Ояти 144 сураи Оли Имрон
| Маълумот дар бораи оят | |
|---|---|
| Воқеъ дар сураи | Оли Имрон |
| Шумораи оят | 144 |
| Ҷузъ | 4 |
| Шаъни нузул | Дорад |
| Макони нузул | Мадина |
| Мавзуъ | Эътиқодӣ ва ахлоқӣ |
| Дар бораи | Мусалмононе ки бо хабари кушта шудани Пайғамбар (с) дар ҷанги Уҳуд аз дини Ислом баргаштанд. |
Ояти 144 сураи Оли Имрон (форсӣ: آیه ۱۴۴ سوره آلعمران) ояте, ки Пайғамбари Исломро фақат фиристодае аз ҷониби Худо муаррифӣ мекунад, ки бо марги ӯ мусулмонон набояд аз ақидаи худ даст бардоранд.[1] Дар ин оят, дар айни накӯҳиши касоне, ки аз дини Ислом баргаштанд, ба шукргузорон ваъдаи подош дода шудааст.[2] Шокирон касоне буданд, ки пас аз шунидани овозаи шаҳодати Пайғамбар (с) аз талош даст накашиданд. Ба гуфтаи Аллома Таботабоӣ онон дар масири имон собитқадам[3] буда ва аз шайтон маҳфузанд.[4]
| “ | Ва Муҳаммад ҷуз фиристодае, ки пеш аз ӯ [ҳам] паёмбароне [омадаву] гузаштаанд, нест. Оё агар ӯ бимирад ё кушта шавад, аз ақидаи худ бармегардед? Ва ҳар кас аз ақидаи худ бозгардад, ҳаргиз ҳеҷ зиёне ба Худо намерасонад ва ба зудӣ Худованд сипосгузоронро подош медиҳад. ﴾Сураи Оли Имрон, ояти 144﴿ |
” |
Муфассирони шиа[5] ва аҳли суннат[6] эътиқод доранд, ки шаъни нузули ин оят ба касоне вобастааст, ки пас аз шунидани овозаи шаҳодати ҳазрати Муҳаммад (с) дар ҷанги Уҳуд аз дини Ислом баргаштанд. Аллома Таботабоӣ низ сиёқи оятро далеле бар ин шаъни нузул медонад.[7] Бо ин ҳол, Сайид Абдулҳусайни Тайиб бар он аст, ки ин оят ба баъзе аз ҳаводиси пас аз вафоти Пайғамбар (с) ва моҷарои ҷонишинии ӯ ишора дорад.[8] Дар Тафсири Айёшӣ нақл шуда, ки Имом Алӣ (а) дар ҷанги Ҷамал фармуд, ки Худо ҳеҷ пайғамбареро қабзи рӯҳ накард, магар ин ки дар миёни мардум, касе бар сира ва суннати ӯ ҳидоят мекардааст. Сипас ин оятро қироат намуд.[9]
Дар ҷанги Уҳуд, Амр ибни Қамиа санге ба сӯи Пайғамбар (с) партофт, ки ба эшон осеб расонд. Мусъаб ибни Умайр, ки шабеҳи Пайғамбар буд, ба шаҳодат расид ва душман гумон кард, ки Пайғамбар (с) шаҳид шудааст. Ин овоза боиси тазалзул дар сафҳои мусулмонон гардид ва гурӯҳе аз майдони ҷанг гурехтанд, аммо афроде чун Имом Алӣ (а) ва Абудуҷона муқовимат карданд.[10] Пас аз он ки мушаххас шуд, ки Пайғамбар (с) зинда аст, оят нозил шуд ва гурехтагонро накӯҳиш ва истиқоматкунандагонро ташвиқ кард.[11]
Аз дидгоҳи бисёре аз муфассирони шиа, ҷумлаи «انْقَلَبْتُمْ عَلَى أَعْقَابِكُمْ/инқалабтум ало аъқобикум» ба маънии бозгашт аз дини Ислом[12] пас аз овозаи кушта шудани Пайғамбар (с) аст.[13] Фахри Розӣ, аз муфассирони аҳли суннат, ин назарро таъйид кардааст.[14] Баъзе муфассирони шиа ва суннӣ, «انْقَلَبْتُمْ»-ро[15] ҳам ба маънии тарки тавҳид ва ҳам тарки ҷиҳод донистаанд.[16] Муҳаммадҳодии Маърифат низ ин ҷумларо ба маънии ҳисси поёни дини Ислом, пас аз вафоти Пайғамбар (с) медонад.[17] Тайиб ин иртидодро бо изтироб дар интихоби васеъ пас аз Пайғамбар (с) марбут медонад.[18]
Макорими Шерозӣ ин оятро дарсе барои мусулмонон медонад, ки набояд ба шахс ё гурӯҳи хоссе такя кунанд, балки бояд усулҳо ва ташкилотмеҳвар бошанд.[19] Аллома Таботабоӣ низ таъкид мекунад, ки мусулмонон набояд бақои динро ба зинда будани Пайғамбар гиреҳ бизананд.[20]
Эзоҳ
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.850.
