Муҳаммад ибни Усмони Амрӣ
Лақаб | Куфӣ ● Саммон ● Аскарӣ |
---|---|
Маҳалли зиндагӣ | Сомиро ● Бағдод |
Санаи вафот | 305ҳ.қ., Бағдод |
Маҳалли дафн | Бағдод |
Хешовандон | падараш Усмон ибни Саид |
Аз ëрони | Имом Ҳасани Аскарӣ (а) ва Имом Маҳдӣ (аҷ) |
Муҳаммад ибни Усмон ибни Саиди Амрӣ (арабӣ: محمد بن عثمان بن سعید عَمری) дуюмин ноиб аз нуввоби арбааи Имоми дувоздаҳуми шиаён баъд аз падараш Усмон ибни Саид аст. Ӯ ибтидо вакили Имоми Замон ва аз дастёрони падар буд ва баъд аз вафоти падар, қариб чиҳил сол (265 - 305ҳ.қ.) ниёбати Имоми Замон (аҷ)-ро дар асри Ғайбати суғро бар ӯҳда дошт. Бо ин ки дар ривояти Имом Аскарӣ (а) ва номаи Имоми Замон (аҷ), ба ниёбати Муҳаммад ибни Усмон тасреҳ шуда буд, бархе аз вукалои созмони ваколати имомон дар ниёбати ӯ шакку тардид ва баъзе иддаои ниёбат карданд. Муҳаммад ибни Усмон дастёроне дошт, ки дар идораи созмони ваколат бо ӯ ҳамкорӣ мекарданд. Ӯ дорои таълифоте дар фиқҳ буд ва аз вай ривоёте дар бораи ҳазрати Маҳдӣ (аҷ) ривоят шудааст. Адъияи машҳуре чун Самот, Ифтитоҳ ва Зиёрати Оли Ёсин низ аз ӯ нақл шудааст.
Зиндагинома
Дар бораи санаи вилодати Муҳаммад ибни Усмони Амрӣ, замоне мушаххас нашудааст. Номи ӯ дар манобеи динӣ, Муҳаммад фарзанди Усмон ибни Саид (ноиби аввали Имом Маҳдӣ (аҷ)) зикр шуда ва кунияаш «Абуҷаъфар» аст. Ӯ аз қабилаи Банӣ Асад буд.[1] Ҳеҷ кунияи дигаре дар китобҳои ҳадисӣ ва риҷолӣ барои ӯ зикр нашудааст.[2]
Чанд лақаб барои ӯ баён шудааст: гоҳе ӯро «Амрӣ»[3] гуфтаанд, ки дар бештари китобҳои риҷолӣ ва ривоӣ омадааст. Гоҳе низ лақаби вайро «Асадӣ»[4] навиштаанд ва гоҳе ӯро «Кӯфӣ»[5] хондаанд. «Саммон»[6] ва «Аскарӣ»[7] низ аз алқоби ӯ зикр шудааст. Ӯ дар Ироқ ба «Халлонӣ» маъруф аст.[8]
Вафот
Бинобар нақли ривоёт, Муҳаммад ибни Усмон замони марги хешро пешгӯӣ кард ва ду моҳ пеш аз вафоти худ, аз он хабар дод. Ровӣ, дар дидоре, ки бо ӯ доштааст, аз Муҳаммад ибни Усмон пурсидааст, ки чаро барои худ қабр кандаӣ? Ва ӯ гуфтааст, ки ман маъмурам корҳои худро ҷамъ кунам ва ду моҳ баъд, аз дунё хоҳам рафт.[9]
Вафоти ноиби дувум дар рӯзи охири ҷамодиюлаввали соли 305 қамарӣ рух дод.[10] Пайкараш дар Бағдод, ташйиъ ва дар канори мақбараи падараш ба хок супорида шуд.[11] Тибқи васияти Муҳаммад ибни Усмон ва бар асоси дастури Имоми Замон (аҷ), Ҳусайн ибни Рӯҳи Навбахтӣ дар Дорулниёбаи Бағдод ҳузур ёфт ва ҷонишини ӯ шуд.[12]
Ваколат ва ниёбати Имоми Замон
Имом Ҳасани Аскарӣ (а) ба ваколат ва ниёбати Муҳаммад ибни Усмон аз Имом Маҳдӣ (аҷ) тасреҳ карда буд. Ҳангоме, ки гурӯҳе аз шиаёни Яман дар шаҳри Сомирро назди Имом Аскарӣ ҳозир шуданд, Имом (а), Усмон ибни Саид - падари Муҳаммад ибни Усмонро эҳзор карда, бар ваколат ва васоқати Муҳаммад шаҳодат дода, ӯро вакили Маҳдӣ (аҷ) хонд.[13]
