Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ

Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ (форсӣ: سپاه پاسداران انقلاب اسلامی) як ниҳоди низомист, ки бо ҳадафи ҳифзи Инқилоби исломии Эрон ва дастовардҳои он бо фармони расмии Имом Хумайнӣ дар 2 урдибиҳишти соли 1358ҳ.ш./22 апрели 1979м таъсис ёфт.
Сипоҳи посдорон дар 26 шаҳривари соли 1364ҳ.ш./17 сентябри 1985 бо фармони Имом Хумайнӣ ба се нерӯ — заминӣ, ҳавоӣ ва дарёӣ — густариш ёфт ва баъдан дар соли 1369ҳ.ш./1990 бо фармони Сайид Алии Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон, ду нерӯи дигар бо номи Нерӯи Қудс ва Созмони муқовимати Басиҷ ба он илова карда шуданд ва дар маҷмӯъ ба панҷ нерӯ густариш ёфт. Сипоҳи посдорон илова ба фаъолиятҳои низомӣ, дар соҳаҳои иттилоотӣ, ободонӣ ва фарҳангӣ низ фаъолият мекунад.
Бар асоси моддаи 110-уми Қонуни асосии Эрон, таъйин, барканорӣ ва қабул кардани истеъфои фармондеҳи кулли сипоҳ аз ихтиёрот ва вазифаҳои Раҳбари Инқилоб аст. Фармондеҳии кулли Сипоҳи посдорони инқилоб аз 23 хурдоди 1404ҳ.ш./13 июни 2025 бо ҳукми Сайид Алии Хоманаӣ бар ӯҳдаи Муҳаммади Покпур вогузор шудааст.
Давлати Амрико дар 19 фарвардини 1398ҳ.ш./8 апрели 2019 бо нашри баёнияе, Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва бахусус Нерӯи Қудсро расман дар рӯйхати гурӯҳҳои террористии хориҷӣ ҷой дод. Шӯрои олии амнияти миллии Эрон дар вокунише мутақобил, режими Иёлоти Муттаҳидаро «давлати ҳомии терроризм» ва фармондеҳии марказии Амрико, маъруф ба Сентком ва ё нерӯҳои Амрико дар ғарби Осиёро «гурӯҳи террористӣ» эълом кард.
Имом Хумайнӣ нерӯҳои Сипоҳи посдоронро сарбозони Ислом хондааст ва Сайид Алии Хоманаӣ ин созмонро яке аз рукнҳо ва унсурҳои ҷудонопазири инқилоб донистааст, ки дар сурати набудани он, инқилоб бо хатарҳои ҷиддӣ рӯбарӯ мешавад.
Муаррифӣ
Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ як ниҳоди иборат аз Ситоди кул, Ҳавзаи намояндагии валии фақеҳ дар сипоҳ, Созмони ҳифзи иттилоотии сипоҳ, Нерӯҳои заминӣ, ҳавоӣ, дарёӣ, муқовимати Басиҷ ва Қудс, инчунин созмонҳои вобастаи он мебошад.[1]
Бар асоси моддаи 150-уми Қонуни асосии Эрон, Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ, ки дар рӯзҳои аввалини пирӯзии инқилоб таъсис ёфтааст, барои идомаи нақши худ дар ҳифзи инқилоб ва дастовардҳои он боқӣ мемонад.[2] Ҳамчунин, тибқи моддаи 110-уми Қонуни асосӣ, таъйин, барканорӣ ва қабул кардани истеъфои фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоб аз ихтиёрот ва вазифаҳои Раҳбари Инқилоб шумурда мешавад.[3] Муҳаммади Покпур, дар 23 хурдоди 1404ҳ.ш./13 июни 2025 бо ҳукми Сайид Алии Хоманаӣ, Раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон, ба фармондеҳии кулли Сипоҳ таъйин гардид.
