Қиёми Хуросонӣ

Аз wikishia

Қиёми Хуросонӣ (форсӣ: قیام خراسانی) аз нишонаҳои зуҳур аст ва ба қиёми шахсе аз аҳолии Хуросон ишора дорад ки ҳамзамон бо хуруҷи Суфёнӣ ва қиёми Ямонӣ рух медиҳад. Бархе аз пажӯҳишгарон вайро соҳиби парчамҳои сиёҳ донистаанд ки сипоҳи ӯ ба фармондиҳии Шуайб ибни Солеҳ, Суфёниро шикаст медиҳад.

Албата дар бораи ҳаракати парчамҳои сиёҳ, миёни пажӯҳишгарони маҳдавият ихтилофи назар аст. Бархе манзур аз парчамҳои сиёҳро парчами Абумуслими Хуросонӣ медонанд ки бар зидди ҳукумати Банӣ Умия қиём кард ва бархе дигар бар ин боваранд ки ин парчамҳо ишора ба қиёме доранд ки қабл аз зуҳури Имом Маҳдӣ (аҷ) рух медиҳад.

Сайиди Хуросонӣ

Дар ривоёт алоими зуҳур, аз қиёми фарде хуросонӣ ба унвони нишонаи зуҳури ёд шудааст.[1] Унвони “хуросонӣ” аз ривоёти марбут ба Хуросон, машриқи замин ва марде ки ҳамроҳи аҳли Хуросон қиём мекунад гирифта шудааст.[2]

Дар ривоёти мазкур, хусусиёти хуросонӣ аз ҷумла сайид буданаш наёмадааст.[3] Бо ин ҳол ба гуфта Алии Кӯронӣ дар китоби Аср-уз-зуҳур, дар манобеи аҳли суннат[4] ва низ манобеи мутааххири шиа, хуросонӣ аз насли Имом Ҳасан (а) ё Имом Ҳусайн (а) дониста ва бо унвони хуросонии ҳошимӣ аз ӯ ёд шудааст.[5] Аз ин рӯ, аз хуросонӣ бо унвони Сайиди Хуросонӣ ҳам ёд мешавад.[6] Ҳамчунин дар ин манобеъ, хусусиёти дайгаре аз ӯ, монанди ин ки дар гунаи рост ва дасти росташ холе вуҷуд дорад низ баён шудааст.[7]

Нишонаи зуҳур будан

Қиёми Хуросонӣ дар канори сайҳаи осмонӣ, қатли Нафси Закия, хуруҷи Суфёнӣ ва хасфи Байдо аз нишонаҳои зуҳури Маҳдии мавъуд (аҷ) муаррифӣ шудааст.[8] Бар асоси ривояте ки ба Имоми Содиқ (а) нисбат дода шуда, Хуросонӣ, Суфёнӣ ва Ямонӣ ҳар се дар як сол, як моҳ ва як рӯз ба сурати ҳамзамон, қиём мекунанд.[9] Дар ривоёт омадааст, ки қиёми Хуросонӣ аз машриқ (қисматҳои шарқии сарзаминҳои исломӣ) оғоз мешавад ва ба сӯи Ироқ пеш меравад.[10] Дар Донишномаи Имом Маҳдӣ, дар санади ин ду ривояти тардид шудааст.[11]

Парчамҳои сиёҳ ва Сайид хуросонӣ

Мақолаи аслӣ: Парчамҳои сиёҳ

Ҳаракати парчамҳои сиёҳ ба қиёми гурӯҳе бо парчами сиёҳ дар машриқзамин ишора дорад, ки дар бархе ривоёт аз алоими зуҳур дониста шудааст.[12] Бинобар шуморе аз ривоёт, ин парчамҳо аз они ҷавоне аз Банӣ Ҳошим дар Хуросон аст, ки ба ҳангоми хуруҷ, Шуайб ибни Солеҳ ҳамроҳи ӯст.[13] Бархе аз пажӯҳишгарони шиа манзур аз парчамҳои сиёҳро қиёми Абумуслими Хуросонӣ медонанд, ки бар зидди ҳукумати Банӣ Умия рӯй дод ва ба шаклгирии ҳукумати Банӣ Аббос анҷомид.[14] Бархе дигар бар ин боваранд, ки ин парчамҳо ишора ба қиёме доранд, ки қабл аз зуҳури Имом Маҳдӣ (аҷ) рух медиҳад.[15]

Нависандаи китоби Аср-уз-зуҳур Сайиди хуросониро соҳиби парчамҳои сиёҳ донистааст, ки фармондеҳии сипоҳи ӯро Шуайб ибни Солеҳ бар ӯҳда дорад ва байни сипоҳи ӯ ва Суфёнӣ набарде дар мегирад ва Суфёнӣ шикаст мехӯрд.[16] Ӯ бо Имом Маҳдӣ (аҷ) байъат мекунад.[17]

