Сайид Иброҳим Раисӣ

Аз wikishia
Сайид Иброҳим Раисӣ
Номи комилСайид Иброҳим Раисуссодотӣ
МазҳабИмомия
НасабЗайд ибни Алӣ
Санаи таваллуд1339ҳ.ш.\1960
ЗодгоҳМашҳад - Эрон
Санаи шаҳодат19 май 2024
Маҳалли шаҳодатТабрез
ХешовандонСайид Аҳмад Аламалҳудо
УстодонСайид Маҳмуд Ҳошимии Шоҳрӯдӣ • Оқомуҷтабо Теҳронӣ • Оятуллоҳ Хоманаӣ
Маҳалли таҳсилМашҳад ● Қум
ТаълифотТақрироти дарси қавоиди фиқҳ • Ирси беворис • Таорузи асл ва зоҳир дар фиқҳ ва қонун
СиёсӣҲаштумин Раисҷумҳури низоми Ҷумҳурии исломии Эрон
Вебгоҳи расмӣПойгоҳи иттилоърасонии Сайид Иброҳим Раисӣ
Имзо


Сайид Иброҳим Раисуссодотӣ (1960-2024), машҳур ба Сайид Иброҳим Раисӣ (форсӣ: سید ابراهیم رئیسی), рӯҳонии шиа, сиёсатмадор ва ҳаштумин раисҷумҳури низоми Ҷумҳурии исломии Эрон. Ӯ донишомӯхтаи Ҳавзаи илмияи Қум ва Машҳад ва низ Донишгоҳи шаҳид Мутаҳҳарӣ аст.

Раисӣ аз аъзои ҷомеъаи рӯҳонияти мубориз аст. Ӯ дар низоми Ҷумҳурии исломии Эрон масъулиятҳои мухталифе бар ӯҳда доштааст. Раёсати қувваи қазоия, додситонии кулли кишвар, раёсати Созмони бозрасии кулли кишвар, додситонии Додгоҳи вижаи рӯҳоният, узвият дар Маҷмаъи ташхиси маслиҳати низом ва намояндагии Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ аз ҷумлаи онҳост. Ӯ ҳамчунин ба муддати се сол тавлияти Остони қудси разавиро бар ӯҳда дошт.

Раисӣ 19-уми майи соли 2024 дар сониҳаи ҳавоӣ даргузашт. Дар Эрон, касоне ки дар ҳини маъмурият ҷони худро аз даст медиҳанд, шаҳид маҳсуб мешаванд; аз ин рӯ аз Раисӣ ба унвони шаҳиди хизмат ёд мекунанд.

Зиндагинома ва таҳсилот

Иброҳим Раисӣ дар 23 озари 1339ҳ.ш.\14 декабри 1960 дар Машҳад ба дунё омад. Насаби ӯ аз ҷониби падар ва модар ба Зайд ибни Алӣ мерасад. Ӯ дарси ҳавзавиро дар Машҳад ва аз мадрисаи илмияи Наввоб оғоз кард ва аз соли 1354ҳ.ш. дар ҳавзаи илмияи Қум идома дод. Раисӣ дар Қум назди олимоне ҳамчун Ядуллоҳи Дӯздӯзонӣ, Сайид Алӣ Муҳаққиқи Домод, Алиакбари Мишкинӣ, Аҳмади Биҳиштӣ, Муртазо Мутаҳҳарӣ ва Ҳусайн Нурии Ҳамадонӣ омӯхт.[1] Ҳамчунин дар дарси хориҷи Сайид Муҳаммадҳасан Маръашии Шӯштарӣ, Сайид Маҳмуд Ҳошимии Шоҳрӯдӣ, Оқомуҷтабо Теҳронӣ ва Оятуллоҳ Хоманаӣ ширкат кардааст.[2]

Ӯ донишомӯхтаи Донишгоҳи Шаҳид Мутаҳҳарӣ дар риштаи фиқҳ ва ҳуқуқ буд.[3] Дар соли 1362ҳ.ш. бо Ҷамила Аламалҳудо - духтари Сайид Аҳмад Аламулҳудо издивоҷ кард.[4]

Собиқаи муборизотии пеш аз инқилоби исломӣ

Раисӣ, чунонки худ нақл карда дар солҳои қабл аз Инқилоби исломӣ дар Эрон ба далели фаъолиятҳои муборзотӣ тавассути СОВОК

