Даҷҷол
Даҷҷол ба арабӣ:دَجّال, шахс ё мавҷуде аз душманони Имом Маҳдӣ (аҷ) аст. Хуруҷи Даҷҷол, бино бар ривоёти шиа, яке аз алоими зуҳури Имоми дувоздаҳуми шиаён аст ва дар ҳангоми сахтию қаҳтӣ зуҳур мекунад, ҷамъеро фиреб дода ва ба сӯи худ мекашонад ва саранҷом ба дасти ҳазрати Маҳдӣ (аҷ) аз байн меравад.
Бар асоси бархе аз ривоёти исломӣ, Даҷҷол иддаои улуҳият карда, мӯҷиби хунрезӣ ва фитнаҳои зиёде мешавад. Вижагиҳои зоҳирии даҷҷол танҳо дар ривоёти нақлшуда аз ровиёни аҳли суннат зикр шудааст; нишонаҳое аз қабили инки чашми чап ӯ дар мобайни пешониаш воқеъ шуда ва дар сеҳру ҷоду моҳир аст. Албатта Сайидмуҳаммади Садр ва Носир Макорими Шерозӣ аз мароҷеъи тақлиди шиа мӯътақиданд, ки даҷҷол як фард нест, балки ҷараёни инҳирофӣ аст.
Хуруҷи Даҷҷол
Дар осори ривоии шиа, танҳо чанд ривоят нақл шудааст, ки бар асоси онҳо, хуруҷи даҷҷол дар канори сайҳаи осмонӣ, хуруҷи Суфёнӣ ва қиёми Ямонӣ, яке аз алоими зуҳури ҳазрати Маҳдӣ (аҷ) аст.[1] Ин ривоёт, мӯътабар ва қобили қабул дониста нашудааст.[2] Дар ривоёте аз аҳли суннат, хуруҷи даҷҷол аз нишонаҳои барпоии қиёмат дониста шудааст.[3]
Китобҳои ривоии шиа, ишорае ба хуруҷи даҷҷол ва фитнаҳои қабл аз зуҳур надошта ва танҳо аз кушта шудани даҷҷол ба дасти Имоми Замон (аҷ) ё ҳазрати Исо сухан гуфтаанд.[4] Ин ривоёт ҳеҷ ишорае ба мабоҳиси тарҳшуда дар ривоёти аҳли суннат, аз ҷумла фитнаҳои даҷҷол, чеҳраи ӯ ва ҳамчунин пайравонаш надорад. Шайхи Садуқ, ривояте аз Пайғамбари Акрам (с) нақл кардааст, ки бар асоси он, зикри даҷҷол дар пешиниён, вале вуҷудаш дар оянда аст.[5]
Даҷҷол, бино бар ривоёт, дар ҳангоми сахтию қаҳтӣ зуҳур мекунад, ҷамъеро фиреб дода, ба сӯи худ мекашонад.[6] Маҳали хуруҷи Даҷҷол дар бархе ривоёт ғайриқатъӣ, Исфаҳон[7] ё Хуросон[8] муаррифӣ шудааст.
Вижагиҳо
Бино бар ривоёти исломӣ, ки бештари онҳо аз ровиёни аҳли суннат нақл шудааст, Даҷҷол иддаои улуҳият карда, мӯҷиби хунрезию фитна дар олам мешавад. Чашми чапи ӯ дар мобайни пешониаш воқеъ шуда ва монанди ситора медурахшад ва тиккаи хуне дар чашми ӯст. Бисёр бузургу тануманд ва дорои шакли аҷибу ғариб ва бисёр моҳир дар сеҳр аст. Дар ҷилави ӯ кӯҳи сиёҳе аст, ки мардум онро кӯҳи нон мебинанд ва дар пушти сараш кӯҳи сафеде, ки аз сеҳр ба назари мардум обҳои ҷорӣ меояд. Ӯ фарёд мезанад: «бандагонам! Ман парвардигори бузург ва волои шумо ҳастам».[9]
Бар асоси ривоёт, Даҷҷол дар Кӯфа ё ҷое наздики Байтулмуқаддас тавассути Имоми Замон (аҷ) ба дор овехта мешавад.[10] Бино бар нақли дигаре, Даҷҷол дар Шом ҳалок хоҳад шуд.[11]
Калимаи даҷҷол дар забони ибрӣ ва дар омӯзаҳои яҳуд, ба маънои душмани Худост ва аз таркиби ду калимаи «даҷ/دج» яъне душману зид ва «ол/ال» яъне Худо падид меояд.[12]
Ҷараён будани Даҷҷол
Ба гуфтаи Сайидмуҳаммади Садр (шаҳодат 1377ҳ.ш.) марҷаъи тақлид ва нависандаи шиа дар китоби Таърих-ул-Ғайбат-ил-кубро, даҷҷол, калимаи рамзӣ ва символик аст, ки ба як ҳаракати куфромез ва ҷараёни инҳирофии сиёсии- фикрӣ ва иқтисодӣ ишора дорад. Ӯ тӯли умри даҷҷол, ки дар ривоёт ба он ишора шударо шоҳиде бар дуруст будани ин дидгоҳ донистааст.[13] Ҳамчунин ба бовари Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ аз мароҷеъи тақлид, даҷҷол мунҳасир ба як фард нест, балки унвони куллие аст барои афроди пуртазвиру ҳилагаре, ки барои ҷазби тӯдаҳои мардум аз ҳар василае истифода мекунанд. Ба гуфтаи ӯ ин матлаб аз решаи луғавии калимаи даҷҷол[Ёддошт 1] ва бархе манобеи ҳадисӣ истифода мешавад.[14]
Симои даҷҷол дар шеъри форсӣ
Даҷҷол, аз қарни панҷум вориди шеъри форсӣ шудааст, аммо басомади корбурди мазомини марбут ба даҷҷол, дар байни шоирони қарни шашум, беш аз давраҳои дигар аст.[15] Даҷҷол, дар шеъри форсӣ бештар дар тақобул бо Маҳдӣ ва Исо қарор мегирад.
