Ояти 17 сураи Анфол
| Маълумот дар бораи оят | |
|---|---|
| Воқеъ дар сураи | Сураи Анфол |
| Шумораи оят | 17 |
| Ҷузъ | 9 ва 10 |
| Шаъни нузул | Нисбат додани пирӯзии мусулмонон дар ҷанги Бадр ба хештан |
| Макони нузул | Мадина |
| Мавзуъ | Эътиқодӣ |
| Дар бораи | Ғазваи Бадр |
| Оёти муртабит | Ояти 42 сураи Анфол |
Ояти 17 сураи Анфол (форсӣ: آیه ۱۷ سوره انفال) пирӯзии мусулмонон дар ғазваи Бадрро натиҷаи ёрии Худо медонад ва ин ки мусулмонон набояд ба хотири пирӯзӣ дар ин ҷанг гирифтори тафохур ва худхоҳӣ шаванд; зеро ин набард, озмоише барои онон маҳсуб мешавад.
Гузориш шуда, ки дар ҷанги Бадр, Паёмбар (с) муште аз сангреза ба сӯи душман партофт, ки дар чашму даҳони мушрикон фурӯ рафт ва ваҳшате ба онҳо даст дод ва ин амр муҷиби шикасти онҳо гардид. Мусулмонон ҳангоми бозгашт, аз ин пирӯзӣ хушҳол буда ва ба якдигар тафохур мекарданд, ки ин оят нозил шуд.
Ба гуфтаи муфассирон, ин ки оят мегӯяд «шумо ин корро накардед», ба хотири ин аст, ки нерӯи ғалаба бар душман ва муъҷизаҳои руйдода дар ҷанги Бадр, ки боиси шикасти душманон шуд, аз ҷониби Худо буд.
Муаррифӣ
Ояти 17 сураи Анфол ёдоварӣ мекунад, ки шикасти мушрикон дар ҷанги Бадр натиҷаи ёрии Худованд буд, то мусулмонон гирифтори худхоҳӣ нашаванд; зеро дар оёти қабл, онон ба пайкор бо мушрикон амр шуда ва куштани душманонро ба худ нисбат медоданд.[1]
Аз иборати «وَ مَا رَمَیْتَ إِذْ رَمَیْتَ وَ لَٰکِنَّ اللَّهَ رَمَیٰ (ва мо рамайта из рамайта ва локинналлоҳа рамо)», ки ишора ба ёрии Илоҳӣ ба муъминон дар баробари душманон дорад, дар паёмҳои пирӯзӣ[2] ва эҷоди рӯҳияи муқовимат дар баробари душман истифода шудааст.[3]
| “ | Ва шумо ононро накуштед, балки Худо ононро кушт ва чун [рег ба сӯи онон] афкандӣ, ту наафкандӣ, балки Худо афканд [оре, Худо чунин кард, то кофиронро мағлуб кунад] ва ба ин васила муъминонро ба озмоиши некое биозмояд, ҳатман Худо шунавои доност. |
” |
Шаъни нузул
Ба гуфтаи муфассирон, оят дар бораи ҷанги Бадр нозил шудааст.[4] Дар ин набард, Паёмбар (с) бо фармони Ҷабраил ба сӯи душман сангрезаҳое партофт, ки боиси ваҳшати мушрикон шуд. Сипас мусулмонон ба ҷанг идома доданд ва душманро шикаст доданд.[5] Баъд аз пирӯзӣ, мусулмонон ба якдигар тафохур мекарданд, ки ҳар кадом чи коре кардаанд, ки ин оят барои ёдоварӣ аз ин ки пирӯзӣ танҳо аз они Худост, нозил шуд.[6]
Ғазваи Бадр саҳнаи эъҷоз ва озмоиши Илоҳӣ
Ғазваи Бадр ба унвони як саҳнаи озмоиш ва эъҷози Илоҳӣ матраҳ аст. Дар ояте, ки мегӯяд: «لِیُبْلِیَ الْمُؤْمِنِینَ مِنْهُ بَلَاءً حَسَنًا (ва лиюблий-ал-муъминина минҳу балоан ҳасанан)», ин озмоиш ба маънии имтиҳони муъминон тавассути неъматҳо ва пирӯзӣ аст.[7] Носир Макорими Шерозӣ, «балои ҳасан»-ро озмоиши Худованд тавассути неъматҳо ва пирӯзиҳо медонад ва онро дар муқобили «балои саййиъ» (озмоиш тавассути мусибатҳо) қарор медиҳад.[8] Вай тавзеҳ медиҳад, ки Худованд мехост дар аввалин бархӯрди мусаллаҳонаи мусулмонон, ононро бо таъми пирӯзӣ ошно кунад ва дилгарм созад, аммо ин пирӯзӣ набояд муҷиби ғурур шавад ва мусулмонон бояд аз этикод ба Худованд ғофил нашаванд; ба ин далел оят бо ҷумлаи «إِنَّ اللَّهَ سَمِیعٌ عَلِیمٌ (инналлоҳа самиъун алим)» поён меёбад.[9]
Аллома Таботабоӣ дар тафсири ал-Мизон, пирӯзии мусулмононро бар хилофи қонунҳои табиӣ ва дар натиҷаи имдоди Илоҳӣ медонад. Вай ишора мекунад, ки ин пирӯзӣ ба далели нузули фариштагон ва тарсафканӣ дар дили мушрикон, ба Худо нисбат дода шудааст, ҳарчанд ки дар зоҳир Пайғамбар ва муъминон дар набард ҳузур доштанд.[10]
Оё мазмуни оят далолат ба ҷабр дорад?
