Jump to content

Масҷиди Ҷамкарон

Аз wikishia
Масҷиди Ҷамкарон

Масҷиди Ҷамкарон (форсӣ: مسجد جمکران), масҷиде мансуб ба Имом Маҳдӣ (аҷ), дувоздаҳумин имоми шиаён, ки дар асри чоруми ҳиҷрии қамарӣ дар канори шаҳри Қум бунёд шудааст. Бино ба гуфтаи Мирзо Ҳусайни Нурӣ, муҳаддиси шиа дар асри сенздаҳуми қамарӣ, ин масҷид бо фармони Имом Маҳдӣ (аҷ) ва ба дасти яке аз уламои Қум бо номи Абулҳасан бунёд ёфтааст. Муҳаддиси Нурӣ аз мулоқоте ёд мекунад, ки Ҳасан ибни Муслаи Ҷамкаронӣ бо Ҳазрати Маҳдӣ (аҷ) доштааст ва Имом дастури сохтани масҷиди Ҷамкаронро додааст. Мирзо Ҳусайни Нурӣ соли рух додани ин воқеаро 373 ё 393ҳ.қ. дониста ва нақли ривояти мазкурро ба китоби Мунис-ул-ҳазин асари Шайх Садуқ нисбат додааст. Бо ин вуҷуд, бархе муҳаққиқон дар мансуб будани ин масҷид ба Имом Маҳдӣ шубҳа доранд ва ба далелҳое истинод мекунанд; аз ҷумла: зикр нашудани ин китоб дар манобеи риҷолии шиа ва ишора нашудани ин воқеа дар дигар осори Шайх Садуқ.
Дар ин масҷид маросимҳои мазҳабӣ чун ҷашни Нимаи Шаъбон, дуои Тавассул ва дуои Нудба баргузор мешавад ва мардум аз гӯшаҳои гуногуни Эрон ва дигар манотиқи ҷаҳон, махсусан дар шаби Чоршанбе, ба масҷиди Ҷамкарон меоянд. Бархе муҳаққиқон зиёрати масҷиди Ҷамкарон дар шаби чоршанберо тибқи тавсияи Имом Маҳдӣ ба Ҳасан ибни Муслаи Ҷамкаронӣ дониста ва ҳузури уламое чун Муҳаммадтақии Бофқӣ дар шабҳои чоршанбе дар масҷиди Ҷамкаронро сабаби рушду ривоҷи ин суннат шуморидаанд.
Масҷиди Ҷамкарон дар давраҳои гуногун таъмир ва бозсозӣ шудааст; куҳантарин катибае ки вуҷуд дорад, ба таъмири он дар соли 1167ҳ.қ. ишора мекунад. Масҷид то пеш аз Инқилоби исломии Эрон дар соли 1357ҳ.ш. бинои хурде дошт, аммо баъд аз он ба таври чашмгире густариш ёфтааст. Маҷмуаи масҷиди Ҷамкарон аз саҳни берунӣ, саҳни асосӣ, шабистонаҳо, масҷиди мақом ва биноҳои идорӣ иборат аст.
Барои масҷиди Ҷамкарон аъмоли махсуси ибодӣ зикр шудааст; аз ҷумла ду ракъат намози таҳияти масҷид ва ду ракъат намози Имоми Замон. Муҳаддиси Нурӣ ин аъмолро ба Имоми Замон нисбат дода ва Шайх Аббоси Қумӣ ба нақл аз ӯ дар Мафотиҳ-ул-ҷинон овардааст.

Мавқеъ ва номгузорӣ

Масҷиди Ҷамкарон, масҷиде мансуб ба Ҳазрати Маҳдӣ (аҷ)[1] дар канори шаҳри Қум ва тақрибан 8 километр дуртар аз ҳарами ҳазрати Маъсума (с) воқеъ аст.[2] Ин масҷид бинобар наздикӣ ба деҳаи Ҷамкарон ба ин ном машҳур гаштааст.[3] Дар гузашта ин масҷид бар асоси як санги мармаре, ки Қадамгоҳи Имоми дувоздаҳуми шиаён дониста мешуд,[4] бо номи «Масҷиди Қадамгоҳ» маъруф буд.[5] Масҷиди Ҷамкарон, бинобар нисбат доданаш ба Имоми Замон,[6] бо номи «Масҷиди Соҳибуззамон» низ шинохта мешавад.[7]

Мансубият ба Имом Маҳдӣ (аҷ)

