Исломисозии улуми инсонӣ
Исломисозии улуми инсонӣ (форсӣ: اسلامیسازی علوم انسانی) ба маънои бозтаъриф ва бозсозии улуми инсонӣ бар асоси сарчашмаҳои маърифатии Ислом аст. Ҳадафи ин рӯйкард, ҳамсӯ кардани шохаҳои илмие чун равоншиносӣ ва ҷомеашиносӣ бо ҷаҳонбинии исломӣ мебошад. Ин нигоҳ пас аз инқилоби исломии 1979 дар Эрон густариш ёфта ва дар сиёсатҳои фарҳангӣ ва илмии ин кишвар мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст, ба гунае, ки ниҳодҳое чун Шӯрои олии инқилоби фарҳангӣ вазифаҳое дар ин замина бар ӯҳда доранд.
Ин идея дорои мувофиқон ва мухолифонест: мувофиқон, аз ҷумла Имом Хумайнӣ, Сайид Алии Хоманаӣ, Муртазо Мутаҳҳарӣ ва Сайид Муҳаммадбоқир Садр, онро қадаме дар ростои истиқлоли илмӣ ва фарҳангӣ медонанд, дар ҳоле ки мунтақидон, чун Абдулкарим Суруш ва Мустафо Маликиён, исломисозии улумро носозгор бо моҳияти ҷаҳоншумоли илм талаққӣ мекунанд.
Чистӣ ва ҷойгоҳ
Исломисозии улуми инсонӣ дар асл, талоше барои бозтаъриф ва бозтавлиди улуми инсонӣ бар асоси омӯзаҳои исломӣ аст, то риштаҳое чун равоншиносӣ, ҷомеашиносӣ, мудирият ва иқтисод бо ҷаҳонбинии исломӣ ҳамоҳанг шаванд.[1] Идеяи исломисозии улум бар ин бовар устувор аст, ки илм аз ҷаҳонбинӣ бетаъсир нест ва ҳар низоми маърифатӣ бар мабонии фалсафии хоссе такя дорад.[2] Аз он ҷо ки улуми инсонии муосир дар бистри тамаддуни ғарб ва бар асоси нигариши моддию материалистӣ ва умонистӣ шакл гирифтаанд, лозим аст дар ҷомеаҳои исломӣ бозсозӣ шаванд, то бо мабонии динӣ созгор гарданд.[3]
Ба бовари пажӯҳишгарон, ин рӯйкард, ки реша дар андешаи Сайид Ҷамолуддини Асадободӣ ва Муҳаммад Абдуҳ дорад,[4] пас аз инқилоби исломӣ дар Эрон густариш ёфт[5] ва талфиқи фалсафаи юнонӣ ва таълимоти исломӣ тавассути файласуфони мусалмон низ ба унвони намунае таърихӣ аз он шинохта мешавад.[6]
Сиёсати исломисозии улум дар Эрон
Дар Эрон, пас аз инқилоб, ниҳодҳои мухталифе масъули иҷрои сиёсати исломисозии улуми инсонӣ шуданд. Шӯрои олии инқилоби фарҳангӣ аз даҳаи 1980 ҳидояти ин ҳавзаро бар ӯҳда дошта ва бо ташкили «Шӯрои тахассусии таҳаввул ва иртиқои улуми инсонӣ» дар соли 2009, ин равандро пайгирӣ кардааст.[7] Донишгоҳҳо ва пажӯҳишгоҳҳое чун Фарҳангистони улуми исломӣ, Пажӯҳишгоҳи ҳавза ва донишгоҳ, Донишгоҳи Имом Содиқ (а), Донишгоҳи Боқирулъулум (а) ва Муассисаи омӯзишӣ ва пажӯҳишии Имом Хумайнӣ низ бо ҳадафи тавсеаи улуми инсонии исломӣ таъсис шудаанд.[8] Маркази улгуи исломӣ-эронии пешрафт низ маъмури тадвини улгуҳои назарӣ ва бумӣ дар ин замина аст.[9]
Сиёсати исломисозии улуми инсонӣ дар асноди калони кишвари Эрон низ бозтоб ёфтааст; аз ҷумла санади таҳаввули бунёдини омӯзиш ва парвариш,[10] барномаҳои панҷсолаи тавсеа,[11] санади таҳаввули улуми инсонӣ,[12] нақшаи муҳандисӣ-фарҳангии кишвар[13] ва санади донишгоҳи исломӣ.[14]
Иқдомҳои амалии дарбаргирандаи бознигарии китобҳои дарсӣ,[15] ташкили риштаҳои ҷадид чун иқтисоди исломӣ[16] ва равоншиносии исломӣ,[17] баргузории ҳамоишҳо,[18] иҷрои тарҳҳои пажӯҳишӣ[19] ва номгузории 12-уми даймоҳ (2 январ) дар тақвими расмии Эрон ба унвони Рӯзи улуми инсонии исломӣ будааст.[20] Бо ин ҳол, ин идея ҳамчунон дар марҳилаи назарӣ ва сиёсатгузорӣ қарор дорад[21] ва омилҳое чун тӯлони будани фароянди тавлиди илми динӣ[22] ва камбуди чеҳраҳои илмии шохис,[23] аз далелҳои кундӣ пешрафт дар ин ҳавза зикр шудаанд.
