Дуои бисту панҷуми Саҳифаи саҷҷодия

Аз wikishia

Дуои бисту панҷуми Саҳифаи саҷҷодия (форсӣ: دعای بیست و پنجم صحیفه سجادیه) аз дуоҳои маъсур аз Имом Саҷҷод (а) барои фарзандон аст. Ҳазрати Саҷҷод (а) дар ин дуо аз Худо дархости фарзандони шоиста дорад ва хайрхоҳ шудан, тӯли умр ва иззати фарзандонро талаб мекунад. Ҳамчунин аз шарри васвасаҳои шайтон ба Худо паноҳ мебарад ва роҳҳои нуфузи ӯро баён мекунад.

Дуои бисту панҷум дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия ҳамчун Диёри ошиқон асари Ҳусайни Ансориён, Шуҳуд ва шинохт асари Ҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ ба забони форсӣ ва дар китоби Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ ба забони арабӣ шарҳ шудааст.

Омӯзаҳо

Дуои бисту панҷуми саҳифа, дуо барои фарзандон аст. Имом Саҷҷод (а) дар ин дуо аз ҳуқуқи дуҷонибаи волидайн ва фарзандон сухан гуфтааст ва дар он бархӯрдории фарзандон аз неъматҳои ухравӣ ва маънавиро орзу кардааст.[1] Омӯзаҳои ин дуо дар сездаҳ фароз[2] ба шарҳи зайл аст:

  • Дархости фарзандони шоиста;
  • Дуо барои тӯли умр ва иззати фарзандон;
  • Дуо барои хайрхоҳ шудани фарзандон (дархости некӯкории ҳамроҳ бо тақво ва басират);
  • Дуо барои фаровонии рӯзии фарзандон;
  • Дуо барои муҳаббат ва итоати фарзандон дар ҳаққи авлиёи Илоҳӣ;
  • Дуо барои душмании фарзандон бо душманони Илоҳӣ;
  • Ёрӣ хостан аз Худо дар тарбият ва адаби фарзандону меҳрбонӣ ба онҳо;
  • Дуо барои дар амон мондани фарзандон аз султаи шайтон;
  • Дуо барои эминии фарзандон аз оқи волидайн шудан;
  • Дуо барои зинда мондани ёд тавассути фарзандон;
  • Номумкин будани раҳоӣ аз шайтон ҷуз бо лутфи Худованд;
  • Маҳбус шудани шайтон бо қудрати Илоҳӣ ва фаровон дуо кардан;
  • Васвасаҳои шайтон барои ба инҳироф кашондани инсонҳо: боз доштан аз амали солеҳ, ҷуръат додан бар анҷоми гуноҳ, эҷоди шубаҳот дар эътиқодот, саргарм кардан ба орзӯҳои дуру дароз;
  • Дуо барои иҷобати ҳамаи ҳоҷатҳо;
  • Дуо барои ислоҳи тамоми умури дунё ва охират;
  • Расидан ба мақоми муслеҳин бо дархост аз Худованд;
  • Таваккул роҳи маҳрум нашудан аз неъмат ва лутфи Илоҳӣ;
  • Дуо барои қарор гирифтан дар гурӯҳи ислоҳкунандагон;
  • Суди саршори иртибот ва тиҷорат бо Худо;
  • Итоат аз Худованд роҳи муваффақ шудан ба хайр ва рушду савоб;
  • Тақвои Илоҳӣ роҳи эминӣ ёфтан аз гуноҳон ва лағзишҳову иштибоҳот;
  • Иззату сарбаландӣ ва дигар хостаҳои матлуб барои тамоми муъминон ва мусалмонон дар дунё ва охират;
  • Паноҳи бурдан ба Худо аз азоби дӯзах;
  • Дархости хайру хубӣ барои дунё ва охират.[3]

Шарҳҳо

Дуои бисту панҷум дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия аз ҷумла дар китоби Диёри ошиқон асари Ҳусайни Ансориён,[4] Шуҳуд ва шинохт асари Муҳаммадҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ[5] ва Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия асари Сайид Аҳмади Феҳрӣ[6] ба забони форсӣ шарҳ шудааст.

Дуои бисту панҷуми Саҳифаи саҷҷодия ҳамчунин дар китобҳое монанди Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ,[7] Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Муҳаммадҷавод Муғния,[8] Риёз-ул-орифин таълифи Муҳаммад ибни Муҳаммади Доробӣ[9] ва Офоқ-ур-рӯҳ навиштаи Сайид Муҳаммадҳусайн Фазлуллоҳ[10] ба забони арабӣ шарҳ шудааст. Вожаҳои ин дуо ҳам дар шарҳҳои луғавӣ монанди Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Файзи Кошонӣ[11] ва Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия навиштаи Иззуддин Ҷазоирӣ[12] тавзеҳ дода шудааст.

Эзоҳ

  1. Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.2 саҳ.415
  2. ترجمه و شرح دعای بیست و پنجم صحیفه سجادیه, Сайти Ирфон
  3. Ансориён, Диёри ошиқон, 1373ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.509 - 534; Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.2 саҳ.415-445
  4. Ансориён, Диёри ошиқон, 1372ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.479 - 502
  5. Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.2 саҳ.390-410
  6. Феҳрӣ, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, 1388ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.419-429
  7. Мадании Шерозӣ, Риёз-ус-соликин, 1435ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.93-148
  8. Муғния, Фи зилол-ис-саҳифа, 1428ҳ.қ., саҳ.327-336
  9. Доробӣ, Риёз-ул-орифин, 1379ҳ.ш., саҳ.323-336
  10. Фазлуллоҳ, Офоқ-ур-рӯҳ, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.639-657
  11. Файзи Кошонӣ, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, 1407ҳ.қ., саҳ.59-60
  12. Ҷазоирӣ, Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия, 1402ҳ.қ., саҳ.141-144

Сарчашма

  • Ансориён, Ҳусайн, Диёри ошиқон: тафсири ҷомеъи саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Паёми озодӣ, 1372ҳ.ш.
  • Доробӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Риёз-ул-орифина фи шарҳ-ис-Саҳифат-ис-саҷҷодия, муҳаққиқ: Ҳусайни Даргоҳӣ, Теҳрон, нашри Усва, 1379ҳ.ш.
  • Мадании Шерозӣ, Сайид Алихон, Риёз-ус-соликини фи шарҳи саҳифати сайидиссоҷидин, Қум, 1435ҳ.қ.
  • Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ, Ҳасан, Шуҳуд ва шинохт, тарҷума ва шарҳи Саҳифаи саҷҷодия, бо муқаддамаи Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, Қум, Бӯстони китоб, 1388ҳ.ш.
  • Муғния, Муҳаммадҷавод, Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия, Қум, 1428ҳ.қ.
  • Ҷазоирӣ, Иззуддин, Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия, Бейрут, Дор-ут-таоруфи ли-л-матбуот, 1402ҳ.қ.
  • Фазлуллоҳ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Офоқ-ур-рӯҳ, Бейрут, Дор-ул-молик, 1420ҳ.қ.
  • Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Муртазо, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, Теҳрон, 1407ҳ.қ.
  • Феҳрӣ, Сайид Аҳмад, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Усва, 1388ҳ.ш.
  • ترجمه و شرح دعای بیست و پنجم صحیفه سجادیه, Сайти Ирфон, санаи боздид: 30 обонмоҳи 1403ҳ.ш.