Дар тақвими Эрон, 3 шаъбони сол, ки ба рӯзи таваллуди Имом Ҳусайн (а) рост меояд, ҳамчун Рӯзи Посдор муайян шудааст.[4]
Ҷойгоҳ
Имом Хумайнӣ нерӯҳои Сипоҳи посдоронро сарбозони Ислом номида, мардумро ба пуштибонӣ ва ҳимояти ин нерӯ даъват кардааст.[5] Ӯ дар дидоре бо гурӯҳе аз посдорон розигии худро чунин баён намудааст: «Ман аз сипоҳ розӣ ҳастам ва ба ҳеҷ ваҷҳ назарам аз шумо барнамегардад. Агар сипоҳ набошад, кишвар ҳам нест. Ман Сипоҳи посдоронро хеле азизу гиромӣ медорам. Чашми ман ба шумост.»[6]
Сайид Алии Хоманаӣ, Раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон, нерӯи Сипоҳи посдоронро ба кӯдаке шабеҳ кардааст, ки дар оғози инқилоб ба дунё омада, дар фазои инқилоб рушд карда ва имрӯз яке аз рӯкнҳои асосии инқилоб ва унсурҳои ҷудонопазири он мебошад; ба тавре ки агар набошад, инқилоб бо хатарҳои ҷиддӣ рӯбарӯ мешавад.[7]
Давлати Амрико дар 19 фарвардини 1398ҳ.ш./8 апрели 2019 бо нашри баёнияе аз тарафи Доналд Трамп (раисиҷумҳури вақти ИМА), Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, ба хусус Сипоҳи Қудсро расман дар феҳристи гурӯҳҳои террористии хориҷӣ қарор дод.[8] Шӯрои олии амнияти миллии Эрон дар вокуниши мутақобил, режими Амрикоро “давлати ҳомии терроризм”, ва фармондеҳии марказии Амрико (маъруф ба Сентком) ё нерӯҳои ИМА дар ғарби Осиёро “гурӯҳи террористӣ” эълом кард.[9]
Таърихча ва чигунагии таъсис
Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ як ниҳоди низомист, ки бо ҳадафи ҳифзи Инқилоби исломии Эрон ва дастовардҳои он, бо фармони Имом Хумайнӣ дар 2 урдибиҳишти 1358ҳ.ш./22 апрели 1979 таъсис ёфт.[10]
Муҳсини Рафиқдӯст (раиси Бунёди мустазъафон аз 1989 то 1999) дар хотироти худ мегӯяд, ки идеяи таъсиси нерӯе ғайр аз артиши расмӣ барои дифоъ аз инқилобро аввалин бор Муҳаммади Мунтазирӣ пешниҳод кардааст.[11] Ба гуфтаи Рафиқдӯст, дар ибтидо тақрибан чор гурӯҳи мусаллаҳ бо як ҳадафи муштарак — ҳифзи инқилоб — шакл гирифтанд, ки ҳар яке худро масъули дифоъ аз инқилоб медонист.[12] Ин чор гурӯҳ дар ниҳоят бо ҳам муттаҳид шуда, гурӯҳи наверо бо Шӯрои фармондеҳии 12-нафара ташкил доданд. Баъдан, се тан аз аъзои ин гурӯҳ дар мулоқот бо Имом Хумайнӣ дар Қум ширкат карданд ва ӯ фармони таъсиси як нерӯи мусаллаҳи идеологӣ ва мустақил аз ҳукумати муваққатро содир кард. Ба ин тартиб, дар санаи 2 урдибиҳишти 1358ҳ.ш./22 апрели 1979 Сипоҳи посдорон расман таъсис ёфт.[13]
Дар 26 шаҳривари 1364ҳ.ш./17 сентябри 1985м, бо фармони Имом Хумайнӣ, Сипоҳи посдорон ба се нерӯи заминӣ, ҳавоӣ ва дарёӣ густариш ёфт.[14] Дар соли 1369ҳ.ш./1990м, бо фармони Сайид Алии Хоманаӣ, ду нерӯи дигар бо номи Нерӯи Қудс ва Муқовимати басиҷ ба сохтори Сипоҳ илова гардиданд ва бо ин, шумораи нерӯҳо ба панҷ адад расид.[15]
