Фатвои ҳаром будани сохт ва истифодаи силоҳи ҳастаӣ
Фатвои ҳаром будани сохт ва истифодаи силоҳи ҳастаӣ (форсӣ: فتوای حرمت ساخت و بهکارگیری سلاح هستهای) дидгоҳи фиқҳии Сайид Алӣ Хоманаӣ, марҷаи тақлиди шиа ва раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон аст, ки дар посух ба иддаоҳо дар бораи тасмими Эрон барои сохтани силоҳи ҳастаӣ матраҳ шуд. Сайид Алӣ Хоманаӣ, силоҳҳои куштори ҷамъиро таҳдиде алайҳи башарият ва ҳаром медонад.
Баъзе пажӯҳишгарон барои баён кардани ҳаром будани ин ҳукм, ба оятҳое аз Қуръон ва ривоятҳои манъкунандаи таҷовуз ба ғайринизомиён истинод кардаанд. Ба гуфтаи Абулқосим Алидӯст, собиқаи ҳукми ҳаром будани истифодаи силоҳҳои куштори васеъ дар назди фуқаҳои шиа, ҳаддиақал ба даҳ қарни пеш бармегардад.
Ин фатво дар марказҳои таҳлили сиёсӣ ва андешакдаҳои байналмилалӣ бозтоб дошт ва гуфта шудааст, ки дар Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун санаде расмӣ сабт гардидааст. Китоби «Фиқҳи ҳастаӣ» асари гурӯҳе аз муаллифон ва китоби «Фатвои ҳастаӣ аз манзари ҳуқуқи байналмилалӣ» асари Ҷобир Севонизод ба баррасии адилла ва абъоди ҳаром будани сохт ва истифодаи силоҳи ҳастаӣ пардохтаанд.
Аҳамият
Фатвои ҳаром будани сохт ва истифодаи силоҳи ҳастаӣ дар посух ба иддаоҳо дар бораи сохтани силоҳи ҳастаӣ дар Эрон, аз сӯи Сайид Алӣ Хоманаӣ, марҷаи тақлиди шиа ва раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон содир шудааст.[1] Ин фатво ба сурати расмӣ дар нахустин Конфронси байналмилалии халъи силоҳ ва ҷилавгирӣ аз паҳншавии силоҳҳои ҳастаӣ дар соли 1389ҳ.ш. дар Эрон қироат шуд.[2]
Алиакбар Солеҳӣ, раиси вақти Созмони нерӯи атомии Эрон, дар вокуниш ба суолҳое дар бораи ҳаракати низоми Ҷумҳурии исломии Эрон ба самти сохтани бомбаи атомӣ, маслиҳати Эронро дар нигоҳ доштани шаън ва пайравӣ аз фатвои ҳаром будани сохт ва истифодаи силоҳи ҳастаӣ донистааст.[3] Ҳилларӣ Клинтон, вазири корҳои хориҷии вақти Амрико низ дар заминасозии музокироти Амрико бо Эрон дар фарвардини 1391ҳ.ш./марти 2012м ба ин дидгоҳи фиқҳии раҳбари Эрон ишора кард.[4] Барак Обама, раисиҷумҳури вақти Амрико низ дар меҳри 1392ҳ.ш./сентиябри 2013м дар Созмони Милал ба ин фатво истинод кард.[5]
Бозтобҳо
Гуфта шудааст, ки фатвои Сайид Алӣ Хоманаӣ бо истиқболи ҷаҳонӣ рӯбарӯ шудааст[6] ва бозтоби васеъе дар марказҳои таҳлили сиёсӣ ва андешакдаҳои байналмилалӣ доштааст.[7] Ҳамчунин, ба гузориши сомонаи рӯзномаи Кайҳон, паёми Сайид Алӣ Хоманаӣ ба конфронси байналмилалии халъи силоҳи ҳастаӣ, ки ҳомили фатвои ҳаром будани сохт ва истифодаи силоҳи ҳастаӣ буд, дар Созмони Милал ҳамчун санаде расмӣ сабт шудааст.[8] Ҷонатан Гранов, раиси Муассисаи амнияти ҷаҳонӣ дар Амрико, дар мусоҳибае аз раҳбари Эрон хост, ки дар номае ба сарони мазҳабии ҷаҳон, манъияти истифода аз силоҳи ҳастаӣ дар ҳар шароите эълом шавад, то онон низ ба ӯ бипайванданд.[9]