Бар асоси нақли Мирзо Ҳусайни Нурӣ (ваф.1320ҳ.қ.), аз муҳаддисони шиа, масҷиди Ҷамкарон дар асри чоруми қамарӣ бо фармони Имом Маҳдӣ (аҷ) ва ба дасти шахсе бо номи Сайид Абулҳасан аз уламои Қум бунёд шудааст.[8] Муҳаддиси Нурӣ аз Ҳасан ибни Муслаи Ҷамкаронӣ нақл мекунад, ки ӯ дар шаби сешанбе, 17-уми рамазони 393ҳ.қ. дар маҳале, ки баъдан масҷиди Ҷамкарон дар он бунёд шуд, ба ҳузури Имоми Замон расид ва ҳазрат ба ӯ дастуроте дод: аввал ин ки ба Ҳасан ибни Муслим бигӯяд, ки дар ин макон — ки замини мубораке аст ва ӯ онро ба замини худ ҳамроҳ карда — дигар кишоварзӣ накунад. Дуввум ин ки ба Сайид Абулҳасан (аз уламои Қум) бигӯяд, ки бо гирифтани маблағе, ки Ҳасан ибни Муслим аз чанд соли кишоварзӣ дар он замин ба даст оварда буд, дар он ҷо масҷиде бунёд кунад.[9]
Бар ин асос, баъд аз ин воқеа, Сайид Абулҳасан масҷиде бо сақфи чӯбин дар маконе, ки ҳудуди он аз тарафи Имоми Замон муайян шуда буд, бино кардааст.[10][Ёддошт 1]

Манобеъи зикри воқеа

Қиссаи бунёди масҷиди Ҷамкарон дар китобҳои Муҳаддиси Нурӣ чун Калимаи тайиба[11], Наҷм-ус-соқиб[12], Мустадрак-ул-васоил[13] ва Ҷаннат-ул-маъво[14] нақл шудааст. Муҳаддиси Нурӣ ин қиссаро ба китоби Таърихи Қум нисбат дода ва навиштааст, ки таърихи Қум онро аз китоби Мунис-ул-ҳазин фи маърифат-ил-ҳаққи ва-л-яқин асари Шайх Садуқ нақл кардааст.[15] Муҳаддиси Нурӣ ҳамчунин дар Мустадрак-ул-васоил гуфтааст, ки ин қиссаро дар канори китоби Нақд-ур-риҷол бо хатти Муҳаммадалӣ Беҳбаҳонӣ (ваф.1216ҳ.қ.) дидааст, ки онро ба китоби Мунис-ул-ҳазин нисбат додааст.[16]

Шубҳаҳо

Муҳаддиси Нурӣ (ваф.1320ҳ.қ.), соли бунёди масҷиди Ҷамкаронро дар бархе аз осори худ соли 393ҳ.қ.[17] ва дар бархеи дигар соли 373ҳ.қ. донистааст.[18] Носирушшариа, муаллифи китоби Таърихи Қум, эҳтимол додааст, ки ин воқеа сад сол пештар ва дар соли 293ҳ.қ. иттифоқ афтода бошад.[19] Муҳаддиси Нурӣ низ дар канори китоби Нақд-ур-риҷол ҳамин солро зикр кардааст.[20]

Бархе муҳаққиқон дар саҳеҳ будани масъалаи мансубияти масҷиди Ҷамкарон ба Имоми Замон (аҷ) шубҳа кардаанд. Алии Давонӣ ишора мекунад, ки ном набурдани китоби Мунис-ул-ҳазин аз Шайх Садуқ дар манобеъи риҷолӣ, набудани ин воқеа дар панҷ боби тарҷумашудаи китоби Таърихи Қум, ва ишора нашудани он дар дигар осори Шайх Садуқ аз нуқсонҳои ривоятҳои марбут ба ин мавзуъ аст.[21]

Аъмоли ибодии масҷиди Ҷамкарон

Мақолаи аслӣ: Намози Имоми Замон

Барои масҷиди Ҷамкарон ду намози ду ракъатӣ зикр шудааст: намози таҳияти масҷид ва намози Имоми Замон;[22]

Муҳаддиси Нурӣ, маншаи аъмоли масҷиди Ҷамкаронро ба Имоми Замон нисбат додааст ва аз ӯ нақл мекунад, ки «мардум ба ин макон рӯй оваранд ва онро гиромӣ доранд». Тавре ки ӯ навиштааст, касе, ки ин чор ракъат намозро дар масҷиди Ҷамкарон ба ҷо оварад, монанди касест, ки дар Каъба намоз хондааст.[26] Шайх Аббоси Қумӣ ин аъмолро ба нақл аз устодаш Муҳаддиси Нурӣ дар Мафотиҳ-ул-ҷинон овардааст.[27] Алии Давонӣ, таърихнигор ва муҳаққиқ, ба пайравӣ аз шубҳа дар нисбат додани масҷиди Ҷамкарон ба Имом Маҳдӣ (аҷ), дар нисбат додани ин аъмол ба ӯ низ шубҳа кардааст.[28]

Зиёрати масҷид дар шабҳои чоршанбе

Ҷашни Нимаи Шаъбон дар масҷиди Ҷамкарон (25 баҳман 1403ҳ.ш.)

