Сайҳаи осмонӣ
Сайҳаи осмонӣ ба форсӣ: صیحه آسمانی ё нидои осмонӣ аз нишонаҳои ҳатмии зуҳури Имом Маҳдӣ (аҷ) аст, ки аз осмон шунида мешавад. Бино бар аҳодис, муҳтавои ин сайҳаи осмонӣ, башорат ба зуҳури Имом Маҳдӣ (аҷ), баёни номи ҳазрати Маҳдӣ (аҷ) ва ҳаққонияти шиа аст. Дар поёни ҳамон рӯз, садое низ аз шайтон шунида мешавад, ки ҳаққро ба Усмон ибни Афон ва пайравонашон медиҳад ва сабаби шакки бархе мегардад.
Дар ривоёт, барои нидои осмонӣ, вижагиҳое зикр шудааст, аз ҷумла инки ҳамаи мардум онро ба гӯшҳои худ мешунаванд ва пас аз он, номи ҳазрати Маҳдӣ (аҷ) бар сари забонҳо меафтад. Дар бораи чигунагии ин рухдод ду дидгоҳ вуҷуд дорад: гурӯҳе бар ин боваранд, ки ин нишона ба сурати мӯъҷизаосо рух медиҳад, аммо бархе мегӯянд, мумкин аст ба кӯмаки абзорҳои моддӣ ва ба сурати табиъӣ рух диҳад.
Сайҳа, нишонаи ҳатмии зуҳур
Имом Содиқ (а)
«قَبْلَ قِيَامِ الْقَائِمِ خَمْسُ عَلَامَاتٍ مَحْتُومَاتٍ الْيَمَانِيُّ وَ السُّفْيَانِيُّ وَ الصَّيْحَةُ وَ قَتْلُ النَّفْسِ الزَّكِيَّةِ وَ الْخَسْفُ بِالْبَيْدَاءِ؛
Пеш аз қиёми Қоим панҷ нишона хоҳад буд, ки ҳамагӣ аз аломатҳои ҳатмӣ аст: Ямонӣ, Суфёнӣ, сайҳа, куштани Нафси Закия ва фурӯ рафтани замин дар Байдоъ».
Таърихи бойгонӣ, Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.650, ҳадиси 7.
Сайҳаи осмонӣ ба арабӣ: الصَّيْحَةُ ба садое ишора дорад, ки дар наздикии зуҳури Имом Маҳдӣ (а) аз осмон шунида мешавад.[1] Бино бар ривоёт, ин нидоро Ҷабраил эҷод мекунад[2] ва аз алоими зуҳури ҳазрати Маҳдӣ (а) аст.[3] Бархе мӯътақиданд, ривоёт дар ин замина тавотури маънавӣ доранд.[4] Гуфта шудааст аз 68 ҳадисе, ки дар китоби ал-Ғайбати Нуъмонӣ зикр шудааст, 30 ҳадис аз ин нишона сухан мегӯяд.[5]
Аз сайҳаи осмонӣ дар манобеи ривоӣ бо калимаи нидои осмонӣ ( алндоء ) низ ёд шудааст.[6] Ҳамчунин дар бархе аз ривоёт, ояти «إِنْ نَشَأْ نُنَزِّلْ عَلَيْهِمْ مِنَ السَّماءِ آيَةً فَظَلَّتْ أَعْناقُهُمْ لَها خاضِعِينَ; агар мо ирода кунем, аз осмон бар онони ояте нозил мекунем, ки гарданҳояшон дар баробари он хозеъ гардад!»[7][8] ва ояти «فَإِذا نُقِرَ فِي النَّاقُور; ҳангоме, ки дар «сур» дамида шавад!»[9][10] ба сайҳаи осмонӣ таъвил шудааст.