Сохтори ташкилотӣ
Нерӯҳои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ аз зерсохтҳои зерин иборатанд:
Нерӯи заминӣ
Нерӯи заминии Сипоҳ, бо номаи мухтасари «НЗСА» (форсӣ: نزسا), фаъолияти расмии худро аз соли 1364ҳ.ш./1985м, бо фармондеҳии Яҳё Раҳими Сафавӣ оғоз кардааст. Лашкар ва типҳои ин нерӯ ба таври ҳамзамон бо сохтори Артиши Эрон дар вилоятҳои гуногун таъсис ёфтаанд.[16] Муҳаммади Покпур, ҳафтумин фармондеҳи ин нерӯ, дар 9 урдибиҳишти 1388ҳ.ш./29 апрели 2009 бо ҳукми Раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон ба фармондеҳии нерӯи заминӣ таъйин гардид.[17]

Нерӯи дарёӣ
Нерӯи дарёии Сипоҳ, бо номаи мухтасари «НДСА» (форсӣ: ندسا), дар соли 1364ҳ.ш./1985м, дар замони Ҷанги Эрону Ироқ ва бо фармондеҳии Ҳусайни Алоӣ таъсис ёфтааст.[18] Аз ҷумлаи рисолатҳои асосии ин нерӯ дифоъ ва муҳофизати марзҳои обии кишвар дар муқобили ҳамлаҳои хориҷӣ мебошад.[19] Алиризо Тангсирӣ дар 1 шаҳривари 1397ҳ.ш./23 августи 2018 бо ҳукми Раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон ба фармондеҳии ин нерӯ таъйин гардид.[20]
Ҳавофазо
Нерӯи ҳавоии Сипоҳи посдорони инқилоб фаъолияти худро аз соли 1364ҳ.ш./1985м оғоз намуд ва бо илова гардидани бахши фазоӣ ба бахши ҳавоӣ дар соли 1388ҳ.ш./2009м, Нерӯи ҳавофазои Сипоҳ ташкил ёфт.[21] Ин нерӯ, бо номаи мухтасари «НҲСА» (форсӣ: نهسا), илова бар амалиётҳои ҳавоӣ, масъули иҷрои маъмуриятҳои мушакӣ ва фазоии Сипоҳ низ мебошад.[22]
Амиралӣ Ҳоҷизода, дар соли 1388ҳ.ш./2009м бо ҳукми Раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон ба фармондеҳии ин нерӯ таъйин гардид.[23] Нерӯи ҳавофазои Сипоҳ дар 26 фарвардин ва 10 меҳри 1403ҳ.ш./2 апрели 2025м, дар вокуниш ба амалҳои хасмонаи Исроил зидди Ҷумҳурии исломии Эрон, барои нахустин бор аз хоки Эрон ба ҳадафҳои низомӣ ва амниятӣ сарзаминҳои ишғолиро мавриди ҳамлаи паҳаподӣ ва мушакӣ қарор дод. Ин амалиёт бо унвонҳои «Ваъдаи Содиқи 1» ва «Ваъдаи Содиқи 2» маъруф аст.[24] Ҳамчунин, ин нерӯ дар вокуниш ба Террори Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи вақти Нерӯи Қудс, пойгоҳи низомии ИМА дар Бағдод(Айн-ул-асад)‑ро ҳадаф қарор дод.[25] Дар 23 хурдод 1404ҳ.ш./13 июни 2025м, Исроил Амиралӣ Ҳоҷизодаро, ҳамроҳ бо гурӯҳе аз фармондеҳони ин нерӯ, террор кард. Оятуллоҳ Хоманаӣ пас аз он Сайид Ҳусайн Мусавии Ифтихориро ба фармондеҳии нерӯи ҳавофазо таъйин намуд. Ин нерӯ дар вокуниш ба террор ва ҳамлаи низомии Исроил ба Эрон дар хурдоди 1404ҳ.ш./июни 2025м, «Ваъдаи содиқи 3»‑ро анҷом дод.
