Хуруҷи Суфёнӣ

Аз wikishia

Хуруҷи Суфёнӣ ба форсӣ: خروج سُفْیانی яке аз панҷ рӯйдоди ҳатмӣ дар остонаи зуҳури ҳазрати Маҳдӣ (аҷ) аст ва дар минтақаи Шом рух медиҳад. Бино бар ривояте аз Имом Ризо (а), зуҳури Қоим, бидуни хуруҷи Суфёнӣ рух нахоҳад дод. Дар ривоёти дигар, Суфёнӣ пас аз 9 моҳ ҳукумат бар Шом, ба самти Мадина лашкаркашӣ мекунад ва дар ҷое ба номи Байдоъ, дар замин фурӯ меравад.

Суфёнӣ дар ривоёти шиа ва суннӣ, аз наводагони Абусуфён дониста шудааст, ки чеҳрае хунрезу бераҳм дорад ва мардум аз дидани ӯ ваҳшат мекунанд. Номҳои мухталифе, аз ҷумла Анбасат ибни Марра барои вай зикр шудааст.

Зиндагинома ва вижагиҳо

Дар манобеи ривоии шиа ва аҳли суннат, номҳои мухталифе барои Суфёнӣ зикр шудааст; аз ҷумла дар ривоёти мухталифе аз Имом Алӣ (а), номи вай, Анбасат ибни Марра[1], Ҳарб ибни Анбаса[2] ва Усмон ибни Анбаса,[3] аз наводагони Абусуфён зикр шудааст.[4] Ҳамчунин номи ӯ дар манобеи аҳли суннат, Ҳарб ибни Анбаса[5] ва Муовия ибни Утба дониста шудааст.[6]

Суфёнӣ, дар ривоёт, бисёр хунрез, одамкуш ва бераҳм тасвир шудааст.[7] Ҳамчунин бино бар ривоёте, ки аз Имом Алӣ (а) нақл шудааст, Суфёнӣ марде чаҳоршона, обларӯ, ва такчашм аст, ки мардум аз дидани ӯ ваҳшат мекунанд.[8] Бар пояи ривояте аз Имом Содиқ (а) ки дар Биҳор-ул-аанвор нақл шудааст, Суфёнӣ душмани шиа аст ва мунодии ӯ дар Кӯфа эълом мекунад, ки ҳар кас сари шиаеро аз тан ҷудо кунад, ба ӯ ҳазор дирҳам медиҳад.[9]

Ҳатмӣ будан

Хуруҷи Суфёнӣ, дар ривоёте аз Имом Содиқ (а) ҳатмӣ дониста шуда[10] ва дар канори хуруҷи Ямонӣ, сайҳаи осмонӣ, қатли Нафси Закия ва Хасфи Байдоъ, яке аз панҷ нишонаи пеш аз қиёми Қоим муаррифӣ шудааст.[11]

Ҳамчунин бино бар нақле аз Имом Ризо (а), зуҳури Қоим аз ҷониби Худо ҳатмӣ аст ва хуруҷи Суфёнӣ ҳам ҳатмист ва бидуни хуруҷи Суфёнӣ, Қоим зуҳур нахоҳад кард.[12] Дар ривояте аз Имом Содиқ (а) ҳам хуруҷи Суфёнӣ ҳатмӣ ва дар моҳи раҷаб дониста шудааст.[13] Ривояте аз Имом Боқир (а), ҳокӣ аз ин аст, ки хуруҷи Суфёнӣ, Сайиди Ямонӣ ва Сайиди Хуросонӣ, дар як сол, як моҳ ва як рӯз воқеъ хоҳад шуд.[14]

Хасфи Байдоъ: Нобудии Суфёнӣ

Мақолаи аслӣ: Хасфи Байдоъ Дар ривоёте аз Пайғамбари Акрам (с), яке аз нишонаҳои зуҳури Имом Маҳдӣ (а), хуруҷи лашкаре аз Шом ба самти Макка ва фурӯ рафтани онҳо дар сарзамине ба номи Байдоъ (биёбоне байни Маккаву Мадина) муаррифӣ шудааст, ки дар манобеи ривоӣ ба хасфи Байдоъ шуҳрат ёфтааст.[15] Бино бар ривояти дигаре, Имом Алӣ (а) дар бораи бахше аз ояти 51 сураи Сабаъ (وَ لَوْ تَرىٰ‌ إِذْ فَزِعُوا فَلاٰ فَوْتَ‌ وَ أُخِذُوا مِنْ‌ مَكٰانٍ‌ قَرِيبٍ), ба Суфёнӣ ишора карда ва тасреҳ кардааст, ки 9 моҳ бар Шом ҳукумат мекунад ва баъд аз онки ба сӯи Мадина лашкаркашӣ мекунад, дар Байдоъ, Худованд ӯро дар замин фурӯ мебарад.[16]

Нишонаи воқеӣ ё намодин?

