Дуои Аллоҳумма кун ли валийик
- Бо дуои Фараҷ иштибоҳ нашавад.
Дуои Аллоҳумма кун ливалийик ба арабӣ: دعای اَللّهُمَّ کُنْ لِوَلیّک ё дуои саломатии Имоми Замон (аҷ) дуое, ки барои саломатии Имом Маҳдӣ (аҷ) дувоздаҳумин имоми шиаён хонда мешавад. Ин дуо бо «Аллоҳумма кун ли валийик/ اللَّهُمَ کُنْ لِوَلِیکَ» оғоз мешавад ва дар Таҳзиб-ул-аҳком аз Имом Боқир (а) ва Имом Содиқ (а) нақл шудааст.
Дар ин дуо бо иборатҳои мухталифе барои саломатии Имом Маҳдӣ (аҷ) дуо шудааст. Ин дуо ҷузви аъмоли шаби Қадр (23 Рамазон) нақл шудааст, аммо дар ҳамаи замонҳо метавон онро хонд. Санади дуо мурсал аст, аммо гуфта шудааст, бо тавваҷӯҳ ба инки дуо дар манобеи мӯътабари ривоӣ ва китобҳои дуо нақл шудааст, метавон ба сиҳҳат ва эътибори он ҳукм кард.
Дар бештари манобеъе, ки ин дуо омадааст, ба ҷои номи Имом Маҳдӣ (аҷ) иборати «фалон ибни фалон» зикр шудааст. Аз ин рӯ, бархе эҳтимол додаанд, ки ин дуо барои ҳар имоме дар давраи имоматаш бошад, на махсуси Имом Маҳдӣ (аҷ).
Китоби «Шарҳи дуои саломатии Имоми Замон (аҷ)» асари Муҳсини Қироатӣ дар бораи шарҳи ин дуо нигориш шудааст.
Матн
Дуои Аллоҳам кун ли валийик бо ибороти мухталифе дар манобеъ нақл шудааст. Матни ин дуо ба нақл аз «Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид»-и Шайхи Тӯсӣ чунин аст:
Аллоҳумму кун ли валийика фулон ибни фулонун фӣ ҳазиҳи-с-соъат ва фи кулли соъат, валийян ва ҳофизан ва қоидан ва носиран ва далелан ва айнан ҳатто тускинаҳу арзака тавъан ва туматтиаҳу фиҳо тавилан!”.
“Худоё, барои валийат, фалон ибни фалон, дар ин соъат ва дар ҳар соъат, сарпараст, нигаҳбон, пешво, ёвар, роҳнамо ва дидабон бош, то ӯро бо рағбати мардум дар заминат сукунати диҳӣ ва замонии тӯлоние баҳрамандаш созӣ!”.[1] Ин дуо дар китоби Иқбол-ул-аъмол, бо афзудаҳое нақл шудааст.[2]
Дар китоби Таҳзиб-ул-аҳком ин дуо аз Имом Боқир (а) ва Имом Содиқ (а), нақл шудааст,[3] аммо дар соири манобеъ иборати «ассолеҳин/ الصَّالِحِینَ» омада ва мушаххас нашудааст аз кадом Имом нақл шудааст.[4]
Дар бештари манобеъе, ки ин дуоро нақл кардаанд, иборати «фулон ибни фулон/ فُلَانِ بْنِ فُلَانٍ» омадааст.[5] Сайид ибни Товус, муҳаддиси шиъӣ дар қарни шашуму ҳафтуми қамарӣ, дар Иқбол ба ҷои фалон ибни фалон, ингуна овардааст: «Аллоҳумма кун ли валийик ал-Қоими би амрик ал-Ҳуҷҷат Муҳаммад ибни-л-Ҳасан ал-Маҳдӣ алайҳи ва ало обоиҳи афзалуссалоти вассалом/ اللَّهُمَ کُنْ لِوَلِیکَ الْقَائِمِ بِأَمْرِکِ الْحُجَّةِ مُحَمَّدِ بْنِ الْحَسَنِ الْمَهْدِی عَلَیهِ وَ عَلَی آبَائِهِ أَفْضَلُ الصَّلَاةِ وَ السَّلَامِ».[6]
Дар китоби Мисбоҳи Кафъамӣ низ «Муҳаммад ибни-л-Ҳасан ал-Маҳдӣ/ مُحَمَّدِ بْنِ الْحَسَنِ الْمَهْدِی» омадааст.[7] Муҳаммадтақии Маҷлисӣ, муҳаддиси шиъаи қарни ёздаҳуми қамарӣ, гуфтааст, ки зоҳири иборати дуо шоҳиди ин аст, ки гуфтани номи Имоми Замон (аҷ) ба ҷои фалон ибни фалон ҷоиз аст; албатта агар аз алқоби он ҳазрат истифода шавад, беҳтар аст.[8]