Алии Асғар Фақиҳӣ, муаллифи китоби Таърихи ҷомеи Қум дар соли 1350ҳ.ш.,[29] масҷиди Ҷамкаронро яке аз пурравнақтарин масоҷиди Эрон дар он замон донистааст, ки дар шабҳои чоршанбе мардум аз шаҳрҳои гуногун дар он ҷо ҳозир мешуданд.[30]
Бархе муҳаққиқон таъкид бар зиёрати масҷиди Ҷамкарон дар шабҳои чоршанберо мутобиқ бо ривояти Ҳасан ибни Муслаи Ҷамкаронӣ донистаанд,[31][32] зеро мулоқоти ӯ бо Имоми Замон дар маҳалли масҷид дар шаби сешанбе сурат гирифта ва ҳазрат ба ӯ фармуд, ки шаби фардо (чоршанбе) бузе аз як гала биёрад, онро онҷо забҳ кунад ва гӯштҳояшро дар рӯзи чоршанбе миёни беморон тақсим кунад.[33]
Муаллифи таърихи ҷомеи Қум равнақ гирифтани масҷиди Ҷамкаронро натиҷаи таваҷҷуҳи Муҳаммадтақии Яздии Бофқӣ донистааст, ки шомҳои сешанбе бо гурӯҳе аз толибилмҳо пиёда ба сӯи масҷид мерафтанд ва намози шом ва хуфтанро дар он ҷо мехонданд ва то субҳ ба ибодат машғул мешуданд.[34] Ба гуфтаи Носирушшариа, қаблан дар шабҳои ҷумъа низ афроде аз Қум дар ин масҷид ба ибодат мепардохтанд.[35]
Масҷиди Ҷамкарон макони баргузории бархе аз маросимҳои мазҳабӣ чун ҷашни Нимаи Шаъбон низ мебошад.[36] Ҳамчунин дар шабу рӯзи ҷумъа дуои Кумайл ва Нудба, ва дар шабҳои чоршанбе дуои Тавассул дар ин масҷид баргузор мешавад ва афрод аз манотиқи гуногун, ба вижа дар ин айём, дар он ҷо ҳозир мешаванд.[37] Гуфта шудааст, ки теъдоди зоирони солона ба 15 миллион нафар мерасад.[38]

Таърихча ва таҳаввулот

Тасвире аз масҷиди қадимаи Ҷамкарон

Бар асоси ривояте, ки Мирзо Ҳусайни Нурӣ нақл кардааст, сохтмони масҷиди Ҷамкарон ба асри чоруми қамарӣ бармегардад.[39] Сайид Ҳусайн Мударрисии Таботабоӣ эҳтимол додааст, ки масҷиди Ҷамкарон ҳамон масҷиди Хаттоби Асадӣ бошад, ки ба гуфтаи Таърихи Қум, дар оғози асри дуввуми қамарӣ дар деҳаи Ҷамкарон бунёд шудааст.[40][Ёддошт 2]

Бархе муҳаққиқони дигар масҷиди Ҷамкаронро ғайр аз масҷиди зикршуда дониста ва бо истинод ба нақли Муҳаддиси Нурӣ, сохтмони онро ба асри чаҳорум нисбат додаанд.[41]

Бо вуҷуди ин, дар манобеи таърихӣ иттилооти зиёд дар бораи масҷиди Ҷамкарон ёфт намешавад. Танҳо дар китоби Хулосат-ул-таворих, дар зимни тавсифи рӯйдодҳои соли 986ҳ.қ., дар шарҳи ҳолати Мирғиёсуддин Муҳаммад Мирмирон омадааст, ки вай ҳангоми иқомат дар деҳаи Ланҷаруди Қум, гоҳе дар маконе, ки бо номи мақоми Имоми Замон маъруф будааст, дар Ҷамкарон ба эътикоф мепардохт.[42] Ба гуфтаи Алиасғари Фақиҳӣ, таърихпажӯҳи муосир, манзури ӯ аз он мақом, ҳамон масҷиди Ҷамкарон будааст.[43]

Таъмири масҷид

Масҷиди Ҷамкарон дар давраҳои мухталиф таъмир ва бозсозӣ шудааст; бар асоси катибаи боқимонда бо таърихи 1167ҳ.қ., Мирзо Алиакбар Ҷамкаронӣ дар ҳамин сол масҷидро таъмир кардааст. Ҳамчунин, бар пояи ҳамин катиба, бино дар он замон иборат аз масҷиде бо андозаи 17×5 метр дар ҷануби саҳне бо андозаи 17×13 метр будааст.[Ёддошт 3][44]

Баъдан Алиқулии Ҷамкаронӣ сохтмони як ҷониби саҳни масҷидро оғоз кард, аммо саҳн нотамом монд то он ки Алиасғархон Атобак дар авоили ҳукмронии Муззафаруддиншоҳи Қоҷор (1232–1285ҳ.ш.) онро таъмир намуд.[45] Муҳаммадтақии Бофқӣ (ваф.1325ҳ.ш.), аз уламои Қум, низ таъмироте дар масҷид анҷом додааст.[46]

Ҳамчунин шахсе ба номи Сайид Муҳаммад Оқозода дар соли 1332ҳ.ш. қисматҳое аз масҷидро таъмир кард ва толоре дар ҷануби саҳни он бино намуд.[47]

Дар қисмати ҷанубу шарқии масҷид, манораи хиштӣ бо баландии 17 метр ҷой доштааст, ки бар асоси як катиба, дар соли 1318ҳ.ш. сохта шудааст.[48]

