Силоҳи ҳастаӣ
Мақолаҳои Викишиа бо рӯйкарди иртибот бо мактаби ташайюъ навишта мешаванд. Барои огоҳӣ аз паҳлӯҳои дигари мавзуъ, манобеи дигарро ҷӯё шавед. |

Силоҳи ҳастаӣ (форсӣ: سلاح هستهای) ё бомбаи атомӣ (форсӣ: بمب اتمی) аз ҷумлаи силоҳҳои куштори ҷамъӣ аст, ки тибқи дидгоҳи фиқҳи шиа истифода аз он ҳаром аст. Оятуллоҳ Хоманаӣ дар соли 2010 фатвои ҳурмати сохт ва ба коргирии силоҳи ҳастаиро содир кард. Бар ҳамин асос, Эрони исломӣ ҳамеша эълом кардааст, ки фаъолиятҳои ҳастаияш моҳияти сулҳомез дорад; бо вуҷуди ин, кишвар бо таҳримҳои байналмилалӣ ва ҳамчунин террори донишмандони ҳастаӣ мувоҷеҳ шудааст.
Дар соли 2025 Исроил ва Амрико бо даъвои пешгирӣ аз дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ, даст ба бомборобори таъсисоти атомии Эрон заданд; ҳамлаҳое, ки бо маҳкумиятҳои густурда аз сӯи ҷомеаи байналмилалӣ рӯ ба рӯ шуд.
Муаррифӣ ва ҷойгоҳ
Силоҳи ҳастаӣ ё бомбаи атомӣ ҳосили тақсим ва шикофти ҳастаӣ ё таркибе аз вокунишҳои шикофт ва ҳамҷӯшӣ аст.[1] Ин силоҳ дорои қудрати харобии густурда ва қобилияти куштори анбӯҳ аст.[2] Боздорандагӣ аз ҳуҷуми кишварҳои дигар ва ҳифзи манфиатҳои ҳаётии кишварҳо аз фоидаҳои дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ ба шумор меравад.[3] Амрико ягона кишварест, ки дар соли 1945 мелодӣ бомбаи ҳастаиро ба кор бурдааст. Ин кишвар дар ҷанги ҷаҳонии дувум бо партоби ду бомбаи атомӣ бар рӯи шаҳрҳои Ҳирошима ва Нагасакии Ҷопон тақрибан 130 ҳазор кушта бар ҷой гузошт.[4]
Паймони манъи паҳншавии силоҳҳои ҳастаӣ
Бар асоси паймони манъи паҳншавии силоҳҳои ҳастаӣ (NPT), кишварҳои фоқиди силоҳи ҳастаӣ ҳампаймон шудаанд, ки ба дунболи силоҳи ҳастаӣ набошанд, аммо кишварҳои дорои силоҳи ҳастаӣ ҳақ доранд ҳамчунон силоҳи ҳастаӣ дошта бошанд, вале вазифадоранд дар тавсеаи энергияи сулҳомез ба дигар кишварҳо кумак кунанд. Ин паймоннома дар соли 1968 мелодӣ ба кишварҳо пешниҳод шуд ва то соли 2024 мелодӣ, 186 кишвар аз ҷумла Эрон ба он пайвастанд. Албатта баъдҳо Кареяи Шимолӣ аз он хориҷ шуд ва кишварҳои Покистон, Куба, Ҳинд ва режими Исроил низ дархости узвият надоштанд.[5]
Аз миёни кишварҳои исломӣ танҳо Покистон бо анҷоми озмоиши муваффақи ҳастаӣ дар 28 майи соли 1998, дар феҳристи кишварҳои дорои бомбаи ҳастаӣ қарор гирифт.[6] Ин рӯз дар ин кишвар ба унвони «Рӯзи такбир» номгузорӣ шудааст.[7] Амрико, Русия, Англия, Фаронса, Чин, Ҳинд, режими Исроил ва Кареяи Шимолӣ низ силоҳи ҳастаӣ доранд.[8]
Ҳурмати истифода аз силоҳи ҳастаӣ
Силоҳи ҳастаӣ аз намунаи силоҳҳои куштори ҷамъӣ шумурда шудааст.[9] Бино бар пажӯҳише, ҳамаи фақеҳони шиа истифодаи ибтидоиро аз силоҳҳои куштори ҷамъӣ ҳаром медонанд.[10] Фатвои ҳурмати сохт ва ба коргирии силоҳи ҳастаӣ низ дар посух ба даъвои режими Исроил дар бораи сохти силоҳи ҳастаӣ дар Эрон, аз сӯи Оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари вақти низоми Ҷумҳурии Исломӣ, содир шудааст.[11] Баъзе мароҷеи тақлид монанди Макорими Шерозӣ, Нӯрии Ҳамадонӣ, Ҷаъфари Сабҳонӣ ва Ҷаводии Омулӣ низ ҳамин дидгоҳро доранд.[12]
