Фаластин аз манзари Оятуллоҳ Хоманаӣ (китоб)

Аз wikishia
Фаластин аз манзари ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ

Фаластин аз манзари ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, китобе ба забони форсӣ аст, ки суханони Сайидалии Хоманаӣ - Раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи Фаластинро дарбар мегирад.

Бархе аз дидгоҳҳои Оятуллоҳ Хоманаӣ, ки дар ин китоб оварда шудаанд, иборатанд аз: роҳи ҳалли дурусти масъалаи Фаластин, баргузории ҳамапурсӣ бо ширкати тамоми фаластиниҳо аст; ягона роҳи озод кардани Фаластин муқовимат аст; муросо ва музокира бо Исроил барои фаластиниҳо зарар ва хусрон аст; дифоъ аз Фаластин ва мардуми он фарз аст.

Алӣ Акбар Вилоятӣ ба ин китоб сарсухан навиштааст. Ҳамчунин, ин китоб ба забони арабӣ ва гузидае аз он ба забони англисӣ чоп шудааст.

Нашри ин китоб дар ВАО-и Исроил ва Аврупо аксуламали худро дошт.

Мазмуни китоб

Китоби «Фаластин аз манзари ҳазрати Оятуллоҳилъузмо Хоманаӣ (сояаш бодавом бод!) - Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ», андешаҳои Оятуллоҳ Хоманаӣ - Раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи Фаластинро дарбар дорад.

Мундариҷа ва мазмуни ин китоб аз матни хутбаи намози ҷумъаи рӯзи Қудси Оятуллоҳ Хоманаӣ дар 8-уми августи 1980 бо унвони «Ёде аз дуюмин рӯзи Қудс» ва ҳашт бахши аслӣ ташкил шудааст, ки шомили куллиёт, шикастҳову пирӯзиҳо, масъулиятҳо, ҷиноятҳо, роҳи ҳалҳо, қаҳрамонон, равшангарӣ ва ояндаи равшан аст.[1] Нависандаи китоб, Саидсулҳи Мирзоӣ - рӯҳонии шиа мебошад.[2] Ӯ ҳамчунин суханони Оятуллоҳ Хоманаӣ дар мавзӯъҳои дигарро низ гирдоварӣ кардааст.[3]

Бархе аз назароти Оятуллоҳ Хоманаӣ дар китоб

  • Роҳи ҳали масъалаи Фаластин баргузории ҳамапурсӣ бо иштироки тамоми фаластиниён, аз ҷумла мусулмонон, насрониён ва яҳудиён аст, ки дар сарзаминҳои ишғолшуда ва берун аз он зиндагӣ мекунанд, мебошад.[4]
  • Фаластин озод мешавад[5] ва роҳи озодии он муқовимат аст, на созишу музокира.[6] Музокира дар масъалаи Фаластин хатои нобахшуданӣ аст, ки ҷуз зиёну хасорат ба фаластиниён чизе намеоварад ва озодии Фаластинро ба таъхир меандозад.[7] Ҳамчунин ӯ пешбинӣ кардааст, ки то соли 2040, чизе ба номи режими саҳюнистӣ вуҷуд нахоҳад дошт.[8]
  • Тибқи таълимоти исломӣ дифоъ аз Фаластин ва ҳимоят аз мардуми он воҷиб аст.[9]
  • Масъалаи Фаластин муҳимтарин масъалаи ҷаҳони Ислом аст.[10]
  • Ин як масъалаи инсонӣ аст, на сирфан арабӣ ва исломӣ.[11]

Муқаддимаи Алӣ Акбар Вилоятӣ

  • Алӣ Акбар Вилоятӣ ба ин китоб сарсухан навиштааст. Дар ин муқаддима ӯ ишғоли Фаластин ва ташкили давлати саҳюнистиро бахше аз тавтеаи Ғарб барои муқобила бо ҷаҳони Ислом муаррифӣ мекунад.[12]

Бозтоби интишори китоб дар расонаҳои исроилӣ ва амрикоӣ

Нетаняҳу - нахуствазири Исроил дар ҳоли нишон додани китоби Фаластин аз манзари Оятуллоҳ Хоманаӣ дар Маҷмаи умумии Созмони Милал (1-уми октябри 2015)