Тавсеаи бино дар Ҷумҳурии исломии Эрон

Саҳни аслии масҷиди Ҷамкарон

Баъд аз Инқилоби исломии 1979 дар Эрон, Шӯрои мудирияти Ҳавзаи илмияи Қум ҳайати амонатдорони масҷиди Ҷамкаронро муаррифӣ кард ва Идораи авқоф ва умури хайрия назорат бар умури онро ба ӯҳда гирифт.[49] Ва тавсеаи масҷид бо суръат оғоз ёфт. Баъдан 40 гектар замин ба масҷиди Ҷамкарон ихтисос дода шуд, ки 5,5 гектари он ба муҳит ва саҳни аслии масҷид бахшида шуд.[50] Ҳамчунин дар соли 1382ҳ.ш. тарҳе тасдиқ шуд, ки барои маҷмааи масҷиди Ҷамкарон тақрибан 250 гектар замин дар назар гирифта шуда буд. Тақрибан 30 ҳазор метри мураббаи он ба масҷиди Мақом ва шабистонҳо ихтисос ёфт ва боқимонда ба саҳн ва биноҳои идорӣ ва хидматӣ марбут мешуд. Бар асоси ин тарҳ, ҳамаи биноҳои масҷид ба ҷуз масҷиди Мақом бозсозӣ шуданд.[51]

Масҷиди Ҷамкарон бо воҳидҳои мухталифе чун воҳиди маросим ва таблиғот, равобити умумӣ, китобхона, нашриёт, сабти кароматҳо ва назрҳову тӯҳфаҳо идора мешавад. Сайид Алиакбар Уҷоқнажод масъулияти тавлияти масҷидро бар ӯҳда дорад.[52] Пеш аз ӯ, Муҳаммадҳусайн Раҳимиён ва Абулқосим Вофӣ масъулияти тавлияти масҷиди Ҷамкаронро бар ӯҳда доштанд.[53]

Меъморӣ ва биноҳо

Маҷмуаи масҷиди Ҷамкарон аз қисмҳои гуногуне чун масҷиди мақом, шабистонҳо, саҳни асосӣ ва биноҳои идораӣ таркиб ёфтааст.

Масҷиди мақом

Бинои шабистони асосии масҷиди Ҷамкарон, ки бо номи "Масҷиди мақом" шинохта мешавад, тақрибан 1100 метр мураббаъ масоҳат дорад. Айвони дохилшавӣ аз тариқи се дари вурудӣ ба шабистон пайваст мешавад ва дар атрофи айвон ду манора бо баландии 60 метр қарор дорад. Шабистон ҳашт сутун дорад, ки гунбади масҷид бо созаи филизӣ бар болои онҳо қарор гирифтааст. Дар пояи гунбад 23 тиреза ҷойгир шудааст, ки нури шабистонро таъмин мекунад. Сатҳи берунии гунбад бо кошиҳои фирузагӣ пӯшида шуда ва бо навиштаҷоти таҳлил ва туранҷҳое бо ибораи «یا مهدی ادرکنی» ("Ё Маҳдӣ, адрикнӣ") оро ёфтааст. Сатҳи дохилии гунбад бо кошиҳои муаррақ ва омезиши хишти пӯхта оро дода шудааст. Ҳамчунин сутунҳо, меҳроб, айвони дохилшавӣ ва ду манораи атроф бо кошиҳои муаррақ ва муқарнаскорӣ оро ёфтаанд.[54]

Саҳни асосӣ

Масҷиди Ҷамкарон шаш дари дохилшавӣ дорад, ки дари шимолу шарқӣ бевосита ба шабистони асосӣ мерасад.[55] Дар атрофи саҳн манораҳое сохта шудаанд, ки ба гуфти масъулони масҷиди Ҷамкарон, шумораи онҳо ба 14 хоҳад расид.[56]

Шабиcтонҳо

Шабиcтонҳои ғарбӣ ва шарқӣ: Дар ду тарафи масҷиди мақом ду шабиcтон мавҷуд аст, ки ҳар яке бо 4 ҳазор метр мураббaъ зербино дар ду табақа сохта шудаанд. Қисмҳои дохилии ин шабиcтонҳо оинакорӣ шудаанд ва ҳар кадоме аз онҳо ду гунбад доранд.[57]