- ↑ Ашкӯрӣ, Тафсири шарифи Лоҳиҷӣ, 1373ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.385; Таботабоӣ, Ал-Мизон, 1350-1353ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.38; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371-1374ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.117; Маърифат, ат-Тафсир ал-асрӣ ал-ҷомеъ, 1387ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.107; Фахри Розӣ, ат-Тафсир ал-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.377.
- ↑ Таботабоӣ, Ал-Мизон, 1350-1353ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.39-40.
- ↑ Таботабоӣ, Ал-Мизон, 1350-1353ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.39.
- ↑ Қумӣ, Тафсирул-Қуммӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.119; Тӯсӣ, ат-Тибён, Бейрут, ҷ.3, саҳ.6-7; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.848-849; Абулфутуҳи Розӣ, Равз-ул-ҷинон, 1371ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.91-94; Кошифӣ, Тафсири кабири Манҳаҷ-ус-содиқин, 1336ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.349-350; Ҷурҷонӣ, Тафсири Гозур, 1337ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.130-133; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371-1374ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.115; Муғния, ат-Тафсир ал-кошиф, Дорул-китобил-исломӣ, 1428ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.169-171; Маърифат, ат-Тафсир ал-асрӣ ал-ҷомеъ, 1387ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.107.
- ↑ Абдуҳ, ал-Аъмол ал-камила, 1427ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.118-119; Байзовӣ, Анвор ут-танзил, 1418ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.41; Фахри Розӣ, ат-Тафсир ал-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.376; Замахшарӣ, ал-Кашшоф, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.422-423.
- ↑ Таботабоӣ, Ал-Мизон, 1350-1353ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.37-38.
- ↑ Тайиб, Атиб-ул-баён, 1378ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.375.
- ↑ Айёшӣ, Тафсирул-Айёшӣ, 1380ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.200.
- ↑ Қумӣ, Тафсирул-Қуммӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.119; Тӯсӣ, ат-Тибён, Бейрут, ҷ.3, саҳ.6-7; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.848-849; Абулфутуҳи Розӣ, Равз-ул-ҷинон, 1371ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.91-94; Кошифӣ, Тафсири кабири Манҳаҷ-ус-содиқин, 1336ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.349-350; Ҷурҷонӣ, Тафсири Гозур, 1337ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.130-133; Таботабоӣ, Ал-Мизон, 1350-1353ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.37; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371-1374ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.115; Муғния, ат-Тафсир ал-кошиф, Дорул-китобил-исломӣ, 1428ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.169-171; Маърифат, ат-Тафсир ал-асрӣ ал-ҷомеъ, 1387ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.107.
- ↑ Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.87; Шайхи Тӯсӣ, ал-Амолӣ, 1414ҳ.қ., саҳ.143; Кӯфӣ, Тафсири Фуройти Кӯфӣ, 1410ҳ.қ., саҳ.95; Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1363ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.110; Шайхи Садуқ, ал-Амолӣ, 1376ҳ.ш., саҳ.200; Ибни Ҳишом, ас-Сиратун-набавия, Дорул-маърифа, ҷ.2, саҳ.100; Табарӣ, Таърихут-Табарӣ, 1346ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.514-515; Зирандӣ, Назми дурар ас-самтайн, 1425ҳ.қ., 2004м., саҳ.153-154; Ибни Асир, ал-Комил, 1385ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.148-154.
