Ҷиҳоди табйин
Ҷиҳоди табйин (форсӣ: جِهاد تَبیین) ба маънии равшангарӣ аз рӯи кори илмӣ ва таҳқиқӣ, ба манзури муқобила бо душман ва васвасаҳои ӯ дониста шудааст. Нахустин бор, ин истилоҳро Оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон, дар апрели соли 2016, ба кор бурд ва дар ноябри 2021 ба табйин ва баррасии он пардохт. Ӯ муътақид аст ин истилоҳ аз васиятномаи Имом Алӣ (а) ба Ҳасанайн (а) гирифта шудааст; ки дар сурати муҳаққақ шудан, осоре чун «ҷилавгирӣ аз таҳриф», «ҳифзи пуштибонии иҷтимоӣ» ва «аз байн рафтани мушкилот» дорад.
Оятуллоҳ Хоманаӣ, дар айни ишора ба мавзуоти ниёзманди табйини воқеӣ, муътақид аст, табйини ин мавзуъҳо бояд ба шеваи улгуҳое чун пайғамбарон ва имомон, ки аз пешгомони ҷиҳоди табйин будаанд, сурат пазирад; то ахлоқ ва адаби исломӣ дар он риоят шавад.
Тарҳи ин истилоҳ аз сӯи Оятуллоҳ Хоманаӣ дар байни устодони ҳавза, донишгоҳ ва ниҳодҳои иҷроии кишвари Эрон, дидгоҳҳо ва бозтобҳоеро ба думбол дошт; ки интишори китобе бо унвони «Ҷиҳоди табйин» ба забонҳои форсӣ ва арабӣ ва шаклгирии «Қароргоҳи ҷиҳоди табйин» дар баъзе аз шаҳрҳои Эрон, аз ҷумлаи онҳо аст.
Мафҳумшиносӣ
Оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон «ҷиҳоди табйин»-ро ба маънии анҷом додани кори илмӣ ва таҳқиқӣ, сухан гуфтан ва шарҳ додан барои муқобила бо душман ва аз байн бурдани васвасаҳои ӯ, донистааст.[1] Ин истилоҳ, нахустин бор аз сӯи ӯ дар апрели 2016 мавриди ишора қарор гирифт[2] ва дар ноябри 2021 ба табйини он пардохт.[3] Ҳарчанд пеш аз он низ, дар мавориде ба ин мавзуъ ишора намуда ва муътақид аст, бо табйини андешаи исломӣ, мардум ба лиҳози фикрӣ қонеъ шуда ва ононро ба ҳаракат дар масири аҳдофи исломӣ, водор мекунад.[4]
Ӯ истилоҳи «ҷиҳоди ривоят»,[5] «ҳаракати табйин»,[6] «тавриҷ»[7] ва «равшангарӣ»-ро[8] ҳамсӯ бо истилоҳи «ҷиҳоди табйин» медонад.[9]
Ҷойгоҳ ва аҳамият
Сайид Алии Хоманаӣ:
Дар байни хусусиятҳои барҷаста ва мумтози Фотимаи Заҳро (с), яке аз хусусиёти бисёр барҷаста «ҷиҳоди табйин»-и Фотимаи Заҳро (с) аст. Эшон ду хутбаи мумтоз ва номдор ироа карданд, ки яке аз он ду хутба, хутбаи маъруфи эшон: «اَلحَمدُ لِلَّهِ عَلى ما اَنعَمَ وَ لَهُ الشُّکرُ عَلى ما اَلهَم» дар ҷамъи саҳоба аст, ки дар бораи ин хутба гуфта шуда, ки дар радифи беҳтарин хутбаҳои Наҳҷ-ул-балоға аст - он касоне, ки аҳли балоғат ва аҳли фаҳманд, ин гуна гуфтаанд; мамлув аст аз маориф ва ҳақоиқ - яке ҳам он хутбаи ҳазрат хитоб ба занони муҳоҷир ва ансор аст: «اَصبَحتُ وَ اللَهِ عائِفَةً لِدُنیاکُم قالِیَةً لِرِجالِکُم» ё «عائِفَةً لِدُنیاکُنَّ قَالِیَةً لِرِجالِکُنَّ»; ин ду хутба «ҷиҳоди табйин»-и Фотимаи Заҳро (с) дар муддати кӯтоҳе баъд аз реҳлати Пайғамбар (с) аст.