Чоҳи Ариза

Мақолаи аслӣ: Чоҳи ариза
Чоҳи ариза

Дар саҳни берунии масҷид, ва дар пушти бинои масҷиди мақом, чоҳе мавҷуд аст, ки бо номи Чоҳи ариза машҳур аст.[58] Баъзе аз шиаён бо эътиқод ба қудсии ин чоҳ, ариза ва номаҳои худро ба Имоми Замон (аҷ) дар он меандозанд.[59] Ба гуфти баъзе аз муҳаққиқон, барои ин чоҳ ҳеҷ санде ёфт нашудааст ва ҳеҷ яке аз марҷеъҳои тақлид барои он қудсият қоиланд нестанд.[60] Оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон[61] ва Оятуллоҳ Макарими Шерозӣ[62] аз марҷеъҳои тақлид, бо андохтани нома ба дохили чоҳи мазкур ихтилоф кардаанд. Ҳамчунин гуфта шудааст, ки дар байни меҳроби масҷид, чоҳи хурде қарор доштааст, ки баъзе зоирҳо барои табаррук аз дохили он хок бармедоштанд. Дар меҳроби масҷид, порае аз санг ҳам мавҷуд будааст, ки дар байни он асар як қадами калон, ба нишонаи қадамгоҳ будани масҷид, ҳаккокӣ шуда буд, ки дар соли 1350ҳ.қ., бо фармони Файзи Қумӣ (ваф.1370 ҳ.қ) ба нишонаи бидъат будан, аз байн бурда шудааст.[63]

Ба гузориши баъзе аз сомонаҳои хабарӣ, ин чоҳ дар моҳи обони соли 1399ҳ.ш баста шудааст.[64]

Мутолиаи бештар

Китоби "Масҷиди Муқаддаси Ҷамкарон: Таҷаллигоҳи Соҳибуззамон"; Ҷаъфари Миръазимӣ дар ин китоб аввал ба таърихи масҷиди Ҷамкарон пардохтааст[65], сипас суханҳои баъзе аз уламо ва марҷеъи тақлидро дар бораи он зикр кардааст.[66] Дар идома, баъзе аз каромоте, ки дар ин масҷид рух додаанд ва инчунин шеърҳое дар таъзими масҷид ҷамъоварӣ шудаанд.[67] Нашриётҳои масҷиди Ҷамкарон ин китобро чанд бор чоп кардааст.