боздошт шудааст. Ҳамчунин дар хотироте, ки ӯ аз даврони қабл аз инқилоби исломӣ нақл карда, омадааст: ӯ ба ҳамроҳӣ аз талабаҳо ба дидори рӯҳониёне мерафтанд, ки аз сӯи ҳукумати паҳлавӣ дар табъид буданд. Аз ҷумла барои дидор бо Оятуллоҳ Хоманаӣ ки дар Эроншаҳр табъид буд ба ин шаҳр рафтааст. Дар паи нашри мақолаи тавҳиномез ба Имом Хумайнӣ дар рӯзномаи Иттилоот дар 17 даймоҳи 1356ҳ.ш., Раисӣ дар митингҳои эътирозӣ ки шуруъи бештари онҳо аз мадрисаи Оятуллоҳ Буруҷердӣ (Мадрасаи Хон) буд, ширкат дошт.[5] Ӯ ҳамчунин дар баҳмани 1357ҳ.ш. дар ҷамъи уламое ки дар эътироз ба баста шудани фурудгоҳҳо барои ҷилавгирӣ аз бозгашти Имом Хумайнӣ ба Эрон дар Донишгоҳи Теҳрон мутаҳассин шуданд, низ ҳузур дошт.[6]

Тавлияти Остони қудси разавӣ

Раисӣ дар соли 1394ҳ.ш. пас аз даргузашти Аббос Воизи Табасӣ бо ҳукми Раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон ба тавлияти Остони қудси разавӣ мансуб шуд[7] ва то фарвардини 1398ҳ.ш. ин масъулиятро бар ӯҳда дошт.[8] Дар дараваи тавлияти Раисӣ хадамоти мутаъаддиде дар Остони қудс анҷом гирифт. Аз ҷумлаи онҳо сохти Зоиршаҳр бо гунҷоиши пазириши рӯзона се ҳазор зоир ва сохти зоирсароҳои мутаъаддиде дар атрофи ҳарами Имом Ризост.[9] Ҳамчунин тарҳи эъзоми зоираввалиҳои мустазъаф ба Машҳад барои зиёрат, эҳдоси миқотурризо (маконҳое барои истироҳати зоирон) дар масирҳои расидан ба Машҳад ва иҷрои тарҳи ходимёрони навҷавон аз дигар хадамоти вай ба шумор мераванд.[10] Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ҳукми таин кардани Раисӣ ба мансаби тавлияти Остони қудс, расидагӣ ба умури зоирони ҳарами Имом Ризо, хизмат ба ҳамсояҳои ҳарам ва ба вижа мустамандону мустазъафони ҳарами разавӣ, тарвиҷи маорифи қуръонӣ ва мактаби Аҳли Байт (а) дар ҷаҳони Ислом, баҳраманд сохтани тиҳидастони нуқоте аз Эрон ки мавқуфоти Остони қудс дар он қарор дорад ва сомон бахшидан ба бунгоҳҳои иқтисодӣ ва хадамотии Остони қудси разавиро хостор шуда буд.[11]

Фаъолиятҳои сиёсӣ

Иброҳим Раисӣ пас аз инқилоби исломии Эрон, аз 20-солагӣ фаъолияти қазоии худро бо додситонии Караҷ оғоз кард. Ӯ муддате ба таври ҳамзамон додситонии Ҳамадонро низ бар ӯҳда дошт. Аз дигар масъулиятҳои ӯ метавон ба мавориди зайл ишора кард:

Сайид Иброҳим Раисӣ дар ғуборрӯбии ҳарами Имом Ризо дар соли 2017

Ҳимоят аз Фаластин ва ҷабҳаи муқовимат

Қуръон ба даст гирифтани Сайид Иброҳим Раисӣ ва қироати оёте аз он дар ҳафтоду ҳаштумин нишасти Маҷмаъи умумии Созмони милали муттаҳид[20]

Сайид Иброҳим Раисӣ аз чеҳраҳои тарафдори ҷабҳаи муқовимат шинохта мешавад. Ӯ дар ибтидои фаъолияти президентӣ ба ҳамроҳи теъдоде аз аъзои кабинаи давлати худ ба Сурия сафар кард ва дар Димишқ бо раисони созманшои фаластинӣ ва Ҳизбуллоҳи Лубнон ҷаласоте баргузор кард. Раисӣ нахустин Раисҷумҳури Эрон буд, ки пас аз ҷанги дохилии Сурия ва пас аз 15 сол ба Димишқ сафар кард. [ ниёзманди манба ]