Ба гуфтаи Сайид Алии Хоманаӣ, истилоҳи ҷиҳоди табйин аз ин бахши васиятномаи Имом Алӣ (а): «Аллоҳ, Аллоҳ, фи-л-ҷиҳод биамволикум ва анфусикум ва алсинатикум фи сабили-л-лоҳ»[Ёддошт 1][11] ба Ҳасанайн гирифта шуда[12] ва шеваи бисёре аз Аҳли Байт (а) дар ҷиҳод, ҷиҳоди табйин будааст.[13] Ӯ ба табйин ва тафсири дин бо нигоҳи хосси Аҳли Байт (а) ишора карда[14] ва муътақид аст «ҷиҳоди табйин» ба унвони як вазифаи шаръӣ бар ҳамагон лозим ва як фаризаи фаврӣ (воҷибе, ки дар аввалин фурсат бояд анҷом гирад) аст.[15]
Ба гуфтаи ӯ, яке аз осори ҷиҳоди табйин, «ҷилавгирӣ аз таҳриф» (таҳрифи ҳақиқати таърихӣ монанди сафед кардани ситамгарони таърих) аст.[16] Ҳамчунин ӯ «эҷоди гуфтугӯ» (яъне шаклгирии фикри роиҷ байни мардум ва мутолибаи умумии онҳо)[17] ва «ҳифзи пуштибонии иҷтимоӣ»-ро (ҳифзи ҳузури мардум дар саҳнаҳои иҷтимоӣ),[18] аз ҷумлаи осори он медонад ва бар ин бовар аст, ки «аз байн рафтани мушкилот» (рафъи мушкилот ва сахтиҳо тавассути мардум, дар сурати табйини дуруст, мантиқӣ ва дар замони муносиб аз сӯи равшанфикрон, уламо ва аҳли фарҳангу адаб) низ, бо ҷиҳоди табйин имконпазир аст.[19] Аминулислом Табарсӣ нависандаи тафсири Маҷмаъ-ул-баён дар зери ояти 52 сураи Фурқон «فَلَا تُطِعِ الْكَافِرِينَ وَجَاهِدْهُمْ بِهِ جِهَادًا كَبِيرًاً» [Фало тутиъ ал-кофирина ва ҷоҳидҳум ҷиҳодан кабиро], гуфтааст, ки ин оят далолат дорад бар ин ки ҷиҳоди мутакаллимон дар рафъи шубҳаҳои мункирон ва душманони дин аз бузургтарин ҷиҳодҳо ва дорои ҷойгоҳи вижа дар пешгоҳи Худованд аст. Ӯ ҳамчунин эҳтимол дода, ки мақсуд аз ҷиҳоди акбар дар ҳадиси набавӣ (Раҷаъно мина-л-ҷиҳод-ил-асғар ила-л-ҷиҳод-ил-акбар)[Ёддошт 2] ҷиҳод бо Қуръон ва муқобила бо шубҳаҳои мухолифон ва душманони дин бошад.[21]
Мавзуоти ниёзманд ба табйин
Ба эътиқоди Оятуллоҳ Хоманаӣ, баъзе аз мавзуъоте, ки ба табйин ниёз дорад, иборатанд аз:
| № | Мисоли табйин | Далел |
|---|---|---|
| 1 | Дастовардҳо ва коромадии низоми исломӣ | Табйини дастовардҳои Ҷумҳурии исломии Эрон, дар «таҳкими пояҳои мардумии низом ва ҳифзу давоми он» нақш дорад.[22] Зеро душман бар вонамуди нокоромадии он дар афкори умумӣ дар талош буда[23] ва дастовардҳои Эронро пас аз инқилоби исломӣ, ба мардум ночиз нишон медиҳад.[24] |
| 2 | Зарфиятҳои гуногуни кишвар | Роҳи берун рафтан аз мушкилоти иқтисодӣ, такя бар зарфиятҳои дохилӣ чун иқтисоди муқовиматӣ, истифода аз зарфияти нерӯи ҷавон,[25] ва авлавият додан ба тавлиди миллӣ дониста шуда, ки ниёзманд ба табйин ва равшангарӣ аст.[26] |
| 3 | Хатари нуфуз | Масъалаи нуфуз дар кишвари Эрон яке аз барномаҳои ҷиддии душман хонда шуда, ва бо ҳадафи тағйир додани муҳосиботи мудирон (шеваи тасмимгирӣ ва тасмимсозӣ дар идораи кишвар) ва боварҳои мардум нисбат ба Исломи сиёсӣ, Инқилоби исломии Эрон, сурат мепазирад,[27] ки ин мавзуъ низ мисли ҷанг ва таҳрим бояд барои ҳамаи ашхоси ҷомеа табйин шавад.[28] |
| 4 | Андешаи муқовимат | Барои ин ки тасаввур нашавад, чун душман бомба ва мӯшак ё дастгоҳҳои таблиғотӣ ва расонаии қавӣ дорад лозим аст ақибнишинӣ кунем; бояд назарияи асили муқовиматро, аз лиҳози назарӣ ва амалӣ, табйин ва тавриҷ намуд.[29] |
| 5 | Сабки зиндагии исломӣ | Сабки зиндагӣ бояд бар асоси маорифи исломӣ табйин шавад.[30] Зеро сабки зиндагии ғалат, ки ношӣ аз мушкилоти фарҳангӣ ва фарҳанги ҳоким бар зеҳнҳо аст дар асри тақлид аз сабки зиндагии ғарбӣ, ба вуҷуд меояд.[31] |
| 6 | Ҳифзи ваҳдат | Сиёсати тафриқа байни мусалмонон, аз сӯи душманони Ислом аз ҳар ҷанги низомӣ ё ҳаракати сиёсӣ ва чолиши иқтисодӣ бо сарфатар буда[32] ва бо ҳадафи шикаст додани ҷабҳаи ҳақ ва ақибнишинии ӯ сурат мепазирад; ки бояд дар нуқтаи муқобили он ҳаракат карда ва мавзуоти ваҳдатомезро тавриҷ намуд.[33] |
| 7 | Ҳуқуқи зан | Табйини ҳуқуқи бонувон ва тафовути он бо ҳуқуқи мард, лозим аст ва бояд бар асоси маорифи исломӣ ва табиат ва фитрати ҳар ду сурат пазирад.[34] Зеро дар кишварҳои ғарбӣ ба номи озодӣ зан мавриди зулм қарор гирифта ва таҳқир (аз байн рафтани ҳуқуқ ва арзишҳои ӯ) шудааст; ки табйини он зарурат дорад.[35] |
| 8 | Оила ва фарзандоварӣ | Зан ва модар ба унвони меҳвари аслии оила буда, ки нақши фарзандоварии баҳангом бар ӯҳдаи ӯ буда ва табйини он, аз вазифаҳои муҳим ва асосӣ аст.[36] Зеро дар кишварҳои ғарбӣ тавассути расонаҳои таблиғотӣ талош шуда, ки нақши зан ва модариро камранг ҷилва дода ва аз хидматҳои занонаи ӯ бикоҳанд.[37] |
| 9 | Ҳиҷоб | Ҳиҷоб аз арзишҳои мутобиқ бо табиати инсон буда, ки бояд табйин ва тавриҷ бишавад.[38] Зеро бараҳнагӣ, ки хилофи табиати инсон буда, дар асри тавриҷи филмҳоест, ки аз зиндагии ғарбиҳо мунташир шуда ва таъсири манфӣ дар зиндагии шахсӣ ва иҷтимоии инсон дорад.[39] |