Шайхи Тӯсӣ дар китоби ал-Ғайбат, ривояте нақл кардааст, ки бар асоси он, Муҳаммад ибни Усмон ва падараш, Усмон ибни Саид, ҳар ду сиқа ва мавриди эътимоди Имом Ҳасани Аскарӣ (а) будаанд. Бинобар ин ривоят, Имом Ҳасани Аскарӣ (а) тасреҳ кардааст: ҳарчи бирасонанд аз тарафи ман мерасонанд ва ҳарчи гӯянд аз ман аст. Ба ҳарфи онон гӯш бидеҳ ва аз онон пайравӣ кун, ки онон сиқа ва амини ман ҳастанд.[14]
«Аз ниҳояти саодати падарат он ки фарзанде монанди ту ба ӯ ато шудааст, ки ба амри ӯ халифа ва қоиммақоми ӯ бошӣ, ва барои ӯ тараҳҳум намоӣ ва талаби мағфират кунӣ. Ва ман мегӯям, ки Худоро ҳамд мекунам, пас ба ростӣ қулуби шиаён аз макону манзалати ту ва он чи Худованд дар ту ва дар назди ту қарор дода, масрур шудааст. Ҳаққ Таъоло туро ёрӣ фармояд ва қувват ба ту диҳад ва туро муҳкам фармояд ва тавфиқ ба ту ато фармояд ва ҳофизу нигаҳбонат бошад!».
Бино ба ривояти Шайхи Тӯсӣ, вақте нахустин ноиб даргузашт, писараш Муҳаммад ӯро ғусл дод, кафан кард ва дафн намуд.[15] Ӯ номаи таслияте аз сӯи Имоми дувоздаҳум дарёфт кард, ки дар он, бо Муҳаммад ибни Усмон ҳамдардӣ ва ба симати ниёбати ӯ баъд аз падар ишора шуда буд.[16]
Муддати ниёбат
Шайхи Тӯсӣ дар ал-Ғайбат тасреҳ кардааст, ки муддати ниёбати Муҳаммад ибни Усмон, наздик ба панҷоҳ сол буда,[17] аммо Сайид Муҳаммади Садр ин иддаоро нодуруст дониста, чун ба бовари ӯ, вафоти Муҳаммад ибни Усмон дар соли 305 қамарӣ иттифоқ афтодааст ва бо шаҳодати Имом Ҳасани Аскарӣ (а) 45 сол фосила дорад ва аз он ҷо ки ноиби аввал (падари ӯ) ҳудуди 5 сол ниёбат доштааст, ниёбати ноиби дувум, ҳудуди чиҳил сол хоҳад буд, на панҷоҳ сол.[18]
Мухолифон
Касоне ки баъд аз вафоти Усмон ибни Саид, дар ниёбати Муҳаммад шакку тардид карданд ва худ, муддаии ниёбат шуданд, иборатанд аз:
- Ҳасани Шариъӣ
- Муҳаммад ибни Насир Намирӣ
- Аҳмад ибни Ҳилоли Абартоӣ
- Муҳаммад ибни Алӣ ибни Билол
- Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Усмон маъруф ба Абубакри Бағдодӣ
- Исҳоқ Аҳмар
- Боқтонӣ
- Ҳусайн ибни Мансури Ҳаллоҷ[19]
Вазъияти давраи ниёбат
Аз ҳаводиси муҳими даврони ниёбати Муҳаммад ибни Усмон, қиёми соҳиби Занҷ ва зуҳури қаромита буд. Аз он ҷо ки соҳиби Занҷ, насаби худро ба Зайд - фарзанди Имом Саҷҷод (а), мерасонд, бахше аз алавиён ба ӯ пайвастанд.[20] Муҳаққиқон муътақиданд, соҳиби Занҷ ба дурӯғ худро алавӣ муаррифӣ кард ва дар насабу амал ба дур аз Аҳли Байт будааст.[21] Имом Ҳасани Аскарӣ (а) низ соҳиби Занҷро ба дур аз Аҳли Байт донист.[22]
