Қосими Сулаймонӣ

Аз wikishia
ҚОСИМИ СУЛАЙМОНӢ
(Фармондеҳи собиқи Нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ)
МазҳабШиа
Санаи таваллуд11 марти 1957
ЗодгоҳКирмон
Санаи шаҳодат3 январи 2020
Маҳалли шаҳодатБағдод
Маҳалли дафнКирмон
ФаолиятҳоФармондеҳи Сипоҳи Қудс ва Лашкари 41 Сораллоҳ


Қосими Сулаймонӣ (1335ҳ.ш./1957 – 1398ҳ.ш./2020) фармондеҳи собиқи Нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ дар Эрон ки ба ҳамроҳи Абумаҳдӣ Муҳандис – муовини Ҳашдушшаъбии Ироқ, дар 13-уми даймоҳи 1398ҳ.ш. ба дасти нерӯҳои амрикоӣ дар Бағдод террор шуд. Вай дар ҷанги Эрону Ироқ фармондеҳи лашкари 41 Сораллоҳи Кирмон ва аз фармондеҳони амалиётҳои Валфаҷри ҳашт, Карбалои чаҳор ва Карбалои панҷ буд. Сулаймонӣ дар соли 1376ҳ.ш. аз сӯии Сайид Алии Хоманаӣ – раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон ба фармондеҳии Нерӯи Қудси сипоҳ мансуб шуд, ки бахши мансуб ии Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ дар Эрон аст. Сулаймонӣ пас аз ҷангҳои дохилии Афғонистон иқдомотеро барои бозсозии онҷо анҷом дод. Вай дар ҷанги 33-рӯзаи Лубнон ва ҷанги 22-рӯзаи Фаластин Ҳизбуллоҳ ва Ҳамосро дар баробари Исроил ёрӣ ва меҳвари муқовиматро ба силоҳҳои пешрафта таҷҳиз кард. Пас аз зуҳури ДИИШ дар Ироқу Сурия, Сулаймонӣ бо ҳузур дар ин манотиқ созмондиҳии нерӯҳои мардумӣ, ба мубориза бо ДИИШ пардохт. Дур сохтани таҳдиди ДИИШ аз Сомиро, Наҷаф ва Карбало аз дастовардҳои ӯ дар мубориза бо ДИИШ баён шудааст. Вай илова бар мабоҳиси Низомӣ, дар масоили фарҳангӣ низ фаъолият мекард. Ба гуфтаи бархе аз масъулони Ҷумҳурии исломии Эрон, Сулаймонӣ бунёнгузори Ситоди бозсозии атаботи олиёт буд ва бар тарҳҳои тавсеаи ҳарами имомони маъсум (алайҳимуссалом) назорат мекард. Ӯ ҳамчунин дар маросими Пиёдаравии арбаин ва таъмини амнияти зоирони он нақш доштааст. Қосими Сулаймонӣ дар 13-уми даймоҳи соли 1398ҳ.ш. ҳамроҳ бо Абумаҳдӣ Муҳандис ва иддаи дигар ба дастури бевоситаи раисҷумҳури вақти Амрико, дар ҳамлаи паҳбодӣ террор шуд. Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ дар посух ба террори ӯ, ба пойгоҳи амрикоии Айнуласад ҳамлаи мушакӣ кард ва парламенти Ироқ тарҳи ихроҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Ироқро ба тасвиби расонд. Ҷанозаи Сулаймонӣ ва ҳамроҳонаш дар шаҳрҳои мухталифе аз Ироқу Эрон ташйиъ шуд ва Шайх Башири Наҷафӣ ва Сайид Алии Хоманаӣ бар пайкари онон дар Ироқу Эрон намоз хонданд. Бар асоси гузориши бархе аз хабаргузориҳо, ташйиъи ҷанозаи ӯ аз бузургтарин ташйиъи ҷанозаҳои таърих будааст, ки ҳудудан 25 миллион нафар дар он ширкат доштаанд. Ӯ дар 18-уми даймоҳ дар мазори шуҳадои Кирмон дафн шуд.