Далелҳои ҳурмати истифода аз силоҳи ҳастаӣ
Барои ҳурмати истифода аз силоҳи ҳастаӣ ба далели ҳурмати истифода аз силоҳи куштори ҷамъӣ истинод шудааст. Оятуллоҳ Хоманаӣ далели ҳурмати истеҳсол ва истифода аз онро мухолифати мабонии эътиқодии Ислом бо истифода аз силоҳҳои куштори ҷамъӣ медонад. Аз назари ӯ ба коргирии чунин силоҳе, нобуд кардани ҳарс (кишоварзӣ) ва насл аст, ки дар ояти 205 сураи Бақара ба он ишора шудааст.[13] Абулқосим Алидӯст ислоҳи ҳоли бандагон дар иртибот бо Худо ва дар пайванд бо якдигарро аз мақосиди шариат дониста ва гуфтааст, ки ислоҳ бо ифсод ва корбурди силоҳҳои куштори ҷамъӣ таъмин намешавад.[14]
Барои ҳурмати силоҳҳои куштори ҷамъӣ ба оёте аз Қуръон монанди оёти 190 ва 205 Бақара, 8 ва 32 Моида,[15] қоидаҳои фиқҳӣ монанди қоидаи визр, қоидаи исм, қоидаи ҳурмати саъй бар фасод[16] ва ривоёт[17] монанди ривоёте, ки ба ҳурмати рехтани заҳр дар оби душман ишора дорад, истинод кардаанд.
Ҳукми ба коргирии силоҳи куштори ҷамъӣ дар ҳолати зарурат
Баъзе аз фақеҳони шиа, ҳамчун Муҳаққиқи Ҳиллӣ (ваф.676ҳ.қ.), Шайхи Тӯсӣ (ваф.460ҳ.қ.) ва Шаҳиди Сонӣ (ваф.955 ё 965ҳ.қ.) муътақиданд, ки истифода аз силоҳҳои куштори ҷамъӣ дар ҳолати зарурат ё замоне, ки пирӯзии мусалмонон вобаста ба он бошад, ҷоиз аст;[18] бо ин ҳол, Оқо Зиёи Ироқӣ (ваф.1361ҳ.қ.) истифода аз заҳрро, ки силоҳи куштори ҷамъии он замон маҳсуб мешуд, ҳатто агар пирӯзӣ вобаста ба он бошад, мамнуъ медонад.[19]
Парвандаи ҳастаии Эрон
Созмони энержии атомии Эрон дар соли 1974 таъсис шуд ва пеш аз инқилоб фаъолиятҳое дар бораи сохт ва ба коргирии нерӯгоҳи ҳастаӣ дошт. Пас аз инқилоб низ Ҷумҳурии исломии Эрон ба далелҳои гуногун аз ҷумла ниёзи барномаҳои рушд ба энержи, касби технологияҳои бартар, эҷоди гуногунӣ ва таъмини амнияти энержи, истеҳсоли энержии пок, мулоҳизоти муҳити зист ва манфиатҳои техникӣ ва иқтисодӣ дар заминаи рушди нерӯгоҳҳои ҳастаӣ фаъолияти худро идома дод.[20]
Онҳое, ки хаёл мекунанд агар мо дар қазияи энержии ҳастаӣ ақибнишинӣ кардем, душмании Амрико тамом мешавад, аз ин ҳақиқат ғофиланд. Мушкили онҳо масъалаи ҳастаӣ нест. Кишварҳое ҳастанд, ки силоҳи ҳастаӣ доранд, дар минтақаи мо ҳам ҳастанд, онҳо каккашон ҳам намегазад! Масъала, масъалаи силоҳи ҳастаӣ ё саноати ҳастаӣ нест, масъалаи ҳуқуқи башар нест; масъалаи Ҷумҳурии Исломӣ аст, ки мисли шер дар муқобили инҳо истодааст. Агар Ҷумҳурии Исломӣ ҳам дар муқобили инҳо мисли баъзе аз режимҳои минтақа, ҳозир буд ба миллати худ хиёнат кунад, дар муқобили инҳо таслим шавад, бо ӯ коре надоштанд. Масъалаи инҳо зиёдахоҳиҳои истикборӣ аст; ин сабаби душманӣ бо миллати Эрон аст.[21]