Аттори Нишобурӣ:
Чӣ мехоҳӣ аз ин Даҷҷол бо нон чӣ меҷӯӣ аз ин Маҳдӣ намоён
Басе Даҷҷоли Маҳдирӯй ҳастанд, ки чун Даҷҷол аз пиндори мустанад
Пайи Даҷҷоли ҷодӯ чанд гирӣ на вақт омад, ки охир панд гирӣ[16]
Ҳофизи Шерозӣ:
Куҷост сӯфии даҷҷолфеъли мулҳидшакл
Бигӯ бисӯз, ки Маҳдии динпаноҳ расид[17]
Саноии Ғазнавӣ, шоир ва орифи шиаи қарни панҷуму шашум, Даҷҷолу маркабашро гоҳе намоди ҷисму мол ва гоҳе намоди нафс донистааст.
Молро даҷҷол дону ишқро Исо шумор
Чун шудӣ аз хайли Исо гардани Даҷҷол зан[18]
Чун хари Даҷҷол нафсат шуд асири ҳирсу оз
Баъд аз ин бар маркаб тақвияти зин бояд ниҳод[19]
Мафҳуми Даҷҷол, дар миёни шоирони муосири порсигӯй низ роиҷ буда ва дар шеъри худ ба Даҷҷол ишора доранд:
Ҳамиди Сабзаворӣ:
Омад Имоми муҳташам каз куфр бистонад илм
Ваз ҷони арбоби ситам гирад дамори дигаре
Он Маҳдии Даҷҷолкуш бинамуд хуш рухсори хуш
То дар дили душман занад инак шарори дигаре[20]
Аҳмад Азизӣ:
Суфзодаи Суфиён шикаст аз ҳайбат
Зи зарбате ки ба Даҷҷоли рӯсиёҳ расид[21]
Шафиъии Кадканӣ дар таъризе, авзоъи асри Паҳлавиро тулӯъи субҳдамони хуруҷи Даҷҷол медонад:
Тулӯъи субҳдамони хуруҷи Даҷҷол аст
Ки обро гулу лолаи роҳ мебандад
Ва равшаниро дар ҷаъбаҳои моҳутӣ
Ба рӯи шохаи гирдуи пири шонасаре
Намоз мехонад намози хавф[22]
Эзоҳ
- ↑ Барои намуна нигоҳ кунед ба: Ҳурри Омилӣ, Исбот-ул-ҳудот, 1425ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.354, ҳадиси 46.
- ↑ Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.52, саҳ.193.
- ↑ Барои намуна нигоҳ кунед ба: Тирмизӣ, Сунан-ут-Тирмизӣ, 1395ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.507 - 519.
- ↑ Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.52, саҳ.194 ва 308.
- ↑ الدَّجَّالَ اسْمُهُ فِی الْأَوَّلِینَ وَ یخْرُجُ فِی الْآخِرِینَ (Шайхи Садуқ, ал-Хисол, 1362ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.457 - 458, ҳадиси 2).
- ↑ Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.52, саҳ.194 ва 308.
- ↑ Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.52, саҳ.194.
- ↑ Ибни Товус, ал-Малоҳим ва-л-фитан, 1416ҳ.қ., саҳ.126.
- ↑ Қумӣ, Мунтаҳо-л-омол, 1378ҳ.ш., боби 14, фасли 7, саҳ.873 - 874
- ↑ Ҳоирӣ, Илзом-ун-носиб, 1422ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.172.
- ↑ Нурӣ, Наҷм-ус-соқиб, 1383ҳ.ш., саҳ.185.
- ↑ Нигоҳ кунед ба: Муҳаммадпур, “Баррасии татбиқии Даҷҷол дар адёни Эрони бостон ва адёни Иброҳимӣ”, саҳ.84 - 85 ва 91; ба нақл аз: Хазоилӣ, Аъломи Қуръон, 1387ҳ.ш., саҳ.478 - 479.
- ↑ Садр, Мавсуъат-ул-Имом-ил-Маҳдӣ (а), 1412ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.484.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Ҳукумати ҷаҳонии Маҳдӣ (аҷ), 1386ҳ.ш., саҳ.171 - 172.