Ҳатмӣ будан
Бино ба ривояте, ки Шайхи Садуқ аз Имом Содиқ (а) нақл кардааст, сайҳаи осмонӣ, дар канори хуруҷи Суфёнӣ, хуруҷи Ямонӣ, хасфи Байдо ва қатли Нафси Закия аз нишонаҳои ҳатмии пеш аз қиёми Имом Маҳдӣ (аҷ) аст.[11] Дар ривояти дигаре, аввалини ин нишонаҳо нидои осмонӣ дар моҳи Рамазони номбар шудааст.[12]
Муҳтаво ва вижагиҳо
Имом Муҳаммади Боқир (а)
ینَادِی مُنَادٍ مِنَ السَّمَاءِ بِاسْمِ الْقَائِمِ علیهالسلام فَیسْمَعُ مَنْ بِالْمَشْرِقِ وَ مَنْ بِالْمَغْرِبِ
Нидодиҳандае аз осмон ба номи Қоим (аҷ) нидо медиҳад ва ҳаркас дар шарқу ғарб аст, онро мешунавад.
Нуъмонӣ, ал-Ғайбат, 1397ҳ.қ., саҳ.181.
Бино бар ривоёт, муҳтавои нидои осмонӣ, муаррифии Имом Маҳдӣ (аҷ) бо ном ва вижагиҳои ӯст.[13] Бар пояи бархе ривоёт, дар нидои осмонӣ аз ҳаққонияти Алӣ (а) ва растагории шиаёни ӯ низ сухан меояд.[14] Ҳамчунин ривоят шудааст, ки дар сайҳаи осмонӣ, поён ёфтани ҳукумати зӯргӯён ва сари кор омадани беҳтарин фард аз уммати Пайғамбар хабар дода мешавад ва мардум барои мулҳақ шудан ба ҳазрати Маҳдӣ дар Макка даъват мешаванд.[15]
Вижагиҳо
Дар ривоёт, барои сайҳаи осмонӣ вижагиҳое зикр шудааст:
- Ҳамаи инсонҳо онро ба забони худ мешунаванд.[16]
- Нидо аз осмон шунида мешавад.[17]
- Аз наздику дур яксон шунида мешавад.[18]
- Инсонҳои хобро бедор карда ва ҳамаро ба ваҳшат меандозад.[19]
- Барои мӯъминон раҳмат ва барои кофирон азоб аст.[20]
- Пас аз нидо номи Имом Маҳдӣ (аҷ) бар сари забонҳо меафтад.[21]
Замони рухдод
Ривоёт дар бораи замони нидои осмонӣ мухталиф аст: бино бар бархе ривоёт ин нидо пеш аз зуҳур,[22] бино бар бархеи дигар ҳамзамон бо зуҳур[23] ва бино бар бархеи дигар пас аз зуҳур ва пеш аз қиёми Имом Маҳдӣ (аҷ) рух хоҳад дод.[24] Ҳамчунин тибқи бархе ривоёт, сайҳа дар моҳи Рамазон,[25] бар пояи бархе дигар, дар моҳи Раҷаб[26] ва бар асоси ривоёти дигар, дар рӯзи Ошӯро[27] рух медиҳад.
Касоне бар ин боваранд, ки дар мароҳили мухталифи зуҳур ва қиёми Имом Маҳдӣ (аҷ) то истиқрори ҳукумати ӯ бар ҷаҳон, нидоҳои мухталифе шунида мешавад.[28]
Нидои шайтон
Дар бархе аз аҳодис омадааст, ки шайтон дар поёни ҳамон рӯз, ки сайҳа рӯй медиҳад, бо ҳадафи эҷоди тардид дар пайравӣ аз Имом Маҳдӣ (аҷ), нидое сар медиҳад.[29] Ӯ нидо медиҳад: «бидонед ҳақ бо Усмон ибни Афон ва пайравони ӯст. Ӯ мазлум кушта шуд. Пас ба хунхоҳиаш қиём кунед!»,[30] бо ин нидо гурӯҳе дучори шак мешаванд.[31]
Дар ривоёти дигаре, муҳтавои нидои шайтон, даъвати мардум ба масеҳият дониста шудааст.[32] Бархе мӯътақиданд, байни ду дастаи ривоёти мазкур зиддияте нест; чароки мумкин аст нидоҳои мутааддиде аз сӯи афрод, ё ҷараёнҳое, ки алайҳи Имом Маҳдӣ фаъолият мекунанд, эҷод шавад[33] ва эҳтимолан интисоби нидоҳо ба шайтон ба ин далел бошад, ки он нидоҳо ба таҳрики Иблис анҷом мепазиранд.[34]