Дар соли 2013м, гурӯҳе шашнафара аз кашишон ва мутахассисони амрикоӣ барои санҷиши эътибори ин назари фиқҳӣ бо уламои шиа дар Қум дидор ва гуфтугӯ карданд. Онҳо манъи силоҳи ҳастаиро дар фиқҳи шиа ва натиҷаҳои сафари худро ба давлати Амрико гузориш доданд, то дар музокироти ҳастаии Ғарб бо Эрон дар назар гирифта шавад.[10] Ҳамчунин дар соли 2021м, телевизиони Би-Би-Сии форсӣ бо пахши мустанади Як фатвои ҳастаӣ, аз эҳтимоли тағйир ва муваққатӣ будани фатвои Сайид Алӣ Хоманаӣ сухан гуфт;[11] вале пажӯҳишгарони фиқҳӣ ин эҳтимол ва дахолати замон ва макон дар шаклгирии ин фатворо рад карданд.[12]
Пуштвонаи таърихӣ
Силоҳи ҳастаӣ аз намудҳои силоҳҳои куштори ҷамъӣ дониста шудааст.[13] Ба гуфтаи Абулқосим Алидӯст, фақеҳи шиа, фуқаҳои шиа ҳаддиақал аз даҳ қарн пеш фатво ба ҳаром будани истифода аз силоҳ ва абзорҳое додаанд, ки боис ба куштори васеи инсонҳо, нобудии мавҷудоти зинда ва тахриби муҳити зист мешаванд.[14] Сайид Алӣ Хоманаӣ низ аз 30 бахмани 1388ҳ.ш./19 феврали 2010м борҳо фатво ва назари худро дар мухолифат бо сохт ва ба коргирии силоҳи ҳастаӣ баён карда аст.[15]
Матни фатво ва иттифоқи назар бо дигар мароҷеъ

Матни фатвои Сайид Алӣ Хоманаӣ, марҷаи тақлид ва раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон дар санаи 28 фарвардини соли 1389ҳ.ш./17 апрели 2010м. дар паёми расмии ӯ ба «Нахустин конфронси байналмилалии халъи силоҳи ҳастаӣ ва адами интишор» тавассути Алиакбари Вилоятӣ хонда шуд.[16] Дар ин паём омадааст:
«Ба эътиқоди мо, афзун бар силоҳи ҳастаӣ, дигар анвоъи силоҳҳои куштори ҷамъӣ, монанди силоҳи кимёвӣ ва силоҳи микробӣ низ таҳдиде ҷиддӣ алайҳи башарият талаққӣ мешаванд... Мо корбурди ин силоҳҳоро ҳаром... медонем».[17]
Гуфта шудааст, ки дар нимаи аввали даҳаи 1390ҳ.ш. изҳори назар ва фатвоҳои мароҷеъи тақлид, монанди Носир Макорими Шерозӣ, Ҳусайн Нурии Ҳамадонӣ, Ҷаъфари Субҳонӣ ва Абдуллоҳи Ҷаводӣ Омулӣ низ дидгоҳи фиқҳии Сайид Алӣ Хоманаиро таъйид ва таъкид кардаанд.[18] Ҳамчунин, Абулқосим Алидӯст, фақеҳи шиа ва дабири ҳамоиши миллии фиқҳи ҳастаӣ, ва Аҳмади Мубаллиғӣ, фақеҳи шиа ва аз намояндагони Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ, ин назарияро бо таваҷҷӯҳ ба далелҳои он ҳукми Илоҳӣ ва абадӣ донистаанд, ки қобили тағйир ва муомила нест.[19]
Далелҳо
Далелҳои фиқҳии мухталифе барои ҳаром будани сохт ва ба коргирии силоҳи ҳастаӣ баён шудааст. Сайид Алӣ Хоманаӣ далели ҳаром будани тавлид ва истифода аз силоҳи ҳастаиро мухолифати мабонии эътиқодии Ислом бо истифодаи силоҳҳои куштори ҷамъӣ медонад. Ба гуфтаи ӯ, ба коргирии чунин силоҳе ҳамон нобуд кардани "ҳарс" (кишоварзӣ) ва "насл" аст, ки дар ояти 205 сураи Бақара омадааст.[20] Дар ин бора Абулқосим Алидӯст, фақеҳи шиа, ислоҳи ҳоли бандагон дар иртибот бо Худо ва дар пайванди бо якдигарро аз мақосиди шариат дониста ва тасреҳ кардааст, ки ислоҳот ҳеҷ гоҳ бо ифсод ва корбурди силоҳҳои куштори ҷамъӣ таъмин намешавад.[21]
Оятҳои Қуръон
Аҳмади Мубаллиғӣ, фақеҳи шиа, далелҳои фиқҳии ин дидгоҳро мутааддид дониста ва ба се қоидаи қуръонӣ ишора мекунад:[22]
- Қоидаи визр, баргирифта аз ояти «ولا تَزِرُ وازرةٌ وزرَ أُخری» (Исро: 15): набояд бегуноҳонро дар муҷозоти ҷинояткорон шарик кард. Силоҳи ҳастаӣ дар пайи куштори ҷамъӣ ва уқубати бегуноҳон, ҳатто ба наслҳои оянда, мешавад.
