Қатли Нафси Закия
Барои дигар корбурдҳо Нафси Закия (ибҳомзудоӣ)-ро бубинед.
Қатли Нафси Закия (форсӣ: قتل نفس زکیه) аз нишонаҳои зуҳури Имом Маҳдӣ (аҷ) аст, ки ба кушта шудани шахсе аз ёрони Имом Маҳдӣ (аҷ) дар канори Каъба ишора дорад. Бинобар ривоёт, Нафси Закия аз насли Имом Ҳусайн (а) аст ва қабл аз қиёми Имоми Замон (аҷ) дар Масҷидулҳаром кушта мешавад.
Дар бархе ривоёт, қатли Нафси Закия яке аз аломатҳои ҳатмии зуҳур ёд шудааст. Муллосолеҳи Мозандаронӣ, шореҳи ал-Кофӣ эҳтимол додааст, ки Сайиди Ҳасанӣ ва Нафси Закия як нафар бошанд.
Шахсият
«Нафси Закия» (инсони пок) шахсе аст, ки дар ривоёт, як инсони солеҳу ботақво муаррифӣ шуда,[1] қатли ӯ аз нишонаҳои зуҳур дониста шудааст.[2] Бар асоси ривоёт, ӯ аз насли Имом Ҳусайн (а)[3] ва номаш Муҳаммад ибни Ҳасан аст.[4]
Нафси Закия аз ёрони Имом Маҳдӣ (а) аст, ки ӯро барои ҳидояти мардуми Макка мефиристад. Имом Маҳдӣ хитоб ба ёронаш мегӯяд: аҳли Макка маро намехоҳанд, аммо ман касеро ба сӯи онҳо мефиристам, то ҳуҷҷат бар онон тамом шавад. Ҳангоме, ки Нафси Закия худро муаррифӣ мекунад, ки намояндаи ҳазрати Маҳдӣ аст, мардум бар ӯ ҳуҷум оварда, байни рукну мақом сарашро аз тан ҷудо мекунанд.[5]
Нишонаи ҳатмии зуҳур
Бино бар ривояте аз Имом Содиқ (а), қатли Нафси Закия дар канори сайҳаи осмонӣ, хуруҷи Суфёнӣ, хуруҷи Ямонӣ ва Хасфи байдоъ яке аз нишонаҳои ҳатмии зуҳур аст.[6]
Дар китоби Камол-уд-дин аз Имом Содиқ (а) ривоят шудааст, ки байни қиёми Қоими Оли Муҳаммад ва куштани Нафси Закия понздаҳ шаб фосила хоҳад буд.[7] Дар ҳадисе аз Имом Боқир (а), макони қатли ӯ дар Масҷидулҳаром байни рукн ва мақоми Иброҳим хоҳад буд.[8]
Муллосолеҳи Мозандаронӣ, шореҳи китоби ал-Кофӣ дар шарҳи ҳадисе аз алоими зуҳур эҳтимол додааст, ки Нафси Закия ҳамон Сайиди Ҳасанӣ аст, ки ӯ ҳам, яке аз аломатҳои зуҳур дониста мешавад.[9] Далели ин сухан, ривояте аст, ки аз қатли Ҳасанӣ ба дасти мардуми Макка ва фиристодани сараш барои Суфёнӣ дар остонаи зуҳури Имом Маҳдӣ, хабар медиҳад.[10]
Татбиқоти торихӣ
Ба гузориши манобеи торихӣ, бархе аз тарафдорони Муҳаммад ибни Абдуллоҳи Маҳз (даргузашти соли 145ҳ.қ.) мӯътақид буданд, ки ӯ Нафси Закия аст.[11] Пас аз шаҳодати Яҳё ибни Зайд, бо ӯ ки мулаққаб ба Нафси Закия шуда буд, ба унвони Маҳдӣ байъат шуд.[12] Ӯ дар соли 145ҳ.қ., барзидди Мансури Аббосӣ қиём кард ва дар минтақаи Аҳҷоруззайт, дар наздикии Мадина, кушта шуд.[13]
Дар бархе ривоёт ҳам аз қатли ду Нафси Закия ёд шудааст, ки яке дар Макка ва дигаре ба ҳамроҳи ҳафтод тан дар пушти Кӯфа (Наҷаф) рӯй медиҳад.[14] Кӯронӣ дар китоби Аср-уз-зуҳур эҳтимол додааст, ки Сайид Муҳаммадбоқири Садр (шаҳодат 1359ҳ.ш.) Нафси Закияе аст, ки бино бар ривоёт дар пушти Кӯфа ба шаҳодат мерасад.[15]
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Доншномаи Имом Маҳдӣ, 1393ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.438.
- ↑ Нуъмонӣ, ал-Ғайба, 1397ҳ.қ., саҳ.264.
- ↑ Айёшӣ, тафсири ал-Айёшӣ, 1380ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.65.
- ↑ Шайхи Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.331, ҳадиси 16.
- ↑ Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.52, саҳ.307.
- ↑ Нуъмонӣ, ал-Ғайба, 1397ҳ.қ., саҳ.264, ҳадиси 26/ Шайхи Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.649, ҳадиси 1.
- ↑ Шайхи Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.649, ҳадиси 2.
- ↑ Шайхи Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.331, ҳадиси 16.
- ↑ Мозандаронӣ, шарҳи ал-Кофӣ, 1380ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.414.
- ↑ Нигоҳ кунед ба Салимиён, Фарҳангномаи Маҳдавият, 1388ҳ.ш., саҳ.208.
- ↑ Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибин, Дорулмаърифат, саҳ.207.
- ↑ Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибин, Дорулмаърифат, саҳ.207.
- ↑ Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибин, Дорулмаърифат, саҳ.207.
- ↑ Нигоҳ кунед ба Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.52, саҳ.273.
- ↑ Куронӣ, Аср-уз-зуҳур, 1408ҳ.қ., саҳ.126.
Сарчашма
- Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Мақотил-ут-толибин, таҳқиқи Сайид Аҳмади Сақр, Бейрут, Дорулмаърифат, бе то.
- Айёшӣ, Муҳаммад ибни Масъуд, тафсири ал-Айёшӣ, тасҳеҳи Расулии Маҳаллотӣ, Теҳрон, ал-Матбаъатулъилмиятилисломия, 1390ҳ.қ.
- Аллома Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, Бейрут, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
- Куронӣ, Алӣ, Аср-уз-зуҳур, Марказ-ул-нашри мактабул эъломил исломӣ, алтабъатулуло, 1408ҳ.қ.
- Мозандаронӣ, Мулломуҳаммадсолеҳ ибни Аҳмад, шарҳи ал-Кофӣ – ал-усул ва-р-равза, тасҳеҳи Абулҳасани Шаъронӣ, Теҳрон, ал-Мактабатулисломия, 1382ҳ.қ.
- Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Муҳаммад, Донишномаи Имом Маҳдӣ (аҷ), Қум, Дорулҳадис, 1393ҳ.ш.
- Нуъмонӣ, Муҳаммад ибни Иброҳим, ал-Ғайба, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, нашри Садуқ, 1397ҳ.қ.
- Салимиён, Худомурод, Фарҳангномаи Маҳдавият, Қум, Бунёди фарҳангии ҳазрати Маҳдии Мавъуд, чопи дувум, 1388ҳ.ш.
- Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Камол-уд-дин ва тамом-ун-неъмат, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, исломия, чопи дувум, 1395ҳ.қ.