Дар тафовути нидои осмонӣ ва нидои шайтонӣ ҳам гуфтаанд, нидои осмонӣ аз осмон ва аз роҳҳои ғайриодӣ ва ба шакли мӯъҷизаосо рух медиҳад, бархилофи нидои шайтонӣ, ки бо кӯмаки абзорҳои моддӣ эҷод мешавад.[35]
Чигунагии рухдод
Ба гуфтаи Сайидмуҳаммади Садр дар китоби Таърих-ул-Ғайбат-ил-кубро, бархе аз алоими зуҳур ҳамчун нидои осмонӣ ба шакли мӯъҷизаосо рух медиҳад.[36] Ба гуфтаи Худомуроди Салимиён пажӯҳишгари Маҳдавият ҳам аз ривоёт бармеояд, ки таҳаққуқи нидои осмонӣ ба сурати табиъӣ нахоҳад буд.[37]
Дар муқобил, касоне гуфтаанд, вуқуъи сайҳаи осмонӣ бо истифода аз абзорҳо ва фановариҳои навине монанди моҳвора, ба сурати табиъӣ мумкин аст. Бинобар ин, лузуман набояд натиҷа гирифт, ки ин иттифоқот ба сурати мӯъҷиза рух медиҳад.[38]
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Салимиён, Фарҳангномаи маҳдавият, 1388ҳ.ш., саҳ.441.
- ↑ Нигоҳ кунед ба Нуъмонӣ, ал-Ғайбат, 1397ҳ.қ., саҳ.290, ҳадиси 6.
- ↑ Нигоҳ кунед ба, Нуъмонӣ, ал-Ғайбат, 1397ҳ.қ., саҳ.290, ҳадиси 6.
- ↑ Меҳварӣ, “Сайҳаи осмонӣ, нишонаи зуҳур”, саҳ.67.
- ↑ Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Донишномаи Имом Маҳдӣ, 1393ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.441.
- ↑ Барои намуна нигоҳ кунед ба Нуъмонӣ, ал-Ғайбат, 1397ҳ.қ., саҳ.274, ҳадиси 6.
- ↑ Сураи Шуаро, ояти 4.
- ↑ Тӯсӣ, ал-Ғайбат, 1411ҳ.қ., саҳ.177.
- ↑ Сураи Муддассир, ояти 8.
- ↑ Астарободӣ, Таъвил-ул-оёт-из-зоҳира, 1409ҳ.қ., саҳ.708.
- ↑ Шайхи Садуқ, Камол-уд-дин, 1412ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.650.
- ↑ Нуъмонӣ, ал-Ғайбат, 1397ҳ.қ., саҳ.289, ҳадиси 6.
- ↑ Барои намуна, нигоҳ кунед ба Шайхи Садуқ, Камол-уд-дин, 1412ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.372, ҳадиси 5.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1401ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.310.
- ↑ Муфид, ал-Ихтисос, 1413ҳ.қ., саҳ.208.
- ↑ Нуъмонӣ, ал-Ғайбат, 1397ҳ.қ., саҳ.274, ҳадиси 54.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1401ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.310.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.51, саҳ.109, ҳадиси 42.
- ↑ Нигоҳ кунед ба Нуъмонӣ, ал-Ғайбат, 1397ҳ.қ., саҳ.254.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.51, саҳ.109, ҳадиси 42.
- ↑ Куронӣ, Муъҷаму аҳодис-ил-Имом-ил-Маҳдӣ, 1411ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.35, ҳадиси 589.
- ↑ Нуъмонӣ, ал-Ғайбат, 1397ҳ.қ., саҳ.254.
- ↑ Нуъмонӣ, ал-Ғайбат, 1397ҳ.қ., саҳ.263, ҳадиси 22; Шайхи Садуқ, Камол-уд-дин, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.330, ҳадиси 16.
- ↑ Куронӣ, Муъҷаму аҳодис-ил-Имом-ил-Маҳдӣ, 1411ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.489, ҳадиси 1060.
- ↑ Нуъмонӣ, ал-Ғайбат, 1397ҳ.қ., саҳ.254 ва 290.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.51, саҳ.109, ҳадиси 42.