Эрон пас аз инқилоб бори дигар дар соли 1995 идомаи узвият дар паймони NPT ва ҳамкорӣ бо онро пазируфт. Бо вуҷуди ин ҳеҷ яке аз кишварҳои дорои технологияи ҳастаӣ ва Ожонси байналмилалии энержии атомӣ барои пешрафти саноати ҳастаии он иқдом накарданд.[22] Бо эъломи Эрон, ин кишвар дар тирамоҳи соли 2002 ба технологияи ҳастаӣ даст ёфт. Пас аз он ва дар асари ҷанги таблиғотии Аврупо ва Ғарб бар зидди Эрон, парвандаи ҳастаии он ба Шӯрои ҳуккоми Ожонси энержии ҳастаӣ ирсол ва боиси судури қатънома алайҳи Эрон шуд.[23] Дар солҳои баъд ва бо интишори гузоришҳои иддаоии Ожонси байналмилалии энержии атомӣ аз инҳироф дар баъзе фаъолиятҳои Эрон, маҷмуае аз маҳдудиятҳои байналмилалӣ барои Эрон дар назар гирифта шуд.[24] Аз ҷумла:
Таҳримҳо
Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико дар вокуниш ба даъвои инҳироф дар фаъолияти сулҳомези ҳастаии Эрон таҳримҳоеро дар заминаи иқтисодӣ ва фаъолияти ҳастаӣ иҷро кардаанд. Ин таҳримҳо илова бар таҳрим дар технологияи ҳастаӣ, тиҷорат ва бахшҳои гуногуни иқтисодӣ, баъзе шахсони ҳақиқӣ ва шахсиятҳои ҳуқуқиро низ шомил мешавад.[24] Таваққуфи дороиҳои ширкатҳои эронӣ, тасвиби мамнуияти содирот ва воридоти силоҳҳои сангин ба Эрон аз соли 2007 аз сӯи Шӯрои амният ва таҳрими воридоти нафти Аврупо аз Эрон аз соли 2012 ҳамчун намунае аз таҳримҳои воқеъшуда аст.[25]
Террори донишмандони ҳастаии эронӣ
Созмони ҷосӯсии Исроил (Моссад) бо даъвои пешгирӣ аз дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ аз соли 2009 то 2020 панҷ нафар аз донишмандони ҳастаии Эронро террор кард.[26] Исроил дар соли 2025 ва дар ҷанг бо Эрон ҳам 13 нафар аз донишмандон ва фаъолони саноати ҳастаии Эрон ҳамчун Фаридун Аббосӣ, Муҳаммадмаҳдии Теҳрончӣ, Амирҳусайни Фақеҳӣ ва Мансур Аскариро террор кард.[27]
Баҳонаи оғози ҷанги Исроил бо Эрон
Режими Исроил дар соли 2025 бо даъвои пешгирӣ аз дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ[28] ва бо ҳадафи нобудии комили барномаи ҳастаии Эрон[29] ба баъзе аз таъсисоти ҳастаии Эрон ҳамла ва якчандто аз донишмандони ҳастаии ин кишварро террор кард.[30] Ин ҳамлаҳо боиси вокуниши Эрон шуд ва ба ҷанги Исроил ва Эрон анҷомид.[31] Амрико низ дар ҳимоят аз Исроил таъсисоти ҳастаии Эронро бомбборон кард.[32] Доналд Трамп, раисҷумҳури вақти Амрико даъво кард, ки таъсисоти асосии ғанисозии ураниуми Эрон ба таври комил нобуд шудааст.[33] Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар вокуниш ба ин амал, пойгоҳи ҳавоии ал-Удайди Амрико дар Қатарро дар амалиёти Бишорати фатҳ ҳадафи мушак қарор доданд.[34] Ҳамчунин дар 28 феврали соли 2026 Амрико ва Исроил бо ҳамин баҳона ба Эрон ҳамла карданд, ки ба ҷанги Рамазон машҳур шуд.

