Баёнияи гоми дувуми Инқилоби исломии Эрон
Баёнияи гоми дувуми Инқилоби исломии Эрон (форсӣ: بیانیه گام دوم انقلاب اسلامی ایران) ё ба ихтисор Баёнияи гоми дувум навиштаи Сайид Алии Хоманаӣ, Раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон, ба муносибати чиҳилумин соли Инқилоби исломии Эрон дар 22 баҳмани 1397ҳ.ш./11 феврали 2019 содир шуд ва бо мухотаб қарор додани ҷавонон, зимни баёни собиқаи пайдоиши инқилоб ва душвориҳои он, ба дастовардҳои чиҳилсолаи Инқилоби исломии Эрон пардохт ва чашмандози ояндаи ин инқилобро дар бахшҳои мухталифе, аз ҷумла илму пажӯҳиш, маънавияту ахлоқ, адолату мубориза бо фасод, баён кард.
Мухотаби аслии баёнияи гоми дувум, ҷавонон ҳамчун меҳвари таҳаққуқи низоми пешрафтаи исломӣ ҳастанд ва фурсати арзишманде барои кишвари исломӣ дониста шудаанд.
Носир Макорими Шерозӣ, аз мароҷеи тақлиди шиа, ва Маҳдии Шабзиндадор аз мударрисони дарси хориҷи фиқҳ дар Ҳавзаи илмияи Қум, ба ҳимоят аз баёнияи гом дувум пардохтанд ва онро дақиқу олимона хонданд. Сайид Аҳмади Хотамӣ, узви Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ, решаи эътимоди раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон ба ҷавононро сира ва суннати Пайғамбар (с) донистааст, ки се тан аз ҷавононро барои мансабҳои муҳим гумошт.
Муносибат, мавзуъ ва мухотаб
Баёнияи гоми дувуми Инқилоби исломии Эрон ё ба ихтисор Баёнияи гоми дувум, 22 баҳмани 1397ҳ.ш./11 феврали 2019 дар чиҳилумин солгарди пирӯзии Инқилоби исломии Эрон нашр шуд.[1] Ин баёния ибтидо бо ишора ба пирӯзии инқилоби исломӣ ва гузашти чиҳил сол аз он, дуюмин гоми инқилобро худсозӣ, ҷомеапардозӣ ва тамаддунсозӣ муаррифӣ кардааст.[2]
Мухотаби баёнияи гоми дувум, ҷавонон ҳастанд, ки бар асоси матни баёния, «бахши дигаре аз ҷиҳоди бузург барои сохтани Эрони исломии бузург»-ро оғоз хоҳанд кард.[3] Дар ин баёния, ҷавонон меҳвари таҳаққуқи низоми пешрафтаи исломӣ муаррифӣ шудаанд ки давоми роҳи инқилоби исломӣ бояд бо ҳиммату ҳушёрии онон тай шавад.[4] Баёнияи мазкур, муҳимтарин зарфияти умедбахши кишварро нерӯи инсонии боистеъдоду коромад бо зербинои амиқ ва асили имонӣ ва динӣ дониста ва ҷамъияти ҷавони зери чиҳил солро фурсати арзишманде барои кишвар қаламдод кардааст.[5]
Муҳтавои баёния

Баёнияи гоми дувум, ибтидо ба пирӯзии Инқилоби исломии Эрон дар соли 1979 ва душвориҳои таъсиси Ҷумҳурии исломии Эрон пардохта ва ормони инқилобро эҷоди тамаддуни навини исломӣ ва «омодагӣ барои тулуи хуршеди вилояти узмо (арвоҳуно фидоҳу)» муаррифӣ кардааст.[6]
Дар бахши дигаре аз баёнияи гоми дувум, дастовардҳои Инқилоби исломии Эрон шарҳ дода шудааст: Суботу амният ва ҳифзи тамомияти арзии Эрон, эҷоди зерсохтҳои ҳаётӣ ва иқтисодию умронӣ, тақвияти мушорикати мардумӣ, баланд бардоштани бениши сиёсии мардум, тавваҷуҳ ба адолат дар тақсими имконоти умумӣ, афзоиши маънавият ва ахлоқ дар фазои ҷомеъа ва истодагӣ дар баробари мустакбирони ҷаҳон.[7]
Охирин бахши баёнияи гоми дувум, баён ва шарҳи чашмандозҳои оянда ва тавсияҳое дар бораи ояндаи инқилоби исломӣ дар ҳафт мавзуъ аст:
Илм ва пажӯҳиш
Дар баёнияи гоми дувум, бо ишора ба пешрафтҳои илмии Эрон ва дастёбӣ ба рутбаи шонздаҳум дар миёни дусад кишвари ҷаҳон, аз ҷавонон хоста шуда то ин роҳро бо эҳсоси масъулияти бештар дар пеш гиранд.[8]
Маънавият ва ахлоқ