- ↑ Таботабоӣ, Ал-Мизон, 1350-1353ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.37.
- ↑ Муқотил ибни Сулаймон, Тафсири Муқотил ибни Сулаймон, 1423ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.305; Қумӣ, Тафсирул-Қуммӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.119; Тӯсӣ, ат-Тибён, Бейрут, ҷ.3, саҳ.7; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.850; Абулфутуҳи Розӣ, Равз-ул-ҷинон, 1371ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.96; Файзи Кошифӣ, Тафсиру-с-Софӣ, 1373ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.387; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371-1374ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.116-117.
- ↑ Фахри Розӣ, ат-Тафсир ал-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.377.
- ↑ Ашкӯрӣ, Тафсири шарифи Лоҳиҷӣ, 1373ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.384-385; Кошифӣ, Тафсири кабири Манҳаҷ-ус-содиқин, 1336ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.350-351; Содиқи Теҳронӣ, ал-Балоғ, 1377ҳ.ш., саҳ.68.
- ↑ Муғния, ат-Тафсир ал-кошиф, Дорул-китобил-исломӣ, 1428ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.171; Абдуҳ, ал-Аъмол ал-камила, 1427ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.118-119.
- ↑ Маърифат, ат-Тафсир ал-асрӣ ал-ҷомеъ, 1387ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.107.
- ↑ Тайиб, Атиб-ул-баён, 1378ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.375.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371-1374ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.116-117.
- ↑ Таботабоӣ, Ал-Мизон, 1350-1353ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.37.
Сарчашма
- Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, ал-Комил фи-т-таърих, Бейрут, Дор Содир, чопи аввал, 1385ҳ.қ.
- Ибни Ҳишом, Абдулмалик, ас-Сиратун-набавия, ба таҳқиқ ва тасҳеҳи Иброҳими Абёрӣ ва Мустафо Саққо ва Абдулҳафиз Шаблӣ, Бейрут, Дорул-маърифа, бе то.
- Абулфутуҳи Розӣ, Ҳусайн ибни Алӣ, Равз-ул-ҷинон ва рӯҳ-ул-ҷинон фи тафсирил-Қуръон, ба тасҳеҳи Муҳаммадмаҳдии Носиҳ ва Муҳаммадҷаъфари Ёҳақӣ, Машҳад, Бунёди пажӯҳишҳои исломии Остони Қудси Разавӣ, 1371ҳ.ш.
- Ашкӯрӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, Тафсири шарифи Лоҳиҷӣ, ба тасҳеҳи Ҷалолуддини Муҳаддис, Теҳрон, Дафтари нашри Дод, 1373ҳ.ш.
- Байзовӣ, Абдуллоҳ ибни Умар, Анвор ут-танзил ва асрор ут-таъвил, гирдоварии Муҳаммад Абдурраҳмони Маръашлӣ, Бейрут,Дор иҳёъ ат-турос ал-арабӣ, 1418ҳ.қ./ 1998м.
- Ҷурҷонӣ, Ҳусайн ибни Ҳасан, Тафсири Гозур, гирдоварии Азизуллоҳи Аттордии Қӯчонӣ, ба тасҳеҳи Ҷалолуддини Муҳаддис, беҷо, бино, 1337ҳ.ш./ 1378ҳ.қ.
- Зирандӣ, Муҳаммад ибни Юсуф, Назми дурар ас-самтайн фи фазоилил-Мустафо вал-Муртазо ва-л-Батул ва-с-сибтайн, ба таҳқиқи Алӣ Ошур, Бейрут, Дор иҳёъ ат-турос ал-арабӣ, 1425ҳ.қ., 2004м.
- Замахшарӣ, Маҳмуд ибни Умар, ал-Кашшоф, Бейрут, Дорул-китобил-арабӣ, 1407ҳ.қ.
- Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Амолӣ, ба тарҷумаи Муҳаммадбоқири Камарҳаӣ, Теҳрон, Китобчӣ, 1376ҳ.ш.
- Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Амолӣ, Қум, Дорус-сақофа, 1414ҳ.қ.
- Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсирил-Қуръон, бо муқаддимаи Муҳаммадмуҳсини Оқабузурги Теҳронӣ, ба тасҳеҳи Аҳмади Ҳабиби Омилӣ, Бейрут, Дор иҳёъ ат-турос ал-арабӣ, бе то.
- Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршод фи маърифати ҳуҷаҷиллоҳи алал-ибод, Қум, ал-Муътамарул-ъаламии ли алфияти-ш-Шайхил-Муфид, 1413ҳ.қ.
- Содиқи Теҳронӣ, Муҳаммад, ал-Балоғ фи тафсирил-Қуръон бил-Қуръон, Қум, Мактабату Муҳаммад ас-Содиқи ат-Теҳронӣ, 1377ҳ.ш./ 1419ҳ.қ.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Ал-Мизон фи тафсирил-Қуръон, Бейрут, Муассисатул-аъломии лил-матбуъот, 1350-1353ҳ.қ.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён, ба тасҳеҳи Ҳошими Расӯлӣ, Фазлуллоҳ Яздии Таботабоӣ, Бейрут, Дорул-маърифа, 1408ҳ.қ.
- Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърихут-Табарӣ: таърихул-умам вал-мулук, Бейрут, Равоиъут-турос ал-арабӣ, 1346ҳ.ш./ 1387ҳ.қ./ 1967м.
- Тайиб, Абдулҳусайн, Атиб-ул-баён фи тафсирил-Қуръон, Теҳрон, Ислом, 1378ҳ.ш.
- Абдуҳ, Муҳаммад, ал-Аъмол ал-камила, ба таҳқиқи Муҳаммади Аммора, Миср, Доруш-шуруқ, 1427ҳ.қ./ 2006м.
- Айёшӣ, Муҳаммад ибни Масъуд, Тафсирул-Айёшӣ, ба тасҳеҳи Ҳошими Расӯлӣ, Теҳрон, Мактабатул-илмиятил-исломия, 1380ҳ.қ.
- Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, ат-Тафсир ал-кабир (Мафотиҳул-ғайб), Бейрут, Дор иҳёъ ат-турос ал-арабӣ, 1420ҳ.қ./ 1999м.
- Файзи Кошифӣ, Муҳаммад ибни Шоҳи Муртазо, Тафсиру-с-Софӣ, ба тасҳеҳи Ҳусайни Аъломии, Теҳрон, Мактабату-с-Садар, 1373ҳ.ш./ 1415ҳ.қ.
- Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, Тафсирул-Қуммӣ, ба тасҳеҳи Тайиби Ҷазоирӣ, Қум, Дорул-китоб, 1404ҳ.қ.
- Кошифӣ, Фатҳуллоҳ ибни Шукруллоҳ, Тафсири кабири Манҳаҷ-ус-содиқин фи изомил-мухолифин, Теҳрон, китобфурӯшӣ ва чопхонаи Муҳаммадҳасани Илмӣ, 1336ҳ.ш.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, ба тасҳеҳи Алӣакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, 1363ҳ.ш.
- Кӯфӣ, Фурот ибни Иброҳим, Тафсири Фуройти Кӯфӣ, ба тасҳеҳи Муҳаммади Козим, Теҳрон, Муассисатут-табъ ван-нашри Возоратис-сақофа ва-л-иршоди исломӣ, 1410ҳ.қ./ 1990м.
- Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, ат-Тафсир ал-асрӣ ал-ҷомеъ, Қум, Муассисаи фарҳангӣ-интишоротии ат-Тамҳид, 1387ҳ.ш./ 1429ҳ.қ./ 2008м.
- Муғния, Муҳаммадҷавод, ат-Тафсир ал-кошиф, беҷо, Дорул-китобил-исломӣ, 1428ҳ.қ./ 2003м.
- Муқотил ибни Сулаймон, Тафсири Муқотил ибни Сулаймон, ба таҳқиқи Абдуллоҳи Маҳмуди Шаҳҳота, Бейрут, Дор иҳёъ ат-турос ал-арабӣ, 1423ҳ.қ./ 2002м.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, 1371-1374ҳ.ш.