- ↑ Назарӣ, “Баррасӣ ва таҳлили татбиқии Даҷҷол дар шеъри форсӣ ва ривоёти исломӣ”, саҳ.35
- ↑ Аттор, Илоҳинома, 1376ҳ.ш., бахши панҷум
- ↑ Ҳофизи Шерозӣ, Девони ашъор, нашри Луқмон, ғазали 242
- ↑ Саноӣ, Девони ашъор, 1341ҳ.ш., ғазали 316
- ↑ Саноӣ, Девони ашъор, 1341ҳ.ш., қасидаи 31
- ↑ Сабзаворӣ, Девони ашъор, 1386ҳ.ш., саҳ.172
- ↑ Азизӣ, Қавси ғазал, 1368ҳ.ш., саҳ.172
- ↑ Шафиъии Кадканӣ, Аз забони барг, 1386ҳ.ш., саҳ.62
Ёддошт
Сарчашма
- Ибни Товус, Алӣ ибни Мусо, ал-Малоҳим ва-л-фитан: ат-Ташриф би-л-минан фи-т-таъриф би-л-фитан, Қум, муассисаи Соҳибуламр, 1416ҳ.қ.
- Тирмизӣ, Муҳаммад ибни Исо, Сунан-ут-Тирмизӣ, таҳқиқ ва таълиқаи Аҳмад Муҳаммад Шокир ва Муҳаммадфуод Абдулбоқӣ ва Иброҳим Атва Иваз, Миср, ширкату мактабат ва матбаъат Мустафо ал-Бобил-Ҳалабӣ, 1395ҳ.қ./1975м.
- Ҳоирӣ, Алӣ, Илзом-ун-носиб, Бейрут, муассисатул-аъламӣ лилматбуъот, 1422ҳ.қ.
- Ҳофизи Шерозӣ Муҳаммад, Девони ашъор, тасҳеҳи Қосим Ғанӣ ва Муҳаммад Қазвинӣ, Теҳрон, нашри Луқмон, бе то.
- Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳусайн, Исбот-ул-ҳудот: би-н-нусус-ил-муъҷизот, бо муқаддимаи Сайидшаҳобиддини Маръашии Наҷафӣ, тасҳеҳи Алоиддини Аъламӣ, Бейрут, муассисатул-аъламӣ лилматбуъот, 1425ҳ.қ.
- Сабзаворӣ, Ҳамид, Девони ашъор, бо муқаддимаи Оятуллоҳ Хоманаӣ, Теҳрон, кайҳон, 1368ҳ.ш.
- Саноӣ, Абулмаҷид, Девони ашъор, ба таҳқиқи Мударрис Разавӣ, Теҳрон, китобхонаи Ибни Сино, 1341ҳ.ш.
- Шафиъии Кадканӣ, Муҳаммадризо, Аз забони барг, Теҳрон, Тӯс, 1357ҳ.ш.
- Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Хисол, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, ҷомеъаи мударрисин, 1362ҳ.ш.
- Садр, Сайидмуҳаммад, Мавсуъат-ул-Имом-ил-Маҳдӣ (а), Бейрут, Дорултаъоруф лилматбуъот, 1412ҳ.қ./1992м.
- Азизӣ, Аҳмад, Қавси ғазал, Теҳрон, китоби Нитсаатон, 1386ҳ.ш.
- Аттори Нишобурӣ, Муҳаммаднабӣ Иброҳим, Илоҳинома, ба тасҳеҳи Фуод Раҳмонӣ, нашри зуввор, Теҳрон, чопи панҷум, 1376ҳ.ш.
- Аллома Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, 1403ҳ.қ.
- Қумӣ, Аббос, Мунтаҳо-л-омол, Қум, муассисаи интишороти Ҳиҷрат, 1378ҳ.ш.
- Муҳаммадпур, Хайруннисо ва Маъсума Зандия, “Баррасии татбиқии Даҷҷол дар адёни Эрони бостон ва адёни Иброҳимӣ”, дар фаслномаи Мутолиъоти қуръонӣ, шумораи 7, поизи 1390ҳ.ш.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Ҳукумати ҷаҳонии Маҳдӣ (аҷ), Қум, насли ҷавон, 1386ҳ.ш.
- Назарӣ, Илҳом, Баррасӣ ва таҳлили татбиқии Даҷҷол дар шеъри форсӣ ва ривоёти исломӣ, фаслномаи пажӯҳиши забон ва адабиёти форсӣ, шумораи 57, тобистони 1399ҳ.ш.
- Нурӣ, Ҳусайн, Наҷм-ус-соқиб: муштамил бар аҳволи Имоми ғоиб ҳазрати Бақиятуллоҳ соҳибалъасри ваззамон, бо муқаддимаи Мирзои Шерозӣ, Қум, интишороти масҷиди Ҷамкарон, 1383ҳ.ш.
Пайванд ба берун
Хатои ёдкард: <ref>
tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/>
tag was found