Эзоҳ
- ↑ «آشنایی با تاریخچه علمی تولید سلاحهای هستهای», Сомонаи Ҳамшаҳрӣ-онлайн.
- ↑ Эҳсонифар ва Алидӯст, «Мамнуияти фиқҳии истифода аз силоҳи ҳастаӣ дар шароити изтирори ҷангӣ», саҳ.120.
- ↑ Эзадӣ, «Боздорандагӣ дар ҳавзаи силоҳҳои атомӣ», саҳ.64-65.
- ↑ «ماجرای بمباران هیروشیما و ناکازاکی؛ آمریکا چگونه هزاران نفر را با بمب اتمی از بین برد؟», Хабаргузории Мизон.
- ↑ «NPT چیست و خروج از آن چه عواقبی دارد؟», Сомонаи Фарорӯ.
- ↑ «تنها کشور مسلمان صاحب بمب هستهای», Сомонаи Пойдории миллӣ.
- ↑ «تنها کشور مسلمان صاحب بمب هستهای», Сомонаи Пойдории миллӣ.
- ↑ «تنها کشور مسلمان صاحب بمب هستهای», Сомонаи Пойдории миллӣ.
- ↑ «تولید و استفاده از سلاحهای کشتار جمعی از دیدگاه فقه اسلامی», Сомонаи Маркази фиқҳии аиммаи атҳор.
- ↑ Рустамӣ ва дигарон, «Ҷурм будан иқдом алайҳи башарият ба василаи силоҳҳои ҳастаӣ аз нигоҳи фиқҳ», саҳ.110.
- ↑ Хоманаӣ, «ثبت پیام رهبر انقلاب بهعنوان سند در سازمان ملل», Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ.
- ↑ «تحریم سلاح کشتار جمعی در تاریخ تشیع», Хабаргузории ИСНА.
- ↑ Хоманаӣ, «بیانات در دیدار دستاندرکاران ساخت ناوشکن جماران», Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ.
- ↑ Ҷамъе аз нависандагон, Фиқҳи ҳастаӣ, 1397ҳ.ш., саҳ.113.
- ↑ Ҷамъе аз нависандагон, Фиқҳи ҳастаӣ, 1397ҳ.ш., саҳ.182-184.
- ↑ Хоманаӣ, «دلائل فقهی تحریم سلاحهای اتمی», Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ.
- ↑ Ҷамъе аз нависандагон, Фиқҳи ҳастаӣ, 1397ҳ.ш., саҳ.87 ва 112.
- ↑ Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-ислом, 1418ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.283; Тӯсӣ, ал-Мабсут, ҷ.2, саҳ.11; Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.25.
- ↑ Оқозиёи Ироқӣ, Шарҳи табсират-ул-мутааллимин, 1414ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.404.
- ↑ «معرفی کوتاهی از سازمان انرژی اتمی ایران», Сайти Созмони энержии атомии Эрон.
- ↑ Хоманаӣ, «بیانات در حرم رضوی در آغاز سال ۹۱», Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ.
- ↑ Ашкиварӣ ва Рӯзбеҳонӣ, Эрон ва энержии ҳастаӣ, 1384ҳ.ш., саҳ.124.
- ↑ Ашкиварӣ ва Рӯзбеҳонӣ, Эрон ва энержии ҳастаӣ, 1384ҳ.ш., саҳ.125.