Ашоира бар ин боваранд, ки Худованд куштани мушрикон ва партофтани сангҳоро дар ояти 17 Анфол ба худ нисбат медиҳад, ин далолат ба ҷабр дорад. Ба назари онҳо, ин ба маънии он аст, ки инсонҳо ҳеҷ ихтиёре дар аъмоли худ надоранд[11] ва ҳама чиз зери ирода ва феъли Худованд аст, ҳатто аъмоле монанди имон ва куфр, нишастан ва бархостан.[12]
Аммо дар посух ба ин назар, гуфта шудааст, ки нисбат додани ин аъмол ба Худованд нишондиҳандаи ин аст, ки: аввалан, қудрат ва нерӯе, ки мусулмонон барои пирӯзӣ дар ҷанги Бадр истифода карданд, аз ҷониби Худованд будааст. Сониян, муъҷизаҳо ва имдодҳои Илоҳӣ, ки боиси тақвияти рӯҳияи мусулмонон ва шикасти душманон шуд, дар ҳақиқат ба дасти Худованд анҷом шуд. Дар ин сурат, пирӯзӣ, ҳам кори инсонҳо буд (зеро бо ирода ва талоши онон сурат гирифт) ва ҳам кори Худованд (зеро нерӯи Илоҳӣ пушти он буд).[13]
Эзоҳ
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1382ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.815.
- ↑ Хумайнӣ, «پیام امام خمینی به مناسبت آزادی خرمشهر», Портали Имом Хумайнӣ.
- ↑ «و ما رمیت اذ رمیت», Сайти агентии хабарии Донишҷӯ.
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1382ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.814; Мафотиҳ-ул-ғайб, 1420ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.466; Таботабоӣ, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, 1417ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.38.
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1382ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.814; Воҳидӣ, Асоби нузул, 1411ҳ.қ., саҳ.237.
- ↑ Байзовӣ, Анвор-ут-танзил, 1418ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.53.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.116.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.116.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.116.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, маншуроти Исмоилиён, ҷ.9, саҳ.38-39.
- ↑ Мафотиҳ-ул-ғайб, 1420ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.466; Қосимӣ, Маҳосин-ут-таъвил, 1418ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.269.
- ↑ Тайиб, Калим-ут-тайиб, 1363ҳ.ш., саҳ.108.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.115.
Сарчашма
- Байзовӣ, Абдуллоҳ ибни Умар, Анвор-ут-танзил ва асрор-ут-таъвил, таҳқиқ: ал-Маръашлӣ, Муҳаммад Абдурраҳмон, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи аввал, 1418ҳ.қ.
- Воҳидӣ, Алӣ ибни Аҳмад, Асоб нузул-ил-Қуръон, таҳқиқ: Зағлул, Камол Басюнӣ, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, чопи аввал, 1411ҳ.қ.
- Қосимӣ, Муҳаммад Ҷамолуддин, Маҳосин-ут-таъвил, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, чопи аввал, 1418ҳ.қ.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи аввал, 1374ҳ.ш.
- Мусавии Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, «پیام امام خمینی به مناسبت آزادی خرمشهر» («Паёми Имом Хумайнӣ ба муносибати озодии Хуррамшаҳр»), Портали Имом Хумайнӣ, санаи интишор: 25 майи 2021, санаи боздид: 17 ноябри 2023.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, муқаддима: Балоғӣ, Муҳаммадҷавод, Теҳрон, Носири Хусрав, чопи севум, 1382ҳ.ш.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи панҷум, 1417ҳ.қ.
- Тайиб, Сайид Абдулҳусайн, Калим-ут-тайиб дар тақрири ақоиди Ислом, саҳ.108, Китобхонаи Ислом, чопи чорум, 1363ҳ.ш.
- Фахруддини Розӣ, Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Умар, Мафотиҳ-ул-ғайб, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи севум, 1420ҳ.қ.
- «و ما رمیت اذ رمیت» («Ва мо рамайта из рамайта»), Сайти агентии хабарии Донишҷӯ, санаи интишор: 28 сентябри 2012, санаи боздид: 17 ноябри 2023.