Шуайб ибни Солеҳ

Аз wikishia

Шуайб ибни Солеҳ (арабӣ: شُعَیب بنِ صالِح) шахсе аз қабилаи Банӣ Тамим аст, ки тибқи баъзе ривоятҳо пеш аз зуҳури Имоми Замон қиём мекунад ва қиёми ӯ аз нишонаҳои ғайриҳатмии зуҳур маҳсуб мешавад. Ӯ бо лашкари 4000 нафара бо байрақҳои сиёҳ ва либоси сафед бар зидди Суфёнӣ ҷангида, шикасташ медиҳад. Фосилаи қиёми ӯ то зуҳури Имоми Замон дар баъзе ҳадисҳо 72 моҳ гуфта шудааст.

Ба эътиқоди Наҷмуддини Табасӣ - пажӯҳишгари мазоҳиби исломӣ, Шуайб ибни Солеҳ ва қиёми ӯ дар ривоятҳои нақлшуда ба андозае ҳаст, ки битавон онро мутавотири маънавӣ ё ҳаддиақал мустафиз донист, аммо ривоятҳо дар бораи вижагиҳо ва чигунагии қиёми ӯ чандон муътабар нестанд ва танҳо як ривояте аз Имом Ризо (а) дар ин бора саҳеҳ аст, ки бар асоси он, хуруҷи Шуайб ибни Солеҳ, яке аз нишонаҳои ғайриҳатмии зуҳур аст.

Дар давраи пас аз Инқилоби исломии Эрон шахсиятҳои зиёде гоҳо Шуайб ибни Солеҳ ё шабеҳи ӯ дониста шудаанд. Оятуллоҳ Систонӣ чунин монанд карданҳоро сабаби заъиф шудани эътиқоди ҷомеа арзёбӣ кардааст.

Хусусиятҳо ва чигунагии қиём

Дар ривоятҳои марбут ба зуҳури Имоми Замон аз Шуайб ибни Солеҳ ном бурда шуда ва дар баъзе аз ривоятҳои зикршуда, хуруҷи ӯ яке аз нишонаҳои зуҳур дониста мешавад.[1] Ривоятҳое, ки дар бораи Шуайб ибни Солеҳ нақл шудааст, гоҳе ба хислатхои шахсӣ, чигунагии хуруҷ ва қиёми ӯ пеш аз зуҳур ва парчамдории ӯ дар вақти зуҳури Имом Замон хабар медиҳанд. Ин маворид иборатанд аз:

  • Хусусиятҳои шахсӣ

Шуайб ибни Солеҳ дар ҳадисҳо ҷавон[2], зардранг[3], гандумгун[4], миёнақад[5] ва дорои риши андак[6] васф шудааст. Ӯро аз Банӣ Тамим[7] ё ғуломе аз Банӣ Тамим донистанд.[8]

  • Чигунагии қиём

Дар ривоятҳо Шуайб ибни Солеҳ ба унвони фармондеҳи қиём, шахсе хуросонӣ аз Банӣ Ҳошим[9] муаррифӣ мешавад, ки таҳти фармони ӯ қиём аз Хуросон оғоз мешавад.[10] Хуруҷи ӯ гоҳе аз Самарқанд[11] ва гоҳе аз Рай[12] ва Толиқон[13] хабар дода шудааст.

Дар ҳадисҳо, адади лашкари ӯ чаҳор ҳазор нафар омадааст[14], ки дар даст байрақҳои сиёҳ[15] доранд ва камарбандҳои сиёҳ[16] ва либоси сафед пушидаанд.[17] Онҳо дар Истахр[18] бо Суфёнӣ меҷанганд[19] ва лашкари Суфёниро шикаст дода, дар Байт-ул-муқаддас фуруд меоянд.[20] Бо ҳар касе ки ҷанг кунад, пирӯз мешавад.[21]

Бар асоси баъзе ривоятҳо, хуруҷи Шуайб ибни Солеҳ пеш аз хуруҷи Суфёнӣ аст.[22] Фосилаи байни хуруҷи ӯ ва зуҳури Имом 72 моҳ аст.[23]