Дар баёнияи гоми дувум, рушди маънавият ва ахлоқ ниёзманди ҳамроҳии ҳукуматҳо дониста шуда, аммо бо ин ҳол тасреҳ шудааст ки ин ду, бо дастуру фармон ба даст намеояд. Ҳамчунин таъкид шудааст, ки дастгоҳҳои масъули ҳукуматӣ ва ҳамчунин ашхос ва ниҳодҳои ғайриҳукуматӣ, бояд барномаҳои кӯтоҳмуддат ва миёнмуддати ҷомеъ барои ҷилавгирӣ аз фаъолиятҳои зиддимаънавӣ ва зиддиахлоқӣ танзим ва иҷро кунанд.[9]
Иқтисод
Бар асоси баёнияи гоми дувум, роҳи ҳалли мушкилоти иқтисодии кишвар, сиёсатҳои иқтисоди муқовиматӣ аст, ки барномаҳои иҷрои он бояд барои ҳамаи бахшҳо таҳия ва иқдом шавад.[10] Дарунзоии иқтисоди кишвар, истеҳсолгар ва донишбунён шудан, мардумӣ кардани иқтисод бидуни дахолати давлат ва бурунгароӣ, ҳамчун намунаҳое аз сиёсатҳои мазкур баён шудааст.[11]
Адолат ва мубориза бо фасод
Дар Баёнияи гоми дувуми инқилоби исломии Эрон, гарчи нисбати фасод дар коргузорони ҳукумати ҷумҳурии исломӣ бисёр камтар аз кишварҳои дигар ва ба хусус ҳукумати паҳлавӣ дониста шудааст, аммо аз ҳамаи мақомот хоста шудааст, ки аз луқмаи ҳаром бигурезанд ва дастгоҳҳои назоратию давлатӣ, масъули пешгирӣ ва мубориза бо рушди фасод муаррифӣ шудаанд.[12]
Истиқлол ва озодӣ
Дар баёнияи гоми дувум, бо таъкид бар он ки истиқлол ва озодӣ ҳар ду аз арзишҳои исломӣ ва додаҳои Илоҳӣ ба инсонҳо ҳастанд, ҳама, ва ба хусус давлати ҷумҳурии исломӣ, вазифадоранд, ки онро қадрдонӣ ва нигаҳдорӣ кунанд.[13] Бо ин ҳол таъкид шудааст, ки истиқлол набояд ба маънои зиндонӣ кардани сиёсату иқтисоди кишвар дар марзҳои худ ва озодӣ набояд дар муқобили ахлоқ, қонун ва арзишҳои Илоҳӣ ва ҳуқуқи умумӣ таъриф шавад.[14]
Иззати миллӣ, робитаи хориҷӣ, марзбандӣ бо душман
Баёнияи гоми дувум, бо таъкид бар он ки се мавриди мазкур шохаҳое аз усули иззат, ҳикмат ва маслиҳат дар равобити байналмилалӣ ҳастанд, тасреҳ кардааст, ки давлати ҷумҳурии исломӣ бояд марзбандии худро бо сардамдорони низоми султа ҳифз кунад ва иззати кишвару миллатро дар назар дошта бошад.[15]
Сабки зиндагӣ
Дар баёнияи гоми дувум тасреҳ шудааст, ки талоши Ғарб барои тарвиҷи сабки зиндагии ғарбӣ дар Эрон сабаби зиёнҳои ахлоқӣ, иқтисодӣ, динӣ ва сиёсӣ шудааст, ки мубориза бо он ниёзманди ҷиҳоди ҳамаҷониба ва ҳӯшмандона аст.[16]
Тасвирсозӣ
Ҳамзамон бо интишори баёнияи гоми дувуми инқилоб дар сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон, тасвире низ ҳамроҳ бо матни баёния интишор ёфт, ки дар он қишрҳои мухталифе аз мардум дар канори Сайид Алии Хоманаӣ мушоҳида мешаванд: рӯҳоният, басиҷиён, коргарон, пизишкон, муҳандисон, варзишкорон, фарҳангиён, ҳунармандон ва донишҷӯён.[17] Дар тасвири мазкур, парчами ин корвон дар дастони як зан аст.[18]
Вокунишҳо
Баъд аз содир шудани баёнияи гоми дувум аз сӯи раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон ва нашри он, вокунишҳои мусбати фаровоне аз сӯи чеҳраҳои илмӣ, динӣ, мазҳабӣ ва иҷтимоӣ иброз шуд.[19] Аз ҷумла Носир Макорими Шерозӣ, аз мароҷеи тақлиди шиа, дар дарси хориҷи фиқҳи худ, баёнияи мазкурро бисёр дақиқ ва ҷомеъ хонд ва онро шомили барномае устувор ва корбурдӣ барои чиҳил соли ояндаи инқилоби исломӣ талаққӣ кард.[20]
