Jump to content

Парчамҳои сиёҳ

Аз wikishia

Парчамҳои сиёҳ (ба арабӣ: الرايات السود) ибораест, ки дар ривоятҳо омадааст ва ба қиёми гурӯҳе бо парчамҳои сиёҳ дар шарқи замин ишора мекунад. Дар бисёре аз аҳодиси марбут ба парчамҳои сиёҳ, ба қиёми Абӯмуслими Хуросонӣ ва таъсиси давлати Аббосиён ишора шудааст. Дар бархе аз онҳо низ парчамҳои сиёҳ нишонаи зуҳури наҷотбахш дар охируззамон дониста шудааст.

Ба гуфтаи муҳаққиқони ҳадис дар мазҳаби шиа, ин ривоятҳо бештар дар манобеи аҳли суннат омадаанд ва аҳодисе, ки ровиёнашон ҳама шиа будаанд, парчамҳои сиёҳро ба қиёми Абӯмуслими Хуросонӣ бар зидди хилофати Умавиён нисбат додаанд. Албатта, дар муқобил, бархе бар ин боваранд, ки парчамҳои сиёҳ нишонаи зуҳури Имом Маҳдӣ мебошанд.

Мафҳумшиносӣ

Парчамҳои сиёҳ (ба арабӣ: «الرايات السود») ибораест, ки дар ривоятҳо омада ва ба қиёми гурӯҳе бо парчамҳои сиёҳ дар Хуросон ишора мекунад.[1] Мурод аз Хуросон дар ин ривоятҳо Хуросони қадим аст, ки қисматҳои зиёде аз Эрон, Афғонистон, Туркманистон, Тоҷикистон ва Ӯзбакистонро дар бар мегирифтааст.[2]

Манобеи ҳадисии ривоёти парчамҳои сиёҳ

Ба гузориши нависандагони Донишномаи Имом Маҳдӣ, бештари ривоятҳои марбут ба парчамҳои сиёҳ аз китобҳои аҳли суннат мебошанд. Дар манобеи аслии шиа, аҳодиси каме дар бораи парчамҳои сиёҳ аз имомон нақл шудааст ва бештари ривоятҳои овардашуда дар ин замина аз ровиёни аҳли суннат ривоят шудаанд.[3]

Мазмуни ривоятҳо

Дар бархе аз аҳодиси шиа, парчамҳои сиёҳ аз нишонаҳои фараҷ шумурда шудаанд. Масалан, дар ҳадисе Имоми Алӣ (а) ихтилофи миёни Шомиён, парчамҳои сиёҳ ва садо дар моҳи рамазонро аз нишонаҳои фараҷ донистааст. Аммо дар дигар ривоятҳо, парчамҳои сиёҳ ба заволи ҳукумати Умавиён ва қиёми Абӯмуслими Хуросонӣ рабт дода шудаанд. Масалан, дар ҳадисе аз Имоми Боқир, ба заволи ҳукумати Банӣ Умайя ва Банӣ Аббос ишора шудааст ва аз асҳоби парчамҳои сиёҳ ёд шудааст.[4] Ҳамчунин дар бархе аҳодис, ошкоро Абӯмуслими Хуросонӣ соҳиби парчамҳои сиёҳ хонда шудааст.[5]

Мавзӯъҳои матраҳшуда дар аҳодиси аҳли суннат чунинанд:

  1. Заволи Банӣ Умайя пас аз қиёми парчамҳои сиёҳ.[6]
  2. Мазаммати касоне, ки пас аз қиёми парчамҳои сиёҳ ба қудрат мерасанд.[7]
  3. Ихтилофи парчамҳои сиёҳ.[8]
  4. Зуҳури Суфёнӣ.[9]
  5. Фармондеҳии Шуайб ибни Солеҳ.[10]
  6. Зуҳури Имом Маҳдӣ (а) дар Макка пас аз парчамҳои сиёҳ.[11]

Оё парчамҳои сиёҳ аз нишонаҳои зуҳур ҳастанд?

Бархе аз уламову муҳаққиқони шиа, мурод аз парчамҳои сиёҳро қиёми Абӯмуслими Хуросонӣ медонанд, ки бар зидди ҳукумати Банӣ Умайя рух дода, ба таъсиси хилофати Банӣ Аббос анҷомид.[12] Ба ақидаи онҳо, «ривоятҳои холис»-и шиа (яъне ривоятҳое, ки ровиёнашон ҳама шиа ҳастанд) парчамҳои сиёҳро ҳамчун нишонае барои зуҳур ривоят накардаанд. Он гурӯҳ аз манобеи шиа, ки парчамҳои сиёҳро нишонаи зуҳур донистаанд, ба ривоятҳои аҳли суннат истинод кардаанд.[13] Сайид Муҳаммади Садр навиштааст, ривоятҳои гуногун дар бораи ҳукумати Аббосиён омадаанд, ки бисёрашон сохта буда, яке аз роҳҳои тасдиқи Аббосиён ҳамин ривоятҳои «роёт-ус-суд» (парчамҳои сиёҳ) будааст.[14]

Бо ин ҳама, бархе бар ин боваранд, ки парчамҳои сиёҳ аз нишонаҳои зуҳури Имом Маҳдӣ (аҷ) ҳастанд ва ба қиёме ишора доранд, ки пеш аз зуҳури ӯ сурат мегирад.[15] Алӣ Куронӣ, нависандаи китоби Аср-уз-зуҳур, соҳиби парчамҳои сиёҳро Сайиди Хуросонӣ донистааст, ки фармондеҳии сипоҳи ӯро Шуайб ибни Солеҳ ба ӯҳда дорад ва миёни сипоҳи ӯ ва Суфёнӣ набард сурат мегирад ва Суфёнӣ шикаст мехӯрад.[16] Ва бо Имом Маҳдӣ (аҷ) байъат мекунад.[17] Гуфта шудааст, ки дар китоби Аср-уз-зуҳур барои исботи ин матлаб ба аҳодисе аз китоби «Ал-Фитан»-и Ибни Ҳаммод истинод шудааст, аммо он китоб дар назари шиа эътибор надорад, зеро бисёре аз аҳодиси он аз маъсум содир нашудаанд.[18]

