Ҳавзаи пешрав ва саромад
Ҳавзаи пешрав ва саромад (форсӣ: حوزه پیشرو و سرآمد) унвони паёми Оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон, ба муносибати яксадумин солгарди бозтаъсиси Ҳавзаи илмияи Қум аст. Ин паём дар 8 уридибиҳишти соли 1404 ҳиҷрии шамсӣ, баробар бо 28 апрели 2025 мелодӣ, навишта шуд ва Алиризо Аърофӣ, мудири ҳавзаҳои илмияи Эрон, онро 17 уридибиҳишт/7 май дар Ҳамоиши яксадумин солгарди бозтаъсиси Ҳавзаи илмияи Қум қироат кард.[1] Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин паём унсурҳо ва коркардҳои ҳавзаи илмияро табйин кардааст.[2] Ӯ заруратҳои таҳаққуқи як «ҳавзаи пешрав ва саромад»-ро баршумурда ва таъкид кардааст, ки ҳавза бояд вижагиҳои зеринро дошта бошад:
- Навовар, боланда ва барӯз;
- Посухгӯ ба масъалаҳои навпадид;
- Муҳаззаб (парҳезгор) ва дорои рӯҳияи пешрафт ва муҷоҳидат;
- Ҳуввияти инқилобӣ ва тавоноии тарроҳии низомоти идораи ҷомеа.[3]
Оятуллоҳ Хоманаӣ муҳимтарин вазифаи ҳавзаро "балоғи мубин" дониста ва онро дарбаргирандаи тарсими хатҳои аслӣ ва фаръии тамаддуни навини исломӣ ва табйин, тарвиҷ ва фарҳангсозии он дар ҷомеа муаррифӣ кардааст.[4] Дар ибтидои ин паём, ба таърихчаи шаклгирии Ҳавзаи илмияи Қум пардохта шуда ва ба нақши Абдулкарим Ҳоирии Яздӣ (ваф.1315ҳ.ш.) дар бунёнгузорӣ ва рушди Ҳавзаи илмияи Қум ишора шудааст.[5] Ҳамчунин, зуҳури Имом Хумайнӣ аз ифтихороти Ҳавзаи илмияи Қум дар ин сада дониста шудааст.[6]
Ба эътиқоди Оятуллоҳ Хоманаӣ, ҳавзаи Қум дар тӯли камтар аз шаш даҳа, бо қудрати маънавӣ ва виҷҳаи мардумии худ тавонист режими шоҳигариро ба дасти мардум решакан кунад ва пас аз қарнҳо, Исломро дар ҷойгоҳи ҳокимияти сиёсии кишвар қарор диҳад.[7] Дар ин паём, Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳавзаро фаротар аз як муассисаи дарсдиҳӣ ва дарсхонӣ дониста ва онро маҷмуае аз илм, тарбият ва коркардҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ таъриф кардааст. Аз назари ӯ, паҳлӯҳои гуногуни ҳавзаи пешрав ва саромад иборатанд аз:[8]
- Як маркази илмӣ бо тахассусҳои муайян;
- Маркази тарбияти нерӯи муҳаззаб (парҳезгор) ва коромад барои ҳидояти динӣ ва ахлоқии ҷомеа;
- Сафи муқаддами ҷабҳаи мубориза бо таҳдидҳои душманон дар арсаҳои гуногун;
- Маркази тавлид ва табйини андешаи Ислом дар боби низомоти иҷтимоӣ, дарбаргирандаи: низоми сиёсӣ ва шаклу муҳтавои он, низомоти марбут ба идораи кишвар ва низоми хонавода ва муносибатҳои шахсӣ, бар асоси фиқҳ ва фалсафа;
- Марказ ва қуллаи навовариҳои тамаддунӣ ва оянданигариҳои лозим дар чорчӯби паёми ҷаҳонии Ислом.
Басмаллоҳ-ир-раҳмон-ир-раҳим
Ва-л-ҳамду лиллоҳи рабб-ил-ъоламин ва афзал-ус-салавоти ва-с-салому ало сайидино Муҳаммадин-ил-мустафо ва олиҳ-ит-тоҳирин сийямо Бақиятуллоҳи фи-л-ъоламин.Баромадани ҳавзаи мубораки Қум дар талиаи қарни чаҳордаҳуми ҳиҷрии шамсӣ, падидае беназир буд, ки дар миёнаи ҳаводиси бузург ва саҳмгин рух дод; ҳаводисе, ки фазои минтақаи Ғарби Осиёро тираву тор ва зиндагии миллатҳои онро дастхуши ошӯфтагӣ ва табоҳӣ карда буд.
Маншаъ ва иллати ин марорати густарда ва дерпо, дахолатҳои давлатҳои истеъморӣ ва фотеҳони ҷанги ҷаҳонии аввал буд, ки бо ҳадафи тасарруф ва тасаллут бар ин ҷуғрофиёи ҳассос ва саршор аз сарватҳои зеризаминӣ, аз ҳамаи абзорҳо истифода карданд ва бо нерӯи низомӣ, бо тарроҳиҳои сиёсӣ, бо ришва ва истихдоми хиёнаткорони дохилӣ, бо абзорҳои таблиғотӣ ва фарҳангӣ ва бо ҳар воситаи дигари имконпазир, тавонистанд ҳадафҳои худро таҳаққуқ бахшанд.
Дар Ироқ, як ҳукумати англисӣ ва сипас як давлати шоҳигарии дастнишонда бар сари кор оварданд; дар минтақаи Шомот, аз сӯе Англия ва аз сӯе Фаронса, тасарруфоти истеъмории худро бо эҷоди низоми тоифӣ дар бахше ва ҳукумати хонадони дастнишондаи Англия дар бахши дигар ва эҷоди ихтниқ ва фишор бар мардум бахусус мусалмонон ва уламои динӣ дар саросар он густарданд; дар Эрон, як қазоқи бераҳму таммоъ ва бешахсиятро ба тадриҷ баркашида ва ба садорат ва сипас подшоҳӣ расонданд; дар Фаластин, кӯчи тадриҷии омилҳои саҳюнистӣ ва таслиҳи онҳоро оғоз ва бо ҳаракате ором, заминаро барои эҷоди ғуддаи саратонӣ дар қалби дунёи Ислом омода карданд. Ҳар ҷо – чи дар Ироқ ва чи дар Шом ва Фаластин ва чи дар Эрон – муқовимате дар баробари нақшаҳои гом ба гоми онҳо вуҷуд дошт, саркӯб карданд ва дар баъзе шаҳрҳо ҳамчун Наҷаф корро ба дастгирии дастаҷамъии уламо ва ҳатто ба табъиди таҳқиромези мароҷеъи бузурге чун Мирзои Ноинӣ ва Сайид Абулҳасани Исфаҳонӣ ва Шайх Маҳдии Холисӣ расонданд ва барои дастгирии мардони муҷоҳид, тафаҳҳуси хона ба хона роҳандозӣ карданд. Миллатҳо даҳшатзда ва саргашта ва уфуқҳо тира ва ноумедкунанда шуданд. Дар Эрон, муҷоҳидони Гелону Табрез ва Машҳадро ба хоку хун кашиданд ва мубоширони қарордодҳои хоинона дар раъси умур қарор гирифтанд.
