Jump to content

Басиҷ

Аз wikishia
Нишонвораи Созмони Басиҷи мустазъафин

Басиҷ (форсӣ: بسیج) ё Созмони Басиҷи мустазъафин (форсӣ: سازمان بسیج مستضعفین) ниҳоди шибҳинизомии мардумии зермаҷмӯаи Сипоҳи Посдорон аст, ки соли 1979 ба дастури Имом Хумайнӣ таъсис шуд.

Ин созмон бо ҳадафи ҳифозат аз дастовардҳои Инқилоби Исломӣ, омӯзиш ва созмондеҳии довталабон барои дифоъ аз Эрон ва эҷоди омодагии умумӣ дар муқобила бо балоҳои табиӣ фаъолият мекунад.

Басиҷ дар арсаи низомӣ нақши барҷастае дар ҷанги Ироқ бо Эрон ифо кард ва беш аз 92 ҳазор нафар аз аъзои он шаҳид ва даҳҳо ҳазор нафари дигар ҷонбоз ё асир шуданд. Дар ҳавзаи фарҳангӣ ва иҷтимоӣ низ бо барпоии ҳалқаҳои Солеҳин, эъзоми корвонҳои Роҳиёни нур, тарвиҷи амр ба маъруф ва наҳй аз мункар ва мушорикат дар лоиҳаҳои сохтмонӣ ва имдодрасонӣ фаъол аст.

То соли 2019, басиҷ ҳудуди 190 ҳазор пойгоҳ дар саросари Эрон дошт ва аъзои он дар се гурӯҳи одӣ, фаъол ва вижа созмондеҳӣ мешаванд. Ғуломризо Сулаймонӣ, ки аз июни 2019 фармондеҳии онро бар ӯҳда дошт, дар марти 2026 тавассути Исроил террор шуд.

Дар тақвими расмии Эрон аз 29 обонмоҳ то 5 озармоҳ (20 - 26 ноябр) ба унвони Ҳафтаи Басиҷ номгузорӣ шудааст.

Ҷойгоҳ ва ҳадафҳо

Созмони Басиҷи мустазъафин, ниҳоди шибҳинизомӣ ва мардумии зермаҷмӯаи Сипоҳи Посдорон аст, ки таҳти фармондеҳии Раҳбари Эрон фаъолият мекунад. Ин созмон дорои сохтори силсиламаротибӣ шомили ситоди фармондеҳӣ ва сатҳи устонӣ, шаҳрӣ ва маҳаллӣ аст ва аъзои он дар гурӯҳҳои одӣ, фаъол ва вижа созмондеҳӣ мешаванд.[1] Ҳамчунин, барои сомондиҳии аъзо, қишрҳои мухталифе аз ҷумла донишҷӯӣ, туллоб, занон, ҳунармандон ва коргарон таъриф шудааст.[2]

Ҳадафҳои басиҷ шомили ҳифозат аз дастовардҳои Инқилоби Исломӣ, омӯзиш ва созмондеҳии довталабон барои дифоъ аз Эрон ва эҷоди омодагии умумӣ дар муқобила бо офатҳои табиӣ эълом шудааст.[3]

Басиҷ шаҷараи таййиба ва дарахти тановар ва пурсамаре аст, ки шукуфаҳои он бӯи баҳори васл ва таровати яқин ва ҳадиси ишқ медиҳад. Басиҷ мадрасаи ишқ ва мактаби шоҳидон ва шаҳидони гумноме аст, ки пайравонаш бар гулдастаҳои рафеи он, азони шаҳодат ва рашодат сар додаанд. Басиҷ миқоти побараҳнагон ва меъроҷи андешаи поки исломӣ аст, ки тарбиятёфтагони он, ному нишон дар гумномӣ ва бенишонӣ гирифтаанд. Басиҷ лашкари мухлиси Худост, ки дафтари ташаккули онро ҳамаи муҷоҳидон аз аввалин то охирин имзо намудаанд. Ман ҳамвора ба хулус ва сафои басиҷиён ғибта мехӯрам ва аз Худо мехоҳам то бо басиҷиёнам маҳшур гардонад, чаро ки дар ин дунё ифтихорам ин аст, ки худ басиҷиам.[4]


Ба гуфтаи Ғуломризо Сулаймонӣ, аз фармондеҳони ин созмон, муваффақияти басиҷ ба эҷоди ниҳодҳои мушобеҳи мардумӣ дар бархе кишварҳои исломӣ монанди Ироқ, Сурия, Лубнон, Фаластин ва Яман сабаб шудааст.[5] Аз 29 обон то 5 озар, баробар бо 20 - 26 ноябр, дар тақвими расмии Эрон ба номи Ҳафтаи Басиҷ номгузорӣ шуда ва рӯзи ташкили ин созмон гиромӣ дошта мешавад.[6]

Имом Хумайнӣ ташкили басиҷро мавҳибати Илоҳӣ медонист[7] Муҳаммадтақӣ Мисбоҳи Яздӣ низ онро ҳаракате ҷамъӣ ва фидокорона дар масири ҳадафҳои воло таъриф кардааст.[8]