Ба гузориши хабаргузории ИРНА Раисӣ дар муддати 165 рӯз аз амалиёти Тӯфонулақсо ва ҳамлаи Исроил ба Ғазза, беш аз 100 мавзеъ дар ҳимоят аз Ғазза ва гурӯҳҳои муқовимати фаластинӣ гирифтааст.[21] Ӯ ҳамчунин дар ҳафтоду ҳаштумин Маҷмаъи Созмони милали муттаҳид бахше аз суханронии худро ба масъалаи ишғоли Фаластин ва ишғоли бахшҳое аз Лубнон ва Сурия тавассути режими саҳюнистӣ бахшид ва дар ин бора гуфт:

Оё вақт он нарасида ки ба 75-соли ишғоли сарзамини Фаластин ва зулм ба он миллати мазлум ва куштори занону кӯдакон поён дода шавад ва ҳуқуқи миллати Фаластин ба расмият шинохта шавад?[22]

Тадрис ва осори илмӣ

Иброҳими Раисӣ дар даврони тавлияти Остони қудс, дар Машҳад дарси хориҷи фиқҳ баргузор мекард. Ӯ ҳамчунин мутуни фиқҳӣ, қавоиди фиқҳи қазо ва фиқҳи иқтисодро дар ҳавзаҳои илмияи Теҳрон ва донишгоҳҳои мухталифе чун Донишгоҳи Имом Содиқ (а) ва Донишгоҳи Шаҳид Биҳиштӣ тадрис мекард.[23]

Китобҳои Тақрироти дарси қавоиди фиқҳ (3 ҷилдӣ, дар бахшҳои қазоӣ, иқтисодӣ ва ибодӣ), Ирси беворис, Таорузи аслу зоҳир дар фиқҳ ва қонун аз осори Сайид Иброҳим Раисӣ аст.[24] Ҳамчунин китобҳои мухталифе бо мавзуоти ҳуқуқ, иқтисод, фиқҳ, адолати иҷтимоӣ, сабки зиндагӣ аз ӯ мунташир шудааст.[25]

Даргузашт дар сониҳаи ҳавоӣ

Бахше аз паёми таслияти Оятуллоҳ Хоманаӣ:

Раисии азиз хастагӣ намешинохт. Дар ин ҳодисаи талх миллати Эрон хидматгузори самимию мухлис ва боарзишеро аз даст дод. Барои ӯ салоҳу ризояти мардум, ки ҳокӣ аз ризояти Илоҳӣ аст бар ҳамаи чиз тарҷеҳ дошт, аз ин рӯ озурдагиҳояш аз носипосӣ ва таъни бархе бадхоҳон, монеъи талоши шабонарӯзияш барои пешрафту ислоҳи умур намешуд.

Дар 19 майи соли 2024, чархболи ҳомили Сайид Иброҳим Раисӣ ки барои ифтитоҳи иншоот сохтмонӣ ба вилояти Озарбойҷони Шарқӣ сафар карда буд, дар масири бозгашт дар маҳдудаи миёни ноҳияҳои Варзақон ва Ҷулфо, дучор сониҳа шуд. Дар ин чархбол Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён - вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон ва Сайид Муҳаммадалӣ Олиҳошимӣ - намояндаи валии фақиҳ дар вилояти Озарбойҷони Шарқӣ низ ҳузур доштанд.[27]

Пас аз интишори ин хабар, гурӯҳе аз мардуми Эрон дар маконҳои умумӣ ва мазҳабӣ ҳамчун ҳарами Имом Ризо, ҳарами ҳазрати Маъсума ва ҳарами Шоҳчароғ ҳозир шуда ва барои саломатии раисҷумҳури Эрон дуо карданд. Дар 20-уми май лошаи чархболи ҳомили раисҷумҳур ва ҳамроҳонаш пайдо шуд ва хабаргузориҳо аз шаҳодати Сайид Иброҳим Раисӣ ва дигар ҳамроҳони ӯ хабар доданд.[28]

Дар адабиёти Ҷумҳурии исломии Эрон, касоне ки дар ҳини анҷоми маъмурият ҷони худро аз даст медиҳанд, шаҳид маҳсуб мешаванд. Аз ин рӯ аз Раисӣ ва ҳамроҳони ӯ ба унвони шаҳиди хизмат ёд мешавад .