Дар миёнаи чунин ҳаводиси талх ва чунин шаби бефурӯғе буд, ки ситораи Қум тулуъ кард. Дасти қудрати Илоҳӣ, фақиҳе бузург ва парҳезгор ва муҷаррабро барангехт, то бо ҳиҷрат ба Қум, ҳавзаи мундарис ва таътилшударо дубора ҷон бахшад ва ниҳоле тоза ва муборак дар санглохи он замонаи носозгор, дар муҷоварати ҳарами духтари мутаҳҳари Ҳазрати Мусо ибни Ҷаъфар (а) ва дар он замини мустаид бинишонад.
Қум ҳангоми вуруди Оятуллоҳ Ҳоирӣ аз уламои бузург холӣ набуд; бузургоне чун Оётуллоҳ Мирзо Муҳаммади Арбоб ва Шайх Абулқосими Кабир ва теъдоди дигар дар ин шаҳр мезистанд, аммо ҳунари бузурги ташкили ҳавзаи илмия – яъне парваришгоҳи илм ва олим ва дин ва дайин (1) – бо ҳамаи зарофатҳо ва тадбирҳояш фақат аз шахсияти муайяде чун Оятуллоҳ Ҳоҷ Шайх Абдулкарими Ҳоирӣ (аъла-л-лоҳу мақомаҳу фи-л-ҷинон) бармеомад.
Таҷрибаи ҳаштсолаи ташкил ва идораи ҳавзаи илмии пурравнақ дар Арок, ва солҳо пеш аз он, муошарати наздик бо раҳбари бузурги шиа, Мирзои Шерозӣ дар Сомирро ва мулоҳизаи тадобири эшон дар ташкил ва идораи ҳавзаи илмии он шаҳр, ба ӯ роҳнамоӣ медоданд; ва дирояту шуҷоат ва ангезаву умед дар ӯ, вайро дар ин роҳи душвор ба пеш мебурданд.
Ҳавза дар солҳои оғозин, бо пойдории мухлисона ва мутаваккилонаи ӯ аз зери тиғи охтаи ризохонӣ, ки барои маҳви нишонаҳо ва пояҳои дин, ба сағиру кабир раҳм намекард, ба саломат ҷаст; ситамгари хабис нобуд шуд ва ҳавзае, ки солҳо зери фишори ҳаддиаксарии ӯ буд, монд ва рушд кард; ва аз он, хуршеде чун ҳазрати Рӯҳуллоҳ сар баровард. Ҳавзаи илмияе, ки рӯзе талабаони он барои ҳифзи ҷони худ аз саҳаргоҳ ба зовияҳое дар беруни шаҳр паноҳ мебурданд ва ба дарсу баҳс мепардохтанд ва шабонгоҳ ба ҳуҷраҳои торик дар мадрасаҳо бозмегаштанд, дар чаҳор даҳа пас аз он, конуне шуд, ки шӯълаҳои мубориза бо дудмони хабиси Ризохонро ба саросари Эрон мефиристод ва дилҳои афсурда ва ноумедро бармеафрӯхт ва ҷавонони мунзавиро ба миёнаи майдон мекашонд.
Ва ҳамин ҳавза буд, ки чанде пас аз даргузашти муассисаш, бо қудуми марҷаи азимушшаън, Оятуллоҳ Буруҷердӣ, қуллаи илмию таҳқиқӣ ва таблиғии ташайюъ дар саросари ҷаҳон шуд. Ва саранҷом ҳамин ҳавза буд, ки дар камтар аз шаш даҳа, қудрати маънавӣ ва виҷҳаи мардумии худро ба он ҷо расонд, ки тавонист режими хоин ва фосиду фосиқи шоҳигариро ба дасти мардум решакан кунад ва пас аз қарнҳо Исломро дар ҷойгоҳи ҳокимияти сиёсии кишваре бузург ва бофарҳанг ва дорои ҳамагуна истеъдод бинишонад.
Мутахарриҷи ҳамин ҳавзаи пурбаракат буд, ки Эронро намунаи исломхоҳӣ дар ҷаҳони Ислом, балки пешрави дингароӣ дар саросари ҷаҳон сохт; бо хитоби паёмбаронаи ӯ хун бар шамшер пирӯз шуд; бо тадбири ӯ ҷумҳурии исломӣ мутаваллид шуд; бо шуҷоат ва таваккули ӯ миллати Эрон дар баробари таҳдидҳо сина сипар кард ва бар бисёре фоиқ омад; ва имрӯз бо дарсҳо ва мавориси ӯ кишвар дар бисёре аз абъоди зиндагӣ, монеъҳоро дарменавардад ва пеш меравад.
Раҳмату резвони пайвастаи Худо бар бунёнгузори ин ҳавзаи пурбаракат ва боазамат ва ин шаҷараи тайибаи пурсамар; инсони воло ва доно ва муборак, олими дин ва ороста ба оромиши яқин, ҳазрати Оятуллоҳилъузмо Ҳоҷ Шайх Абдулкарими Ҳоирӣ.
Акнун лозим аст дар бораи чанд мавзуъ, ки гумон меравад ба кори имрӯзу фардои ҳавзаи илмия хоҳад омад, суханоне гуфта шавад, ба умеди он, ки ҳавзаи муваффақи кунуниро дар роҳи расидан ба ҳавзае «пешрав ва саромад» кӯмак кунад.
Нахустин мавзуъ, унвони «ҳавзаи илмия» ва муҳтавои амиқи он аст.
Адабиёти роиҷ дар ин бора, кӯтоҳ ва норасо аст. Ҳавза бар хилофи он чи ин адабиёт нишон медиҳад, сирфан як муассисаи тадрис ва тадаррус нест, балки маҷмуае аз илм, ва тарбият, ва коркардҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ аст. Паҳлӯҳои гуногуни ин вожаи пурмаъноро асосан метавон ин гуна феҳрист кард: 1- Як маркази илмӣ бо тахассусҳои муайян; 2- Маркази тарбияти нерӯи муҳаззаб (парҳезгор) ва коромад барои ҳидояти динӣ ва ахлоқии ҷомеа; 3- Хатти муқаддами ҷабҳаи тақобул бо таҳдидҳои душманон дар арсаҳои гуногун; 4- Маркази тавлид ва табйини андешаи Ислом дар боби низомоти иҷтимоӣ; аз низоми сиёсӣ ва шаклу муҳтавои он, то низомоти марбут ба идораи кишвар, ва то низоми хонавода ва муносибатҳои шахсӣ, бар асоси фиқҳу фалсафа ва манзума(система)-и арзишии Ислом; 5- Марказ ва шояд қуллаи навовариҳои тамаддунӣ ва оянданигариҳои лозим дар чорчӯбаи паёми ҷаҳонии Ислом. Ин сарфаслҳо аст, ки вожаи «ҳавзаи илмия»-ро маънӣ мекунад ва унсурҳои ташкилдиҳандаи он ва ба таъбири дигар «интизорот» аз онро нишон медиҳад; ва ҳаминҳо аст, ки талош барои тақвият ва пешрафти онҳо, метавонад ҳавзаро ба маънии воқеӣ «пешрав ва саромад» намояд ва чолишҳо ва таҳдидҳои муҳтамали пеши рӯро илоҷ кунад.
Дар бораи ҳар яке аз ин сарфаслҳо воқеиятҳо ва низ назароте вуҷуд дорад, ки ба иҷмол метавон ин гуна баён кард:
Аввал — Маркази илмӣ: Ҳавзаи Қум, вориси сармояи сутурги илмии шиа аст. Ин захирае дар навъи худ беназир, маҳсули андешаварзӣ ва пажӯҳишгарии ҳазорон олими динӣ дар донишҳое чун фиқҳу калом ва фалсафаву тафсир ва ҳадис, дар тӯли ҳазор сол аст.