Таърихчаи шаклгирӣ

Ин созмон дар 5 озармоҳи 1358ҳ.ш. (26 ноябри 1979) ба дастури Имом Хумайнӣ таъсис шуд ва дар даймоҳи 1359ҳ.ш. (январи 1981) бо тасвиби Маҷлиси шӯрои исломӣ расмият ёфт.[9] Дар соли 1982, масъулияти барномарезӣ, созмондеҳӣ ва омӯзиши аъзои басиҷ ба Сипоҳи Посдорон вогузор шуд ва дар 1990 расман ба он пайваст.[10] Дар 4 октябри 2009 номи он аз «Нерӯи муқовимати Басиҷ» ба «Созмони Басиҷи мустазъафин» тағйир ёфт.[11] То соли 2019, ҳудуди 190 ҳазор пойгоҳи басиҷ дар Эрон эҷод шуда буд.[12] Ин созмон то соли 2026 даҳ фармондеҳ доштааст ва Ғуломризо Сулаймонӣ аз июни 2019 фармондеҳи он буд, ки дар 17 марти 2026 ва дар хилоли Ҷанги Рамазон тавассути режими саҳюнистӣ террор шуд ва ба шаҳодат расид.[13]

Фаъолиятҳои Басиҷ

Фаъолияти низомӣ

Иҷтимои басиҷиён дар қолаби тарҳи "Сипоҳи Муҳаммад (с)" дар варзишгоҳи Озодӣ дар Теҳрон барои эъзом ба ҷабҳаи ҷанги Ироқ бо Эрон дар соли 1986

Басиҷ нақши муҳиме дар ҷанги Ироқ бо Эрон ифо кард ва бино бар гузоришҳо ҳудуди ду миллион нафар аз аъзои он дар ҷабҳаҳо ҳузур ёфтанд.[14] Шумори шаҳидони басиҷ дар ин ҷанг ҳудуди 92 ҳазор нафар баровард шуда ва даҳҳо ҳазор тан низ ҷонбоз ё асир шуданд.[15] Ҳамчунин дар ҷанги 12-рӯзаи Исроил бо Эрон, нерӯҳои басиҷ бо барпоии истгоҳҳои исту бозрасӣ бо ниҳодҳои амниятӣ ҳамкорӣ доштанд.[16]

Фарҳангӣ ва омӯзишӣ

Басиҷ бо ташкили ҳалқаҳои Солеҳин, корвонҳои Роҳиёни нур, басиҷи донишҷӯӣ ва басиҷи донишомӯзӣ фаъолиятҳои омӯзишӣ ва фарҳангиро дунбол мекунад. Ин фаъолиятҳо бо ҳадафи тақвияти имон, ахлоқ, маҳоратҳои иҷтимоӣ ва фарҳанги исор ва шаҳодат анҷом мешаванд.[17] Созмони фазои маҷозии басиҷ низ бо ҳадафи тавлиди қудрати нарм фаъолият мекунад.[18]

Иҷтимоӣ ва созандагӣ

Мушорикати басиҷиён дар кӯмаки муъминона ба ниёзмандон дар даврони паҳншавии бемории корона

Басиҷ дар ҳавзаҳои созандагӣ, маҳрумиядзудоӣ ва хидматҳои иҷтимоӣ фаъол аст.[19] Аз ҷумла, дар соли 1994 ҳудуди 320 ҳазор басиҷӣ дар иҷрои тарҳи миллии решакании фалаҷи атфол мушорикат карданд. Ҳамчунин пойгоҳҳои басиҷ дар давраҳои мухталиф, ба вижа паҳншавии бемории корона, ба пахши бастаҳои маишатӣ ва беҳдоштӣ[20] ва низ анҷоми амалиёти ғарболгарӣ ва мудирияти беморӣ кӯмак кардааст.[21]

Басиҷи созандагӣ дар соли 2018 ҳудуди 40 ҳазор тарҳи маҳрумиядзудоӣ дар заминаи сохтмонсозии рӯстоӣ ва обрасонӣ оғоз кард.[22] Ҳамчунин ба гуфтаи раиси вақти басиҷ дар соли 2022, ин ниҳод дар обрасонии 7138 рӯсто, эҷоди 130 ҳазор хонаи рӯстоӣ ва иҷрои дигар тарҳҳои сохтмонӣ бо давлати Эрон ҳамкорӣ доштааст.[23] Басиҷ ҳамчунин дар имдодрасонӣ ба минтақаҳои осебдида аз зилзила ва сел дар солҳои гуногун мушорикат доштааст.[24]

Басиҷ барои ҷавонон шӯрофарин аст; барои дӯстон умедофарин аст; барои душманон бимофарин аст. [25]



Фарҳанги басиҷӣ

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар маросими гусели 100 ҳазор басиҷии эъзомӣ ба ҷанги Ироқ бо Эрон дар соли 1987
Чафия ҳамчун намоди басиҷ бар рӯи шонаҳои Раҳбари шаҳиди Инқилоби исломии Эрон Оятуллоҳ Хоманаӣ

