Тарҳи куллии андешаи исломӣ дар Қуръон (китоб)

Аз wikishia
Тарҳи куллии андешаи исломӣ дар Қуръон
НависандаСайид Алӣ Ҳусайнии Хоманаӣ
Санаи таълиф1353ҳ.ш.
МавзуъАқоиди исломӣ
СабкТафсири мавзуӣ
ЗабонФорсӣ
Теъдоди ҷилд1
Тарҷума ба забонҳои дигарарабӣ • англисӣ • олмонӣ • италиянӣ • чинӣ • озарӣ • туркӣ
НоширДафтари нашри фарҳанги исломӣ ва Маркази Саҳбо
Маҳалли нашрТеҳрон
Санаи нашрЧопи нахустини Дафтари нашри фарҳанги исломӣ 1354ҳ.ш.\1975 • Чопи нахустини Маркази Саҳбо: 1392ҳ.ш.\2013
ТеъдодБеш аз сад ҳазор
Тарҷумаи форсӣ


Тарҳи куллии андешаи исломӣ дар Қуръон (форсӣ: طرح کلی اندیشه اسلامی در قرآن) номи китобе аз Сайид Алӣ Ҳусайнӣ Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон, дар бораи табйини ақоиди исломӣ бар мабноӣ Қуръон аст. Ин китоб матни пиёдашудаи суханрониҳои вай дар моҳи рамазони 1353ҳ.ш. (чор сол пеш аз Инқилоби исломии Эрон) дар масҷиди Имом Ҳасани Муҷтабо (а) дар Машҳад аст.

Ин китобро аз иқдомоти Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ростои эҳёии тафаккури исломӣ ва бозгӯкунандаи низоми фикрии вай шумурдаанд. Ӯ ин ҷаласотро пояҳои фикрӣ барои эҷоди як низоми исломӣ хондааст.

Аз вижагиҳои китоби Тарҳи куллии андешаи исломӣ дар Қуръон мутолиаи ҳамоҳангу пайвастаи масоили фикрии Ислом ба унвони аҷзои як маҷмуъаи воҳид, истинботи усули асосии Ислом аз Қуръон ва дурӣ аз салиқаҳо ва назарҳои шахсӣ, ироаи нигоҳи нав ба мафоҳими динӣ ҳамчун вилоят аст.

Тарҳи куллии андешаи исломӣ дар Қуръон, аз чор бахши аслӣ бо унвонҳои Имон, Тавҳид, Набувват ва Вилоят ташкил шуда ва зайли ҳар бахш, ҷаласоти муртабит омадааст. Хулосаи суханрониҳо нахустинбор дар соли 1354ҳ.ш. аз сӯи дафтари нашри фарҳанги исломӣ ва матни комили пиёдашудаи суханрониҳо дар соли 1392ҳ.ш. аз сӯи Маркази имони ҷиҳодии Саҳбо мунташир ва борҳо таҷдиди чоп шуд. Ин китоб ба забонҳои арабӣ, англисӣ, олмонӣ, италиянӣ, озарӣ ва чинӣ тарҷума шудааст.

Аҳамият

Китоби Тарҳи куллии андешаи исломӣ дар Қуръон, аз иқдомоти Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ростои эҳёии тафаккури исломӣ[1] ва низ бозгукунандаи низоми фикрии вай шумурда шудааст.[2] Ба гуфтаи Оятуллоҳ Хоманаӣ, матолиби ин китоб, пояҳои фикрӣ барои эҷоди як низом исломӣ будааст.[3]

Давраҳои мухталифе дар ҳавзаҳои илмия ва донишгоҳҳо перомуни ин китоб баргузор шудааст; аз ҷумла давраи тарбияти мударрис,[4] давраҳои мутолиотӣ,[5] мусобиқаи китобхонӣ[6] ва ҳамхонии китоб.[7] Ҳамчунин китоби Тарҳи куллии андешаи исломӣ дар Қуръон дар бархе аз донишгоҳҳо тадрис мешавад.[8]

