Дуои дувоздаҳуми Саҳифаи саҷҷодия
Дуои дувоздаҳуми Саҳифаи саҷҷодия (форсӣ: دعای دوازدهم صحیفه سجادیه) аз дуоҳои маъсур аз Имом Саҷҷод (а) дар эътироф ба гуноҳу дархости тавба аз даргоҳи Илоҳист. Ҳазрати саҷҷод (а) дар ин дуо ҳамчунин баррасии омилҳои маҳрумият аз тавфиқи дуо, вижагиҳои бандагони маҳбуби Худо, боз будани масири тавба ва ҳолатҳои инсони тавбакунанда пардохтааст.
Дуои дувоздаҳум дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия ҳамчун Диёри ошиқон асари Ҳусайни Ансориён, Шуҳуд ва шинохт асари Ҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ ба забони форсӣ ва дар китоби Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ ба забони арабӣ шарҳ шудааст.
Омӯзаҳо
Мавзуи аслии дуои дувоздаҳуми Саҳифаи саҷҷодия иқрор ба гуноҳ, дархости бозгаштан ба сӯи Худо, омилҳои маҳрумият аз тавфиқи дуо, вижагиҳои бандагони тавбагар ва хислатҳои беҳтарини бандагони Худо аст.[1] Омӯзаҳои ин дуо, ки дар 16 фароз[2] аз Имом Саҷҷод (а) содир шуда, ба шарҳи зайл аст:
- Омилҳои салби тавфиқ аз дуо: сустӣ дар анҷоми дастуроти Илоҳӣ ва ғафлат аз воҷибот, шитоб ба сӯи он чи Худо наҳй карда ва кӯтоҳӣ аз шукри неъмат (куфрони неъмат);
- Фазли Илоҳӣ омили хушгумонии бандагон ба Худо ва дархост аз Ӯ;
- Эҳсону неъматҳои Илоҳӣ ҳама бар асоси фазли Ӯст;
- Ниёзмандии махлуқот ба Худо;
- Дархости тавфиқи Илоҳӣ дар наҷот аз гуноҳ;
- Нигаронӣ аз паёмадҳои гуноҳу исён;
- Боз будани масири тавба барои гунаҳкорон;
- Ғанимат шумурдани фурсати тавба;
- Мамнуияти ноумедӣ аз раҳмати Худованд бо боз будани дари тавба;
- Ҳолатҳои бандаи тавбагар: хамида шудан бар асари тавозуъу фурӯтанӣ, ларза афтодан бар қадамҳо, ҷорӣ шудани ашк бар дидагон ва...;
- Умеди бахшиши Илоҳӣ (пешӣ гирифтани раҳмати Худо бар хашми Ӯ бо тавбаи бандагон);
- Талош дар ҷалби раҳмату омурзиши Илоҳӣ;
- Эътироф ба кӯтоҳии худ дар пешгоҳи Илоҳӣ;
- Вижагиҳои беҳтарину маҳбубтарин бандагон: даст бардоштан аз такаббур, иҷтиноб аз пофишорӣ бар гуноҳу воҷиб донистани истиғфор бар худ;
- Таваккул бар Худо ва дархости бахшиш аз кибру исрор бар гуноҳон;
- Паноҳ бурдан ба Худо аз осори бади гуноҳон ва умед ба даргоҳи ӯ;
- Таваккулу паноҳ бурдан ба Худо ва изҳори хоксорӣ дар баробари ҳақ;
- Ёрӣ талабидан аз Худованд бар анҷоми тоат;
- Тарсидан фақат аз Худое, ки сазовори омурзиш аст;
- Паноҳ бурдан ба Худо, танҳо роҳ муваффақият аст;
- Замонати Илоҳӣ барои истиҷобати дуоҳо;
- Баҳрабардорӣ аз неъматҳои Илоҳӣ ҳатто тавассути бандагони гунаҳкор;
- Зулми бандагон ба худ бо анҷоми гуноҳ;
- Хушнӯдии Худо аз амали ками бандагон ва фаровонии подоши ӯ.[3]
Шарҳҳо
Дуои дувоздаҳуми Саҳифаи саҷҷодия дар китобҳое монанди Диёри ошиқон асари Ҳусайни Ансориён,[4] Шуҳуд ва шинохт асари Муҳаммадҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ,[5] ва шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодияи асари Сайид Аҳмади Феҳрӣ[6] ба забони форсӣ шарҳ шудааст.
Дуои дувоздаҳум ҳамчунин дар шарҳҳои арабӣ аз ҷумла дар Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ,[7] Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Муҳаммадҷавод Муғния,[8] Риёз-ул-орифин таълифи Муҳаммад ибни Муҳаммади Доробӣ[9] ва Офоқ-ур-рӯҳ навиштаи Сайид Муҳаммадҳусайн Фазлуллоҳ[10] ба забони арабӣ шарҳ шудааст. Вожаҳои ин дуо ҳам дар шарҳи луғавии Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Файзи Кошонӣ тавзеҳ дода шудааст.[11]
Эзоҳ
- ↑ Мамдуҳӣ, Китоби шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.505
- ↑ ترجمه و شرح دعای دوازدهم صحیفه سجادیه, Сайти Ирфон
- ↑ Ансориён, Диёри ошиқон, 1372ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.129 - 157; Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.505 - 557
- ↑ Ансориён, Диёри ошиқон, 1372ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.125 - 157
- ↑ Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.505 - 557
- ↑ Феҳрӣ, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, 1388ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.15-62
- ↑ Мадании Шерозӣ, Риёз-ус-соликин, 1435ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.465 - 523
- ↑ Муғния, Фи зилол-ис-саҳифа, 1428ҳ.қ., саҳ.171-181
- ↑ Доробӣ, Риёз-ул-орифин, 1379ҳ.ш., саҳ.145 - 158
- ↑ Фазлуллоҳ, Офоқ-ур-рӯҳ, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.299 - 316
- ↑ Файзи Кошонӣ, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, 1407ҳ.қ., саҳ.35 - 38
Сарчашма
- Ансориён, Ҳусайн, Диёри ошиқон: тафсири ҷомеъи саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Паёми озодӣ, 1372ҳ.ш.
- Доробӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Риёз-ул-орифина фи шарҳ-ис-Саҳифат-ис-саҷҷодия, муҳаққиқ: Ҳусайни Даргоҳӣ, Теҳрон, нашри Усва, 1379ҳ.ш.
- Мадании Шерозӣ, Сайид Алихон, Риёз-ус-соликини фи шарҳи саҳифати сайидиссоҷидин, Қум, 1435ҳ.қ.
- Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ, Ҳасан, Шуҳуд ва шинохт, тарҷума ва шарҳи Саҳифаи саҷҷодия, бо муқаддамаи Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, Қум, Бӯстони китоб, 1388ҳ.ш.
- Муғния, Муҳаммадҷавод, Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия, Қум, 1428ҳ.қ.
- Фазлуллоҳ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Офоқ-ур-рӯҳ, Бейрут, Дор-ул-молик, 1420ҳ.қ.
- Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Муртазо, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, Теҳрон, 1407ҳ.қ.
- Феҳрӣ, Сайид Аҳмад, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Усва, 1388ҳ.ш.
- ترجمه و شرح دعای دوازدهم صحیفه سجادیه, Сайти Ирфон, мушоҳида: 23 обонмоҳи 1403ҳ.ш.