  • Нақши ӯ дар зуҳур

Тавре ки дар ривоятҳо омадааст, баъд аз пирӯзии лашкари Шуайб ибни Солеҳ бар лашкари Суфёнӣ, 300 нафар аз Шом бо ӯ ҳамроҳ мешаванд ва ӯ ба Байт-ул-муқаддас фуруд омада, заминаро барои зуҳур омода мекунад.[24] 72 моҳ баъд аз хуруҷи ӯ Имоми Аср зуҳур мекунад ва Шуайб ибни Солеҳ бо Имом байъат мекунад. Дар чанд ривоёт, ӯ парчамдори лашкари Имоми 12-уми шиаён муаррифӣ шудааст.[25]

  • Баррасии ривоятҳо

Наҷмиддини Табасӣ - муҳаққиқи мазоҳиби исломӣ, бо баррасии ҳадисҳои марбут ба Шуайб ибни Солеҳ, бар ин назар аст, ки ӯ ва хуруҷаш, мутавотири маънавӣ ё ҳадди ақалл мустафиз аст, аммо хусусиятҳо ва чигунагии қиёми ӯ дар ҳадди мутафиз нест.[26] Ба гуфтаи ӯ, дар миёни ривоятҳои марбут ба хусусиятҳои Шуайб ибни Солеҳ танҳо ривояти Имом Ризо дуруст аст.[27] Мӯҳтавои ривояти Имом Ризо танҳо ба ин амр далолат мекунад, ки қиёми Шуайб ибни Солеҳ яке аз аломатхои гайриҳатмии зуҳур аст, ки пеш аз зуҳур рух медиҳад. Наҷмиддини Табасӣ санади ривоятҳои дигар дар бораи Шуайб ибни Солеҳро мушкилдор медонад.[28] Ба гуфтаи ӯ, бо вуҷуди он ки дар кутуби арбаъа тақрибан 300 ривоят дар бораи Маҳдавият омада, аммо дар бораи Шуайб ибни Солеҳ ҳеҷ сухане наёмадааст.[29]

