Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Ояти 25 сураи Ҳадид

Аз wikishia
Ояти 25 сураи Ҳадид
Маълумот дар бораи оят
Воқеъ дар сураиҲадид
Шумораи оят25
Ҷузъ27
Макони нузулМадина
МавзуъЭътиқодӣ
Дар бораиФалсафаи беъсати пайғамбарон
ДигарОзмоиши чигунагии рафтори мардум бо пайғамбарон


Ояти 25 сураи Ҳадид (форсӣ: آیه ۲۵ سوره حدید) ба шарҳу баёни фалсафаи асосии беъсати пайғамбарон мепардозад. Бар асоси ин оят, Худованд пайғамбаронро бо муъҷизот, китобҳои осмонӣ ва мизон фиристодааст, то мардум ба барпоии адолат бархезанд.

Мизон дар тафсирҳо ба абзорҳои санҷиши аъмоли инсон ва дар баъзе ривоёти шиа ба имоми маъсум тафсир шудааст.

Ин оят дар вокуниш ба сустии мусалмонон дар инфоқ барои ҷиҳод нозил шуда ва бар масъулиятпазирии инсонҳо дар таҳаққуқи адолат таъкид меварзад. Дар мавриди шумули ин адолат, дидгоҳҳои муфассирон мухталиф аст: баъзе онро мунҳасир ба адолати иҷтимоӣ дониста, гурӯҳе дигар онро шомили адолати фардӣ ҳам медонанд.

Барпоии адл ҳадафи асосии беъсат

Ояти 25 сураи Ҳадид, барпоии қисту адл дар ҷомеа бо мушорикати мардумро ҳадафи асосии беъсати пайғамбарон баршумурда[1] ва абзорҳои таҳаққуқи ин ҳадафро муаррифӣ мекунад.[2] Ҳамчунин Худои мутаол дар ин оят худро тавоно ва бениёз муаррифӣ карда, то нишон диҳад, ки барои таҳаққуқи ҳадафҳояш, ниёзманди ёрии мардумон нест.[3]

Шаъни нузул

Дар тафсири ал-Мизон омадааст, ки оёти пешин ба сангдилии мусалмонон дар натиҷаи сустӣ дар анҷоми вазифаҳои динӣ ба вижа инфоқ дар роҳи ҷиҳод ишора дорад; аз ин рӯ ин оят нозил шуд, то ҳадафи асосии ташреи дин ва беъсати пайғамбаронро табйин кунад.[4] Албатта дар Тафсири намуна, сабаби нузули оят чунин баён шудааст: бо таваҷҷӯҳ ба ин ки оёти пешин дар бораи сабқат гирифтан ба сӯи раҳмат, мағфират ва биҳишт сухан гуфтаанд, ин оят чигунагии паймудани ин масирро мушаххас месозад.[5]

Озмоиши мардум ҳадафи дигари беъсат

Ояти 25 Ҳадид, шиносоии пайравони воқеии Худо ва пайғамбаронро низ аз ҳадафҳои беъсати пайғамбарон бармешуморад.[6] Ба гуфтаи Муҳаммадҷаводи Муғния, Худованд бо фиристодани пайғамбарон ва абзорҳое чун оҳан, ки ҳам манфиат дорад ва ҳам зарар, мардумро меозмояд, то равшан гардад, ки чӣ касе, ҳатто дар ғайбати зоҳирии пайғамбарон ва танҳо бо дарки паёмашон, онҳоро ёрӣ медиҳад.[7] Алломма Таботабоӣ низ сарбаландӣ дар ин озмоиши илоҳиро ба чигунагии ҳузури мардум дар майдони ҷиҳод дар роҳи Худо вобаста медонад.[8]

Абзорҳои пайғамбарон барои ҳидоятгарӣ

Байинот ба маънои нишонаҳо ва далоили рӯшан монанди муъҷизот аст, ки пайғамбарон барои ҳидояти башар овардаанд. Мударрисӣ дар тафсири Мин ҳуда-л-Қуръон бо истинод ба ин вожа равиши пайғамбаронро бар асоси иқноъ ва огоҳибахшӣ медонад.[9] Сайид Муҳаммадҳусайни Фазлуллоҳ низ эътиқод дорад, ки Худованд пайғамбаронро бо муъҷизот фиристода, то мардум бо шинохт ва бидуни тақлид, динро бипазиранд.[10]

Бештари муфассирон манзур аз "китоб"-ро, ҳамаи китобҳои осмонӣ медонанд, ки ҳақиқат ва рӯҳи воҳиде доранд.[11] Дар бораи мизон низ дидгоҳҳои гуногуне вуҷуд дорад: баъзе онро рамзи адолат дар муомилоти рӯзмарра[12] ва баъзе дигар онро шомили ҳар абзори шинохти ҳақиқат мисли ақл, ваҳй ва таҷриба[13] медонанд. Дар баъзе ривоёти шиа, мизон ба имоми маъсум, таъвил шудааст.[14]

Адолати иҷтимоӣ ё фардӣ?

