Ғино

Аз wikishia

Ғино (арабӣ: الغِناء) маънои сурудхониро дорад ва дар фиқҳи исломӣ дар бораи ҳукми шаръии он баҳс мешавад. Фақеҳон таърифҳои гуногуне дар бораи ғино доранд. Баъзеҳо онро сирфи сурудхонӣ бо чаҳ-чаҳ медонанд. Бархеи дигар бар ин боваранд, ки ин таронаест, ки мазмуни бардурӯғ дошта, бо мусиқӣ ҳамроҳ буда, барои базмҳои лаҳву лаиб рост меояд.

Аксари фақеҳони шиа дар садаҳои 14 ва 15-уми тақвими қамарӣ, танҳо таронаеро ҳаром медонанд, ки мутобиқи таърифи дуввуми ғино бошад, аммо баъзеҳо низ ҳар гуна суруду таронаю овозхониро нодуруст дониста, ба ҳаром будани он фатво додаанд.

Таърифи фиқҳии ғино

Дар адабиёти фақеҳон, таърифҳои гуногуне аз ғино дида мешавад. Бархе аз онҳо сирфи савту овоз будани онро дар назар гирифтаанд. Бархе низ ба муҳтавои овоз тавваҷуҳ кардаанд. Тибқи назари бархе ҳамчун Аллома Ҳиллӣ, Муҳаққиқи Каракӣ ва Шаҳиди Сонӣ, ғино «тарҷеъи савт» ва кашидани он ё ҳамон чаҳ-чаҳа аст.[1] Ҷамъе низ монанди Шайхи Тӯсӣ ва Файзи Кошонӣ муътақиданд, ғино овозе аст, ки дар он суханони ботил бошад ва ҳамроҳ бо соз хонда шавад.[2]

Ҳукми фиқҳии ғино

Бархе аз фақеҳон ғиноро ба таври мутлақ ҳаром медонанд ва ҳатто бар ҳаром будани он иддаои иҷмоъ мекунанд, монанди Шайхи Тӯсӣ, Шаҳиди Сонӣ, соҳиби Ҷавоҳир, Нароқӣ ва Оятуллоҳ Хуӣ.[3]

Бархеи дигар ҳаром будани зотии ғиноро қабул накарда, мегӯянд, фақат агар ҳамроҳ бо тараб ё лаҳву лаиб бошад, ҳаром аст; аз ҷумла: Муҳаққиқи Каракӣ[4], Файзи Кошонӣ[5], Муҳаққиқи Сабзаворӣ,[6] Шайхи Ансорӣ[7] ва Имом Хумайнӣ.[8]

Пажӯҳишгарон мегӯянд, иллати ин ихтилофи ҳукм ба тафовути таърифи фақеҳон аз ғино бармегардад; зеро бархе тарабангез будан ё лаҳву лаибро дар зоти мафҳуми ғино медонанд. Бинобар ин ба ҳаром будани он фатво медиҳанд ва бархеи дигар, ки инҳоро аз мафҳуми ғино ҷудо мешуморанд, ғиноро ба худии худ ҳаром намедонанд.[9]

Ғиноҳои ҳалол

Он даста аз фақиҳон, ки қоил ба ҳароми зотӣ будани ғино ҳастанд, бархе маворидро аз ҳаром будани он истисно кардаанд ва онҳоро бо вуҷуди таҳаққуқи ғино, ҳалол медонанд; аз ҷумлаи онҳо қироати Қуръон, дуо, марсияхонӣ, ғино дар туй ва идҳо. Аммо он даста, ки қоил ба ҳаром будани зотии ғино нестанд, мегӯянд ҳар ғиное, ки ҳамроҳи ҳароми дигаре ҳамчун тарабу лаҳву лаиб набошад ҳалол аст.[10]

Фатвоҳои фақеҳони қарни чаҳордаҳуму понздаҳум

Бештари фақеҳони қарнҳои чаҳордаҳуму понздаҳуми қамарӣ, ҳамчун Оятуллоҳ Хоманаӣ, Оятуллоҳ Табрезӣ, Оятуллоҳ Фозил ва Оятуллоҳ Макорим, байни ғино ва мусиқӣ фарқ қоил шудаанд ва ғиноро хонандагии тараб ва хосси маъракаи лаҳву лаиб ё айшу нӯш ва мусиқиро навозандагии тараб ва мутаносиб бо маҷолиси айшу нӯш донистаанд. Бинобар ин, анҷом додан ва шунидани онро ҳаром медонанд.[11]