Силсилаи ҷаласоти Тарҳи куллии андешаи исломӣ дар Қуръон

Тарҳи куллии андешаи исломӣ дар Қуръон, ҳосили 28 суханронии Сайид Алӣ Ҳусайнӣ Хоманаӣ дар тобистони соли 1353ҳ.ш. дар масҷиди Имом Ҳасани Муҷтабо (а) дар Машҳад (интиҳои бозори Саршур) аст.[9] Cайид Алӣ Хоманаӣ дар 35-солагӣ дар моҳи рамазон ҳар рӯз баъд аз намози пешину аср бо мавзуи Тарҳи куллии андешаи исломӣ дар Қуръон суханронӣ мекард. Ӯ маҷмуъаи ақоиди исломиро аз забони Қуръон ба гунае баён мекард, ки мардум ба фикри эҷоди ҷомеъаи исломӣ низ меафтоданд.[10] Вай чанд моҳ пас аз ин ҷаласот ва пайрави ҷаласоти шарҳи Наҳҷулбалоға, тавассути режими шоҳаншоҳӣ дастгир шуд.[11]

Ба гуфтаи Оятуллоҳ Хоманаӣ дар муқаддимаи китоб, дар ин ҷаласот кӯшида шуда, ки муҳимтарин пояҳои фикрии Ислом дар хилоли оёти Қуръон ҷустуҷӯ шавад. Онгоҳ зимни шарҳи баёне ки шеваи тадаббур дар Қуръонро ба мухотабон меомӯзад, пояҳои мазбур дар ин оёт, мушаххас ва нишон дода шавад ва дар мавориди лозим, аз ривоёти саҳеҳи содир аз Пайғамбар (с) ва имомони маъсум (а) баҳрагирӣ шавад.[12]

Муҳтаво

Китоби Тарҳи куллии андешаи исломӣ дар Қуръон аз чор бахши аслӣ бо унвонҳои Имон, Тавҳид, Набувват ва Вилоят ташкил шуда ва зайли ҳар бахш, ҷаласоти муртабит омадааст.[13] Нависанда, имони воқеиро имоне медонад, ки огоҳона ва масъулиятпазирона бошад. Вай дар бахши дувум, зимни муаррифии тавҳид, бозтоби он дар зиндагии шахси муваҳҳидро ин медонад, ки зери бори султаи худоёни дуруғин - Иблис, тоғӯтҳо ва ҳавоҳои нафсонӣ - наравад. Ӯ дар бахши баъдӣ, пас аз таърифи набувват ва муаррифии душманони он, ба тааҳҳудоте ки мусулмонони муътақид ба набувват доранд ишора карда ва фарҷоми кори Пайғамбаронро пирӯзии қатъӣ баён мекунад. Дар бахши чорум низ баъд аз табйини мафҳуми вилоят, паҳлӯҳои он аз ҷумла пайванди дарунии ҷомеъаи исломӣ, наҳваи иртибот бо ҷавомеъи ғайримусулмон ва пайванд миёни имом ва уммат матраҳ шудааст.[14]

Мабоҳиси ин китоб тафсири мавзуии Қуръон ба шумор меояд.[15]

Вижагиҳо

Се вижагии муҳимми мабоҳиси китоб дар муқаддимаи Сайид Алӣ Хоманаӣ ин гуна баён шудааст:

  1. Хориҷ кардани маорифи исломӣ аз зеҳнияти маҳз ва нозир будани онҳо ба таколифи амалӣ ва зиндагии иҷтимоӣ;
  2. Мутолиаи ҳамоҳанг ва пайвастаи масоили фикрии Ислом ба унвони аҷзои як маҷмуъаи воҳид ба манзури истинтоҷи як идеологияи комил ва мутаносиб бо зиндагии чандпаҳлӯи инсон;
  3. Истинботи усули асосии Ислом аз мадорику мутуни аслии дин яъне Қуръон ва дурӣ аз салиқаҳо ва назарҳои шахсе.[16]
Тасвири китоби тарҳи андешаи исломӣ дар қуръон. Чопи Дафтари нашри фарҳанги исломӣ. 1354ҳ.ш.