- ↑ 24.0 24.1 «تحریمهای هستهای از آغاز تا پایان», Хабаргузории Ҷумҳурии Исломӣ.
- ↑ «تحریمهای هستهای از آغاز تا پایان», Хабаргузории Ҷумҳурии Исломӣ.
- ↑ «ویژهنامه شهدای دانشمند هستهای ایران» («Вижаи шаҳидони донишманди ҳастаии Эрон»), пойгоҳи иттилоърасонии ҳавза.
- ↑ «شهدای هستهای ایران در جنگ ۱۲ روزه», Хабаргузории Мизон.
- ↑ «دلیل واقعی حمله اسرائیل به ایران/نتانیاهو سالها برای حمله برنامهریزی کرده بود», Хабаргузории Ҷумҳурии Исломӣ.
- ↑ «اکسیوس: اسرائيل از آمریکا درخواست کرد به حملات علیه ایران بپیوندد», Сайти Евронюс.
- ↑ «جزییات ۵ موج عملیات موشکی ایران علیه اسراییل از شب گذشته تاکنون + تصاویر», Сайти Нурнюс.
- ↑ «وعده صادق ۳؛ اصابت موشکهای ایرانی به تلآویو و حیفا», Хабаргузории Тасним.
- ↑ «حمله آمریکا به تاسیسات هستهای ایران؛ ترامپ: یا صلح میشود یا شدیدترعمل میکنیم», Сайти Евронюс.
- ↑ «حمله آمریکا به تاسیسات هستهای ایران؛ ترامپ: یا صلح میشود یا شدیدترعمل میکنیم», Сайти Евронюс.
- ↑ «عملیات بشارت فتح/ پاسخ مقتدرانه سپاه به تجاوز آمریکا به خاک ایران/ حمله به پایگاه العدید قطر، بزرگترین دارایی راهبردی ارتش تروریستی آمریکا در منطقه», Сайти Ҷаҳоннюз.
Сарчашма
- Ашкиварӣ, Абдулмаҷид ва Муҳаммадалии Рӯзбеҳонӣ, Эрон ва энержии ҳастаӣ, Маркази пажӯҳишҳои исломӣ, Қум, 1384ҳ.ш.
- Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, Шароеъ-ул-ислом фи масоил-ил-ҳалол ва-л-ҳаром, Қум, Муассисаи Исмоилиён, 1408ҳ.қ.
- Оқозиёи Ироқӣ, Алӣ ибни Мулло Муҳаммад, Шарҳи табсират-ул-мутааллимин, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1414ҳ.қ.
- Растамии Наҷафободӣ, Ҳомид ва дигарон, «جرم بودن اقدام علیه بشریت بهوسیله سلاحهای هستهای از نگاه فقه» («Ҷурм будани иқдом алайҳи башарият ба василаи силоҳҳои ҳастаӣ аз нигоҳи фиқҳ»), Фаслномаи Фиқҳ ва мабонии ҳуқуқи исломӣ, №4, 1399ҳ.ш.
- Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Мабсут фи фиқҳ-ил-имомия, Сайид Муҳаммадтақии Кашфӣ, Теҳрон, ал-Мактабат-ул-муртазавия ли эҳё-ил-осор-ил-ҷаъфария, 1387ҳ.қ.
- Хоманаӣ, Сайид Алӣ, «دلائل فقهی تحریم سلاحهای اتمی» («Далоили фиқҳии таҳрими силоҳҳои атомӣ»), Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи дарҷи матлаб: 24 апрели 2010, санаи боздид: 24 июни 2025.
- Хоманаӣ, Сайид Алӣ, «بیانات در حرم رضوی در آغاز سال ۹۱» («Баёнот дар ҳарами Разавӣ дар оғози соли 91»), Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи дарҷи матлаб: 21 марти 2012, санаи боздид: 23 июни 2025.
- Хоманаӣ, Сайид Алӣ, «بیانات در دیدار دستاندرکاران ساخت ناوشکن جماران» («Баёнот дар дидори дастрандакорони сохти новшикани Ҷаморон»), Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи дарҷи матлаб: 19 феврали 2010, санаи боздид: 23 июни 2025.