То пеш аз иктишофоти улуми табиӣ дар қарнҳои ахир, ҳавзаҳои илмии шиа, арсае барои пардохтан ба улуми дигар низ ба шумор мерафт; аммо дар ҳамаи адвор, меҳвари аслӣ баҳсу таҳқиқ дар ҳавзаҳо, «илми фиқҳ» ва пас аз он бо фосилае, «калому фалсафа ва ҳадис» будааст.
Пешрафти тадриҷии илми фиқҳ дар тӯли ин давраи тӯлонӣ, аз замони Шайхи Тӯсӣ то асри Муҳаққиқи Ҳиллӣ, ва аз он ҷо то Шаҳид, ва аз он ҷо то Муҳаққиқи Ардабилӣ, ва аз он ҷо то Шайхи Ансорӣ ва то давраи кунунӣ барои аҳли фан маҳсус аст. Меъёр дар пешрафти фиқҳ, афзудан ба доштаҳо яъне тавлидоти илмии фохир ва баланд бардоштани сатҳи илм ва ёфтаҳои нав аст; аммо имрӯз бо нигоҳ ба таҳаввулоти сареъ ва шадиди фикрӣ ва амалӣ дар даврони муосир, махсусан дар садаи ахир, интизороте беш аз инро дар заминаи пешрафти илмии ҳавза бояд мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.
Дар хусуси илми фиқҳ ин нукоти дархӯри мулоҳиза аст: Аввалан фиқҳ, посухи дин ба ниёзҳои амалии шахс ва ҷомеа аст. Бо ақлонияти таҳаввулёфтаи наслҳо, ин посухгӯйӣ бояд имрӯз беш аз гузашта дорои пуштибонии фикрӣ ва илмии устувор ва дар айни ҳол қобили фаҳм ва ҳазм бошад.
Дигар ин ки падидаҳои мураккаб ва сершуморе дар зиндагии имрӯзи мардум, суолҳои бесобиқаеро пеш меоварад, ки фиқҳи муосир бояд посухи онҳоро омода дошта бошад.
Дигар ин ки имрӯз бо ташкили низоми сиёсии Ислом, суоли аслӣ, чигунагии нигоҳи калони шореъ ба абъоди шахсӣ ва иҷтимоии зиндагии башар ва пояҳои усулии он аст; аз нигоҳ ба инсон ва ҷойгоҳи инсонӣ ва ҳадафҳои зиндагии ӯ, то нигоҳ ба шакли матлуби ҷомеаи башарӣ, ва нигоҳ ба сиёсату қудрат ва муносибатҳои иҷтимоию хонаводаву ҷинсияту адолат ва дигар абъоди зиндагӣ. Фатвои фақеҳ дар ҳар масъала бояд нишондиҳандаи бахше аз ин нигоҳи калон бошад.
Изоми муҳим барои даст ёфтан ба ин хусусиятҳо, аввалан ошноии фақеҳ бо ҳамаи абъоди маорифи динӣ дар ҳамаи заминаҳо, ва сониян ошноии муносиб бо ёфтаҳои имрӯзи башар дар арсаи улуми инсонӣ ва донишҳои марбут ба зиндагии инсон аст.
Бояд пазируфт, ки захираи анбоштаи илм дар ҳавза ин зарфиятро дорад, ки талабаро ба ин ҳадд аз тавоноиҳои илмӣ бирасонад, машрут ба ин ки бархе нуктаҳо дар шеваи кори кунунӣ бо чашми боз дида ва бо дасти тавоно илоҷ шавад.
Яке аз ин нуктаҳо, дароз будани давраи таҳсил аст. Давраи матнхонии талаба ба шевае суолбарангез мегузарад; талаба ногузир аст китоби қатур ва муҳаққиқонаи як олими бузургро ба унвони китоби дарсӣ биёмӯзад. Ин китоб дар воқеъ марбут ба ҳангоми вуруди ӯ ба марҳилаи таҳқиқи иҷтиҳодӣ аст ва супурдани он ба ӯ пеш аз ин марҳила, танҳо асараш, дароз кардани замони матнхонӣ аст. Китоби дарсӣ бояд дорои матлаб ва забони муносиби талаба барои давраи маҳдуди пеш аз вуруд ба марҳилаи таҳқиқ бошад. Талоши муваффақ ё номуваффақи бузургоне чун Охунди Хуросонӣ, Ҳоҷ Шайх Абдулкарими Ҳоирӣ ва Ҳоҷ Сайид Садруддини Садр барои ҷойгузин кардани китобҳое чун Қавонин, Расоил ва Фусул, бо Кафоя ва Дурар-ул-фавоид ва Хулосат-ул-фусул, бо нигоҳ ба ҳамин зарурати муҳим будааст. Бо ин ки онҳо дар замонае зиндагӣ мекарданд, ки талаба бо анбӯҳи воридоти зеҳнӣ ва вазифаҳои амалӣ монанди имрӯз рӯ ба рӯ набуд.
Нуктаи дигар, масъалаи авлавиятҳои фиқҳӣ аст. Имрӯз бо ташкили низоми исломӣ ва матраҳ шудани ҳукмронӣ ба шеваи Ислом, мавзуъҳои муҳимме барои ҳавза авлавият ёфта, ки дар гузашта матраҳ набудааст; масъалаҳое аз қабили муносибати давлат бо мардумаш ва бо давлатҳо ва миллатҳои дигар, мавзуи нафйи сабил, низоми иқтисодӣ ва пояҳои усулии он, пояҳои усулии низоми исломӣ, маншаи ҳокимият аз назари Ислом, нақши мардум дар он ва мавқеъгирӣ дар қазоёи муҳим ва дар муқобили низоми султа, мафҳум ва муҳтавои адолат ва даҳҳо мавзуи асосӣ ва баъзан ҳаётӣ, барои имрӯз ва фардои кишвар дорои авлавият ва мунтазири посухи фиқҳӣ аст. (Баъзе аз онҳо дорои ҷанбаи каломӣ низ мебошад, ки дар ҷои худ бояд баҳс шаванд.)
Дар шеваи кори кунунии ҳавза, дар бахши фиқҳӣ, таваҷҷуҳи кофӣ ба ин авлавиятҳо дида намешавад. Гоҳ мебинем, ки баъзе маҳоратҳои илмӣ, ки умуман ҷанбаи олӣ (воситаӣ) ва муқаддамотӣ барои расидан ба ҳукми шаръро дорад ё баъзе мавзуъҳои фиқҳӣ ё усулии хориҷ аз авлавиятҳо, фақеҳ ва муҳаққиқро бо ширинии васвасаангези худ, чунон дар худ ғарқ мекунад, ки зеҳни ӯро бакуллӣ аз он масъалаҳои аслӣ ва авлавиятдор мунсариф месозад ва фурсатҳои беҷойгузин ва сармояҳои инсонӣ ва молиро фидо мекунад, бе он ки дар вонафсои ҳуҷуми куфр, кӯмаке ба фаҳмондани сабки зиндагии исломӣ ва ҳидояти ҷомеа бирасонад.
