Ҳусайнияи Имом Хумайнӣ (Теҳрон)

Ҳусайнияи Имом Хумайнӣ (форсӣ: حسینیه امام خمینی) яке аз ҳусайнияҳои шаҳри Теҳрон мебошад, ки маҳалли баргузории маросимҳои мазҳабӣ ва расмӣ ва макони дарсҳои Сайид Алии Хоманаӣ — роҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон аст. Таъсиси ин ҳусайния ба соли 1368ҳ.ш./1989м ва оғози раҳбарии Сайид Алии Хоманаӣ бармегардад.
Истифода

Ҳусайнияи Имом Хумайнӣ, биное дар Теҳрон аст, ки бештари маросимҳои расмии Оятуллоҳ Хоманаӣ, аз ҷумла дидорҳои умумӣ ва мардумӣ,[2] маросимҳои мазҳабӣ[3] ва дарсҳои хориҷи ӯ дар он баргузор мешаванд.[4] Машҳуртарин маросими баргузоршуда дар ин ҳусайния — азодории муҳаррам аз ҳафтум то дувоздаҳуми моҳи Муҳаррам ва азодории айёми Фотимия мебошад. Аз оғози то поёни моҳи рамазон, ҳаррӯза намози пешин ва аср ба шакли ҷамоат дар ин ҳусайния баргузор мегардад. Дар баъзе рӯзҳои махсус, намози ҷамоат бо имомати Оятуллоҳ Хоманаӣ низ дар ин макон баргузор мешавад.[5]
Сохтмони Ҳусайния

Дар соли 1368ҳ.ш./1989м пас аз интихоби Оятуллоҳ Хоманаӣ ба раҳбарии Ҷумҳурии Исломии Эрон, бо пешниҳоди ӯ, Муҳсини Рафиқдӯст хонаеро, ки ба хонадони Низоми Мофӣ тааллуқ дошт, харид ва сохтмони Ҳусайнияи Имом Хумайнӣ дар он ҷо оғоз ёфт.[6]
Сохтмони Ҳусайния дар замине бо масоҳати ду ҳазор метри мураббаъ тарҳрезӣ шуд. Ба гуфтаи Муҳсини Рафиқдӯст, тамоми марҳилаҳои сохтмони Ҳусайнияи Имом Хумайнӣ 61 рӯз тӯл кашид ва хароҷоти он аз кӯмакҳои мардумӣ таъмин шуд. Пас аз анҷоми сохтмон, бо пешниҳоди Оятуллоҳ Хоманаӣ, ҳусайния бо зелу[Ёддошт 1] пӯшонида шуд.[7] Зелуҳои ин ҳусайния дастбофанд ва аз Язд омода шудаанд.[8] Бинои ҳусайния бо хиштҳои се сантиметрӣ зеб дода шуда, дар бахше аз он балкон кор шудааст ва бо таъкиди Оятуллоҳ Хоманаӣ, дар ороиши он аз кошикорӣ истифода нашудааст.[9]
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ «جلسه درس خارج فقه آیتالله خامنهای», вебгоҳи Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ «حسینیه امام خمینی(ره) حال و هوای کلاس درس گرفت», хабаргузории ИМНА
- ↑ «آخرین شب مراسم عزاداری حضرت فاطمهزهرا سلاماللهعلیها در حسینیه امام خمینی(ره)», вебгоҳи Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ «تأسیس حسینیه امام خمینی, вебгоҳи Порсо
- ↑ «حسینیه امام خمینی», вебгоҳи Эрон Фанзӣ
- ↑ «بیت رهبری چگونه ساخته شد؟/ چرا "آقا" به جماران نرفت؟!», Ҷаҳон-ниюс
- ↑ «رفیق دوست: من مثل چماق میمانم», хабаргузории Тобнок
- ↑ «زیلوهای حسینیه امام خمینی (ره) چه کسانی میبافند؟», пойгоҳи иттилоърасонии Ҳавза
- ↑ «رفیق دوست: من مثل چماق میمانم», хабаргузории Тобнок
Ёддошт
- ↑ Зерандозҳои дастбофти суннатии ба гилем монанд.
Сарчашма
- «بیت رهبری چگونه ساخته شد؟/ چرا "آقا" به جماران نرفت؟!», Ҷаҳон-нуз, санаи нашр: 20 хурдоди 1395ш, санаи боздид: 18 хурдоди 1403ш.
- «رفیق دوست: من مثل چماق میمانم», хабаргузории Тобнок, санаи нашр: 28 урдибиҳишти 1392ш, санаи боздид: 18 хурдоди 1403ш.
- «تصاویری از خیل خبرنگاران در حسینیه امام خمینی در حضور رهبر انقلاب», Эътимод, санаи нашр: 11 исфанди 1402ш, санаи боздид: 18 хурдоди 1403ш.
- «حسینیه امام خمینی», пойгоҳи Эрон Фанзӣ, санаи нашр: номаълум, санаи боздид: 18 хурдоди 1403ш.
- «حسینیه امام خمینی(ره) حال و هوای کلاس درس گرفت», хабаргузории ИМНА, санаи нашр: 12 урдибиҳишти 1403ш, санаи боздид: 18 хурдоди 1403ш.
- «تأسیس حسینیه امام خمینی», пойгоҳи Парса, санаи нашр: 25 хурдоди 1401ш, санаи боздид: 18 хурдоди 1403ш.
- «آخرین شب مراسم عزاداری حضرت فاطمهزهرا سلاماللهعلیها در حسینیه امام خمینی(ره)», вебгоҳи дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳи Узмо Хоманаӣ, санаи нашр: 27 азари 1402ш, санаи боздид: 18 хурдоди 1403ш.
- «زیلوهای حسینیه امام خمینی (ره) چه کسانی میبافند؟», пойгоҳи иттилоърасонии Ҳавза, санаи нашр: 21 мурдоди 1399ш, санаи боздид: 18 хурдоди 1403ш.
- «مراسم عزاداری شام شهادت حضرت فاطمهزهرا سلاماللهعلیها», вебгоҳи дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳи Узмо Хоманаӣ, санаи нашр: 26 азари 1402ш, санаи боздид: 21 хурдоди 1403ш.
- «جلسه درس خارج فقه آیتالله خامنهای», вебгоҳи дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳи Узмо Хоманаӣ, санаи нашр: 26 обони 1398ш, санаи боздид: 21 хурдоди 1403ш.