Дуои чилу чоруми Саҳифаи саҷҷодия
Дуои чилу чаҳоруми Саҳифаи Саҷҷодия аз дуоҳои Имом Саҷҷод (а) аст, ки ҳангоми фаро расидани моҳи Рамазон онро мехонд.
Имом Саҷҷод (а) дар ин дуо вазифаҳои муъмин дар моҳи Рамазон ва шартҳои рӯзадории воқеиро баён мекунад ва аз Худованд талаб мекунад, ки ӯро аз шарри шайтон нигоҳ дорад.
Ҳазрати Зайнулъобидин дар оғози ин дуо Худовандро шукрона мекунад, ки ба бандагонаш мақоми шукргузорӣ додааст ва аз Худованд мехоҳад, ки гуноҳонашонро пок кунад ва ба мартабаи солеҳон бирасонад.
Дуои чилу чаҳорум дар шарҳҳои Саҳифаи Саҷҷодия, ҳамчун: Диёри ошиқон, асари Ҳусайни Ансориён, Шуҳуд ва шинохт, навиштаи Ҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ ва Саҳбои ҳузур, навиштаи Муҳаммадтақӣ Мисбоҳи Яздӣ ба забони форсӣ ва дар китоби Риёз-ус-соликин, навиштаи Сайидалихони Маданӣ ба забони арабӣ шарҳ шудааст.
Таълимот
Дуои чиҳилу чаҳорум, аз дуоҳои Саҳифаи Саҷҷодия ки Имом Саҷҷод (а) ҳангоми вуруди моҳи рамазони онро мехонд. Имом (а) дар ин дуо фазилатҳои моҳи Рамазонро номбар намуда, дар бораи вазифаҳои мӯъмин дар ин моҳ сухан рондааст.[1]
Таълимоти ин дуо ба шарҳи зайл аст:
- Шукр кардани Худо ба хотири додани мақоми шукргузорӣ ба бандагон
- Робитаи таквинӣ байни шукр ва афзоиши неъмат
- Подоши хуби Худо ба шукргузорон
- Ситоиши Худо ба хотири баҳраманд шудан аз неъмати дин
- Рамазон моҳи расидан ба эҳсон ва ризвони Илоҳӣ
- Рамазон моҳи қиём ба ибодат
- Номҳои моҳи Рамазон: (моҳи Худо, моҳи Ислому таслим, моҳи покизагӣ, моҳи озмоиш (поку холис шудан бо рӯза) моҳи қиём барои ибодат, моҳи нузули Қуръон)
- Бартарии моҳи Рамазон бар дигар моҳҳо
- Бартарии шаби Қадр бар дигар шабҳо
- Баҳрамандии бандагон аз баракоти доимии шабҳои Қадр
- Дархости маърифати фазилати моҳи Рамазон
- Дуо барои тавфиқи бузургдошти моҳи Рамазон
- Дархости парҳез аз шунидани лағв ва дидани лаҳв дар моҳи Рамазон
- Дархости дурӣ аз даст ёзидан ба ҳаром ва гом ниҳодан дар масири ҳаром
- Дуо барои дар амон мондан аз луқмаи ҳаром
- Дархост барои сухан гуфтан бар тибқи хост ва дастури Худованд
- Дуо барои анҷоми аъмоле бидуни риёву шӯҳратталабӣ
- Аҳамияти тавваҷуҳ ба вақтҳои намозҳои панҷгона дар моҳи Рамазон
- Дараҷоти болои касоне ки ба маротиб ва манзалати намозҳои фарз расидаанд
- Одоби рӯзадорӣ ва офоти он: кантроли қувои зоҳирию ботинӣ, нияти холис ва ғ.