| 10 | Исоргарӣ дар дифои муқаддас | Аз филмсозон ва аҳли ҳунар, табйини фаъолиятҳои анҷомшуда дар даврони дифои муқаддас хоста шудааст.[40] Зеро маҷмуаҳое, ки пуштибонии ҷангро бар ӯҳда доштанд, аз имконоти маънавӣ ва моддии худ барои дифоъ аз Инқилоби исломии Эрон истифода мекарданд.[41] |
| 11 | Зиндагиномаи шаҳидон | Хусусиятҳои зиндагии шахсӣ ва иҷтимоии шаҳидони даврони дифои муқаддас, ҳамон гуна воқеият дорад, ниёзманд ба табйини илмӣ ва ҳунарӣ аст.[42] Зеро аз шаҳид барои наслҳои оянда, намуна муаррифӣ мешавад, ки наҷотдиҳандаи сарзамини Ислом аз ҳуҷуми ситамгарони ҷаҳон будааст.[43] |
| 12 | Айёмуллоҳ | Худованд дар бахше аз ояти 5 сураи Иброҳим, ба Пайғамбар (с) дастур додааст, ки мардумро ба ёди «айёмуллоҳ» биандозад; то ба фаромӯшӣ супурда нашаванд.[44] Чунки ин рӯзҳо, таърихсоз (таъсиргузор будан дар ҷараёнҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ) буда;[45] ва рӯзҳое чун 22 баҳмани 1357ҳ.ш./11 феврали 1979[46] аз айёмуллоҳ хонда шудаанд.[47] |
| 13 | Ҷумҳурии исломӣ | Ҷумҳурии исломӣ ки ба думболи таҳқиқи мардумсолории динӣ (озодии мардум дар интихоб аммо дар чорчӯбаи муқаррароти исломӣ)[48] аст; бояд табйин шавад. Зеро ин калима илова бар арзишҳои маънавӣ ва Илоҳӣ, иродаи мардумиро низ ҳамроҳ дошта; ва чизеро ба мардум таҳмил намекунад.[49] |
| 14 | Ормонҳои Инқилоби исломии Эрон | Мавзуъоте чун ҳаёти тайиба (зиндагии гуворо дар дунё ва охират),[50] «адолати иҷтимоӣ» (тақсими одилона ва оқилонаи имконоти кишвар)[51] ва «истиқлолу озодӣ» (вобаста набудан ба душманон ва бегонагон)[52] аз аҳдоф ва ормонҳои Инқилоби исломии Эрон ҳастанд, ки ба табйин ниёз доранд.[53] Зеро ҳадаф аз табйини онҳо, раҳоӣ аз султаи истикбори ҷаҳонӣ (давлати Амрико)[54] дониста шуда, ки дар сурати табйин нашудан, сардаргумӣ ва ошӯфтагӣ ба вуҷуд меоварад.[55] |
| 15 | Арзиши кор ва коргар | Равшан намудани арзиши кор ва коргар ба ҳамаи мардуми ҷомеаи исломӣ аз вазифаҳои мудирон аст.[56] Зеро илова бар ин ки дар Ислом арзишманд аст,[57] ниёзҳои табиии инсонро (мисли тавлиди хӯрданиҳо, пӯшиданиҳо ва...) таъмин мекунад.[58] |
| 16 | Ҳокимияти дин | Табйин ва равшангарии назарияи ҳокимияти Ислом бар ҳамаи умури зиндагии инсон, аз вазифаҳои ҳамаи равшанфикрон дар ҳавзаҳои мухталиф ва ҳавзаи илмия дониста шудааст.[59] Зеро талоши душман пас аз ташкили Ҷумҳурии исломии Эрон, бар ин буда, ки «Исломро дар амали шахсӣ ва ақидаи дилӣ» мунҳасир намуда ва исбот кунад, ки ба масоили иҷтимоӣ ва зиндагии умумӣ кор надорад.[60] |
Намунаҳо
Раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон бо истинод ба бахше аз хутбаи аввали Наҳҷ-ул-балоға, пайғамбаронро аз бунёнгузорони табйин хонда[61] муътақид аст «табйин» муҳимтарин вазифаи онон будааст.[62] Ба гуфтаи Оятуллоҳ Хоманаӣ охирин Пайғамбари Илоҳӣ (с) низ бо вуҷуди бисёре аз душвориҳо дар оғози даъват ба дини Ислом, суханони ҳаққи худро табйин менамуд.[63] Ӯ яке аз хусусиятҳои ҳукумати Имом Алӣ (а)-ро дар хутбаҳо ва номаҳои Наҳҷ-ул-балоға, табйин ва равшангарӣ шумурда;[64] ва муътақид аст, равиши ҷиҳод ва мубориза тавассути имомони шиа (а) дар тамоми даврони 250-сола дар шаклҳои гуногун идома дошта ва ҳадаф аз он, табйини исломи ноб ва тафсири саҳеҳи Қуръон ва масъалаи имомат будааст.[65] Ӯ ба намунаҳои дигаре чун муҷоҳидати ҳазрати Зайнаб (с) дар табйини ҳақоиқи Ошӯро дар Кӯфа ва Шом ишора намуда,[66] ва бар ин бовар аст, ки баъзе аз асҳоби Пайғамбар (с) чун Аммори Ёсир низ дар ҷараёни ҷанги Сиффин ба равшангарӣ ва табйини воқеиятҳо пардохтаанд.[67] Оятуллоҳ Хоманаӣ афроде чун Имом Хумайнӣ,[68] Сайид Асадуллоҳ Маданӣ,[69] Муртазо Мутаҳҳарӣ ва Сайид Муҳаммад Баҳиштиро аз улгуҳои табйинӣ ёд карда ва муътақид аст, онон, ҳақоиқи диниро табйин менамуданд.[70]
Илзомоти ахлоқӣ
Оятуллоҳ Хоманаӣ табйин ва равшангариро ҳамроҳ бо риояти ахлоқ ва адаби исломӣ лозим дониста ва дурӣ ҷустан аз бадзabонӣ ва бадгӯиро зарурӣ медонад.[71] Ӯ бо истинод ба бахше аз хутбаи 206 Наҳҷ-ул-балоға, табйинкунандагонро ба дурӣ кардан аз ғайбат ва туҳмат тавсия намуда ва муътақид аст равшангариҳо ба дури аз «қавл ба ғайри илм», (монанди дурӯғ) бошад.[72] Ба эътиқоди ӯ, риояти ахлоқ ва адаби исломӣ дар навиштаҳо низ амре лозим аст, ки матбуот ва расонаҳо бояд аз ихтилофоти ҷузъӣ ва ғайриусулӣ парҳез намуда ва ба шоеасозиҳо, напардозанд.[73]
Бозтобҳо ва дидгоҳҳо

Суханони Раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон дар бораи «ҷиҳоди табйин» дар байни устодони ҳавза ва донишгоҳ ва ниҳодҳои иҷроии кишвари Эрон бозтоб доштааст.