Агар ҳадафи кори илмӣ, изҳори фазл ва сумъаи (2) илмӣ ва мусобиқа дар фозилнамо шудан бошад, мисдоқи феъли моддӣ ва дунёгароёна ва «иттахаза илоҳаҳу ҳавоҳ»(3) хоҳад буд.
Дувум — Тарбияти нерӯи муҳаззаб (парҳезгор) ва коромад: Ҳавза ниҳоди бурунгаро аст. Хуруҷии ҳавза дар ҳамаи сатҳҳо, дар хидмати фикру фарҳанги ҷомеа ва инсонҳост. Ҳавза муваззаф ба «балоғи мубин» аст. Доманаи ин балоғ, густарае азим аст аз маорифи волои тавҳидӣ то вазифаҳои шахсии шаръӣ, ва аз табйини низоми исломӣ ва шокила (сохтор) ва вазифаҳои он то сабки зиндагӣ ва муҳити зист ва ҳимоят аз табиат ва аз ҳайвон, ва басе арсаҳо ва зовияҳои дигари ҳаёти башарӣ.
Ҳавзаҳои илмия аз дербоз ба ин вазифаи сангин пардохта ва касони бисёре аз мутахарриҷони (4) онҳо дар сатҳҳои мухталифи илмӣ ба шеваҳои гуногуни таблиғи дин рӯй оварда ва умре дар он гузаронидаанд. Пас аз инқилоб, ниҳадҳое барои назм бахшидан ва аҳёнан қивом додан ба муҳтавои ин ҳаракатҳои таблиғӣ дар ҳавза падид омад. Хидматҳои боарзиши онон ва дигар мутаҳаррифони (5) амри таблиғи дин набояд нодида гирифта шавад.
Он чи муҳим аст, ошноӣ бо фазои фикр ва фарҳанги ҷомеа ва эҷоди таносуб миёни овардаҳои таблиғӣ бо воқеиятҳои фикрӣ ва фарҳангӣ дар миёни мардум ба вижа ҷавонон аст. Дар ин бахш ҳавза дучори мушкил аст. Ин садҳо мақолаву маҷалла ва гуфторҳои маҷлисӣ ва телевизионӣ ва амсоли ин, дар баробари сели илқооти муғолитаомез, наметавонад вазифаи балоғи мубинро чунонки ниёз ва шоиста аст, ба анҷом бирасонад.
Ҷойи ду унсури калидӣ барои ин бахш дар ҳавза холӣ аст: «таълим» ва «таҳзиб».
Расондани паёме, ки барӯз ва пуркунандаи халаъ ва бароварандаи ҳадафи дин бошад, ҳатман ниёзманди омӯзиш ва фарогирӣ аст. Дастгоҳе бояд мутасаддии ин маъмурият шавад ва қудрати иқноъ, ошноӣ бо шеваи гуфтугӯ, огоҳӣ аз навъи таомул бо афкори умум ва фазои расонаӣ ва маҷозӣ, инзибот дар мувоҷаҳа бо унсури мухолифро ба талаба биомӯзад ва бо тамрину муморасат, дар даврае маҳдуд, ӯро омодаи вуруд ба ин майдон кунад. Аз сӯе бо истифода аз абзорҳои фаннии рӯз, тозатарин ва шоеътарин илқоҳо ва офатҳои фикрӣ ва ахлоқиро ҷамъоварӣ ва беҳтарину расотарин ва қавитарин посухро дар қолаби адабиёти муносиб бо замон барои он фарҳам орад, ва аз сӯи дигар лозимтарин донистаниҳои динии муносиб ба вазъи фарҳангӣ ва фикрии рӯзро ба сурати бастаҳои муносиби андеша ва фарҳанги наслҳои ҷавон ва навҷавон ва хонаводаҳо тадвин намояд. Ин маҷмуаи шаклӣ ва муҳтавоӣ, муҳимтарин мавзуи таълим дар ин бахш аст.
Дар кори таблиғ, мавқеъи эҷобӣ ва ҳатто таҳоҷумӣ, аз мавқеъи дифоӣ муҳимтар аст. Он чи дар бораи дафъ ва рафъи шубҳаҳо ва илқоҳо гуфта шуд, набояд дастгоҳи таблиғро аз таҳоҷум ба мусалламоти фарҳанги инҳирофии роиҷ дар ҷаҳон ва аҳёнан дар кишвари мо, ба ғафлат бикашонад. Фарҳанги таҳмилӣ ва илқоии Ғарб, бо суръате рӯзафзун, рӯ ба каҷравӣ ва инҳитот аст; ҳавзаи фалсафадон ва мутакаллим, ба дифоъ дар баробари шубаҳаангезӣ басанда намекунад, балки дар муқобили ин каҷравӣ ва гумроҳӣ, чолишҳои фикрӣ меофарад ва муддаиёни гумроҳсозро маҷбур ба посухгӯӣ мекунад.
Тадоруки (фароҳам овардани) ин дастгоҳи омӯзишдиҳанда аз ҷумлаи авлавиятҳои ҳавза аст; ин, парвариши «муҷоҳиди фарҳангӣ» аст ва бо таваҷҷуҳ ба таҳарруки душманони дин, ки ба ҷид дар ҳоли нерӯпарварӣ бахусус дар баъзе арсаҳои муҳим мебошанд, шоиста аст бисёр ҷиддӣ шумурда шавад ва шитоб бигирад.
Таҳзиб, зарурати дигаре дар канори таълим аст. Таҳзиб ба маънии мунзавипарварӣ нест. Бахши умдае аз густараи фаъолияти муҷоҳиди фарҳангӣ, даъват ба таҳзиби нафс ва ахлоқи исломӣ аст, ва ин бе бархурдории даъваткунанда аз он чи ба он даъват мекунад, коре беасар ва бебаракат аст. Ҳавза ниёзманди таҳарруке беш аз гузашта дар таъкид бар тавсияҳои ахлоқӣ аст.
Шумо талабаҳо ва фозилони ҷавон ба таври қатъ қодиред ба мадади дили пок ва ноолуда ва забони содиқи худ, вазифаи таҳзиби ахлоқии наслҳои ҷавони имрӯзро ба саранҷом бирасонед, машрут бар ин ки нахуст аз худ оғоз кунед. Ихлос дар амал ва бастани роҳ бар васвасаи молу ному мақом, калиди вуруд ба фазои дилнавози маънавият ва ҳақиқат аст; ва чунин аст, ки кори душвори муҷоҳидати фарҳангӣ, вазифае ширин ва ҳаракате таъсиргузор хоҳад шуд. Сахтиҳои талабагӣ дар чунин вазъе ба ҷойи он ки монеъи рафтори муҷоҳидонаи таблиғ шавад, ба воситае барои иродаи муҳкам ва аъзми росех табдил хоҳад шуд.
Таъкид мекунам, ки ба саҳнаи таблиғи дин ҳаргиз ба чашми як майдони берақиб набояд нигарист ва аз муқобила бо ибҳомҳо ва муғолитаҳое, ки пайдарпай ба саҳна фиристода мешавад, лаҳзае набояд ғафлат кард.
Дар ин бахш, дар канори тарбияти нерӯ барои балоғи мубин, бояд тарбияти нерӯ барои вазифаҳои хос дар низом ва идораи кишвар ва низ тарбияти нерӯ барои сомон додан ба даруни ҳавзаи илмия ва анҷом додани вазифаҳои он низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирад, ки мусталзими баҳси ҷудогона аст.