Аз дигари вижагиҳои китоби ин маворид ном бурда шудааст:

  • Ироаи намое аз андешаи исломӣ ба ҷаҳониён, на фақат ба мусулмонон;
  • Ироаи нигоҳе ҷомеъ аз тафаккури тавҳидӣ бо дар назар доштани шуъуни мухталифи зиндагии башар;
  • Ироаи нигоҳе нав ба мафоҳими динӣ ҳамчун вилоят
  • Ҳамоҳангии мабоҳиси китоб бо сираи сиёсӣ-муборзотии имомон (а) барои барқарории ҳукумати исломӣ;
  • Тавваҷуҳи китоб ба дарди аслии ҷавомеъи башарӣ ва мусулмонон, яъне заъфи имон;
  • Омӯзиши шеваи тадаббур ва тааммуқ дар Қуръон ба мухотабон.[17]

Тарҷума ва нашр

Гуфта шуда ҳамаи муқаддамоти чопи китоб шомили танзими муҳтавои китоб, интихоби унвон, тартиби мабоҳис ва наҳваи вуруду хуруҷи мабоҳис бо назари Cайид Алӣ Хоманаӣ будааст.[18] Хулосаи Тарҳи куллии андешаи исломӣ дар Қуръон, нахустин бор дар соли 1354ҳ.ш. ва ҳамроҳ бо муқаддимаи Оятуллоҳ Хоманаӣ аз сӯи Дафтари фарҳанги исломӣ[19] ва матни комили пиёдашудаи суханрониҳо дар соли 1392ҳ.ш. аз сӯи Маркази имони ҷиҳодии Саҳбо мунташир шуд.[20]

Пас аз инқилоб соли 1357ҳ.ш., ин китоб дар ҳар ду интишорот чопҳои мутаъаддиде дошта ва гуфта шуда китоби мухтасар беш аз сад ҳазор нусха тавассути Дафтари фарҳанги исломӣ[21] ва китоб бо матни комили суханрониҳо то баҳмани моҳи 1396ҳ.ш. беш аз 63 ҳазор нусха аз сӯи интишороти Саҳбо[22] мунташир шудааст. Дар соли 1360ҳ.ш. муҳтавои шаш ҷаласа аз 28 ҷаласа, дар қолаби ҷузвае бо унвони «Вилоят» тавассути ҳизби Ҷумҳурии исломӣ чоп шуд.[23] Дарсномаи ин китоб низ бо унвон «Дарсномаи тарҳи куллии андешаи исломӣ дар Қуръон» аз сӯи интишороти Паёми раҳёбон мунташир шудааст.[24]

