Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Муҳаммадбоқири Қолибоф

Аз wikishia
Муҳаммадбоқири Қолибоф
Санаи таваллуд23 августи 1961
ЗодгоҳТурқаба (вилояти Хуросони Разавӣ)
Таълифот«Тамаркузгароӣ ва тамаркуззудоӣ дар Эрон» ва «Эрон ва давлати тавсиагаро»
СиёсӣРаиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон
ФаолиятҳоФармондеҳи нерӯи ҳавофазои Сипоҳ, фармондеҳи нерӯи интизомӣ ва қароргоҳи созандагии Хотимуланбиё (с), шаҳрдори Теҳрон
Шинохташуда бароиСиёсатмадор ва фармондеҳи низомӣ
Вебгоҳи расмӣ«پایگاه اطلاع رسانی محمدباقر قالیباف» («Пойгоҳи иттилоърасонии Муҳаммадбоқири Қолибоф»)


Муҳаммадбоқири Қолибоф (форсӣ: محمدباقر قالیباف зодаи 1961) низомии собиқ (аз 1982 то 2005), сиёсатмадор, раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон ва узви Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом аст.

Қолибоф дар соли 1979 ба узвияти Сипоҳи посдорон даромад ва дар натиҷаи даврони хидмати худ, фармондеҳии типи Имом Ризо (а), лашкари 5 Насри Хуросон, қароргоҳи созандагии Хотамуланбиё (с), нерӯи ҳавофазои Сипоҳ ва фармондеҳии нерӯи интизомиро ӯҳдадор буд. Ӯ дар соли 2005 барои номзадӣ дар интихоботи президентӣ, аз симати фармондеҳии нерӯи интизомӣ истеъфо дод.

Пас аз муваффақ нашудан дар интихобот, аз соли 2005 то соли 2017 ба муддати 12 сол шаҳрдори Теҳрон буд ва дар соли 2008 ба унвони ҳаштумин шаҳрдори бартари дунё муаррифӣ шуд.

Қолибоф донишомӯхтаи доктории риштаи ҷуғрофияи сиёсӣ, узви ҳайати илмӣ ва донишёри донишкадаи ҷуғрофияи Донишгоҳи Теҳрон аст.

Муаррифӣ ва аҳамият

Муҳаммадбоқири Қолибоф, низомии собиқ ва раиси вақти Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон (аз соли 2020) дар давраи ёздаҳум ва дувоздаҳум аст.[1] Қолибоф дар соли 1979 ба узвияти Сипоҳ даромад[2] ва соли 1982 ба унвони фармондеҳи типи Имом Ризо (а) ва як сол баъд дар ҷойгоҳи фармондеҳи лашкари 5 Насри Хуросон интихоб шуд.[3]

Пас аз поёни ҷанги Ироқ бо Эрон ва то соли 1994 фармондеҳи лашкари 25 Карбало буд.[4] Дар ниҳоят дар соли 2005 бо дараҷаи сартипӣ барои номзадӣ дар интихоботи президентии соли 2005 аз вазифаи фармондеҳии нерӯи интизомӣ истеъфо дод.[5]

Тасвире аз Муҳаммадбоқири Қолибоф дар ҷанги Эрон ва Ироқ

Қолибоф зодаи 23 августи соли 1961 дар Турқабаи Хуросони Разавӣ аст. Вай донишомӯхтаи доктории риштаи ҷуғрофияи илмҳои сиёсӣ аз Донишгоҳи тарбияти мударрис, донишёр ва узви ҳайати илмии донишкадаи ҷуғрофияи Донишгоҳи Теҳрон мебошад.[6]

Шабакаи хабарӣ Фаронса 24 дар гузорише овардааст, ки Муҳаммадбоқири Қолибоф дар ҷанги Рамазон ва пас аз шаҳодати раҳбарон ва фармондеҳони низомии Эрон, нақши калидӣ дар ҳидояти ҷанг ва стратегияи дифоии Эрон иҷро мекунад. Ин гузориш, Қолибофро аз таъсиргузортарин ва қавитарин мардони Эрон дар ин шароит тавсиф карда ва таъкид мекунад, ки ӯ ҳамчун як низомии ботаҷриба ва сиёсатмадоре амалгаро, ҳам дар майдони ҷанг ҳузур дорад ва ҳам бар мизҳои музокира.[7]

Масъулиятҳо

Муҳаммадбоқири Қолибоф дар низоми Ҷумҳурии исломии Эрон симатҳои гуногуне доштааст, аз ҷумла:

  • Фармондеҳи қароргоҳи созандагии Хотамуланбиё (с) дар соли 1994.[8]
  • Фармондеҳи нерӯи ҳавофазои Сипоҳ дар соли 1997.[9]
  • Фармондеҳи нерӯи интизомӣ дар соли 2000.[10]
  • Раис ва намояндаи раисҷумҳури вақт дар ситоди мубориза бо қочоқи мол ва арз дар соли 2004.[11]
  • Шаҳрдори Теҳрон аз соли 2005 то соли 2017 ба муддати 12 сол.[12] Вай дар соли 2008 аз сӯи сайти шаҳрдориҳои ҷаҳон, бо раъйи мардум, ҳамчун ҳаштумин шаҳрдори бартари ҷаҳон муаррифӣ гардид.[13]
  • Узви ҳақиқии давраи ҳаштуми Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом дар соли 2017.[14]