Мухолифон ва мувофиқони исломисозии улум
Мухолифони исломисозии улуми инсонӣ, илмро падидае ҷаҳоншумол дониста ва тақсими он ба исломӣ ва ғайриисломиро аз назари маърифатшинохтанӣ номуваҷҷаҳ мешуморанд.[24] Онҳо муътақиданд дин дар ҳавзаҳои эътиқодӣ ва ахлоқӣ коркард дорад[25] ва тавони посухгӯӣ ба масоили таҷрибӣ ва иҷтимоиро надорад.[26] Абдулкарим Суруш, Мустафо Маликиён[27] ва Бижан Абдулкаримӣ аз ҷумлаи мунтақидони ин идея ҳастанд, ки таркиби илми таҷрибӣ ва маърифати диниро мутаноқиз медонанд.[28]
Дар муқобил, афроде чун Имом Хумайнӣ, Сайид Алии Хоманаӣ, Сайид Муҳаммадбоқир Садр, Муртазо Мутаҳҳарӣ, Абдуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, Муҳаммадтақӣ Мисбоҳи Яздӣ, Алӣ Шариатӣ, Сайид Мунируддини Ҳусайнӣ, Сайид Ҳусайни Наср, Муҳаммадмаҳдии Мирбоқирӣ, Алиакбар Рашод, Алиризо Аърофӣ, Ҳамид Порсониё, Абдулҳусайн Хусравпаноҳ аз мувофиқони ин идея ҳастанд. Онҳо исломисозии улуми инсониро гаме дар ростои истиқлоли фарҳангӣ ва фикрии ҷомеаҳои исломӣ ва раҳоӣ аз вобастагии илмӣ ба ғарб медонанд.[29] [30]
|
Эзоҳ
- ↑ Ниг.: Хусравпаноҳ, Фалсафаи улуми инсонӣ, 1392ҳ.ш., саҳ.129; Шарифӣ, Методшиносии улуми инсонии исломӣ, 1395ҳ.ш., саҳ.49-50; Алвонӣ, Исломият-ул-маърифа байна-л-амс ва-л-явм, 1417ҳ.қ., саҳ.19
- ↑ Гулшании, Улгуи исломӣ-эронии тавсеаи илм, 1388ҳ.ш., саҳ.96
- ↑ Ниг.: Муваҳҳиди Абтаҳӣ, Таҳлил бар андешаҳои илми динӣ дар ҷаҳони Ислом, 1395ҳ.ш., саҳ.12-14
- ↑ Муваҳҳиди Абтаҳӣ, Таҳлил бар андешаҳои илми динӣ дар ҷаҳони Ислом, 1395ҳ.ш., саҳ.35-46
- ↑ «Санад истеҳсоли улуми инсонии исломӣ», 1401ҳ.ш., саҳ.10-12
- ↑ Тоҳириён, «مدلی برای تحول و اسلامی سازی علوم با اقتباس از شکل گیری فلسفه اسلامی در دوران اوج تمدن اسلامی», Сомонаи Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва андешаи исломӣ
- ↑ «آییننامه تشکیل شورای تخصصی تحول و ارتقاء علوم انسانی», Сомонаи Маркази пажӯҳишҳои Маҷлиси шӯрои исломӣ
- ↑ Муваҳҳиди Абтаҳӣ, Таҳлил бар андешаҳои илми динӣ дар ҷаҳони Ислом, 1395ҳ.ш., саҳ.48
- ↑ «وظایف مرکز», Сомонаи Маркази улгуи исломӣ-эронии пешрафт
- ↑ «مصوبه «سند تحول بنیادین آموزش و پرورش», Маркази пажӯҳишҳои Маҷлиси шӯрои исломӣ
- ↑ «Қонуни барномаи панҷсолаи панҷуми тавсеаи ҷумҳурии исломии Эрон», Маркази пажӯҳишҳои Маҷлиси шӯрои исломӣ; «قانون برنامه پنجساله پنجم توسعه جمهوری اسلامی ایران», Маркази пажӯҳишҳои Маҷлиси шӯрои исломӣ; «قانون برنامه پنج ساله ششم توسعه اقتصادی، اجتماعی و فرهنگی جمهوری اسلامی ایران», Маркази пажӯҳишҳои Маҷлиси шӯрои исломӣ; «قانون برنامه پنج ساله هفتم پیشرفت جمهوری اسلامی ایران», Маркази пажӯҳишҳои Маҷлиси шӯрои исломӣ