Севум — Хатти муқаддами ҷабҳаи тақобул бо таҳдидҳои душман дар арсаҳои гуногун: Ин яке аз ношинохтатарин абъоди ҳавзаҳои илмия ва коркарди маҷмуи уламои дин аст. Бидуни шакк, ҳеч ҳаракати ислоҳӣ ё инқилобиро дар 150 соли ахир дар Эрон ва Ироқ наметавон ёфт, ки уламои дин онро раҳбарӣ накарда ё дар хутути муқаддами он ҳузур надошта бошанд. Ин нишонаи муҳимме аз саришти ҳавзаҳои илмия аст.
Дар тӯли ин даврон, дар ҳамаи мавориди сайтараҷӯии истеъмор ва истибдод, танҳо уламои дин буданд, ки ибтидоан вориди майдон шуда ва дар бисёре маворид ба баракати ҳимояти мардум тавонистанд душманро ноком бигузоранд. Ҳеҷ кас ҷуз онон ҷуръати дам задан надошт ё масъаларо ба дурустӣ дарк намекард ва пас аз фарёди уламо буд, ки шояд дигароне ҳам садое баланд мекарданд.
Касравӣ, ки аз мухолифони сарсахти уламои дин ба шумор меравад, эътироф мекунад, ки оғози ҷунбиши машрута аз ҳамроҳии хирадмандонаи ду сайиди Беҳбаҳонӣ ва Таботабоӣ падид омад. Оре, он рӯзҳо, ки ғули истибдод дар Эрон парчам афрошта буд, ҳеҷ кас ҷуз мароҷеъ ва уламо ҷуръати дам задан надошт.
Қарордодҳои нангин дар тӯли ин муддат бо мухолифат ва мамонеати уламо буд, ки ибтол шуд; қарордоди Ройтер бо пешгирии Ҳоҷ Муллоалии Канӣ, олими бузурги Теҳрон; қарордоди тамоку бо ҳукми Мирзои Шерозӣ, марҷаи аъло ва ҳамроҳии уламои бузурги Эрон; қарордоди Вусуқуддавла бо ифшогарии Мударрис; мубориза бо мансуҷоти хориҷӣ бо ибтикори Оқанаҷафии Исфаҳонӣ ва ҳамроҳии уламои Исфаҳон ва пуштибонии уламои Наҷаф; ва мавориди дигар.
Дар ҳамон солҳои муқорин бо ташкили ҳавзаи Қум, бахшҳое аз Ироқ ва марзҳои Эрон, бо марказияти Наҷаф ва Кӯфа, саҳнаи ҷанги мусаллаҳонаи уламо бо қувваҳои ишғолгари Англия буд; натанҳо талабаҳо ва мударрисин, ки баъзе уламои маъруф чун Сайид Мустафо Кошонӣ ва баъзе фарзандони мароҷеъ дар ин даргириҳо ширкат доштанд, ки баъзе шаҳид ва бисёре пас аз он ба нуқоти дурдасти мустаъмарати Англия табъид шуданд.
Фаъолияти мароҷеъи бузург дар масъалаи Фаластин низ – чи дар авоили қарн, ки сиёсати кӯч ва таслиҳи саҳюнистҳо дар Фаластин иҷро мешуд, ва чи дар даҳаи севуми он, ки бахши муҳимми Фаластин расман ба саҳюниҳо супурда ва давлати ҷаълии саҳюнӣ эълом шуд – аз бахшҳои ифтихоромези ҳавзаҳои илмия аст. Номаҳо ва баёнияҳои онон дар ин бора, дар шумори арзишмандтарин асноди таърихӣ аст. Нақши бебадили ҳавзаи Қум ва сипас дигар ҳавзаҳои илмия дар Эрон дар эҷоди наҳзати исломӣ ва барпо кардани инқилоб ва тавҷеҳи афкори умум ва ба майдон овардани умуми мардум низ аз барҷастатарин нишонаҳои ҳувияти ҷиҳодии ҳавзаҳои илмия аст. Таҳсилкардагони ҳавза бо зеҳнҳои фаъол ва забонҳои гӯё аз нахустин касоне буданд, ки ба ғареви душманшикани Имоми муҷоҳид посух дода ва бо суръату ҷиддият ва ҳамроҳ бо таҳаммули садамаҳо, вориди майдон шуда ва ба густариши мафоҳими инқилобӣ ва тавҷеҳи афкори умумӣ пардохтанд.
Бо огоҳӣ аз ин ҳақоиқ аст, ки Имоми роҳил (резвонуллоҳи алайҳ) дар паёми пурмуҳтаво ва такондиҳандаи худ ба ҳавзаҳои илмия, (6) рӯҳониятро пешкисвати шаҳодат дар ҳамаи инқилобҳои мардумӣ ва исломӣ дониста, ва мутақобилан роҳи шаҳидон ва кори онҳоро расидан ба ҳақиқати тафаққуҳ шумурдаанд. Дар таъбири дигар уламор пешгом дар майдони ҷиҳод ва ҳимоят аз меҳан ва ҳимоят аз мазлумон муаррифӣ кардаанд. Барои ояндаи ҳавза ҳам бештарин умеди худро ба талабаҳо ва фузалое бастаанд, ки дағдағаи наҳзат ва мубориза ва инқилоб, онҳоро ба таҳаррук водоштааст, ва аз касоне, ки фориғ аз ин масоили ҳаётӣ, фақат ба китобу дарси худ иктифо мекардаанд, гилоямандии худро нишон додаанд. Дар ин паём борҳо ба таҳаҷҷургароён ишора шуда ва нисбат ба нуфузи душман бо истифода аз ғафлати онон ҳушдор ва дар бораи шеваҳои таҳаввулёфтаи динфурӯшӣ эъломи хатар шудааст. Ба назари соиби Имоми бузургвор, шикорчиёни истеъмор дар саросари ҷаҳон дар камини шердилони рӯҳонии сиёсатшинос нишаста ва барои мубориза бо маҷду азамат ва нуфузи мардумии рӯҳоният барномарезӣ мекунанд.
Дар он матни хирадмандона, ки бо эҳсосоте орифона ва ошиқона ба нигориш даромадааст, дилвопасии Имоми бузургвор аз ин ки ҷараёни таҳаҷҷур ва тақаддуснамоӣ, ҳавзаи илмияро дучори васвасаи ҷудоии дин аз сиёсат ва фаъолиятҳои иҷтимоӣ кунад ва роҳи дурусти пешрафтро масдуд созад, ошкор аст. Ин дағдаға ношӣ аз тарвиҷи ҷараёни хатарнокест, ки дахолати ҳавза дар масоили асосии мардум ва вуруд дар фаъолиятҳои иҷтимоию сиёсӣ ва муборизаи он бо зулму фасодро мунофӣ бо қудсияти дин ва ҳарими маънавии он вонамуд мекунад ва рӯҳониятро ба сулҳи кулл будан ва дурӣ кардан аз мухотироти вуруд дар сиёсат супориш мекунад.
Тарвиҷи ин таваҳҳуми ботил, бузургтарин ҳадия ба омилҳои истеъмор ва истикбор аст, ки ҳамеша аз ҳузуру вуруди уламои дин дар маъракаи мубориза бо онон зиён дида ва дар мавориди мутааддид шикаст хӯрдаанд; ва бузургтарин ҳадия ба омилҳои низоми фосиду фосиқ ва муздуре аст, ки бо ҳаракати миллати Эрон ба раҳбарии як марҷаи тақлид, решакан ва изола шуд.