Фирқаи қаромита ба унвони шохае аз фирқаи исмоилия, низ ба шиа иртибот дошт ва ин иртибот метавонист мушкилотеро барои имомия эҷод кунад. Ба нақли Ҷосим Ҳусайн, таблиғоти қаромита дар робита бо қиёми Қоим, ҳукуматро таҳрик мекард, то фаъолиятҳои онҳоро бо ғайбати Имоми дувоздаҳум дахлдор бидонад ва онро ба унвони марҳалаи омодагӣ барои қиёми Маҳдӣ талаққӣ кунад. Вай муътақид аст тавқеъе, ки аз сӯи Имоми Замон (аҷ) дар лаъни Абулхаттоб барои Муҳаммад ибни Усмон содир шуд, нозир ба хатари қаромита ва барои наҳйи шиаён аз ҳар гуна иртиботи бо онон будааст.[23]
Шеваи фаъолият
Муҳаммад ибни Усмон барои он ки битавонад вазоифи сафоратро ба дур аз ҳаргуна ҳассосиятзоӣ барои мухолифон анҷом диҳад, тақия мекард. Ӯ чунин вонамуд мекард, ки тасаввури ҳукумати аббосӣ дар бораи ҷонишин надоштани Имом Аскарӣ (а) дуруст аст ва ба вукалои худ супориш мекард, ки фаъолиятҳои худро бо риояти тақия анҷом диҳанд ва мабодо исми Имоми дувоздаҳум ба миён ояд, то бад-ин васила зеҳнияти ҳукумат ба ҳоли худ боқӣ бимонад. Ин мавзеъгирии Муҳаммад ибни Усмон барои он буд, то ҳукумат осудахотир бошад, ки шиаён раҳбар надоранд ва қиём намекунанд.[24]
Коргузорон ва ёрон
Дар даврони ниёбати Муҳаммад, афроде дар дастгоҳи ваколат бо ӯ ҳамкорӣ мекарданд. Бархе намояндаи ӯ дар баъзе манотиқ ва иддае ҳам шогирди ӯ буданд ва аз ӯ ҳадис нақл мекарданд. Гуфта шудааст, ки дар Бағдод, даҳ нафар зери назари ӯ умурро идора мекарданд, ки яке аз онон Ҳусайн ибни Рӯҳ буд, ки баъдҳо сеюмин ноиби Имоми Замон (аҷ) шуд.[25] Асомии бархе аз онҳо аз ин қарор аст:
- Исҳоқ ибни Яъқуб
- Ҷаъфар ибни Усмони Мадоинӣ
- Муҳаммад ибни Ҳаммоми Бағдодӣ
- Абдуллоҳ ибни Ҷаъфари Ҳимярӣ
- Қосим ибни Ало Ҳамдонӣ
- Муҳаммад ибни Иброҳими Маҳзиёр
- Алӣ ибни Аҳмад Даллоли Қумӣ
- Ғиёс ибни Усайд
- Аҳмад ибни Иброҳими Навбахтӣ[26]
Ҷойгоҳи илмӣ ва ривоӣ
Шайхи Тӯсӣ дар китобҳои Риҷол ва ал-Ғайбат, Муҳаммад ва падарашро вакили Имоми Замон (аҷ) донистааст, ки дорои манзалате бузург буданд ва суханони онҳоро мавриди вусуқу итминон донистааст.[27] Аллома Ҳиллӣ ҳам дар китоби риҷолии худ, интисоби Муҳаммад ибни Усмон ба симати ниёбати Имоми Замонро ба маънои ҷойгоҳи волои ӯ донистааст.[28] Момақонӣ дар Танқиҳ-ул-мақол, ҷойгоҳи волои ӯро чунон машҳур донистааст, ки эҳтиёҷ ба тавзеҳ ё иқомаи бурҳон надорад.[29] Сайид Абулқосими Хуӣ низ дар Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, ривоётеро ки дар шаъну азамати ӯ омадааст кофӣ медонад.[30]
Ривоёт ва осор
Аз Муҳаммад ибни Усмон, ривоёте дар бораи Имоми Замон (аҷ) нақл шудааст; аз ҷумла дар бораи таваллуди ҳазрати Маҳдӣ (аҷ)[31], ҳаром будани зикри номи ӯ дар асри Ғайбати суғро[32] ва мулоқотҳо ва дидорҳои ӯ бо Имом Маҳдӣ,[33] дуои Самот, дуои Ифтитоҳ ва зиёрати Оли Ёсин, ҳам адъияе ҳастанд, ки аз тариқи Муҳаммад ибни Усмон нақл шудааст.[34] Ӯ ҳамчунин бархе ривоётро аз падараш Усмон ибни Саид нақл кардааст.