Маҳдии Шабзиндадор, аз фақеҳони Шӯрои нигаҳбон ва устоди дарси хориҷ, баёнияи гоми дувумро пурмағз ва оламона хонду ҷаласоте аз дарси хориҷи худро ба шарҳи он бахшид.[21] Сайид Аҳмади Хотамӣ, узви Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ, дар ин бора решаи эътимоди раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон ба ҷавононро сира ва суннати Пайғамбар (с) донистааст, ки се тан аз ҷавононро барои мансабҳои муҳиме интихоб кард.[22]
Муҳаммадтақӣ Мисбоҳи Яздӣ, узви Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ, ҳадаф аз судури баёнияи гоми дувумро интиқоли мероси гузашта ба насли нав медонад ва таъкид мекунад ин фарзия, ки "ҳар инқилобе мемирад" саҳеҳ нест, балки инқилоби моддӣ аст, ки мемирад, вале инқилоби исломӣ мондагор аст; чун арзишҳои ин инқилоб, арзишҳоест, ки бо фитрати инсон тавъам аст.[23]
Маҳдии Гулшанӣ, узви пайвастаи Фарҳангистони улум дар Эрон, далели мухотаб қарор гирифтани ҷавонон дар баёнияи гоми дувуми инқилобро чунин таҳлил кард, ки насли ҷавон нуқтаи умед барои сохтани ояндаи кишвар аст ва аз назари Сайид Алии Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон, ин насл камтар олуда ба манофеи зудгузари моддӣ аст.[24] Муҳсини Исмоилӣ аз аъзои Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ, баёнияи гоми дувумро санади фиқҳи сиёсӣ дониста, онро бо китоби "Танбиҳ-ул-умма ва танзиҳ-ул-милла"-и Муҳаммадҳусайни Ноинӣ муқоиса карда ва баёнияи гоми дувумро аз се манзар муҳим донистааст: 1 - Баёни дубораи ормонҳои инқилоби исломӣ; 2 - бозхонии корномаи инқилоби исломӣ; ва 3 - нишон додани роҳи оянда.[25]
Сайид Иброҳими Раисӣ, узви Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ, баёнияи гоми дувумро нуқтаи атфе дар таърихи инқилоби исломӣ ва нишонгари пешрафтҳои чиҳилсолаи инқилоби исломӣ ва роҳбурде барои ояндаи низом ва ҳаракати инқилобӣ дониста ва таъкид кардааст, ки ин баёния комилан мушаххас мекунад, ки тамаддуни исломӣ амре дастёфтанӣ аст.[26] Сайид Муҳаммадмаҳдии Мирбоқирӣ, узви Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ, баёнияи гоми дувумро болотар аз китоби "Танбиҳ-ул-умма ва танзиҳ-ул-милла"-и Муҳаммадҳусайни Ноинӣ ва ҳамонанди васиятномаи сиёсӣ-илоҳии Имом Хумайнӣ дониста ва ҳадафи ин баёнияро теориза кардани рафтори ҷомеъаи исломӣ барои ҳаракат ба самти тамаддуни исломӣ муаррифӣ кардааст.[27]
Эзоҳ
- ↑ «بیانیه "گام دوم انقلاب" خطاب به ملت ایران», Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ «بیانیه "گام دوم انقلاب" خطاب به ملت ایران», Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ «بیانیه "گام دوم انقلاب" خطاب به ملت ایران», Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ «بیانیه "گام دوم انقلاب" خطاب به ملت ایران», Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ «بیانیه "گام دوم انقلاب" خطاب به ملت ایران», Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ «بیانیه "گام دوم انقلاب" خطاب به ملت ایران», Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ «بیانیه "گام دوم انقلاب" خطاب به ملت ایران», Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ «بیانیه "گام دوم انقلاب" خطاب به ملت ایران», Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ «بیانیه "گام دوم انقلاب" خطاب به ملت ایران», Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ «بیانیه "گام دوم انقلاب" خطاب به ملت ایران», Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ «بیانیه "گام دوم انقلاب" خطاب به ملت ایران», Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ «بیانیه "گام دوم انقلاب" خطاب به ملت