- ↑ «رئیس شورای تحول و ارتقاء علوم انسانی گفت: سند تحول علوم انسانی؛ بستری برای پیشرفت اسلامی-ایرانی و اثرگذاری اجتماعی», Сомонаи Шӯрои олии инқилоби фарҳангӣ
- ↑ «Нақшаи муҳандисии фарҳангии кишвар», 1393ҳ.ш., саҳ.39
- ↑ «مصوبه «سند دانشگاه اسلامی», Сомонаи Маркази пажӯҳишҳои Маҷлиси шӯрои исломӣ
- ↑ «پژوهشگاه حوزه و دانشگاه در یک نگاه», Сомонаи Пажӯҳишгоҳи ҳавза ва донишгоҳ
- ↑ «معرفی رشته اقتصاد اسلامی», Сомонаи Донишгоҳи Хоразмӣ
- ↑ «سرفصل دوره کارشناسی ارشد روانشناسی اسلامی تصویب شد», Хабаргузории Меҳр
- ↑ Муваҳҳиди Абтаҳӣ, Таҳлил бар андешаҳои илми динӣ дар ҷаҳони Ислом, 1395ҳ.ш., саҳ.50-51; «کنگره بینالمللی علوم انسانی اسلامی», Сомонаи Маҷмаи олии улуми инсонии исломӣ
- ↑ Барои намуна ниг.: Аҳмадзода, «واکاوی پژوهشگاه علوم و فرهنگ اسلامی», Сомонаи Пажӯҳишгоҳи улум ва фарҳанги исломӣ; Авлиёӣ, «پروژه علوم انسانی اسلامی و بازخوانی چند رویکرد», Сомонаи рӯзномаи Фарҳехтагон
- ↑ «بیانیه دبیرخانه شورای عالی انقلاب فرهنگی: علوم انسانی اسلامی؛ محرک اصلی تمدنسازی و پیشرفت جامعه», Сомонаи Шӯрои олии инқилоби фарҳангӣ
- ↑ Муваҳҳиди Абтаҳӣ, Таҳлил бар андешаҳои илми динӣ дар ҷаҳони Ислом, 1395ҳ.ш., саҳ.15
- ↑ Муваҳҳиди Абтаҳӣ, Таҳлил бар андешаҳои илми динӣ дар ҷаҳони Ислом, 1395ҳ.ш., саҳ.16; барои намуна ниг.: Алвонӣ, Исломият-ул-маърифа байна-л-амс ва-л-явм, 1417ҳ.қ., саҳ.11
- ↑ Муваҳҳиди Абтаҳӣ, Таҳлил бар андешаҳои илми динӣ дар ҷаҳони Ислом, 1395ҳ.ш., саҳ.16
- ↑ Суруш, «Ислом ва улуми иҷтимоӣ, нақде бар динӣ кардани илм», саҳ.333-334
- ↑ Суруш, «Дини ақаллӣ ва аксарӣ», саҳ.4-5; Суруш, «Ислом ва улуми иҷтимоӣ, нақде бар динӣ кардани илм», саҳ.84-112
- ↑ Суруш, дарсҳое дар фалсафаи илму-л-иҷтимоъ, 1385ҳ.ш., саҳ.17
- ↑ Суруш, «Дини ақаллӣ ва аксарӣ», саҳ.4-5; Суруш, «Ислом ва улуми иҷтимоӣ, нақде бар динӣ кардани илм», саҳ.84-112; Маликиён, «Имкон ва чигунагии илми динӣ», саҳ.11-12
- ↑ Абдулкаримӣ, Поёни теология, 1395ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.174-175
- ↑ Муваҳҳиди Абтаҳӣ, Таҳлил бар андешаҳои илми динӣ дар ҷаҳони Ислом, 1395ҳ.ш., саҳ.47
- ↑ Қасталонӣ, ал-Мавоҳиб-уд-диния, Қоҳира, ҷ.1, саҳ.442-444
- ↑ ،آمادهخوری در علوم انسانی، زمینهساز ریزشهاست, Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ
Сарчашма
- Абдулкаримӣ, Бижан, Поёни теология, Теҳрон, Нақди фарҳанг, 1395ҳ.ш.