Зиндагинома

Қосими Сулаймонӣ дар 20-уми исфанди 1335ҳ.ш. дар вилояти Кирмон ба дунё омад.[1]

Даврони ҷанги Эрону Ироқ

Қосими Сулаймонӣ пас аз Инқилоби исломии Эрон, дар 1358ҳ.ш. ба узвияти Сипоҳи посдорони Инқилоб исломӣ даромад ва мураббии подгони омӯзишии Қудси сипоҳи Кирмон шуд.[2] Сулаймонӣ дар соли 1360ҳ.ш. бо ҳукми Муҳсини Ризоӣ – фармондеҳи вақти Сипоҳи посдорон, фармондеҳи лашкари 41 Сораллоҳи Кирмон шуд.[3] Вай дар ҷанги Ироқ алайҳи Эрон, аз фармондеҳони чанд амалиёти ҷангӣ буд[4] ва ду бор маҷрӯҳ шуд.[5]

Сулаймонӣ пас аз поёни ҷанги Эрону Ироқ муддате фармондеҳи лашкари 41 Сораллоҳ буд ва то қабл аз расидан ба фармондеҳии Сипоҳи Қудс бо бондҳои қочоқи маводи мухаддир дар марзҳои Эрон ва Афғонистон меҷангид.[6]

Фармондеҳии Сипоҳи Қудс

Навиштори аслӣ: Нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ

Қосими Сулаймонӣ дар соли 1376ҳ.ш. аз сӯи Раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон ба Фармондеҳии Сипоҳи Қудс мансуб шуд.[7] Сипоҳи Қудс шохаи бурунмарзии Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ дар соли 1369ҳ.ш. ба сохтори Сипоҳ афзуда шуд. Қосими Сулаймонӣ дуввумин фармондеҳи Сипоҳи Қудси Эрон шуд ва пас аз шаҳодати вай, Исмоили Қоонӣ фармондеҳии ин нерӯро бар ӯҳда гирифт.[8]

Мубориза бо Исроил дар Лубнону Фаластин

Қосими Сулаймонӣ дар ҷараёни ҳамлаи Исроил ба Лубнон таи ҷанги 33-рӯза дар ҷануби Бейрут ва дар утоқи марказии фармондеҳи амалиёти Ҳизбуллоҳи Лубнон ҳузур дошт.[9]

Ба гуфта яке аз раҳбарони ҷумбиши Ҳамос ӯ робитаи амиқе бо Ҳамос дошт ва аз муқовимати Фаластин ҳимоят мекард.[10] Бар ин асос вай тавонист Ҳамосро дар баробари Исроил, ба силоҳҳои пешрафта таҷҳиз кунад[11] ва тунелҳои зеризаминӣ, ки барои муқобила бо Исроил ҳафр шуд, аз тарҳҳои амалиётии Имоди Муғниая ва Қосими Сулаймонӣ будааст.[12]

Мубориза бо ДИИШ дар Ироқ

Қосими Сулаймонӣ аз фармондеҳони мубориза алайҳи ДИИШ дар Ироқ[13] ва Сурия буд.[14] ДИИШ гуруҳи такфирӣ буд ки пас аз суқути Саддом дар Ироқ падид омад.[15] Дар 2014 ки шаҳри Мусил ба тасарруф ДИИШ даромад ва Бағдод - пойтахти Ироқ, низ то марзи суқут пеш рафт, Қосими Сулаймонӣ бо Сайид Алии Систонӣ - аз мароҷеъи тақлиди Ироқ, дидор кард ва пас аз он Оятуллоҳи Систонӣ фатвои ҷиҳод алайҳи ДИИШ-ро содир кард.[16] Вай бо созмондиҳии бахше аз нерӯҳои Ҳашдушшаъбӣ нақши муассире дар ихроҷи ДИИШ аз Ироқ дошт, ба гунае ки Ҳайдар Алъибодӣ - нахуствазири вақти Ироқ, аз Қосими Сулаймонӣ ба унвони яке аз аслитарин муттаҳидони Ироқ дар мубориза бо ДИИШ ном бурдааст.[17][18]

Сулаймонӣ дар бисёре аз амалиётҳо дар баробари ДИИШ ба нерӯҳои Ҳашдушшаъбӣ, артиши Ироқ ва нерӯҳои давлати иқлими Курдистони Ироқ мушовара додааст; аз ҷумла бозпасгирӣ Такрит,[19] ҷилавгирӣ аз нуфузи ДИИШ ба шаҳри Ирбил дар шимоли Ироқ[20] ва низ набард бо ДИИШ дар Сомиро.[21]

Мубориза бо гурӯҳҳои такфирӣ дар Сурия

Сулаймонӣ барои мубориза бо ДИИШ ва гуруҳҳои такфирй дар Сурия, нерӯҳои дифои миллии Сурияро созмондиҳӣ кард.[22] Дар соли 2011 нерӯҳои таҳти фармон ӯ маъруф ба мудофеъони ҳарам равонаи Сурия шуданд.[23][24] Озодсозии шаҳрҳои Букамол[25], Алқасир ва шаҳри таърихии Тадмур[26] аз ҷумла дастовардҳои ӯ дар ҷанги Сурия ба шумор меояд.[27]