Қудсияти дин беш аз ҳама ҷо дар майдонҳои ҷиҳоди фикрӣ ва сиёсӣ ва низомӣ буруз мекунад ва бо фидокорӣ ва ҷиҳоди ҳомилони маорифи дин ва нисори хуни поки онон тасбит (устувор) мешавад. Қудсияти динро дар сираи Паёмбари аъзам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) бояд дид, ки ҳангоми вуруд ба Ясриб нахустин иқдомаш ташкили ҳукумат ва танзими нерӯи низомӣ ва якпорча кардани арсаи сиёсат ва ибодат дар масҷид буд. Ҳавзаи илмия барои ҳифозат аз эътибори маънавӣ ва вафодорӣ ба фалсафаи вуҷудияш бояд аз мардум ва ҷомеа ва масоили асосии он ҳаргиз ҷудо нашавад ва ҷиҳодро дар ҳамаи гунаҳояш дар ҳангоми ниёз, вазифаи қатъии худ бидонад.
Ин ҳамон сухани муҳиммест, ки Имоми бузургвор борҳо бо ҳавза ва пешкисватҳову бузургон ва ба гунаи вижа бо талабаҳо ва фузалои ҷавони он дар миён гузошта ва бар он таъкид кардаанд.
Чаҳорум — Маркази мушорикат дар тавлид ва табйини низомоти иҷтимоӣ: Кишварҳо ва ҷомеаҳои башарӣ дар ҳамаи шаънҳои иҷтимоии худ бо низомоти мушаххасе идора мешаванд; шакли ҳукумат, шеваи ҳукмронӣ (истибдод, машварат ва ...), низоми қазоӣ ва доварӣ дар ихтилофот ва тахаллуфот ва мавзуъҳои ҳуқуқӣ ё ҷазоӣ, низоми иқтисодию молиявӣ ва масъалаи пул ва ғайра, низоми идорӣ, низоми касбу кор, низоми хонавода, ва дигарҳову дигарҳо, ҳама дар шумори шууни иҷтимоии кишваранд, ки дар ҷомеаҳои олам ба шеваҳои гуногун ва дар қолаби низомҳои гуногун идора мешаванд.
Бидуни шакк, ҳар яке аз ин низомҳо муттакӣ бар як пояи фикрӣ – чи баромада аз зеҳни мутафаккирон ва соҳибназарон, ва чи зоида аз суннатҳо ва одатҳои бумӣ ва ирсӣ – ва бархоста аз он аст.
Дар ҳукумати исломӣ ин мабно ва қоида табиатан бояд баргирифта аз Ислом ва мутуни муътабари он бошад ва низомоти идораи ҷомеа аз онҳо истихроҷ шавад.
Фиқҳи шиа агарчи ҷуз дар баъзе маворид – ҳамчун боби қазо – ба гунаи кофӣ ба ин кор напардохта, аммо ба баракати қоидаҳои густардаи фиқҳии мустафод аз китобу суннат ва низ ба мадади унвони сонавия, кифояти лозимро барои тарроҳии низомҳои гуногуни идораи ҷомеа доро аст.
Дар боби асл ва маншаи ҳукумат, кори барҷастаи Имоми роҳил дар мабоҳиси «Вилояти фақеҳ» дар ҳангоми табъид ба Наҷаф, оғозе муборак буд ва роҳи таҳқиқро ба рӯйи фузолои ҳавзавӣ кушод ва пас аз ташкили ҷумҳурии исломӣ, абъоди гуногуни он дар назар ва амал такомул ёфт; аммо ин кор дар бисёре аз низомоти иҷтимоии кишвар ҳамоно нофарҷом ва бесомон боқӣ мондааст. Ин халаъро ҳавза бояд пур кунад; ин дар шумори вазифаҳои ҳатмии ҳавзаи илмия аст. Имрӯз бо ҳокимият ва истиқрори низоми исломӣ, вазифаи фақеҳ ва фақоҳат сангин аст. Имрӯз наметавон фақоҳатро ба таъбири Имоми роҳил, ҳамчун ноогоҳон, ғарқ шудан дар аҳкоми шахсӣ ва ибодӣ донист. Фиқҳи умматсоз, маҳдуд ба ҳадду андозаи аҳкоми ибодӣ ва вазифаҳои шахсӣ нест.
Албатта ҳавза барои тарроҳӣ ва танзими низомоти иҷтимоӣ ниёз дорад, ки бо ёфтаҳои имрӯзи ҷаҳон дар бораи ин низомот ба андозаи лозим ошноӣ дошта бошад. Ин ошноӣ, фақеҳро қодир хоҳад сохт, ки бо баҳрабардорӣ аз дурусту нодурусти ин ёфтаҳо, ҳузури зеҳни лозим барои истифода аз тасриҳот ва ишороти китобу суннат биёбад ва шокилаи (сохтори) низомоти иҷтимоиро барои идораи ҷомеъ ва комили ҷомеа бар асоси андешаи исломӣ тарроҳӣ кунад.
Дар канори ҳавза, донишгоҳи кишвар низ дар ин замина, дорои тавон ва таклиф аст; ин метавонад яке аз мавориди ҳамкории ҳавза ва донишгоҳ бошад. Кори бузурги донишгоҳ он аст, ки дар улуми инсонии марбут ба низомоти ҳокимиятӣ ва мардумӣ, ба кӯмаки нигоҳи муҳаққиқона ва наққод (танқидӣ), дуруст ва нодурусти назароти роиҷи дониши ҷаҳонро мушаххас кунад ва бо ҳамкории ҳавза, муҳтавои андешаи диниро дар қолабҳои муносиб пешниҳод кунад.
Панҷум — Навовариҳои тамаддунӣ дар чорчӯби паёми ҷаҳонии Ислом: Ин барҷастатарин интизор аз ҳавзаи илмия аст. Шояд баландпарвозӣ ва орзупарварӣ талаққӣ шавад. Дар он шаби таърихии пас аз ҳамла ба Файзия дар соли 42 (1342ҳ.ш.) ки Имоми роҳил дар хонаи худ пас аз намози ишо (хуфтан), барои ҷамъи маҳдуд ва маръуби талабаҳо сухан мегуфт, шояд ин таъбири баланд, ки «инҳо мераванд ва шумо мемонед», ба назари баъзе аз мо баландпарвозӣ ва орзупарварӣ талаққӣ мешуд, аммо гузашти замон нишон дод, ки имону сабр ва таваккул, кӯҳи монеъҳоро аз ҷо меканад ва кайди душманон дар баробари суннати Илоҳӣ нокоромад аст.
«Истиқрори тамаддуни исломӣ» бартарин ҳадафи дунёии инқилоб аст, яъне тамаддуне, ки дар он, илму фановарӣ ва манобеъи инсонӣ ва манобеъи табиӣ ва ҳамаи тавоноиҳо ва ҳамаи пешрафтҳои башарӣ, ва ҳукумату сиёсат ва нерӯи низомӣ ва ҳар он чи дар ихтиёри башар аст, дар хидмати адолати иҷтимоӣ ва рифоҳ(осоиш)-и умум ва костан аз фавосили табақотӣ ва афзудан бар парвариши маънавӣ ва иртиқои илмӣ ва шинохти рӯзафзуни табиат ва истеҳкоми имон ба кор меравад.