Хешовандӣ бо Шуайби пайғамбар

Шайхи Садуқ дар китоби ан-Нубувват ривоятеро зикр кардааст, ки бар асоси он, шахсе бо номи Шуайб ибни Солеҳ, яке аз фиристодагони Шуайби набӣ аст, ки қавмаш ӯро шаҳид кардаанд.[30] Бар ин асос, Қутби Ровандӣ бар ин бовар аст, ки Шуайб ибни Солеҳ, ки дар ҳангоми зуҳури Имоми Замон (а) қиём мекунад, ҳамон Шуайб ибни Солеҳе аст, ки қавмаш ӯро ба шаҳодат расондаанд, ки раҷъат кардааст.[31] Аммо Шайх Муҳаммади Санад - яке аз муҳаққиқони муосир, бо назари Ровандӣ мухолифат карда, гуфтааст, ки Шуайб ибни Солеҳе ки дар ривояти Шайхи Садуқ аст, эҳтимолан Шуайби пайғамбар аст, ки ҳамроҳ бо ҳазрати Хизр ва Илёс раҷъат карда, ва ғайр аз Шуайб ибни Солеҳ, фармондеҳи лашкари Хуросон аст.[32]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Ан-Нуъмонӣ, ал-Ғайбат, 1426ҳ.қ., боби 14, саҳ.262, ҳадиси 12.
  2. Ибни Товус, ал-Малоҳим ва-л-фитан, маншуроти ар-Разӣ, саҳ.53.
  3. Ибни Товус, ал-Малоҳим ва-л-фитан, маншуроти ар-Разӣ, саҳ.54.
  4. Ибни Товус, ал-Малоҳим ва-л-фитан, маншуроти ар-Разӣ, саҳ.54.
  5. Ибни Товус, ал-Малоҳим ва-л-фитан, маншуроти ар-Разӣ, саҳ.54.
  6. Ибни Ҳаммод Марвазӣ, ал-Фитан, Дор-ул-фикр, саҳ.189; Ибни Товус, ал-Малоҳим ва-л-фитан, маншуроти ар-Разӣ, саҳ.54.
  7. Ибни Ҳаммод Марвазӣ, ал-Фитан, Дор-ул-фикр, саҳ.189.
  8. Ибни Товус, ал-Малоҳим ва-л-фитан, маншуроти ар-Разӣ, саҳ.53.
  9. Ибни Товус, ал-Малоҳим ва-л-фитан, маншуроти ар-Разӣ, саҳ.53.
  10. Ибни Товус, ал-Малоҳим ва-л-фитан, маншуроти ар-Разӣ, саҳ.52.
  11. Шайх Тӯсӣ, ал-Ғайбат, 1411ҳ.қ., саҳ.444; Ровандӣ, ал-Хароиҷ ва-л-ҷароиҳ, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.1155, ҳадиси 61; Муъҷаму аҳодис-ил-Имом-ил-Маҳдӣ, 1411ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.495.
  12. Ибни Товус, ал-Малоҳим ва-л-фитан, маншуроти ар-Разӣ, саҳ.53.
  13. Муъҷаму аҳодис-ил-Имом-ил-Маҳдӣ, 1411ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.34.
  14. Ибни Товус, ал-Малоҳим ва-л-фитан, маншуроти ар-Разӣ, саҳ.53.
  15. Ибни Товус, ал-Малоҳим ва-л-фитан, маншуроти ар-Разӣ, саҳ.52; Ибни Ҳаммод Марвазӣ, ал-Фитан, Дорулфикр, саҳ.188.
  16. Ибни Товус, ал-Малоҳим ва-л-фитан, маншуроти ар-Разӣ, саҳ.52; Ибни Ҳаммод Марвазӣ, ал-Фитан, Дорулфикр, саҳ.188.
  17. Ибни Товус, ал-Малоҳим ва-л-фитан, маншуроти ар-Разӣ, саҳ.52.
  18. Муъҷаму аҳодис-ил-Имом-ил-Маҳдӣ, 1411ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.105.
  19. Ибни Ҳаммод Марвазӣ, ал-Фитан, Дорулфикр, саҳ.192.
  20. Ибни Товус, ал-Малоҳим ва-л-фитан, маншуроти ар-Разӣ, саҳ.52; Ибни Ҳаммод Марвазӣ, ал-Фитан, Дорулфикр, саҳ.188; ал-Муқаддасӣ аш-Шофеъӣ, Ақд-уд-дурар, 1410ҳ.қ., саҳ.195, ҳадиси 199.
  21. Ибни Товус, ал-Малоҳим ва-л-фитан, маншуроти ар-Разӣ, саҳ.54.
  22. Шайх Тӯсӣ, ал-Ғайбат, 1411ҳ.қ., саҳ.444.
  23. Ибни Товус, ал-Малоҳим ва-л-фитан, маншуроти ар-Разӣ, саҳ.52; Ибни Ҳаммод Марвазӣ, ал-Фитан, Дорулфикр, саҳ.165 ва 188.
  24. Ибни Товус, ал-Малоҳим ва-л-фитан, маншуроти ар-Разӣ, саҳ.52; Ибни Ҳаммод Марвазӣ, ал-Фитан, Дорулфикр, саҳ.213.
  25. Шайх Тӯсӣ, ал-Ғайбат, 1411ҳ.қ., саҳ.463 - 464; Муъҷаму аҳодис-ил-Имом-ил-Маҳдӣ, 1411ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.105; Ибни Товус, ал-Малоҳим ва-л-фитан, маншуроти ар-Разӣ, саҳ.53 ва 127; Ибни Ҳаммод Марвазӣ, ал-Фитан, Дорулфикр, саҳ.192; Ибни Товус, ал-Малоҳим ва-л-фитан, маншуроти ар-Разӣ, саҳ.44; ҳамчунин бибинед: ал-Муттақӣ ал-Ҳиндӣ, Канз-ул-уммол, 1401ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.588, ҳадиси 39667 ва 39666; Ибни Ҳаммод Марвазӣ, ал-Фитан, Дорулфикр, саҳ.188.
  26. «Дарси хориҷи маҳдавият - баҳси Шуайб ибни Солеҳ – соли 90».
  27. أَخْبَرَنَا مُحَمَّدُ بْنُ هَمَّامٍ قَالَ حَدَّثَنِي جَعْفَرُ بْنُ مُحَمَّدِ بْنِ مَالِكٍ قَالَ حَدَّثَنِي عَلِيُّ بْنُ عَاصِمٍ‌ عَنْ أَحْمَدَ بْنِ مُحَمَّدِ بْنِ أَبِي نَصْرٍ عَنْ أَبِي الْحَسَنِ الرِّضَا(ع) أَنَّهُ قَالَ‌ قَبْلَ هَذَا الْأَمْرِ السُّفْيَانِيُّ وَ الْيَمَانِيُّ وَ الْمَرْوَانِيُّ وَ شُعَيْبُ بْنُ صَالِحٍ فَكَيْفَ يَقُولُ هَذَا هَذَا (Ан-Нуъмонӣ, ал-Ғайбат, 1426ҳ.қ., боби 14, саҳ.262, ҳадиси 12).
  28. «Дарси хориҷи маҳдавият - баҳси Шуайб ибни Солеҳ – соли 90».
  29. «Дарси хориҷи маҳдавият - баҳси Шуайб ибни Солеҳ – соли 90».
  30. Шайхи Садуқ, ан-Нубувват, 1381ҳ.ш., саҳ.139.
  31. Ровандӣ, ал-Хароиҷ ва-л-ҷароиҳ, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.552, ҷ.3, саҳ.1167.
  32. Санад, Фиқҳу алоим-из-зуҳур, 1425ҳ.қ., саҳ.44 - 46.

