Ояти 33 сураи Анфол
| Маълумот дар бораи оят | |
|---|---|
| Воқеъ дар сураи | Анфол |
| Шумораи оят | 33 |
| Ҷузъ | 9 |
| Мавзуъ | Эътиқодӣ • Ахлоқӣ |
| Дар бораи | Мақоми Пайғамбар (с) • азоби истисол |
| Оёти муртабит | Ояти 107 сураи Анбиё • Ояти 52 сураи Ҳуд |
Ояти 33 сураи Анфол (форсӣ: آیه ۳۳ سوره انفال) бозгӯи он аст, ки Худованд ба сабаби ҳузури Пайғамбари акрам (с) дар миёни мардум ва истиғфори онон, азоби истисолро аз уммати Ислом бардоштааст.[1]
Ин оят дар посух ба дархости мушрикони Макка барои нузули азоб нозил шуд. Онҳо мегуфтанд, агар Қуръон ҳақ аст, азобе аз осмон бар мо нозил шавад.[2]
| “ | Ва то ту дар миёни онон ҳастӣ, Худо бар он нест, ки эшонро азоб кунад ва то онон талаби омурзиш мекунанд, Худо азобкунандаи эшон нахоҳад буд.[Анфол: 33] |
” |
Муфассирон, манзур аз азоб дар ин оятро азоби истисол (азоби дастаҷамъӣ)[3] донистаанд.[4] Аз ин рӯ, ба гуфтаи Алломма Таботабоӣ, оят азобро аз тамоми уммат нафй мекунад ва мунофоте бо азоби шахсони хос, монанди Абулаҳаб, надорад.[5]
Муфассирон вижагии нафйи азоб аз умматро аз ҷилваҳои раҳматун лилъоламин будани Пайғамбар донистаанд.[6] Баъзе аз онон мисли Фазл ибни Ҳасан Табарсӣ ин ҳукмро шомили мушрикони Макка низ донистаанд,[7] дар ҳоле ки Абдуллоҳ Ҷаводии Омулӣ истиғфорро ба маънои Ислом овардани онон тафсир кардааст.[8] Ҳамчунин бар асоси ривояте аз Имом Содиқ (а) ки дар Тафсири ал-Бурҳон нақл шуда, истиғфири Пайғамбар барои уммат пас аз вафоташ низ идома дорад.[9]
Эзоҳ
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.154-155.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.152.
- ↑ Таййиб, Атяб-ул-баён, 1378ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.112.
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.829.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.68.
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.829.
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.829.
- ↑ Ҷаводии Омулӣ, Тафсири тасним, 1393ҳ.ш., ҷ.33, саҳ.392.
- ↑ Баҳронӣ, ал-Бурҳон, 1416ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.680-681.
Сарчашма
- Баҳронӣ, Сайид Ҳошим, ал-Бурҳон фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Бунёди беъсат, чопи аввал, 1416ҳ.қ.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи аввал, 1374ҳ.ш.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Интишороти Носири Хусрав, чопи севум, 1372ҳ.ш.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Дафтари нашри исломӣ (Ҷомеаи мударрисин), чопи панҷум, 1417ҳ.қ.
- Таййиб, Абдулҳусайн, Атяб-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Интишороти Ислом, чопи дувум, 1378ҳ.ш.
- Ҷаводии Омулӣ, Абдуллоҳ, Тафсири тасним, Қум, Маркази нашри Исро, чопи дувум, 1393ҳ.ш.