Тамаддуни исломӣ, мубтанӣ бар тавҳид ва абъоди иҷтимоӣ ва шахсию маънавии он аст; мубтанӣ бар такрими (гиромӣ доштани) инсон аз ҷиҳати инсоният – ва на аз ҷиҳати ҷинсу рангу забон ва қавмияту ҷуғрофиё – аст; муттакӣ (такякунанда) бар адолат ва абъоду мусодиқи он аст; муттакӣ бар озодии инсон дар арсаҳои гуногун аст; муттакӣ бар муҷоҳидати умумӣ дар ҳамаи майдонҳое, ки дар онҳо ниёз ба ҳузури ҷиҳодӣ аст.
Тамаддуни исломӣ дар нуқтаи муқобили тамаддуни моддии кунунӣ аст. Тамаддуни моддӣ аз оғоз бо истеъмор, бо тасарруфи сарзаминҳо ва таҳқири миллатҳои заиф, бо кушторҳои дастаҷамъии бумиён, бо истифода аз илм барои саркӯби дигарон, бо зулм, бо дурӯғ, бо эҷоди дарраҳои табақотӣ, бо зӯргӯӣ оғоз шуд ва ба тадриҷ фасоду инҳироф аз мабонии ахлоқӣ ва таҳаффузоти ҷинсӣ низ дар он роҳ ёфт ва рушд кард.
Имрӯз намунаҳои ошкор ва комилшудаи ин бинои каҷниҳодро дар кишварҳои ғарбӣ ва пайравони онҳо мебинем: қуллаҳои сарват дар канори дарраҳои фақру гуруснагӣ; зӯргӯии шефтагони қудрат ба ҳар он кас, ки битавон ба ӯ зӯр гуфт; ба кор гирифтани илм барои кушторҳои умумӣ; кашонидани фасоди ҷинсӣ ба даруни хонаводаҳо ва то кӯдакон ва навниҳолон; зулму қасовати беназир дар намунаҳое ҳамчунон Ғазза ва Фаластин; таҳдид ба ҷанг ба хотири дахолат дар умури дигарон дар намунаҳое монанди рафтори давлатмардони Амрико дар давронҳои ахир.
Бадеҳӣ аст, ки ин тамаддуни ботил рафтанӣ аст ва изола хоҳад шуд; ин, суннати ҳатмии офариниш аст: «инна-л-ботила кона заҳуқо»;(7) «фа амма-з-забаду фа-язҳабу ҷуфоан».(8) Вазифаи имрӯзи мо аввалан кӯмак ба ибтоли ин ботил ва сониян тадоруки (фароҳам овардани) тамаддуни ҷойгузин дар назару амал ба қадри тавоноӣ аст. Ин ки бигӯянд: «дигарон натавонистанд, пас мо ҳам наметавонем», муғолита аст. Дигарон ҳар ҷо бо имон ва бо муҳосиба ва бо истиқомат ҳаракат карданд, тавонистанд ва пирӯз шуданд. Намунаи возеҳ ва пеши чашми мо: инқилоби исломӣ ва ҷумҳурии исломӣ.
Дар ин мубориза осебҳо, зарбаҳо, дардҳо ва фиқдонҳое ҳаст, ки бояд таҳаммул шавад. Дар ин сурат пирӯзӣ ҳатмӣ аст. Паёмбари аъзам (с) шабона ва махфиёна аз Макка ва аз миёни ҳалқаи бутпарастон берун омад ва дар ғор пинҳон шуд, аммо пас аз ҳашт сол бо шукӯҳ ва иқтидор ба Макка қадам ниҳод ва Каъбаро аз бутҳо ва Маккаро аз бутпарастон пирост. Дар ин ҳашт сол ранҷи беҳисоб бурд ва ёроне чун Ҳамзаро аз даст дод, аммо пирӯз шуд.
Дифои муқаддаси ҳаштсолаи мо низ дар баробари эътилофи ҷаҳонии қудратмандони золиму дурӯғгӯ намунаи дигар аст. Ҳавзаи бузургу коромади имрӯзи Қум ҳам, ки дар оғоз бо он меҳнатҳо рӯ ба рӯ буд, намунаи пеши чашми мо аст; ва аз ин намунаҳо фаровон метавон ёфт.
Ҳавзаи илмия дар ин бахш вазифае арзишманд бар дӯш дорад, ва он дар дараҷаи аввал, тарсими хатҳои аслӣ ва фаръии тамаддуни навини исломӣ аст, ва сипас табйину тарвиҷ ва фарҳангсозии он дар ҷомеа аст. Ин аз ҷумлаи бартарин мисдоқи «балоғи мубин» аст. Дар боби тарсими шокилаи тамаддуни исломӣ, фиқҳ ба навъе, ва улуми ақлӣ ба навъе нақш доранд. Фалсафаи исломии мо бояд барои масоили аслии худ, имтидоди иҷтимоӣ тарсим кунад. Фиқҳи мо ҳам бо густариши майдони дид ва навоварӣ дар истинбот, масоили навпадиди чунин тамаддунро эҳсоъ (ҷамъоварӣ) ва аҳкоми онро муайян намояд.
Баёни равшани Имоми бузургвор дар бораи фақоҳат ва равиши он дар ҳавзаи илмия роҳгушо аст. Дар ин баён, шеваи истинбот ҳамон равиши фиқҳи суннатӣ ва ба таъбири эшон, иҷтиҳоди ҷавоҳирӣ аст; бо ин ҳол, «замон» ва «макон» ду унсури таъинкунанда дар иҷтиҳоданд. Мумкин аст мавзуе дар гузашта ҳукме дошта бошад, аммо бо тағйири муносибатҳои ҳоким бар сиёсату иҷтимоъ ва иқтисод, акнун ҳукми нав ёфта бошад. Ин тағйири ҳукм ношӣ (баромада) аз он аст, ки мавзуъ ҳарчанд дар зоҳир ҳамон мавзуи қаблӣ аст, аммо бо таваҷҷуҳ ба тағйири муносибатҳои сиёсию иҷтимоӣ ва ғайра, дар воқеъ тағйир карда ва мавзуи нав шудааст, пас ҳукми нав металабад.
Афзун бар ин, ҳаводиси пайдарпайи ҷаҳонӣ ва пешрафтҳои илмӣ ва ғайра дар мавориде метавонад фақеҳи моҳирро дар як мадрак аз китобу суннат, ба фаҳми тозае бирасонад ва ҳуҷҷати шаръӣ барои тағйири ҳукм шавад; ҳамчунон, ки дар табаддули раъйи муҷтаҳидон ғолибан иттифоқ меафтад. Дар ҳар ҳол, фиқҳ бояд фиқҳ бимонад ва навфаҳмӣ табдил ба нохолиссозии шариат нашавад.
Дар бораи таъриф ва тафсир аз унвони ҳавзаи илмия ва муҳтавои амиқи он ба он чи гуфта шуд басанда мекунам ва сухане кӯтоҳ дар бораи ҳавзаи Қум, ки акнун ба садсолагӣ расидааст, мегӯям.