- Ҷамъе аз нависандагон, Фиқҳи ҳастаӣ, ба кӯшиши Абулқосим Алидӯст, Теҳрон, Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва андешаи исломӣ, чопи аввал, 1397ҳ.ш.
- Шаҳиди Сонӣ, Зайнуддини бин Алӣ, Масолик-ул-афҳом ило танқиҳи шароеъ-ил-ислом, Қум, Муассисат-ул-маориф-ил-исломия, 1413ҳ.қ.
- Эзадӣ, «Боздорандагӣ дар ҳавзаи силоҳҳои атомӣ», Фаслномаи улум ва фунуни низомӣ, №4, поиз ва зимистони 1384ҳ.ш.
- Эҳсонифар, Аҳмад ва Абулқосим Алидӯст, «Мамнуияти фиқҳии истифода аз силоҳи ҳастаӣ дар шароити изтирори ҷангӣ», Ҳуқуқи исломӣ, №61, тобистони 2019.
- «NPT چیست و خروج از آن چه عواقبی دارد؟» («NPT чист ва хуруҷ аз он чӣ оқибате дорад?»), Сомонаи Фарорӯ, санаи дарҷи матлаб: 23 ноябри 2024, санаи боздид: 18 июни 2025.
- «ثبت پیام رهبر انقلاب بهعنوان سند در سازمان ملل» («Сабти паёми Раҳбари инқилоб ба унвони санад дар Созмони Милал»), Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи дарҷи матлаб: 17 апрели 2010, санаи боздид: 18 июни 2025.
- «ویژهنامه شهدای دانشمند هستهای ایران» («Вижабарномаи шуҳадои донишманди ҳастаии Эрон»), Пойгоҳи иттилоърасонии Ҳавза, санаи барӯзрасонӣ: 9 апрели 2025, санаи боздид: 24 июни 2025.
- «عرضه کتاب فقه هستهای در نمایشگاه کتاب سیودوم» («Арзаи китоби "Фиқҳи ҳастаӣ" дар намоишгоҳи китоби сиву дувум»), Сомонаи Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва андешаи исломӣ, санаи дарҷи матлаб: 28 апрели 2019, санаи боздид: 24 июни 2025.
- «تولید و استفاده از سلاحهای کشتار جمعی از دیدگاه فقه اسلامی» («Тавлид ва истифода аз силоҳҳои куштори ҷамъӣ аз дидгоҳи фиқҳи исломӣ»), Сомонаи Маркази фиқҳии аиммаи атҳор, санаи боздид: 22 июни 2025.
- «جزییات ۵ موج عملیات موشکی ایران علیه اسراییل از شب گذشته تاکنون + تصاویر» («Ҷузъиёти 5 мавҷи амалиёти мушакии Эрон алайҳи Исроил аз шаби гузашта то кунун + тасвирҳо»), Сайти Нурнюс, санаи дарҷи матлаб: 14 июни 2025, санаи боздид: 23 июни 2025.
- «اکسیوس: اسرائيل از آمریکا درخواست کرد به حملات علیه ایران بپیوندد» («Оксиос: Исроил аз Амрико дархост кард ба ҳамлаҳо алайҳи Эрон бипайвандад»), Сайти Евронюс.
- «حمله آمریکا به تاسیسات هستهای ایران؛ ترامپ: یا صلح میشود یا شدیدتر عمل میکنیم» («Ҳамлаи Амрико ба таъсисоти ҳастаии Эрон; Трамп: ё сулҳ мешавад ё шадидтар амал мекунем»), Сайти Евронюс, санаи дарҷи матлаб: 22 июни 2025, санаи боздид: 23 июни 2025.
- «تنها کشور مسلمان صاحب بمب هستهای» («Танҳо кишвари мусалмони соҳиби бомбаи ҳастаӣ»), Сомонаи Пойдории миллӣ, санаи дарҷи матлаб: 28 майи 2015, санаи боздид: 18 июни 2025.