Муфассирон дар бораи доманаи шумули адолат дар ин оят ду дидгоҳ доранд. Баъзе онро шомили ҳар ду ҳавзаи фардӣ ва иҷтимоӣ медонанд,[15] гурӯҳе дигар бо истинод ба сиёқи оят, онро мунҳасир ба адолати иҷтимоӣ мекунанд.[16] Дар ин дидгоҳ, таъкид бар иҷрои ихтиёрии адолат аз сӯи мардум аст, на таҳмили он бо зур.[17] Ба бовари Сайид Алии Хоманаӣ, Раҳбари вақти Ҷумҳурии исломии Эрон, таҳаққуқи комили ин адолат танҳо дар ҳукумати ҳазрати Маҳдӣ (а) муяссар хоҳад буд.[18]

Дар Тафсири намуна омадааст, ишораи оят ба фалсафаи офариниши оҳан, нишон медиҳад, ки барои истиқрори адолат, илова бар тарбияи ахлоқӣ, ба абзорҳои моддӣ низ ниёз аст, зеро ҷомеаҳои инсонӣ ҳамеша дар маърази таҳдиди ситамгарон қарор доранд.[19]

Эзоҳ

  1. Имом Хумайнӣ, Саҳифаи Имом, 1378ҳ.ш., ҷ.11, саҳ.386 ва ҷ.15, саҳ.213; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1393ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.170-171; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.23, саҳ.371.
  2. Ниг.: Таботабоӣ, ал-Мизон, 1393ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.171; Ризоии Исфаҳонӣ, Тафсири Қуръони Меҳр, 1387ҳ.ш., ҷ.20, саҳ.232.
  3. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1393ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.172; Ҳошимии Рафсанҷонӣ, Тафсири роҳнамо, 1386ҳ.ш., ҷ.18, саҳ.394.
  4. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1393ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.170-171.
  5. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.23, саҳ.371.
  6. Ҳошимии Рафсанҷонӣ, Тафсири роҳнамо, 1386ҳ.ш., ҷ.18, саҳ.394.
  7. Муғния, ал-Кошиф, 1424ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.256-257.
  8. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1393ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.172.
  9. Мадрасӣ, Мин ҳуда-л-Қуръон, 1419ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.99.
  10. Фазлуллоҳ, Мин ваҳй-ил-Қуръон, 1439ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.191.
  11. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1393ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.171; Ризоии Исфаҳонӣ, Тафсири Қуръони Меҳр, 1387ҳ.ш., ҷ.20, саҳ.232.
  12. Табарсӣ, Маҷма-ул-баён, 1408ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.363.
  13. Муғния, ал-Кошиф, 1424ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.256; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1393ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.171; Ризоии Исфаҳонӣ, Тафсири Қуръони Меҳр, 1387ҳ.ш., ҷ.20, саҳ.232.
  14. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.90, саҳ.114.
  15. Фазлуллоҳ, Мин ваҳй-ил-Қуръон, 1439ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.192; Ризоии Исфаҳонӣ, Тафсири Қуръони Меҳр, 1387ҳ.ш., ҷ.20, саҳ.232.
  16. Имом Хумайнӣ, Саҳифаи Имом, 1378ҳ.ш., ҷ.11, саҳ.386 ва ҷ.15, саҳ.213; Қосимпури Ровандии ва ҳамкорон, «Баррасии орои муфассирон дар бораи мафҳум ва густараи адолати иҷтимоӣ...», саҳ.5.
  17. Ҳошимии Рафсанҷонӣ, Тафсири роҳнамо, 1386ҳ.ш., ҷ.18, саҳ.393; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.23, саҳ.372.
  18. Ҳусайнии Хоманаӣ, Мо мунтазирем, 1396ҳ.ш., саҳ.53.
  19. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.23, саҳ.372.

Сарчашма

  • Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Саҳифаи Имом, Теҳрон, Муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ, 1378ҳ.ш.
  • Қосимпури Ровандӣ, Муҳсин ва Муҳаммадалӣ Маҳдавирод ва Шимо Маҳмудпури Қумсар, آرای مفسران درباره مفهوم و گستره عدالت اجتماعی با تأکید بر آیه ۲۵ سوره حدید» (Баррасии орои муфассирон дар бораи мафҳум ва густараи адолати иҷтимоӣ бо таъкид бар ояти 25 сураи Ҳадид), Фаслномаи Пажӯҳишномаи маорифи қуръонӣ, №48, 1401ҳ.ш.
  • Мадрасӣ, Сайид Муҳаммадтақӣ, Мин ҳуда-л-Қуръон, Теҳрон, Дору муҳиб-ил-Ҳусайн (а), 1419ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1374ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Муассисат-ул-вафо, 1403ҳ.қ.
  • Муғния, Муҳаммадҷавод, ал-Кошиф фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Дор-ул-китоб-ил-исломӣ, 1424ҳ.қ.
  • Ризоии Исфаҳонӣ, Муҳаммадалӣ, Тафсири Қуръони Меҳр, Қум, Пажӯҳишҳои тафсир ва улуми Қуръон, 1387ҳ.ш.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷма-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дор-ул-маърифа, 1408ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ л-ил-матбуот, 1393ҳ.қ.
  • Фазлуллоҳ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Тафсири мин ваҳй-ил-Қуръон, Бейрут, Дор-ул-милок, 1439ҳ.қ.
  • Ҳошимии Рафсанҷонӣ, Акбар, Тафсири роҳнамо, Қум, Бустони китоб, 1386ҳ.ш.
  • Ҳусайнии Хоманаӣ, Сайид Алӣ, Мо мунтазирем, Қум, Бунёди фарҳангии ҳазрати Маҳдии Мавъуд (аҷ), 1396ҳ.ш.