Бар ин асос, бештарашон ғиноеро, ки тараб ва хосси маҷолиси лаҳву лаиб набошад, ҳалол унвон кардаанд. Аз ин миён, Оятуллоҳ Табрезӣ фатво додааст, бино бар эҳтиёти воҷиб бояд аз ҳар овозе, ки бо тарҷеъи савт (чаҳ-чаҳа) аст, гарчи бо мазмуни ботил набошад, иҷтиноб кард.[12] Ҳамчунин Оятуллоҳ Софии Гулпойгонӣ ғино ва мусиқиро мутлақо ҳаром медонад.[13]

Осори мустақил дар бораи ғино

Ба навиштаи китоби Ғино ва мусиқӣ (интишори 1377ҳ.ш.), аз давраи Сафавия, ба иллати ривоҷи самоъ, ки бо ғино ва мусиқӣ ҳамроҳ буд, ғино мавриди тавваҷуҳи фақеҳон қарор гирифта ва рисолаҳое мустақил дар ин замина нигошта шуд. Дар ин китоб, шумори рисолаҳои ёфтшуда ё рисолаҳое, ки дар китобҳои дигар аз онҳо ном бурда шудааст, вале дар дастрас нестанд, аз давраи сафавиён то қабл аз Инқилоби исломии Эрон (1357ҳ.ш.), 49 рисола баён шудааст,[14] бархе аз онҳо ба шарҳи зер аст:

Дарсномаи ғино ва мусиқӣ

Матни мунташиршудаи дарси хориҷи фиқҳи Оятуллоҳ Хоманаӣ дар бораи ғино ва мусиқӣ бо унвони Дарсномаи ғино ва мусиқӣ мунташир шудааст. Дар ин китоб бо истинод ба ҳудуди сад ҳадис, мафҳуми ғино ва мусиқии ҳаром табйин шудааст. Бинобар назари Оятуллоҳ Хоманаӣ, дар ин китоб ғино ба худии худ ҳаром нест, балки милок дар ҳаром будани он лаҳвӣ будан ва излол ан сабилиллоҳ (хориҷ кардан аз масири Худо) аст.[15] Ин китоб дар соли 1398 ҳиҷрии шамсӣ дар 560 саҳифа ба забони форсӣ мунташир шуд.[16]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Аллома Ҳиллӣ, Қавоъид-ул-аҳком, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.495; Муҳаққиқи Каракӣ, Ҷомеъ-ул-мақосид, 1414ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.23; Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳия, 1410ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.212.
  2. Шайхи Тӯсӣ, Истибсор, 1390ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.69; Файзи Кошонӣ, Вофӣ, 1406ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.218.
  3. Юсуфии Муқаддам, Пажӯҳиш дар ғино, 1391ҳ.ш., саҳ.19 - 20.
  4. Муҳаққиқи Каракӣ, Ҷомеъ-ул-мақосид, 1414ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.23.
  5. Файзи Кошонӣ, Вофӣ, 1406ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.218.
  6. Муҳаққиқи Сабзаворӣ, Кифоят-ул-аҳком, 1423ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.432 - 433.
  7. Шайхи Ансорӣ, Макосиби муҳаррама, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.141 - 145.
  8. Хумайнӣ, Макосиби муҳаррама, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.299.
  9. Юсуфии Муқаддам, Пажӯҳиш дар ғино, 1391ҳ.ш., саҳ.22 - 31; Қозизода, “Ғино аз дидгоҳи Ислом”, саҳ.337 - 341; Сайид Каримӣ, «Нақду баррасии таорифи мавҷуд дар мавзӯи ғино», саҳ.117 - 120.
  10. Нурӣ, Мусиқӣ ва ғино аз дидгоҳи Ислом, 1385ҳ.ш., саҳ.239 - 269; Эзадифард, «Пажӯҳиши таҳлилие перомуни мабонии фиқҳии ғино ва мусиқӣ», саҳ.74.
  11. Маҳмудӣ, Масоили ҷадид аз дидгоҳи уламо ва мароҷеъи тақлид, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.48 - 54.
  12. Маҳмудӣ, Масоили ҷадид аз дидгоҳи уламо ва мароҷеъи тақлид, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.48 - 54.
  13. Маҳмудӣ, Масоили ҷадид аз дидгоҳи уламо ва мароҷеъи тақлид, 1385ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.80.
  14. Мухторӣ ва Содиқӣ, Ғино ва мусиқӣ, 1377ҳ.ш., ҷ.3, 2039 – 2041 ва ҷ.4, саҳ.22.
  15. Хоманаӣ, Ғино, 1398ҳ.ш., саҳ.452.
  16. Хоманаӣ, Ғино, 1398ҳ.ш., Муқаддима.

