Ду имоми муҷоҳид (китоб)
Тасвире аз ҷилди китоби "Ду имоми муҷоҳид" | |
| Нависанда | Сайид Алии Хоманаӣ |
|---|---|
| Санаи таълиф | 2018 |
| Мавзуъ | Таърихи таҳлилӣ |
| Забон | Форсӣ |
| Ба кӯшиши | Муассисаи пажӯҳишӣ-фарҳангии Инқилоби исломӣ |
| Теъдоди ҷилд | 1 |
| Ношир | Муассисаи пажӯҳишӣ-фарҳангии Инқилоби исломӣ |
| Маҳалли нашр | Теҳрон - Эрон |
Ду имоми муҷоҳид (форсӣ: دو امام مجاهد) унвони китобе аз Сайид Алии Хоманаӣ аст, ки бо равиши таърихи таҳлилӣ ба баррасии зиндагии Имом Ҳасани Муҷтабо (а) ва Имом Ҳусайн (а) пардохтааст. Дар ин асар, ки аз суханрониҳои Оятуллоҳ Хоманаӣ дар солҳои 1972 то 1974 гирифта шудааст, саъй шуда то ба тафовути амали ин ду имом дар хусуси мубориза бо ҳукумати умавӣ дар замони худ, посух дода шавад.
Ҷойгоҳ ва аҳамият
Китоби "Ду имоми муҷоҳид", иборат аз чанд суханронӣ аз Сайид Алии Хоманаӣ бо мавзуи муаррифӣ ва табйини ҷойгоҳи Имом Ҳасани Муҷтабо (а) ва Имом Ҳусайн (а) аст. Яке аз ҳадафҳое, ки ин китоб дунбол мекунад, рафъи шубҳаи зиддият доштани рафтори ду имом дар мувоҷиҳа бо ду ҳокими умавӣ аст. Бар ин асос, кӯшида шуда то далели қиёми Имом Ҳусайн (а) ва сулҳи Имом Ҳасан (а)-ро ба муқтазои замони онон пайванд зада ва ҳадафи ҳар ду имом, эҳёи дини набавӣ ва мубориза бо тоғут муаррифӣ гардад.[1] Ин асар дар як давраи мусобиқаи китобхонӣ дар Эрон ба унвони манбаъ, мавриди истифода қарор гирифтааст.[2] Ин аст тарҷумаи қисмат:
Муҳтаво
Китоби "Ду имоми муҷоҳид", иборат аз шаш гуфтор аст. Гуфтори аввал ва дувуми ин китоб аз ду суханронии Сайид Алии Хоманаӣ дар марти 1972 дар Ҳусайнияи Иршод аст. Дар ин бахш, назарияи инсони 250-сола табйин шуда ва ба баёни тафовути замонаи Имом Ҳасан бо Имом Ҳусайн мепардозад. Дар гуфтори севум то панҷуми ин асар, ки марбут ба суханрониҳои муҳаррами 1974 буда, таҳлили қиёми Имом Ҳусайн (а) мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст. Гуфтори поёнии ин асар низ марбут ба суханронии нависанда дар муҳаррами 1974 дар ҳайати Ансорулҳусайн дар Теҳрон мебошад. Дар ин гуфтор ҳадафи Имом Ҳусайн аз қиём табйин гардида ва дар бахше аз он ба баррасии назарияҳо дар ин хусус пардохта шудааст.[3]
Интишор
Китоби "Ду имоми муҷоҳид", дар зимистони 2018 барои нахустин бор тавассути Муассисаи ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ (Муассисаи пажӯҳишӣ фарҳангии Инқилоби исломӣ) дар се ҳазор нусха ба чоп расид.[4] Ин асар то октябри 2022 ба чопи дувоздаҳум расида буд.[5] Ин китоб ба кӯшиши интишороти Инқилоби исломӣ, ба сурати китоби гӯё (аудиокитоб) низ мунташир шуд. Нусхаи гӯёи ин китоб 178 дақиқа файли савтӣ аст.[6]
Эзоҳ
- ↑ Хоманаӣ, Ду имоми муҷоҳид, 1396ҳ.ш., саҳ.6
- ↑ «چاپ دوازدهم کتاب «دو امام مجاهد» منتشر شد», Сайти Хабаронлайн; «برگزاری پویش کتابخوانی «دو امام مجاهد»», Хабаргузории ИСНА
- ↑ Хоманаӣ, Ду имоми муҷоҳид, 1396ҳ.ш., саҳ.6-8
- ↑ Хоманаӣ, Ду имоми муҷоҳид, 1396ҳ.ш., саҳ.2
- ↑ «چاپ دوازدهم کتاب «دو امام مجاهد» منتشر شد», Сайти Хабаронлайн
- ↑ «کتاب گویای دو امام مجاهد», интишороти Инқилоби исломӣ
Сарчашма
- Хоманаӣ, Сайид Алии, Ду имоми муҷоҳид, Теҳрон, муассисаи ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳи ул-узмо Хоманаӣ, 1396ш.
- «کتاب گویای دو امام مجاهد» («Китоби гӯёи Ду имоми муҷоҳид»), интишороти Инқилоби исломӣ, санаи боздид: 30 апрели 2024
- «چاپ دوازدهم کتاب «دو امام مجاهد» منتشر شد» («Чопи дувоздаҳуми китоби «Ду имоми муҷоҳид» мунташир шуд»), Сайти Хабаронлайн, санаи дарҷи матлаб: 26 сентябри 2022, санаи боздид: 30 апрели 2024
- «برگزاری پویش کتابخوانی «دو امام مجاهد»» («Баргузории пӯйиши китобхонии «Ду имоми муҷоҳид»»), Хабаргузории ИСНА, санаи дарҷи матлаб: 14 сентябри 2022, санаи боздид: 30 апрели 2024