- Қоидаи ҳаром будани саъй бар фасод, аз ояти 205 сураи Бақара: ҳар амале, ки боиси фасод бар рӯйи замин ва нобудии ҳарс (зироат ва чорво) ва насл шавад, ҳаром аст.
- Қоидаи исм, аз ибораи «إثمُهُما أَکْبَرُ مِنْ نَفْعِهِما» дар ояти 219 сураи Бақара: ҳар амале, ки фасод ва зиштиаш аз манфиаташ бештар бошад, ҳаром аст. Ба эътиқоди Мубаллиғӣ, фасоди силоҳи ҳастаӣ беш аз фоидаҳои эҳтимолии он аст.
Носири Қурбонниё низ оятҳои 190 ва 205 Бақара ва оятҳои 8 ва 32 сураи Моидаро манъи мутлақи истифода аз силоҳи ҳастаӣ донистааст.[23]
Ривоятҳо

Дар баррасии фиқҳии мамнуияти силоҳи ҳастаӣ — ҳамчун намунае аз силоҳҳои куштори ҷамъӣ — ба ривоятҳое истинод шудааст, аз ҷумла:
- Абулқосим Алидӯст ва Муҳаммадҷаводи Фозили Ланкаронӣ ба аҳодисе дар ҳаром будани рехтани заҳр дар оби душман истинод кардаанд.[24]
- Баъзе аз пажӯҳишгарон ба ривоятҳо дар бораи манъи таҷовуз ба ғайринизомиён (кӯдакон, занон, пирон, девонагон ва ҳайвонот) истинод кардаанд.[25]
Китобшиносӣ
Китобҳое дар бораи фатвои ҳаром будани сохт ва ба коргирии силоҳи ҳастаӣ таълиф шудаанд:
- Фатвои ҳастаӣ аз манзари ҳуқуқи байналмилалӣ, асари Ҷобир Севонизод, аз сӯи нашриёти амрикоии Supreme Century мунташир шудааст. Гуфта шудааст, ки китоб ба таъйини ҷойгоҳ ва абъоди ҳуқуқии фатвои ҳастаии Сайид Алӣ Хоманаӣ аз дидгоҳи ҳуқуқи байналмилалӣ пардохтааст.[26]
- Фиқҳи ҳастаӣ, ба кӯшиши Абулқосим Алидӯст, шомили 10 мақолаи фиқҳӣ дар баёни ҳаром будани тавлид ва истифода аз силоҳҳои ҳастаӣ ва куштори ҷамъӣ, дар соли 1392ҳ.ш./2013м. мунташир шудааст. Муҳтавои китоб ҳосили суханрониҳои пешниҳодшуда дар ҳамоиши фиқҳи ҳастаӣ аст, ки дар соли 1392ҳ.ш. дар Теҳрон ва Қум баргузор шуд.[27]
- Майкл Айзенштат ва Маҳдӣ Халҷӣ бо навиштани китобе ба номи Фатвои ҳастаӣ; сиёсӣ ва мазҳаб дар стратегии манъи таксири Эрон ва нашри он аз сӯи Муассисаи Вашингтон барои умури Шарқи Наздик, ба баррасии ин фатвои ҳастаӣ пардохтаанд.[28]
Эзоҳ
- ↑ «ثبت پیام رهبر انقلاب بهعنوان سند در سازمان ملل», Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ «آشنایی با کنفرانس بینالمللی خلع سلاح و عدم اشاعه سلاحهای هستهای», Сомонаи Ҳамшаҳрӣ-Онлайн
- ↑ «صالحی: تنها رهبر انقلاب میتوانند درباره ساخت سلاح هستهای نظر صائب بدهند», Хабаргузории Форс
- ↑ «فتوایی که بعد از ۱۰سال به سازمان ملل رسید», Хабаргузории Меҳр
- ↑ «فتوایی که بعد از ۱۰سال به سازمان ملل رسید», Хабаргузории Меҳр
- ↑ «بازنگاهی بر صدور فتوای حرمت سلاحهای هستهای از سوی رهبر معظم انقلاب», Сомонаи Басират
- ↑ Муҳаммадпур, «Фатво ба масобаи як манбаи ҳуқуқи байналмилал», саҳ. 134
- ↑ «پیام رهبر انقلاب به کنفرانس تهران به عنوان سند رسمی سازمان ملل ثبت شد», Рӯзномаи Кайҳон