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Нурӣ, Ҷаннат-ул-маъво, 1427ҳ.қ., саҳ.54–58; Нурӣ, Наҷм-ус-соқиб, 1384ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.454–458; Нурӣ, Калимаи тайиба, 1380ҳ.ш., саҳ.682–686
  2. Хонмуҳаммадӣ, «Чоҳи аризаи Ҷамкарон; аз хурофот то воқеият», саҳ.162
  3. Араб, «Масҷиди Ҷамкарон», саҳ.747
  4. Носирушшариа, Таърихи Қум, 1383ҳ.ш., саҳ.233
  5. Файзи Қумӣ, Ганҷинаи осори Қум, 1349ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.667, нақл аз: Араб, «Масҷиди Ҷамкарон», саҳ.747
  6. Араб, «Масҷиди Ҷамкарон», саҳ.747
  7. Мадрасии Таботабоӣ, Турбати покон, 1335ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.164
  8. Нурӣ, Ҷаннат-ул-маъво, 1427ҳ.қ., саҳ.54–58
  9. Нурӣ, Ҷаннат-ул-маъво, 1427ҳ.қ., саҳ.54–58
  10. Нурӣ, Ҷаннат-ул-маъво, 1427ҳ.қ., саҳ.54–58; Нурӣ, Наҷм-ус-соқиб, 1384ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.454–458; Нурӣ, Калимаи тайиба, 1380ҳ.ш., саҳ.682–686
  11. Нурӣ, Калимаи тайиба, 1380ҳ.ш., саҳ.682–686
  12. Нурӣ, Наҷм-ус-соқиб, 1384ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.454–458
  13. Нурӣ, Мустадрак-ул-васоил, 148ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.447
  14. Нурӣ, Ҷаннат-ул-мавло, 1427ҳ.қ., саҳ.54–58
  15. Нурӣ, Ҷаннат-ул-мавло, 1427ҳ.қ., саҳ.54
  16. Нурӣ, Мустадрак-ул-васоил, 148ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.432 ва 447
  17. Нурӣ, Ҷаннат-ул-мавло, 1427ҳ.қ., саҳ.54–58, саҳ.383–388; Нурӣ, Калимаи тайиба, 1380ҳ.ш., саҳ.682–686
  18. Нурӣ, Мустадрак-ул-васоил, 148ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.447; Нурӣ, Наҷм-ус-соқиб, 1384ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.458
  19. Носирушшариа, Таърихи Қум, 1383ҳ.ш., саҳ.239
  20. Нурӣ, Наҷм-ус-соқиб, 1384ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.458
  21. Носирушшариа, Таърихи Қум, 1383ҳ.ш., саҳ.29–30
  22. Нурӣ, Ҷаннат-ул-мавло, 1427ҳ.қ., саҳ.56; Нурӣ, Калимаи тайиба, 1380ҳ.ш., саҳ.684
  23. Қумӣ, Кулиёти Мафотиҳ-ул-ҷинон, Намози масҷиди Ҷамкарон, саҳ.427–429
  24. Сураи Ҳамд, ояти 5
  25. Нурӣ, Ҷаннат-ул-мавло, саҳ.55–56; Нурӣ, Наҷм-ус-соқиб, 1384ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.456; Қумӣ, Кулиёти Мафотиҳ-ул-ҷинон, Намози масҷиди Ҷамкарон, саҳ.427–429
  26. Нурӣ, Ҷаннат-ул-мавло, 1427ҳ.қ., саҳ.56; Нурӣ, Калимаи тайиба, 1380ҳ.ш., саҳ.684; Қумӣ, Кулиёти Мафотиҳ-ул-ҷинон, Намози масҷиди Ҷамкарон, саҳ.429
  27. Қумӣ, Кулиёти Мафотиҳ-ул-ҷинон, Намози масҷиди Ҷамкарон, саҳ.427–429
  28. Носирушшариа, Таърихи Қум, 1383ҳ.ш., саҳ.30
  29. Фақиҳӣ, Таърихи мазҳабии Қум, 1386ҳ.ш., саҳ.7–10
  30. Фақиҳӣ, Таърихи мазҳабии Қум, 1386ҳ.ш., саҳ.273
  31. Нурӣ, Ҷаннат-ул-мавло, 1427ҳ.қ., саҳ.54–58
  32. Ризвонӣ, Маърифати Мавъуд ва посух ба шубҳаҳо, 1388ҳ.ш., саҳ.486
  33. Ризвонӣ, Маърифати Мавъуд ва посух ба шубҳаҳо, 1388ҳ.ш., саҳ.486
  34. Фақиҳӣ, Таърихи мазҳабии Қум, 1386ҳ.ш., саҳ.273–274
  35. Носирушшариа, Таърихи Қум, 1383ҳ.ш., саҳ.233
  36. «اعلام برنامه‌های ویژه نیمه شعبان در مسجد مقدس جمکران» — Бошгоҳи хабарнигорони ҷавон
  37. Хонмуҳаммадӣ, «Чоҳи аризаи Ҷамкарон — аз хурофот то воқеият», саҳ.162
  38. Вижаномаи Ҷамкарон, 1384ҳ.ш., саҳ.7–11, ба нақл аз Донишномаи ҷаҳони Ислом, матлаби масҷиди Ҷамкарон, саҳ.748
  39. Нурӣ, Ҷаннат-ул-мавло, 1427ҳ.қ., саҳ.54–58; Нурӣ, Наҷм-ус-соқиб, 1384ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.454–458; Нурӣ, Калимаи тайиба, 1380ҳ.ш., саҳ.682–686
  40. Мадрасии Таботабоӣ, Турбати покон, 1335ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.163–164
  41. Фақиҳӣ, Таърихи мазҳабии Қум, 1386ҳ.ш., саҳ.272
  42. Мунашии Қумӣ, Хулосат ут-тавофиқ, 1359–1363ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.1019, ба нақл аз Донишномаи ҷаҳони Ислом, матлаби масҷиди Ҷамкарон, саҳ.747
  43. Фақиҳӣ, «Қум дар масири таърих», саҳ.171, ба нақл аз Донишномаи ҷаҳони Ислом, матлаби масҷиди Ҷамкарон, саҳ.747
  44. Мадрасии Таботабоӣ, Турбати покон, 1335ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.164
  45. Носирушшариа, Таърихи Қум, 1383ҳ.ш., саҳ.233
  46. Кӯчакзода, Таърихчаи Қум ва масоҷиди таърихии он, 1380ҳ.ш., саҳ.246, ба нақл аз Донишномаи ҷаҳони Ислом, матлаби масҷиди Ҷамкарон, саҳ.748
  47. Файз Қумӣ, Ганҷинаи осори Қум, 1349–1350ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.668, 671, ба нақл аз Донишномаи ҷаҳони Ислом, матлаби масҷиди Ҷамкарон, саҳ.748
  48. Файз Қумӣ, Ганҷинаи осори Қум, 1349–1350ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.670–672, ба нақл аз Донишномаи ҷаҳони Ислом, матлаби масҷиди Ҷамкарон, саҳ.748
  49. Зандия, «Масҷиди Ҷамкарон», саҳ.80, ба нақл аз Донишномаи ҷаҳони Ислом, матлаби масҷиди Ҷамкарон, саҳ.748
  50. Зандия, «Масҷиди Ҷамкарон», саҳ.78, ба нақл аз Донишномаи ҷаҳони Ислом, матлаби масҷиди Ҷамкарон, саҳ.749
  51. Араб, «Масҷиди Ҷамкарон», ҷ.10, саҳ.749
  52. «انتصاب حجت‌الاسلام اجاق‌نژاد به تولیت مسجد مقدس جمکران», Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ
  53. «تولیت مسجد مقدس جمکران», сомонаи расмии масҷиди муқаддаси Ҷамкарон
  54. Араб, "Масҷиди Ҷамкарон", ҷ.10, саҳ.749.
  55. «معماری مسجد مقدس جمکران؛ دومین مقصد گردشگری مذهبی در قم», Сайти роҳнамои сафари ман.
  56. «توسعه مسجد جمکران نیازمند ۱۷۰ میلیارد تومان اعتبار است», Сайти масҷиди муқаддаси Ҷамкарон.
  57. Араб, «Масҷиди Ҷамкарон», ҷ.10, саҳ.749.
  58. Хонмуҳаммадӣ, «Чоҳи Аризаи Ҷамкарон аз хурӯфот то воқеият», саҳ.162.
  59. Хонмуҳаммадӣ, «Чоҳи Аризаи Ҷамкарон аз хурӯфот то воқеият», саҳ.163.
  60. Хонмуҳаммадӣ, «Чоҳи Аризаи Ҷамкарон аз хурӯфот то воқеият», саҳ.175.
  61. Масеҳ дар шаби қадр, 1393ҳ.ш., саҳ.431.
  62. «چاه عریضه در مسجد جمکران», Пойгоҳи иттилоърасонии Оятуллоҳ Макарими Шерозӣ.
  63. Файзи Қумӣ, Ганҷинаи осори Қум, 1349-1350ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.668, ба қавли аз донишномаи ҷаҳони ислом, мадхали масҷиди Ҷамкарон, саҳ.748.
  64. «چاه مسجد جمکران موقتا بسته شد», Сомонаи Рӯзи нав; «چاه مسجد جمکران بسته و تخریب شد», Сомонаи Шиори сол
  65. Миръазимӣ, Масҷиди Муқаддаси Ҷамкарон, 1378ҳ.ш., саҳ.27-35.
  66. Миръазимӣ, Масҷиди Муқаддаси Ҷамкарон, 1378ҳ.ш., саҳ.37-68.
  67. Миръазимӣ, Масҷиди Муқаддаси Ҷамкарон, 1378ҳ.ш., саҳ.70-178.