- Дуо барои расидан ба дараҷоте болотар аз фариштагон дар партави кирдорҳои покиза ва покӣ аз гуноҳон
- Ислом ҷавобгӯи ҳамаи ниёзҳои фитрии инсон
- Равобити ахлоқӣ ва иҷтимоии матлуб дар моҳи Рамазон: силаи раҳим, равобити ҳасана бо ҳамсоягон, татҳири амвол бо пардохти хумсу закот, тавалло ва табарро дар бораи дӯстону душманон, мудоро бо душманон ва ғ.
- Паноҳ бурдан ба Худо аз инҳироф дар тавҳид
- Дуо барои баҳраманд шудан аз каромати авлиёи Илоҳӣ
- Дуо барои беҳтарини бандагон будан дар моҳи Рамазон
- Дуо барои дар амон мондан аз фиреби шайтон
- Дархости баҳрамандӣ аз афви бахшиши Илоҳӣ
- Дархости ибодату тоъат дар тамоми моҳи Рамазон
- Дуо барои маҳви гуноҳон бо маҳв шудани ҳилоли моҳи Рамазон
- Бахшида шудани шумори зиёде аз дӯзахиён дар моҳи Рамазон
- Паноҳ бар Худо аз черагии шайтон дар моҳи Рамазон
- Ҳассосияти шабҳо ва рӯзҳои охири моҳи Рамазон
- Гувоҳии рӯзу шаби моҳи Рамазон бар аъмоли инсон
- Дархости истимрори ҳоли ибодату бандагӣ баъд аз моҳи мубораки Рамазон ва дар тӯли сол
- Дуо барои ирс бурдани биҳишт
- Дуруд бар Пайғамбари Ислом (с) дар ҳама вақт ва дар ҳар ҳол[2]
Шарҳҳо
Дуои чилу чаҳорум дар шарҳҳои Саҳифаи Саҷҷодия аз ҷумла дар китоби Диёри ошиқони Ҳусайни Ансориён,[3] Шуҳуд ва шинохти Муҳаммадҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ[4] ва шарҳу тарҷумаи Саҳифаи Саҷҷодияи Сайид Аҳмад Фаҳрӣ[5] ба забони форсӣ шарҳ шудааст.
Китоби «Саҳбои ҳузур» асари Муҳаммадтақӣ Мисбоҳи Яздӣ дар шарҳи ин дуо аст. Дар ин китоб мазмунҳои ирфонӣ, ибодӣ ва ахлоқии ин муноҷот тавзеҳ шудааст. Ҳамчунин вижагиҳои моҳи Рамазон монанди ҳидоят, ибодат, раҳмат, баракат, мағфират, тавба, саодат, маърифат, таҳорат, ихлос, нузули Қуръон, вуҷуди шаби Қадр дар он, намоз ва рӯза аз дидгоҳи Имом Саҷҷод (а) баррасӣ шудааст.[6]
Дуои чилу чаҳорум ҳамроҳи дуои видоъ бо моҳи Рамазон дар китобҳои Симои Рамазон, таълифи Алӣ Каримии Ҷаҳрумӣ[7] ва Суруши Рамазон (шарҳе бар ниёиши Имом Саҷҷод дар оғоз ва анҷоми моҳи Рамазон) асари Сайидризо Боқириёни Муваҳҳид ва Алӣ Боқирифар шарҳ шудааст. Дар ин ду китоб ба баррасии абъоди мухталифи моҳи Рамазон ва порае аз фазоили иди Фитр ва одоби хуруҷ аз он моҳ пардохта шудааст.[8]
Дуои чилу чаҳоруми Саҳифаи Саҷҷодия ҳамчунин дар китоби Риёз-ус-соликини Сайидалихони Маданӣ,[9] Фи зилол-ис-Саҳифат-ис-Саҷҷодия, асари Муҳаммадҷавод Муғния,[10] Риёз-ул-орифин, таълифи Муҳаммад ибни Муҳаммади Доробӣ[11] ва Офоқ-ур-руҳ, навиштаи Сайид Муҳаммадҳусайн Фазлуллоҳ[12] ба забони арабӣ шарҳ шудааст. Вожаҳои ин дуо ҳам дар шарҳҳои луғавие монанди Таълиқот ала-с-Саҳифат-ис-Саҷҷодия, асари Файзи Кошонӣ[13] ва Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-Саҷҷодия, навиштаи Иззуддини Ҷазоирӣ[14] тавзеҳ дода шудааст.