- Авлиёӣ, Аҳмад, «پروژه علوم انسانی اسلامی و بازخوانی چند رویکرد» («Лоиҳаи улуми инсонии исломӣ ва бозхонии чанд рӯйкард»), Сомонаи рӯзномаи Фарҳехтагон, санаи боздид: 18 январи 2025
- Алвонӣ, Таҳо Ҷобир Файёз, Исломият-ул-маърифа байна-л-амс ва-л-явм, Қоҳира, ал-Маҳаду-л-оламӣ ли-л-фикри-л-исломӣ, 1417ҳ.қ.
- Аҳмадзода, Сайид Мустафо, «واکاوی پژوهشگاه علوم و فرهنگ اسلامی» («Воковии Пажӯҳишгоҳи улум ва фарҳанги исломӣ»), Сомонаи Пажӯҳишгоҳи улум ва фарҳанги исломӣ, санаи боздид: 18 январи 2025
- Вилоятӣ, Алиакбар, Фарҳанг ва тамаддуни исломӣ, Қум, Дафтари нашри маориф, 1386ҳ.ш.
- Гулшанӣ, Маҳдӣ, Аз илми секуляр то илми динӣ, Теҳрон, Пажӯҳишгоҳи улуми инсонӣ ва мутолиоти фарҳангӣ, 1385ҳ.ш.
- Гулшанӣ, Маҳдӣ, Улгуи исломӣ-эронии тавсеаи илм, Теҳрон, Маркази таҳқиқоти сиёсати илмии кишвар, 1388ҳ.ш.
- Маликиён, Мустафо, «امکان و چگونگی علم دینی» («Имкон ва чигунагии илми динӣ»), Маҷаллаи Равишшиносии улуми инсонӣ, №22, баҳори 1379ҳ.ш.
- Муваҳҳиди Абтаҳӣ, Муҳаммадтақӣ, Таҳлил бар андешаҳои илми динӣ дар ҷаҳони Ислом, Қум, Маркази байналмилалии тарҷума ва нашри ал-Мустафо, 1395ҳ.ш.
- Муродӣ, Маҷид, исломисозии маърифат, Қум, Пажӯҳишгоҳи ҳавза ва донишгоҳ, 1385ҳ.ш.
- Муҳаммад Мирзоӣ ва дигарон, «از جهانبینی اسلامی تا تولید علم دینی» («Аз ҷаҳонбинии исломӣ то тавлиди илми динӣ»), Маҷаллаи пажӯҳишҳои иҷтимоии исломӣ, даври 25, шумораи 120, исфанди 1398ҳ.ш.
- Муҳити Ардакон, Муҳаммадалӣ ва Алӣ Мисбоҳ, «بایدها و نبایدهاى اسلامى سازى علوم انسانى از دیدگاه علّامه مصباح» («Боядҳо ва набоядҳои исломӣкунонии улуми инсонӣ аз дидгоҳи Аллома Мисбоҳ»), Маҷаллаи Маърифати фалсафӣ, соли 10, №1, пайвастаи 37, тирамоҳи 1391ҳ.ш.
- Рассел, Бертран, Таърихи фалсафаи Ғарб, тарҷумаи Наҷаф Дарёбандарӣ, Теҳрон, Китоби Парвоз, 1373ҳ.ш.
- Суруш, Абдулкарим, «دین اقلی و اکثری»، («Дини ақаллӣ ва аксарӣ»], Маҷаллаи Киён, №41, 1377ҳ.ш.
- Суруш, Абдулкарим, «Ислом ва улуми иҷтимоӣ, нақде бар динӣ кардани илм», дар илми динӣ; дидгоҳҳо ва мулоҳизот, Қум, Пажӯҳишгоҳи ҳавза ва донишгоҳ, 1385ҳ.ш.
- Суруш, Абдулкарим, дарсҳое дар фалсафаи илму-л-иҷтимоъ, Теҳрон, Нашри Най, 1385ҳ.ш.
