Алии Лориҷонӣ
| Номи комил | Алӣ Ардашери Лориҷонӣ |
|---|---|
| Мазҳаб | Шиа |
| Санаи таваллуд | 3 июни 1957 |
| Зодгоҳ | Наҷаф, Ироқ |
| Санаи шаҳодат | 17 марти 2026 |
| Маҳалли шаҳодат | Теҳрон, Эрон |
| Маҳалли дафн | Ҳарами ҳазрати Маъсума (с) |
| Хешовандон | Мирзо Ҳошими Омулӣ (падар), Шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ (падари ҳамсар), Содиқ Омулии Лориҷонӣ (бародар) |
| Аз ëрони | وزیر فرهنگ وارشاد اسلامی،دبیر شورای عالی امنیت ملی، رئیس مجلس شورای اسلامی، رئیس سازمان صداوسیما، عضو مجمع تشخیص مصلحت نظام |
| Фаолиятҳо | Вазири фарзанг ва иршоди исломӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон, раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон, раиси Созмони садову симо (радиову телевизион), узви Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом |
Алӣ Ардашери Лориҷонӣ (форсӣ: علی اردشیر لاریجانی 1957 – 2026) сиёсатмадори эронӣ ва дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон буд, ки дар 16 марти 2026 ва дар ҷанги Рамазон тавассути режими саҳюнистӣ, террор шуд ва ба шаҳодат расид.
Лориҷонӣ ба унвони мушовири Сайид Алӣ Ҳусайнии Хоманаӣ, дувумин Раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон, ва узви Шӯрои олии инқилоби фарҳангӣ фаъолият мекард. Вай аз соли 2008 то 2020 намояндаи Қум ва раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон буд. Ӯ дар давлати панҷум вазири фарҳанг ва иршоди исломӣ (1992-1993) ва беш аз як даҳа раиси Созмони садову симо (1994-2004) буд.
Лориҷонӣ аз соли 2005 то 2007 дабири Шӯрои олии амнияти миллӣ буд ва дар соли 2026 дубора ба ин мансаб таин шуд.
Зиндагӣ ва таҳсилот
Лориҷонӣ дар 3 июни 1957 дар Наҷаф - яке аз шаҳрҳои Ироқ, ба дунё омад. Хонаводаи вай асолатан аз минтақаи Лориҷони шаҳри Омули Эрон ҳастанд ва падараш Мирзо Ҳошим Омулӣ пеш аз таваллуди ӯ барои таҳсил дар Ҳавзаи илмияи Наҷаф ба Ироқ нақли макон карда буд. Лориҷонӣ пас аз поёни таҳсилоти падараш, ба ҳамроҳи хонавода ба Эрон бозгашт.[1]
Лориҷонӣ бо духтари Муртазо Мутаҳҳарӣ издивоҷ кард.[2] Содиқ Омулии Лориҷонӣ ва Муҳаммадҷавод Лориҷонӣ аз бародарони шинохташудаи ӯ ҳастанд, ки дар арсаи сиёсӣ ва илмӣ фаъолият доштаанд.[3]
Таҳсилот
Лориҷонӣ таҳсилоти ибтидоӣ ва мутавасситаи худро дар мактаби Дин ва дониш дар Қум гузаронд ва дар соли 1975 вориди Донишгоҳи санъатии шарифи Теҳрон шуд. Дар соли 1979 коршиносии улуми роёна дарёфт кард. Сипас барои идомаи таҳсил риштаи фалсафаро баргузид ва коршиносии аршад ва доктории фалсафа аз Донишгоҳи Теҳрон гирифт. Аз ҷумла таълифоти ӯ се китоб дар бораи фалсафаи Имануэл Кант ва беш аз понздаҳ мақолаи пажӯҳишӣ дар мавзуоти илмӣ ва фалсафӣ аст. Ӯ донишёри риштаи фалсафа дар донишкадаи адабиёт ва улуми инсонии Донишгоҳи Теҳрон буд.[4]
Масъулиятҳо
Алии Лориҷонӣ дар низоми Ҷумҳурии исломии Эрон мансабҳои мухталифе доштааст, аз ҷумла:
- Раёсати Маҷлиси шӯрои исломӣ: Лориҷонӣ аз моҳи майи 2008 то майи 2020, ба муддати се давраи пай дар пай, намояндаи Қум ва раиси Маҷлиси шӯрои исломӣ буд. Дар давраи раёсати ӯ, «Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак» (БАРҶОМ) дар Маҷлис ба тасвиб расид. Наҳваи мудирияти раванди тасвиби ин тавофуқ бо интиқодҳое аз сӯи бархе ҷараёнҳои сиёсӣ ҳамроҳ шуд.