Китоб ба забонҳои мухталифе аз ҷумла чанд бор ба забони арабӣ бо ановин «مشروع الفکر الإسلامی فی القرآن»[25] ва «ال‍خ‍طوط ال‍ع‍ام‍ه‌ ل‍ل‍ف‍کر الاس‍لام‍ی‌ ف‍ی‌ ال‍ق‍رآن»[26] ва чанд бор ба забони англисӣ бо ановинӣ ҳамчун «Islamic Thought in the Quran»[27] ва «An Outline of Islamic Thought in the Quran»[28] тарҷума шудааст. Китоб ба забонҳои олмонӣ, туркии озарӣ ва истанбулӣ, италиянӣ ва чинӣ низ тарҷума шудааст.[29]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Хоманаӣ, Тарҳи куллии андешаи исломӣ дар Қуръон, 1392ҳ.ш., бахши ишора, саҳ.17
  2. Хоманаӣ, Тарҳи куллии андешаи исломӣ дар Қуръон, 1392ҳ.ш., бахши ишора, саҳ.20
  3. «ماجرای کتاب طرح کلی اندیشه اسلامی در قرآن», Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
  4. «دوره تربیت مدرس طرح کلی اندیشه اسلامی در قرآن برگزار می‌شود», Хабаргузории расмии Ҳавза
  5. «پایان فصل سوم دوره مطالعاتی بهار اندیشه در یزد», вебгоҳи Ҳалқаи васл
  6. «مسابقه مجازی کتابخوانی طرح کلی اندیشه اسلامی در ویژه طلاب قرآن برگزار شد», хабаргузории Тасним
  7. «سلسله جلسات همخوانی کتاب طرح کلی اندیشه اسلامی در قرآن», вебгоҳи Ҳалқаи васл
  8. «کتب معارف اسلامی به ادبیات تحلیل و کارآمدی دین تغییر کند», Хабаргузории расмии Ҳавза
  9. Хоманаӣ, Тарҳи куллии андешаи исломӣ дар Қуръон, 1392ҳ.ш., бахши ишора, саҳ.11 - 15
  10. Хоманаӣ, Тарҳи куллии андешаи исломӣ дар Қуръон, 1392ҳ.ш., бахши ишора, саҳ.11 - 12
  11. Хоманаӣ, Тарҳи куллии андешаи исломӣ дар Қуръон, 1392ҳ.ш., бахши ишора, саҳ.13
  12. Хоманаӣ, Тарҳи куллии андешаи исломӣ дар Қуръон, 1392ҳ.ш., бахши муқаддима, саҳ.37
  13. Хоманаӣ, Тарҳи куллии андешаи исломӣ дар Қуръон, 1392ҳ.ш., бахши ишора, саҳ.22
  14. «طرح کلی اندیشه اسلامی در قرآن», вебгоҳи Саҳбо
  15. «ماجرای کتاب طرح کلی اندیشه اسلامی در قرآن», Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
  16. Хоманаӣ, Тарҳи куллии андешаи исломӣ дар Қуръон, 1392ҳ.ш., бахши Муқаддима, саҳ.36 ва 37
  17. Хоманаӣ, Тарҳи куллии андешаи исломӣ дар Қуръон, 1392ҳ.ш., бахши ишора, саҳ.16 - 20
  18. Хоманаӣ, Тарҳи куллии андешаи исломӣ дар Қуръон, 1392ҳ.ш., бахши ишора, саҳ.20
  19. Хоманаӣ, Тарҳи куллии андешаи исломӣ дар Қуръон, 1392ҳ.ш., бахши ишора, саҳ.14
  20. کتابشناسی تألیفات آیت‌الله العظمی خامنه‌ای», пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии Қудс-Онлайн
  21. کتابشناسی تألیفات آیت‌الله العظمی خامنه‌ای», пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии Қудс-Онлайн
  22. «استقبال فارسی‌زبانان از سلسله جلسات طلبه‌ای جوان در رمضان۱۳۵۳», Хабаргузории Тасним
  23. Хоманаӣ, Тарҳи куллии андешаи исломӣ дар Қуръон, 1392ҳ.ш., бахши ишора, саҳ.15
  24. «درس‌نامه طرح کلی اندیشه اسلامی در قرآن», Шабакаи ҷомеъи Китоби гесум
  25. «مشروع الفکر الإسلامی فی القرآن», вебгоҳи Саҳбо
  26. کتابشناسی تألیفات آیت‌الله العظمی خامنه‌ای», пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии Қудс-Онлайн
  27. «Islamic Thought in the Quran», вебгоҳи Саҳбо
  28. کتابشناسی تألیفات آیت‌الله العظمی خامنه‌ای», пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии Қудс-Онлайн
  29. کتابشناسی تألیفات آیت‌الله العظمی خامنه‌ای», пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии Қудс-Онлайн

Сарчашма

Пайванд ба берун