Бозтобҳо ва вокунишҳо

Даргузашти раисӣ, бозтобҳо ва вокунишҳои мухталифе дошт. Ҳарами Имом Ризо барномаҳое ки ба муносиби мелоди Имом Ризо (а) тадорук дида будро лағв кард, ҳамчунин парчами сабзи ҳарам бо парчами сиёҳ иваз шуд. Оятуллоҳ Хоманаӣ дар паёми таслиятӣ Раисиро олими муҷоҳид ва марги ӯро шаҳодатгуна хонд ва панҷ рӯз дар Эрон азои умумӣ эълом кард.[29] Шахсиятҳои сиёсӣ ва мазҳабӣ аз ҷумла Оятуллоҳ Систонӣ аз мароҷеъи тақлиди сокини Наҷаф ва низ раисҷумҳурони кишварҳои мухталиф аз ҷумла Тоҷикистон[30] даргузашти Раисҷумҳури Эронро таслият гуфтанд. Ҳамчунин дар Лубнон ва Сурия се рӯз[31], Тоҷикистон ду рӯз[32] ва дар Ҳинд,[33] Покистон[34] ва Ироқ як рӯз мотами умумӣ эълом шуд. Парчами Созмони милали муттаҳид ва ҳамаи кишварҳои узви ин созмон дар Вена низ ба нишонаи эҳтиром, ба ҳолати нимабарафрошта даромад.[35]

Ташйиъи пайкари Сайид Иброҳим Раисӣ дар Теҳрон

Ҳамчунин аъзои Шӯрои амнияти милали муттаҳид,[36] ва аъзои Конфаронси байналмилалии амнияти ҳастаӣ дар Вена[37] дар ибтидои ҷаласаи худ ба нишонаи эҳтиром, як дақиқа сукут карданд.

Ташйиъи ҷаноза ва хоксупорӣ

Маросими ташйиъи Раисӣ ва ҷонбохтгони ҳамроҳи ӯ дар 21 майи 2024 дар Табрез[38] ва Қум баргузор шуд. Дар 22 май, Оятуллоҳ Хоманаӣ дар Донишгоҳи Теҳрон бар ҷинозаи онон намози майит хонд.[39]

Маросими ташйиъ, 22 май бо ҳузури ақшори мухталифи мардум дар Теҳрон баргузор шуд.[40] Ҳамчунин маросими адои эҳтироми шахсиятҳои сиёсӣ ва мазҳабии кишварҳои мухталиф дар асри ин рӯз дар Салони Иҷлоси сарон баргузор гардид. Дар ин маросим 90 тан аз сарону мақомоти кишварҳо ҳузур доштанд.[41]

Маросими ташйиъ дар 23 май дар шаҳрҳои Бирҷанд ва Машҳад низ баргузор ва сипас дар ҳарами Имом Ризо (а) дафн шуд.[42]