- ↑ Куронӣ, Муъҷаму аҳодис-ил-Имом-ил-Маҳдӣ, 1411ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.489, ҳадиси 1060.
- ↑ Меҳварӣ, “Нидои осмонӣ, нишонаи зуҳур”, саҳ.75.
- ↑ Нуъмонӣ, ал-Ғайбат, 1397ҳ.қ., саҳ.265, ҳадиси 29.
- ↑ Нуъмонӣ, ал-Ғайбат, 1397ҳ.қ., саҳ.261, ҳадиси 19 ва 20.
- ↑ Нуъмонӣ, ал-Ғайбат, 1397ҳ.қ., саҳ.261, ҳадиси 19 ва 20.
- ↑ Ибни Товус, ат-Ташриф, 1416ҳ.қ., саҳ.133.
- ↑ Меҳварӣ, “Нидои осмонӣ, нишонаи зуҳур”, саҳ.70 - 71.
- ↑ Меҳварӣ, “Нидои осмонӣ, нишонаи зуҳур”, саҳ.71.
- ↑ Меҳварӣ, “Нидои осмонӣ, нишонаи зуҳур”, саҳ.71.
- ↑ Садр, Таърих-ул-Ғайбат-ил-кубро, 1412ҳ.қ., саҳ.480.
- ↑ Салимиён, Фарҳангномаи маҳдавият, 1388ҳ.ш., саҳ.442 - 443.
- ↑ Исмоилӣ, “Баррасии нишонаҳои зуҳур”, 1388ҳ.ш., саҳ.260 - 261.
Сарчашма
- Ибни Товус, Алӣ ибни Мусо, ат-Ташриф би-л-минан фи-т-таъриф би-л-фитан, Қум, муассисаи Соҳибуламр (аҷ), 1416ҳ.қ.
- Астарободӣ, Алӣ, Таъвил-ул-оёт-из-зоҳира фи фазоил-ил-Итрат-ит-тоҳира, тасҳеҳи Ҳусайн Валӣ, Қум, муассисаи ан-Нашрул-исломӣ, 1409ҳ.қ.
- Исмоилӣ, Исмоил, “Баррасии нишонаҳои зуҳур”, дар нашрияи Ҳавза, шумораи 4 ва 5, 1374ҳ.ш.
- Салимиён, Худомурод, Фарҳангномаи маҳдавият, Қум, бунёди фарҳангии ҳазрати Маҳдии Мавъуд, чопи дувум, 1388ҳ.ш.
- Садр, Сайидмуҳаммад, Таърих-ул-Ғайбат-ил-кубро, Бейрут, Дорултаъоруф лилматбуъот, 1412ҳ.қ.
- Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Камол-уд-дин ва тамом-ун-неъмат, Бейрут, муассисатул аъламӣ, чопи аввал, 1412ҳ.қ.
- Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, китоби ал-Ғайбат ли-л-Ҳуҷҷат, тасҳеҳи Ибодуллоҳи Теҳронӣ ва Алӣ Аҳмади Носеҳ, Қум, Дорулмаъорифил-исломия, 1411ҳ.қ.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, ба кӯшиши Алиакбари Ғаффорӣ, Бейрут, Дорултаъоруф, чопи сеюм, 1401ҳ.қ.
- Куронӣ, Алӣ, Муъҷаму аҳодис-ил-Имом-ил-Маҳдӣ алайҳиссалом, Қум, муассисаи алмаъорифул-исломия, чопи аввал, 1411ҳ.қ.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, муассисаи алвафо, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
- Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Муҳаммад, Донишномаи Имом Маҳдӣ (аҷ), Қум, Дорулҳадис, 1393ҳ.ш.
- Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Ихтисос, Алиакбари Ғаффорӣ ва Маҳмуди Муҳаррамӣ, Қум, алмуътамарулъоламӣ ли алфиятиш-Шайхил-Муфид, 1413ҳ.қ.
- Маҳмурӣ, Муҳаммадҳусайн, “Нидои осмонӣ, нишонаи зуҳур”, равоқи андеша, шумораи 17, урдибиҳишти 1382ҳ.ш.
- Нуъмонӣ, Муҳаммад ибни Иброҳим, ал-Ғайбат, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, нашри Садуқ, 1397ҳ.қ.