ДОИШ ва ривоятҳои парчамҳои сиёҳ

Бархе аз тарафдорони гурӯҳи ДОИШ, ривоятҳои марбут ба парчамҳои сиёҳро ба гурӯҳи ДОИШ таъвил кардаанд, ки аз парчами сиёҳ истифода мекунанд.[19] Расули Ҷаъфариён, муҳаққиқи таърих, бо сохта донистани ривоятҳои парчамҳои сиёҳ, гузориш додааст, ки бархе аз уламои аҳли суннат низ ин аҳодисро дуруст намедонанд ва дар сурати дуруст будан, татбиқи онҳоро бар ДОИШ нодуруст шуморидаанд.[20]

Эзоҳ

  1. Салимиён, Фарҳангномаи маҳдавият, 1388ҳ.ш., саҳ.136
  2. Салимиён, Фарҳангномаи маҳдавият, 1388ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.136
  3. Муҳаммадии Райшаҳрӣ ва дигарон, Донишномаи Имом Маҳдӣ, 1393ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.60–61
  4. Нӯъмонӣ, Ал-Ғайба, 1397ҳ.ш., саҳ.256, ҳадиси 13
  5. Табарӣ, Далоил-ул-имома, 1413ҳ.қ., саҳ.294, ҳадиси 248; Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.528
  6. Ибни Ҳаммод, Ал-Фитан, 1414ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.207, ҳадиси 566
  7. Ибни Ҳаммод, Ал-Фитан, 1414ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.210, ҳадиси 573
  8. Ибни Ҳаммод, Ал-Фитан, 1414ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.216, ҳадиси 595 ва саҳ.288, ҳадиси 841
  9. Ибни Ҳаммод, Ал-Фитан, 1414ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.288, ҳадиси 841 ва саҳ.289, ҳадиси 845
  10. Ибни Ҳаммод, Ал-Фитан, 1414ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.314, ҳадиси 907; саҳ.316, ҳадиси 912; саҳ.321, ҳадиси 914; саҳ.344, ҳадиси 996
  11. Ибни Ҳаммод, Ал-Фитан, 1414ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.322, ҳадиси 921
  12. Ниг.: Муҳаммадии Райшаҳрӣ ва дигарон, Донишномаи Имом Маҳдӣ, 1393ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.64–65; Садр, Таърих-ул-ғайбат-ил-кубро, 1412ҳ.қ., саҳ.453
  13. Муҳаммадии Райшаҳрӣ ва дигарон, Донишномаи Имом Маҳдӣ, 1393ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.63
  14. Садр, Таърих-ул-ғайбат-ил-кубро, 1412ҳ.қ., саҳ.453
  15. Салимиён, Фарҳангномаи маҳдавият, 1388ҳ.ш., саҳ.137; ниг.: Куронӣ, Аср-уз-зуҳур, 1408ҳ.қ., саҳ.242–243
  16. Куронӣ, Аср-уз-зуҳур, 1408ҳ.қ., саҳ.242
  17. Куронӣ, Аср-уз-зуҳур, 1408ҳ.қ., саҳ.137
  18. Муҳаммадии Райшаҳрӣ ва дигарон, Донишномаи Имом Маҳдӣ, ҷ.7, 1393ҳ.ш., саҳ.448
  19. جعفریان، «موج جدید استفاده از گفتمان مهدوی در برآمدن داعش», вебгоҳи Китобхонаи тахассусии таърихи Ислом ва Эрон
  20. جعفریان، «موج جدید استفاده از گفتمان مهدوی در برآمدن داعش», вебгоҳи Китобхонаи тахассусии таърихи Ислом ва Эрон

Сарчашма

  • Ибни Ҳаммод, Наъим, Ал-Фитан, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1414ҳ.қ.
  • Ҷаъфарӣён, Расул, «جعفریان، «موج جدید استفاده از گفتمان مهدوی در برآمدن داعش»», вебгоҳи Китобхонаи тахассусии таърихи Ислом ва Эрон, санаи нашр: 5 мурдоди 1393ҳ.ш., санаи боздид: 2 хурдоди 1400ҳ.ш.
  • Салимиён, Худамрад, Фарҳангномаи маҳдавият, Теҳрон, Бунёди фарҳангии Ҳазрати Мавъуд, 1388ҳ.ш.
  • Садр, Сайид Муҳаммад, Таърих-ул-ғайбат-ил-кубро, Бейрут, Дор-ут-таъоруф ли-л-матбуъот, 1412ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Эълом-ул-варо биаълом-ил-ҳудо, Қум, Муассисаи Олибайт, 1417ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Далоил-ул-имома, таҳқиқи Муассисаи Ал-Баъса, Теҳрон, 1413ҳ.қ.
  • Куронӣ, Алӣ, Аср-уз-зуҳур, Мактабаи Иъломи Исломӣ, нашри аввал, 1408ҳ.қ.
  • Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Муҳаммад ва дигарон, Донишномаи Имом Маҳдӣ бар асоси Қуръон, ҳадис ва таърих, Қум, Дор-ул-ҳадис, нашри аввал, 1393ҳ.ш.
  • Нуъмонӣ, Муҳаммад ибни Иброҳим, Ал-Ғайба, таҳқиқ ва тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, Нашри Садуқ, 1397ҳ.ш.