- Мушовири олии Сайид Алии Хоманаӣ, Раҳбари вақти Ҷумҳурии исломии Эрон дар соли 2026.
- Узви Шӯрои олии инқилоби фарҳангӣ дар соли 2026.
- Вазири фарҳанг ва иршоди исломӣ дар давлати панҷум (1992-1993).
- Раиси Созмони Садову симои Эрон (1994-2004).
- Узви ҳақиқии Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом.
- Дабири Шӯрои олии амнияти миллӣ: Лориҷонӣ аз соли 2005 то 2007 дабири ин шӯро буд. Ҳамчунин дар 5 августи 2025 пас аз ҷанги дувоздаҳрӯзаи режими саҳюнистӣ бо Эрон бори дигар ба ин мансаб таин шуд.[5]
Номзади президентӣ
Лориҷонӣ дар интихоботи президентии соли 2005 Эрон ба унвони номзад сабти ном кард ва дар миёни ҳафт номзад, рутбаи шашумро ба даст овард. Ӯ ҳамчунин дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2021 низ сабти ном кард, аммо салоҳияташ аз сӯи Шӯрои нигаҳбон эҳроз нашуд.[6]
Террор ва шаҳодат

Алии Лориҷонӣ, дар 17 марти соли 2026 дар ҷанги Рамазон (ҷанги муштараки Амрико ва Исроил бо Эрон) тавассути режими саҳюнистӣ террор шуд ва ба шаҳодат расид. Дар ҳамлаи ин режим чанд тан аз ҳамроҳони ӯ аз ҷумла яке аз писаронаш низ ба шаҳодат расиданд.[7] Пеш аз ин, раисҷумҳури Амрико ӯро таҳдид ба террор карда буд ва Лориҷонӣ дар вокуниш ба он ба сухане аз Имом Ҳусайн (а) ишора карда буд:
«إنی لا أری الموتَ إلا سعادةً، ولا الحیاةَ مع الظالمین إلا بَرَماً؛ Ман маргро ҷуз саодат намебинам ва зиндагӣ бо ситамгаронро ҷуз малол ва хорӣ намедонам.»
Пеш аз шаҳодати Лориҷонӣ, гузоришҳое мабнӣ бар талош барои террори ӯ мунташир шуда буд. Аз ҷумла таҳдиди ӯ дар ҷанги дувоздаҳрӯза[9] ва ҳамчунин талоши режими саҳюнистӣ барои террори вай дар замони сафараш ба Лубнон дар январи 2026.[10]

Ҷанозаи Лориҷонӣ пас аз ташйии ҷаноза дар Теҳрон дар 18 марти 2026, ба Қум интиқол дода шуд ва дар 19 март, пас аз ташйиъ ва иқомаи намоз тавассути Оятуллоҳ Каримии Ҷаҳрумӣ дар канори падар ва падари ҳамсараш дар ҳарами ҳазрати Маъсума (а) дафн шуд.[11]
Вокунишҳо
Дар пайи террори Алии Лориҷонӣ, Сайид Муҷтабо Хоманаӣ, Раҳбари вақти Ҷумҳурии исломии Эрон,[12] мароҷеи тақлид ҳамчун Абдуллоҳ Ҷаводии Омулӣ,[13] Ҳусайни Нурии Ҳамадонӣ,[14] Носир Макорими Шерозӣ,[15] раисҷумҳурони Эрон[16] ва Русия[17] ва бархе мақомоти Эрон ва кишварҳои мухталиф ва Ҳизбуллоҳи Лубнон,[18] аҳзоби Ҷунбиши адолат[19] ва Ҳизби мардум дар Покистон[20] ва мудири ҳавзаҳои илмияи Эрон,[21] шаҳодати ӯро таслият гуфтанд.