- Тоҳириён, Маҳдӣ, «مدلی برای تحول و اسلامی سازی علوم با اقتباس از شکل گیری فلسفه اسلامی در دوران اوج تمدن اسلامی» («Моделе барои таҳаввул ва исломисозии улум бо иқтибос аз шаклгирии фалсафаи исломӣ дар даврони авҷи тамаддуни исломӣ»), Сомонаи Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва андешаи исломӣ, санаи дарҷи матлаб: 21 феврали 2020, санаи боздид: 18 январи 2025
- Хусравпаноҳ, Абдулҳусайн, Дар ҷустуҷӯи улуми инсонии исломӣ, Қум, Дафтари нашри маориф, 1393ҳ.ш.
- Хусравпаноҳ, Абдулҳусайн, Фалсафаи улуми инсонӣ, Теҳрон, Созмони басҷи устодон, 1392ҳ.ш.
- Ҳусайнии Хоманаӣ, Сайид Алӣ, «حکم آغاز دورهی جدید شورای عالی انقلاب فرهنگی» («Ҳукми оғози давраи ҷадиди Шӯрои олии инқилоби фарҳангӣ»), Пойгоҳи Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи дарҷи матлаб: 18 октябри 2014, санаи боздид: 7 декабри 2024
- Ҳусайнии Хоманаӣ, Сайид Алӣ, «بیانات در دیدار اساتید دانشگاهها» («Баёнот дар дидор бо устодони донишгоҳҳо»), Пойгоҳи Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи дарҷи матлаб: 30 августи 2009, санаи боздид: 7 декабри 2024
- Ҳусайнии Хоманаӣ, Сайид Алӣ, «بیانات در دیدار جمعی از استادان، نخبگان و پژوهشگران دانشگاهها» («Баёнот дар дидор бо гурӯҳе аз устодон, нухбагон ва пажӯҳишгарони донишгоҳҳо»), Пойгоҳи Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи дарҷи матлаб: 10 июни 2018, санаи боздид: 7 декабри 2024
- Ҷамшедӣ, Маҳдӣ, «موانع فرهنگی فرا روی تولید علوم انسانی اسلامی» («Монеаҳои фарҳангӣ фарорӯи тавлиди улуми инсонии исломӣ»), маҷаллаи Кайҳони фарҳангӣ, соли 27, шумораи 290 ва 291, баҳман ва исфанди 1389ҳ.ш.
- Шарифӣ, Аҳмадҳусайн, Методшиносии улуми инсонии исломӣ, Теҳрон, Маркази пажӯҳишҳои улуми инсонии исломии Садро, 1395ҳ.ш.
- Шаҳгулӣ, Аҳмад, «ارزیابی ادلّۀ انکار علم دینی (بر اساس دیدگاه عبدالکریم سروش)» («Арзёбии адлаи инкори илми динӣ (бар асоси дидгоҳи Абдулкарим Суруш)»], Фаслномаи мутолиоти маърифатӣ дар донишгоҳи исломӣ, пайвастаи 83, соли 24, шумораи 2, тобистони 1399ҳ.ш.
- «معرفی رشته اقتصاد اسلامی» («Муаррифии риштаи иқтисоди исломӣ»), Сомонаи Донишгоҳи Хоразмӣ, санаи дарҷи матлаб: 25 январи 2016, санаи боздид: 18 январи 2025
- «کنگره بینالمللی علوم انسانی اسلامی» («Конгресси байналмилалии улуми инсонии исломӣ»), Сомонаи Маҷмаи олии улуми инсонии исломӣ, санаи боздид: 18 январи 2025
- «سند تولید علوم انسانی اسلامی» («Санад тавлиди улуми инсонии исломӣ»), Қум, Муассисаи омӯзишӣ ва пажӯҳишии Имом Хумайнӣ, 1401ҳ.ш.