Матн ва тарҷума
Дуои чилу чаҳоруми Саҳифаи Саҷҷодия
Матни тарҷума[15]
Дуои он ҳазрат аст ҳангоми фаро расидани моҳи Рамазон
(1) Ситоиш махсуси Худост, ки моро ба сипосгузориаш ҳидоят фармуд ва моро дархури сипос қарор дод, барои инки аз шукргузорони эҳсонаш шавем; то дар баробари ин сипосу шукр, подоши некукоронро ба мо ато кунад.
(2) Худоро сипос, ки динашро ба мо ҳиба кард ва моро ба оинаш ихтисос дод ва дар роҳҳои эҳсонаш ворид кард; то дар онҳо ба лутфу эҳсонаш, ба сӯи хушнудиаш, ҳаракат кунем; ҳамде, ки аз мо бипазирад ва ба сабаби он аз мо розӣ шавад.
(3) Ва Худоро сипос, ки аз ҷумлаи он роҳҳо, моҳи худ, моҳи Рамазонро қарор дод; моҳи рӯзаю моҳи Ислом, моҳи поккунанда, моҳи озмоиш, моҳи қиём ба ибодат ва моҳе, ки Қуръонро дар он нозил кард, ки саросар барои мардум ҳидоят аст ва нишонаҳое равшан аз ҳидоят ва ҷудокунандаи байни ҳаққу ботил
(4) Пас бартариашро бар моҳҳои дигар, бар пояи эҳтиромоти зиёде, ки барояш қарор дод ва фазилатҳое, ки байни мардум машҳур аст, ошкор сохт; пас ончиро дар моҳҳои дигар ҳалол буд, барои бузургдошти ин моҳ, ҳаром кард; ва хӯрокиҳою ошомиданиҳоро маҳзи гиромидошти он, мамнуъ фармуд; ва бар он, вақте возеҳу равшан қарор дод ва он нуҳумин моҳ аз моҳҳои қамарӣ аст, ки ҳазраташ – Ҷалла ва Азза - иҷоза намедиҳад аз он вақти муайян, пеш уфтад; ва намепазирад, ки аз он пас уфтад.
(5) Сипас яке аз шабҳояшро, бар шабҳои ҳазор моҳ бартарӣ дод ва онро шаби Қадр номид; фариштагону рӯҳ дар он шаб, ба дастури Парвардигораш, барои таъйини сарнавиштҳо ва овардани ҳар хайру баракате ва ҳисоби ҳар коре нозил мешаванд. Шабе аст, оканда аз саломату раҳмат, баракаташ то сапедадам бар ҳар кас аз бандагонаш ки бихоҳад, аз тариқи қазояш, ки муҳкаму устувор карда, пайваста ва доимист.
(6) Худоё! бар Муҳаммаду Олаш дуруд фирист ва шинохти бартарии ин моҳ ва бузургдошти эҳтиромашро ва худдорӣ аз ончӣ ки дар ин моҳ мамнуъ кардӣ, ба мо илҳом фармо ва моро ба рӯза доштани ин моҳ ва ҳифзи андомамон аз гуноҳонат ва ба кор гирифтани онҳо дар ончӣ ки Туро хушнуд мекунад, ёрӣ даҳ, то бо гӯшамон ба гуфтори лағв гӯш накунем ва бо чашмамон ба тамошои лаҳв нашитобем!