Сипоҳи Қудс
- Мақолаи асосӣ: Нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ
Нерӯи Қудс, маъруф ба Сипоҳи Қудс, бо ҳадафи густариши фаъолиятҳои хориҷии Ҷумҳурии исломии Эрон дар соли 1369ҳ.ш./1990м, бо фармондеҳии Аҳмади Ваҳидӣ ва ба фармони Оятуллоҳ Хоманаӣ ташкил ёфт.[26] Исмоил Қоонӣ дар 13 дайи 1398ҳ.ш./3 январи 2020м, баъд аз шаҳодати Қосими Сулаймонӣ, бо ҳукми Раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон ба фармондеҳии ин нерӯ таъйин шуд.[27]
Аз ҷумлаи фаъолиятҳои муҳими ин нерӯ: созмондеҳӣ ва тақвияти ҳастаҳои муқовимат, ба монанди Ҳизбуллоҳи Лубнон, Ҳашдушшаъбии Ироқ, Фотимиюни Афғонистон ва Ансоруллоҳи Яман барои муқовимат зидди Амрико ва Исроил;[28] ҳузури низомӣ ва мусташории амниятӣ дар кишварҳои мухталиф монанди Босния, Афғонистон ва Лубнон;[29] ширкат дар мубориза бо ДОИШ дар Ироқ ва Сурия.[30]
Созмони Басиҷи мустазъафон
Созмоне ниманизомӣ ва зермаҷмуаи Сипоҳ, зери фармондеҳии Раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон мебошад, ки бо ҳадафи муҳофизат аз инқилоб ва дастовардҳои он дар 5 озари 1358ҳ.ш./26 ноябри 1979м бо фармони Имом Хумайнӣ таъсис ёфт ва баъдтар дар дайи 1359ҳ.ш./январи 1981, пас аз тасвиби Маҷлиси шӯрои исломӣ, расман ҳуқуқӣ шуд.[31] Нерӯи муқовимати Басиҷ дар соли 1369ҳ.ш./1990м, бо фармони Сайид Алии Хоманаӣ, ба сохтори Сипоҳи посдорон пайваст.[32] Дар 12 меҳри 1388ҳ.ш./4 октябри 2009м номи «Нерӯи муқовимати Басиҷ» ба «Созмони Басиҷи мустазъафон» иваз карда шуд.[33]
Фаъолиятҳои ғайринизомӣ
Баъзе аз фаъолиятҳои ғайринизомии Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ иборатанд аз:
Фаъолиятҳои иттилоотӣ
Фаъолиятҳои иттилоотии Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ тавассути ниҳоде бо номи Созмони иттилооти Сипоҳ анҷом дода мешавад.[34] Воҳиди иттилоотии Сипоҳи посдорон ҳамзамон бо таъсиси ин ниҳод, бо номи муовинати иттилоот ва таҳқиқоти Сипоҳ, фаъолияти худро оғоз намуда, масъули муқовимат бо гурӯҳҳои зиддиинқилоб буд.[35] Дар соли 1363ҳ.ш./1984м, бо таъсиси Вазорати иттилоот, нерӯҳои воҳиди иттилооти Сипоҳ ба ин вазоратхона интиқол ёфтанд ва муовинати иттилоотии Сипоҳ вазифаи ҷамъоварии иттилооти низомиро ба ӯҳда гирифт ва амалан ба воҳиди «иттилоот ва амалиёт» табдил ёфт.[36] Дар миёнаҳои солҳои даҳаи 1990 (1370‑уми шамсӣ), ин нерӯ илова бар вазифаҳои низомӣ, вазифаҳои амниятиро низ бар ӯҳда гирифт, ки дар сохтори Муовинати иттилоотии Ситоди муштараки Сипоҳ фаъолият мекард. Дар соли 1388ҳ.ш./2009м, ин муовинат ба Созмони иттилооти Сипоҳ, бо фармондеҳии Ҳусайн Тоиб, иртиқо дода шуд.[37]

Фаъолиятҳои ободонӣ
Фаъолиятҳои ободонии Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ зери назорати Қароргоҳи созандагии Хотамуланбиё (с) анҷом дода мешавад,[38] ки як созмони шибҳидавлатӣ мебошад. Ин қароргоҳ дар соли 1368ҳ.ш./1989м аз ҷониби Муҳсини Ризоӣ (фармондеҳи вақти Сипоҳ) бо ҳадафи ширкат дар барқарорсозии кишвар баъд аз ҷанги ҳаштсолаи Эрон ва Ироқ таъсис ёфт.[39] Сайид Ҳусайн Ҳушуссодот дар 23 исфанди 1399ҳ.ш./13 марти 2021 ба ҷои Саид Муҳаммад ба фармондеҳии ин қароргоҳ таъйин шуд.[40]
Фаъолиятҳои фарҳангӣ ва расонаӣ
Фаъолиятҳои фарҳангӣ ва расонаии Сипоҳи посдорони инқилоб зери назорати Қароргоҳи фарҳангӣ-иҷтимоии Бақиатуллоҳ (а) анҷом мешавад.[41] Муҳаммадалии Ҷаъфарӣ дар 1 урдибиҳишти 1398ҳ.ш./21 апрели 2019м, бо ҳукми Раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон ба фармондеҳии ин қароргоҳ таъйин гардид.[42] Тибқи изҳороти Муҳаммадалӣ Пурмухтор (намояндаи порлумон дар давраҳои 9 ва 10 ва низомии собиқи Сипоҳ), қароргоҳи фарҳангӣ-иҷтимоии Бақиатуллоҳ (а) бевосита зери назорати Раҳбари Инқилоб қарор дорад ва бо ҳадафи фаъолият дар майдони ҷанги фарҳангӣ ва расонаӣ, ҳифз ва таблиғи дастовардҳои инқилоб, ва мубориза бо «бесарусомонии фарҳангӣ» бо усули нарм ва расонаӣ ташкил шудааст.[43]
Эзоҳ
- ↑ «متن کامل آییننامه انضباطی نیروهای مسلح جمهوری اسلامی ایران», сомонаи Созмони қазоии нерӯҳои мусаллаҳ.