Дараҷаҳои низомӣ

Ҳоҷ Қосими Сулаймонӣ дар баҳмани 1389ҳ.ш. аз сӯии Сайид Алии Хоманаӣ – Фармондеҳи кули қувои Низомии Эрон, дараҷаи сарлашкариро дарёфт кард.[28] Ҳамчунин дар 19 Исфанди 1397ҳ.ш. Раҳбари ҶИЭ Нишони Зулфиқорро ба вай эҳдо кард.[29] Тибқи Оинномаи эҳдои нишонҳои низомии Ҷумҳурии исломии Эрон, Нишони Зулфиқор ба он даста аз фармондеҳони олирутба эҳдо мешавад, ки тадбирҳои онон дар тарҳрезӣ ва ҳидояти амалиётҳои размӣ натиҷаи матлуб дошата бошад.[30] Сулаймонӣ нахустин касе пас аз инқилоби Эрон дар 1357ҳ.ш. буд ки Нишони Зулфиқорро дарёфт кард.[31] Вай ҳамчунин дар соли 1398ҳ.ш. ва пас аз шаҳодаташ ба дараҷаи низомии сипаҳбудӣ расид.[ниёзманди манбаъ]

Террор дар фурудгоҳи Бағдод

Қосими Сулаймонӣ дар 13 дайи 1398ҳ.ш. (3 январ 2020) дар ҳамлаи террористии паҳбоди амрикоӣ ба мошини вай дар наздикии фурудгоҳи Бағдод ба ҳамроҳи чанд тани дигар аз ҷумла Абумаҳдӣ Муҳандис – муовини Ҳашдушшаъбӣ (басиҷи мардумии Ироқ), ба шаҳодат расид.[32]

Чанд соат баъд вазорати дифои Амрико бо судури баёнияе, эълом кард, ки ҳамла ба мошини ҳомили Қосими Сулаймонӣ ба дастури Доналд Трамп – раисиҷумҳури ИМА, анҷом шудааст.[33]

Вокунишҳо

Сайид Алии Хоманаӣ:

«Дар муқобили он чи ки ӯ сарманшаи он шуд ва барои кишвар ва балки барои минтақа ба вуҷуд оварад дар муқобил ӯ, ман таъзим мекунам».


Кушта шудани Қосими Сулаймонӣ дар ҷараёни амалиёти террористӣ, эътирозотеро дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон дар пай дошт ва маросимҳое дар бузургдошти ӯ дар шаҳрҳои мухталифи Эрон ва дигар кишварҳои ҷаҳон баргузор шуд ва ҳамчунин шахсиятҳои сиёсӣ ва мазҳабии Эрон ва ҷаҳон ба террори вай вокуниш нишон доданд. Сайид Алии Хоманаӣ – раҳбари ҶИЭ дар паёме ӯро чеҳраи байналмилалии муқовимат хонд ва ба муносибати шаҳодати вай се рӯз дар Эрон азои умумӣ эълом кард.[35]

Сайид Ҳасан Насруллоҳ – Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон, Сайид Абдулмалик Бадруддин Алҳаусӣ – Раҳбари Ансоруллоҳи Яман ва руасои ҷумҳури Сурия, Лубнон ва Ироқ аз шахсиятҳои сиёсии ғайриэронӣ буданд ки шаҳодати Сулаймониро маҳкум карданд.[36] Руасои ҷумҳури Афғонистон,[37] Туркия[38] ва низ вазорати хориҷаи Русия, кушта шудан ӯро ба миллати Эрон таслият гуфтанд.[39] Агнес Калламард - гузоришгари вижаи СММ, террори ҳадафманди Қосими Сулаймонӣ ва Абумаҳдӣ Муҳандисро ғайриқонунӣ ва нақзи қонуни ҳуқуқи байналмилал донист.[40] Ерванд Оброҳомиён – таърихнигори амрикоӣ, низ таъкид кард ки эрониён пеш аз ин Амрикоро давлатии тавтеагар медонистанд, аз ин пас давлати мазкурро давлатии террорист ҳам хоҳанд донист.[41] Майкл Мур – филмсози амрикоӣ ба иқдоми давлати Амрико эътироз кард ва давлати Амрикоро ҷангталаб хонд.[42]

