Ҳадиси васият

Аз wikishia
Ҳадиси васият
МавзуъДувоздаҳ Маҳдӣ
Содиршуда азПайғамбар (с)
Эътибори санадЗаиф
Сарчашмаи шиаКитоб-ул-ғайба
Таъйиди қуръонӣНадорад
Таъйиди ривоӣНадорад


Бо ҳадиси висоят иштибоҳ нашавад.

Ҳадиси васият (форсӣ: حدبث وصيت) ривояте аст, ки дар он, аз дувоздаҳ Маҳдӣ сухан омадааст, ки баъд аз Имом Маҳдӣ (а) ҷонишини ӯ мешаванд. Ин ҳадис дар китоби ал-Ғайба - навтштаи Шайхи Тусӣ, омадааст. Аҳмад ал-Ҳасан, раҳбари гурӯҳи Ансор-ул-Маҳдӣ, бо истинод ба он, худро фарзанди бовоситаи Имоми Замон ва нахустин Маҳдӣ аз дувоздаҳ Маҳдӣ хондааст.

Олимони шиа ин бардошти Аҳмад ал-Ҳасан аз ривоятро намепазиранд ва онро бо ривоёти машҳур ва саҳеҳи шиа носозгор медонанд. Бархе аз пажӯҳишгарон, бо баррасии санад ва муҳтавои ҳадис, ишколоте барои он шуморидаанд; аз ҷумла гуфтаанд, ҳадис заиф-ус-санад аст, ҳамчунин бо аҳодисе, ки шумори ҷонишинони Пайғамбар (с)-ро дар дувоздаҳ тан мунҳасир медонад, таоруз дорад.

Муаррифии ҳадис ва муҳтавои он

Ҳадиси васият, ривояте аст, ки Шайхи Тӯсӣ дар китоби ал-Ғайба аз Пайғамбари Ислом (с) нақл кардааст.[1] Дар ин ҳадис Пайғамбари Ислом (с), хитоб ба Имом Алӣ (а), аз вуҷуди дувоздаҳ имоми баъд аз худ сухан гуфта ва номҳои ононро ки ҳамон имомони дувоздаҳгонаи шиа ҳастанд, баён кардааст. Сипас аз вуҷуди дувоздаҳ Маҳдӣ хабар додааст, ки пас аз вафоти имоми дувоздаҳум, ҷонишинаш мешаванд.[2] Бахши поёнии ҳадисе, ки нозир ба ин мавзӯъ аст, ба шарҳи зер аст:

«Баъд аз эшон [имомони дувоздаҳгона ] дувоздаҳ Маҳдӣ хоҳад омад. Вақте имоми дувоздаҳум вафот кард, ҷонишинии манро ба фарзандаш, ки аввалин муқаррабон аст, медиҳад. Ӯ се ном дорад: як номаш монанди номи ман аст; номи дигараш монанди номи падари ман аст ва он Абдуллоҳ ва Аҳмад аст; сеюмин номи ӯ ҳам Маҳдӣ аст ва ӯ аввалин муъминон аст».[3]

Ин ҳадис, муҳимтарин мустанади Аҳмад ал-Ҳасан раҳбари гурӯҳи Ансор-ул-Маҳдӣ барои исботи дувоздаҳ Маҳдӣ баъд аз дувоздаҳ имом аст.[4] Ӯ бо истинод ба ин ривоят, муддаӣ шудааст худаш нахустин Маҳдӣ ва фарзанди Имоми Замон (а) аст.[5]

Олимони шиа санади ин ривоятро қатъӣ надониста ва ин бардоштро напазируфтаанд.[6]

Истинодоти Аҳмад ал-Ҳасан ба ҳадис

Аҳмад ал-Ҳасан бо истинод ба ҳадиси васият, мегӯяд дувоздаҳ Маҳдӣ баъд аз Имоми Замон (аҷ) меояд ва ӯ нахустини онҳо аст.[7] Афзун бар ин, бо тавваҷуҳ ба иборати «ибнуҳ» (писараш) дар ривоят, худро фарзанди бовоситаи Имоми Замон (а) муаррифӣ мекунад.[8]