- ↑ «قانون اساسی جمهوری اسلامی ایران», сомонаи Маркази пажӯҳишҳои Маҷлиси шӯрои исломӣ.
- ↑ «قانون اساسی جمهوری اسلامی ایران», сомонаи Маркази пажӯҳишҳои Маҷлиси шӯрои исломӣ.
- ↑ «ولادت امام حسین (ع) و روز پاسدار در سال ۹۹ چه روزی است؟», сомонаи тақвим.
- ↑ Имом Хумайнӣ, «Саҳифаи Нур», ҷ.9, саҳ.25.
- ↑ Имом Хумайнӣ, «Саҳифаи Нур», ҷ.8, саҳ.258.
- ↑ Намояндагии Валӣ фақеҳ, «Сипоҳ аз нигоҳи мақоми муъаззами раҳбарӣ», 1371ҳ.ш., саҳ.9–11.
- ↑ «کاخ سفید رسماً سپاه پاسداران را «سازمان تروریستی» اعلام کرد», сомонаи хабаргузории Тасним.
- ↑ «از اقدام آمریکا در تروریستی خواندن سپاه تا واکنش ایران/ تحلیلهای کارشناسان و واکنشهای جهانی», сомонаи хабарии Шафақна.
- ↑ «سپاه پاسداران چگونه تأسیس شد و فرماندهانش چه کسانی بودند؟», сомонаи хабаргузории Тасним.
- ↑ «سپاه پاسداران چگونه تأسیس شد و فرماندهانش چه کسانی بودند؟», сомонаи хабаргузории Тасним.
- ↑ «سپاه پاسداران چگونه تأسیس شد و فرماندهانش چه کسانی بودند؟», сомонаи хабаргузории Тасним.
- ↑ Назарпур, «Нақши Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ дар тадовуми Инқилоби исломӣ», саҳ.49.
- ↑ Тӯлоӣ, «Мудирияти таҳаввул ва таолӣ: мутолиаи мавридии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ», 1395ҳ.ш., саҳ.6.
- ↑ Тӯлоӣ, «Мудирияти таҳаввул ва таолӣ: мутолиаи мавридии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ», 1395ҳ.ш., саҳ.7.
- ↑ «نیروی زمینی سپاه», сомонаи хабаргузории Тасним.
- ↑ «فرماندهان نیروی زمینی سپاه از ابتدای انقلاب تا کنون را بشناسید», сомонаи хабаргузории Мизон.
- ↑ «نیروی دریایی سپاه», сомонаи хабаргузории Тасним.
- ↑ «آمادگی کامل برای دفاع از مرزهای آبی و امنیت کشور داریم», сомонаи хабарии Машриқнюс.
- ↑ «سردار تنگسیری را بیشتر بشناسید», сомонаи хабаргузории Дифои муқаддас.
- ↑ «نیروی هوافضای سپاه», сомонаи хабаргузории Тасним.
- ↑ «نیروی هوافضای سپاه», сомонаи хабаргузории Тасним.
- ↑ «فرماندهان نیروی هوافضای سپاه از ابتدای تاسیس تا کنون را بشناسید», сомонаи хабаргузории Мизон.
- ↑ «دهها فروند پهپاد و موشک به سمت سرزمینهای اشغالی شلیک شد», хабаргузории ИРНА; «بیانیه سپاه پاسداران انقلاب اسلامی درخصوص عملیات موشکی علیه اسرائیل», шабакаи ал-Олам.
- ↑ «انتقام سخت با شلیک دهها موشک به پایگاه آمریکایی عینالاسد», хабаргузории ИРНА.
- ↑ Баҳман, «Нақши Нерӯи Қудс дар ҳалли буҳронҳои ғарби Осиё», саҳ.24.
- ↑ «فرمانده جدید نیروی قدس سپاه را بیشتر بشناسید», сомонаи хабаргузории Тасним.