Нигорхона

Эзоҳ

  1. Наҷафӣ, Ривояти интихоботи дувоздвҳум, саҳ.186-188 ба нақл аз «روایت حجت‌الاسلام رئیسی از دوران مبارزه علیه رژیم پهلوی/ شکل‌گیری هسته‌های مبارزاتی طلاب در قم / ماجرای دیدار با آیت‌الله خامنه‌ای در ایرانشهر», Маркази асноди инқилоби исломӣ
  2. «زندگینامه: سید ابراهیم رئیسی», Хабаргузории Ҳамшаҳрӣ
  3. «سوابق و زندگینامه حجت الاسلام و المسلمین رئیسی», Хабаргузории садову симо
  4. «زندگینامه: سید ابراهیم رئیسی», Хабаргузории Ҳамшаҳрӣ
  5. «شرح زندگی سید ابراهیم رئیسی », Пойгоҳи иттилоърасонии Сайид Иброҳим Раисӣ
  6. Наҷафӣ, Ривояти интихоботи дувоздвҳум, саҳ.186-188 ба нақл аз «روایت حجت‌الاسلام رئیسی از دوران مبارزه علیه رژیم پهلوی/ شکل‌گیری هسته‌های مبارزاتی طلاب در قم / ماجرای دیدار با آیت‌الله خامنه‌ای در ایرانشهر», Маркази асноди инқилоби исломӣ
  7. «انتصاب حجت‌الاسلام رئیسی به تولیت آستان قدس رضوی», Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ
  8. «انتصاب حجت‌الاسلام رئیسی به تولیت آستان قدس رضوی», Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ
  9. «نگاهی به عملكرد سه ساله حجت الاسلام رئیسی در آستان قدس رضوی», Хабаргузории ИРНА
  10. «نگاهی به عملكرد سه ساله حجت الاسلام رئیسی در آستان قدس رضوی», Хабаргузории ИРНА
  11. «نگاهی به عملكرد سه ساله حجت الاسلام رئیسی در آستان قدس رضوی», Хабаргузории ИРНА
  12. «زندگینامه: سید ابراهیم رئیسی», Хабаргузории Ҳамшаҳрӣ
  13. «زندگینامه: سید ابراهیم رئیسی», Хабаргузории Ҳамшаҳрӣ
  14. «زندگینامه: سید ابراهیم رئیسی», Хабаргузории Ҳамшаҳрӣ
  15. «زندگینامه: سید ابراهیم رئیسی», Хабаргузории Ҳамшаҳрӣ
  16. «زندگینامه: سید ابراهیم رئیسی», Хабаргузории Ҳамшаҳрӣ
  17. «انتصاب حجت‌الاسلام والمسلمین سیدابراهیم رئیسی به ریاست قوه قضائیه», Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ
  18. «زندگینامه: سید ابراهیم رئیسی», Хабаргузории Ҳамшаҳрӣ
  19. «زندگینامه: سید ابراهیم رئیسی», Хабаргузории Ҳамшаҳрӣ
  20. «متن کامل سخنرانی رئیسی در سازمان ملل», Инсоф-Ниюс
  21. «بیش از۱۰۰موضع‌گیری درحمایت از غزه/ رئیسی چگونه دست مدعیان حقوق بشر را روکرد», Хабаргузории ИРНА
  22. «متن کامل سخنرانی رئیسی در سازمان ملل», Инсоф-Ниюс
  23. «زندگینامه: سید ابراهیم رئیسی», Хабаргузории Ҳамшаҳрӣ
  24. «سوابق و زندگینامه حجت الاسلام و المسلمین رئیسی», Хабаргузории Садову симо
  25. «زندگینامه: سید ابراهیم رئیسی», Хабаргузории Ҳамшаҳрӣ
  26. «پیام تسلیت رهبر انقلاب اسلامی و اعلام عزای عمومی در پی درگذشت شهادت‌گونه رئیس‌جمهور و همراهان گرامی ایشان», Дафтари ҳифзу нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ
  27. «بالگرد حامل رئیس جمهور دچار سانحه شد/با ۲ نفر از سرنشینان بالگرد رئیس‌جمهور ارتباط برقرار شد», Хабаргузории ИСНА
  28. آیت‌الله رئیسی و هیئت همراه به ملکوت اعلی پیوستند, Хабаргузории Тасним
  29. «پیام تسلیت رهبر انقلاب اسلامی و اعلام عزای عمومی در پی درگذشت شهادت‌گونه رئیس‌جمهور و همراهان گرامی ایشان», Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ
  30. Барқияи изҳори тасаллӣ ба Раҳбари олии Инқилоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманаӣ, сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; Барқияи изҳори тасаллӣ ба Муовини аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Мухбир, сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  31. «۳ روز عزای عمومی در سوریه اعلام شد», Хабаргузории Меҳр
  32. دو روز عزای عمومی در تاجیکستان, сайти Фарорӯ
  33. «اعلام یک روز عزای عمومی در هند», вебгоҳи хабарии Интихоб
  34. «ایرانی صدر کے انتقال پر پاکستان میں قومی پرچم سرنگوں», сайти Ҷанг
  35. «نیمه‌افراشته شدن پرچم سازمان ملل و کشورهای عضو به احترام رئیس‌جمهور ایران در وین», Хабаргузории ИСНА
  36. «سکوت یک دقیقه‌ای شورای امنیت به احترام شهید رئیسی و همراهانش», Хабаргузории ИСНА
  37. «یک دقیقه سکوت به احترام ایران در کنفرانس بین‌المللی امنیت هسته‌ای در وین», Хабаргузории ИСНА
  38. «‌تشییع باشکوه شهدا‌‌ در تبریز/ مردم "سید" را در آغوش گرفتند», Хабаргузории Тасним
  39. «اقامه نماز رهبر انقلاب بر پیکر شهید رئیسی و شهدای خدمت», Хабаргузории Тасним
  40. «بازتاب گسترده مراسم تشییع شهدای خدمت در رسانه‌های بین‌المللی», Хабаргузории Тасним
  41. «ادای احترام ۹۰ نفر از سران و مقامات کشورها به مقام رئیس جمهور شهید و همراهان», Инсоф-Ниюс
  42. خاکسپاری پیکر شهید رییسی در حرم امام رضا(ع), Бошгоҳи хабарнигорони ҷавон
  43. «روایت حجت‌الاسلام رئیسی از دوران مبارزه علیه رژیم پهلوی/ شکل‌گیری هسته‌های مبارزاتی طلاب در قم / ماجرای دیدار با آیت‌الله خامنه‌ای در ایرانشهر», Маркази асноди Инқилоби исломӣ

Сарчашма