Ёддошт

  1. Бино ба нақли Муҳаддиси Нурӣ, Ҳасан ибни Муслаи Ҷамкаронӣ гуфтааст, ки дар ин мулоқот аз Имоми Замон хоҳиш кардам, ки нишонае қарор диҳад то мардум ба суханам бовар кунанд. Ҳазрат посух дод: "Ту бирав ва рисолатро иҷро кун, Мо барои он нишонаҳое қарор медиҳем." Ҳамчунин ба ман фармуд, ки дар галаи Ҷаъфари Кошонӣ бузе ҳаст, ки онро дар ҳамин макон забҳ кун ва гӯштҳояшро миёни беморон тақсим намо. Ва фармуд, ки ҳар беморе аз он гӯшт бихӯрад, Худо ӯро шифо медиҳад. Абулҳасан низ дар хоб дида буд, ки касе ба ӯ гуфт: "Ҳасан ибни Мусла аз Ҷамкарон ба назди ту меояд — ӯро тасдиқ кун ва ба гуфтааш бовар намо." Вақте назди Абулҳасан рафтам — ки мунтазири ман буд — ҳамроҳ ба сӯи Ҷамкарон равон шудем. Галаи Ҷаъфари Кошониро дидем; бузе ба сӯямон давид. Ҷаъфар қасам хӯрд, ки ин буз пештар дар галаи ӯ набуд ва ӯ онро ҳеҷ гоҳ надида буд. (Нурӣ, Ҷаннат-ул-маъво, 1427ҳ.қ., саҳ.54–58; Нурӣ, Наҷм-ус-соқиб, 1384ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.454–458; Нурӣ, Калимаи тайиба, 1380ҳ.ш., саҳ.682–686.)
  2. Ба гузориши китоби Таърихи Қум, нахустин масҷиде, ки дар Қум бунёд шудааст, масҷиди деҳаи Ҷамкарон будааст, ки Хаттоб Асадӣ онро пеш аз муҳоҷирати Ашъариён аз Кӯфа ба ин шаҳр ва дар оғози асри дуввум таъсис додааст (Қумӣ, Таърихи Қум, 1361ҳ.қ., саҳ.38).
  3. Носирушшариа соли таъмир ва таърихи катибаро 1158 зикр кардааст (Носирушшариа, Таърихи Қум, 1383ҳ.ш., саҳ.233).

