Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Офтоб дар масоф (китоб)

Аз wikishia
Офтоб дар масоф
НависандаСайид Алии Хоманаӣ
МавзуъИмом Ҳусайн (а) ва таҳлили воқеаи Карбало
ЗабонФорсӣ
Теъдоди ҷилд1
Теъдоди саҳифа1040
НоширИнтишороти инқилоби исломӣ (Эрон)
Маҳалли нашрТеҳрон - Эрон
Санаи нашр1392ҳ.ш./2014
Тарҷумаи форсӣ


Офтоб дар масоф (форсӣ: آفتاب در مصاف) матни ба шакли китоб табдилшудаи суханрониҳои Сайид Алии Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон, дар бораи Имом Ҳусайн (а) ва таҳлили рӯйдодҳои марбут ба воқеаи Ошуро дар соли 61 ҳиҷрӣ аст. Ин суханрониҳо аз соли 1979 то 2011 эрод шудааст.

Китоби «Офтоб дар масоф» дар шаш фасл тартиб дода шуда ва ба шахсияти Имом Ҳусайн (а) ва заминаҳову ҳадафҳои қиёми ӯ, ёрону душманони Имом Ҳусайн дар Карбало ва бархе аз дуоҳои нақлшуда аз Имом Ҳусайн (а) ё зиёратҳои воридшуда дар бораи вай пардохта шудааст.

Ин китоби нахустин бор дар соли 2014 чоп ва то 2023 даҳ бори дигар аз нав чоп шуда ва китоби «Дарсҳои Ошуро» аз он баргирифта ва нашр шудааст.

Нависанда

Сайид Алии Хоманаӣ, дуюмин Раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон аст. Вай дар суханрониҳо ва ёддоштҳояш, ба таҳлили таърих низ пардохтааст, ки бархе аз онҳо табдил ба китоб шудаанд; монанди Инсони 250-сола, Пешвои содиқ ва Ду имоми муҷоҳид.[1]

Пас аз китоби Офтоб дар масоф, се китоб бо мавзуи Имом Ҳусайн (а) ва Ошуро аз суханонии Сайид Алии Хоманаӣ ва бо унвонҳои «Чаҳор гуфтор» «Дарсҳои Ошуро» ва «72 сухани ошуроӣ» нашр шудааст.[2]

Сохтори китоб ва муҳтавои он

Матолиби китоби Офтоб дар масоф: илалу абъоди ҳодисаи Ошуро, бар асоси сайри замонии суханони Оятуллоҳ Хоманаӣ аз соли 1979 то 2011[3] ва дар шаш фасл танзим шудааст. Феҳристи иҷмолии матолиби китоб иборатанд аз:

  1. Куллиёт: Шомили баҳсҳои муқаддамотие монанди мактаби Ислом, маорифи исломӣ, ҷомеаи исломӣ, Расули Худо (с), имомони шиа ва мавзуъҳои ҷомеашинохтӣ.[4]
  2. Имом Ҳусайн (а): Шомили матолибе ҳамчун дар бораи ҷашни мелод ва шахсияти Имом Ҳусайн (а), дарсҳои ҳусайнӣ.[5]
  3. Ошуро: Шомили мабоҳисе монанди шинохти қиёми Имом Ҳусайн (а), заминаҳо, ҳадафҳо, равишшиносии муборизот, вижагиҳо, рамзи мондагории қиёми Имом Ҳусайн (а) ва вазифаву боистаҳо ва таҳрифоти Ошуро аст.[6]
  4. Ёрони Ошуро: Муаррифии бархе аз шахсиятҳои барҷастаи ҳодисаи Ошуро монанди Зайнаби Кубро (с), Ҳазрати Аббос (а), Алиакбар (а), Муслим ибни Ақил, Қосим ибни Ҳасан ва Абдуллоҳ ибни Ҳасан мебошад.[7]
  5. Душманони Ошуро: Баёни вижагиҳои заминасозон ва бавуҷудоварандагони воқеаи Ошуро монанди Муовия ибни Абисуфён ва Язид ибни Муовия ва баёни вижагиҳои даврони онон.[8]
  6. Зиёрот ва дуоҳо: Муаррифӣ ва шарҳи бархе аз дуоҳои нақлшуда аз Имом Ҳусайн (а) ё зиёратҳои ворида дар бораи вай монанди дуои арафа, зиёрати Ошуро ва зиёрати арбаин.[9]
Китоби «Дарсҳои Ошуро» баргирифта аз китоби Офтоб дар масоф

Парҳез аз ибҳомнависӣ дар матн ва кӯтоҳ кардани матолиби муҳтавоӣ[10] ва чакиданависии матолиби муҳим дар ҳошияи китоб ҷиҳати дастрасии осони хонандагон ба он матолиб аз вижагиҳои китоб ба шумор меравад.[11]

Нашр

Китоби Офтоб дар масоф ба кӯшиши «Муассисаи фарҳангии ҳадиси лавҳу қалам» ҷамъоварӣ ва аз сӯйи «Интишороти инқилоби исломӣ»[12] нахустин бор дар соли 2014[13] чоп шудааст. Ин китоб дар 1040 сафҳа тадвин шуда, ки 362 сафҳаи китоб шомили номҳо ва намояҳо дар чопҳои ҷадид ҳазф ва дар сайти Интишороти инқилоби исломии пешкаш шудааст.[14] Ин китоб то соли 2023 даҳ бор таҷдиди чоп шудааст.[15]

Китоби «Дарсҳои ошуро» дарбардорандаи панҷоҳ дарсу ибрат аз воқеаи Ошуро, аз китоби Офтоб дар масофи баргирифта шуда ва дар 264 сафҳа аз тарафи "Муассисаи фарҳангии ҳадиси лавҳу қалам" нашр шудааст.[16]

Эзоҳ

  1. «نگاهی گذرا به زندگینامه آیت‌الله سید علی خامنه‌ای», Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ
  2. «کتاب آفتاب در مصاف رونمایی میشود», Интишороти инқилоби исломӣ
  3. Хоманаӣ, Офтоб дар масоф, 1392ҳ.ш., саҳ.5
  4. Хоманаӣ, Офтоб дар масоф, 1392ҳ.ш., саҳ.7
  5. Хоманаӣ, Офтоб дар масоф, 1392ҳ.ш., саҳ.7
  6. Хоманаӣ, Офтоб дар масоф, 1392ҳ.ш., саҳ.8
  7. Хоманаӣ, Офтоб дар масоф, 1392ҳ.ш., саҳ.8
  8. Хоманаӣ, Офтоб дар масоф, 1392ҳ.ш., саҳ.8
  9. Хоманаӣ, Офтоб дар масоф, 1392ҳ.ш., саҳ.8
  10. Хоманаӣ, Офтоб дар масоф, 1392ҳ.ш., саҳ.6
  11. Хоманаӣ, Офтоб дар масоф, 1392ҳ.ш., саҳ.6
  12. «آفتاب در مصاف», Интишороти инқилоби исломӣ
  13. «کتاب آفتاب در مصاف تجدید چاپ شد», Интишороти инқилоби исломӣ
  14. «کتاب آفتاب در مصاف تجدید چاپ شد», Интишороти инқилоби исломӣ
  15. «کتاب آفتاب در مصاف تجدید چاپ شد», Интишороти инқилоби исломӣ
  16. «درس‌های عاشورا از نگاه رهبر معظم انقلاب منتشر شد»., Хабаргузории Форс.]

Сарчашма