Сайид Ҷавод Ҳусайнии Хоманаӣ
| Номи комил | Сайид Ҷавод Ҳусайнии Хоманаӣ |
|---|---|
| Насаб | Содоти Ҳусайнӣ |
| Санаи таваллуд | 7 декабри 1895 |
| Зодгоҳ | Наҷаф |
| Санаи вафот | 5 июли 1986 |
| Шаҳри вафот | Машҳад |
| Маҳалли дафн | Ҳарами Имом Ризо (а) |
| Хешовандон | Сайид Алии Хоманаӣ (фарзанд), Сайид Муҷтабо Хоманаӣ (набера) |
| Устодон | Оқо Ҳусайни Қумӣ • Мирзо Муҳаммад Оқозодаи Хуросонӣ • Мирзо Маҳдии Исфаҳонӣ |
| Маҳалли таҳсил | Табрез • Машҳад • Наҷаф |
| Иҷозати иҷтиҳод аз | Муҳаммадҳусайни Ноинӣ • Сайид Абулҳасани Исфаҳонӣ • Оқо Зиёуддини Ироқӣ |
Сайид Ҷаводи Ҳусайнии Хоманаӣ (форсӣ: سید جواد حسینی خامنهای) аз уламо ва муҷтаҳидони шиа ва падари Оятуллоҳ Хоманаӣ, дувумин Раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон, аст. Ӯ таҳсилоти худро дар Табрез, Машҳад ва Наҷаф гузаронд ва пас аз расидан ба дараҷаи иҷтиҳод дар Наҷаф, ба Машҳад муҳоҷират кард ва то охири умр он ҷо монд.
Вилодат ва насаб
Сайид Ҷаводи Хоманаӣ дар Наҷаф мутаваллид шуд ва дар кӯдакӣ ҳамроҳи хонаводааш ба Табрез омад. Насаби ӯ ба содоти ҳусайнӣ ва Султон Сайид Муҳаммад мерасад, ки бо чор восита фарзанди Имом Саҷҷод (а) аст.[1] Сайид Муҳаммад ба далели зулму ҷаври Аббосиён ба минтақаҳои марказии Эрон ва Тафреш, Оштиён ва Фараҳон муҳоҷират кард ва аз сӯи мардуми он минтақаҳо мавриди истиқбол қарор гирифт, вале маъмурони аббосӣ дар Тафреш ӯро дастгир ва шаҳид карданд.
Сайид Муҳаммад фарзанди Сайид Муҳаммадтақӣ, фарзанди Сайид Мирзо Алӣ, фарзанди Сайид Мирзо Акбар, фарзанди Сайид Фахруддин аз шаҷараи Султон Сайид Муҳаммад аст, ки аз Тафреш ба Озарбойҷон муҳоҷират кард ва дар шаҳри Хомана дар 80 келлометрии шимолу ғарбии шаҳри Табрез сокин шуд. Пас аз ӯ Сайид Ҳусайн, фарзанди Сайид Муҳаммад дар Хомана машғули ҳидоят ва иршоди мардум шуд ва сипас ба Наҷаф сафар кард ва дар он ҷо ба дарсу баҳс иштиғол варзид.
Ҳамсар ва фарзандон
Дар ҳудуди чиҳилсолагӣ ҳамсари Сайид Ҷаводи Хоманаӣ, ки аз ӯ 3 духтар дошт, даргузашт. Пас аз марги ҳамсари аввалаш бо Хадиҷа Мирдомодӣ духтари Оятуллоҳ Сайид Ҳошими Мирдомодӣ издивоҷ кард. Ҳосили ин издивоҷ чаҳор писар ва як духтар ба номҳои Сайид Муҳаммад, Сайид Алӣ, Бадруссодот, Сайид Ҳодӣ ва Сайид Муҳаммадҳасан шуд. Хадиҷа Мирдомодӣ дар 6 августи соли 1989 даргузашт ва дар ҳарами Имом Ризо (а) дар канори шавҳараш ба хок супурда шуд.
Таҳсилот

Сайид Ҷаводи Хоманаӣ дарсҳои муқаддамотиро дар мактабҳои Табрез хонд. Тақрибан 9 моҳ дар Машҳад иқомат кард ва сипас ба Табрез бозгашт. Гуфта мешавад дар ин замон роҳи Теҳрон-Машҳад ноамн буд. Сайид Ҷавод ба Боку рафт ва тавассути баҳри Хазар роҳии Ишқобод шуд ва сипас ба Хуросон расид.[2] Дар Машҳад таҳсилоти худро идома дод ва дар 1926 ба Наҷаф рафт.