Муҳаммад ибни Усмон, таълифоте ҳам дар фиқҳ доштааст, ки ҳовии аҳодисе аз Имом Аскарӣ (а) ва ҳазрати Маҳдӣ (аҷ) аст. Аз ҷумлаи ин китобҳо, «Китоб-ул-ашриба» буд. Ба гуфтаи Уммукулсум духтари Абуҷаъфар, ин китоб дар вақти васияти Муҳаммад ибни Усмон, ба Ҳусайн ибни Рӯҳ (ноиби сеюм) расид ва дар дасти ӯ буд. Чунонки Абунаср[Ёддошт 1] гуфта, ин китоб баъд аз Ҳусайн ибни Рӯҳ ба Абулҳасани Самурӣ (ноиби чаҳорум) расид.[35]
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.51, саҳ.344.
- ↑ Ғаффорзода, Зиндагонии нуввоби хосси Имоми Замон, 1379ҳ.ш., саҳ.155.
- ↑ Наҷҷошӣ, Риҷоли Наҷҷошӣ, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.408.
- ↑ Момқонӣ, Танқиҳ-ул-мақол, 1352ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.149.
- ↑ Момқонӣ, Танқиҳ-ул-мақол, 1352ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.149.
- ↑ Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.54.
- ↑ Ибни Асир, ал-Комил, 1386ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.109.
- ↑ Суфаро ва нуввоб-ул-Имом-ил-Маҳдӣ, сайти алмуъаммал.
- ↑ Тӯсӣ, ал-Ғайбат, 1411ҳ.қ., саҳ.364; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.51, саҳ.351
- ↑ Тӯсӣ, ал-Ғайбат, 1411ҳ.қ., саҳ.366.
- ↑ Раҳтӯшаи атаботи олиёт, саҳ.378.
- ↑ Заҳабӣ, Сияру аълом-ин-нубало, 1413ҳ.қ., саҳ.223.
- ↑ Тӯсӣ, ал-Ғайбат, 1411ҳ.қ., саҳ.356.
- ↑ Тӯсӣ, ал-Ғайбат, 1411ҳ.қ., саҳ.243.
- ↑ Тӯсӣ, ал-Ғайбат, 1411ҳ.қ., саҳ.364.
- ↑ Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.510.
- ↑ Тӯсӣ, ал-Ғайбат, 1411ҳ.қ., саҳ.366.
- ↑ Садр, Таърих-ул-Ғайбат, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.404.
- ↑ Ғаффорзода, Зиндагонии нуввоби хосси Имоми Замон, саҳ.179; Ҷабборӣ, Созмони ваколат, ҷ.2, саҳ.694 - 707
- ↑ Ҷосим Ҳусайн, Таърихи сиёсии Имоми дувоздаҳум, 1385ҳ.ш., саҳ.175 ва 176.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.63, саҳ.197.
- ↑ Ибни Шаҳрошӯб, Маноқиби Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.429.
- ↑ Ҷосим Ҳусайн, Таърихи сиёсии Имоми дувоздаҳум, 1385ҳ.ш., саҳ.177 ва 178.
- ↑ Ҷосим Ҳусайн, Таърихи сиёсии ғайбати Имоми дувоздаҳум, 1385ҳ.ш., саҳ.169; Ғаффоризода, Зиндагонии нуввоби хосси Имоми Замон, 1379ҳ.ш., саҳ.227.