- Алӣ Зуилм (аз устодони Муассисаи инқилоби исломӣ), муътақид аст ҷиҳоди табйин бояд дар бистри ақлоният, мардумсолорӣ, мантиқ ва пешрафтгароӣ, сурат пазирад, то асарбахш бошад.[74]
- Ҳодӣ Содиқӣ (аз устодони донишгоҳ ва Ҳавзаи илмияи Қум) китоби «Равшанбинии Имом дар номаи 6 марти 1989» (охирин асари нигоришии Муҳаммад Муҳаммадии Райшаҳрӣ)-ро аз масодиқи ҷиҳод хонда ва бар ин бовар аст нависанда дар ин асар, ба равшангарӣ ва таҳрифзудоӣ аз дидгоҳҳои Имом Хумайнӣ пардохтааст.[75]
- Ба гуфтаи Муҳаммадҳасан Замонӣ (аз устодони донишгоҳ) Оятуллоҳ Хоманаӣ бар тарвиҷи ҷиҳоди табйин дар байни мардуми кишвари Эрон таъкид дорад; зеро ҷанги расонаии душман дар заминаи хурд нишон додани дастовардҳои кишвари Эрон ва бузургнамоии мушкилоти он, афзоиш пайдо карда ва ҷиҳоди табйин метавонад таҳоҷуми расонаии душманро хунсо кунад.[76]
- Маҷлиси шӯрои исломӣ барои тарвиҷи ҷиҳоди табйин, будҷае тасвиб намуд, ки Раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон бо ин мусувваба мухолифат намуда ва онро бенатиҷа хонд; зеро ба эътиқоди ӯ ин будҷаҳо ғолибан ҳадар меравад.[77]
- Ба думболи суханронии Оятуллоҳ Хоманаӣ, дар баъзе аз шаҳрҳои Эрон монанди Қум,[78]Шаҳрикурд,[79]Наҳованд[80] ва Хузистон «қароргоҳи ҷиҳоди табйин» ташкил шуд, ки фаъолиятҳои анҷомшуда тавассути мудирони иҷроии кишвари Эронро барои мардум табйин кунанд.[81]
Эзоҳ
- ↑ Хоманаӣ, بیانات در دیدار مداحان اهلبیت(ع), Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ Хоманаӣ, Ҷиҳоди табйин, 1400ҳ.ш., саҳ.23
- ↑ Хоманаӣ, بیانات در دیدار پرستاران و خانواده شهدای سلامت, Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ Хоманаӣ, Ҷиҳоди табйин, 1400ҳ.ш., саҳ.43
- ↑ Хоманаӣ, بیانات در دیدار پرستاران و خانواده شهدای سلامت, Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ Хоманаӣ, Ҷиҳоди табйин, 1400ҳ.ш., саҳ.23
- ↑ Хоманаӣ, بیانات در دیدار دستاندرکاران راهیان نور, Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ Хоманаӣ, بیانات در دیدار ائمه جمعه سراسر کشور, Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ Хоманаӣ, Ҷиҳоди табйин, 1400ҳ.ш., саҳ.23-24
- ↑ Хоманаӣ, بیانات در دیدار مداحان اهلبیت علیهمالسلام, Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ Наҳҷ-ул-балоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, номаи 47, саҳ.422
- ↑ Хоманаӣ, بیانات در دیدار اعضای مجلس خبرگان رهبری, Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ Хоманаӣ, بیانات در دیدار مداحان اهلبیت(ع), Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ Хоманаӣ, پیام به کنگرهی علمی بینالمللی امام علیبنموسیالرضا(ع), Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ Хоманаӣ, بیانات در دیدار فرماندهان و کارکنان نیروی هوایی و پدافند هوایی ارتش, Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ Хоманаӣ, بیانات در دیدار جمعی از دانشجویان, Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ Хоманаӣ, بیانات در دیدار رئیس و اعضای مجلس خبرگان رهبری, Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ Хоманаӣ, بیانات در اجلاس جهانی علما و بیداری اسلامی, Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ Хоманаӣ, ديدار چند تن از شخصيتهاى فرهنگى، مذهبى و علمى جهان اسلام, Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари мақоми муаззами Раҳбарӣ; Хоманаӣ, بیانات در پایان مراسم عزاداری اربعین حسینی, Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ Маҷлисӣ, Равзат-ул-муттақин, 1406ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.599
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1415ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.303
- ↑ Хоманаӣ, Армуғон, 1398ҳ.ш., саҳ.4
- ↑ Хоманаӣ, بیانات در دیدار کارگزاران نظام, Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ Хоманаӣ, بیانات در مراسم پانزدهمین سالگرد رحلت امام خمینی (رحمهالله), Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ Хоманаӣ, بیانات در جلسه تبیین سیاستهای اقتصاد مقاومتی, Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ Хоманаӣ, بیانات در دیدار مسئولان نظام, Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ; Хоманаӣ, بیانات در جلسه تبیین سیاستهای اقتصاد مقاومتی, Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ Хоманаӣ, بیانات در دیدار رئیس و اعضاى مجلس خبرگان رهبرى, Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ Хоманаӣ, بیانات در دیدار اعضای شورای هماهنگی تبلیغات اسلامی, Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ Хоманаӣ, بیانات در دیدار دانشآموزان و دانشجویان, Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ Хоманаӣ, بیانات در دیدار جمعى از دانشجویان, Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ; Хоманаӣ, بیانات در دیدار اعضای مجلس خبرگان رهبری, Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ Хоманаӣ, بیانات در نخستین دیدار رئیسجمهور و اعضای هیئت دولت سیزدهم, Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ Хоманаӣ, بیانات در دیدار کارگزاران حج, Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ Хоманаӣ, Ҷиҳоди табйин, 1400ҳ.ш., саҳ.247-248