Бар ин асос, ӯ муддаии нақшофаринии худ дар пеш аз зуҳур ва ҳангоми ҳукумати имоми дувоздаҳум ва баъд аз он аст.[9]

Дидгоҳи олимони шиа

Олимони шиа ҳадиси васиятро мухолифи ривоёти машҳур ва саҳеҳ донистаанд. Аз ҷумлаи онҳо Табарсӣ (муффасири қарни панҷум), Ирбилӣ (муҳаддиси қарни ҳафтум), Аллома Маҷлисӣ ва Ҳурри Омилӣ (муҳаддиси қарни ёздаҳум) аст.[10]

Табарсӣ ва Ирбилӣ ҳамчунин гуфтаанд ин ривоёт бо ривоёти саҳеҳе, ки мегӯянд пас аз имом Маҳдӣ (аҷ), давлати дигаре нахоҳад буд ҳам мухолиф аст.[11]

Ишколоти ҳадиси васият

Бархеи дигар аз ишколоте, ки пажӯҳишгарон ба ин ҳадис гирифтаанд ба шарҳи зер аст:

  • Ин ривоят, хабари воҳид ва хабари воҳид заннӣ (гумонӣ) аст. Бинобар ин, наметавон бо он, эътиқодотро исбот кард.[12]
  • Тибқи ин ривоят, ҷонишинони Пайғамбар 24 нафаранд ва ин бо инҳисори авсиёъ (васиҳо) дар 12 тан носозгор аст.[13]
  • Бо ривоёте, ки Имоми Замон (а)-ро хотам-ул-авсиё медонанд, таоруз дорад. Ҳамчунин ин ривоёт бо ривоёти мутааддиде, ки хабар аз раҷъат медиҳанд, таоруз дорад.[14]
  • Ин ҳадис, заиф-ус-санад аст: ровиёнаш заиф ва маҷҳуланд. Аз ин рӯ, тавони таоруз бо ривоёти саҳеҳро надорад.[15]

Эзоҳ

  1. Шайхи Тӯсӣ, ал-Ғайба, 1411ҳ.қ., саҳ.150 - 151.
  2. Шайхи Тӯсӣ, ал-Ғайба, 1411ҳ.қ., саҳ.150 - 151.
  3. Шайхи Тӯсӣ, ал-Ғайба, 1411ҳ.қ., саҳ.150.
  4. Муҷтаҳиди Систонӣ, Лавҳу қалам, Дор-ут-тафсир, саҳ.13.
  5. Муҳаммадии Ҳушёр, Дарсномаи нақд ва баррасии ҷараёни Аҳмад ал-Ҳасан, 1396ҳ.ш., саҳ.37 - 39.
  6. Барои намуна нигоҳ кунед ба Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.53, саҳ.149 – 150/ Ҳурри Омилӣ, ал-Иқоз мин-ал-ҳуҷъа, 1362ҳ.ш., саҳ.368.
  7. Аҳмад ал-Ҳасан, ал-Ҷавоб-ул-мунир, ҷ.1, саҳ.38.
  8. Муҳаммадии Ҳушёр, Дарсномаи нақд ва баррасии ҷараёни Аҳмад ал-Ҳасан, 1396, саҳ.37 - 39.
  9. Муҳаммадии Ҳушёр, Дарсномаи нақд ва баррасии ҷараёни Аҳмад ал-Ҳасан, 1396, саҳ.37 - 39.
  10. Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.295/ Ирбилӣ, Кашф-ул-ғумма фи маърифат-ил-аимма, 1381, ҷ.2, саҳ.467/ Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.53, саҳ.150/ Ҳурри Омилӣ, ал-Иқоз мин-ал-ҳуҷъа, 1362ҳ.ш., саҳ.368/ Ҳурри Омилӣ, ал-Фавоид-ут-тусийя, 1403ҳ.қ., саҳ.115.
  11. Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.295/ Ирбилӣ, Кашф-ул-ғумма фи маърифат-ил-аимма, 1381, ҷ.2, саҳ.467/ Омилии Наботӣ, ас-Сирот-ул-мустақим, ҷ.2, 1384ҳ.қ, саҳ.186.
  12. Оли Муҳсин, ар-Радд-ул-қосим, 1434ҳ.қ., саҳ.36.
  13. Оли Муҳсин, ар-Радд-ул-қосим, 1434ҳ.қ., саҳ.36/ Муҷтаҳиди Систонӣ, Лавҳ ва қалам, Дор-ут-тафсир, саҳ.129.
  14. Шаҳбозиён, Муҳаммад, Раҳи афсона, 1396ҳ.ш., саҳ.138/ Муҳаммадии Ҳушёр, Дарсномаи нақд ва баррасии ҷараёни Аҳмад ал-Ҳасан, 1396ҳ.ш., саҳ.150.
  15. Муҷтаҳиди Систонӣ, Лавҳ ва қалам, Дор-ут-тафсир, саҳ.59.