Сипоҳи посдорони Эрон ба ҳамроҳи артиши Эрон, марҳилаи 61-уми амалиёти Ваъдаи содиқи 4-ро дар интиқоми террори Лориҷонӣ, бо ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподӣ ба сарзаминҳои ишғолӣ ва пойгоҳҳои амрикоӣ дар минтақа анҷом доданд.[22]
Эзоҳ
- ↑ زندگینامه شهید دکتر علی لاریجانی؛ فیلسوف و سیاستمدار مجاهد, Сайти Ҷавон-онлайн
- ↑ زندگینامه دکتر علی لاریجانی/ همسر ایشان دختر شهید مرتضی مطهری است, Сайти Ормони миллӣ
- ↑ زندگینامه شهید دکتر علی لاریجانی؛ فیلسوف و سیاستمدار مجاهد, Сайти Ҷавон-онлайн
- ↑ «رزومه علی لاریجانی», Сомонаи Донишгоҳи Теҳрон
- ↑ «زندگینامه: علی لاریجانی (۱۳۳۶-)», Сайти Ҳамшаҳрӣ-онлайн
- ↑ «زندگی نامه علی لاریجانی», Сайти Ҷаморон
- ↑ در روز هجدهم جنگ ایران و آمریکا - اسرائیل چه گذشت؟ / اعلام ترور و شهادت علی لاریجانی, Сайти Интихоб
- ↑ پاسخ شهید علی لاریجانی به اعلام جایزه ۱۰ میلیون دلاری دولت آمریکا برای ترور او, Сайти Хабар-онлайн
- ↑ افشاگری عجیب علی لاریجانی از تماس تهدیدآمیز در بحبوحه جنگ با اسرائیل, Сайти Иқтисод-онлайн
- ↑ جزئیات عملیات ترور علی لاریجانی به شیوه فخریزاده, Сайти Тобнок
- ↑ تشییع و خاکسپاری شهید لاریجانی در قم, Сайти Асри Эрон
- ↑ پیام تسلیت رهبر انقلاب در پی شهادت دکتر علی لاریجانی دبیر شورایعالی امنیت ملی، فرزند و همکاران ایشان, Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ پیام آیت الله جوادی آملی به مناسبت شهادت دکتر علی لاریجانی, Хабаргузории ИРНА
- ↑ پیام تسلیت آیتالله العظمی نوری همدانی در پی شهادت علی لاریجانی, Хабаргузории ИКНА
- ↑ پیام آیتالله مکارم شیرازی در پی شهادت دکتر لاریجانی , Хабаргузории Тасним
- ↑ پیام مسعود پزشکیان در پی شهادت علی لاریجانی, Хабаргузории Меҳр
- ↑ پوتین شهادت دکتر لاریجانی را تسلیت گفت, Хабаргузории Садову симо
- ↑ بیانیه حزبالله در تسلیت شهادت علی لاریجانی، دبیر شورای عالی امنیت ملی ایران, Хабаргузории Тасним
- ↑ حزب «عمران خان» شهادت لاریجانی را تسلیت گفت, Хабаргузории Меҳр
- ↑ حزب مردم پاکستان: ترور لاریجانی ضربه بزرگی به صلح منطقهای وارد کرد, Хабаргузории ИРНА
- ↑ پیام آیتالله اعرافی در پی شهادت دکتر لاریجانی, Хабаргузории Тасним
- ↑ موج «شصت و یک» عملیات وعده صادق ۴ اجرا شد, Сайти Хабар-онлайн
Сарчашма
- Аърофӣ, Алиризо, پیام آیتالله اعرافی در پی شهادت دکتر لاریجانی (Паёми Оятуллоҳ Аърофӣ дар пайи шаҳодати доктор Лориҷонӣ), Хабаргузории Тасним, санаи интишор: 18 марти 2026, санаи боздид: 25 апрели 2026.
- Макорими Шерозӣ, Носир, پیام آیتالله مکارم شیرازی در پی شهادت دکتر لاریجانی (Паёми Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ дар пайи шаҳодати доктор Лориҷонӣ), Хабаргузории Тасним, санаи интишор: 18 марти 2026, санаи боздид: 25 апрели 2026.
- Нурии Ҳамадонӣ, Ҳусайн, پیام تسلیت آیتالله العظمی نوری همدانی در پی شهادت علی لاریجانی (Паёми таслияти Оятуллоҳулъузмо Нурии Ҳамадонӣ дар пайи шаҳодати Алии Лориҷонӣ), Хабаргузории ИКНА, санаи интишор: 18 марти 2026, санаи боздид: 25 апрели 2026.
- Пизишкиён, Масъуд, پیام مسعود پزشکیان در پی شهادت علی لاریجانی (Паёми Масъуди Пизишкиён дар пайи шаҳодати Алии Лориҷонӣ), Хабаргузории Меҳр, санаи интишор: 18 марти 2026, санаи боздид: 25 апрели 2026.
- Хоманаӣ, Сайид Муҷтабо, پیام تسلیت رهبر انقلاب در پی شهادت دکتر علی لاریجانی دبیر شورایعالی امنیت ملی، فرزند و همکاران ایشان (Паёми таслияти Раҳбари Инқилоб дар пайи шаҳодати доктор Алии Лориҷонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллӣ, фарзанд ва ҳамкорони эшон), Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи интишор: 18 марти 2026, санаи боздид: 25 апрели 2026.
- Ҷаводии Омулӣ, Абдуллоҳ, پیام آیت الله جوادی آملی به مناسبت شهادت دکتر علی لاریجانی (Паёми Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ ба муносибати шаҳодати доктор Алии Лориҷонӣ), Хабаргузории ИРНА, санаи интишор: 19 марти 2026, санаи боздид: 25 апрели 2026.