- ↑ «رهبران مذهبی جهان به آیتالله خامنهای بپیوندند», Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ «به قم رفتیم تا فتوای هستهای آیت الله خامنهای را بررسی کنیم/ گزارش سفرمان را به کاخ سفید ارسال کردیم/ مسلماً دولت آمریکا این گزارش را مدنظر قرار میدهد», Сомонаи Машриқ
- ↑ «یک فتوای هستهای - بین سطور», Сомонаи ВВС форсӣ
- ↑ «آیا حرمت سلاح هستهای قابل تغییر است؟», Хабаргузории Форс
- ↑ «تولید و استفاده از سلاحهای کشتار جمعی از دیدگاه فقه اسلامی», Сомонаи маркази фиқҳии Аиммаи атҳор
- ↑ «بررسی تحریم سلاح کشتار جمعی در تاریخ تشیع», Пойгоҳи иттилоърасонии Оятуллоҳ Алидӯст
- ↑ Барои намуна ниг.: «بیانات در دیدار دستاندرکاران ساخت ناوشکن جماران», Дафтори ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ; «بیانات رهبر معظم انقلاب اسلامی در دیدار مسؤولان و کارگزاران نظام», Дафтори ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ; «فتوایی که بعد از ۱۰سال به سازمان ملل رسید», Хабаргузории Меҳр
- ↑ «پیام به نخستین کنفرانس بینالمللی خلع سلاح هستهای و عدم اشاعه», Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ «پیام به نخستین کنفرانس بینالمللی خلع سلاح هستهای و عدم اشاعه», Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ «تحریم سلاح کشتار جمعی در تاریخ تشیع», Хабаргузории ИСНА
- ↑ «لوازم چهارگانه فتوای رهبر انقلاب درباره حرمت داشتن سلاح هستهای», Сомонаи Тасним; «آیا حرمت سلاح هستهای قابل تغییر است؟», Хабаргузории Форс
- ↑ «بیانات در دیدار دستاندرکاران ساخت ناوشکن جماران», Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ Гурӯҳи муаллифон, Фиқҳи ҳастаӣ, 1397 ҳ.ш., саҳ. 113
- ↑ «دلائل فقهی تحریم سلاحهای اتمی», Д
- ↑ Гурӯҳи муаллифон, Фиқҳи ҳастаӣ, 1397 ҳ.ш., саҳ. 182–184
- ↑ Гурӯҳи муаллифон, Фиқҳи ҳастаӣ, 1397 ҳ.ш., саҳ. 87 ва 112
- ↑ Гурӯҳи муаллифон, Фиқҳи ҳастаӣ, 1397 ҳ.ш., саҳ. 85–87 ва 185 ва 231 ва 343
- ↑ «کتاب فتوای هستهای رهبر انقلاب از منظر حقوق بینالملل در آمریکا منتشر شد», Хабаргузрии Форс
- ↑ «عرضه کتاب فقه هستهای در نمایشگاه کتاب سیودوم», Сомонаи Пажуҳишгоҳи фарҳангу андешаи исломӣ
- ↑ Муҳаммадпур, «Фатво ба масобаи як манбаи ҳуқуқи байналмилал», саҳ. 134–133
Сарчашма
- «آشنایی با کنفرانس بینالمللی خلع سلاح و عدم اشاعه سلاحهای هستهای», сомонаи Ҳамшаҳрии онлайн, санаи нашр: 3 урдибиҳишти 1389 ҳ.ш., санаи боздид: 25 дайи 1402 ҳ.ш.
- «آیا حرمت سلاح هستهای قابل تغییر است؟», хабаргузории Форс, санаи нашр: 16 баҳмани 1400 ҳ.ш., санаи боздид: 27 дайи 1402 ҳ.ш.
- «بازنگاهی بر صدور فتوای حرمت سلاحهای هستهای از سوی رهبر معظم انقلاب», сомонаи Басират, санаи нашр: 25 фарвардини 1399 ҳ.ш., санаи боздид: 23 дайи 1402 ҳ.ш.
- «بررسی تحریم سلاح کشتار جمعی در تاریخ تشیع», пойгоҳи иттилоърасонии Оятуллоҳ Алии Дӯст, санаи нашр: 9 меҳри 1393 ҳ.ш., санаи боздид: 25 дайи 1402 ҳ.ш.