- ↑ Ҷосим Ҳусайн, Таърихи сиёсии ғайбати Имоми дувоздаҳум, 1385ҳ.ш., саҳ.170.
- ↑ Раҳтӯшаи атаботи олиёт, саҳ.373 - 374.
- ↑ Тӯсӣ, Риҷоли Тӯсӣ, 1415ҳ.қ., саҳ.447; Тӯсӣ, ал-Ғайбат, 1411ҳ.қ., саҳ.243.
- ↑ Ҳиллӣ, Хулосат-ул-ақвол, 1417ҳ.қ., саҳ.250.
- ↑ Момқонӣ, Танқиҳ-ул-мақол, 1352ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.149.
- ↑ Хуӣ, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, 1413ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.294.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.51, саҳ.16.
- ↑ Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.483; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.51, саҳ.33.
- ↑ Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.435; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.52, саҳ.152.
- ↑ Тӯсӣ, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.417.
- ↑ Тӯсӣ, ал-Ғайбат, 1411ҳ.қ., саҳ.363.
Ёддошт
Сарчашма
- Ғаффорзода, Алӣ, Зиндагонии нуввоби хосси Имоми Замон, Қум, интишороти нубуғ, сеюм, 1379ҳ.ш.
- Заҳабӣ, Сияру аълом-ин-нубало, ишроф ва тахриҷ: Шуъайб Арнаут, таҳқиқ: Иброҳим алзибқ, Бейрут, муассисат аррисолат, 1413ҳ.қ.
- Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, ал-Комилу фи-т-торих, Бейрут, Дорусодир, 1399ҳ.қ.
- Ирбилӣ, Алӣ ибни Исо, Кашф-ул-ғумма, Қум, исломия, 1421ҳ.қ.
- Қумӣ, Аббос, Сафинат-ул-биҳор ва мадинат-ул-ҳиками ва-л-осор, Қум, усва, 1414ҳ.қ.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, муассисатулвафо, 1403ҳ.қ.
- Момқонӣ, Абдуллоҳ, Танқиҳ-ул-мақол фи илм-ир-риҷол, чопи Наҷаф, 1352ҳ.қ.
- Навбахтӣ, Ҳасан ибни Мӯсо, Фирақ-уш-шиъа, тасҳеҳи Сайид Муҳаммадсодиқ Оли Баҳрулъулум, Наҷаф, ал-Мактабат-ул-Муртазавия, 1355ҳ.қ.
- Наҷҷошӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Риҷол-ун-Наҷҷошӣ, чопи Мӯсо Шубайрии Занҷонӣ, Қум, 1407ҳ.қ.
- Садр, Сайид Муҳаммад, Таърих-ул-Ғайбат, Бейрут, Дорултаоруф, 1412ҳ.қ.
- Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Камол-уд-дин ва тамом-ун-неъмат, чопи Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, 1363ҳ.ш.
- Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ут-Табарӣ, Бейрут, муассисатул-аъламӣ.
- Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Ғайбат, Қум, муассисаи алмаъорифул-исломия, 1411ҳ.қ.
- Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид ва силоҳ-ул-мутаъаббид, муассисаи фиқҳи шиа, Бейрут, 1411ҳ.қ.
- Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Риҷол-ут-Тӯсӣ, Қум, ҷомеъаи мударрисин, 1415ҳ.қ.
- Хуӣ, Сайид Абулқосим, Мӯъҷаму риҷол-ил-ҳадис, 1413ҳ.қ.
- Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Хулосат-ул-ақвол, муассисаи нашрулфақоҳат, 1417ҳ.қ.
- Ҷабборӣ, Муҳаммадризо, Созмони ваколат ва нақши он дар асри аимма алайҳимуссалом, Қум, Муассисаи омӯзишии пажӯҳишии Имом Хумайнӣ, 1382ҳ.ш.
- Ҷамъе аз нависандагон, Раҳтӯшаи атаботи олиёт, Теҳрон, нашри Машъар, 1391ҳ.ш.
- Ҷосим Муҳаммад Ҳусайн, Таърихи сиёсии ғайбати Имоми дувоздаҳум, тарҷумаи Муҳаммадтақии Оятуллоҳӣ, Теҳрон, Амири Кабир, 1385ҳ.ш.
Хатои ёдкард: <ref>
tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/>
tag was found