- ↑ Хоманаӣ, Ҷиҳоди табйин, 1400ҳ.ш., саҳ.243
- ↑ Хоманаӣ, بیانات در دیدار بانوان نخبه در آستانه سالروز میلاد حضرت زهرا(س), Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ Хоманаӣ, Ҷиҳоди табйин, 1400ҳ.ш., саҳ.244-245
- ↑ Хоманаӣ, بیانات در ارتباط تصویری با مداحان, Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ Хоманаӣ, Ҷиҳоди табйин, 1400ҳ.ш., саҳ.246
- ↑ Хоманаӣ, بیانات در جلسه پرسش و پاسخ مدیران مسئول و سردبیران نشریات دانشجویی, Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ Хоманаӣ, بیانات در دیدار عوامل تولید فیلم سینمایى «شیار ۱۴۳», Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ Хоманаӣ, Ҷиҳоди табйин, 1400ҳ.ш., саҳ.274-275
- ↑ Хоманаӣ, بیانات در دیدار اعضای برگزاری کنگره شهدای استانهای کهگیلویه و بویراحمد و خراسان شمالی, Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ Хоманаӣ, Ҷиҳоди табйин, 1400ҳ.ш., саҳ.278-280
- ↑ Хоманаӣ, بیانات در دیدار دستاندرکاران راهیان نور, Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ Хоманаӣ, Ҷиҳоди табйин, 1400ҳ.ш., саҳ.271-272
- ↑ Хоманаӣ, بیانات در دیدار فرماندهان و کارکنان نیروی هوایی ارتش, Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ Хоманаӣ, خطبههای نماز جمعه تهران, Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ Хоманаӣ, Сиёсат, 1398ҳ.ш., саҳ.96
- ↑ Хоманаӣ, Ҷиҳоди табйин, 1400ҳ.ш., саҳ.202-203
- ↑ Хоманаӣ, Рӯшанои оянда, 1397ҳ.ш., саҳ.3
- ↑ Хоманаӣ, Рӯшанои оянда, 1397ҳ.ш., саҳ.67 ва 73
- ↑ Хоманаӣ, Рӯшанои оянда, 1397ҳ.ш., саҳ.50
- ↑ Хоманаӣ, Ҷиҳоди табйин, 1400ҳ.ш., саҳ.216
- ↑ Хоманаӣ, Фаластин, 1397ҳ.ш., саҳ.142
- ↑ Хоманаӣ, بیانات در دیدار شرکتکنندگان در اجلاس جهانی اساتید دانشگاههای جهان اسلام و بیداری اسلامی, Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ Хоманаӣ, بیانات در دیدار کارگران, Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ Ибни Асир, Усаду-л-ғоба, ҷ.2, саҳ.269
- ↑ Хоманаӣ, Ҷиҳоди табйин, 1400ҳ.ш., саҳ.282-284
- ↑ Хоманаӣ, Ҷиҳоди табйин, 1400ҳ.ш., саҳ.194
- ↑ Хоманаӣ, Ҷиҳоди табйин, 1400ҳ.ш., саҳ.188
- ↑ Хоманаӣ, Ҷиҳоди табйин, 1400ҳ.ш., саҳ.75-76
- ↑ Хоманаӣ, بیانات در دیدار مسئولان نظام و سفرای کشورهای اسلامی, Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ Хоманаӣ, Сиёсат, 1398ҳ.ш., саҳ.324
- ↑ Хоманаӣ, Ҷиҳоди табйин, 1400ҳ.ш., саҳ.78
- ↑ Хоманаӣ, Амини забон ва адаби порсӣ, 1397ҳ.ш., саҳ.234
- ↑ Хоманаӣ, Офтоб дар масоф, 1392ҳ.ш., саҳ.272
- ↑ Хоманаӣ, Ҷиҳоди табйин, 1400ҳ.ш., саҳ.82-83
- ↑ Хоманаӣ, Маорифи инқилоб, 1397ҳ.ш., саҳ.445
- ↑ Хоманаӣ, بیانات در دیدار با اعضای کنگره بزرگداشت شهید آیتالله مدنی, Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ Хоманаӣ, Ҳавза ва рӯҳоният, саҳ.1086
- ↑ Хоманаӣ, Ҷиҳоди табйин, 1400ҳ.ш., саҳ.99
- ↑ Хоманаӣ, «بیانات در دیدار کارگزاران نظام», Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ Ғаффорӣ, Фитнаи тағаллуб, 1398ҳ.ш., саҳ.412
- ↑ Хоманаӣ, «جهاد تبیین»؛ مقدمهای برای اصلاح، تحول و مطالبه, Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ Хоманаӣ, آخرین اثر آیتالله ریشهری مصداق «جهاد تبیین» است, Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ راز تاکید رهبر معظم انقلاب بر جهاد تبیین چیست؟, Вебгоҳи Хабаригузории донишҷӯёни Эрон (ИСНА)
- ↑ رهبر انقلاب: تخصیص بودجه سنگین برای جهاد تبیین، غلط است, Вебгоҳи Хабаригузории донишҷӯёни Эрон (ИСНА)
- ↑ تشکیل قرارگاه عملیاتی "جهاد تبیین" و پیگیری تبیین ارزشها, Вебгоҳи Хабаригузории Имно
- ↑ قرارگاه جهاد تبیین در چهارمحال و بختیاری فعال شد, Вебгоҳи Хабаригузории ҷумҳурии исломӣ
- ↑ تشکیل قرارگاه جهاد تبیین در شهرستان نهاوند, Вебгоҳи Хабаригузории Меҳр
- ↑ نشست قرارگاه جهاد تبیین استان خوزستان برگزار شد, Вебгоҳи устондории Хузистон
Ёддошт
- ↑ اللَهَ اللَهَ فِی الجِهَادِ بِاَموَالِکُم وَ اَنفُسِکُم وَ اَلسِنَتِکُم فِی سَبِیلِ اللَه Худоро, Худоро, ки дар ҷиҳод бо мол ва ҷон ва забони худ дар роҳи Худо кӯтоҳӣ накунед.(Макорими Шерозӣ, Паёми Имом Амирулмуъминин (а), 1386ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.279.)