Ба ин сухан эрод гирифтаанд, ки дар китоби Аср-уз-зуҳур барои исботи ин матлаб, ба аҳодисе аз Китоб-ул-фитна, навиштаи Ибни Ҳаммод истинод шудааст, ки дар онҳо номе аз хуросонӣ нест. Ҳамчунин Китоб-ул-фитна назди шиа эътибор надорад; чироки бисёре аз аҳодиси он, аз маъсум содир нашудааст.[18]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Нуъмонӣ, ал-Ғайбат, 1397ҳ.қ., саҳ.290
  2. Кӯронӣ, Аср-уз-зуҳур, 1408ҳ.қ., саҳ.243; Муҳаммадии Райшаҳрӣ ва дигарон, Донишномаи Имом Маҳдӣ, ҷ.7, 1393ҳ.ш., саҳ.447
  3. Кӯронӣ, Аср-уз-зуҳур, 1408ҳ.қ., саҳ.242
  4. Барои намуна ниг.: Ибни Ҳаммод, Китоб-ул-фитна, дор-ул-кутуби алълмиаҳи маншӯроти Маҳмадалии бизўн, саҳ.214
  5. Кӯронӣ, Аср-уз-зуҳур, 1408ҳ.қ., саҳ.242
  6. Барои намуна нигоҳ кунед ба Кӯронӣ, Аср-уз-зуҳур, 1408ҳ.қ., саҳ.234, 205, 147
  7. Кӯронӣ, Аср-уз-зуҳур, 1408ҳ.қ., саҳ.242
  8. Нуъмонӣ, ал-Ғайбат, 1397ҳ.қ., саҳ.290
  9. Нуъмонӣ, ал-Ғайбат, 1397ҳ.қ., саҳ.255 - 256; Тӯсӣ, ал-Ғайбат, 1411ҳ.қ., саҳ.446 - 447
  10. Нуъмонӣ, ал-Ғайбат, 1397ҳ.қ., саҳ.256 - 255
  11. Ниг.: Муҳаммадии Райшаҳрӣ ва дигарон, Донишномаи Имом Маҳдӣ, ҷ.7, 1393ҳ.ш., саҳ.445 - 447
  12. Барои намуна, ниг.: Нуъмонӣ, ал-Ғайбат, 1397ҳ.қ., саҳ.251
  13. Ибни Ҳаммод, Китоб-ул-фитна, Дор-ул-кутуб-ил-илмийя, Маншуроту Муҳаммадалӣ Байзун, саҳ.214 ва 216; Ибни Товус, ат-Ташрифу би-л-минан, 1416ҳ.қ., саҳ.120
  14. Ниг.: Муҳаммадии Райшаҳрӣ ва дигарон, Донишномаи Имом Маҳдӣ, ҷ.6, 1393ҳ.ш., саҳ.64, 65; Садр, Таърих-ул-ғайбат-ил-кубро, 1412ҳ.қ., саҳ.453
  15. Ниг.: Кӯронӣ, Аср-уз-зуҳур, 1408ҳ.қ., саҳ.242 ва 243
  16. Кӯронӣ, Аср-уз-зуҳур, 1408ҳ.қ., саҳ.242
  17. Кӯронӣ, Аср-уз-зуҳур, 1408ҳ.қ., саҳ.137
  18. Муҳаммадии Райшаҳрӣ ва дигарон, Донишномаи Имом Маҳдӣ, ҷ.7, 1393ҳ.ш., саҳ.448

Сарчашма

  • Ибни Товус, Алӣ ибни Мӯсо, ат-Ташрифу би-л-минани фи-т-таърифи би-л-фитан, Қум, муассисаи Соҳиб-ул-амр, чопи аввал, 1416ҳ.қ.
  • Ибни Ҳаммод, Наим, Китоб-ул-фитна, тасҳеҳи Маҷдӣ ибни Мансури Шурӣ, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмийя, Маншуроту Муҳаммадалӣ Байзун, бе то.
  • Кӯронӣ, Алӣ, Аср-уз-зуҳур, Марказ-ун-нашри мактаб-ул-аълом-ил-исломӣ, чопи аввал, 1408ҳ.қ.
  • Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Муҳаммад, Донишномаи Имом Маҳдӣ (аҷ), Қум, Дор-ул-ҳадис, 1393ҳ.ш.
  • Нуъмонӣ, Муҳаммад ибни Иброҳим, ал-Ғайбат, таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, нашри Садуқ, чопи аввал, 1397ҳ.қ.
  • Садр, Сайид Муҳаммад, Таърих-ул-ғайбат-ил-кубро, Бейрут, Дор-ут-таъорифу ли-л-матбуот, 1412ҳ.қ.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Ғайбат, таҳқиқ, Теҳронӣ Ибодуллоҳ, Носеҳ, Алӣ Аҳмад, Қум, Дор-ул-маориф-ил-исломийя, чопи аввал, 1411ҳ.қ.