- ↑ Баҳман, «Нақши Нерӯи Қудс дар ҳалли буҳронҳои ғарби Осиё», саҳ.16–19; Хусравшоҳин, «Боздорандагии меҳвари муқовимат».
- ↑ «نیروی قدس در کدام جنگها حضور یافت؟», сомонаи хабарии Машриқ.
- ↑ Наҷобат, «Гурӯҳаки террористии ДОИШ ва амнияти миллии Ҷумҳурии исломии Эрон: Чолишҳо ва фурсатҳо», саҳ.112.
- ↑ «سازمان بسیج مستضعفین», сомонаи хабаргузории Тасним.
- ↑ «نیروی قدس سپاه چگونه شکل گرفت؟», сомонаи хабаргузории Форс.
- ↑ «چگونگی شکلگیری سازمان بسیج مستضعفین», сомонаи Бошгоҳи хабарнигорони ҷавон.
- ↑ «سازمان حفاظت اطلاعات سپاه؛ دو دهه خوشنامی و گمنامی», сомонаи хабарии Машриқнюс.
- ↑ «یک ادغام در سازمان اطلاعات سپاه», сомонаи Машриқнюс.
- ↑ «یک ادغام در سازمان اطلاعات سپاه», сомонаи Машриқнюс.
- ↑ «یک ادغام در سازمان اطلاعات سپاه», сомонаи Машриқнюс.
- ↑ «قرارگاه خاتم الانبیاء», сомонаи хабаргузории Тасним.
- ↑ «قرارگاه خاتم الانبیاء», сомонаи хабаргузории Тасним.
- ↑ «آیین تکریم و معارفه فرمانده قرارگاه سازندگی خاتم الانبیا(ص) برگزار شد», сомонаи хабаргузории ИРНА.
- ↑ «پرسشها و ابهامات دربارۀ قرارگاه فرهنگی اجتماعی حضرت بقیه الله», сомонаи хабаргузории Инсоф.
- ↑ «جنگ نرم», сомонаи Khamenei.ir.
- ↑ «پرسشها و ابهامات دربارۀ قرارگاه فرهنگی اجتماعی حضرت بقیه الله», сомонаи хабаргузории Инсоф.
Сарчашма
- «قانون اساسی جمهوری اسلامی ایران», Сомонаи Маркази таҳқиқотии Маҷлиси Шӯрои Исломӣ, санаи боздид: 25 тири 1400ҳ.ш.
- «عملیاتهای نیروی دریایی سپاه و دستاوردهای آن در دوران دفاع مقدس», сомонаи хабаргузории дифъи муқаддас, санаи дарҷи матлаб: 13 меҳри 1399ҳ.ш., санаи боздид: 1 мурдоди 1400ҳ.ш.
- «نیروی دریایی سپاه», Сомонаи хабаргузории Тасним, санаи боздид: 28 тири 1400ҳ.ш.
- «قرارگاه خاتم الانبیاء», Сомонаи хабаргузории Тасним, санаи боздид: 2 мурдоди 1400ҳ.ш.
- «انهدام ناو یک میلیارد دلاری "ساموئل بیرابرتز"», Сомонаи Бошгоҳи хабарнигорони ҷавон, санаи дарҷи матлаб: 8 шаҳривари 1394ҳ.ш., санаи боздид: 2 мурдоди 1400ҳ.ш.
- «چگونگی شکلگیری سازمان بسیج مستضعفین», Сомонаи Бошгоҳи хабарнигорони ҷавон., Сомонаи Бошгоҳи хабарнигорони ҷавон, санаи дарҷи матлаб: 26 озари 1391ҳ.ш., санаи боздид: 3 мурдоди 1400ҳ.ш.
- «جزئیاتی کامل از انهدام پهپاد آمریکایی در خلیج فارس», Сомонаи хабаргузории Меҳр, санаи дарҷи матлаб: 5 тири 1398ҳ.ш., санаи боздид: 3 мурдоди 1400ҳ.ш.
- «آیین تکریم و معارفه فرمانده قرارگاه سازندگی خاتم الانبیا(ص) برگزار شد», Сомонаи хабаргузории Ҷумҳурии Исломӣ, санаи дарҷи матлаб: 23 исфанди 1399ҳ.ш., санаи боздид: 4 мурдоди 1400ҳ.ш.
- «فرماندهان نیروی هوافضای سپاه از ابتدای تاسیس تا کنون را بشناسید», сомонаи хабаргузории Мизон, санаи дарҷи матлаб: 30 хирдони 1395ҳ.ш., санаи боздид: 2 мурдоди 1400ҳ.ш.