Дар китоби Мафотиҳ-ул-ҷинон гуфта шудааст, ба ҷои фалон ибни фалон, «ал-Ҳуҷҷат ибни-л-Ҳасан/ الحُجَّةِ بْنِ الحَسَنِ» бигӯед!.[9] Бархе ба ҷиҳати инки дар дуо «фалон ибни фалон» омадааст, эҳтимол додаанд, ин дуо барои имоми ҳар асре бошад, на махсуси Имоми Замон (аҷ).[10]
Замони хондани дуо
Бар асоси ибороти ибтидоии ривояти дуо,[Ёддошт 1] ин дуо, ҳарчанд махсуси шаби 23-уми Рамазон аст, аммо онро дар ҳамаи ҳол ва замон метавон хонд; зеро гуфта шудааст, ин дуоро дар ҳар ҳолати (истода, нишаста ва саҷда) дар шаби 23 Рамазон ва балки кулли моҳи Рамазон ва дар ҳамаи лаҳазоти умр такрор кунед.[11] Бар ҳамин асос гуфта шудааст, такрори ин дуо дар ҳар шабонарӯз ва дар намозҳо шоистааст.[12] Ҳамчунин тавсия шудааст, ин дуо баъд аз ҳамд ва ситоиши Худо ва салавот бар Расули Аллоҳ ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) хонда шавад.[13]
Мазмун
Дар дуои Аллоҳам кун ли валийик бо иборатҳои мухталиф барои саломатии имом дуо шудааст.[14] Дар ин дуо бо шаш калимаи «валийян/ ولیاً», «ҳофизан/حافظاً», «қоидан/قائداً», «носиран/ناصراً», «далелан/دلیلاً» ва «айнан/عیناً» аз Худованд хоста шудааст, то сарпараст ва валийи имом бошад ва ӯро таҳти ҳифз, раҳбарӣ, нусрат ва ҳаросати худ қарор диҳад.[15]
«Фи ҳазиҳиссоъат/فی هذه الساعة» ба шаби Қадр (23 Рамазон) ишора дорад ва «фи кулли соъат/فی کل ساعة» баёнгари тавваҷӯҳ ва дуои ҳамешагӣ барои Имом Маҳдӣ (а) аст.[16]
Аз назари Ҳасан ибни Сулаймони Ҳиллӣ, аз уламои шиаи қарни ҳаштуми қамарӣ, манзур аз иборати «ҳатто тускинаҳу арзака тавъан/حَتَّی تُسْکِنَهُ أَرْضَکَ طَوْعاً» замони зуҳури Имоми Замон (аҷ) ва қудрат ёфтани ӯст; зеро дар даврони Ғайбат, ҳаққи он ҳазрат ғасб шуда ва ӯ тавон изҳори ҳақ дар миёни мардумро надорад.[17] Ӯ бар он аст, мақсуд аз «туматтиъаҳу фиҳо тавилан/تُمَتِّعَهُ فِیهَا طَوِیلً» низ раҷъат ва пас аз шаҳодати Имоми Замон (аҷ) аст.[18] Ба гуфтаи Муҳсини Қироатӣ, мурод аз «туматтиъаҳу фиҳо тавилан/تُمَتِّعَهُ فِیهَا طَوِیلً», орзӯи тӯлонӣ шудани ҳукумати ҷаҳонии Имом Маҳдӣ (аҷ) аст.[19]
Санад ва эътибор
Дуои Аллоҳам кун ли валийик, дар манобеи ривоӣ ва дуоӣ, танҳо аз тариқи Муҳаммад ибни Исо ибни Убайд[Ёддошт 2] нақл шудааст.[20] Дар бораи васоқати ӯ ихтилофи назар вуҷуд дорад.[21] Наҷҷошӣ[22] ӯро сиқа ва Шайхи Тӯсӣ[23] ӯро заиф шуморида аст. Аз назари Аллома Ҳиллӣ, назари қавӣ, пазириши васоқати Муҳаммад ибни Исо аст.[24]
Ба гуфтаи Аллома Маҷлисӣ, санади дуо мурсал аст.[25] Бо ин ҳол Муҳсин Қироатӣ мегӯяд шавоҳиде ҳамчун вуҷуди дуо дар ал-Кофӣ[26] ва Таҳзиб-ул-аҳком[27] ва кутуби муътабаре монанди ал-Мазор-ул-кабир, асари Ибни Машҳадӣ,[28] ал-Мисбоҳ, асари Кафъамӣ[29] ва Иқбол-ул-аъмол, асари Сайид ибни Товус,[30] ва созгории мазомини дуо бо ақлу нақл ва инки тамоми ҷумалот ва ибороти ин дуо дар дуоҳои дигар низ омадааст, бар эътибор ва сиҳҳату дурустии дуо далолат мекунад.[31]
