Дуои сиюми Саҳифаи саҷҷодия

Аз wikishia

Дуои сиюми Саҳифаи саҷҷодия (форсӣ: دعای سی‌ام صحیفه سجادیه) аз дуоҳои маъсур аз Имом Саҷҷод (а) ки дар он барои адои қарз ва ҳифзи обрӯ аз Худо дархости кумак шудааст. Имом Саҷҷод (а) дар ин дуо ба осори фақр ва дороӣ бар зиндагии инсон пардохта ва аз исроф ба Худо паноҳ бурдааст. Бархурдорӣ аз рӯҳияи бахшиш ва миёнаравӣ, маҳбубияти ҳамнишинӣ бо тиҳидастон ва надоштани ғуруру гарданкашӣ аз дигар дархостҳои Имом (а) дар дуои сиюми саҳифа аст.

Дуои сиюм дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия ҳамчун Диёри ошиқон асари Ҳусайни Ансориён, Шуҳуд ва шинохт асари Ҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ ба забони форсӣ ва дар китоби Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ ба забони арабӣ шарҳ шудааст.

Омӯзаҳо

Мавзуи аслии дуои сиюм, дархости кумак аз Худо барои пардохти қарз аст. Имом Саҷҷод (а) дар ин дуо ба осори фақр ва дороӣ бар зиндагии инсон мепардозад ва аз Ӯ ризқу рӯзии мукфӣ (кифоткунанда) ҷиҳати расидан ба мақоми қурби Илоҳӣ ва пардохти инфоқ дархост мекунад.[1] Омӯзаҳои ин дуо ба шарҳи зайл аст:

  • Паноҳи бурдан ба Худо барои ҳифзи обрӯ ва оромиши зеҳну хаёл ба хотири доштани қарз;
  • Осори зиёнбори қарз бар зеҳну фикри инсон;
  • Паноҳи бурдан ба Худо аз хории қарз дар зиндагии дунё ва гирифториаш пас аз марг;
  • Дуо барои раҳоӣ аз сахтии доштани қарз ва расидан ба сарвату ризқи кофӣ;
  • Паноҳи бурдан ба Худо аз исроф ва зиёдаравӣ;
  • Дуо барои доштани рӯҳияи бахшиш ва миёнаравӣ дар умур;
  • Дуо барои тавфиқи ба даст овардани рӯзии ҳалол;
  • Паноҳ бурдан ба Худо аз гарданкашӣ ва худбинӣ ба хотири сарватҳои калон;
  • Дархости дӯст доштани ҳамнишинӣ бо тиҳидастон ва доштани сабр дар рафтор бо онон;
  • Дуо барои дарёфти подоши ухравӣ ба хотири сахтиҳои моддӣ дар дунё;
  • Эътироф ба фазлу бахшандагӣ ва бузургвории Худованд;
  • Истифода аз сарват барои расидан ба қурби Илоҳӣ.[2]

Шарҳҳо

Дуои сиюм дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия, аз ҷумла дар китоби Диёри ошиқон асари Ҳусайни Ансориён,[3] Шуҳуд ва шинохт асари Муҳаммадҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ[4] ва Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия асари Сайид Аҳмади Феҳрӣ[5] ба забони форсӣ шарҳ шудааст.

Дуои сиюми Саҳифаи саҷҷодия ҳамчунин дар китобҳое монанди Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ,[6] Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Муҳаммадҷавод Муғния,[7] Риёз-ул-орифин таълифи Муҳаммад ибни Муҳаммади Доробӣ[8] ва Офоқ-ур-рӯҳ навиштаи Сайид Муҳаммадҳусайн Фазлуллоҳ[9] ба забони арабӣ шарҳ шудааст. Вожаҳои ин дуо ҳам дар шарҳҳои луғавӣ монанди Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Файзи Кошонӣ[10] ва Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия навиштаи Иззуддин Ҷазоирӣ[11] тавзеҳ дода шудааст.

Эзоҳ

  1. Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.2 саҳ.545
  2. Ансориён, Диёри ошиқон, 1373ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.93 - 113; Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.2 саҳ.545 - 560
  3. Ансориён, Диёри ошиқон, 1373ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.93 - 113
  4. Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.2 саҳ.545 - 560
  5. Феҳрӣ, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, 1388ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.499-523
  6. Мадании Шерозӣ, Риёз-ус-соликин, 1435ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.339-368
  7. Муғния, Фи зилол-ис-саҳифа, 1428ҳ.қ., саҳ.377-382
  8. Доробӣ, Риёз-ул-орифин, 1379ҳ.ш., саҳ.387 - 392
  9. Фазлуллоҳ, Офоқ-ур-рӯҳ, 1420ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.99 - 122
  10. Файзи Кошонӣ, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, 1407ҳ.қ., саҳ.66 - 67
  11. Ҷазоирӣ, Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия, 1402ҳ.қ., саҳ.160-161

Сарчашма

  • Ансориён, Ҳусайн, Диёри ошиқон: тафсири ҷомеъи саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Паёми озодӣ, 1372ҳ.ш.
  • Доробӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Риёз-ул-орифина фи шарҳ-ис-Саҳифат-ис-саҷҷодия, муҳаққиқ: Ҳусайни Даргоҳӣ, Теҳрон, нашри Усва, 1379ҳ.ш.
  • Мадании Шерозӣ, Сайид Алихон, Риёз-ус-соликини фи шарҳи саҳифати сайидиссоҷидин, Қум, 1435ҳ.қ.
  • Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ, Ҳасан, Шуҳуд ва шинохт, тарҷума ва шарҳи Саҳифаи саҷҷодия, бо муқаддамаи Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, Қум, Бӯстони китоб, 1388ҳ.ш.
  • Муғния, Муҳаммадҷавод, Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия, Қум, 1428ҳ.қ.
  • Ҷазоирӣ, Иззуддин, Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия, Бейрут, Дор-ут-таоруфи ли-л-матбуот, 1402ҳ.қ.
  • Фазлуллоҳ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Офоқ-ур-рӯҳ, Бейрут, Дор-ул-молик, 1420ҳ.қ.
  • Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Муртазо, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, Теҳрон, 1407ҳ.қ.
  • Феҳрӣ, Сайид Аҳмад, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Усва, 1388ҳ.ш.