Сарчашма

  • «Дарси хориҷи Маҳдавият - баҳси Шуайб ибни Солеҳ – соли 90», сайти оятуллоҳ Наҷмиддини Табасӣ, санаи дарҷи матлаб: 14 баҳмани 1391ҳ.ш., санаи боздид: 28 мурдоди 1397ҳ.ш.
  • «Интиқоди оятуллоҳ Систонӣ аз "зуҳур наздик аст"», сайти Тобнок, санаи дарҷи матлаб: 15 фарвардини 1390ҳ.ш., санаи боздид: 28 мурдоди 1397ҳ.ш.
  • Ал-Муқаддасӣ аш-Шофеъӣ, Юсуф ибни Яҳё, Ақд-уд-дурар фи ахбор-ил-мунтазар, мактабат ал-Минор, Аззарқо, 1410ҳ.қ.
  • Ал-Муттақӣ ал-Ҳиндӣ, Алоуддин Алӣ, Канз-ул-уммол фи сунан-ил-ақволи ва-л-афъол, тасҳеҳи Сафва Ассақо, Бейрут, Муассисат-ур-рисолат, 1401ҳ.қ.
  • Ан-Нуъмонӣ, Муҳаммад ибни Иброҳим, ал-Ғайбат, таҳқиқи Форис Ҳасан Карим, Қум, Мадян, 1426ҳ.қ.
  • Ибни Товус, ал-Малоҳим ва-л-фитани фи зуҳур-ил-ғоиб-ил-мунтазар, Қум, маншуроти ар-Разӣ, бето.
  • Ибни Ҳаммод Марвазӣ, Наим, ал-Фитан, таҳқиқи Суҳайл Заккор, Бейрут, Дор-ул-фикр, бето.
  • Муъҷаму аҳодис-ил-Имом-ил-Маҳдӣ (аҷ), таҳти ишрофи Алии Кӯронӣ, Қум, Муассисаи ал-маориф-ул-исломия, 1411ҳ.қ.
  • Ровандӣ, ибни Ҳибатуллоҳ, ал-Хароиҷ ва-л-ҷароиҳ, Қум, Муассисат-ул-Имом-ил-Маҳдӣ, 1409ҳ.қ.
  • Санад, Муҳаммад, Фиқҳу алоим-из-зуҳур, Наҷаф, марказ-уд-диросот-ит-тахассусия фи-л-Имом-ил-Маҳдӣ, 1425ҳ.қ.
  • Шайх Тӯсӣ, ал-Ғайбат, таҳқиқи Абдуллоҳ Теҳронӣ, Аҳмад Носеҳ, Қум, Муассисаи ал-маориф-ул-Илоҳия, 1411ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ан-Нубувват, Теҳрон, созмони чоп ва интишороти Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, 1381ҳ.ш.