Чароии дуо барои саломатии Имоми Замон (аҷ)
Ба гуфтаи Муҳсини Қироатӣ, имоми дувоздаҳум ҳамонанди соири имомони маъсум (а) дорои ҳаёти табиъӣ аст ва дучори беморӣ ва мушкилот мешавад. Аз ин рӯ, дуо ва садақа барои саломатии ӯ, кори шоистае аст.[32] Ӯ ваҷҳи дигари дуо барои ҳифз ва саломатии Имом Маҳдӣ (аҷ)-ро ин донистааст, ки дуо барои ҳифзи имом дар ростои анҷоми рисолат ва таҳаммули бори имомат - чӣ дар даврони Ғайбат ва чӣ зуҳур - аст; зеро таҳаммули чунин бори сангине ниёзманди ҳифз ва инояти вижаи Илоҳӣ аст.[33] Ҳамчунин дар дуоҳои нақлшуда аз Имомон (а) низ барои саломатии Имоми Замон (аҷ) дуо шудааст.[34]
Такнигорӣ
Китоби «Шарҳи дуои саломатии Имоми Замон (аҷ)», асари Муҳсини Қироатӣ ва кӯшиши Ҳасан Салимободӣ, санад ва матни дуои саломатии Имоми Замон (аҷ)-ро баррасӣ ва шарҳ кардааст. Нависанда, пас аз мабоҳиси муқаддимотӣ ва баррасии санад, ба баррасии вожагон ва ибороти дуо пардохтааст.[35]
Дар интиҳои китоб низ фоидаҳои хондани дуо барои саломатии Имоми Замон (аҷ) ва шароити истиҷобати дуо баён шудааст.[36] Нависандаи китоб бар он аст, ин дуо ба иштибоҳ ба дуои Фараҷ машҳур шудааст.[37]
Ин китоб дар Қум ва аз сӯи бунёди фарҳангии ҳазрати Маҳдии Мавъуд (аҷ) мунташир ва чоп шудааст.
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Тӯсӣ, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, 1411ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.630 ва 631; тарҷума аз Мафотиҳ-ул-ҷинон, тарҷумаи Ҳусайни Ансориён.
- ↑ Сайид ибни Товус, Иқбол-ул-аъмол, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.85.
- ↑ Тӯсӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1407ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.102 ва 103.
- ↑ Нигоҳ кунед ба: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.162; Тӯсӣ, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, 1411ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.630 ва 631; Ибни Машҳадӣ, ал-Мазор-ул-кабир, 1419ҳ.қ., саҳ.612.
- ↑ Нигоҳ кунед ба: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.162; Тӯсӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1407ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.103; Тӯсӣ, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, 1411ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.630 ва 631; Ибни Машҳадӣ, ал-Мазор-ул-кабир, 1419ҳ.қ., саҳ.612; Кафъамӣ, ал-Балад-ул-амин, 1418ҳ.қ., саҳ.203.
- ↑ Сайид ибни Товус, Иқбол-ул-аъмол, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.85.
- ↑ Кафъамӣ, ал-Мисбоҳ, 1405ҳ.қ., саҳ.586.
- ↑ Маҷлисӣ, Равзат-ул-муттақин, 1406ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.449.