Сарчашма

  • «تولیت مسجد مقدس جمکران», сомонаи Ҷамкарон, санаи боздид: 13 шаҳривари 1397ҳ.ш.
  • «مراسم این هفته مسجد مقدس جمکران», сомонаи Ҷамкарон, санаи нашр: 11 шаҳривари 1397ҳ.ш., санаи боздид: 13 шаҳривари 1397ҳ.ш.
  • «توسعه مسجد جمکران نیازمند ۱۷۰ میلیارد تومان اعتبار است», сомонаи Ҷамкарон, санаи нашр: 14 урдибиҳишти 1390ҳ.ш., санаи боздид: 13 шаҳривари 1397ҳ.ш.
  • «انتصاب حجت‌الاسلام اجاق‌نژاد به تولیت مسجد مقدس جمکران», Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи нашр: 19 меҳри 1402ҳ.ш., санаи боздид: 8 обони 1402ҳ.ш.
  • «چاه عریضه در مسجد جمکران», сомонаи иттилоърасонии дафтари Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ, санаи боздид: 13 шаҳривари 1397ҳ.ш.
  • «معماری مسجد مقدس جمکران؛ دومین مقصد گردشگری مذهبی در قم», сомонаи "Роҳнамои сафари ман", санаи нашр: 28 исфанди 1395ҳ.ш., санаи боздид: 13 шаҳривари 1397ҳ.ш.
  • «چاه مسجد جمکران موقتا بسته شد», сомонаи Рӯзи нав, санаи нашр: 3 обони 1399ҳ.ш., санаи боздид: 26 обони 1399ҳ.ш.
  • «چاه مسجد جمکران بسته و تخریب شد», сомонаи Шиори сол, санаи нашр: 3 обони 1399ҳ.ш., санаи боздид: 26 обони 1399ҳ.ш.
  • «اعلام برنامه های ویژه نیمه شعبان در مسجد مقدس جمکران», сомонаи Бошгоҳи хабарнигорони ҷавон, санаи нашр: 2 урдибиҳишти 1397ҳ.ш., санаи боздид: 13 шаҳривари 1397ҳ.ш.
  • Араб, Козим, «مدخل مسجد جمکران در دانشنامه جهان اسلام», Теҳрон, 1385ҳ.ш.
  • Зандия, Ҳасан, «Масҷиди Ҷамкарон», маҷаллаи Масҷид, №25, фарвардин ва урдибиҳишти 1375ҳ.ш.
  • Кумитаи нашрияи Муассисаи фарҳангии ҳунарии Имони ҷиҳодӣ, Масеҳ дар шаби Қадр, Теҳрон, Муассисаи Ҷиҳодии Саҳбо, 1393ҳ.ш.
  • Кӯчаказода, Муҳаммадризо, Таърихи Қум ва масоҷиди таърихии он, Қум, 1380ҳ.ш.
  • Мир Аъзимӣ, Саид Ҷаъфар, Масҷиди муқаддаси Ҷамкарон - таҷаллигоҳи Соҳиб-уз-Замон, Қум, нашри Масҷиди муқаддаси Ҷамкарон, 1378ҳ.ш.
  • Мударрисии Таботабоӣ, Саид Ҳусайн, Турбати покон: осор ва биноҳои қадимаи маҳаллаи кунунии Дорулмуъминини Қум, Меҳр, 1335ҳ.ш.
  • Муншии Қумӣ, Аҳмад, Хулосат-ут-товорих, Теҳрон, чопи Эҳсон Ишроқӣ, 1359–1363ҳ.ш.
  • Насири Шариъа, Муҳаммадҳусейн, таҳқиқ: Алӣ Давонӣ, Таърихи Қум, Теҳрон, нашри Раҳнамун, 1383ҳ.ш.
  • Нашрияи махсуси Ҷамкарон, Қум, Масҷиди Муқаддаси Ҷамкарон, 1384ҳ.ш.
  • Нурӣ, Ҳусайн, Калимат-ут-тайиба, таҳқиқ: Муҳаммад Маликӣ, Қум, нашри Парҳезкор, 1380ҳ.ш.
  • Нурӣ, Ҳусайн, Наҷм-ус-соқиб фи аҳволи Имоми ғоиб, Қум, Масҷиди Ҷамкарон, 1384ҳ.қ.
  • Нурӣ, Ҳусайн, Ҷаннат-ул-маъво фӣ зикри ман фоза билиқои Ҳуҷҷат, таҳқиқ: Маркази таҳқиқоти тахассусӣ дар бораи Имоми Маҳдӣ (а), Қум, Муассисаи Ҳазрати Сайидаи Маъсума, 1427ҳ.қ.
  • Нурӣ, Ҳусайни ибни Муҳаммадтақӣ, Мустадракил-васоил ва мустанбати-л-масаил, Қум, Муассисаи Оли Байт, 148ҳ.қ.
  • Ризвонӣ, Алиасғар, Мавъудшиносӣ ва посух ба шубаҳот, Қум: нашриёти Ҷамкарон, 1388ҳ.ш.
  • Фақеҳӣ, Алиасғар, «Қум дар ҷараёни таърих», маҷаллаи Номаи Қум, шумораҳои 7 ва 8, тирамоҳ ва зимистони 1378ҳ.ш.
  • Фақеҳӣ, Алиасғар, Таърихи мазҳабии Қум; ҷузъи аввал аз китоби Таърихи Ҷомеъи Қум, Қум, нашриёти Зоир, 1386ҳ.ш.
  • Хонмуҳаммадӣ ва Анварӣ, Карим ва Муҳаммадризо, «چاه عریضه جمکران از خرافه تا واقعیت», маҷаллаи Шиашиносӣ, №37, 1392ҳ.ш.
  • Қумӣ, Шайх Аббос, Куллиёти Мафотиҳ-ул-ҷинон, таҳқиқ: Ҳусайн Устоди Валӣ, тарҷума: Мӯсавии Домғанӣ, Қум, нашри Сиддиқа, 1376ҳ.ш.
  • Қумӣ, Ҳасани ибни Муҳаммад, Таърихи Қум, тарҷумаи Ҳасани ибни Алӣ Қумӣ, Теҳрон, чопи Ҷалолуддин Теҳронии Таҳрононӣ, 1361ҳ.ш.

Пайванд ба берун