Бархе паёмадҳо

  • Тасвиби тарҳи ихроҷи амрикоиҳо аз Ироқ: пас аз шаҳодати Қосими Сулаймонӣ ва Абумаҳдӣ Муҳандис, бархе аз гуруҳҳои сиёсии Ироқ ва шуморе аз мардуми ин кишвар хостори ихроҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Ироқ шуданд. Парламенти Ироқ дар ҷаласаи изтирорӣ ки дар 15-уми даймоҳи 1398ҳ.ш. баргузор шуд, тарҳеро дар робита бо хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Ироқ тасвиб кард.[43]
  • Ҳамлаи мушакии Эрон ба пойгоҳи ҳавои Айнуласад: Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ дар 18-уми даймоҳи 1398ҳ.ш. дар посух ба террори Қосими Сулаймонӣ, пойгоҳи ҳавои Айнуласадро ки пойгоҳи низомиёни амрикоӣ дар Ироқ буд, мавриди ҳамлаи мушакӣ қарор дод.[44]
  • Номгузории рӯзи 13-уми даймоҳ ба унвони Рӯзи ҷаҳонии муқовимат дар тақвими ҶИЭ.[45]

Ташйиъ ва тадфин

Маросими ташйиъи Қосими Сулаймонӣ ба ҳамроҳи Абумаҳдӣ Муҳандис ва дигар ҳамроҳонашон дар 14-уми даймоҳи 1398ҳ.ш. бо ҳузури шахсиятҳои сиёсӣ ва мазҳабӣ ва умуми мардуми Ироқ дар шаҳрҳои Бағдод, Карбало ва Наҷаф баргузор шуд.[46] Дар Карбало Сайид Аҳмади Софӣ – тавлияти ҳарами ҳазрати Аббос[47] ва дар Наҷаф шайх Башири Наҷафӣ бар пайкари онон намоз гузорданд.[48] Сипас пайкарҳои шуҳадои эронӣ ва Абумаҳдӣ Муҳандис ба Эрон интиқол дода шуда ва дар 15-уми даймоҳ дар Аҳвозу Машҳад ва дар 16-уми даймоҳ дар Теҳрону Қум ташйиъ шуданд.

Сайид Алии Хоманаӣ – Раҳбари ҶИЭ 16-уми даймоҳи 1398ҳ.ш. дар Теҳрон бар пайкари Қосими Сулаймонӣ ва дигари ҳамроҳонаш аз ҷумла Абумаҳдӣ Муҳандис намоз хонд.[49] Пойгоҳи хабарии русии Русия ал-явм, ташйиъи ҷинозаи вайро пас аз ташйиъи ҷинозаи Имом Хумайнӣ бузургтарин ташйиъи ҷинозаи таърихӣ баршумурд.[50] Ба гуфта сухангӯи Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ ҳудуди 25 миллион нафар дар ташйиъи пайкари Сулаймонӣ ширкат карданд.[51]

Қосими Сулаймонӣ 17-уми даймоҳ дар Кирмон ташйиъ ва дар 18-уми даймоҳ 1398ҳ.ш. дар ин шаҳр дафн шуд.[52]

Васиятнома

Бар асоси васиятномае ки дар 24-уми баҳмани 1398ҳ.ш. дар маросими чиҳилумин рӯзи Қосими Сулаймонӣ дар Теҳрон тавассути Исмоили Қоонӣ – фармондеҳи Нерӯи Қудс қароъат шуд,[53] пайравӣ аз Сайид Алии Хоманаӣ ва ҳимоят аз валии фақиҳ, тавваҷуҳ ба фарзандони шаҳидону эҳтиром ба нерӯҳои мусаллаҳи Эронро мавриди тавваҷуҳ қарор дода ва дар бахше аз васиятномаи худ аҳамияти Ҷумҳурии исломиро тазаккур дода ва онро қароргоҳ Ҳусайн ибни Алӣ ва ҳарам тавсиф карда ва ҳушдор додааст, ки агар душман, ин ҳарамро аз байни барад, ҳараме боқӣ намемонад, на ҳарами иброҳимӣ ва на ҳарами муҳаммадӣ (с).[54] Маросим чиҳилуми даргузашти Сулаймонӣ дар шаҳрҳои мухталифи Эрон ва бархе дигар аз кишварҳо баргузор шуд.[55]