- ↑ Қумӣ, Мафотиҳ-ул-ҷинон, маҷмаъу эҳёиссақофатил-исломия, саҳ.307, зайли дуои шаби 23 моҳи Рамазон.
- ↑ Нигоҳ кунед ба: Қироатӣ, Шарҳи дуои саломатии Имоми Замон (аҷ), 1393ҳ.ш., саҳ.48.
- ↑ Нигоҳ кунед ба: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.162; Тӯсӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1407ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.102 ва 103; Тӯсӣ, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, 1411ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.630; Ибни Машҳадӣ, ал-Мазор-ул-кабир, 1419ҳ.қ., саҳ.612; Кафъамӣ, ал-Балад-ул-амин, 1418ҳ.қ., саҳ.203; Сайид ибни Товус, Иқбол-ул-аъмол, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.85.
- ↑ Нигоҳ кунед ба: Қироатӣ, Шарҳи дуои саломатии Имоми Замон (аҷ), 1393ҳ.ш., саҳ.35 ва 36.
- ↑ Нигоҳ кунед ба: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.162; Тӯсӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1407ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.102 ва 103; Тӯсӣ, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, 1411ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.630; Ибни Машҳадӣ, ал-Мазор-ул-кабир, 1419ҳ.қ., саҳ.612; Кафъамӣ, ал-Балад-ул-амин, 1418ҳ.қ., саҳ.203; Сайид ибни Товус, Иқбол-ул-аъмол, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.85.
- ↑ Нигоҳ кунед ба: Қироатӣ, Шарҳи дуои саломатии Имоми Замон (аҷ), 1393ҳ.ш., саҳ.61.
- ↑ Қироатӣ, Шарҳи дуои саломатии Имоми Замон (аҷ), 1393ҳ.ш., саҳ.61.
- ↑ Қироатӣ, Шарҳи дуои саломатии Имоми Замон (аҷ), 1393ҳ.ш., саҳ.57.
- ↑ Ҳиллӣ, Мухтасар-ул-басоир, 1421ҳ.қ., саҳ.460.
- ↑ Ҳиллӣ, Мухтасар-ул-басоир, 1421ҳ.қ., саҳ.460 ва 461.
- ↑ Қироатӣ, Шарҳи дуои саломатии Имоми Замон (аҷ), 1393ҳ.ш., саҳ.87 - 91.
- ↑ Нигоҳ кунед ба: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.162; Тӯсӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1407ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.102 ва 103; Тӯсӣ, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, 1411ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.630; Ибни Машҳадӣ, ал-Мазор-ул-кабир, 1419ҳ.қ., саҳ.612; Сайид ибни Товус, Иқбол-ул-аъмол, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.85.
- ↑ Нигоҳ кунед ба: Аллома Ҳиллӣ, Риҷол-ул-алломат-ил-Ҳиллӣ, 1411ҳ.қ., саҳ.142.
- ↑ Наҷҷошӣ, Риҷолу Наҷҷошӣ, 1365ҳ.ш., саҳ.333.
- ↑ Тӯсӣ, Риҷол-ут-Тӯсӣ, 1373ҳ.ш., саҳ.391.
- ↑ Аллома Ҳиллӣ, Риҷол-ул-алломат-ил-Ҳиллӣ, 1411ҳ.қ., саҳ.142.
- ↑ Маҷлисӣ, Миръот-ул-уқул, 1404ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.394; Маҷлисӣ, Малоз-ул-ахёр фи фаҳми таҳзиб-ил-ахбор, 1406ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.106.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.162, ҳадиси 4.
- ↑ Тӯсӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1407ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.102, ҳадиси 37.
- ↑ Ибни Машҳадӣ, ал-Мазор-ул-кабир, 1419ҳ.қ., саҳ.612.
- ↑ Кафъамӣ, ал-Мисбоҳ, 1405ҳ.қ., саҳ.586.
- ↑ Сайид ибни Товус, Иқбол-ул-аъмол, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.85.
- ↑ Қироатӣ, Шарҳи дуои саломатии Имоми Замон (аҷ), 1393ҳ.ш., саҳ.26 - 29.
- ↑ Қироатӣ, Шарҳи дуои саломатии Имоми Замон (аҷ), 1393ҳ.ш., саҳ.62.