Дар соли 2015 ҳамзамон бо музокироти ҳастаии низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон бо кишварҳои 5+1 бозтобҳое аз китоби Фаластин аз манзари Оятуллоҳ Хоманаӣ ва назариёти ӯ дар бораи Фаластину Исроил дар нашриёт ва ВАО-и исроилӣ, амрикоӣ ва аврупоӣ матраҳ гардид.[13]

Бинёмин Нетаняҳу - нахуствазири вақти режими саҳюнистӣ, дар 1-уми октябри соли 2015 дар суханронии худ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид нусхаи ин китобро нишон дода, мавзеъгирии воқеии давлат ва раҳбари Эронро бо Исроил хасмона хонд. Суханони Нетаняҳу дар расонаҳои дохилии Эрон бозтоб ёфт, ва мӯҷиби муроҷиаи мардум ба ин китоб шуд.[14]

Чоп, нашр ва тарҷума

Китоби Фаластин аз манзари Оятуллоҳ Хоманаӣ, бори аввал дар соли 2011 ба забони форсӣ чоп ва мунташир шуд.[15] Баъд аз он низ чандин бор бознашр ва чоп шудааст.[16] Нусхаи аввалияи китоб дарбардорандаи суханони Оятуллоҳи Хоманаӣ то соли 2011 буд, аммо дар чопҳои баъдӣ суханон ӯ то декабри 2016 низ дар он гунҷонда шуд.[17]

Ин китоб ба забони арабӣ ва гузидае аз он ба забони англисӣ низ тарҷума шудааст.[18]

Эзоҳ

  1. Ниг.: Хоманаӣ, Фаластин, 1397ҳ.ш., феҳристи матолиб, саҳ.сод ва зе.
  2. Хоманаӣ, Фаластин, 1397ҳ.ш., шиносномаи китоб.
  3. Барои намуна ниг.: Хоманаӣ, Ҷиҳоди табйин, 1400ҳ.ш., шиносномаи китоб.
  4. Хоманаӣ, Фаластин, 1397ҳ.ш., саҳ.506.
  5. Хоманаӣ, Фаластин, 1397ҳ.ш., саҳ.599.
  6. Хоманаӣ, Фаластин, 1397ҳ.ш., саҳ.487 - 490.
  7. Хоманаӣ, Фаластин, 1397ҳ.ш., саҳ.499 - 500.
  8. Хоманаӣ, Фаластин, 1397ҳ.ш., саҳ.603.
  9. Хоманаӣ, Фаластин, 1397ҳ.ш., саҳ.29.
  10. Хоманаӣ, Фаластин, 1397ҳ.ш., саҳ.38 - 39.
  11. Хоманаӣ, Фаластин, 1397ҳ.ш., саҳ.29.
  12. Хоманаӣ, Фаластин, 1397ҳ.ш., муқаддима, саҳ.3 ва 4.
  13. Хоманаӣ, Фаластин, 1397ҳ.ш., пешгуфтор, саҳ.вов.
  14. Гуфтугӯи Машриқ бо нависандаи китобе, ки Нитаняҳуро барошуфт, сайти хабарии Машриқ.
  15. Хоманаӣ, Фаластин, 1397ҳ.ш., пешгуфтор, саҳ.ҳ.
  16. Хоманаӣ, Фаластин, 1397ҳ.ш., пешгуфтор, саҳ.ҳ.
  17. Хоманаӣ, Фаластин, 1397ҳ.ш., пешгуфтор, саҳ.вов.
  18. Хоманаӣ, Фаластин, 1397ҳ.ш., пешгуфтор, саҳ.ҳ.

Сарчашма

  • Гуфтугӯи Машриқ бо нависандаи китобе, ки Нитаняҳуро барошуфт, сайти хабарии Машриқ, таърихи интишор: 13 меҳри 1394ҳ.ш.
  • Хоманаӣ, Сайидалӣ, Фаластин аз манзари ҳазрати Оятуллоҳилъузмо Сайидалии Хоманаӣ (мудда зиллуҳул-олӣ) Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, ба кӯшиши Саидсулҳ Мирзоӣ, Теҳрон, интишороти Инқилоби Исломӣ, 1397ҳ.ш.
  • Хоманаӣ, Сайидалӣ, Ҷиҳоди табйин дар андешаи ҳазрати Оятуллоҳилъузмо Хоманаӣ, ба кӯшиши Саидсулҳ Мирзоӣ, Теҳрон, интишороти Инқилоби Исломӣ, 1400ҳ.ш.