- ↑ Бар асоси баъзе аз гузоришҳо Пайғамбар (с) пас аз бозгашт аз ҷанги Табук ин ҷумларо гуфт. Яъне аз ҷиҳоди хурдтар ба сӯи ҷиҳоди бузургтар бозгаштем. [20]
Сарчашма
- Қуръони карим.
- Ғаффорӣ, Мустафо, Фитнаи тағаллуб, Теҳрон, Интишороти Инқилоби исломӣ, 1398ҳ.ш.
- Ибни Асир, Усаду-л-ғоба, Байрут, Дор-ул-китоб-ил-арабӣ, бетаърих.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Паёми имом Амирулмуъминин (а), Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1386ҳ.ш.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадтақӣ, Равзат-ул-муттақин, ношир: Муассисаи фарҳангии исломии Кӯшонбур, муҳаққиқ / мусаҳҳеҳ: Мусавии Кирмонӣ, Ҳусайн ва Иштиҳордӣ Алипаноҳ, Қум, чопи дувум, 1406ҳ.қ.
- Наҳҷ-ул-балоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, Қум, Марказ-ул-буҳус-ил-исломия, 1374ҳ.ш.
- Хоманаӣ, Сайид Алӣ, «پیام به کنگرهی علمی بینالمللی امام رضا(ع)», («Паём ба конгресси илмии байналмилалии Имом Ризо (а)»), Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи мушоҳида: 6 ноябри 2022
- Хоманаӣ, Сайид Алӣ, «جهاد تبیین»؛ مقدمهای برای اصلاح، تحول و مطالبه, («Ҷиҳоди табйин»; муқаддамае барои ислоҳ, таҳаввул ва мутаолиба), Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи мушоҳида: 10 ноябри 2022
- Хоманаӣ, Сайид Алӣ, آخرین اثر آیتالله ریشهری مصداق «جهاد تبیین» است, (Охирин асари Оятуллоҳ Райшаҳрӣ мисдоқи «ҷиҳоди табйин» аст), Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи дарҷи матлаб: 27 марти 2022, санаи мушоҳида: 5 декабри 2022
- Хоманаӣ, Сайид Алӣ, «بیانات در دیدار مداحان اهلبیت(ع)», («Баёнот дар дидор бо моддаҳони Аҳли Байт (а)»), Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи мушоҳида: 9 ноябри 2022
- Хоманаӣ, Сайид Алӣ, «بیانات در دیدار اعضای مجلس خبرگان رهبری», («Баёнот дар дидор бо аъзои Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ»), Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи мушоҳида: 9 ноябри 2022
- Хоманаӣ, Сайид Алӣ, «بیانات در دیدار فرماندهان و کارکنان نیروی هوایی و پدافند هوایی ارتش», («Баёнот дар дидор бо фармондеҳон ва кормандони нерӯи ҳавоӣ ва пудофанди ҳавоии артиш»), Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи мушоҳида: 13 ноябри 2022
- Хоманаӣ, Сайид Алӣ, «بیانات در دیدار پرستاران و خانواده شهدای سلامت», («Баёнот дар дидор бо парасторан ва хонаводаҳои шуҳадои саломат»), Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи мушоҳида: 13 ноябри 2022
- Хоманаӣ, Сайид Алӣ, «بیانات در دیدار جمعی از دانشجویان», («Баёнот дар дидор бо гурӯҳе аз донишҷӯён»), Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи мушоҳида: 14 ноябри 2022
- Хоманаӣ, Сайид Алӣ, «بیانات در دیدار رئیس و اعضای مجلس خبرگان رهبری», («Баёнот дар дидор бо раис ва аъзои Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ»), Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи мушоҳида: 14 ноябри 2022
- Хоманаӣ, Сайид Алӣ, «بیانات در اجلاس جهانی علما و بیداری اسلامی», («Баёнот дар иҷлоси ҷаҳонии уламо ва бедории исломӣ»), Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи мушоҳида: 14 ноябри 2022
- Хоманаӣ, Сайид Алӣ, «بیانات در پایان مراسم عزاداری اربعین حسینی», («Баёнот дар поёни маросими азодории арбаъини ҳусайнӣ»), Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи мушоҳида: 15 ноябри 2022
- Хоманаӣ, Сайид Алӣ, «بیانات در دیدار کارگزاران نظام», («Баёнот дар дидор бо коргузорони низом»), Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи мушоҳида: 15 ноябри 2022
- Хоманаӣ, Сайид Алӣ, «بیانات در مراسم پانزدهمین سالگرد رحلت امام خمینی (رحمهالله)», («Баёнот дар маросими панздаҳумин солгарди реҳлати Имом Хумайнӣ (раҳматуллоҳи алайҳ)»), Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи мушоҳида: 15 ноябри 2022
- Хоманаӣ, Сайид Алӣ, «بیانات در جلسه تبیین سیاستهای اقتصاد مقاومتی», («Баёнот дар ҷаласаи табйини сиёсатҳои иқтисоди муқовиматӣ»), Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи мушоҳида: 20 ноябри 2022
- Хоманаӣ, Сайид Алӣ, «بیانات در دیدار مسئولان نظام», («Баёнот дар дидор бо масъулони низом»), Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи мушоҳида: 20 ноябри 2022
- Хоманаӣ, Сайид Алӣ, «بیانات در دیدار شورای مرکزی و کمیتههای علمی همایش صدمین سالگرد مشروطیت», («Баёнот дар дидор бо шӯрои марказӣ ва кумитаҳои илмии ҳамоиши садсолагии машрутият»), Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи мушоҳида: 20 ноябри 2022
- Хоманаӣ, Сайид Алӣ, «بیانات در خطبههای نمازجمعه», («Баёнот дар хутбаҳои намози ҷумъа»), Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи мушоҳида: 20 ноябри 2022
- Хоманаӣ, Сайид Алӣ, «بیانات در دیدار رئیس و اعضاى مجلس خبرگان رهبرى», («Баёнот дар дидор бо раис ва аъзои Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ»), Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи мушоҳида: 20 ноябри 2022