Номзади президентӣ

Қолибоф дар интихоботи президентии соли 2005 Эрон ба унвони номзад сабти ном кард ва рутбаи чорумро ба даст овард. Ӯ ҳамчунин дар интихоботи президентии соли 2013 ин кишвар ширкат кард ва дар ҷойгоҳи дувум қарор гирифт. Вай аз номзадҳои интихоботи президентии соли 2017 буд, ки дар остонаи интихобот ба нафъи Сайид Иброҳим Раисӣ аз номзадӣ канор рафт. Қолибоф дар интихоботи президентии соли 2024 ширкат намуд ва дар давраи аввал аз арсаи рақобат хориҷ шуд.[15]

Осор

Баъзе аз таълифоти Муҳаммадбоқири Қолибоф иборатанд аз:

  • Ҳукумати маҳаллӣ ё стратегияи тавзеи фазоии қудрати сиёсӣ дар Эрон, чопи Муассисаи интишороти Амири Кабир, 1391ҳ.ш. (2012);
  • Эрон ва давлати тавсеагаро, чопи Маркази интишороти Вазорати умури хориҷаи Эрон, 1390ҳ.ш. (2011);
  • Ховармиёнаи муосир: таърихи сиёсӣ пас аз ҷанги ҷаҳонии аввал, чопи Интишороти Қумис, 1399ҳ.ш. (2020).[16]
  • Муқаддимае бар жеупулитик, чопи Интишороти Қумис, 1390ҳ.ш. (2011);
  • Мантиқи таҳлили печидагӣ дар дониши жеупулитик: ҳукмронии режимҳо дар сохторҳои ҷуғрофиёӣ, Муассисаи чоп ва интишороти Донишгоҳи Теҳрон, 1402ҳ.ш. (2023);
  • Муруре бар мафоҳими ҷуғрофиёи инсонӣ, чопи Анҷумани жеупулитики Эрон, 1399ҳ.ш. (2020);
  • Тамаркузгароӣ ва тамаркуззудоӣ дар Эрон: ба сӯи тарроҳии улгуи нимамутамаркиз, Муассисаи чоп ва интишороти Донишгоҳи Теҳрон, 1397ҳ.ш. (2018).[17]

Эзоҳ

  1. «محمدباقر قالیباف», Маркази пажӯҳишҳои Маҷлиси шӯрои исломӣ; «زندگینامه محمدباقر قالیباف», Хабаргузории Ҷаморон.
  2. «برای زندگی‌کردن زندگی نکردم», Пойгоҳи иттилоърасонии Муҳаммадбоқири Қолибоф.
  3. «برای زندگی‌کردن زندگی نکردم», Пойгоҳи иттилоърасонии Муҳаммадбоқири Қолибоф; «محمدباقر قالیباف», Хабар-онлайн.
  4. «زندگینامه محمدباقر قالیباف», Хабаргузории Ҷаморон.
  5. «محمدباقر قالیباف استعفا کرد/ فرمانده کل قوا پذیرفتند», Сомонаи рӯзномаи Дунёи иқтисод.
  6. «محمدباقر قالیباف», Маркази пажӯҳишҳои Маҷлиси шӯрои исломӣ; زندگینامه, Сайти Тобнок.
  7. «Ghalibaf: Iran's new strongman running war effort», Сайти Фаронса 24.
  8. «برای زندگی‌کردن زندگی نکردم», Пойгоҳи иттилоърасонии Муҳаммадбоқири Қолибоф.
  9. «انتصاب سردار سرتیپ پاسدار محمدباقر قالیباف به سمت فرماندهی نیروی هوا فضای سپاه», Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ.
  10. «انتصاب سردار سرتیپ محمدباقر قالیباف به فرماندهی نیروی انتظامی», Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ.
  11. «برای زندگی‌کردن زندگی نکردم», Пойгоҳи иттилоърасонии Муҳаммадбоқири Қолибоф.
  12. «محمدباقر قالیباف», Хабар-онлайн.
  13. «زندگینامه محمدباقر قالیباف», Хабаргузории Ҷаморон.
  14. «محمدباقر قالیباف», Маркази пажӯҳишҳои Маҷлиси шӯрои исломӣ; «اعضای مجمع تشخیص مصلحت نظام», Пойгоҳи иттилоърасонии маслиҳат.
  15. «زندگینامه محمدباقر قالیباف», Хабаргузории Ҷаморон.
  16. «زندگینامه محمدباقر قالیباف», Хабаргузории Ҷаморон.
  17. «برای زندگی‌کردن زندگی نکردم», Пойгоҳи иттилоърасонии Муҳаммадбоқири Қолибоф.

Сарчашма