ایران», Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ «بیانیه "گام دوم انقلاب" خطاب به ملت ایران», Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ «بیانیه "گام دوم انقلاب" خطاب به ملت ایران», Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ «بیانیه "گام دوم انقلاب" خطاب به ملت ایران», Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ «بیانیه "گام دوم انقلاب" خطاب به ملت ایران», Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ «در مورد گام دوم در ویکی تابناک بیشتر بخوانید», сайти Тобнок
- ↑ «در مورد گام دوم در ویکی تابناک بیشتر بخوانید», сайти Тобнок
- ↑ Бахше аз ин бозхурдҳои мусбат: پرونده/ گام دوم, Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ «بیانیه رهبر انقلاب بسیار راهگشا و جامع است», Хабаргузории Оно
- ↑ «آغاز تبیین و تحلیل بیانیه گام دوم انقلاب از سوی آیت الله شبزندهدار», Хабаргузории АБНА
- ↑ «اعتماد به جوانان بر مبنای سیره نبوی است», сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ «آفتزُدایی از انقلاب» مأموریت جوانان در گام دوم, сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ «تولید علم در چهارچوب جهانبینی توحیدی», сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ «بیانیه گام دوم، سند فقه سیاسی», сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ «با عزم راسخ، رسیدن به قله تمدنی امکانپذیر است», сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ «دولتسازی اسلامی کارِ نسل جدید است», сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
Сарчашма
- «آغاز تبیین و تحلیل بیانیه گام دوم انقلاب از سوی آیت الله شبزندهدار» («Оғози табйин ва таҳлили Баёнияи гоми дувуми инқилоб аз сӯи Оятуллоҳ Шабзиндадор»), Хабаргузории АБНА, санаи дарҷи матлаб: 17 феврали 2019, санаи боздид: 2 июни 2020
- «بیانیه "گام دوم انقلاب" خطاب به ملت ایران» («Баёнияи "гоми дувуми инқилоб" хитоб ба миллати Эрон»), Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи дарҷи матлаб: 11 феврали 2019, санаи боздид: 2 июни 2020
- «بیانیه رهبر انقلاب بسیار راهگشا و جامع است» («Баёнияи Раҳбари инқилоб бисёр роҳгушо ва ҷомеъ аст»), Хабаргузории Оно, санаи дарҷи матлаб: 27 феврали 2019, санаи боздид: 2 июни 2020
- «با عزم راسخ، رسیدن به قله تمدنی امکانپذیر است», сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи дарҷи матлаб: 13 марти 2019, санаи боздид: 2 июни 2020
- «بیانیه گام دوم، سند فقه سیاسی», сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи дарҷи матлаб: 14 марти 2019, санаи боздид: 2 июни 2020
- «اعتماد به جوانان بر مبنای سیره نبوی است», сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи дарҷи матлаб: 16 марти 2019, санаи боздид: 2 июни 2020
- «دولتسازی اسلامی کارِ نسل جدید است», сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи дарҷи матлаб: 21 июли 2019, санаи боздид: 2 июни 2020
- «آفتزُدایی از انقلاب» مأموریت جوانان در گام دوم, сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи дарҷи матлаб: 30 ноябри 2019, санаи боздид: 2 июни 2020
- «تولید علم در چهارچوب جهانبینی توحیدی», сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи дарҷи матлаб: 18 феврали 2019, санаи боздид: 2 июни 2020
- پرونده/ گام دوم, Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи дарҷи матлаб: 11 феврали 2019, санаи боздид: 2 июни 2020
- «در مورد گام دوم در ویکی تابناک بیشتر بخوانید», сайти Тобнок, санаи дарҷи матлаб: 11 феврали 2019, санаи боздид: 2 июни 2020