Ниёбати омма

Аз wikishia

Ниёбати омма ҷонишинии умуми фақиҳони шиа ба ҷои Имом Маҳдӣ (а) дар даврони ғайбат куброст. Шиаён дар даврони ғайбати кубро имкони иртиботи мустақим ё ғайримустақим бо Имоми Замонро надоранд. Бинобар ривоёт, имомони шиа дар ин даврон, вазоифи имоми маъсумро бар ӯҳдаи фақиҳон дониста ва раҳбарии динии мардумро бар ӯҳда онон гузоштаанд. Ниёбати омма дар муқобили ниёбати хосса қарор дорад.

Мафҳумшиносӣ

Ҳамчунин бибинед: Ниёбати хосса

Ниёбати омма ба маънои ҷонишинии умуми фақиҳон ба ҷои имоми маъсум, пас аз даврони ниёбати хосса аст.[1] Дар даврони ғайбати суғро, Имом Маҳдӣ (а) аз тариқи нуввоби арбаа бо шиаён иртибот дошт.[2] Пас аз даргузашт Алӣ ибни Муҳаммади Самарӣ, чаҳорумин нойиби хоси Имоми Замон (а), дар соли 329ҳ.қ., намояндаи дайгаре мансуб нашуд ва иртибототи мустақими Имоми дувоздаҳуми шиаён бо мардум ва ҳамчунин даврони ваколат аз Имом Маҳдӣ поён ёфт.[3]

Калима «ом» дар «ниёбати омма» дар баробари «хос» аст; ба ин маъно ки пас аз чаҳор ноиби хос, ҳеҷ фарди хосе ниёбати мушаххас аз Имом Маҳдӣ надорад; балки ҳар каси дорои шароити ниёбат (мисли шароити фақоҳату адолат ва...) бошад, ҷонишини имоми маъсум маҳсуб шудаву дорои ихтиёрот ва вазоифи мушаххасе хоҳад буд.[4]

Шароити ниёбати омма

Дар аҳодиси шиа, касоне ки мансаби ниёбатро бар уҳда мегиранд, бо унвонҳое мисли: ровиёни ҳадис; касоне ки ҳалол ва ҳаромро мешиносанд; фақиҳон ва уламо муаррифӣ шудаанд.[5] Бар асоси ин аҳодис, дар даврони ғайбат, фақиҳон ва олимони шиа ҷонишинии имомонро бар уҳда доранд. Муҳаммади Санад ин аҳодисро дар китоби Даъв-ас-сафорати фи-л-ғайбат-ил-кубро, ҷамъоварӣ кардааст.[6]

Вилояти фақиҳ ва ниёбат

Ҳамчунин бибинед: Вилояти фақиҳ

Дар бовари шиа, имомон дорои вазоиф ва ихтиёроти зиёд ва гуногуне ҳастанд. Сайид Муҳаммадмаҳдӣ Мусавии Халхолӣ ин ихтиёротро то даҳ унвон баршумурдааст.[7] Бар асоси ниёбати омма, бахши зиёдӣ аз вазоиф ва ихтиёроти аимма ба фақиҳон вогузор шудааст.[8] Яке аз вижагиҳои имом дар бовари шиаён, вилоят дар умури ҳукуматӣ аст. Ба ақидаи бархе аз олимони шиа, фақиҳ нойиби имом дар умури ҳукуматӣ ҳам ҳаст.[9] Аз ин назария бо номи вилояти фақиҳ ёд мешавад.[10]

Аҳодиси ниёбати омма

Ҳамчунин бубинед: Мақбулаи Умар ибни Ҳанзала

Мабнои ривоии ниёбати омма, аҳодисе аст ки аз имомони маъсум (а) расида ва аз ҷумлаи онҳо мақбулаи Умри ибни Ҳанзала аст.[11] Бар асоси ин ривоят, Имом Содиқ (а) тасреҳ кардааст, ки шиаён бояд барои ҳалли ихтилофоти худ, ба ровиёни ҳадис ва касоне ки ҳалол ва ҳаром ва аҳкомро мешиносанд, руҷуъ кунанд ва касе ки ҳукми фақиҳонро рад ва инкор кунад, дар воқеъ ҳукми имомонро рад кардааст.[12] Бинобар ривояте дигар ки аз Имом Маҳдӣ (а) нақл шуда, муъминон бояд дар рӯйдодҳои рӯзгор, ба ровиёни аҳодиси аҳли байт (а) руҷӯъ кунанд; чаро ки ба тасреҳи вай, «онон (ровиён) ҳуҷҷати ман бар шумоянд ва ман ҳуҷҷати Худо бар эшонам».[13]