Устодон
Сайид Ҷаводи Хоманаӣ дар Машҳад аз Оқо Ҳусайни Қумӣ, Мирзо Муҳаммад Оқозодаи Хуросонӣ (Кифоӣ), Мирзо Маҳдии Исфаҳонӣ ва Фозили Хуросонӣ фиқҳ ва усул омӯхт. Ва дар фалсафа низ назди Оқо Бузурги Ҳакими Шаҳидӣ ва Асадуллоҳи Яздӣ шогирдӣ кард.[3]
Ӯ дар Наҷаф назди Муҳаммад Ҳусайни Ноинӣ, Сайид Абулҳасани Исфаҳонӣ ва Оқо Зиёи Ироқӣ шогирдӣ кард ва аз онон иҷозаи иҷтиҳод гирифт.[4]
Иқомат дар Машҳад

Пас аз таҳсилот дар Наҷаф ва касби иҷтиҳод ба Эрон бозгашта ва роҳии Машҳад шуд ва дар айни тадрис, имомати масҷиди Сиддиқиҳои бозори Машҳад(масҷиди Озарбойҷониҳо)-ро ба ӯҳда гирифт.[5] Ӯ ҳамчунин аз имомони ҷамоати масҷиди ҷомеъи Гавҳаршод низ буд.[6]
Ӯ алоқаи зиёде ба мутолиа дошт. Мубоҳисоти илмии рӯзонаи ӯ бо ҳамрадифонаш аз ҷумла Мирзо Ҳусайни Абоӣ, Сайид Алиакбари Хӯӣ (падари Оятуллоҳ Хӯӣ), Мирзо Ҳабиби Маликӣ ва дигарон даҳҳо сол идома дошт.
Ӯ фарде парҳезгор ва бетваҷҷуҳ ба умури дунёвӣ буд ва зиндагии зоҳидонае дошт.[7] Пас аз пирӯзии Инқилоби исломии Эрон бо он ки фарзандонаш ба мақомоти олии сиёсӣ ва иҷроӣ расиданд, ҳамчунон ба зиндагии зоҳидонаи худ идома дод ва ба далели баҳрамандӣ аз камолоти инсонӣ ҳамеша мавриди руҷуи мардум буд.
Вафот
Сайид Ҷаводи Хоманаӣ дар 5 июли 1986 мутобиқ бо 27 шавволи 1406ҳ.қ. даргузашт.[8] Абулҳасани Шерозӣ, имоми ҷумъаи Машҳад, бар ӯ намоз гузорид ва дар раввоқи пушти зариҳи Имом Ризо (а), канори Дор-ул-файз, ба хок супурда шуд.[9] Имом Хумайнӣ дар паёми тасаллияте ба Оятуллоҳ Хоманаӣ ба муносибати даргузашти падараш, Оятуллоҳ Сайид Ҷаводи Хоманаиро олиме ботақво ва мутааҳҳид баршмурд.[10]
Эзоҳ
- ↑ «نگاهی گذرا به زندگینامهی حضرت آیتاللهالعظمی شهید سیدعلی حسینی خامنهای», Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ Баҳбудӣ, Шарҳи исм, Муассисаи мутолиот ва пажӯҳишҳои сиёсӣ, 1391ҳ.ш.
- ↑ Шариф, Ганҷинаи донишмандон, Теҳрон: Исломия, ҷ.7, саҳ.127-129; Зангана, Машоҳири мадфун дар ҳарами разавӣ, 1387ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.132
- ↑ Шариф, Ганҷинаи донишмандон, Теҳрон: Исломия, ҷ.7, саҳ.127
- ↑ Баҳбудӣ, Шарҳи исм, Муассисаи мутолиот ва пажӯҳишҳои сиёсӣ, 1391ҳ.ш., саҳ.15
- ↑ Зангана, Машоҳири мадфун дар ҳарами разавӣ, 1386ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.77
- ↑ Гулшани аброр, Пажӯҳишкадаи Боқир-ул-улум (а), ҷ.2, саҳ.971
- ↑ Ҳоирӣ, Рӯзшумори шамсӣ, 1386ҳ.ш., саҳ.254
- ↑ Зангана, Машоҳири мадфун дар ҳарами разавӣ, 1387ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.77
- ↑ Саҳифаи Имом, 1378ҳ.ш., ҷ.20, саҳ.71
Сарчашмаҳо
- Баҳбудӣ, Ҳидоятуллоҳ, Шарҳи исм, Теҳрон: Муассисаи мутолиот ва пажӯҳишҳои сиёсӣ, 1391ҳ.ш.
- Гулшани аброр, Ҷамъе аз пажӯҳишгарони Ҳавзаи илмияи Қум, Пажӯҳишкадаи Боқир-ул-улум (а).
- Зангана, Иброҳим, Машоҳири мадфун дар ҳарами разавӣ, Машҳад, Бунёди пажӯҳишҳои исломӣ, 1387ҳ.ш.
- Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Саҳифаи Имом, Теҳрон, Муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ, 1389ҳ.ш., ҷ.20, чопи панҷум
- Ҳоирӣ, Алӣ, Рӯзшумори шамсӣ, Қум, Дафтари ақл, 1386ҳ.ш.
- Шарифи Розӣ, Муҳаммад, Ганҷинаи донишмандон, Теҳрон: Исломия, ҷ.7