Ҳадиси вилоят (китоб)
![]() | |
| Нависанда | Сайид Алии Хоманаӣ |
|---|---|
| Мавзуъ | Маҷмуае аз суханрониҳо ва ёддоштҳои Сайид Алии Хоманаӣ |
| Ношир | Интишороти Инқилоби исломӣ (Эрон) |
| Маҳалли нашр | Теҳрон |
| Санаи нашр | 2020 |
Ҳадиси вилоят (форсӣ: حدیث ولایت) номи китобест иборат аз баёнот, суханрониҳо ва ёддоштҳои Сайид Алии Хоманаӣ, дувумин Раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон, ки бо ҳадафи ҳифз, ҳуҷҷатгузорӣ ва пешниҳоди нусхае муътабар, тавассути Муассисаи пажӯҳишӣ-фарҳангии Инқилоби исломӣ ҷамъоварӣ ва дар соли 1399 ҳиҷрии шамсӣ/2020 нашр шудааст.
Шоистаи зикр аст, ки бархе аз осор ва суханрониҳои Сайид Алии Хоманаӣ, ба сабабҳои мухталифе мисли маҳрамона будан, дар ин китоб наомадааст.
Муаррифӣ ва аҳамият
Китоби "Ҳадиси вилоят" маҷмуае аз баёнот, суханрониҳо ва ёддоштҳои Сайид Алии Хоманаӣ, раҳбари дувуми Эрон, аст[1] ки бо ҳадафи ҳифз, ҳуҷҷатгузорӣ ва пешниҳоди нусхае муътабар аз ин осор ҷамъоварӣ шудааст.[2] Аҳамияти баёноти Хоманаӣ ба унвони асноди маърифатӣ ва сиёсии Ҷумҳурии исломии Эрон, далели асосии тадвини ин асар будааст.[3]
Баъзе аз суханрониҳо ва баёнот ба сабаби мунташир нашудан дар умум дар ин китоб зикр нашуда, балки ё ба таври мустақил чоп шуда ё ба сабаби маҳрамона будан мунташир нашудааст.[4] Ин маворид иборатанд аз:
- Осори қаламӣ ё тарҷумавии вай;
- Ҷаласоти дарси хориҷи фиқҳ;
- Ҷаласоти мустақилли тафсири Қуръон;
- Баёнот дар ҷаласоти маҳрамона;
- Баёнот дар дидор бо хонаводаҳои шаҳидон;
- Баёноти дидорҳои дастаҷамъӣ бо гурӯҳҳо ва ашхоси мухталиф;
- Мукотибот ва пайнавиштҳо.[5]
Баёнот ва навиштаҳои ҷамъоваришуда дар маҷмуаи Ҳадиси вилоят дар чор давраи замонӣ тақсим мешаванд:
- Давраи аввал: аз оғоз то пирӯзии инқилоби исломӣ дар Эрон;
- Давраи дувум: аз пирӯзии инқилоби исломӣ то оғози раёсати ҷумҳурӣ дар сентябри 1981;
- Давраи севум: даврони раёсати ҷумҳурӣ;
- Давраи чаҳорум: даврони вилоят ва раҳбарӣ аз июни 1989 ба баъд.[6]
Ин китоб тавассути Муассисаи пажӯҳишӣ-фарҳангии Инқилоби исломӣ тадвин шуда ва соли 1399 ҳиҷрии шамсӣ/2020 дар қолаби нармафзор ва пойгоҳи инетрнетӣ мунташир шудааст.[7] Муҳтавои он дар пойгоҳи иттилоърасонии khamenei.ir ва нусхаи электроникии он таҳти унвони «Баёнот» дар «Нармафзори Ҳадиси вилоят 3» дар 45 ҷилд аз 1979 то 2023 ҷамъоварӣ шудааст. Ин суханрониҳо бар асоси сол номгузорӣ шуда ва рақамгузории пайваста надоранд.[8]
Шеваи тадвин ва таҳрир
Ин асар бар асоси шеваномаи махсус тадвин шудааст, ки бар ду асли «ҳифзи лафз» ва «ҳифзи лаҳн» таъкид дорад. Дар ин тадвин, алфози суханрониҳо ба таври дақиқ сабт шуда ва лаҳни гуфторӣ бо татбиқи мукаррар бо файлҳои савтӣ ҳифз шудааст. Таҳрири матн низ бо риояти сабки гуфтории Сайид Алии Хоманаӣ ва дар асоси расмулхатти тасвибшудаи Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ анҷом шудааст.[9]
Имконоти пажӯҳишӣ
Ҳар ҷилд дарбаргирандаи рӯзшумори рӯйдодҳои муҳимми сол, намояҳои мавзуӣ ва исмӣ ва пайнавиштҳои тавзеҳӣ барои вожагон, номҳо, воқеаҳо ва манобеъ аст. Ин имконот ба пажӯҳишгарон ва алоқамандон имкони дастрасии сареъ ва дақиқ ба иттилооти китобро медиҳад.[10]
Эзоҳ
- ↑ «حدیث ولایت», интишороти Инқилоби исломӣ
- ↑ «کتاب حدیث ولایت منتشر شد», Дафрати ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ «کتاب حدیث ولایت منتشر شد», Дафрати ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ «حدیث ولایت», интишороти Инқилоби исломӣ
- ↑ «کتاب حدیث ولایت منتشر شد», Машриқниюс; «کتاب حدیث ولایت منتشر شد», Дафрати ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ «حدیث ولایت», интишороти Инқилоби исломӣ
- ↑ «حدیث ولایت», интишороти Инқилоби исломӣ; «کتاب حدیث ولایت منتشر شد», Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ «کتاب حدیث ولایت منتشر شد», Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ: «Баёнот», нармафзори Вилоят
- ↑ «حدیث ولایت», интишороти Инқилоби исломӣ; «کتاب حدیث ولایت منتشر شد», Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ «حدیث ولایت», интишороти Инқилоби исломӣ
Сарчашма
- «حدیث ولایت» («Ҳадиси вилоят»), интишороти Инқилоби исломӣ, санаи боздид: 23 декабри 2025
- «کتاب "حدیث ولایت" منتشر شد» («Китоби "Ҳадиси вилоят" мунташир шуд»), хабаргузории АБНО, санаи дарҷи матлаб: 5 майи 2020, санаи боздид: 16 декабри 2025
- «کتاب حدیث ولایت منتشر شد» («Китоби Ҳадиси вилоят мунташир шуд»), Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи дарҷи матлаб: 4 майи 2020, санаи боздид: 16 декабри 2025
- «کتاب حدیث ولایت منتشر شد» («Китоби Ҳадиси вилоят мунташир шуд»), Машриқниюс, санаи дарҷи матлаб: 4 майи 2020, санаи боздид: 28 декабри 2025