Сайид Муҳаммади Садр (1322 - 1377ҳ.ш.) аз мароҷеъи тақлиди қарни чаҳордаҳуми шамсӣ дар китоби Таърих-ул-Ғайбат-ил-кубро, Суфёниро намоди инҳироф дар ҷомеъаи исломӣ донистааст.[17] Албатта дар посухи ӯ гуфта шудааст, ки рамзӣ донистани алоими зуҳури хилофи зоҳири аҳодис аст[18] ва сабаб мешавад, ки коркарди алоими зуҳур, ки шинохти Имом Маҳдӣ (аҷ) аз муддаиёни дурӯғин аст,[19] лағв бошад.[20]

Ҷусторҳои вобаста

Сайиди Хуросонӣ

Қиёми Ямонӣ

Сайиди Ҳасанӣ

Набарди Қирқисё

Эзоҳ

  1. Ибни Товус, ат-Ташриф би-л-минан, 1416ҳ.қ., саҳ.296; Фатловӣ, Аломот-ул-Маҳдӣ-ил-Мунтазар, 1421ҳ.қ., саҳ.279.
  2. Шуштарӣ, Эҳқоқ-ул-ҳақ, 1409ҳ.қ., саҳ.567; Фатловӣ, Аломот-ул-Маҳдӣ-ил-Мунтазар, 1421ҳ.қ., саҳ.337.
  3. Тоҷуддин, ал-Маҷолис-ул-Маҳдавия, 1437ҳ.қ., саҳ.223.
  4. Шуштарӣ, Эҳқоқ-ул-ҳақ, 1409ҳ.қ., саҳ.567; Фатловӣ, Аломот-ул-Маҳдӣ-ил-Мунтазар, 1421ҳ.қ., саҳ.337; Тоҷуддин, ал-Маҷолис-ул-Маҳдавия, 1437ҳ.қ., саҳ.223.
  5. Муқаддасӣ, Ақд-уд-дурар, 1428ҳ.қ., саҳ.128.
  6. Муқаддасӣ, Ақд-уд-дурар, 1428ҳ.қ., саҳ.116.
  7. Барои намуна нигоҳ кунед ба: Ибни Товус, ат-Ташриф би-л-минан, 1416ҳ.қ., саҳ.115 - 117; Муқаддасӣ, Ақд-уд-дурар, 1428ҳ.қ., саҳ.76.
  8. Нигоҳ кунед ба: Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.52, саҳ.205.
  9. Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.52, саҳ.215.
  10. Шайхи Садуқ, Камол-уд-дин, 1429ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.678, ҳадиси 5; саҳ.680, ҳадиси 14 ва 15.
  11. Шайхи Садуқ, Камол-уд-дин, 1429ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.678, ҳадиси 5.
  12. Ҳимярӣ, Қурб-ул-аснод, саҳ.374, ҳадиси 1329.
  13. Нуъмонӣ, ал-Ғайбат, [1397ҳ.қ.], саҳ.302.
  14. Нуъмонӣ, ал-Ғайбат, [1397ҳ.қ.], саҳ.369.
  15. Ибни Товус, ат-Ташриф би-л-минан, 1416ҳ.қ., саҳ.158, ҳадиси 205 ва 206.
  16. Нуъмонӣ, ал-Ғайбат, [1397ҳ.қ.], саҳ.305.
  17. Садр, Таърих-ул-Ғайбат-ил-кубро, 1412ҳ.қ., саҳ.484.
  18. Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Донишномаи Имом Маҳдӣ, 1393ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.460.
  19. Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Донишномаи Имом Маҳдӣ, 1393ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.414 - 415.
  20. Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Донишномаи Имом Маҳдӣ, 1393ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.460.

Сарчашма

  • Ибни Товус, Алӣ ибни Мусо, ат-Ташриф би-л-минан фи-т-таъриф би-л-фитан: ё ал-Малоҳим ва-л-фитан, Исфаҳон, Гулбаҳор, 1416ҳ.қ.
  • Тоҷуддин, Маҳдӣ, ал-Маҷолис-ул-Маҳдавия, Қум, муассисаи алмактабатул ҳайдария, 1437ҳ.қ.
  • Ҳимярӣ, Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар, Қурб-ул-аснод, Қум, муассисаи Олулбайт, 1413ҳ.қ.
  • Шуштарӣ, Нурулло ибни Шарифуддин, Эҳқоқ-ул-ҳақ ва изҳоқ-ул-ботил, бо муқаддимаи Шаҳобуддин Маръашии Наҷафӣ, Қум, мактабат Оятуллоҳилъузмо ал-Маръашӣ ан-Наҷафӣ, 1409ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Камол-уд-дин ва тамом-ун-неъмат, таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, муассисаи ан-Нашрул-исломӣ, 1429ҳ.қ.
  • Садр, Сайид Муҳаммад, Таърих-ул-Ғайбат-ил-кубро, Бейрут, Дорултаъоруф лилматбуъот, 1412ҳ.қ.
  • Аллома Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор-ил-ҷомеъа лидурари ахбор-ил-аиммат-ил-атҳор, Бейрут, муассисатул вафо, 1403ҳ.қ./1983м.
  • Фатловӣ, Маҳдӣ Ҳамд, Аломот-ул-Маҳдӣ-ил-Мунтазар алайҳиссалом фи хутаб-ил-Имом Алӣ алайҳиссалом ва расоилиҳи ва аҳодисиҳ, Бейрут, Дорулҳодӣ, 1421ҳ.қ./2001м.
  • Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Муҳаммад, Донишномаи Имом Маҳдӣ (аҷ) бар пояи Қуръон (ҷ.7), ҳадис ва таърих, Қум, муассисаи илмии фарҳангии Дорулҳадис, 1393ҳ.ш.
  • Муқаддасии Шофеии Салмӣ, Юсуф ибни Яҳё, Ақд-уд-дурар фи ахбор-ил-Мунтазар, таҳқиқи Абдулфаттоҳ Муҳаммади Ҳилв, тасҳеҳи Алӣ Назарии Мунфарид, Қум, масҷиди Ҷамкарон, 1428ҳ.қ.
  • Нуъмонӣ, Муҳаммад ибни Иброҳим, ал-Ғайбат, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, мактабатус-Садуқ, [1397ҳ.қ.].