- Хоманаӣ, Сайид Алӣ, «بیانات در دیدار اعضای شورای هماهنگی تبلیغات اسلامی», («Баёнот дар дидор бо аъзои Шӯрои ҳамоҳангии таблиғоти исломӣ»), Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи мушоҳида: 20 ноябри 2022
- Хоманаӣ, Сайид Алӣ, «بیانات در دیدار دانشآموزان و دانشجویان», («Баёнот дар дидор бо донишомӯзон ва донишҷӯён»), Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи мушоҳида: 20 ноябри 2022
- Хоманаӣ, Сайид Алӣ, «بیانات در نخستین دیدار رئیسجمهور و اعضای هیئت دولت سیزدهم», («Баёнот дар нахустин дидор бо раисҷумҳур ва аъзои ҳайати давлати сездаҳум»), Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи мушоҳида: 20 ноябри 2022
- Хоманаӣ, Сайид Алӣ, «بیانات در دیدار جمعى از دانشجویان», («Баёнот дар дидор бо гурӯҳе аз донишҷӯён»), Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи мушоҳида: 20 ноябри 2022
- Хоманаӣ, Сайид Алӣ, «بیانات در دیدار اعضای مجلس خبرگان رهبری», («Баёнот дар дидор бо аъзои Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ»), Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи мушоҳида: 20 ноябри 2022
- Хоманаӣ, Сайид Алӣ, «بیانات در دیدار کارگزاران حج», («Баёнот дар дидор бо коргузорони ҳаҷ»), Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи мушоҳида: 20 ноябри 2022
- Хоманаӣ, Сайид Алӣ, «بیانات در دیدار ائمه جمعه سراسر کشور», («Баёнот дар дидор бо аиммаи ҷумъаи саросари кишвар»), Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи мушоҳида: 21 ноябри 2022
- Хоманаӣ, Сайид Алӣ, «بیانات در دیدار بانوان نخبه در آستانه سالروز میلاد حضرت زهرا(س)», («Баёнот дар дидор бо бонувони нухба дар остонаи солрӯзи мавлуди ҳазрати Заҳро (с)»), Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи мушоҳида: 23 ноябри 2022
- Хоманаӣ, Сайид Алӣ, «بیانات در ارتباط تصویری با مداحان», («Баёнот дар иртиботи тасвирӣ бо моддаҳон»), Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи мушоҳида: 23 ноябри 2022
- Хоманаӣ, Сайид Алӣ, «بیانات در جلسه پرسش و پاسخ مدیران مسئول و سردبیران نشریات دانشجویی», («Баёнот дар ҷаласаи пурсиш ва посух бо мудирони масъул ва сармуҳаррирони нашрияҳои донишҷӯӣ»), Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи мушоҳида: 23 ноябри 2022
- Хоманаӣ, Сайид Алӣ, «بیانات در دیدار عوامل تولید فیلم سینمایى (شیار ۱۴۳)», («Баёнот дар дидор бо омилони тавлиди филми синамоии (Шиёри 143)»), Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи мушоҳида: 27 ноябри 2022
- Хоманаӣ, Сайид Алӣ, «بیانات در دیدار اعضای برگزاری کنگره شهدای استانهای کهگیلویه و بویراحمد و خراسان شمالی», («Баёнот дар дидор бо аъзои баргузории кунгураи шуҳадои устони Куҳгилуя ва Буйираҳмад ва Хуросони шимолӣ»), Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи мушоҳида: 27 ноябри 2022
- Хоманаӣ, Сайид Алӣ, «خطبههای نماز جمعه تهران», («Хутбаҳои намози ҷумъаи Теҳрон»), Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи мушоҳида: 27 ноябри 2022
- Хоманаӣ, Сайид Алӣ, «بیانات در دیدار دستاندرکاران راهیان نور», («Баёнот дар дидор бо дастандркарони роҳиёни нур»), Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи мушоҳида: 27 ноябри 2022
- Хоманаӣ, Сайид Алӣ, «بیانات در دیدار فرماندهان و کارکنان نیروی هوایی ارتش», («Баёнот дар дидор бо фармондеҳон ва кормандони нерӯи ҳавоии артиш»), Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи мушоҳида: 27 ноябри 2022
- Хоманаӣ, Сайид Алӣ, «مبدأ تاریخِ تحولات جدید دنیا», («Мабдаи таърихи таҳаввулоти ҷадиди дунё»), Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи мушоҳида: 27 ноябри 2022
- Хоманаӣ, Сайид Алӣ, «بیانات در دیدار شرکتکنندگان در اجلاس جهانی اساتید دانشگاههای جهان اسلام و بیداری اسلامی», («Баёнот дар дидор бо ширкаткунандагон дар иҷлоси ҷаҳонии устодони донишгоҳҳои ҷаҳони Ислом ва бедории исломӣ»), Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи мушоҳида: 28 ноябри 2022
- Хоманаӣ, Сайид Алӣ, «بیانات در دیدار مسئولان نظام و سفرای کشورهای اسلامی», («Баёнот дар дидор бо масъулони низом ва сафирони кишварҳои исломӣ»), Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи мушоҳида: 28 ноябри 2022
- Хоманаӣ, Сайид Алӣ, «بیانات در دیدار با اعضای کنگره بزرگداشت شهید آیتالله مدنی», («Баёнот дар дидор бо аъзои кунгураи бузургдошти шаҳид Оятуллоҳ Маданӣ»), Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи мушоҳида: 4 декабри 2022
- Хоманаӣ, Сайид Алӣ, «بیانات در دیدار کارگزاران نظام», («Баёнот дар дидор бо коргузорони низом»), Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи мушоҳида: 4 декабри 2022
- Хоманаӣ, Сайид Алӣ, Амини забон ва адаби порсӣ, таҳқиқи Муҳаммадҳасан Муқайса, Теҳрон, Интишороти Инқилоби исломӣ, 1397ҳ.ш.