Ҳавзаи Қум имрӯз ҳавзае зинда ва баланданда (рушдёбанда) аст. Ҳузури ҳазорон мударрис, муаллиф, муҳаққиқ, нависанда, гӯянда ва мутафаккир дар маорифи исломӣ ва интишори маҷаллоти илмӣ ва таҳқиқотӣ ва нигориши мақолоти тахассусӣ ва умумӣ, маҷмуан (дар маҷмуъ) сарвати бузурге барои имрӯзи ҷомеа ва зарфияти азиме барои фардои кишвар ва уммат ба шумор меравад. Равоҷи дарсҳои тафсиру ахлоқ ва афзоиши марказу дуруси улуми ақлӣ, нуқтаи қуввати барҷастаест, ки ҳавзаи пеш аз инқилоб ба он дастрасӣ надошт. Ҳавзаи Қум ҳаргиз ин теъдоди талаба ва фузалои соҳиби фикр ба худ надида буд. Ҳузури фаъол дар ҳамаи майдонҳои инқилоб ва ҳатто дар майдони низомӣ ва тақдими шаҳидони гаронқадр дар давраи дифои муқаддас ва пеш ва пас аз он, аз ифтихороти бузурги ҳавза ва дар шумори ҳасаноти бешумори Имоми роҳил аст. Кушодани роҳ ба арсаи таблиғоти ҷаҳонӣ ва тарбияти ҳазорон талабаи илм аз миллатҳои гуногун ва ҳузури донишомӯхтагони он дар бисёре аз кишварҳо кори бузургу бесобиқаи дигарест, ки бояд аз он тақдир (қадрдонӣ) кард. Таваҷҷуҳи фуқаҳои тозанафас ба мабоҳиси мубталои муосир ва дуруси фиқҳии марбут ба онҳо низ ояндаи матлуберо дар пешрафт ва таҳаввули илмӣ навид медиҳад. Иқболи фузалои ҷавон ба даққат дар нукоти маърифатии мутуни муътабари исломӣ бахусус каломуллоҳи маҷид низ мубашшири матраҳ шудани бештари Қуръон дар ҳавзаи илмия аст. Ташкили ҳавзаҳои илмияи бонувон ҳам ибтикори муҳимму таъсиргузорест, ки подоши доимии он ба рӯҳи мутаҳҳари Имоми роҳил восил мешавад. Ҳавзаи Қум бо ин нигоҳ, маҷмуае зинда ва пӯёст ва умедҳоеро зинда мекунад.
Бо ин ҳол, ин интизори мантиқӣ, ки ҳавзаи Қум ҳавзае пешрав ва саромад бошад, фосилаи қобили таваҷҷуҳе бо вазъияти кунунӣ дорад. Таваҷҷуҳ ба нукоти зер метавонад ин фосиларо коҳиш диҳад:
ــ Ҳавза бояд барӯз бошад; ба таври доим бо замон пеш равад, балки ҳатто пештар аз замон ҳаракат кунад.
ــ Ба тарбияти нерӯ дар ҳамаи бахшҳо аҳаммият дода шавад. Масири ҳаракати ин миллат ва ояндаи инқилобро нерӯҳое тарсим хоҳанд кард, ки имрӯз дар ҳавзаи илмия тарбия мешаванд.
ــ Ҳавзавиён робитаи худро бо мардум афзоиш диҳанд. Барои ҳузури фузалои ҳавза дар миёни мардум ва робитаи самимӣ миёни онон барномарезӣ шавад.
ــ Мудирони ҳавза бо тадбири муносиб, илқооти муғризонаро, ки талабаҳои ҷавонро аз оянда ноумед мекунад, хунсо кунанд. Имрӯз Ислому Эрон ва шиа дар ҷаҳон аз иззату ҳурмате бархурдор аст, ки ҳаргиз дар гузашта доро набудааст. Талабаи ҷавон бо ин эҳсос дарс бихонад ва рушд кунад.
ــ Ба наслҳои ҷавони ҷомеа бо чашми хушбини нигариста ва бо ин нигоҳ бо онон таомул (муносибат) шавад. Бахши муҳимми ҷавонони имрӯз бо ҳӯши баланд, бо вуҷуди ҳамаи илқооти мухарриби (вайронкунандаи) фикру эҳсоси динӣ, вафодор ба дин ва мудофеъи онанд ва бисёре дигар ҳам ба ҳеч рӯ бо дину инқилоб бар сари инод (душманӣ) нестанд. Ақаллияти бисёр андаки муъриз (рӯйгардон) аз завоҳири динӣ, ҳавзаро гирифтори таҳлили ғайривоқеъбинона накунад.
ــ Барномаҳои дарсии ҳавза ба гунае навишта шавад, ки фиқҳи равшанбин ва посухгӯ ва барӯз, ва албатта фаннӣ ва муттакӣ ба шеваи иҷтиҳодӣ, ҳамроҳ бо фалсафаи равшан ва дорои имтидоди иҷтимоӣ ва соҳибназар дар шокилаи зиндагии ҷомеа, дар канори дониши калом расову устувор ва дорои қудрати иқноъ, ба воситаи устодони моҳир тадрис шавад ва ин ҳар се дар партави фаҳми Қуръон ва дарсҳои тафсир, ҷилову нуроният ва умқ ёбад.
ــ Зуҳд, тақво, қаноат, истиғно аз ғайри Худо, таваккул, рӯҳияи пешрафт, омодагӣ барои муҷоҳидат, тавсияҳои ҳамешагии Имоми бузургвор ва бузургони ахлоқ ва маърифат ба талабаҳои ҷавон буда ва акнун низ шумо ҷавонони азизи ҳавзаи илмия мухотиби ҳамин тавсияҳоед.
ــ Дар бораи мадракҳои таҳсилии ҳавза, супориши ҳамешагӣ ва кунунии инҷониб он аст, ки мадракро худи ҳавза – ва на марказе берун аз он – бояд ба донишомӯхтагон бидиҳад. Албатта метавон рутбаҳои (дараҷаҳои) ҳавзавиро ба ҷои 1, 2, 3 ва 4, номгузориҳои шинохташуда дар маркази илмии кишвар ва дунё қарор дод, масалан: коршиносӣ (лисонс), коршиносии аршад (магистр), коршиносии таҳқиқотӣ (докторӣ) ва амсоли ин.
Суханро дар ин ҷо ба поён мебарам ва аз Худованди мутаол иззату шавкати рӯзафзуни Ислом ва қуввату истиҳкоми рӯзафзуни уммати исломӣ ва пешрафту саодати рӯзафзуни миллати Эрон ва сарбаландию коромадии рӯзафзуни ҳавзаҳои илмия ва насрат бар душманону бадхоҳону муонидинро масъалат мекунам.
Саломи Худо бар ҳазрати Бақиятуллоҳ (арвоҳуно фидоҳу ва аҷҷалаллоҳу таоло фараҷаҳ) ва дуруди холисонаи мо бар арвоҳи шаҳидон ва рӯҳи мутаҳҳари Имоми уммат бод.
Вассалом алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ.
Сайид Алии Хоманаӣ
1404/2/8
[2025/4/28]
Эзоҳ
- ↑ «حوزه پیشرو و سرآمد», Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ
- ↑ «حوزه پیشرو و سرآمد», Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ
- ↑ «حوزه پیشرو و سرآمد», Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ
- ↑ «حوزه پیشرو و سرآمد», Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ
- ↑ «حوزه پیشرو و سرآمد», Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ
- ↑ «حوزه پیشرو و سرآمد», Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ
- ↑ «حوزه پیشرو و سرآمد», Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ
- ↑ «حوزه پیشرو و سرآمد», Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ
Сарчашма
- «حوزه پیشرو و سرآمد» («Ҳавзаи пешрав ва саромад»), Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ, дарҷи матлаб: 17 майи 2025, санаи боздид: 25 майи 2025