- ↑ Қироатӣ, Шарҳи дуои саломатии Имоми Замон (аҷ), 1393ҳ.ш., саҳ.67.
- ↑ Ба унвони намуна нигоҳ кунед ба: Тӯсӣ, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.409 ва 413 ва ҷ.2, саҳ.405.
- ↑ Қироатӣ, Шарҳи дуои саломатии Имоми Замон (аҷ), 1393ҳ.ш., саҳ.5 ва 6.
- ↑ Қироатӣ, Шарҳи дуои саломатии Имоми Замон (аҷ), 1393ҳ.ш., саҳ.93 - 103.
- ↑ Қироатӣ, Шарҳи дуои саломатии Имоми Замон (аҷ), 1393ҳ.ш., саҳ.7.
Ёддошт
Сарчашма
- Ибни Машҳадӣ, Муҳаммад ибни Ҷаъфар, ал-Мазор-ул-кабир, таҳқиқ ва тасҳеҳи Ҷавод Қаюмии Исфаҳонӣ, Қум, дафтари нашри исломӣ, чопи аввал, 1419ҳ.қ.
- Ҳиллӣ, Ҳасан Сулаймон ибни Муҳаммад, Мухтасар-ул-басоир, тасҳеҳ ва таҳқиқи Муштоқ Музаффар, Қум, дафтари нашри исломӣ, чопи аввал, 1421ҳ.қ.
- Сайид ибни Товус, Алӣ ибни Мусо, Иқбол-ул-аъмол, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, чопи дувум, 1419ҳ.қ.
- Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Таҳзиб-ул-аҳком, таҳқиқ ва тасҳеҳи Ҳасан Мӯсавии Хирсон, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
- Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Риҷол-ут-Тӯсӣ, таҳқиқ ва тасҳеҳи Ҷавод Қаюмии Исфаҳонӣ, Қум, дафтари нашри исломӣ, чопи сеюм, 1373ҳ.ш.
- Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид ва силоҳ-ул-мутаъаббид, Бейрут, муассисаи фиқҳи шиа, чопи аввал, 1411ҳ.қ.
- Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф ибни Мутаҳҳар, Риҷол-ул-алломат-ил-Ҳиллӣ, таҳқиқ ва тасҳеҳи Муҳаммадсодиқ Баҳрулъулум, Наҷаф, Дорулзахоир, чопи дувум, 1411ҳ.қ.
- Қироатӣ, Муҳсин, Шарҳи дуои саломатии Имоми Замон (аҷ), ба кӯшиши Ҳасан Саламободӣ, Қум, бунёди фарҳангии ҳазрати Маҳдии Мавъуд (аҷ), 1393ҳ.ш.
- Кафъамӣ, Иброҳим ибни Алии Омилӣ, ал-Балад-ул-амин ва ад-диръ-ул-ҳасин, Бейрут, муассисатул-аъламӣ, чопи аввал, 1418ҳ.қ.
- Кафъамӣ, Иброҳим ибни Алии Омилӣ, ал-Мисбоҳ, Қум, Дорур-Разӣ, чопи дувум, 1405ҳ.қ.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, таҳқиқ ва тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Миръот-ул-уқул фи шарҳи ахбори Ол-ир-Расул, таҳқиқи Сайидҳошим Расулии Маҳаллотӣ, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, чопи дувум, 1404ҳ.қ.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Малоз-ул-ахёр фи фаҳми таҳзиб-ил-ахбор, таҳқиқи Маҳдии Раҷоӣ, Қум, китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, чопи аввал, 1406ҳ.қ.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадтақӣ, Равзат-ул-муттақин фи шарҳи ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, таҳқиқ ва тасҳеҳи Ҳусайн Мӯсавии Кирмонӣ ва Алипаноҳ Иштиҳордӣ, Қум, муассисаи фарҳангии исломии Кушонпур, чопи дувум, 1406ҳ.қ.
- Наҷҷошӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Риҷолу Наҷҷошӣ, Қум, дафтари нашри исломӣ, чопи шашум, 1365ҳ.ш.
- Қумӣ, Шайх Аббос, Мафотиҳ-ул-ҷинон, маҷмаъу эҳёиссақофатил-исломия, бе то.
Хатои ёдкард: <ref>
tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/>
tag was found