Эзоҳ

  1. Мусавии Халхолӣ, ал-Ҳокимийяту фи-л-Ислом, 1425ҳ.қ., саҳ.29
  2. Санад, Даъв-ас-сафорати фи-л-ғайбат-ил-кубро, 1431ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.74
  3. Салимиён, Дарсномаи маҳдавият, 1388ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.237
  4. Салимиён, Дарсномаи маҳдавият, 1388ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.238
  5. Ниг.: Санад, Даъв-ас-сафорати фи-л-ғайбат-ил-кубро, 1431ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.83 - 92
  6. Санад, Даъв-ас-сафорати фи-л-ғайбат-ил-кубро, 1431ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.83 - 92
  7. Мусавии Халхолӣ, Ҳокимият дар Ислом, 1380ҳ.ш., саҳ.89
  8. Мусавии Халхолӣ, Ҳокимият дар Ислом, 1380ҳ.ш., саҳ.14
  9. Ниг.: Имом Хумайнӣ, Китоб-ул-байъ, 1421ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.635; Имом Хумайнӣ, Вилояти фақиҳ, 1374ҳ.ш., саҳ.78 - 82; Ҷаъфариён, Дин ва сиёсат дар давраи Сафавӣ, 1370ҳ.ш., саҳ.32, саҳ.312; Кадивар, Назарияҳои давлат дар фиқҳи шиа, 1387ҳ.ш., саҳ.21 - 24
  10. Фираҳӣ, Низоми сиёсӣ ва давлат дар Ислом, 1386ҳ.ш., саҳ.242 - 243
  11. Мунтазирӣ, Низом-ул-ҳкми фи-л-Ислом, 1385ҳ.ш., саҳ.143, саҳ.166; Ҷаводии Омулӣ, Вилояти фақиҳ, 1378ҳ.ш., саҳ.150; Кадивар, Ҳукумати вилоӣ, 1378ҳ.ш., саҳ.389 392
  12. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.67
  13. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1416ҳ.қ., ҷ.27, саҳ.140

Сарчашма

  • Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Китоб-ул-байъ, Қум, интишороти Исмоилён, 1363ҳ.ш.
  • Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Вилояти фақиҳ, Теҳрон, Муассисаи танзиму нашри осори Имом Хумайнӣ, 1373ҳ.ш.
  • Ҷаъфариён, Расул, Дин ва сиёсат дар асри Сафавӣ, Қум, интишороти Ансориён, 1370ҳ.ш.
  • Ҷаводии Омулӣ, Абдуллоҳ, Вилояти фақиҳ, вилояти фақоҳату адолат, Қум: маркази нашри Исро, 1378ҳ.ш.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиати ило таҳсил-ил-масоил-иш-шариъат, Қум, Муассисату Ол-ил-Байти ли эҳё-ит-турос, чопи севвум, 1416ҳ.қ.
  • Салимиён, Худомурод, Дарсномаи маҳдавият, Қум, Маркази тахассусии маҳдавият, 1388ҳ.ш.
  • Санад, Муҳаммад, Даъв-ас-сафорати фи-л-ғайбат-ил-кубро, Бейрут, Дор-ул-муваррах-ул-арабӣ, 1431ҳ.қ.
  • Фираҳӣ, Довуд, Низоми сиёсӣ ва давлат дар Ислом, Теҳрон, интишороти САМТ, 1386ҳ.ш.
  • Кадивар, Муҳсин, Ҳукумати вилоӣ, Теҳрон, нашри Най, 1378ҳ.ш.
  • Кадивар, Муҳсин, Назарияҳои давлат дар фиқҳи шиа, Теҳрон, нашри Най, 1387ҳ.ш.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломийя, 1407ҳ.қ.
  • Мунтазирӣ, Ҳусайнъалӣ, Низом-ул-ҳкми фи-л-Ислом, Теҳрон, нашри Сароӣ, 1385ҳ.ш.
  • Мусавии Халхолӣ, Сайид Муҳаммадмаҳдӣ, ал-Ҳокимийяту фи-л-Ислом, бо муқаддамаи Сайид Муртазои Ҳукмӣ, Қум, Маҷмаъ-ул-фикр-ил-исломӣ, 1425ҳ.қ.
  • Мусавии Халхолӣ, Сайид Муҳаммадмаҳдӣ, Ҳокимият дар Ислом ё вилояти фақиҳ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1380ҳ.ш.