Аз нигоҳи дигарон

Соли 2019 дар вижаномае ки ҳар сол нашрияи амрикоии Foreign policy барои муаррифии сад андешманди бартари дунё мунташир мекунад, Қосими Сулаймонӣ дар феҳристи даҳ мутафаккири бартари ҳавзаи дифоӣ-амниятӣ қарор гирифт.[56] Ба гуфта яке аз фармондеҳони артиши Амрико, сардор Сулаймонӣ истиротежисти муҳосибагар ва амалиётӣ аст, ки равобити пойдор ва мавқеъияти Эронро дар минтақа тақвият карда ва дар муттаҳид сохтани шиъа ва тавонмандсозии онҳо муваффақ будааст.[57] Бархе аз таҳлилгарони сиёсӣ бар ин боваранд ки Қосими Сулаймонӣ метавонад мисдоқи бартарин генерали ҷаҳон бошад.[58]

Эзоҳ

  1. «روایت زندگی و کارنامه سردار قاسم سلیمانی» Сайти хабарии Асри Эрон
  2. Мирзоӣ, Набарди Кархаи кӯр,1390ҳ.ш., саҳ.82
  3. «روایت زندگی و کارنامه سردار قاسم سلیمانی» Сайти хабарии Асри Эрон.
  4. «سردار سلیمانی و کسانی که لقب "مردی در سایه" را به او می‌دهند» Бошгоҳи хабарнигорони ҷавон.
  5. Мирзоӣ, Набарди Кархаи кӯр,1390ҳ.ш., саҳ.82
  6. «سردار سلیمانی و کسانی که لقب "مردی در سایه" را به او می‌دهند» Бошгоҳи хабарнигорони ҷавон.
  7. «حکم انتصاب سرتیپ قاسم سلیمانی به فرماندهی سپاه قدس سپاه پاسداران انقلاب اسلامی» Пойгоҳи иттилоърасонии Оятуллоҳ Хоманаӣ.
  8. نیروی قدس سپاه چگونه شکل گرفت؟ Сайти Қудс онлайн.
  9. «نقش حاج قاسم سلیمانی در جنگ تموز لبنان» Хабаргузории Расо.
  10. «حمدان للميادين: الشهيد سليماني لعب دوراً مهماً في تعبئة صفوف المقاومين» Сайти ал-Маёдин.
  11. «حمدان للميادين: الشهيد سليماني لعب دوراً مهماً في تعبئة صفوف المقاومين» Сайти ал-Маёдин.
  12. «قاسم سلیمانی فی غزة» Сайти Қанот-ул-ъолам.
  13. «حقایقی ناشنیده از حضور سردار قاسم سلیمانی در عراق» Хабаргузории Форс.
  14. «تصاویری از سردار سلیمانی در نبرد با داعش» Сайти Офтобниюс.
  15. Наботиён, Заминаҳои фикрӣ-сиёсии ҷараёни баъсии такфирии ДИИШ, 1393ҳ.ш., саҳ.87.
  16. «شهید سلیمانی مشاور آیت‌الله سیستانی در صدور فتوای جهاد کفایی بود».
  17. «اعترافات مامور سابق FBI درباره سردار سلیمانی» Хабаргузории ИСНО.
  18. Soufan, «Qassem Soleimani and Iran’s Unique Regional Strategy», 2018.
  19. حقائق عن عملیات تحریر تکریت .
  20. قائد بالحرس الثوری: سلیمانی استطاع مع ۷۰ شخصا صد هجوم داعش علی اربیل Хабаргузории Форс
  21. العبادی :لم التقِ سلیمانی فی سامراء وواشنطن لیست قلقة من الدعم الإیرانی.
  22. «بازخوانی نقش سردار سلیمانی در برقراری ثبات و آرامش؛ از میدان جنگ تا میز مذاکره» Сайти Хабаргузории Тасним.
  23. «اعترافات مامور سابق FBI درباره سردار سلیمانی.».
  24. Soufan, «Qassem Soleimani and Iran’s Unique Regional Strategy», 2018.
  25. «روایت دست‌اول از آزادسازی بوکمال» Сайти Хабаргузории Меҳр.
  26. «عملیات آزادسازی شهر تدمر» Сайти Хабаргузории Дифои муқаддас.
  27. «کدام سردار ایرانی پیروزی طلایی ارتش سوریه را رقم زدند؟» Сайти Қудс онлайн.
