Қиёми Сайиди Ҳасанӣ

Аз wikishia

Қиёми Сайиди Ҳасанӣ аз нишонаҳои зуҳури Имом Маҳдӣ (аҷ) аст. Бар пояи ривоёт, Сайиди Ҳасанӣ ҷавоне аст, ки аз Дайлам қиём мекунад ва фарёд мезанад, ки даъвати Имом Маҳдӣ (аҷ)-ро иҷобат кунед ва мардоне аз Толиқон ӯро ёрӣ мекунанд. Қиёми Сайиди Ҳасанӣ муқорин бо зуҳури Имом Маҳдӣ (аҷ) аст. Ӯ дар Кӯфа ё наздикии он, бо Имом Маҳдӣ (аҷ) байъат мекунад.

Бар асоси ривояти дигаре, ӯ дар Макка қиём мекунад ва тавассути аҳолии онҷо кушта мешавад. Бархе бо истинод ба ҳамин ривоят, эҳтимол додаанд, ки Сайиди Ҳасанӣ ҳамон Нафси Закия аст, ки қатли ӯ дар Макка, аз алоими ҳатмии зуҳур дониста шудааст. Бархе дар эътибори ин ривоят, тардид кардаанд.

Нишонаи зуҳур

Дар бархе ривоёт, аз қиёми шахсе ба номи Сайиди Ҳасанӣ ба унвони яке аз алоими зуҳур ёд шудааст.[1] Аз ҷумла дар хутбатулбаён, ки бахше аз он дар бораи алоими зуҳур аст, аз Сайиди Ҳасанӣ, қиёми ӯ ва бархӯрдаш бо Имом Маҳдӣ сухан рафтааст.[2] Ба гуфтаи НаҷмиддинТабасӣ, муҳаққиқи шиа, ҳафт ё ҳашт ҳадис ба мавзӯи «Сайиди Ҳасанӣ» пардохтаанд,[3] ки аз маҷмӯи онҳо бармеояд, ки қиёми Ҳасанӣ аз алоими зуҳур аст.[4] Ба гуфтаи ӯ, ин ривоёт дар ҳадди истифоза ҳастанд ва аз онҳо ин итминон ҳосил мешавад, ки бархе аз онҳо аз маъсум содир шудааст, ҳарчанд дар ҷузъиёт бо ҳам тафовутҳое доранд.[5]

Бар пояи ривояте, ки Қозӣ НуруллоҳШӯштарӣ дар Эҳқоқ-ул-ҳақ нақл кардааст, Сайиди Ҳасанӣ аз фарзандони Имом Ҳасани Муҷтабо (а) аст.[6] Ӯ ҳангоми зуҳури Имом Маҳдӣ (а) қиём мекунад ва ба ҳамроҳи лашкараш бо ӯ байъат мекунад.[7]

Чигунагии қиём

Ба гуфтаи НаҷмиддинТабасӣ, ривоёт дар бораи ҷузъиёти қиёми Сайиди Ҳасанӣ мутафовитанд.[8] Бар асоси бархе аз онҳо, қиёмаш аз Дайлам оғоз мешавад ва дар Кӯфа ё наздикии он, бо Имом Маҳдӣ байъат мекунад.[9] Бар асоси ҳадисҳои дигар, ӯ дар Макка кушта мешавад.[10]

Бар пояи ҳадисе, ки ба Имом Содиқ (а) мансуб аст, Сайиди Ҳасанӣ як ҷавони хушсимоест, ки аз Дайлам хуруҷ карда, фарёд мезанад: Эй Оли Аҳмад, даъвати он касро ки аз ғайбаташ мутаассиф будед, иҷобат кунед. Мардоне аз Толиқон ки имони фулодине доранд, ситамгаронро кушта, вориди Кӯфа мешаванд. Дар ин замон, бештари манотиқи рӯи заминро аз вуҷуди бединон пок намудаанд. Онҳо Кӯфаро маҳалли иқомати худ қарор медиҳанд. Ҳангоме, ки хабари зуҳури Имом Маҳдӣ (аҷ) ба Сайиди Ҳасанӣ ва асҳобаш мерасад, аз ӯ нишонаҳое талаб мекунад ва пас аз дидани каромоте аз ҳазрати Маҳдӣ, ӯ ва лашкариёнаш бо ӯ байъат мекунанд, ба ҷуз 40 ҳазор нафар аз онҳо, ки Қуръонҳое бо худ доранд ва маъруф ба зайдия ҳастанд ва аз байъат кардан худдорӣ мекунанд.[11]

Бар пояи ривояти дигаре, вай дар остонаи зуҳури Имом Маҳдӣ (а) дар Макка қиём мекунад ва тавассути аҳолии онҷо кушта шуда, сарашро назди Шомӣ мефиристанд. Албатта дар ин ривоят, хуруҷи Сайиди Ҳасанӣ аз нишонаҳои фараҷ дониста шуда, на, нишонаҳои зуҳури Маҳдӣ. Ҳамчунин дар он, сухан аз ихтилофи фарзандони Аббос ва суст шудани ҳукумати онон ба миён омадааст. Дар саҳеҳ будани ин ҳадис ҳам, аз назари санад ва ҳам, аз назари муҳтаво тардид шудааст.[12]

Оё Сайиди Ҳасанӣ ҳамон Нафси Закия аст?