Сарчашма

  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Қавоид-ул-аҳком фи маърифат-ил-ҳалоли ва-л-ҳаром, таҳқиқ ва тасҳеҳи гурӯҳи пажӯҳиши дафтари интишороти исломӣ, Қум, Дафтари интишороти исломии вобаста ба Ҷомеъаи мударрисини Ҳавзаи илмия, 1413ҳ.қ.
  • Қозизода, Козим, “Ғино аз дидгоҳи Ислом”, фаслномаи Ковуше нав дар фиқҳ, №№4 ва 5, тобистон ва поизи 1374ҳ.ш.
  • Маҳмудӣ, Сайидмуҳсин, Масоили ҷадид аз дидгоҳи уламо ва мароҷеъи тақлид, Варомин, Интишороти илмӣ-фарҳангии Соҳибаззамон, 1385ҳ.ш.
  • Муҳаққиқи Каракӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Ҷомеъ-ул-мақосид фи шарҳ-ил-қавоъид, Қум, муассисаи Ол-ул-байт алайҳимуссалом, 1414ҳ.қ.
  • Муҳаққиқи Сабзаворӣ, Муҳаммадбоқир ибни Муҳаммадмуъмин, Кифоят-ул-аҳком, Қум, дафтари интишороти исломии вобаста ба Ҷомеъаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, 1423ҳ.қ.
  • Нурӣ, Муҳаммадисмоил, Мусиқӣ ва ғино аз дидгоҳи Ислом, Қум, муассисаи Бустони китоб, 1385ҳ.ш.
  • Сайидкаримӣ, Сайид Аббос, «Нақд ва баррасии таъорифи мавҷуд дар мавзӯи ғино», фаслномаи Илоҳиёти ҳунар, шумораи 2, тобистони 1393ҳ.ш.
  • Содиқӣ, Муҳсин ва Ризо Мухторӣ, Ғино ва мусиқӣ, Қум, Дафтари таблиғоти исломии Ҳавзаи илмияи Қум, 1377ҳ.ш.
  • Фазлӣ, Абдулҳодӣ ва Муҳаммадҳодии Маърифат, Баррасии фиқҳии падидаи ғино, моҳият ва ҳукми он, тарҷумаи Муҷтабо Илоҳии Хуросонӣ, Қум, муассисаи Бустони китоб, 1385ҳ.ш.
  • Файзи Кошонӣ, Муҳаммадмуҳсин, ал-Вофӣ, таҳқиқ ва тасҳеҳи Зиёвуддин Ҳусайнии Исфаҳонӣ, Исфаҳон, китобхонаи Имом Амирулмӯъминини Алӣ (а), 1406ҳ.қ.
  • Хоманаӣ, Сайидалӣ, Ғино, Теҳрон, интишороти Фиқҳи рӯз, 1398ҳ.ш.
  • Хумайнӣ, Сайидрӯҳуллоҳ, ал-Макосиб-ул-муҳаррама, Теҳрон, Муассисаи Танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ (раҳ), 1415ҳ.қ.
  • Шайхи Ансорӣ, Муртазо, ал-Макосиб-ул-муҳаррама ва-л-байъ ва-л-хиёрот, Қум, маншуроти Дор-уз-захоир, 1411ҳ.қ.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Истибсор фимо ихталафа мин-ал-ахбор, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1390ҳ.қ.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайниддин ибни Алӣ, ар-Равзат-ул-баҳия фи шарҳ-ил-лумъат-ид-димишқия, Қум, китобфурӯшии Доварӣ, 1410ҳ.қ.
  • Эзадифард, Алиакбар ва Ҳусайн Ковёр, «Пажӯҳиши таҳлилие перомуни мабонии фиқҳии ғино ва мусиқӣ», фаслномаи Ковушҳои динӣ, №6, поиз ва зимистони 1390ҳ.ш.
  • Юсуфии Муқаддам, Муҳаммадсодиқ, Пажӯҳиш дар ғино аз нигоҳи Қуръон ва ривоёти тафсирӣ, Қум, Пажӯҳишгоҳи улум ва фарҳанги исломӣ, 1391ҳ.ш.