(7) Ва то ҷое ки дастҳоямонро ба ҷониби ҳароме накушоем ва бо гомҳоямон ба сӯи мамнуъе наравем ва шикамҳоямон, ҷуз ончиро ҳалол кардӣ, дар худ ҷой надиҳад ва забонамон, ҷуз ба ончӣ Ту гуфтаӣ, гуё нашавад ва амалу вазифае, ҷуз ончи моро ба савоби Ту наздик мекунад, мутаҳаммил нашавем ва ҷуз ончи моро аз кайфари Ту нигоҳ медорад, уҳдадор нашавем. Онгоҳ ҳамаи инҳоро аз риёи риёкорон ва шӯҳратталабии шӯҳратталабон, холису пок фармо, ба гунае ки касеро ҷуз Ту дар аъмоламон шарик накунем ва мақсаду манзуре дар он аъмол ғайри Ту наталабем.
(8) Худоё! бар Муҳаммаду Олаш дуруд фирист ва моро дар ин моҳ, бар вақтҳои намозҳои панҷгона, бо одобе, ки барои онҳо муқаррар кардӣ ва воҷботе, ки ҷиҳати онҳо воҷиб фармудӣ ва шартҳое, ки маҳзи онҳо муқаррар намудӣ ва вақтҳое, ки таъйин кардӣ, огоҳ соз.
(9) Ва моро дар адои ин намозҳои панҷгона, дар рутбаи касоне қарор деҳ, ки ба маротиб ва манзалатҳои он расидаанд; касоне ки ҳифзкунандаи аркони онҳоянд ва ҳар як аз панҷ намозро дар вақтҳои махсус ба худаш адо мекунанд; ва бар пояи он каммияту кайфияте, ки банда ва Расулат - ки дуруди Ту бар ӯ ва хонадонаш бод - ташреъ фармуда ва баён карда, дар рукуъу суҷудаш ва ҳамаи фазоилу дараҷоташ, бо комилтарин таҳорат ва равшантарин мартабаи хушуъ ва расотаринаш, баҷо меовараданд.
(10) Ва моро дар ин моҳ тавфиқ деҳ, ки бо хешовандони худ, бо некӣ ва силаи раҳм иртибот пайдо кунем; ва бо эҳсону бахшиш, ба ҳамсоягони худ расидагӣ намоем ва амволи худро аз ончӣ ба ситам гирифтаем, пок кунем ва бо берун кардани закот, сарват ва моли худро дар мадори покӣ қарор диҳем; ва бо касе ки бо мо робитаашро буридааст, оштӣ намуда ва бо касе ки ба мо ситам раво доштааст, ба адолату инсоф муомила кунем; ва бо шахсе ки бо мо душманӣ карда, аз дари мусолимат дар оем, магар касе ки дар роҳи Ту ва ба хотири Ту бо ӯ душманӣ шуда бошад; ҳамоно ӯ душмане аст, ки бо ӯ дӯстӣ накунем ва ҳизбе аст, ки ба ӯ дасти садоқат надиҳем.
(11) Ва моро дар ин моҳ тавфиқ деҳ, ки ба василаи аъмоли шоиста, ки моро ба сабаби онҳо аз гуноҳон пок кунӣ, ба Ту тақарруб ҷӯем; ва моро дар ин моҳ, аз инки бихоҳем аъмоли зиштро аз сар бигирем ҳифз фармо ва кори бандагии мо дар ин моҳ ба ҷое расад, ки ҳеҷ як аз фариштагонат натавонад, болотар аз ончи мо ба ҷо оварадем, аз абвоби бандагӣ ва тоъат барои Ту ва анвоъи аъмоле, ки сабаби қурби мо ба ҳазрати Туст, ба пешгоҳат ироа кунад.