- «سازمان بسیج مستضعفین», сомонаи хабаргузории Тасним, санаи боздид: 3 мурдоди 1400ҳ.ш.
- «فرمانده جدید نیروی قدس سپاه را بیشتر بشناسید», Сомонаи хабаргузории Тасним, санаи дарҷи матлаб: 13 дайи 1398ҳ.ш., санаи боздид: 3 мурдоди 1400ҳ.ш.
- «پرسشها و ابهامات دربارهٔ قرارگاه فرهنگی اجتماعی حضرت بقیه الله», Сомонаи хабаргузории Инсоф, санаи дарҷи матлаб: 4 урдибиҳишти 1398ҳ.ш., санаи боздид: 4 мурдоди 1400ҳ.ш.
- «اساسنامه سپاه پاسداران انقلاب اسلامی», Маркази таҳқиқотии Маҷлиси Шӯрои Исломӣ, санаи боздид: 25 тири 1400ҳ.ш.
- «سردار سرلشگر حسین سلامی», сомонаи хабаргузории Тасним, санаи боздид: 26 тири 1400ҳ.ш.
- «از اقدام آمریکا در تروریستی خواندن سپاه تا واکنش ایران/ تحلیلهای کارشناسان و واکنشهای جهانی», Сомонаи хабарӣ Шафакна, санаи дарҷи матлаб: 19 фарвардини 1398ҳ.ш., санаи боздид: 5 мурдоди 1400ҳ.ш.
- «حفظ آرمانهای نهضت اسلامی با تشکیل کمیتههای انقلاب», Сомонаи хабаргузории Ҷумҳурии Исломии Эрон, санаи дарҷи матлаб: 23 баҳмани 1398ҳ.ш., санаи боздид: 6 мурдоди 1400ҳ.ш.
- «انفجار نفتکش بریجتون توسط رزمندگان ایرانی، تیر آخر در جنگ نفتکشها», Сомонаи Бошгоҳи хабарнигорони ҷавон, санаи дарҷи матлаб: 4 мурдоди 1399ҳ.ш., санаи боздид: 2 мурдоди 1400ҳ.ш.
- «نیروی زمینی سپاه», Сомонаи хабаргузории Тасним, санаи боздид: 26 тири 1396ҳ.ш.
- «ایران از کدام گروههای مجاهد شیعه و سنی افغانستانی حمایت کرد؟», Сомонаи хабаргузории Оно, санаи дарҷи матлаб: 21 урдибиҳишти 1398ҳ.ш., санаи боздид: 4 мурдоди 1400ҳ.ш.
- «سردار تنگسیری را بیشتر بشناسید», сомонаи хабаргузории дифъи муқаддас, санаи дарҷи матлаб: 3 шаҳривари 1398ҳ.ш., санаи боздид: 2 мурдоди 1400ҳ.ш.
- «نیروی قدس سپاه چگونه شکل گرفت؟», Сомонаи хабаргузории Форс, санаи дарҷи матлаб: 5 баҳмани 1398ҳ.ш., санаи боздид: 3 мурдоди 1400ҳ.ш.
- «یک ادغام در سازمان اطلاعات سپاه», Сомонаи хабаргузории Машриқниюс, санаи дарҷи матлаб: 28 урдибиҳишти 1398ҳ.ш., санаи боздид: 4 мурдоди 1400ҳ.ш.
- «جنگ نرم», Сомонаи Khamenei.ir, санаи дарҷи матлаб: 1 урдибиҳишти 1398ҳ.ш., санаи боздид: 5 мурдоди 1400ҳ.ш.
- «نیروی هوافضای سپاه», Сомонаи хабаргузории Тасним, санаи боздид: 3 мурдоди 1400ҳ.ш.
- «سپاه پاسداران چگونه تأسیس شد و فرماندهانش چه کسانی بودند؟», сомонаи хабаргузории Тасним, санаи дарҷи матлаб: 2 урдибиҳишти 1396ҳ.ш., санаи боздид: 26 тири 1400ҳ.ш.
- «نیروی قدس در کدام جنگها حضور یافت؟», Сомонаи хабаргузории Машриқ, санаи дарҷи матлаб: 6 баҳмани 1398ҳ.ш., санаи боздид: 3 мурдоди 1400ҳ.ш.