- Хоманаӣ, Сайид Алӣ, Армуғон, таҳқиқи Мусо Ҳулудӣ, Теҳрон, Интишороти Инқилоби исломӣ, 1398ҳ.ш.
- Хоманаӣ, Сайид Алӣ, Маорифи инқилоб, таҳқиқи Алиризо Мухторпӯри Қаҳрудӣ, Теҳрон, Интишороти Инқилоби исломӣ, 1397ҳ.ш.
- Хоманаӣ, Сайид Алӣ, Офтоб дар масоф, Теҳрон, Интишороти Инқилоби исломӣ, 1392ҳ.ш.
- Хоманаӣ, Сайид Алӣ, Рӯшанои оянда, таҳқиқи Мусо Ҳулӯдӣ, Теҳрон, Интишороти Инқилоби исломӣ, 1397ҳ.ш.
- Хоманаӣ, Сайид Алӣ, Сиёсат, таҳқиқи Амир Сиёҳпӯш, Теҳрон, Интишороти Инқилоби исломӣ, 1398ҳ.ш.
- Хоманаӣ, Сайид Алӣ, Фаластин аз манзари Оятуллоҳ Хоманаӣ, таҳқиқи Саъид Сулҳмирзоӣ, Теҳрон, Интишороти Инқилоби исломӣ, 1397ҳ.ш.
- Хоманаӣ, Сайид Алӣ, Ҳавза ва рӯҳоният, Қум, Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, бетаърих.
- Хоманаӣ, Сайид Алӣ, Ҷиҳоди табйин, таҳқиқи Саъид Сулҳмирзоӣ, Теҳрон, Интишороти Инқилоби исломӣ, 1400ҳ.ш.
- نشست قرارگاه جهاد تبیین استان خوزستان برگزار شد, (Нишасти қароргоҳи ҷиҳоди табйин устони Хузистон баргузор шуд), Вебгоҳи устондории Хузистон, санаи дарҷи матлаб: 30 ноябри 2022, санаи мушоҳида: 5 декабри 2022
- تشکیل قرارگاه عملیاتی "جهاد تبیین" و پیگیری تبیین ارزشها, (Ташкили қароргоҳи амалиётии "Ҷиҳоди табйин" ва пайгирии табйини арзишҳо), Вебгоҳи Хабаригузории ИМНА, санаи дарҷи матлаб: 17 апрели 2022, санаи мушоҳида: 5 декабри 2022
- قرارگاه جهاد تبیین در چهارمحال و بختیاری فعال شد, (Қароргоҳи ҷиҳоди табйин дар Чаҳормаҳол ва Бахтиёрӣ фаъол шуд), Вебгоҳи Хабаригузории Ҷумҳурии исломӣ, санаи дарҷи матлаб: 16 ноябри 2022, санаи мушоҳида: 5 декабри 2022
- رهبر انقلاب: تخصیص بودجه سنگین برای جهاد تبیین، غلط است, (Раҳбари инқилоб: тахсиси буҷҷаи сангин барои ҷиҳоди табйин, ғалат аст), Вебгоҳи Хабаригузории донишҷӯёни Эрон (ИСНА), санаи дарҷи матлаб: 10 марти 2022, санаи мушоҳида: 4 декабри 2022
- راز تاکید رهبر معظم انقلاب بر جهاد تبیین چیست؟, (Рози таъкиди Раҳбари муаззами инқилоб бар ҷиҳоди табйин чист?), Вебгоҳи Хабаригузории донишҷӯёни Эрон (ИСНА), санаи дарҷи матлаб: 30 апрели 2022, санаи мушоҳида: 5 декабри 2022
- «ديدار چند تن از شخصيتهاى فرهنگى، مذهبى و علمى جهان اسلام», («Дидор бо чанд тан аз шахсиятҳои фарҳангӣ, мазҳабӣ ва илмии ҷаҳони Ислом»), Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари мақоми муаззами Раҳбарӣ, санаи мушоҳида: 15 ноябри 2022
- تشکیل قرارگاه جهاد تبیین در شهرستان نهاوند, (Ташкили қароргоҳи ҷиҳоди табйин дар шаҳристони Наҳованд), Вебгоҳи Хабаригузории Меҳр, санаи дарҷи матлаб: 30 ноябри 2022, санаи мушоҳида: 5 декабри 2022
Пайванд ба берун
- فیشهای جهاد تبیین, (Фишҳои ҷиҳоди табйин)