(12) Худоё! Ба ҳаққи ин моҳ ва ба ҳаққи касе ки аз оғоз то поёнаш Туро бандагӣ кардааст, аз фариштае, ки ӯро муқарраби худ кардӣ, ё паёмбаре, ки барои ҳидояти мардум фиристодӣ, ё бандаи шоистае, ки ба каромати худ ихтисос додӣ; аз ту мехоҳам, ки бар Муҳаммаду Олаш дуруд фиристӣ ва моро дар ин моҳ, шоистаи каромате, ки ба авлиёат ваъда додӣ гардон; ва ончӣ барои аҳли кӯшиш дар бандагиат қарор додӣ, барои мо қарор деҳ; ва моро дар зумраи касоне, ки ба раҳматат, шоистагии расидан ба бартарин мартабаро ёфтанд, даровар!
(13) Худоё! Бар Муҳаммаду Олаш дуруд фирист ва моро аз инҳироф дар тавҳидат ва кӯтоҳӣ дар ситоишат ва тардид дар динат ва гумроҳӣ аз роҳат ва беэҳтиромӣ ба ҳурматат ва фиреб хӯрдан аз душманат - шайтони рондашуда, барканор кун.
(14) Худоё! Бар Муҳаммаду Олаш дуруд фирист ва чунончӣ дар ҳар шаб аз шабҳои ин моҳи Рамазонамон, бандагоне ҳастанд, ки бахшишат онҳоро озод мекунад ва гузашту чашмпӯшиат ононро мебахшад, пас моро аз он бандагон маҳсуб кун ва моро барои моҳи Рамазонамон, аз беҳтарин аҳлу асҳоб қарор деҳ.
(15) Худоё! Бар Муҳаммаду Олаш дуруд фирист ва бо маҳв шудани ҳилолаш, гуноҳонамонро маҳв кун; ва бо сипарӣ шудани рӯзҳояш, гуноҳонро аз вуҷуди мо баркан; то моҳи Рамазон дар ҳоле аз мо бигузарад, ки вуҷудамонро аз хатоҳо покиза ва аз бадиҳо холису ороста, фармуда бошӣ.
(16) Худоё! Бар Муҳаммаду Олаш дуруд фирист; ва чунончи мо дар ин моҳ, аз ҳаққу адолату бандагию тоъат мунҳариф шавем, ба доираи адлу дурустӣ баргардон; ва агар аз роҳи ҳидоят ба гумроҳӣ афтем, устуворамон соз; ва агар душманат - шайтон, бар мо чера шавад, аз кайду макраш моро раҳоӣ бахш!
(17) Худоё! Ин моҳро бо бандагиамон, барои ҳазратат пур кун ва вақтҳояшро ба тоъатамон барои вуҷуди муборакат зинат деҳ ва дар рӯзаш, моро ба рӯза доштан ва дар шабаш, моро ба намозу зорӣ ба даргоҳат ва фурутанӣ ба пешгоҳат ва хорӣ дар баробарат, ёрӣ фармо, то рӯзаш ба ғафлати мо аз рӯза ва шабаш ба кӯтоҳии мо аз ибодат, гувоҳӣ надиҳад!
(18) Худоё! Моро дар дигар моҳҳо ва дигар айём то замоне, ки зиндаамон медорӣ, чунин қарор деҳ ва ҳамчунин моро аз бандагони шоистаат муқаррар кун; онон ки биҳиштро ба ирс мебаранд ва дар он ҷовидонанд ва аз амволи худ дар роҳи Худо мебахшанд ва амали шоиста анҷом медиҳанд, дар ҳоле ки дилҳояшон аз андешаи баргашт ба сӯи Парвардигорашон тарсон аст ва аз касоне қарор деҳ, ки ба сӯи хайрот мешитобанд ва нисбат ба он, аз дигарон пешӣ мегиранд!
(19) Худоё! Бар Муҳаммаду Олаш дуруд фирист, дар ҳама вақт ва дар ҳама дам ва дар ҳар ҳол, ба шумораи дуруде, ки фиристодаӣ, бар ҳар ки дуруд фиристодаӣ ва чандин баробари ҳамаи онҳо, ба чандин баробаре, ки ҷуз Ту натавонад онҳоро бишуморад; ҳамоно Ту ончиро бихоҳӣ, анҷом медиҳӣ!.