- «آییننامه تشکیل شورای تخصصی تحول و ارتقاء علوم انسانی» («Оинномаи ташкили Шӯрои тахассусии таҳаввул ва иртиқои улуми инсонӣ»), Сомонаи Маркази пажӯҳишҳои Маҷлиси шӯрои исломӣ, санаи боздид: 7 декабри 2024
- «قانون برنامه پنج ساله هفتم پیشرفت جمهوری اسلامی ایران» («Қонуни барномаи панҷ солаи ҳафтуми пешрафти ҷумҳурии исломии Эрон»), Маркази пажӯҳишҳои Маҷлиси шӯрои исломӣ, санаи дарҷи матлаб: 24 июни 2024, санаи боздид: 18 январи 2025
- «مصوبه «سند تحول بنیادین آموزش و پرورش» («Мусуввабаи "Санад таҳаввули бунёдини омӯзиш ва парвариш"»), Маркази пажӯҳишҳои Маҷлиси шӯрои исломӣ, санаи дарҷи матлаб: 20 феврали 2012, санаи боздид: 18 январи 2025
- «مصوبه «سند دانشگاه اسلامی» («Мусуввабаи "Санади донишгоҳи исломӣ"»), Сомонаи Маркази пажӯҳишҳои Маҷлиси шӯрои исломӣ, санаи дарҷи матлаб: 23 июли 2013, санаи боздид: 7 январи 2025
- «قانون برنامه پنج ساله ششم توسعه اقتصادی، اجتماعی و فرهنگی جمهوری اسلامی ایران» («Қонуни барномаи панҷ солаи шашуми тавсеаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳурии исломии Эрон»), Маркази пажӯҳишҳои Маҷлиси шӯрои исломӣ, санаи дарҷи матлаб: 5 апрели 2017, санаи боздид: 18 январи 2025
- «قانون برنامه پنجساله پنجم توسعه جمهوری اسلامی ایران» («Қонуни барномаи панҷсолаи панҷуми тавсеаи ҷумҳурии исломии Эрон»), Маркази пажӯҳишҳои Маҷлиси шӯрои исломӣ, санаи дарҷи матлаб: 19 январи 2011, санаи боздид: 18 январи 2025
- «پژوهشگاه حوزه و دانشگاه در یک نگاه» («Пажӯҳишгоҳи ҳавза ва донишгоҳ дар як нигоҳ»), Сомонаи Пажӯҳишгоҳи ҳавза ва донишгоҳ, санаи боздид: 18 январи 2025
- «نقشه مهندسی فرهنگی کشور» («Нақшаи муҳандисии фарҳангии кишвар»), Теҳрон, Шӯрои олии инқилоби фарҳангӣ, 1393ҳ.ш.
- «بیانیه دبیرخانه شورای عالی انقلاب فرهنگی: علوم انسانی اسلامی؛ محرک اصلی تمدنسازی و پیشرفت جامعه» («Баёнияи дабирихонаи Шӯрои олии инқилоби фарҳангӣ: улуми инсонии исломӣ; муҳаррики аслии тамаддунсозӣ ва пешрафти ҷомеа»), Сомонаи Шӯрои олии инқилоби фарҳангӣ, санаи дарҷи матлаб: 1 январи 2025, санаи боздид: 18 январи 2025
- «رئیس شورای تحول و ارتقاء علوم انسانی گفت: سند تحول علوم انسانی؛ بستری برای پیشرفت اسلامی-ایرانی و اثرگذاری اجتماعی» («Раиси Шӯрои таҳаввул ва иртиқои улуми инсонӣ гуфт: Санади таҳаввули улуми инсонӣ; бистаре барои пешрафти исломӣ-эронӣ ва асаргузории иҷтимоӣ»), Сомонаи Шӯрои олии инқилоби фарҳангӣ, санаи дарҷи матлаб: 8 январи 2025, санаи боздид: 18 январи 2025
- «گروه علوم اجتماعی اسلامی» («Гурӯҳи ҷомеашиносии исломӣ»), Сомонаи Донишкадаи улуми иҷтимоии Донишгоҳи Теҳрон, санаи боздид: 18 январи 2025
- «کارکردهای موثر «شورای عالی انقلاب فرهنگی»؛ از تدوین اسناد بالادستی تا نهادسازی استراتژیک» («Коркардҳои муассири "Шӯрои олии инқилоби фарҳангӣ"; аз тадвини асноди болодастӣ то ниҳодсозии стратегӣ»), Хабаргузории ИСНА, санаи дарҷи матлаб: 9 декабри 2024, санаи боздид: 18 январи 2025
- «سرفصل دوره کارشناسی ارشد روانشناسی اسلامی تصویب شد» («Сарфасли давраи коршиносии аршади равоншиносии исломӣ тасвиб шуд»), Хабаргузории Меҳр, санаи дарҷи матлаб: 12 июни 2020, санаи боздид: 18 январи 2025
- «وظایف مرکز» («Вазифаҳои марказ»), Сомонаи Маркази улгуи исломӣ-эронии пешрафт, санаи боздид: 7 январи 2025