- «رزومه علی لاریجانی» («Резумаи Алии Лориҷонӣ»), Сомонаи Донишгоҳи Теҳрон, санаи боздид: 25 апрели 2026.
- بیانیه حزبالله در تسلیت شهادت علی لاریجانی، دبیر شورای عالی امنیت ملی ایران (Баёнияи Ҳизбуллоҳ дар таслияти шаҳодати Алии Лориҷонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон), Хабаргузории Тасним, санаи интишор: 18 марти 2026, санаи боздид: 25 апрели 2026.
- زندگینامه دکتر علی لاریجانی/ همسر ایشان دختر شهید مرتضی مطهری است (Зиндагиномаи доктор Алии Лориҷонӣ / Ҳамсари эшон духтари шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ аст), Ормони миллӣ, санаи дарҷи матлаб: 18 марти 2026, санаи боздид: 25 апрели 2026.
- تشییع و خاکسپاری شهید لاریجانی در قم (Ташйиъ ва хоксупории шаҳид Лориҷонӣ дар Қум), Сайти Асри Эрон, санаи интишор: 19 марти 2026, санаи боздид: 25 апрели 2026.
- افشاگری عجیب علی لاریجانی از تماس تهدیدآمیز در بحبوحه جنگ با اسرائیل (Ифшогарии аҷиби Алии Лориҷонӣ аз тамоси таҳдидомез дар авҷи ҷанг бо Исроил), Сайти Иқтисодонлайн, санаи дарҷи матлаб: 29 июни 2025, санаи боздид: 25 апрели 2026.
- در روز هجدهم جنگ ایران و آمریکا - اسرائیل چه گذشت؟ / اعلام ترور و شهادت علی لاریجانی (Дар рӯзи ҳаждаҳуми ҷанги Эрон ва Амрико - Исроил чӣ гузашт? / Эъломи террор ва шаҳодати Алии Лориҷонӣ), Сайти Интихоб, санаи интишор: 17 марти 2026, санаи боздид: 25 апрели 2026.
- «زندگینامه: علی لاریجانی (۱۳۳۶-)» («Зиндагинома: Алии Лориҷонӣ (1957-)»), Ҳамшаҳри-онлайн, санаи интишор: 20 октябри 2007, санаи боздид: 25 апрели 2026.
- پوتین شهادت دکتر لاریجانی را تسلیت گفت (Путин шаҳодати доктор Лориҷониро таслият гуфт), Хабаргузории Садову симо, санаи интишор: 19 марти 2026, санаи боздид: 25 апрели 2026.
- حزب مردم پاکستان: ترور لاریجانی ضربه بزرگی به صلح منطقهای وارد کرد (Ҳизби мардуми Покистон: Террори Лориҷонӣ зарбаи бузурге ба сулҳи минтақавӣ ворид кард), Хабаргузории ИРНА, санаи интишор: 18 марти 2026, санаи боздид: 25 апрели 2026.
- «زندگی نامه علی لاریجانی» («Зиндагиномаи Алии Лориҷонӣ»), Хабаргузории Ҷаморон, санаи боздид: 25 апрели 2026.
- زندگینامه شهید دکتر علی لاریجانی؛ فیلسوف و سیاستمدار مجاهد (Зиндагиномаи шаҳид доктор Алии Лориҷонӣ; файласуф ва сиёсатмадори муҷоҳид), Сайти Ҷавон-онлайн, санаи интишор: 18 марти 2026, санаи боздид: 25 апрели 2026.
- پاسخ شهید علی لاریجانی به اعلام جایزه ۱۰ میلیون دلاری دولت آمریکا برای ترور او (Посухи шаҳид Алии Лориҷонӣ ба эъломи ҷоизаи 10 миллиондолларии давлати Амрико барои террори ӯ), Сайти Хабар-онлайн, санаи интишор: 18 марти 2026, санаи боздид: 25 апрели 2026.
- موج «شصت و یک» عملیات وعده صادق ۴ اجرا شد (Мавҷи шасту яки амалиёти Ваъдаи Содиқи 4 иҷро шуд), Сайти Хабар-онлайн, санаи интишор: 18 марти 2026, санаи боздид: 25 апрели 2026.
- حزب «عمران خان» شهادت لاریجانی را تسلیت گفت (Ҳизби «Имрон Хон» шаҳодати Лориҷониро таслият гуфт), Хабаргузории Меҳр, санаи интишор: 18 марти 2026, санаи боздид: 25 апрели 2026.
- جزئیات عملیات ترور علی لاریجانی به شیوه فخریزاده (Ҷузъиёти амалиёти террори Алии Лориҷонӣ ба шеваи Фахризода), Сайти Тобнок, санаи интишор: 26 декабри 2025, санаи боздид: 25 апрели 2026.