исмоил, Саҳеҳ Бухорӣ, Қоҳира, идоратуттабоъатилмунирия, бе то.
  • Балхӣ, Шайх Низомиддин, ал-Фатово-л-ҳиндия (ал-Фатово-л-оламкирия), Қоҳира, 1323ҳ.қ.
  • Баҳҷат, Муҳаммадтақӣ, Истифтоъот, дафтари ҳазрати Оятуллоҳ Баҳҷат, Қум, чопи аввал, 1428ҳ.қ.
  • “Таърихчаи эътикоф”, хабаргузории Тасним, таърихи боздид: 15 баҳмани 1401ҳ.ш.
  • Ҷурҷонӣ, Алӣ ибни Муҳаммад, ат-Таърифот, Қоҳира, 1357ҳ.қ.
  • Ҷазирӣ, Абдураҳмон, ал-Фиқҳу ала-л-мазоҳиб-ил-арбаъа, Бейрут, 1406ҳ.қ.
  • Роғиби Исфаҳонӣ, Ҳусайн, Муфрадоту алфоз-ил-Қуръон, ба кӯшиши Надими Маръашлӣ, Қоҳира, 1392ҳ.қ.
  • Самарқандӣ, Алоуддин, Туҳфат-ул-фуқаҳо, , Бейрут, 1405ҳ.қ./1985м.
  • Сайидмуртазо, Алӣ, ал-Интисор, ба кӯшиши Муҳаммадризо Хирсон, Наҷаф, 1391ҳ.қ.
  • Суютӣ, Ҷалолиддин, Ҷомеъ-ус-сағир, Бейрут, Дорулфикр, чопи аввал, 1401ҳ.қ.
  • Шофеӣ, Муҳаммад, ал-Умм, ба кӯшиши Муҳаммад Заҳрӣ Наҷҷор, Бейрут, Дорулмаърифат, бе то.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайниддин, ар-Равзат-ул-баҳия, ба кӯшиши Муҳаммади Калонтар, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, 1403ҳ.қ.
  • Шайхи Cадуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Ҷавомеъ-ул-фиқҳия (ал-Муқниъ), Қум, 1404ҳ.қ.
  • Шайхи Cадуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, Қум, дафтари интишороти исломӣ, чопи дувум, 1413ҳ.қ.
  • Шайхи Тӯсӣ, Абуҷаъфар Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Хилоф, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Хуросонӣ, Алӣ, Шаҳристонӣ, Сайидҷавод, Тоҳо Наҷаф, Маҳдӣ, Ироқӣ, Муҷтабо, Қум, дафтари интишороти исломӣ, чопи аввал, 1407ҳ.қ.
  • Софӣ Гулпойгонӣ, Лутфуллоҳ, Ҷомеъ-ул-аҳком, интишороти ҳазрати Маъсума (с), Қум, чопи чаҳорум, 1417ҳ.қ.
  • Ат-Табаронӣ, Сулаймон ибни Аҳмад, ал-Муъҷам-ул-авсат, таҳқиқ: Абумаоз, Ториқ ибни Ивазуллоҳ, Қоҳира, Дорулҳарамайн, 1415ҳ.қ.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Тазкират-ул-фуқаҳо, Қум, муассисаи Олулбайт (а), чопи аввал, 1414ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад, ал-Кофӣ, ба кӯшиши Алиакбари Ғаффорӣ, Бейрут, 1401ҳ.қ.
  • Гулпойгонӣ, Сайид Муҳаммадризо, Маҷмаъ-ул-масоил, Дорулқуръонилкарим, Қум, чопи дувум, 1409ҳ.қ.
  • Молик ибни Анас, ал-Муваттаъ, ба кӯшиши Муҳаммадфуод Абдулбоқӣ, Бейрут, 1406ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳорул-анвор, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
  • Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, Шароиъ-ул-Ислом, ба кӯшиши Абдулҳусайн Муҳаммадалӣ, Наҷаф, 1389ҳ.қ.
  • Мударрис Таботабоӣ, Ҳусайн, Муқаддимае бар фиқҳи шиъа, тарҷумаи Муҳаммадосиф Фикрат, Машҳад, 1368ҳ.ш.
  • “Маросими эътикоф қабл аз инқилоб”, пойгоҳи итилоърасонии дафтари Оятуллоҳ Хоманае, таърихи нашр: 25 урдибиҳишти 1392ҳ.ш., таърихи боздид: 16 баҳмани 1401ҳ.ш.
  • “Маросими эътикоф дар кишварҳои ҷаҳон”, хабаргузории Эрно, таърихи нашр: 18 фарвардини 1395ҳ.ш., таърихи боздид: 16 баҳмани 1401ҳ.ш.
  • Марвазӣ, Муҳаммад ибни Наср, Ихтилоф-ул-уламо, , ба кӯшиши Субҳӣ Сомирроӣ, Бейрут, 1406ҳ.қ.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммади Нуъмон, ал-Муқниъа, Қум, муассисаи нашри исломӣ, 1410ҳ.қ.
  • “Макони эътикоф”, пойгоҳи итилоърасонии Ҳавза, таърихи нашр: 30 фарвардини 1395ҳ.ш., таърихи боздид: 15 баҳмани 1401ҳ.ш.
  • Наҷҷошӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Риҷол-ун-Наҷҷошӣ, ба кӯшиши Мусо Шубайрии Занҷонӣ, Қум, ҷамоъатулмударрисин фил ҳавзатилъилмия, 1407ҳ.қ.
  • Нароқӣ, Мавло Аҳмад ибни Муҳаммад Маҳдӣ, Мустанад-уш-шиъа фи аҳком-иш-шариъат, Қум, муассисаи Олулбайт (а), чопи аввал, 1415ҳ.қ.
  • «Нигоҳе ба аҳамият ва фазилати эътикоф», вебгоҳи Оини раҳмат, таърихи боздид: 15 баҳмани 1401ҳ.ш.


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found