Оятуллоҳ Хоманаӣ басиҷро беш аз як созмон, як фарҳанг ва тафаккур медонад, ки тааҳҳуд ба Инқилоби Исломӣ, масъулиятпазирӣ, қонунмандӣ ва назм аз вижагиҳои ин фарҳанг аст. Ба бовари ӯ, бахше аз мардум бидуни узвияти расмӣ низ ин фарҳангро пазируфта ва ба унвони басиҷӣ шинохта мешаванд.[26] Решаи ин тафаккурро ба садри Ислом ва басиҷи нерӯҳои мусалмон тавассути Пайғамбар (с) барои тарвиҷи дин ва муқовимат бозгардонидаанд.[27]

Чафия - порчаи рӯймолмонанд, дар фарҳанги умумии эрониён намоди муқовимат аст ва истифода аз он маъмулан ба унвони нишонаи узвият ё тааллуқ ба фарҳанги басиҷӣ шинохта мешавад.[28]


Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Амид Занҷонӣ, Фиқҳи сиёсӣ, 1421ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.497
  2. «خیل عظیم بسیج در عرصه های انقلاب», Пойгоҳи иттилоърасонии Ҳавза
  3. «لایحه قانونی تشکیل سازمان بسیج ملی», Маркази пажӯҳишҳои Маҷлиси шӯрои исломӣ
  4. Хумайнӣ, Саҳифаи Имом, 1389ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.194
  5. «مروری بر کارنامه متفاوت بسیج در بهارستان/پیگیری 40 هزار پروژه اقتصادی در کشور», Сайти Қудс
  6. «بسیج تداوم نهضت خدمت‌رسانی و محرومیت‌زدایی», Хабаргузории ИРНА
  7. Хумайнӣ, Саҳифаи Имом, 1389ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.194
  8. Мисбоҳи Яздӣ, Нигоҳе гузаро ба басиҷ ва басиҷӣ, Муассисаи Имом Хумайнӣ, саҳ.15
  9. «سازمان بسیج مستضعفین», Сайти хабаргузории Тасним
  10. «نیروی قدس سپاه چگونه شکل گرفت؟», Сайти хабаргузории Форс
  11. «چگونگی شکل‌گیری سازمان بسیج مستضعفین», Сайти Бошгоҳи хабарнигорони ҷавон
  12. «بسیج تداوم نهضت خدمت‌رسانی و محرومیت‌زدایی», Хабаргузории ИРНА
  13. «بررسی فرماندهان بسیج در گذر زمان؛ از تأسیس تا تحولات جدید ساختاری», Хабаргузории Донишҷӯ
  14. Хиштзар ва Донишӣ, «Баррасӣ ва таҳлили нақши бебадили басиҷ дар Дифои муқаддас», саҳ.19
  15. «مروری بر کارنامه متفاوت بسیج در بهارستان/پیگیری 40 هزار پروژه اقتصادی در کشور», Сайти Қудс
  16. «از ایست‌های بازرسی تا محافل شعر/ نقش چند‌بعدی بسیج در جنگ ۱۲ روزه», Хабаргузории ИРНА
  17. «حلقه صالحین بسیج، بیداری اسلامی و راهکارهای مقابله با چالش‌های معاصر در جهان اسلام», Хабаргузории Басиҷ
  18. «سازمان فضای مجازی بسیج, Созмони фазои маҷозии Басиҷ
  19. «مروری بر کارنامه متفاوت بسیج در بهارستان/پیگیری 40 هزار پروژه اقتصادی در کشور», Сайти Қудс
  20. یک میلیون بسته معیشتی بین نیازمندان در هفته وحدت توزیع می‌شود / دشمنان انسجام و یکپارچگی ملت ایران را هدف گرفتند, Хабаргузории Басиҷ
  21. «بسیج تداوم نهضت خدمت‌رسانی و محرومیت‌زدایی», Хабаргузории ИРНА
  22. «خیل عظیم بسیج در عرصه‌های انقلاب», Пойгоҳи иттилоърасонии Ҳавза
  23. «بسیج سازندگی کارنامه درخشان سپاه است», Хабаргузории Басиҷ
  24. «بسیج در گذر زمان | روایت ۴۰ سال خدمت», Сайти Ҳамшаҳрӣ-онлайн
  25. Хоманаӣ, «بیانات در مراسم صبحگاه رده‌های مختلف نیروی مقاومت بسیج‌», Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
  26. Хоманаӣ, «بیانات در دیدار بسیجیان», Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
  27. «بسیج؛ یادگار ماندگار امام خمینی(ره)؛ نهاد راهبردی و نماد اقتدار کشور», Сайти Донишгоҳи олии дифои миллӣ
  28. «همه چیز درباره چفیه», Хабаргузории Меҳр
  29. Хоманаӣ, بیانات در دیدار جمع کثیری از بسیجیان کشور (Биёнот дар дидори ҷамъи касире аз басиҷиёни кишвар), 4 / 09 / 1388ҳ.ш. (25 ноябри 2009 м), вебгоҳи Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ

Сарчашма