- «به قم رفتیم تا فتوای هستهای آیت الله خامنهای را بررسی کنیم/ گزارش سفرمان را به کاخ سفید ارسال کردیم/ مسلماً دولت آمریکا این گزارش را مدنظر قرار میدهد», сомонаи Машриқ, санаи нашр: 18 обони 1393 ҳ.ш., санаи боздид: 25 дайи 1402 ҳ.ш.
- «بیانات در دیدار دستاندرکاران ساخت ناوشکن جماران», Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи нашр: 30 баҳмани 1388 ҳ.ш., санаи боздид: 26 дайи 1402 ҳ.ш.
- «بیانات رهبر معظم انقلاب اسلامی در دیدار مسؤولان و کارگزاران نظام», Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи нашр: 11 обони 1382 ҳ.ш., санаи боздид: 25 дайи 1402 ҳ.ш.
- «پیام به نخستین کنفرانس بینالمللی خلع سلاح هستهای و عدم اشاعه», Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи нашр: 28 фарвардини 1389 ҳ.ш., санаи боздид: 20 дайи 1402 ҳ.ш.
- «پیام رهبر انقلاب به کنفرانس تهران به عنوان سند رسمی سازمان ملل ثبت شد», рӯзномаи Кайҳон, санаи нашр: 4 урдибиҳишти 1389 ҳ.ш., санаи боздид: 30 дайи 1402 ҳ.ш.
- «تحریم سلاح کشتار جمعی در تاریخ تشیع», хабаргузории ИСНА, санаи нашр: 27 хордади 1393 ҳ.ш., санаи боздид: 20 дайи 1402 ҳ.ш.
- «تولید و استفاده از سلاحهای کشتار جمعی از دیدگاه فقه اسلامی», сомонаи Маркази фиқҳии Аиммаи Атир, санаи боздид: 26 дайи 1402 ҳ.ш.
- «ثبت پیام رهبر انقلاب بهعنوان سند در سازمان ملل», Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи нашр: 28 фарвардини 1389 ҳ.ш., санаи боздид: 24 дайи 1402 ҳ.ш.
- Гурӯҳи муаллифон, Фиқҳи ҳастаӣ, ба кӯшиши Абулқосим Алидӯст, Теҳрон, Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва андешаи исломӣ, чопи аввал, 1397 ҳ.ш.
- «دلائل فقهی تحریم سلاحهای اتمی», Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи нашр: 4 урдибиҳишти 1389 ҳ.ш., санаи боздид: 26 дайи 1402 ҳ.ш.
- «رهبران مذهبی جهان به آیتالله خامنهای بپیوندند», Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи нашр: 1 урдибиҳишти 1389 ҳ.ш., санаи боздид: 26 дайи 1402 ҳ.ш.
- «صالحی: تنها رهبر انقلاب میتوانند درباره ساخت سلاح هستهای نظر صائب بدهند», хабаргузории Форс, санаи нашр: 24 мехри 1401 ҳ.ш., санаи боздид: 30 дайи 1402 ҳ.ш.
- «عرضه کتاب فقه هستهای در نمایشگاه کتاب سیودوم», сомонаи Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва андешаи исломӣ, санаи нашр: 8 урдибиҳишти 1398 ҳ.ш., санаи боздид: 1 баҳмани 1402 ҳ.ш.
- «فتوایی که بعد از ۱۰سال به سازمان ملل رسید», хабаргузории Меҳр, санаи нашр: 3 меҳри 1392 ҳ.ш., санаи боздид: 27 дайи 1402 ҳ.ш.
- «کتاب فتوای هستهای رهبر انقلاب از منظر حقوق بینالملل در آمریکا منتشر شد», хабаргузории Форс, санаи нашр: 25 баҳмани 1395 ҳ.ш., санаи боздид: 27 дайи 1402 ҳ.ш.
- «لوازم چهارگانه فتوای رهبر انقلاب درباره حرمت داشتن سلاح هستهای», сомонаи Тасним, санаи нашр: 30 баҳмани 1392 ҳ.ш., санаи боздид: 26 дайи 1402 ҳ.ш.
- Муҳаммадпур, Муҳаммад, «Фатво ба унвони як манбаи ҳуқуқи байналмилалӣ», дар фаслномаи Шаҳри Қонун, №13, баҳори 1394 ҳ.ш.
- «یک فتوای هستهای - بین سطور», сомонаи BBC Persian, санаи нашр: 9 баҳмани 1400 ҳ.ш., санаи боздид: 15 баҳмани 1402 ҳ.ш.