- «وعده صادق ۳؛ اصابت موشکهای ایرانی به تلآویو و حیفا» («Ваъдаи Содиқ 3; исобати мушакҳои эронӣ ба Тел-Авив ва Ҳайфо»), Хабаргузории Тасним, санаи дарҷи матлаб: 13 июни 2025, санаи боздид: 23 июни 2025.
- «معرفی کوتاهی از سازمان انرژی اتمی ایران» («Муаррифии кӯтоҳе аз Созмони энержии атомии Эрон»), Созмони энержии атомии Эрон, санаи боздид: 21 июни 2025.
- «آشنایی با کنفرانس بینالمللی خلع سلاح و عدم اشاعه سلاحهای هستهای» («Ошноӣ бо конфронси байналмилалии халъи силоҳ ва адами ишоъаи силоҳҳои ҳастаӣ»), Сомонаи Ҳамшаҳрӣ-онлайн, санаи дарҷи матлаб: 23 апрели 2010, санаи боздид: 23 июни 2025.
- «آشنایی با تاریخچه علمی تولید سلاحهای هستهای» («Ошноӣ бо таърихчаи илмии истеҳсоли силоҳҳои ҳастаӣ»), Сомонаи Ҳамшаҳрӣ-онлайн, санаи дарҷи матлаб: 14 ноябри 2023, санаи боздид: 21 июни 2025.
- «تحریمهای هستهای از آغاز تا پایان» («Таҳримҳои ҳастаӣ аз оғоз то поён»), Хабаргузории Ҷумҳурии Исломӣ, санаи дарҷи матлаб: 28 декабри 2015, санаи боздид: 21 июни 2025.
- «دلیل واقعی حمله اسرائیل به ایران/نتانیاهو سالها برای حمله برنامهریزی کرده بود» («Далели воқеии ҳамлаи Исроил ба Эрон / Нетанияҳу солҳо барои ҳамла барномарезӣ карда буд»), Хабаргузории Ҷумҳурии Исломӣ, санаи дарҷи матлаб: 16 июни 2025, санаи боздид: 25 июни 2025.
- «تحریم سلاح کشتار جمعی در تاریخ تشیع» («Таҳрими силоҳи куштори ҷамъӣ дар таърихи ташайюъ»), Хабаргузории ИСНА, санаи дарҷи матлаб: 17 июни 2014, санаи боздид: 24 июни 2025.
- «عملیات بشارت فتح/ پاسخ مقتدرانه سپاه به تجاوز آمریکا به خاک ایران/ حمله به پایگاه العدید قطر، بزرگترین دارایی راهبردی ارتش تروریستی آمریکا در منطقه» («Амалиёти Бишорати Фатҳ / посухи муқтадиронаи Сипоҳ ба таҷовузи Амрико ба хоки Эрон / Ҳамла ба пойгоҳи ал-Удайди Қатар, бузургтарин доройии роҳбурдии артиши террористии Амрико дар минтақа»), Сайти Ҷаҳоннюс, санаи дарҷи матлаб: 23 июни 2025, санаи боздид: 24 июни 2025.
- «شهدای هستهای ایران در جنگ ۱۲ روزه» («Шуҳадои ҳастаии Эрон дар ҷанги 12-рӯза»), Хабаргузории Мизон, санаи дарҷи матлаб: 2 июли 2025, санаи боздид: 19 июли 2025.
- «ماجرای بمباران هیروشیما و ناکازاکی؛ آمریکا چگونه هزاران نفر را با بمب اتمی از بین برد؟» («Моҷарои бомбборобони Ҳирошима ва Нагасакӣ; Амрико чӣ гуна ҳазорҳо нафарро бо бомбаи атомӣ аз байн бурд?»), Хабаргузории Мизон, санаи дарҷи матлаб: 2 апрели 2022, санаи боздид: 25 июни 2025.
Пайванд ба берун
- Сайид Алӣ Ҳусайнии Хоманаӣ, «بیانات مهم رهبر انقلاب درباره حرمت سلاح هستهای» («Баёноти муҳими Раҳбари инқилоб дар бораи ҳурмати силоҳи ҳастаӣ»).