- «آمادگی کامل برای دفاع از مرزهای آبی و امنیت کشور داریم», Сомонаи хабаргузории Машриқниюс, санаи дарҷи матлаб: 5 дайи 1399ҳ.ш., санаи боздид: 28 тири 1400ҳ.ш.
- «متن کامل آییننامه انضباطی نیروهای مسلح جمهوری اسلامی ایران», Сомонаи Созмони қазоии нерӯҳои мусаллаҳ, санаи дарҷи матлаб: 11 دی 1391ҳ.ш., санаи боздид: 25 тири 1400ҳ.ш.
- «سازمان حفاظت اطلاعات سپاه؛ دو دهه خوشنامی و گمنامی», сомонаи хабаргузории Машриқниюс, санаи дарҷи матлаб: 20 баҳмани 1389ҳ.ш., санаи боздид: 3 мурдоди 1400ҳ.ш.
- «فرماندهان نیروی زمینی سپاه از ابتدای انقلاب تا کنون را بشناسید», сомонаи хабаргузории Мизон, санаи дарҷи матлаб: 29 хирдони 1393ҳ.ш., санаи боздид: 28 тири 1400ҳ.ш.
- «بیانیه سپاه پاسداران انقلاب اسلامی درخصوص عملیات موشکی علیه اسرائیل», Ал-Алам, санаи дарҷи матлаб: 10 меҳри 1403ҳ.ш., санаи боздид: 25 меҳри 1403ҳ.ш.
- «انتقام سخت با شلیک دهها موشک به پایگاه آمریکایی عینالاسد», хабаргузории ИРНА, санаи дарҷи матлаб: 18 дейи 1398ҳ.ш., санаи боздид: 29 озари 1402ҳ.ш.
- «دهها فروند پهپاد و موشک به سمت سرزمینهای اشغالی شلیک شد», хабаргузории ИРНА, санаи дарҷи матлаб: 26 фарвардини 1403ҳ.ш., санаи боздид: 26 фарвардини 1403ҳ.ш.
- Баҳман, Шуайб, «Нақши Нерӯи Қудс дар ҳалли бӯҳронҳои Ғарби Осиё», Муто́лиаҳои раҳбурдии ҷаҳони Ислом, № 69, баҳори 1396ҳ.ш.
- Зореъпур, Ҷавод ва дигарон, «Ироаи чорчӯбаи ҳукмронии дониш дар қароргоҳи созандагии Хотамуланбиё (с)», Мудирияти роҳбурдии дониши созмонӣ, №4, баҳори 1398ҳ.ш.
- Имом Хумайнӣ, Рӯҳуллоҳ, Саҳифаи нур, Теҳрон, Муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ, 1389ҳ.ш.
- Назарпур, Маҳдӣ, «نقش سپاه پاسداران انقلاب اسلامی در تداوم انقلاب اسلامی», Маҷаллаи ҳисун, № 17, тирамоҳи 1387ҳ.ш.
- Намояндагии Валии фақиҳ, «سپاه از دیدگاه مقام معظم رهبری», Теҳрон, Маркази таҳқиқоти исломӣ, 1371ҳ.ш.
- Наҷобот, Сайид Алӣ, «گروهک تروریستی داعش و امنیت ملی جمهوری اسلامی ایران؛ چالشها و فرصتها», Фаслномаи Сиёсат, № 6, 1394ҳ.ш.
- Тӯлоӣ, Муҳаммад, Мудирияти таҳаввул ва таолӣ; мутолеоти мавридии Сепоҳи посдорони Инқилоби исломӣ, Теҳрон, Донишгоҳи ҷомеи Имом Ҳусайн (а), 1395ҳ.ш.
- Фуруғии Ҷаҳрумӣ, Муҳаммадқосим, «سپاه در گذر انقلاب (مکتب سپاه)», Теҳрон, Маркази таҳқиқоти исломӣ, 1393ҳ.ш.
- Хусравшоҳин, Ҳодӣ, «بازدارندگی محور مقاومت», санаи дарҷи матлаб: 9 дейи 1397ҳ.ш., санаи боздид: 14 меҳри 1403ҳ.ш. ба қавл аз рӯзномаи созандагӣ.
- Шафиӣ, Нӯзар ва Аҳмад Муродӣ, «Таъсири ҷанги 33-рӯзаи Лубнон бар мавқеияти минтақаии Эрон», Таҳқиқоти сиёсӣ ва байнулмилалӣ, №1, баҳори 1388ҳ.ш.