Сарчашма

  • Аллома Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1403ҳ.қ.
  • Аҳмад ал-Ҳасан, ал-Ҷавоб-ул-мунир абр-ал-асир, Исдороту ансор-ил-имом-ил-Маҳдӣ.
  • Ирбилӣ, Алӣ ибни Исо, Кашф-ул-ғумма фи маърифат-ил-аимма, бо муқаддимаи Ҷаъфари Субҳонӣ ва Сайидҳошим Расулии Маҳаллотӣ, Табрез, нашри Баниҳошимӣ, 1381ҳ.ш.
  • Муҳаммадии Ҳушёр, Алӣ, Дарсномаи нақд ва баррасии ҷараёни Аҳмад ал-Ҳасан ал-Басрӣ, Қум, интишороти Таваллӣ, 1396ҳ.ш.
  • Муҷтаҳиди Систонӣ, Маҳдӣ, Лавҳ ва қалам: баррасии ривояти мавсум ба васият дар китоби ал-Ғайбати Шайхи Тӯсӣ, Қум, Дор-ут-тафсир, бе то.
  • Оли Муҳсин, Алӣ, ар-Радд-ул-қосим, Наҷаф, Марказ-уд-диросот-ит-тахассусийя ли-л-имом-ил-Маҳдӣ, 1434ҳ.қ.
  • Омилии Наботӣ, Алӣ ибни Юнус, ас-Сирот-ул-мустақим ило мустаҳаққи-т-тақдим, тасҳеҳи Михаил Рамазон, Наҷаф, ал-Мактабат-ул-ҳайдарийя, чопи аввал, 1384ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Эълом-ул-варо биаълом-ил-ҳудо, Қум, муассисаи Ол-ул-Байт лиэҳё-ит-турос, 1417ҳ.қ.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Ғайба, таҳқиқи Абдуллоҳи Теҳронӣ ва Алиаҳмади Носеҳ, Қум, муассисаи Маорифи исломӣ, 1411ҳ.қ.
  • Шаҳбозиён, Муҳаммад, Раҳи афсона, Қум, интишороти маркази тахассусии Маҳдавияти ҳавзаи илмияи Қум, 1396ҳ.ш.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Исбот-ул-ҳудот би-н-нусуси ва-л-муъҷизот, тасҳеҳи Алоуддин Аъламӣ, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуъот, 1425ҳ.қ./2004м.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Иқоз мин-ал-ҳуҷъати би-л-бурҳони ала-р-раҷъат, тасҳеҳи Сайидҳошим Расулии Маҳаллотӣ, тарҷумаи Аҳмади Ҷаннатӣ, Теҳрон, интишороти Навид, 1362ҳ.ш.