Муллосолеҳи Мозандаронӣ, шореҳи китоби ал-Кофӣ дар шарҳи ҳадисе аз алоими зуҳур, эҳтимол додааст, ки Сайиди Ҳасанӣ ҳамон Нафси Закия бошад.[13] Далели он, ривояте аст, ки аз қатли Сайиди Ҳасанӣ ба дасти мардуми Макка ва фиристодани сараш барои Суфёнӣ дар остонаи зуҳури Имом Маҳдӣ (аҷ) хабар медиҳад.[14] Нафси Закия фарде аз насли Имом Ҳусайн (а) аст,[15] ки дар канори Макка, байни рукн ва мақоми Иброҳим дар Масҷидулҳаром кушта мешавад[16] ва қатли ӯ аз алоими ҳатмии зуҳури Имом Маҳдӣ дониста шудааст.[17]

Ҷусторҳои вобаста

Қиёми Хуросонӣ

Қатли Нафси Закия

Хуруҷи Суфёнӣ

Қиёми Ямонӣ

Сайҳаи осмонӣ

Эзоҳ

  1. Нигоҳ кунед ба Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.53, саҳ.16/ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.225, ҳадиси 285/ Нуъмонӣ, ал-Ғайба, 1397ҳ.қ., саҳ.270.
  2. Табасӣ, “Сайиди Ҳасанӣ дар хутбатулбаён аз санад то матн” саҳ.52.
  3. Табасӣ, “Нигарише дар ривоёти Ҳасанӣ”, саҳ.26.
  4. Табасӣ, “Нигарише дар ривоёти Ҳасанӣ”, саҳ.47.
  5. Табасӣ, “Нигарише дар ривоёти Ҳасанӣ”, саҳ.47.
  6. Шӯштарӣ, Эҳқоқ-ул-ҳақ, 1409ҳ.қ., ҷ.‏29, саҳ.448.
  7. Шӯштарӣ, Эҳқоқ-ул-ҳақ, 1409ҳ.қ., ҷ.‏29, саҳ.448.
  8. Табасӣ, “Нигарише дар ривоёти Ҳасанӣ”, саҳ.47.
  9. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.53, саҳ.15 - 16.
  10. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.225, ҳадиси 285/ Нуъмонӣ, ал-Ғайба, 1397ҳ.қ., саҳ.270.
  11. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.53, саҳ.16/ Яздии Ҳоирӣ, Илзом-ун-носиб, 1422ҳ.қ., ҷ.‏2, саҳ.218.
  12. Нигоҳ кунед ба Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Донишномаи Имом Маҳдӣ, 1393ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.439 - 441.
  13. Мозандаронӣ, Шарҳи ал-Кофӣ, 1380ҳ.қ., ҷ.‏12, саҳ.414.
  14. Нигоҳ кунед ба Салимиён, Фарҳангномаи Маҳдавият, 1388ҳ.ш., саҳ.208.
  15. Нигоҳ кунед ба Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.52, саҳ.223.
  16. Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.331.
  17. Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.650, ҳадиси 7.

Сарчашма

  • Салимиён, Худомурод, Фарҳангномаи Маҳдавият, Қум, Бунёди фарҳангии ҳазрати Маҳдии Мавъуд, чопи дувум, 1388ҳ.ш.
  • Шӯштарӣ, Қозӣ Нуруллоҳ, Эҳқоқ-ул-ҳақ ва изҳоқ-ул-ботил, муқаддимаи Шаҳобиддини Маръашӣ, Қум, Китобхонаи умумии ҳазрати оятуллоҳилъузмо Маръашии Наҷафӣ, 1409ҳ.қ.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Камол-уд-дин ва тамом-ун-неъмат, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, Исломия, чопи дувум, 1395ҳ.қ.
  • Табасӣ, Наҷмиддин, «Нигарише дар ривоёти Сайиди Ҳасанӣ», Интизори Мавъуд, шумораи 31, зимистони 1388ҳ.ш.
  • Табасӣ, Наҷмиддин, «Сайиди Ҳасанӣ дар хутбатулбаён», Интизори Мавъуд, шумораи 32, баҳор ва тобистони 1389ҳ.ш.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дорулкутубилисломия, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
  • Мозандаронӣ, Мулломуҳаммадсолеҳ ибни Аҳмад, Шарҳи ал-Кофӣ – ал-усул ва ар-равза, тасҳеҳи Абулҳасани Шаъронӣ, Теҳрон, алмактабатулисломия, 1382ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, 1403ҳ.қ.
  • Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Муҳаммад, Донишномаи Имом Маҳдӣ (аҷ), Қум, Дорулҳадис, 1393ҳ.ш.
  • Нуъмонӣ, Муҳаммад ибни Иброҳим, ал-Ғайба, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, нашри Садуқ, 1397ҳ.қ.
  • Яздии Ҳоирӣ, Алӣ, Илзом-ун-носиб фи исбот-ил-Ҳуҷҷат-ил-ғоиб, тасҳеҳи Алии Ошӯр, Бейрут, муассисаи ал-аъламӣ, 1422ҳ.қ.