  28. «همه سرلشکرهای نیروهای مسلح ایران/ قاسم سلیمانی، رشید، ایزدی، شمخانی و...» Сайти Хабаронлайн.
  29. «سردار سلیمانی نشان ذوالفقار را از رهبر انقلاب دریافت کرد+ تصویر نشان» Бошгоҳи хабарнигорони ҷавон.
  30. ««نشان عالی ذوالفقار» به چه کسانی داده می‌شود؟» Хабаргузории Форс.
  31. «سردار سلیمانی نشان ذوالفقار را از رهبر انقلاب دریافت کرد+ تصویر نشان»Бошгоҳи хабарнигорони ҷавон.
  32. «اخبار لحظه به لحظه از شهادت حاج "قاسم سلیمانی" و "ابومهدی المهندس" و واکنش‌ها به آن» Хабаргузории АБНО.
  33. «جزئیات و جنبه‌هایی از چگونگی و چرایی کشته شدن قاسم سلیمانی» Сайти форсии Deutsche Welle.
  34. «بیانات رهبر انقلاب در دیدار مردم قم، ۱۸ دی ۱۳۹۸شПойгоҳи иттилоърасонии Оятуллоҳ Хоманаӣ.».
  35. «پیام تسلیت رهبر انقلاب در پی شهادت سردار شهید سپهبد قاسم سلیمانی و شهدای همراه او» Пойгоҳи иттилоърасонии Оятуллоҳ Хоманаӣ.
  36. «بازتاب شهادت سردار سلیمانی در رسانه‌های منطقه» Сайти Бошгоҳи хабарнигорони ҷавон.
  37. «رئیس جمهور افغانستان شهادت سردار سلیمانی را به ملت ایران تسلیت گفت» Сайти хабаргузории Садои афғон.
  38. «واکنش اردوغان به شهادت سردار سلیمانی» Сайти таҳлилӣ-хабарии Асри Эрон.
  39. «واکنش‌های روسیه و چین به شهادت سردار سلیمانی» Сайти хабарии Ҳамшаҳрӣ онлайн.
  40. «سازمان ملل: ترور سلیمانی غیرقانونی و نقض حقوق بین‌الملل بود» Хабаргузории Меҳр.
  41. «آبراهامیان: هدف قرار دادن سلیمانی تروریسم بود» Сайти Тобнок.
  42. «واکنش دوباره مایکل مور: معذرت می‌خواهیم؛ این دیوانگی است» Хабаргузории ИСНО.
  43. «مفاد تصمیم پارلمان عراق درباره اخراج نیرو‌های آمریکایی» Сайти Тобнок.
  44. «انتقام سخت با شلیک دهها موشک به پایگاه آمریکایی عین‌الاسد» Хабаргузории ИРНО.
  45. «۱۳ دی روز جهانی مقاومت شد» Хабаргузории Тасним.
  46. «پیکرهای پاک سردار سلیمانی و المهندس وارد نجف شدند» Хабаргузории Форс.
  47. «نماز میت به امامت احمد صافی بر پیکر سردار سلیمانی» Сайти Шаҳроро ниюс.
  48. «گریه آیت‌الله بشیر النجفی هنگام اقامه نماز بر پیکر شهید حاج قاسم سلیمانی و یارانش» Сайти шабакаи ал-Кавсар.
  49. «اقامه نماز بر پیکر شهید سپهبد قاسم سلیمانی و یاران مجاهد او» Пайгоҳи иттилоърасонии Оятуллоҳ Хоманаӣ.
  50. «طهران تودع سلیمانی بأکبر جنازة منذ تشییع الخمینی».
  51. «سردار شریف: ۲۵ میلیون نفر در مراسم تشییع «حاج قاسم» شرکت کردند» Хабаргузории Форс.
  52. «پیکر سردار سلیمانی به خاک سپرده شد» Сайти шабакаи Хабар.
  53. «متن وصیت‌نامه سردار سلیمانی منتشر شد» Сайти Тобнок.
  54. «وصیت‌نامه سردار حاج قاسم سلیمانی منتشر شد+ متن کامل» Хабаргузории Ҳавза.
  55. «متن وصیت‌نامه سردار سلیمانی منتشر شد» Сайти Тобнок.
  56. «سردار سلیمانی جزو ۱۰ متفکر برتر حوزه دفاعی نشریه فارن پالیسی شد» Хабаргузории Форс.
  57. «ژنرال آمریکایی: قاسم سلیمانی مورد احترام دوستان و دشمنانش است» Сайти хабаргузории Донишҷӯ.
  58. «কাসেম সোলাইমানি: দুনিয়ার এক নম্বর জেনারেল!» Дар сайти Хабаргузории Протом оло.

Сарчашма