Эзоҳ
- ↑ Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.388.
- ↑ Ансориён, Диёри ошиқон, 1373ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.407 - 470; Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.388 - 424; Шарҳи фарозҳои дуои чилу чаҳорум аз сайти Ирфон.
- ↑ Ансориён, Диёри ошиқон, 1373ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.399 - 470.
- ↑ Мамдуҳӣ, китоби Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.383 - 424.
- ↑ Фаҳрӣ, Шарҳ ва тафсири Саҳифаи Саҷҷодия, 1388ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.221 - 279.
- ↑ Мисбоҳи Яздӣ, Саҳбои ҳузур, 1391ҳ.ш., феҳристи матолиб.
- ↑ Муаррифии китоби Симои Рамазон
- ↑ Муаррифии китоби Суруши Рамазон
- ↑ Мадании Шерозӣ, Риёз-ус-соликин, 1435ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.5 - 94.
- ↑ Муғния, Фи зилол-ис-Саҳифа, 1428ҳ.қ., саҳ.499 - 513.
- ↑ Доробӣ, Риёз-ул-орифин, 1379ҳ.ш., саҳ.543 - 553.
- ↑ Фазлуллоҳ, Офоқ-ур-руҳ, 1420ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.359 - 388.
- ↑ Файзи Кошонӣ, Таълиқот ала-с-Саҳифат-ис-Саҷҷодия, 1407ҳ.қ., саҳ.87 - 89.
- ↑ Ҷазоирӣ, Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-Саҷҷодия, 1402, саҳ.216 - 222.
- ↑ Тарҷума аз Шайх Ҳусайни Ансориён.
Сарчашма
- Ансориён, Ҳусайн, Диёри ошиқон: тафсири ҷомеъи Саҳифаи Саҷҷодия, Теҳрон, Паёми озодӣ, 1372ҳ.ш.
- Доробӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Риёз-ул-орифин фи шарҳ-ис-Саҳифат-ис-Саҷҷодия, таҳқиқи Ҳусайни Даргоҳӣ, Теҳрон, нашри Усва, 1379ҳ.ш.
- Мадании Шерозӣ, Сайидалихон, Риёз-ус-соликин фи шарҳи Саҳифат-ис-Сайидулсоҷидин, Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, 1435ҳ.қ.
- Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ, Ҳасан, Шуҳуд ва шинохт, тарҷума ва шарҳи Саҳифаи Саҷҷодия, муқаддимаи Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, Қум, Бустони китоб, 1388ҳ.ш.
- Мисбоҳи Яздӣ, Муҳаммадтақӣ, Саҳбои ҳузур (шарҳи дуои чилу чаҳоруми Саҳифаи Саҷҷодия), Қум, муассисаи Омӯзишӣ ва пажӯҳишии Имом Хумайнӣ (раҳ), 1391ҳ.ш.
- Муғния, Муҳаммадҷавод, Фи зилол-ис-Саҳифат-ис-Саҷҷодия, Қум, Дорул-китобил-иисломӣ, 1428ҳ.қ.
- Фазлуллоҳ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Офоқ-ур-руҳ, Бейрут, Дорул-Молик, 1420ҳ.қ.
- Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Муртазо, Таълиқот ала-с-Саҳифат-ис-Саҷҷодия, Теҳрон, муассисатул-буҳус вал-таҳқиқотил-сақофийя, 1407ҳ.қ.
- Фаҳрӣ, Сайидаҳмад, Шарҳ ва тарҷумаи Саҳифаи Саҷҷодия, Теҳрон, Усва, 1388ҳ.ш.
- Ҷазоирӣ, Иззуддин, Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-Саҷҷодия, Бейрут, Дорул-таъоруф лил-матбуъот, 1402ҳ.қ.