Дуои даҳуми Саҳифаи саҷҷодия
Дуои даҳуми Саҳифаи саҷҷодия (форсӣ: دعای دهم صحیفه سجادیه) аз дуоҳои маъсур аз Имом Саҷҷод (а) аст. Дар ин дуо аз Худо дархост мешавад ки бо бандагон бо фазлу карамаш рафтор кунад на адолаташ; чароки ҳосили бархӯрди аз рӯи фазл бахшиш ва натиҷаи бархӯрди бо адолат азоб аст ва бандагон тоқати азоби Илоҳиро надоранд. Дар ин дуо ҳамчунин ба ниёзмандии инсон ба Худо ва хушҳолии шайтон аз нофармонии инсон ишора шудааст. Воҷиб кардани пазириши дуои инсонҳо аз сӯи Худо бар худ аз дигар мазмунҳои ин дуост.
Дуои даҳум дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия ҳамчун Диёри ошиқон асари Ҳусайни Ансориён, Шуҳуд ва шинохт асари Ҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ ба забони форсӣ ва дар китоби Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ ба забони арабӣ шарҳ шудааст.
Омӯзаҳо
Мавзуи аслии дуои даҳуми Саҳифаи саҷҷодия паноҳ бурдан ба фазлу раҳмати Илоҳӣ ва талаби фарёдрасӣ аз Худост. Омӯзаҳои ин дуо, ки дар шаш фароз[1] аз Имом Саҷҷод (а) содир шуда, ба шарҳи зайл аст:
- Дархост аз Худо ба ин ки бо бандагон бо фазли худ бархӯрд кунад на бо адолаташ;
- Лозимаи бархӯрд бо адолат, азоби бандагону лозимаи бархӯрд бо фазл, бахшиши онон аст;
- Танҳо роҳи наҷоти бандагон, афви Илоҳист;
- Бандагон, тоқати азоби Илоҳиро надоранд;
- Бениёзии мутлақи Худованду ниёзмандии инсон ба Худо;
- Шақовати касе ки маҳрум аз раҳмати Худост;
- Эътироф ба бечорагӣ ва изтирору гирифторӣ;
- Ваъдаи истиҷобати дуо ва рафъи гирифтории бандагон аз ҷониби Худо;
- Шинохти шайтон ва абзорҳои ӯ барои фиреби инсон;
- Хушҳолии шайтон аз гуноҳи инсон;
- Сарзаниши инсонҳо тавассути шайтон ба хотири нофармонии Худо.[2]
Шарҳҳо
Дуои даҳум дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия аз ҷумла дар ҷилди панҷуми китоби Диёри ошиқон асари Ҳусайни Ансориён ба сурати муфассал ба забони форсӣ шарҳ шудааст.[3] Ин дуо ҳамчунин дар китобҳои Шуҳуд ва шинохт асари Муҳаммадҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ,[4] Шарҳ ва тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия асари Сайид Аҳмади Феҳрӣ[5] ва чанд китоби дигар ба забони форсӣ шарҳ дода шудааст.
Дуои даҳуми Саҳифаи саҷҷодия ҳамчунин дар шарҳҳои арабӣ аз ҷумла дар Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ,[6] Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Муҳаммадҷавод Муғния,[7] Риёз-ул-орифин таълифи Муҳаммад ибни Муҳаммади Доробӣ[8] ва Офоқ-ур-рӯҳ навиштаи Сайид Муҳаммадҳусайн Фазлуллоҳ[9] ба забони арабӣ шарҳ шудааст. Вожаҳои ин дуо ҳам дар шарҳи луғавии Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Файзи Кошонӣ тавзеҳ дода шудааст.[10]
Эзоҳ
- ↑ ترجمه و شرح دعای دهم صحیفه سجادیه, Сайти Ирфон
- ↑ Ансориён, Диёри ошиқон, 1372ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.75 - 96; Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.465 - 482
- ↑ Ансориён, Диёри ошиқон, 1372ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.75 - 96
- ↑ Мамдуҳӣ, Китоби шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.465 - 482
- ↑ Феҳрӣ, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, 1388ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.519 - 525
- ↑ Мадании Шерозӣ, Риёз-ус-соликин, 1435ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.425 - 441
- ↑ Муғния, Фи зилол-ис-саҳифа, 1428ҳ.қ., саҳ.159 - 165
- ↑ Доробӣ, Риёз-ул-орифин, 1379ҳ.ш., саҳ.137 - 140
- ↑ Фазлуллоҳ, Офоқ-ур-рӯҳ, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.275 - 284
- ↑ Файзи Кошонӣ, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, 1407ҳ.қ., саҳ.34 - 35
Сарчашма
- Ансориён, Ҳусайн, Диёри ошиқон: тафсири ҷомеъи саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Паёми озодӣ, 1372ҳ.ш.
- Доробӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Риёз-ул-орифина фи шарҳ-ис-Саҳифат-ис-саҷҷодия, муҳаққиқ: Ҳусайни Даргоҳӣ, Теҳрон, нашри Усва, 1379ҳ.ш.
- Мадании Шерозӣ, Сайид Алихон, Риёз-ус-соликини фи шарҳи саҳифати сайидиссоҷидин, Қум, 1435ҳ.қ.
- Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ, Ҳасан, Шуҳуд ва шинохт, тарҷума ва шарҳи Саҳифаи саҷҷодия, бо муқаддамаи Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, Қум, Бӯстони китоб, 1388ҳ.ш.
- Муғния, Муҳаммадҷавод, Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия, Қум, 1428ҳ.қ.
- Фазлуллоҳ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Офоқ-ур-рӯҳ, Бейрут, Дор-ул-молик, 1420ҳ.қ.
- Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Муртазо, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, Теҳрон, 1407ҳ.қ.
- Феҳрӣ, Сайид Аҳмад, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Усва, 1388ҳ.ш.
- ترجمه و شرح دعای دهم صحیفه سجادیه, Сайти Ирфон, мушоҳида: 23 обонмоҳи 1403ҳ.ш.